Садои мардум - нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон » Кино

Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон»: шоҳҷоиза насиби кӣ шуд?
Ҳайати ҳакамони Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» филми коргардон Муҳиддин Музаффар «Моҳӣ дар шаст»-ро, ки дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои «Ifilm» ва «30CUP»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон ва «Амкарт»-и Федератсияи Россия рӯи навор омадааст, ба Шоҳҷоиза сазовор донистанд. Аҳли толор ин муждаро, ки далели рушди синамои миллии мо мебошад, бо кафкӯбии бардавом истиқбол намуданд.

Маросими ботантанаи ҷои­засупорӣ дар толори «Кохи Суруш»-и пойтахти кишвар бо ҳузури намояндагони Ҳукумати ҷумҳурӣ, ҳунармандону коршиносони варзидаи дохилу хориҷи кишвар ва ҳаводорони олами синамо баргузор шуд.

Чорабинӣ, ки соли дуюм аст дар кишвар доир мешавад, ба хотири тарғиби беҳтарин дастовардҳои синамои миллӣ, тақвияти ҳамкории синамогарон, дастгирии ҷавонони боистеъдод, тарғиби мавзеъҳои ҷолиби кишвар ва ҷалби сайёҳон, дарёфт ва ­тарбияи истеъдодҳои нав дар соҳаи синамо роҳандозӣ шудааст.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон»-ро ташаббуси навбатии филмофарони тоҷик арзёбӣ намуд, ки он зери роҳнамоӣ ва дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардид. Синамоҷоиза коршиносон, ҳунармандони асил, ҷавон ва ихлосмандони хушзавқи синаморо аз давлатҳои гуногун ба ҳам овард, ки ин барои мубодилаи афкор ва баррасии масоили синамои муосир ва рушди соҳа мусоидат хоҳад кард.

Зикр шуд, ки барои иштирок ва рақобат дар озмуни синамоҷоиза беш аз 50 филми пурра, кӯтоҳ, бадеӣ, мустанад ва тасвирӣ пешниҳод гардид. Ҳамин тавр, ҳайати ҳакамони озмун ҷоизаи «Беҳтарин филми мустанад»-ро ба филми «Пайравони ҳақиқат»-и коргардон Рустам Шоҳазимов сазовор донистанд.  Ҷоизаҳои «Беҳтарин филми тасвирӣ» ба филми «Зани порсо»-и Фирдавс Насруллозода, «Беҳтарин филми ҳунарӣ» ба филми «Дар талоши ҳақиқат»-и Манзаралӣ Шералӣ, «Беҳтарин филми дебют» ба филми «Фурӯғ»-и Одина Маҳмад, «Беҳтарин филми ҳунарии кӯтоҳ» ба филми «Модар»-и Нигина Раҷабова супорида шуд.

Ҷоизаи «Беҳтарин коргардон»-ро Рустам Отахонов барои филми «Танҳо ту» ба даст овард. Ҷоизаҳои «Беҳтарин дизайн» ба Восеъ Набиев барои филми «Танҳо ту», «Таваҷҷуҳи тамошобин» ба филми «Ғам»-и Музаффар Шодиев, «Беҳтарин нақши кӯдакона» ба Зулайхои Абдуҳаким барои филми «Се хоҳарон», «Беҳтарин нақши занона» ба Таҳмина Раҷабова барои филми «Зиндагӣ зебост», «Беҳтарин нақши мардона» ба Насриддин Нуриддинов барои филми «Зиндагӣ зебост», «Беҳтарин коргардон» барои филми «Зиндагӣ зебост» ба Далер Раҳматов, «Беҳтарин танзим» барои филми «Мактаби мардонагӣ» ба Дилшод Раҳмонов тақдим гардид.

Ҳамчунин, барои иштирок дар синамоҷоиза филм­ҳои «Ҳафт марвориди Шинг» (Аслам Садриддин), «Ҳоло ки ман ҷавонам» (Ғолибшо Мӯсоев), «Садои тамаддун» (Тоҳир Асрориён), «Фарзанди фарзонаи миллат» (Иззат Самадӣ), «Мавлоно» (Далер Ҳасанзода) ва филми «Ҳафткӯл» (Шавкат Муҳаммадиев) бо дипломи Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» қадрдонӣ шуданд.

Ба филмноманависи номвари тоҷик Шераки Ориён (Абдурофеъ Рабизода) ҷоизаи «Килки заррин» супорида шуд.

Зимнан, дар доираи синамоҷоизаи мазкур давоми ҳафта дар пойтахти мамлакат чорабиниҳои гуногун, аз ҷумла Рӯзҳои кинои Россия, Рӯзҳои кинои Эрон ва Рӯзҳои кинои Беларус, баргузор шуд.

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба 95-солагии  Тоҳир Собиров Форуми байналмилалии «Осори ниёгон: таърих ва фарҳанги бузурги миллат дар синамо» доир гардид.

Фарзона ФАЙЗАЛӢ,

«Садои мардум»

«Моҳӣ дар шаст» рӯнамоӣ шуд
Директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён зимни муаррифии филм аз ҷумла гуфт, ки дар замони соҳибистиқлолӣ кинои тоҷик ба марҳилаи нави рушд ворид шуда, коргардонҳои ҷавоне фаъолият мекунанд, ки филмҳои офаридаашон дар синамоҷашнвораҳои байналмилалӣ эътироф ва сазовори ҷоизаҳо шудаанд. Ҳамаи дастовардҳое, ки кинои тоҷик ноил шудааст, ба сиёсати созанда ва  дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рабт доранд.

Иттилоъ гирифтем, ки филм аз ҷониби киностудияи навтаъсиси «Довфилм» дар ҳамкорӣ бо «Тоҷикфилм», ширкатҳои «Ifilm» ва «30CUP»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ширкати синамоии «Амкарт»-и Федератсияи Россия рӯи навор омадааст.

Тавре коргардони филм Муҳиддини Музаффар изҳор дошт, муаллифи филмнома Бахтиёр Каримов мебошад. «Моҳӣ дар шаст»   инъикисогари арзишҳои ахлоқӣ ва оиладорӣ буда,  дар шаҳру ноҳияҳои Бӯстон, Айнӣ, Панҷакент, Муъминобод, Ваҳдат, Норак ва Душанбе наворбардорӣ ва бо забонҳои русӣ ва англисӣ дубляж шудааст.

- Коргардони филм аз  1800 нафар  12 соҳибистеъдодро  аз мактаб-интернатҳои шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Бӯстон, Шаҳристон, Истаравшан, Вахш, Кӯлоб ва Муъминобод    интихоб намуд. Барои нақшофарӣ дар филм на танҳо беҳтарин ҳунарпешаҳои Тоҷикистон, балки ҳунармандони Россия ва Эрон низ ҷалб  шуданд.

Бандубасти филм дар Ҷумҳурии Исломии Эрон то охири соли 2024  идома ёфта,   соли 2025 нахустнамоиши он баргузор мегардад,- иттилоъ дод номбурда.

Муҳиддини Музаффар аз коргардонҳои ҷавони тоҷик буда, филми «Дов»-и коргардон дар кинофестивалҳои ҷаҳон соҳиби 21 ҷоиза гардидааст.

Марҷона СОЛИҲЗОДА,

«Садои мардум»

Рӯзҳои синамои Ӯзбекистон дар Тоҷикистон
16-уми апрели соли равон дар кинотеатри «Кохи Наврӯз» Рӯзҳои синамои Ӯзбекистон дар Тоҷикис­тон ифтитоҳ ёфт. Дар ин маросим ҳунармандон, масъулони соҳаи синамо ва коршиносони Тоҷикис­тону Ӯзбекистон иштирок намуданд.

Директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён Рӯзҳои синамои Ӯзбекистон дар Тоҷикистонро натиҷаи дӯстии ҳар ду кишвар арзёбӣ кард. Аз ҷумла гуфт, ки муносибати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки ба анъанаҳои дӯстию бародарии халқҳои тоҷику ӯзбек асос ёфтааст, солҳои охир ба маҷрои нав ворид гардид, ки дар ин кор роҳбарони ҳар ду кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев саҳми бориз доранд. Ҳоло миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар бисёр самтҳо, аз ҷумла синамо, санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расидаанд, ки ба рушди синамои ҳар ду кишвар мусоидат хоҳад кард.

Муовини раиси Агентии кинематог­рафияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шӯҳрат Ризоев гуфт, ки дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек таърихи тӯлонӣ дорад ва ин дӯстӣ тавассути синамо боз ҳам устувор хоҳад шуд.

Рӯзҳои синамои ӯзбек то 19-уми апрели соли 2024 идома ёфта, тайи ин муддат филмҳои ҳунарии «Абдулло Орифов» (коргардон М. Эркинов), «Судя» (коргардон Д. Масаидов), «Таҳаввулот» (коргардон Е. Тӯйчиев) ва «Зинда бод, ҳамсар!» (коргардон М. Матчанов) дар кинотеатрҳои шаҳри Душанбе ва коху қаср­ҳои фарҳанги шаҳрҳои Ҳисор, Ваҳдат ва ноҳияи Варзоб манзури дӯстдорони олами синамо гардид.

Ф. АБДУКАРИМ,

«Садои мардум»

Зинда аст ӯ, то сухан, то шеъри Турсунзода аст!
Профессор Аскар Абдураҳмонов аз дастпарварони студияи дувуми тоҷикии ГИТИС – Институти давлатии санъати театрии Москва ба номи А.В.Луначарский мебошад. Солҳои зиёд дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода ба шогирдон сабақ додааст. Хотираҳояш дар бораи шарикдарсаш Маҳмудҷон Воҳидов зиёд ва хеле ҷолибанд. Инак, яке аз он хотираҳо.

Ҳангоми таҳсил дар студияи тоҷикии ГИТИС донишҷӯёни тоҷик бо ҳам дӯсту бародар буданд ва пайвандии онҳо солҳо идома кард. Аскар бо шарикдарсонаш Ҳабибулло, Тӯрахон, Музаффар, Ҳаким, Носир, Ҳошим муносибати хуб дошт. Вале ба Маҳмудҷон Воҳидов эҳтироми хос қоил буд. Маҳмудҷон се сол баъд бо онҳо ҳамроҳ шуда бошад ҳам, ба дили шарикдарсонаш ба зудӣ роҳ ёфт.

- Моҳи апрели соли 1957 дар шаҳри Москва Даҳаи дувуми адабиёт ва санъати халқи тоҷик баргузор гардид. Ман он вақт дар курси сеюми Донишкадаи давлатии санъати театрии Москва таҳсил мекардам. Устодон мо — шогирдонро ба маросими кушодашавии даҳа бурданд. Ёд дорам, ки дар оғози даҳа, дар саҳнаи Театри калони ИҶШС-и шаҳри Москва ҷавони 17-18 — сола ба тан ҷомаи беқасаб, дар сар тоқии чоргул ба саҳна баромада, шеъри машҳури устод Мирзо Турсунзода «Қонуни бародарӣ» (Закон братство)-ро ба забони русӣ қироат намуд…

Чунон таъсирбахш қироат намуд, ки дар толор, ба қавле: «ҳатто пашша ҳам пар намезад». Мавҷи қарсак дар толори боҳашамати театр баланд шуд. Аҳли толор ҳунарнамоии наттоқи ҷавонро гарм истиқбол гирифтанд. Бахусус, ба роҳбари бадеии студияи тоҷикии Донишкадаи давлатии санъати театрии Москва профессор Олга Ивановна Пижова ҳаракатҳои саҳнавӣ, зиндадилӣ, хушоҳангии шеър­хонии ҷавон хеле писанд омад. Баъд аз кушодашавии қисми расмии чорабинӣ Олга Ивановна наздамон омада хабар дод, ки ин ҷавон узви маҳфили ҳаваскорони бадеии деҳаи Шайдони ноҳияи Ашти вилояти Ленинобод (ҳоло вилояти Суғд) Маҳмудҷон Воҳидов аст. Чанд рӯз пас санъаткорони Тоҷикистон дар толори консертии ба номи П.И.Чайковский ҳунарнамоӣ карданд. Дар оғози консерт Маҳмудҷон шеъри «Мамлакати тиллоӣ»-и устод Мирзо Турсунзодаро бо маҳорати баланд иҷро намуд…

Аз ин пас, устодони санъати Тоҷикистон ва Москва ба ин ҷавони хушлаҳну хушовоз бештар таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Хуллас, Маҳмудҷон Воҳидовро устодони бузурги саҳна профессорон М.А. Горбунов, В.П. Осталский, И.М. Раевский, Б.В. Бибиков, О.И. Пижова ва муаллимони забони тоҷикии ­ГИТИС Шавкат Ниёзӣ, Маҳрам Файзов ва Салоҳиддин Солеҳ дар ҳузури Абдусалом Раҳимов имтиҳон гирифтанд. Ҳамин тавр, бо фармони ректори Донишкадаи давлатии санъати театрии Москва – ГИТИС профессор М.А.Горбунов дӯстам Маҳмудҷон Воҳидов чун истеъдоди фавқулода  ба тариқи экстерн ба курси сеюми донишкада қабул шуд, — ба хотир овард А.Абдураҳмонов.

Дар таърихи театри советии тоҷик се истеъдоди фавқулода ба таври истисно ба донишкадаҳои олии санъати шаҳрҳои Москва, Ленинград ва Тошканд пазируфта шудаанд: Меҳрубон Назаров ба Донишкадаи давлатии санъати театрии Ленинград, Алиризо Раҳмонқулов ба курси сеюми Донишкадаи давлатии санъати театрӣ ва рассомии Тошканд ва Маҳмудҷон Воҳидов ба курси сеюми Донишкадаи давлатии санъати театрии Москва.

Маҳмудҷон дар корҳои ҷамъиятӣ ва эҷодӣ фаъол ва маҳфилорои озмуну ҷамъомадҳои расмӣ ва зодрӯзи шахсиятҳои шинохтаи фарҳангӣ дар донишкада буд.

Профессор Михаил Петрович ­Чис­тя­ков ҳамроҳи донишҷӯёни Студияи тоҷикии донишкада драмаи «Камбағалӣ айб нест»-и А.Н.Островскийро саҳнавӣ намуд. Нақши Митяро ба Маҳмудҷон Воҳидов супурданд. Ба андешаи профессор Аскар Абдураҳмонов, бахт дар ҳамин намоиш ба рӯйи Маҳмудҷон хандид. Вай нақши Митяро олиҷаноб бозӣ кард. Аз ҳамин намоиш бештари таҳиягарон ӯро чун ҳунарпешаи боистеъдод дарёфтанд ва ин нақш роҳи ояндаашро дар театр ва кино муайян намуд.

- Ҳанӯз дар аспирантураи Институти давлатии санъати театрии Маскав мехондаму рӯзе аз Маҳмудҷон Воҳидов мактуб гирифтам. Навишта буд, ки мехоҳад дар соҳаи нутқи саҳнавӣ рисолаи номзадӣ нависад. Аз ман хоҳиш кард, ки мақсадашро ба устодаш профессор, мудири кафедраи нутқи саҳнавии институт В.П.Козлянинова расонам. Козлянинова аз ин мужда хеле шод шуд. Омаданашро интизорӣ кашидем, то ҳамроҳ дар аспирантура таҳсил намоем. Азбаски Маҳмудҷон Воҳидов дар театру кино муваффақиятҳои баландро ноил шуда буд, роҳбарияти Вазорати маданияти РСС Тоҷикистон ва Театри давлатии академӣ-драмаи Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ корро кашол дода намехостанд, ки чунин як истеъдоди нодир ба кори илмӣ банд шавад. Дар қиёс ба кори илмӣ ба театр, ба халқаш бештар манфиат мерасонд. Вайро ба кори кино, театр, таҳияи моноспек­таклҳо, тантанаҳои расмӣ ва сафарҳои ҳунарӣ ҷалб мекарданд. Дигар фурсат надошт ба кори илмӣ даст занад.

Дар яке аз мактубҳояш навишта буд:

«Сад афсӯс, ки дар зиндагии ҳаррӯза мо ба қадри ҳамдигар намерасем. Ба наздикӣ «Камбағалӣ айб нест»-и А. Н. Островскийро ба тамошогарон нишон додем. Нақши Яша Гуслинро шахсе иҷро кард, ки на овози сарояндагӣ ва на қобилияти мусиқинавозӣ дорад.

Сурудҳои дӯстдоштаамон «Шермардакон» ва «Калинка» ба хандахариш дигар гардиданд.

Кош, замин мекафиду ман медаромадам!».

- Маҳмудҷон дар саҳна ба сохтакорӣ ва дурӯғгӯӣ роҳ намедод. Як хислати хубаш ин буд, ки ба ҳар чиз эҳтиёткорона ва ғамхорона муносибат мекард. Дар 39 — солагӣ аз дунё гу­зашт, вале бо истеъдоди баландаш дар театру кино ва радиою телевизион корҳоеро ба сомон расонд, ки барои дигарон маҳол буд. Вай на танҳо чун наттоқи барҷаста, балки чун актёри боистеъдод дар саҳнаи театри тоҷик табаддулот кард, — гуфт профессор Абдураҳмонов.

Хотираҳои Аскар Абдураҳмонов дар бораи Маҳмудҷон хеле зиёданд. Ӯ чанд мактуби Маҳмудҷонро то ҳанӯз маҳфуз доштааст.

Вақте китоби «Ёдномаи Маҳмуд Воҳидов» аз чоп баромад, Аскар Абдураҳмонов афсӯс хӯрд, ки аз ин иқдоми нек бехабар монд, вагарна хотироти ҷолибе дошт ва суратҳои даврони таҳсил дар ГИТИС-ро эҳтиёт карда буд. Ин мақсадашро ба яке аз мураттибони китоб Лоиқ Шералӣ изҳор намуд.

- Ният дорем, нашри такрории «Ёдномаи Маҳмуд Воҳидов»-ро ба миён гузорем. Он гоҳ ба китоб маводи иловагиро ҳамроҳ хоҳем кард,- гуфт дар яке аз нахустнамоишҳои театрӣ устод Лоиқ.

Бо гузашти солҳо китоби «Ёдномаи Маҳмуд Воҳидов» дуюмбора нашр шуд, вале Аскар боз бехабар монд. Соли 2009 дар таҷлили 70-солагии Маҳмудҷон Воҳидов профессор Аскар Абдураҳмонов хотираҳояшро дар маҷаллаи «Фарҳанг ва ҳунар» таҳти унвони «Дӯсти меҳрубон» нашр кард ва ба ин васила бори дигар насли имрӯзаро ба ҳунари волои Маҳмудҷон Воҳидов ошно намуд, қарзи дӯстию бародарияшро ба ҷо овард.

Зинда аст ӯ, то куҷо шеъру сухан гӯем мо,

Шеърдоне, шеърхоне мисли ӯ ҷӯем мо!

Зинда аст ӯ, чун ба ӯ аҳли сухан дил додааст,

Зинда аст ӯ, то сухан, то шеъри Турсунзода аст!

Тилло НЕКҚАДАМОВ,

«Садои мардум»

Дар суратҳо: 1. Маҳмудҷон Воҳидов дар нақши Митя (аз чап) ва Аскар Абдураҳмонов дар нақши Яша Гуслин аз намоиши «Камбағалӣ айб нест»-и А.Н.Островский дар саҳнаи таълимии ГИТИС-и шаҳри Москва.

2. Маҳмудҷон Воҳидов бо ҳамкоронаш дар Театри мазҳакаи мусиқии шаҳри Ленинобод ба номи А.С.Пушкин (ҳоло ба номи Камоли Хуҷандӣ), соли 1961.

Таҳрикбахши рушди кинои тоҷик
Аз роҳбарони бомартабаи Тоҷикистон кам шахсиятҳоро медонам, ки ҳам дар корҳои давлатию ҳизбӣ комёб шудаанду ҳам дар эҷод кардани асарҳои назмию насрӣ.

Султон Мирзошоев дар баробари корҳои муҳими давлатӣ ва фарҳангӣ фурсат ёфта, таърихи кинои тоҷикро таҳқиқ карда, бори нахуст ба забони тоҷикӣ дар ин мавзуъ китоб ва мақолаҳои зиёд навиштааст. Китоби «Роҳи кинои тоҷик» аз асарҳои нисбатан мукаммал оид ба таърихи кинои тоҷик, кинофикатсия, сохтмони кинотеатрҳо, таърихи сохтмони киностудия, истеҳсоли филмҳои бадеии киностудияи «Тоҷикфилм» ва ғайра иборат мебошад.

Султон Мирзошоев аз моҳи феврали соли 1967 то ноябри соли 1973 раисии Кумитаи давлатии РСС Тоҷикис­тон оид ба кинематографияро ба зимма дошт. Азбаски аз ин пеш дар соҳаи маорифи халқ ва корҳои комсомолӣ кор карда буд, бо «санъати аз ҳама муҳим» — кино хуб ошноӣ дошт. Бо режиссёрҳо, оҳангсозҳо, операторон, рассомон ва ҳунарпешаҳои кино шиноси дерин буд.

Аввалин коре, ки дар вазифаи раиси кумита анҷом дод, ҷалби адибон ба эҷоди сенария, тарҷумаи филмҳо аз русӣ ба тоҷикӣ буд. Дар навиштаҷоти филмҳо тадриҷан номи шоирону нависандагон чун муаллифи сенария, муҳаррир ва мушовир, инчунин, таҳияи филмҳо аз рӯйи асарҳои ин ё он адиб ба назар мерасид. Солҳои 1967-1973 беҳтарин филмҳои ҳуҷҷатӣ, бадеии телевизионӣ ва филмҳои бадеӣ дар киностудияи «Тоҷикфилм» истеҳсол шуданд. «Хокистари сӯзон» (муаллифи сенария Муҳиддин Хоҷаев, режиссёр Абдусалом Раҳимов, соли 1967), «Хиёнат» (муаллифони сенария Ҷалол Икромӣ, И. Луковский ва Т. Собиров, режиссёр Т. Собиров, соли 1967), «Бо амри дил» (муаллифони сенария Мирзо Турсунзода, И. Филимонова, режиссёр Б. Кимёгаров, соли 1968), «Тобис­тони соли 1943» (аз рӯйи ­повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис, муаллифони сенария А. Тимофеевский бо иштироки О. Осетинский, режиссёр М. Қосимова, соли 1968), «Рояли сафед» (муаллифи сенария Темур Зулфиқоров, режиссёр М. Маҳмудов, соли 1969), «Духтари сеюм» (муаллифони сенария Ф. Ниёзӣ ва И. Филимонова, режиссёр А. Тӯраев, соли 1970), «Кашфи асрор» (муаллифони сенария Мирсаид Миршакар, И. Луковский ва Т. Собиров, режиссёр Т. Собиров, соли 1970), филмҳои бадеии мусиқии телевизионии «Арӯсу домод» (муаллифи сенария Темур Зулфиқоров, режиссёр М. Маҳмудов, соли 1970), «Ситорае дар тирашаб» (муаллифони сенария Расул Ҳодизода ва Валентин Максименков, режиссёрҳо А. Раҳимов, И. Усов, соли 1973), «Ҳабиб — ромкунандаи морҳо» (муаллифони сенария Ҳабибулло Назаров ва В. Максименков, режиссёр Анвар Тӯраев, соли 1972) аз ҷумлаи онҳост.

Азбаски филмҳои мазкур аз рӯйи сенарияи адибони тоҷик ё дар ҳамқаламӣ бо филмноманависони касбӣ эҷод шудаанд, нисбат ба филмҳои бадеии муаллифони ғайр бартарии зиёд дош­танд. Аз ин хусус Султон Мирзошоев дар китобаш «Арзи дил» навиштааст: «Як воқеаи муҳими солҳои шастум ва ҳафтодумро бояд махсус қайд намоям. Ин ҳам бошад, ба кино ҷалб шудани як гурӯҳ адибони шинохтаи тоҷик мебошад. Ифтихор дорам, ки дар он солҳо бо фарзандони содиқу бузурги миллат Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода, Мирсаид Миршакар ҳамкорӣ доштам, маслиҳату иштироки фаъолонаи онҳо ба рушду камолоти кинои тоҷик таъсири мусбат мерасонд. Баъдтар адибон Аъзам Сидқӣ, Муҳиддин Хоҷаев, Расул Ҳодизода, Юсуф Акобиров дар қатори дигар муаллифон чандин асарҳо эҷод намуданд, ки хазинаи бозёфти студияи «Тоҷикфилм»-ро бойтар гардонд».

Ҷалби адибони тоҷик ба кори кино натиҷаҳои дилхоҳ доданд. Филмҳои бадеии истеҳсолшудаи он давра аз ҷиҳати мазмун бештар ба масъалаҳои миллӣ наздик буданд ва ҳақиқати ҳолро баён мекарданд. Агар мухлисон ва тамошобинони кино диққат дода бошанд, сенарияи он филмҳое, ки шоирону нависандагони мо эҷод кардаанд, номҳояшон хеле шоирона ва бомаънӣ омадааст. Масалан, «Хокистари сӯзон», «Кашфи асрор», «Бо амри дил», «Достони Рустам», «Рустам ва Суҳроб», «Хиёнат», «Асрори пайроҳаи гумшуда», «Арӯсу домод» ва ғайраҳо.

Бо вуҷуди ин С. Мирзошоев зарур шуморид, ки аз ҳисоби кадрҳои миллӣ таҳияи филмҳои тасвириро дар «Тоҷикфилм» ба роҳ монанд. Истеҳсоли филмҳои тасвирӣ дар киностудияи «Тоҷикфилм» борҳо мавриди муҳокима қарор мегирифт, аммо ҳалли худро намеёфт. Он солҳо ягона ҷумҳурие будем, ки филмҳои тасвирӣ истеҳсол намекардем ва мутахассиси соҳа низ надоштем. Айёме ки Султон Мирзошоев дар вазифаи раиси Комитети давлатии РСС Тоҷикистон оид ба кинематография кор мекард, дар баробари ҳалли дигар масъа­лаҳои ҳалталаби кино, инчунин, ҳамкории адибон ва киносозони тоҷикро ба роҳ монду кори истеҳсоли филмҳои тасвириро низ дар киностудия ҷорӣ намуд.

Бори нахуст дар таърихи Институти давлатии умумииттифоқии кинематографияи Москва – ВГИК соли 1971 курси таҷрибавии режиссёрҳо–мултипликаторҳо, яъне таҳиягарони филмҳои тасвириро ташкил карданд. Мавсуф бо ҳампешагони москвагии худ дар тамос шуда, барои Тоҷикистон як ҷой ҷудо мекунанд. Илова бар ин, ба директори киностудияи «Тоҷикфилм» Обид Ҳамидов занг зада, вазифадор мекунад, ки як ҷавони боистеъдодро аз киностудия барои хондан ба ВГИК тавсия диҳад. Он сифатҳое, ки талаб шуд, танҳо як нафар — ёвари рассом Мунаввар Мансурхоҷаев дошт, зеро соҳиби ду диплом буд. Омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии рассомии шаҳри Душанбе ва факултети меъмории Институти политехникии Тоҷикистонро хатм карда буд. Ин рассоми ҷавон хоҳиши таҳсил дар институти бонуфузи ­Москва — ВГИК-ро надошт, аммо интихоби номзадии роҳбарияти киностудияи «Тоҷикфилм» қатъӣ буд.

- Вақте маро барои суҳбат ба назди раиси Кумитаи давлатии РСС Тоҷикис­тон оид ба кинематография Султон Мирзошоев даъват карданд, «не» гуфта натавонистам. Қабули самимӣ ва муносибати гарми бародарона маро ба қавле «мулоим» кард. Вақте дар курси сеюми ВГИК (соли 1973) таҳсил мекардам, Султон Мирзошоевро намояндаи доимии Шурои вазирони РСС Тоҷикистон дар Совети вазирони ИҶШС таъйин карданд. Азбаски дар шаҳри Москва кору зиндагӣ мекард, аз шароити мо – донишҷӯёни Институти давлатии умумииттифоқии кинематографияи Москва хабар мегирифт ва кумак мерасонд, — нақл карда буд Мунаввар Мансурхоҷаев.

Бо кумаки режиссёрҳои он айём ҷавон Маргарита Қосимова ва Суҳбат Ҳамидов имконият пайдо карданд, ки ба таҳияи филмҳои бадеӣ иқдом намоянд, зеро баъд аз хатми ВГИК солҳои сол ба офаридани филмҳои ҳуҷҷатӣ банд буданд. Масалан, аввалин зан-режиссёри кино аз Осиёи Марказӣ ҳамдиёри мо Маргарита Қосимова соли 1962 ВГИК-ро, дар гурӯҳи режиссёри машҳури советӣ Александр Петрович Довженко хатм кард. Ҳанӯз аз овони донишҷӯӣ ба таҳияи филмҳои ҳуҷҷатӣ машғул шуда, баъд аз хатми мактаби олии кинематографӣ дар шаҳри Москва чанд муддат (солҳои 1964-1966) ҳамроҳи таҳиягар Борис Кимёгаров режиссёри дуюм шуда кор кард. Ба ҷузъ таҳияи филми бадеии кӯтоҳметраи «Сабина» (соли 1961), дигар имкон надоданд, ки мустақилона филми бадеӣ ба навор бардорад. Султон Мирзошоев ба ӯ шароит фароҳам намуд, ки филмҳои бадеии «Тобистони соли 1943» (1967), «Ҷӯра саркор» (1969), «Роҳҳо гуногун мешаванд» (1970) ва «Чор нафар аз Чорсанг»-ро (соли 1972) ба навор бардорад.

Режиссёри боистеъдод Суҳбат Ҳамидов соли 1957 дар киностудияи «Тоҷикфилм» фаъолияташро ба ҳайси ассистенти режиссёр оғоз карда буд. Соли 1966 ВГИК-ро хатм кард ва солиёни зиёд ба таҳияи филмҳои ҳуҷҷатӣ машғул шуд. Маҳз бо кумаки қаҳрамони матлаб имконият пайдо кард, ки аввалин филми бадеии «Вохӯрӣ дар масҷиди куҳна»-ро (соли 1969) офарад.

Марат Орифов бисёр мехост, ки дар режиссура низ маҳораташро санҷад. Соли 1965 факултети режиссёрии ВГИК-ро хатм кард, кори дипломиаш филми бадеии «Нисо» (1966) буд. Азбаски Султон Мирзошоев Маратро ҳамчун актёри бомаҳорат ҳурмат мекард, дар оғози кори режиссёрӣ ӯро дастгирӣ намуд. Натиҷа филмҳои бадеии «Дили ман дар кӯҳсор» (1968), «Асрори авлодон» (1971) ва ғайра ҳастанд.

Таваҷҷуҳи киносозони тоҷик ба «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ аз соли 1961 оғоз ёфтааст. Тӯли даҳ сол дигар касе ба ин шоҳасар рӯ наовард. Соли 1969 ин масъаларо мавсуф бар­дошт. Таҳияи сенария аз рӯйи достонҳои «Шоҳнома» хеле мушкил ва заҳматталаб буд. Филмноманависи ботаҷриба надоштем. Устод Сотим Улуғзода, ки дар ин соҳа таҷриба дошт ва ду сенарияаш – «Қисмати шоир» (соли 1959) дар киностудияи «Тоҷикфилм» ва «Абуалӣ ибни Сино» (соли 1956) дар киностудияи «Ӯзбекфилм» рӯи экран омаданд. Аммо бо сабаби дар хориҷа паногоҳ пурсидани фарзандаш аз корҳои театру кино муддате дар канор монд.

Аз байни адибони мо касе ин кори заҳматталабро бар уҳда гирифтан нахостанд. Зарурат пеш омад, ки сенариянависи касбӣ ва таҷрибадор аз шаҳрҳои Москва, Ленинград ё дигар ҷумҳуриҳои бародарӣ даъват шаванд. Интихоби номзадии кинодраматурги он солҳо шинохта Григорий Яковлевич Колтунов (01.1910-24.06.1999) он қадар тӯл накашид. Григорий Колтунов дар байни тамошобинони кино чун муаллифи сенарияи филмҳои бадеии «Пайроҳаи заррин», «Шарораҳои Боку», «Максимка», «Фургони сабз», «Чилу якум» («Сорок первый») ва ғайраҳо маълум буд. Розӣ кардану ба шаҳри Душанбе даъват намудан бар уҳдаи Комитети давлатии РСС Тоҷикистон оид ба кинематография гузошта шуда буд. Роҳбари комитет ин масъаларо ҳал карданд ва Г.Я. Колтунов ба шаҳри Душанбе омада, ба навиштани сенария аз рӯи мазмуни достонҳои «Шоҳнома» шурӯъ кард. Минбаъд, сенарияҳои «Достони Рустам» (1970), «Рустам ва Суҳроб» (1972) ва баъди се сол сенарияи филми бадеии «Достони Сиёвуш» (1976) эҷод шуда, аз рӯйи онҳо филмҳои бадеӣ ба навор бардошта шуданд. Барои ин меҳнатҳояш ба Григорий Колтунов соли 1980 унвони «Ходими хизматнишондодаи санъати РСС Тоҷикистон» дода шуд. Он вақт Султон Мирзошоев вазири маданияти РСС Тоҷикистон буд.

Яке аз аввалин тамошобинони филми бадеии «Рустам ва Суҳроб» меҳмонони расмӣ аз Эрон буданд. Султон Мирзошоев дар китобаш «Арзи дил» навиштааст: «Як воқеаи аҷибе аз хотирам фаромӯш намешавад. Соли 1972 ҳайати Ҳукумати Эрон ба Москва сафари расмӣ дошта, як шабонарӯз дар Душанбе меҳмон буданд. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон аз мо хоҳиш намуд, ки шоми он бегоҳ ба меҳмонон филм намоиш диҳем (он вақт банда вазифаи раиси Кумитаи давлатии РСС Тоҷикистон оид ба кинематографияро ба уҳда доштам).

Ба меҳмонон, ки вазири умури хориҷии Эрон сарварӣ мекард, филми навакак ба анҷомрасидаи Б. Кимёгаров «Рустам ва Суҳроб»-ро нишон додем.

Меҳмонони эронӣ дар ҳайрат монданд, ки ин асари безаволи Фирдавсии бузург бо тамоми нозукиҳояш таҷассум ёфтааст.

Пазироии гарму ҷӯшони меҳмонони эронӣ, яке аз меросхӯрони Фирдавсии абадзинда, ба мо қуввату илҳоми нав бахшид».

Давраи раиси Кумитаи давлатии РСС Тоҷикистон оид ба кинематография кор кардани Султон Мирзошоев давраи гул-гулшукуфии кинои тоҷик буд гӯем, хато намекунем. Бештари филмҳои ҳуҷҷатӣ ва бадеии истеҳсоли солҳои 1967-1973 дар кинофестивалҳои байналмилалӣ, умумииттифоқӣ ва ғайраҳо соҳиби ҷои якум, диплом ва ҷоизаҳои хотиравӣ гардидаанд. Ба тарбияи мутахассисон таваҷҷуҳи хоса дода мешуд. Он солҳо ҷавонони эҷодкор дар донишкадаҳои санъати театрӣ ва кинои шаҳрҳои Москва, Ленинград ва Тошканд таҳсил мекарданд.

Фаъолияти шашсола дар соҳаи кино ба Султон Мирзошоев имконият дод, ки ин соҳаи муҳимро боз ҳам хубтар омӯзад. Дар ин байн имкон пайдо намуд, ки бо режиссёрон, операторони кино, рассомон, ҳунарпешаҳо, он шахсоне, ки дар саргаҳи кинои тоҷик меистоданд, аз наздик ҳамсуҳбат шавад. Бойгониҳои шаҳрҳои Душанбе, Тошканд, Ленинград ва Москваро омӯхта, маводҳои пурарзиш ҷамъ овард. Ин имконият дод, ки китобҳояш «Борис Кимёгаров» (Душанбе, «Ирфон», 1972), «Роҳи кинои тоҷик» (Душанбе, «Ирфон», 1973) ва ғайра таҳия ва нашр гардиданд.

Солҳо мегузаранд, аммо номи ходими маъруфи давлатӣ ва фарҳангӣ Султон Мирзошоев ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешавад. Ҳаёти ин гуна абармардони миллат, фидокориҳо ва миллат­дӯстии онҳо барои насли наврас, бахусус ҷавонон, намунаи ибрат хоҳад буд.

Тилло НЕКҚАДАМОВ,

«Садои мардум»

Воқеан, хушназари саҳна буд
Хушназар Майбалиев аз коргардонҳое ба ҳисоб меравад, ки ба Театри давлатии академӣ — драмавии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, хоса дар бозии актёрон ва таҳияи асарҳои драмавӣ (символизм), навгонӣ ворид сохт. Шогирди коргардон ва педагоги барҷастаи рус Анатолий Василевич Эфрос, дастпарвари Донишкадаи давлатии санъати театрии Москва ба номи А. В. Луначарский бо дониши мукаммал ба кор шурӯъ намуд. Он замон дар театр санъаткорони бузурги тоҷик Муҳаммадҷон Қосимов, Ҳоҷиқул Раҳматуллоев, Аслӣ Бурҳонов, Туҳфа Фозилова, Муҳаммадҷон Халилов, София Тӯйбоева, Нозукмоҳ Шомансурова, Қиматшоҳ Имматшоев, Тӯтӣ Ғаффорова, Гурминҷ Завқибеков, Бурҳон Раҷабов, Маҳмуд Тоҳирӣ, Борис Наматиев, Хайрӣ Назарова, Ато Муҳаммадҷонов, Ҳошим Гадоев, Маҳмудҷон Воҳидов, Марям Исоева ва дигарон фаъолият доштанд.

Кори нахустинаш «Дуэл» («Ҷанги тан ба тан»)-и драматурги қирғиз Мар Бойҷиев буд ва нахустнамоиши он 30 — юми апрели соли 1969 доир гардид. Нақшҳои асосиро Азиз — Маҳмуд Воҳидов, Нозӣ — Тамара Абдушукурова ва Марям Исоева, Искандар — Ато Муҳаммадҷонов иҷро карданд.

Бояд қайд кард, ки асари Мар Бойҷиев дар 50 театри маъруфи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва хориҷӣ аз ҷониби коргардонҳои маъруф саҳнавӣ гардидааст. Аз ҷониби Майбалиев ба саҳна гузош­тани «Дуэл» ҷасорат ва қолабшикание буд, ки на ҳар ҳунарпешаи собиқадор онро метавонист.

Яке аз муваффақиятҳои коргардони ҷавон дар он зоҳир гардид, ки ӯ бо адибон — драматургони тоҷик ва ҷумҳуриҳои дигар ҳамкории самаранок дошт ва ин тарзи кор то охирин лаҳзаҳои кораш идома ёфт. Ғанӣ Абдулло, Раҳим Ҳошим, Мирсаид Миршакар, Меҳрубон Назаров, Файзулло Ансорӣ, Султон Сафаров, Меҳмон Бахтӣ, Абдусалом Атобоев, Ато Ҳамдам, Шодӣ Солеҳ, Ҷумъа Қуддус, Нурулло Абдуллоев, Сафармуҳаммад Аюбӣ аз ҷумлаи драматургоне буданд, ки давраи саркоргардони Театри давлатии академӣ — драмавии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ кор кардани Хушназар Майбалиев (солҳои 1971-1977 ва 1981-1995) бо ин боргоҳи ҳунар ва ҳунармандони он ҳамкории зич доштанд. Асарҳои минбаъд таҳия­кардаи ӯ ҳам дастранҷи драматургони тоҷик буданд. Аз ҷумла, «Фарёди ишқ» (1975 ва солҳои 1980-1985 ва 1999) ва «Шамъи маърифат»-и Ғ. Абдулло (1978), «Вафо ва аҳд»-и М. Миршакар (1979), «Суханҳои соядор»-и М. Бахтӣ (1980), «Ҳуррият»-и Ғ. Абдулло дар ҳамкорӣ бо Ф.Александрин (1982), «Бо имзои Ленин»-и А.Атобоев (1984), «Ҳақиқати талх»-и С. Сафаров (1986), «Писари Ватан» (1981), «Ибтидо» (1983), «Барзуи шуғнонӣ»-и А. Ҳамдам (1993), «Парвози Шоҳин»-и А. Ҳамдам, Р.Ҳодизода, М. Маҳзабшоев ва амсоли инҳо.

Азбаски он солҳо расм шуда буд, ки бояд дар репертуари театрҳои Тоҷикистон асарҳои драматургони рус ва ҷумҳуриҳои дигари бародарӣ низ дохил бошанд, коргардони нав ва дигар коргардонҳои театр ба таҳияи асарҳои драматургони хориҷи кишвар пардохтанд.

Саркоргардони театр «Антигона»-и Жан Ануй (1971), «Сид»-и П.Корнел (1995), «Сиёҳ ва сафед»-и Ҷон Сартр (2004), «Раъду барқ»- и Тсао Юй (2008), аз драматургони рус «Машварат»-и А.Гелман (1976), «Муфаттиш»-и Н.В. Гогол (1978), «Лавҳаҳои инқилобӣ»-и М.Шатров (1980), «Ваня — тағо»-и А.П.Чехов (1982), «Марати бечораи ман»-и А.Арбузов (1985), «Панҷ шаби мулоқот»- и А. Володин (1985), «Дод аз дасти ақл»-и А.С. Грибоедов (1987), аз драманависони ҷумҳуриҳои бародарӣ «Дуэл»-и Мар Бойҷиев (1969), «Бой ва хизматгор»-и Ҳ.Ҳ. Ниёзӣ (2007), «Ман, модаркалонам, Илико ва Илларион»- и Нодар Думбадзе (1974), «Ин Майдон-ин Шайтон»-и драманависи озарӣ А. Қурбонов (1983) ва дигар пйесаҳоро таҳия кардааст.

Қаҳрамони матлаб тӯли 22 сол — саркоргардонии Театри давлатии академӣ — драмавии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутиро бар уҳда дошт. 25 соли ҳаёташро барои тарбияи шогирдон нахуст дар факултети навтаъсиси санъати Институти давлатии педагогии Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко (ҳоло ДДОТ ба номи С.Айнӣ) бахшид. Аввалин хатмкунандагони шуъбаи актёрӣ, драма ва кинои ҳамин факултет ҳунарпешаҳо ва санъаткорони маъруф шуданд. Исо Абдурашидов, Нурулло Абдуллоев, Мирзо Ғуломов, Мирзоватан Миров, Гулмурод Малиев, Маъруфшо Мазҳабшоев, Муҳаммадӣ Мирзоалиев, Назар Назаров, Асалбек Назриев, Юнус Саидов, Бобоҷон Ҳасанов, Ҳабиб Шулашов, Муътабар Умарова, Абдулло Убайдов аз шогирдони Майбалиев буданд.

Алҳол шогирдонаш на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ кору эҷод мекунанд. Ӯро ба театрҳои хеш даъват карда, аз устодашон дарси маҳорат меомӯхтанд. Ӯ бо камоли майл ва хушнудӣ барои такмили ихтисос, ёрии амалӣ ва таҳияи асарҳои нисбатан ҷиддӣ ба мадади шогирдонаш мешитофт.

Агар намоиши «Орзу»-и М. Назаров соли 1978 дар Театри давлатии драмавии русии ба номи В. Маяковский саҳнавӣ шуда бошад, драмаву спектакли «Писари калонӣ»- и А. Вампилов (1980), «Ҳуррият»-и Ғ. Абдулло (1987) дар Театри мазҳакаи мусиқии Кӯлоб ба номи С. Вализода рӯи саҳна омаданд.

Соли 1973 «Қарзи виҷдон»-и С.Сафаровро рӯйи саҳнаи Театри халқии ноҳияи Ғончӣ ва соли 1974 мазҳакаи «Ман, модаркалонам, Илико ва Илларион»-и Нодар Думбадзеро дар Театри халқии ноҳияи Рӯшон ба номи Артисти халқии ­СССР Ғ. Ғуломалиев ба тамошобинон пешкаш намуд.

Дар Театри вилоятии ба номи А. Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар асари Ато Ҳамдам «Писари Ватан»- ро (1981) рӯйи саҳна оварда буд. Соли 1983 шогирдонаш ӯро барои ба саҳна гузоштани асари драманависи озарӣ Абдулкарим Қурбонов «Ин Майдон — ин Шайтон» ба Театри драмавӣ- мусиқии шаҳри Конибодом ба номи Т.Фозилова даъват карданд.

Соли 1993 Хушназар Майбалиев бо даъвати шогирдаш — саркоргардони Театри мазҳакаи мусиқии шаҳри Хоруғ ба номи М. Назаров Маъруфшоҳ Мазҳабшоев ба шаҳри Хоруғ сафар намуда, дар ҳамкорӣ бо ҳунармандони театр бахшида ба ҷашни ҳазорсолагии «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ драмаи таърихии «Барзуи шуғнонӣ» -и Ато Ҳамдамро ба ҳаводорони ҳунар пешниҳод карданд.

Фаъолияти эҷодии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Хушназар Майбалиевро метавон ба ду давра ҷудо кард. Давраи якум солҳои 1968 — 1991- ро дар бар мегирад, ки он ба даврони Иттиҳоди Шӯравӣ рост меояд. Асарҳои беҳтарини ин муддат ба саҳнагузоштааш «Бахти шумо — бахти ман аст» (1968), «Корвони бахт» (1970) ва «Вафо ва аҳд»-и М. Миршакар (1979), «Дуэл»-и Мар Бойҷиев (1969), «Антигона»-и Жан Ануй (1971), «Ҳуррият» (1970), «Фарёди ишқ» (1975, 1980 ва 1985) ва «Шамъи маърифат»-и Ғ.Абдулло (1978), «Беватан» (1970) ва «Ҳақиқати талх» (1986)- и С. Сафаров, «Лаҳзаи ҷовид» (1973) ва «Суханҳои соядор»- и М. Бахтӣ (1980), «Ибтидо» (1983) ва «Писари Ватан»- и А. Ҳамдам (1981), «Бо имзои Ленин»- и А.Атобоев (1984), «Кӯҳистонӣ»- и Н. Абдуллоев (1985) мебошанд.

Ин муддат «Машварат»-и А. Гелман (1976). «Муфаттиш»-и Н.В.Гогол (1978), «Писари калонӣ»-и А. Вампилов дар саҳнаи Театри вилоятии Кӯлоб (1979), «Лавҳаҳои инқилобӣ»-и М. Шатров (1980), «Ваня — тағо»- и А.П. Чехов (1982), «Марати бечораи ман»-и А. Арбузов (1985), «Панҷ мулоқот»- и А. Володин (1985), «Дод аз дасти ақл»-и А.С. Грибоедов (1987) -ро ба саҳна гузошт. Дар феҳристи асарҳои басаҳнагузош­таи Майбалиев асарҳои драматургони ҷаҳон ва ҷумҳуриҳои бародариро низ дидан мумкин аст.

Солҳои соҳибистиқлолӣ беҳтарин асарҳои драмавии классикони ҷаҳон ва муосирро ба саҳна ­гузошт. Драмаҳои «Сид»-и П. Корнел (1995), «Сиёҳ ва сафед»-и Ж.П. Сартр (2004), «Раъду барқ»-и Тсао Юй (2008), «Бой ва хизматгор»-и Ҳ.Ҳ. Ниёзӣ (2007), «Парвози Шоҳин»-и Р. Ҳодизода, А.Ҳамдам (2006), «Барзуи шуғнонӣ»-и Ато Ҳамдам дар ҳамкорӣ бо М. Мазҳаб­шоев дар Театри мазҳакаи мусиқии шаҳри Хоруғ (1993), «Фарёди ишқ»-и Ғ. Абдулло маротибаи чорум (1999), «Куҷо равонем»-и Н. Абдуллоев (2000), «Хоҷасагпараст»-и Ҷ. Қуддус (2001), «Ориёӣ»-и С. Аюбӣ (2007) аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Аз омӯзишу фаъолияти ӯ метавон хулоса намуд, ки номбурда ҳам дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ комёб ва сермаҳсул буду ҳам замони соҳиб­истиқлолии мамлакат.

Яке аз драмаҳои даврони истиқлолият ин драмаи фоҷиавии адиби фаронсавӣ Пиер Корнел — «Сид» ба шумор меравад, ки устод Майбалиев онро соли 1995 дар Театри давлатии академӣ — драмавии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ба саҳна гузошт.

- «Сид» драмаи хеле мураккаб аст ва касе аз коргардонҳо таҳияи онро ба зимма намегирад. Ҳатто дар ватани муаллиф — Фаронса ҳам рӯи саҳнаро надидааст, зеро таҳияи он заҳматталаб буда, аз режиссёр истеъдоди баланд ва тахайюлоти бойро талаб мекунад,- гуфта буд номзади илм­ҳои санъатшиносӣ Ирина Мягкова баъд аз тамошои он.

Доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессор Низом Нурҷонов дар тақризаш «Саҳнаи нафрату муҳаб­бат» («Садои мардум», 10-уми декабри соли 1997, №87 (1012) саҳ.3) навишта буд: «… Таҳияи шоҳасари классисизми асри XVII -и Франсия «Саид» («Сид»), ки таърихи ғании саҳнавӣ дораду дар саҳнаи Осиёи Миёна бори аввал гузошта шуд, кори басо душвор буд.

Асар мувофиқи қоида ва қонунҳои сахти равияи бадеии классисизм таълиф ёфта, сергапӣ, монологҳои дароз, декламасиякуниро мепарварад.

Майбалиев василаҳои театри муосирро ба кор бурда, душвориҳоро бартараф намуд. Ӯро, пеш аз ҳама, ғояҳои наҷиби классисизм, ки оҳангҳои худро дар рӯзҳои мо низ гум накардаанд, ҷалб намуданд…

… Театри ба номи Лоҳутӣ бо намоиши «Сид» («Саид») исбот кард, ки дар таҳияи классикаи ҷаҳон сухани худро гуфта, дар ин роҳ ан­ъанаҳои пешрафтаашро инкишоф дода метавонад. Бесабаб набуд, ки дар «Парасту-97» Х. Майбалиев «Барои режиссураи беҳтарин» сазовори мукофот шуд».

Драмаи «Сид» соли 1997 дар Фестивал — озмуни театрҳои касбӣ — Парасту- 97» сазовори ду дип­лом — «Барои беҳтарин режиссура» (Хушназар Майбалиев) ва «Барои беҳтарин нақши занона» (Соро Саб­залиева) гардида буд. Барои дар сатҳи баланд таҳия кардани «Сид» соли 2000 — ум саррежиссёри Театри давлатии академӣ — драмавии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ Хушназар Майбалиев бо Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ сазовор дониста шуд.

Намоиши «Фарёди ишқ» аз рӯи драмаи Ғ. Абдулло бори нахуст 15-уми сентябри соли 1975 пешкаши тамошобинон гардид. Ин фоҷиа аз 2 қисм иборат буда, онро рассом М. М. Мухин ороиш дода, оҳангҳояшро Фирӯз Баҳор эҷод намуда буд. Он ба 650-солагии вафоти Амир Хус­рави Деҳлавӣ бахшида шудааст.

Азбаски «Фарёди ишқ» аҳамияти хуби тарбиявӣ дошт ва бо гузашти солҳо арзиши хешро гум накарда буд, коргардон онро чор маротиба — солҳои 1975, 1980, 1985 ва 1999 дар такмили нав ба саҳна гузошт.

Пас аз 24 сол Хушназар Майбалиев зарур шуморид, ки «Фарёди ишқ»-и Ғанӣ Абдулло аз рӯйи достони «Дувалронӣ ва Хизрхон»- ро, ки моҳияташро гум накардааст, пешкаши тамошобинон гардонад. Ҳамин тавр, соли 1999 нахустнамоиши «Фарёди ишқ» дар саҳнаи Театри давлатии академӣ — драмавии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ бо толори пур аз тамошобинон доир гардид. Майбалиев он рӯзҳо хеле шод буд, ки асари мазкур маротибаи чорум рӯи саҳна омад. Афсӯс мехӯрд, ки муаллифи пйеса Ғанӣ Абдулло то он рӯзҳои нек ва гуворо нарасид.

Аз 16 то 24-уми июли соли 1999 дар шаҳри Душанбе Фестивал — озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту — 99» гузашт. Ҳайати эҷодии Театри давлатии академӣ — драмавии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ асари мазкурро ба фестивал пешниҳод намуданд, ки аз ҷониби ҳакамон ва тамошобинон баҳои баланд гирифта, сазовори Шоҳҷоиза — «Парастуи булӯрин» (Гран — при) гардид.

Мукофотҳои давлатӣ ва ҷоизаҳои фестивал — озмунҳои даврони истиқлолияти давлатии Тоҷикис­тон ғамхории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба заҳматҳои саркоргардони сермаҳсул Хушназар Майбалиев арзёбӣ мешавад, ки ба ӯ илҳом ва неруи тоза бахшид. Соли 2004 Майбалиев ба яке аз ­пйесаҳои муосир, вале ниҳоят мураккаби психологӣ «Сиёҳ ва сафед»-и драманависи амрикоӣ Ҷон Сартр рӯ овард. Ба мушкилиҳои эҷодӣ нигоҳ накарда, тамошобинон боз шоҳиди тамошои асари бузурги саҳнавӣ шуданд. Дар нақшҳои асосӣ Баҳодур Миралибеков ва Малоҳат Абдуллоева ҳунарнамоӣ намуданд ва ҳар баромади онҳо дар саҳна боиси хурсандӣ ва таваҷҷуҳи хосаи тамошобинон гардида буд.

Ду асари устод Майбалиев яке дар саҳнаи Театри давлатии академӣ — драмавии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ намоиши «Бой ва хизматгор» аз рӯи асари Ҳ. Ниёзӣ (2007) ва филми бадеии «Қиссаи орзуҳои осмонӣ» (сенарияи Ғаюр Ашӯров аз рӯи асари Холмурод Шарифов, 2008) истеҳсоли идораи «Телефилм»-и Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» барои татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» саҳми арзанда гузоштанд.

Заҳмати Хушназар Майбалиев барои ғанӣ гардонидани репертуари Театри давлатии академӣ — драмавии Тоҳикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ва омода намудани шогирдон дар замони соҳибис­тиқлолии мамлакат ҳамаҷониба қадр шуд. Дар даврони шӯравӣ танҳо ба ӯ унвони Ходими хизматнишондодаи санъати РСС Тоҷикистон дода шуд, ҳол он ки ин фидоии театри тоҷик 20 сол саррежиссёри Театри овозадори ба номи Лоҳутӣ ва 25 сол дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода ба донишҷӯён маҳорати актёрӣ ва дарси режиссура дода, шогирдони зиёдро ба камол расонидааст.

Майбалиев яке аз таҳиягаронест, ки анъанаи басо хуби театрии Е.И. Мителманро ҳам дар театр ва ҳам дар донишкада идома дода, чун коргардони навҷӯ ва андешапарвар номашро дар санъати касбии тоҷик абадан сабт намуд.

Дар ин муддат ӯ боре кӯшиш накард, ки ягон асари дар саҳна таҳиякардаашро ба унвон ё ҷоизае пешниҳод кунад, агарчи бештарашон сазовори қадрдонӣ буданд. Соли 1976 дар шаҳри Берлини Ҷумҳурии Федеративии Германия таҳти унвони «Советские режиссёры» (бо забони немисӣ) китоб чоп шуд. Дар баробари дигар коргардонҳои бузурги театри ҷаҳонӣ, ки аз хусуси «­Анъана ва навоварӣ», «Проблемаҳои имрӯза ва ояндаи театр» фикру андешаҳояшонро баён карданд, аз Осиёи Марказӣ танҳо андешаҳои Хушназар Майбалиев дар китоб ҷой дода шудааст. Дар ин бора баъди чанд сол (2008) аз ин рӯйдод қисса кард ва китобро ба муаллифи ин сатр­ҳо нишон дод.

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикис­тон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон, коргардони номвари тоҷик Хушназар Майбалиев дар яке аз суҳбатҳояш аз хусуси театр ва драматургияи тоҷик бо профессор Аскар Абдураҳмонов гуфта буд: «Мехоҳам, ки драматургияи миллӣ такомул ёбад ва асарҳои пурмазмуну ҷавобгӯи талаботи замона эҷод шаванд. Бисёр мехостам, ки тамошогарони тоҷик маърифати баланди фарҳангӣ дошта бошанду асарҳои саҳнавӣ, бозии ҳунарпешаҳо ва заҳматҳои таҳиягарони драмаю спектаклҳоро қадр кунанд».

Боиси хушнудист, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон иқдому пешниҳоди роҳбарони Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ва Театри давлатии академӣ — драмавии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ Фестивал — озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парас­ту-2023» ба 85 — солагии Ходими хизматнишондодаи санъати РСС Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Хушназар Майбалиев бахшида шуд.

Тилло НЕКҚАДАМОВ,

«Садои мардум»

Соҳиби дили бузург буд Сайф
Шиносоиам бо адиби варзида, инсони комил ва ҷавонмарди ҳақшинос устод Сайф Раҳимзоди Афардӣ аҷиб буд. Ҳар гоҳ ӯро ёд меорам, нахуст­вохӯрӣ пеши рӯ ҷилвагар мегардад.

Ҳанӯз аз даврони мактабхонӣ ба навиштани мақолаю лавҳа рағбат доштам ва аҳён-аҳён чакидаҳои хомаам дар рӯзномаҳои бачагонаи давр ба табъ мерасиданд. Солҳои донишҷӯӣ ба навиштани очерку ҳикояҳо ҷуръат кардам, вале шарм медоштам онҳоро ба касе нишон диҳам. Баъди хатми мактаби олӣ ба зодгоҳам баргаштам ва дар мактаби деҳа ба таълиму тарбияи насли наврас машғул шудам. Ин давра барои рӯзномаи ноҳиявӣ дар мавзӯъҳои гуногун мақола менавиштам. Ниҳоят чанд ҳикояамро ба рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» ҳоло «Ҷумҳурият» фиристодам. Ҳар дафъа дар посух номаҳое мегирифтам, ки қариб дар як шакл нигошта шуда буданд. Номаҳои дилшикан ва ноумедкунанда, ки то имрӯз дар бойгониам маҳфузанд…

Дар ин байн чанд ҳикоя ва очерк­ҳои калонҳаҷмам дар рӯзномаҳои «Комсомоли Тоҷикис­тон» ва «Газетаи муаллимон» ба табъ расиданд, аммо намедонам чаро мехостам, ки ҳикояамро дар рӯзномаи «Тоҷикис­тони советӣ» бубинам.

Соли 1984 буд. Устод Ҷонибек Акобир ба идораи Хоҷагии давлатии зотпарварии «Нимич», ки ман он ҷо мезистам, занг зада, ба директори хоҷагӣ гуфтааст, ки «Диловар ҳатман ба Душанбе биояд. Ӯро корманди рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» Сайф Раҳимов пурсуҷӯ дорад». Бо шунидани ин хабар вуҷудамро ҳаяҷон фаро гирифт. Аз шодӣ ҷои нишаст намеёфтам. Назди директори мактаб даромадам ва ду-се рӯз рухсатӣ гирифта, субҳи барвақт ба роҳ баромадам…

Устод Сайфро ғоибона аз рӯи ҳикоя ва повестҳояш мешинохтам. Ҳикояҳои ӯро гаштаю баргашта мехондам. Забон, услуб, устухонбандӣ ва тасвирҳои моҳиронаи — нигоштаҳояш қалби маро ҳамеша тасхир мекард. Қиссаи «Ситораҳои сари танӯр»-ашро маҷаллаи «Садои Шарқ» чоп кард. Ин қиссаи пур аз дардро хондаму бори дигар мафтуни ҳунари нависандагии ӯ шудам. Рӯзгори Робиа ва модари ӯ хеле ҷозиб тасвир шуда буд. Баъзе лаҳзаҳо ашки чашмонамро дошта наметавонистам. Мегиристам ва ба ҳоли онҳо дилам месӯхт.

Ҳикояи «Гунҷишки сафед» низ беҳтарин ҳикоя дар адабиёти давр буд. Баъзе ҳикояҳояшро қариб аз ёд медонистам. Ҳамеша орзу доштам мисли ӯ дар ҷодаи эҷод муваффақ бошам. Бо ҳамин андешаю орзуҳо ба шаҳр расидам ва рӯзи дигар субҳи барвақт ҷониби идораи «Тоҷикистони советӣ» роҳ пеш гирифтам. Идораи рӯзнома он солҳо дар ошёнаи якуми собиқ бинои Вазорати фарҳанг ҷойгир буд. Дар як дафтари корӣ устодон Сайф Раҳимзоди Афардӣ, Доро Наҷот ва Саодат Сафарова менишастанд. Беҷуръатона ангушт ба дар кӯфтам ва онро боз кардам. Дар мизи рӯ ба рӯи дар устод Сайф менишаст. Салом додам ва гуфтам, ки ман Диловар, аз Ғарм омадам. Шумо суроғ кардаед. Устод аз ҷо баланд шуданд, самимона дас­тамро фушурд ва курсиро паҳлуяш гузошту ба нишастан ишора кард. Баъди пурсупос ҷузвдонеро кушод ва чанд саҳифаро аз он берун овард. Ин варақҳо яке аз ҳикояҳои ман «Захми носур» буд.

- Ҳикояатро хондам, — аз саҳифа чашм наканда сукунатро халалдор кард устод Сайф. — Қалами хуб дорӣ, агар заҳмат бикашӣ, нависандаи хуб мешавӣ.

Аввал дар бораи комёбиҳои ҳикояи «Захми носур» андешаронӣ кард. Ҷанбаҳои хуби ҳикояро тарзе баён намуд, ки вуҷудамро ҳаяҷон фаро гирифт. Умеде дар гӯшаи қалбам шуъла зад. Сипас, аз нуқсонҳои ҳикоя гуфт.

Ӯ ҳарф мезаду ман суханҳояшро бо гӯши дил мешунидам ва дар дафтари хотир сабт мекардам. Дигар дунёро фаромӯш карда будам. Ман мондаму суҳбати пурмуҳтавои устод Сайф.

Устод Доро Наҷот ва Саодат Сафарова моро танҳо гузошта, аз дар баромаданд. Намедонам суҳбату маслиҳати устод чанд соат идома ёфт. Саодат ба дафтари корӣ даромад. Аз сумкааш ду самбӯса ва ду бодиринги шӯр бароварду назди устод гузошт. Устод Сайф як самбӯса ва як бодирингро ба ман дароз кард. Беҷуръатона онҳоро аз дасташ гирифтам. Ин лаҳза пай бурдам, ки Доро Наҷот ва Саодат ба хӯроки нисфирӯзӣ рафта будаанд. Устод Сайф дигар хӯроки пешинро фаромӯш карда буд, ба хотири як қаламкаши ҷавони деҳотӣ. Бовар дошт, ки заҳматаш беҳуда намеравад ва ин ба ман неру мебахшид. Дар дил аҳд кардам, ки тамоми гуфтаҳояшро иҷро мекунам. Дар назди ӯ масъулияти бузургеро ба зимма гирифтам. Баъдтар фаҳмидам, ки он рӯз ӯ беш аз чор соат вақти худро сарфи таҳлили як ҳикояи шогирдонаи ман кардааст.

Рӯзи дигар ба идораи рӯзнома рафтам. Устод Доро Наҷот ва Саодат Сафарова машғули кор буданд. Аз устод Сайф дарак набуд.

- Ту бо Сайф ягон хешӣ дорӣ?- дар омади гап гуфт Саодат.

- Не, ман аз ноҳияи Ғарм… Ӯро ғоибона мешиносам, бори аввал аз наздик суҳбаташ насибам гашт, — гуфтам.

- Аз рӯзи омаданаш ба вазифаи мудири шуъба бори аввал мебинам, ки ин қадар вақташро бо як нависандаи навқалам сарф кунад,- андешамандона гуфт Саодат.

- Гумон кардам, ки ӯро пештар мешинохтӣ. Сайф соҳиби дили бузург аст. Маълум, ки манзураш ҳосил шудааст, ба муроди дил расидааст.

Баъди интизорӣ дар боз шуд ва қомати болову чеҳраи зебои устод Сайф назди дар ҳувайдо. Бо меҳрубонӣ дастамро фушурд ва сабаби дер монданашро кӯтоҳак баён кард. Аз хоксорӣ ва меҳрубониҳояш хиҷолат кашидам. Ҷузвдонашро кушод ва ҳикояҳои маро ба дастам дод.

- Ҳамаи ҳикояҳоятро хондам, — дубора гуфт устод.- Бад нест. Роҳи интихобкардаат душвор аст. Комёбии эҷодкор дар омӯзиш, андӯхтани таҷриба ва тобоварист. Бовар дорам, ки ту муваффақ мешавӣ. Аз эроди ҳеҷ кас дилсард нашав. Аввал ҳикояи «Захми носур»-ро таҳрир мекунӣ. Бовар кардӣ, ки ҳикоя дар ҳақиқат ба талабот ҷавобгӯст, онро ба ман мефиристӣ. Баъд ҳикояҳои дигаратро…

Баъд аз кашаки миз китоберо бароварду ба дастам дод.

- Ин маҷмӯаи аввалини камина аст,- табассуми зебо дар лаб гуфт устод. — Онро ба ту бо умед медиҳам, ки баъди соле ҳамин гуна китобатро бароям меорӣ, — ҷиддӣ гуфт устод.

Китобро бо арзи сипос аз дасташ гирифтам. Аз пушти китоб сурати устод Сайф андешамандона ба ман менигарист. Гӯё гуфтан мехост, ки чун ба ин пайроҳаи душворгузар қадам гузоштӣ, мисли ман собитқадам бош…

Бо устодон худоҳофизӣ кардаму бо табъи болида ба зодгоҳам рахти сафар бастам.

Дар роҳ дилам қарор нагирифту китобро боз кардам. Ба ин китоб шоираи варзида ва устоди сухан Гулрухсор пешгуфтор навишта буд. Устод Гулрухсор на ба ҳар китоби нав­қалам пешгуфтор менавишт. Сахтгирии ӯро ҳама медонистанд. Ман саросема ба хондани сарсухан оғоз кардам. Устод Гулрухсор ба адиби ҷавон баҳои баланд дода буд. Дар фароварди гуфтораш навишта буд: «Ба китоби нахустини нависандаи ҷавон пешсухан навиштан кори ниҳоят масъулиятнок, вале гуворост. Гуворо аз он аст, ки бо ин фотеҳа боз як марди фидоии дилбеқарор ба хидмати халқу диёр ба роҳ мебарояд. Масъулиятнок аз он ҷиҳат аст, ки оё марде, ки бо дуои неки ту, бо фотеҳаи ту ба роҳи морпечи адабиёт сафаракист, дар кулвори худ чизи шоистае дорад ё не? Пеш аз фотеҳа додан ба нависандаи ҷавон Сайф Раҳимов ман дар ҳамин андеша будам. Чанд сол аст, ки ҷустуҷӯ, комёбӣ, пешравӣ ва сайқали эҷодиёти ӯро дар пеши назар санҷиш дорам. Инак, ба хонандагони арҷманд хушнудона ва умедворона арз мекунам: муаллифи китобе, ки шумо чун нони гандумӣ ба даст гирифтаед, дар ҷодаи хизматгорӣ ва фидокорӣ ба халқу Ватани худ шахси раҳгузар нест. Силсилаи эҳсосу калом ва андешаю идрокаш ба ҳам пайваста, мақсаду маром ва орзую омолаш аз зиндагӣ, масъулияти инсонӣ шахсияти худи адиби ҷавон ибтидо гирифтаанд».

Устод Сайф Раҳимзод баъдтар бо ин хислатҳояш собит кард, ки дар ҳақиқат фарзанди содиқи меҳану миллат аст. Ӯ барои ғанӣ гардонидани адабиёти муосири тоҷик заҳмат кашид. Баҳри маърифати мардум то рӯзҳои охирини ҳаёташ мардона қадам ниҳод.

Баъди бозгашт ба омӯзиш пардохтам. Ҳарчанд то он рӯз садҳо китобро мутолиа карда бошам ҳам, пас аз суҳбати пурмуҳтавои устод Сайф аз нигоҳи дигар ба мутолиа пардохтам. Талош мекардам, ки аз ҳар як асари хондаам барои худ чизе пайдо намоям. Ҳикоёти нависандагони маъруфи тоҷик ва дигар мамоликро, ки дастрас буд, гаштаю баргашта мехондам. Баъди ду-се моҳ ба таҳрири ҳикояам оғоз кардам. Пас аз шабзиндадориҳои зиёд бовар кардам, ки маслиҳатҳои устод Сайфро ҳангоми таҳрири ҳикоя иҷро кардам. Онро дигарбора унвонии ӯ ба идораи рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» фиристодам. Ҳафтаҳо гузаштанд, вале ҳикоя дар саҳифаи рӯзнома пайдо нашуд. Баъди панҷ-шаш моҳ пайи коре ба Душанбе сафар кардам. Сари қадам ба Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон рафтам. Ба дафтари кории дӯстонам Баҳманёр ва Муҳаммадраҳими Сайдар даромадам. Онҳо масъули бахши насри маҷаллаи «Садои Шарқ» буданд. Муҳаммадраҳим маро табрик гуфт.

- Муборак шавад,- маро дубора ба оғӯш кашид ӯ. -Ҳикояатон дар шумораи панҷуми маҷаллаи «Садои Шарқ» ба табъ мерасад.

- Ман барои маҷалла ҳикоя нафиристодам,- тааҷҷубамро пинҳон накарда посух додам.

- Медонем,- хандаи зебо ба лаб гуфт ӯ. -Ҳикояро Сайф овард. Назди сармуҳаррир даромад ва баъди рафтанаш онро ба мо доданд. «Захми носур» ном дорад ҳикояат.

- Ҳамин хелу… Ин ҳикояро ман ба устод Сайф фиристода будам. Мехостам дар рӯзномаи «Тоҷикис­тони советӣ» чоп шавад. Бовар надоштам, ки то ин даргоҳи бузурги адабӣ мерасад.

Аз ин хабари хуш он лаҳза  худ­ро хушбахттарин одам медонис­там. Ҳеҷ бовар надоштам, ки дар маҷаллаи «Садои Шарқ» ҳикояи ман ба табъ мерасад. Гумоне, ки хоб медидам…

Ҳамин тавр, бо дастгирӣ ва маслиҳати устод Сайф Раҳимзоди Афардӣ «Захми носур» дар маҷаллаи адибон чоп шуд ва аз тарафи устодон баҳои арзанда гирифт. Ҳамон соат сухани Саодат Сафарова ёдам омад: «Соҳиби дили бузург аст Сайф».

Ба идораи рӯзномаи «Тоҷикис­тони советӣ» рафтам. Аз ҷо баланд шуд ва самимона дастамро фушурду табрикам гуфт.

- Ана ҳамин хел, додари акаш, — бо чеҳраи кушода садо баланд кард ӯ. — Муборак шавад! Бовар дорам, ки ҳикояҳои ояндаат боз ҳам хубтар иншо мешаванд. Ҳоло камтар навису бештар биомӯз…

- Ташаккур ба шумо, устод,- беҷуръатона садо баланд кардам ман.

- Ҳоло то устодӣ хеле дурам,- хандида гуфт Сайф.

- Ба ту иҷозат медиҳам, ки номамро бигирӣ. Сайфулло бигӯ. Ту аз ман се сол хурд ҳастӣ. Устод касонеанд, ки дар ин роҳи душвор пичаҳои худро сафед кардаанд. Агар умр боқӣ бошаду содиқона заҳмат бикашем, мо низ ба пояи онҳо хоҳем расид.

- Мақсад аз навиштани ҳикоя танҳо баёни воқеа ё ҳодисае нест,- мегуфт ӯ.

- Нависанда бояд ба хонанда таъсири маънавӣ расонида тавонад. Мақсад тарбия аст. Яъне, аз муҳтавои асар хонанда баҳра бигирад. Он бояд ғизои маънавии инсон гардад.

- Ҳикмати ҳаёт муҳимтарин ҷузъи ҳикоя аст, -  идома медод суханашро. -Ба рӯи коғаз овардани ҳар воқеа ҳикоя шуда наметавонад. Дар баробари ин, ба бадеияти асар ҳамеша аҳамият додан муҳим аст. Ҳикоя нозуктарин ва муъҷазтарин асари бадеист ва бояд бадеияти асар дар ҷои аввал бошад.

Ҳикояи нависандаи маъруф Ҷек Лондон «Дар талоши ҳаёт» — ро ба ёд биёр. Ин ҳикоя муаллифро байни хонандагони тамоми дунё машҳур кард.

Мо бояд аз забони зиндаи халқ беҳтарин калима ва андарзҳоро, ки барои мардуми тоҷик фаҳмост, истифода барем.

Боре дар як вохӯрӣ аз ҳикояи «Пад­руду пайғом» суол додам. Гуфтам ҳар гоҳ ин ҳикояро мехонам, симои ду бародари ғуррамаргам пеши рӯ меояд. Дигар қудрати хондан намекунам. Охирин суханони эшон дар гӯшам садо медиҳанд. Фиғони пурдарди модарам маро озурда мегардонад. Оё ин ҳикоя ҳақиқат дорад?

Устод Сайф ба суолам посух нагуфт. Нигоҳи андешамандашро ба нуқтаи номаълуме дӯхту сукут варзид. Ранги рӯяш иваз шуд. Аз суоли хеш пушаймон шудам ва дар дил худамро сарзаниш кардам. Дилам аз дигар шудани вазъи устод хиҷил шуд.

- Ҳикояи беҳтарин, — баъди муддати мадид сукунатро халалдор кардан ҳамон аст, ки хонанда лаҳзае худро дар он пайдо кунад, — эҳсосоташро пинҳон карда гуфт устод.

Ӯ ҳарф мезаду ман медидам, ки хаёлаш пайи хотираҳо саргардон аст…

Имрӯз устод ҳамроҳи ман аст. Гоҳе ки дар офаридани асаре душворӣ мекашам, устод ба мададам меояд. Ӯро мебинам ва гумон мекунам, ки бандҳои баста во мешаванд ва бо як умеду боварӣ қалам ба даст мегирам….

Ба худ мегӯям, ҳоло ҳастанд адибоне, ки салоҳ бинанд то бо як лаҳни монанд ба дилҷӯию дилнавозӣ дар замири дили навқалами хушбину хушзавқе, ки даргоҳҳои адабӣ дар интизорашон аст, тухми меҳру муҳаб­бати инсонӣ коранд!

Диловари МИРЗО,

«Садои мардум»

Боздиди иштирокчиёни синамо ҷашнвораи «Тоҷи сомон» аз қалъаи таърихии Ҳисор
Аз 15 то 20 — уми октябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе макони баргузории Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии «Тоҷи Сомон» таҳти шиори «Таърих рушди тоҷикон» гардид.

17-уми октябр ҳайати синамогарон аз кишварҳои ҷумҳуриҳои Беларус, Гурҷистон, Арманистон, Ӯзбекистон, Молдова, Озорбойҷон, Қазоқистон, Ҳиндустон, Федератсияи Россия, Туркия, Туркманистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Афғонистон ва Покистон, ки барои ширкат дар ҷашнвораи «Тоҷи Сомон» қарор доштанд, ба шаҳри Ҳисор ташриф оварда аз Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор дидан намуданд.

Меҳмононро дар регистони Қалъаи таърихии Ҳисор раиси шаҳр Қосим Роҳбар пазироӣ карда, ба шаҳри Ҳисор хайрамақдам гуфт. Тибқи таомули аҷдодӣ меҳмононро гулдухтарони чаканпӯш бо нону ширинӣ, ансамбли фолклории «Бобоҷон» ва ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳр таҳти садои карнаю сурнай, бо рақсу шодмонӣ истиқбол гирифтанд.

Ба ифтихори ташрифи синамогарони ҷаҳон ба шаҳри Ҳисор, ҳунармандону кадбонуҳои шаҳр дар назди Корвонсаройи Мамнуъгоҳ намоиши намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ ва хӯрокҳои миллиро пешкаши меҳмонон намуданд.

Синамогарон бо «Арки Қалъаи Ҳисор», «Аскархона», «Амфитеатр», «Қасри Ҳоким» ва мадрасаҳои «Кӯҳна» ва «Нав» шинос шуда, оид ба таърихи дирӯзу имрӯзи Ҳисори бостон маълумоти мухтасар гирифтанд.

Гуногунии фарҳангҳо ва анъанаҳои эҷодӣ ба фазои ҷашнвора ҳусни дигар зам намуданд, зеро киноматаграфистони мамлакатхои гуногун дар оғӯши табиати зебо мубодилаи таҷриба намуда, ҳамдигарро ба лоиҳаҳои нав ошно намуданд.

Ҳамин тариқ, ҷашнвораи «Тоҷи Сомон» гувоҳи равшании он гардид, ки чӣ гуна синамо метавонад ба мардуми манотиқи мухталифи дунё таъсири мусбӣ расонида, риштаи дӯстӣ байни фарҳангу тамаддуни миллатҳои гуногун бунёд намояд.

Дар анҷоми боздид иштирокчиён ва меҳмонон аз таассуроти неки худ мубодилаи афкор намуда, иброз доштанд, ки барои худ боз як макони зебои филмофариро дар яке аз гӯшаи кишвари офтобрӯя бо номи Тоҷикистон кашф  карданд.

Сайидо НАЗАРОВ,

«Садои мардум»

«Тоҷи Сомон» ситораҳои киноро ба Душанбе меорад
Аз 15 то 19- уми октябри соли равон дар пойтахти мамлакат Кинофестивали якуми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» – 2023» таҳти шиори «Таърихи рушди тоҷикон» баргузор мегардад. Чорабинии мазкурро, ки аз тарафи Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» роҳандозӣ мегардад, аз муҳимтарин чорабиниҳои фарҳангии сол метавон арзёбӣ намуд. Дар робита ба ин хабарнигорамон бо директори МД «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён суҳбате доир намуд, ки манзури хонандагон мегардад.

- Муҳтарам Маҳмадсаид Шоҳиён, ҳадаф аз баргузории кинофес­тивали мазкур чист?

- Чорабинӣ дар доираи амалӣ намудани «Барномаи рушди кинои тоҷик барои солҳои 2023- 2027» роҳандозӣ мегардад. Ҳадаф аз баргузории он, пеш аз ҳама, рушди синамои тоҷик, тарғибу ташвиқи дастовардҳои соҳа дар арсаи байналмилалӣ, табодули таҷриба, дастгирии ҳунармандони ҷавон, таҳияи лоиҳаҳои муштарак, ҳамкории ходимони кинои тоҷик бо ҳампешагони бурунмарзӣ мебошад.

Басо рамзист, ки Кинофестивали якуми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон — 2023» дар арафаи Рӯзи кинои тоҷик оғоз меёбад ва он ба 120 — солагии таҳиягари бузурги кинои тоҷик, Артисти халқии ИҶШС Комил Ёрматов бахшида шудааст. Албатта, баргузории чунин як ҷашнвора кори заҳматталаб буда, харҷи зиёде мехоҳад. Мехостам арзи сипосу миннатдории самимии хеш ва кормандони синамои тоҷикро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ изҳор намоям, ки барои дар сатҳи баланд доир намудани он моро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд.

Аслан, омодагиҳо ба ҷашнвора як сол қабл оғоз шуда буд, зеро корҳои ташкилӣ, даъвати кино­созон, ситораҳои синамои ҷаҳонӣ ва ризоияти онҳо барои иштирок дар чорабинӣ кори саҳл нест. Он дар доираи идораҳои болоӣ ҷиддӣ сурат мегирад ва талаботи махсуси худро дорад.

Бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ ва сазовор баргузор намудани чорабинӣ Кумитаи тадорукот иборат аз роҳбарон ва мутахассисони касбӣ таъсис дода шуд. Дар баробари ин, комиссияи интихоби филмҳо барои кинофестивал ташкил намудем, ки банда раиси комиссия мебошам. Аъзои комиссия мовини якуми МД «Тоҷикфилм» Толиб Ғайбуллозода, директори Китобхонаи ба номи Индира Гандӣ Шодимуҳаммад Сӯфизода, Ходими шоистаи санъати Тоҷикистон, наворбардори соҳибтаҷриба Заур Рустамович Дахте, нависанда, сенариянавис Абдурофеъ Рабизода, киношинос Тилло Некқадамов, санъатшинос Муҳаммадулло Табаров ва унвонҷӯи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Зоҳир Сайфуллоҳ интихоб шудаанд.

Аъзои комиссия давоми беш аз як моҳ аз байни 200 дархост, яъне филмҳои ҳунарӣ ва кӯтоҳи ба кинофестивал пешниҳодшуда, 77 филмро тамошо ва баҳогузорӣ намуданд. Тибқи хулосаи аъзои комиссия, 16 филми ҳунарӣ ва 8 филми кӯтоҳи ҳунарӣ барои иштирок ва баҳогузорӣ ба кинофестивал пешниҳод мегарданд.

- Филмҳое, ки ба комиссия барои интихоб дар кинофестивал пешниҳод мешаванд, ба кадом талабот бояд ҷавобгӯ бошанд?

- Боиси сарфарозист, ки то имрӯз киносозони шинохта ва машҳури кишварҳои Федератсияи Россия, Эрон, Ҳиндустон, Покистон, Канада, Туркия, Ҷумҳурии Мардумии Хитой, Фаронса, Венгрия, ҷумҳуриҳои Белорус, Молдова, Озарбойҷон, Ӯзбекис­тон, Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон, Арманистон филмҳои истеҳсолнамудаашонро ба комиссияи кинофестивал фиристоданд ва иштирокашонро дар ин чорабинии фарҳангӣ тасдиқ карданд.

Филмҳои пешниҳодшуда тибқи низомномаи кинофестивал, бояд ҷавобгӯ ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бошанд. Яъне, меъёрҳои умумии ахлоқию маънавӣ, инсондӯстӣ дар онҳо бояд, ки риоя шавад. Миёни филмофарон ибораи маъмуле ҳаст: «Филми махсус барои кинофестивал» (Фестивальный филм). Дар филмҳои пешниҳодшуда набояд ташвиқу тарғиби тамокукашӣ, маводи мухаддир, лаҳзаҳои шаҳвонӣ ва ба ин монанд ҷой дошта бошанд. Филм аз ҷиҳати мавзӯъ, мазмун, муҳтаво ва касбият бояд дар сатҳи баланд эҷод ва наворбардорӣ шуда бошад.

- Андешаи доир намудани чунин як чорабинии муҳими фарҳангӣ кай ва чӣ гуна пайдо омад?

- Шукри соҳибистиқлолии Тоҷикистон, ки моро берун аз ҷумҳурӣ хуб мешиносанду эҳтиром менамоянд ва Тоҷикистон ҳамеша ба кинофестивалҳои сатҳи байналмилалӣ даъват шуда, дар ин гуна чорабиниҳо фаъолона иштирок менамояд. Боиси ифтихор аст, ки киносозони тоҷик дар чунин ҷашнвораҳо соҳиби ҷойҳои аввал, махсус, диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ гардидаанд. Дар баробари ин, таҷриба омӯхтем ва боварӣ ҳосил намудем, ки барои гузаронидани кинофестивали сатҳи байналмилалӣ ҳам имконият ва ҳам қудрату маҳоратамон мерасад. Солҳои пеш агар ягон чорабинии сатҳи байналмилалӣ роҳандозӣ намудан мехост, меҳмонхонаҳои замонавӣ надоштем. Ҳоло имкониятҳо дар ин самт фаровонанд. Беҳтарин меҳмонхонаҳои ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ «Душанбе- Серена», «Шератон», «Хайят- реҷенси», «Гранд- Отел», «Атлас» ва ғайраҳо мавҷуданд, ки ба даҳҳо меҳмонону сайёҳони хориҷӣ дар як вақт хизмат мерасонанд. Яъне, ҳоло барои баргузор намудани чунин чорабиниҳо ҳама имкониятҳо фароҳам аст. Фақат ташаббускор бояд буд.

Як сол пеш Киноҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон — 2022»- ро таҳти шиори «Қадршиносии ҳунари асил» дар сатҳи баланд доир намуда будем. Баъд аз ин, идеяи гузаронидани кинофестивали байналмилалӣ пайдо шуд.

- Ба ҳайати ҳакамони ҷашнвора кадом филмофарони маъруф ва киношиносон шомил шудаанд?

- Ба ҳайати ҳакамон шахсиятҳои маъруф, аз қабили режиссёрон, ҳунарпешаҳои кино, мунаққидони кино, киношиносон, рассомон ва оҳангсозон аз кишварҳои гуногун интихоб гардидаанд. Онҳо ба ду гурӯҳ: ҳакамони филмҳои ҳунарӣ ва ҳакамони филмҳои кӯтоҳи ҳунарӣ ҷудо шудаанд. Ба гурӯҳи аввал панҷ нафар – кинорежиссёри маъруфи сатҳи ҷаҳонӣ Алӣ Ҳамроев (Ӯзбекистон, Россия, Италия), таҳиягари маъруфи Ҳиндустон, офарандаи филми ҳунарии «Саргузашти Алибобо ва чиҳил роҳзан» (дар ҳамкорӣ бо таҳиягари маъруфи ӯзбек Латиф Файзиев соли 1979) Умеш Меҳра, сармуҳаррири ҶА «Қазоқфилм» Бекбулат Шекеров, таҳиягар, ҳунарпешаи кино ва продюссер Маҳдӣ Фард Қодирӣ (Эрон), киношинос Саноат Азизова (Тоҷикистон) шомиланд.

Директори Киностудияи «Лендок» Алексей Телнов (Санкт- Петербург), сароянда ва ҳунарпешаи кино Вера Макей Полякова (Белорус), номзади илми таърих, санъатшинос Муҳаммадулло Табаров (Тоҷикистон) ва директори Иттифоқи кинематографистони Ӯзбекистон Матяъқуб Матчанов (Ӯзбекистон) ҳакамони филмҳои кӯтоҳи ҳунарӣ мебошанд.

- Ба филмҳои ғолиб ва ҳунармандони пирӯз чӣ ҷоизаҳо тақдим мегардад? Умуман, дар самти таъсиси ҷоиза ва ҷоизасупорӣ оё навгониеро метавон интизор шуд?

- Чун дигар кинофестивалҳои байналмилалӣ мо низ 8 ҷоиза таъсис додем, ки ба ғолибон месупорем. Инҳо: «Шоҳҷоиза» «Барои беҳтарин филми ҳунарӣ», «Беҳтарин таҳиягар», «Беҳтарин наворбардор», «Беҳтарин нақши мардона», «Беҳтарин нақши занона», «Беҳтарин филми кӯтоҳи ҳунарӣ», «Ҷоизаи махсуси ҳакамон» ва «Ҷоизаи таваҷҷуҳи тамошобин» мебошанд.

Дар баробари ин, ҳамчунин, Ҷоизаи махсуси Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ «Барои саҳми муносиб дар рушди кинематография» ба эҷодкорони сазовор тақдим мешавад.

- Ҳаводорони олами синамо оғози ҷашнвораро бесаброна интизоранд. Мехоҳанд бидонанд, ки он кадом ситораҳои кинои ҷаҳониро ба шаҳри Душанбе меорад?

- Тавре зикр намудем, таҳиягари маъруфи ӯзбек Алӣ Ҳамроев, ки алъон муқими Италия мебошад, дар кинофестивал ба ҳайси раиси ҳакамон иштирок менамояд. Таҳиягари маъруфи Ҳиндустон Умеш Меҳра ва ҳунарпешаҳои шинохтаи ин кишвар Шоҳ Наваб ва Пуджа Батра низ дар чорабинӣ иштирок мекунанд.

Ҳунарпешаи Россия Елена Проклова ва Тамара Яндиева низ дар чорабинӣ ҳузур хоҳанд дошт. Тамошогарони тоҷик Тамара Яндиеваро аз филмҳои ҳунарии «Агар дӯст дорӣ»- и А. Қудусов (соли 1982), «Салом, Гулнора Рахимовна!»- и А. Қудусов (соли 1986), «Боз як шаби Шаҳрзода» (соли 1984), «Афсонаҳои нави Шаҳрзода» (соли 1986) ва «Шаби охирини Шаҳрзода»- и Тоҳир Собиров (соли 1987) хуб мешиносанд.

Роҳбари Ансамбли овозадори эстрадии «Ялла» Фаррух Зокиров ҳам даъвати моро барои иштирок дар кинофестивал пазируфтанд. Ректори Университети давлатии умумииттифоқии кинематографияи Москва – ВГИК ба номи С. А. Герасимов, доктори илми санъат­шиносӣ, академик Владимир Сергеевич Малишев бо устодон ва педагогҳои ВГИК, проректорон Ирина Викторовна Зернова, Сергей Вадимович Бороздин, профессори кафедраи маҳорати актёрӣ, Артисти халқии Россия Александр Яковлевич Михайлов, профессори кафедраи маҳорати наворбардорӣ, Артисти халқии Россия Игор Семёнович Клебанов, профессори кафедраи маҳорати актёрӣ, Артисти шоистаи Россия Александр Лвович Федоров, омӯзгори хореографияи кафедраи маҳорати актёрӣ Майрбек Гайдолович Матаев, роҳбари факултети таҳиягарӣ, мудири кафедраи филм­ҳои бадеӣ, профессор, Артисти халқии Россия Владимир Иванович Хотиненко, роҳбари гурӯҳи киношиносӣ, номзади илми санъатшиносӣ, профессор Татяна Виталевна Яковлева дар баробари иштирок дар кинофестивал, инчунин, бо ҳаводорони олами синамо вохӯрию мулоқот намуда, ба донишҷӯён дарс­ҳои «Устоду шогирд» мегузаранд.

Дар доираи чорабиниҳои кинофестивал, ҳамчунин, дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба 120-солагии ҳамдиёри шуҳратманди мо, Артисти халқии ИҶШС Комил Ёрматов Форуми байналмилалӣ дар мавзӯи «Мероси фарҳангии Ёрматов Комил — ҳамчун раҳнамо баҳри якдилӣ ва рушди кинематографияи миллӣ» доир мешавад.

Бо ташаббуси МД «Тоҷикфилм» китоби хотираҳои Комил Ёрматов таҳти унвони «Возвращение», ки маротибаи охир соли 1987 дар шаҳри Тошканд чоп шуда, ҳоло камёфт аст, бо сифати баланд боз­нашр шуд. Он ёддошту хотираҳои неки ин санъаткори бузургро то соли 1940 дар Тоҷикистон бозгӯ намуда, ҳамчунин, аз фаъолияти таҳиягариаш дар Киностудияи «Ӯзбекфилм» маълумот медиҳад. Дар форум китоби нав «Возвращение» муаррифӣ шуда, ба меҳмонон ва иштирокчиёни форум ҳамчун армуғон туҳфа мешавад.

- Ташаккур. Боварӣ дорем, ки Кинофестивали якуми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон – 2023» дар сатҳи баланд доир мегардад ва он дар ҳамкориҳои муштарак бо ҳампешагони хориҷӣ, рушди кинои тоҷик ва тарбияи мутахассисони оянда мусоидат менамояд.

Мусоҳиб Тилло НЕКҚАДАМОВ,

«Садои мардум»

Марвориди кинои тоҷик
Ҳамдиёри мо Маргарита Қосимова аввалин зан — таҳиягари кино аз Осиёи Марказӣ аст

Занҳои боиффати тоҷик дар ҳама ҷабҳаҳои зиндагӣ ҳамеша пешсаф буданду дар баробари мардон дар пешрафти ҷомеа ҳиссаи арзанда мегузоштанд. Соҳаеро намедонем, ки бонувони мо дар радифи мардон қадам нагузошта бошанд.

Дар санъати кинои тоҷик бонувони эҷодкор хизматҳои фаромӯшношуданӣ ба анҷом расонидаанд. Хусусан, ҳамчун таҳиягари кино дар офаридани филмҳои ҳуҷҷатӣ ва бадеӣ.

Ҳуҷҷатҳои бойгонӣ ва асарҳои тадқиқотӣ оид ба кинои тоҷик, инчунин бастаҳои маҷалла, варақаҳои шахсӣ ва рӯзномаҳои давриро аз назар гузаронидем. Рӯйхати занҳо — таҳиягари кино бо чунин тарз тартиб ёфт. Ходими хизматнишондодаи санъати РСС Тоҷикистон Маргарита Наимовна Қосимова фаъолияти кориаш дар киностудияи «Тоҷикфилм» солҳои 1962-1992, Елизавета Бенсионовна Кимёгарова солҳои 1968- 1991, Гуландом Салоҳовна Муҳаббатова солҳои 1972- 2010, Майрам Шамсуллоевна Юсупова солҳои 1972-1993, Ҳалима Носировна Ҳасанова солҳои 1989-1990, Муҳаббат Сатторӣ аз соли 2007 инҷониб, Шарофат Арабова ва Аниса Собирӣ  солҳои охир ҳамчун таҳиягари кино муаррифӣ шудаанд.

Аз номҳои тартибдодаи бонувони эҷодкори кинои тоҷик хулоса кард, ки аввалин зан- кинорежиссёр аз Осиёи Миёна, Ходими хизматнишондодаи санъати РСС Тоҷикистон Маргарита Наимовна Қосимова мебошад. Ин бону 10 апрели соли 1938 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Мактаби миёнаро бо баҳои аъло хатм карда, орзу дошт, ки  шарқшинос шавад. Аз ин рӯ, ба шаҳри Москва ба Университети давлатии ба номи М. В. Ломоносов рафта, ҳуҷҷат супориданӣ буд. Довталабон хеле зиёд буда, ба як ҷой 60 нафар ҳуҷҷат супорида буданд. Яке аз устодон, масъули кори комиссияи қабули ҳуҷҷатҳо духтараки нозукандом ва зебои тоҷикро дида гуфт:

- Духтарам, он ҳусну  латофат ва зебоие, ки дорӣ, бояд актриса шавӣ.

Маргарита баъд аз он суханҳо ҳуҷҷатҳояшро ба факултети режиссёрии Институти давлатии  умумииттифоқии кинематографияи Москва – маъруф бо номи ВГИК супорида, солҳои 1957-1962 дар он боргоҳи ҳунар сабақ омӯхт. Ба тоҷикдухтари баҷасорат муяссар шуд, ки дар гурӯҳи маҳорати режиссёри машҳури советӣ, профессор Александр Петрович Довженко нозукиҳои касби режисураро омӯзад. Ҳамкурсони давраи донишҷӯияш Отар Иоселиани, Лариса Шепитко, Георгий Шенгелая, Виктор Туров, Гунар Писсис баъдтар режиссёрҳои маъруфи кино шуданд.

Маргарита дар хобгоҳи донишҷӯён бо ҳамкурсонаш Лидия Федосеева – Шукшина, Лариса Шепитко ва Людмила Гурченко дӯсти қарин шуданд.

Маргарита Наимовна Қосимова солҳои донишҷӯиро ба хотир оварда гуфт:

-  Устодам Александр Пет­рович ба ҳар як шогирдаш нигариста, фикру андешаҳояшро ошкоро баён мекард. Масалан, ба ман нигариста гуфта буд:

- Агар аз ин духтари зебо режиссёри хуб набарояд, аниқ мегӯям, ки барандаи барномаҳои хуби телевизионӣ мешавад.

Артисти халқии ИҶШС Сергей Герасимов «Ин духтараки зебо симои актёрӣ дорад, дар курси режиссёрӣ чӣ кор мекунад. Ӯ бояд дар факултети актёрӣ хонад. Аз ӯ актрисаи хуб мебарояд» — гуфта буд.

Баъд аз баҳои ду нобиғаи кинои ҷаҳонӣ ман ҳам барандаи барномаҳои телевизионӣ шудаму ҳам дар санъати актёрӣ ҳунарамро санҷидам. Манзури ман ин филми бадеии телевизионии «Хати парвоз»-и Т. Собиров (соли 1970) мебошад, ки дар он филм нақши барандаи телевизионро иҷро кардаам ва аз маросими Озмуни ҷумҳуриявии заргарон гузориши мустақим пахш кардаам.

Ҳангоми таҳсил дар курси сеюми донишкада ҳамчун режиссёри кино аввалин даст­ранҷи мустақилонаро (соли 1959) таҳия намуд. Он филми ҳуҷҷатӣ «Дар қалби яхистони Помир» ном дошт.

Баъд аз хатми донишкада соли 1962 ба киностудияи «Тоҷикфилм», фиристода шуд. Он вақт таҳиягари навкор Тоҳир Собиров аз рӯи дархости роҳбарияти киностудияи «Турк­манфилм» ба шаҳри Ашқобод даъват шуд, то ки филми бадеии «Шоҳсанам ва Ғариб»- ро ба навор гирад. Тоҳир Собиров ӯро ба гурӯҳаш даъват кард. Ин таҷрибаомӯзии нахустини режиссёри оянда Қосимова ба сифати режиссёри дуюм дар офаридани филмҳои ҳунарӣ гардид.

Солҳои 1964 — 1965 дар киногурӯҳҳои «Замони осоишта» ва «Ҳасани аробакаш» ҳамроҳи Борис Кимёгаров режиссёри дуюм буд. Рӯзе Кимёгаров ба Тоҳир Собиров рӯ оварда гуфт:

- Ин духтараки зебо дар гурӯҳи мо чӣ кор мекунад?

Пас ба Қосимова рӯ оварда:

- Бо ин ҳусну малоҳате, ки дорӣ, дар саҳнаи театр ё телевизион ҳунаратро нишон деҳ…

Вале азми духтари якрави тоҷик қатъӣ буд, ки режиссёри кино мешавад. Мехост, ки мус­тақилона филми бадеӣ эҷод кунад. Лозим ба ёдоварист, ки ҳангоми дар курси чоруми ВГИК таҳсил карданаш таҳия ва наворбардории филми бадеии кӯтоҳметраи «Сабина»-ро (муаллифи сенария Ю. Рожков, оператор В. Белокопитов рассом Г. Мирзохонов, соли 1961) ба уҳдааш гузоштанд.

Филм аз ҷониби мунаққидони кино ва мутахассисони соҳа он қадар хуш пазируфта нашуд. Аз ин рӯ, то соли 1967 ба Маргарита Қосимова имконият надоданд, ки филми бадеӣ ба навор гирад. Вале Маргарита бо муносибати роҳбарияти  киностудияи онвақта розӣ шуда наметавонист.

- Боре роҳбари онвақтаи Комитети давлатии ИҶШС оид ба кинематография Алексей Романов ба шаҳри Душанбе сафари корӣ дошт ва бо аҳли эҷодии киностудияи «Тоҷикфилм» вохӯрд. Ман суханронӣ карда, минҷумла гуфтам:

Ман, режиссёр Маргарита Қосимова, шогирди Александр Петрович Довженко. Агар имконият бошад, маро ба Москва ба кор гиред. Дар ин ҷо ба ман имкон намедиҳанд, ки кору эҷод кунам, филмҳои бадеӣ офарам…

Номбурда дар ҳайрат монда гуфт:

- Чаро зани тоҷик, кинорежиссёрро дастгирӣ намекунед?

- Пас ба ман  нигариста гуфт:

- Агар дар муддати ду ҳафта ба ту таҳияи ягон филми бадеиро  надиҳанд, ба қабулгоҳи ман занг зада, гӯед, ки ман Қосимова аз Душанбе…

Султон Мирзошоевро, ки соли 1967 нав раиси Комитети давлатии РСС Тоҷикистон оид ба кинематография таъин карданд, таҳиягари ҷавон Қосимоваро наздаш даъват карда гуфт:

- Наздам медаромадед, ин корро дар шаҳри Душанбе ҳам ҳал мекардем…

Ҳамин тавр, Маргарита Наимовна аввалин филми  бадеии «Тобистони соли 1943»- ро (сенарияи А. Тимофеевский дар ҳамкорӣ бо О. Осетинский аз рӯи повести «Тобистон»-и П. Толис) соли 1967 таҳия намуд.

Минбаъд, роҳи бонуи ҳунарманди кино барои эҷоди филмҳои бадеӣ боз гардид. Тадриҷан, филмҳои бадеӣ ва телевизионии «Ҷӯра саркор» (соли 1969), «Роҳҳо гуногун мешаванд» (соли 1971), «Чор нафар аз Чорсанг» (соли 1972), филми бадеии телевизионӣ, «Бофандаҳо» (соли 1974), филми бадеии телевизионӣ) «Буд-набуд дар синфи якум буд» (соли 1977), «Хушбахтӣ дар паҳлуят» (соли 1978), «Имрӯз ва ҳама рӯз» (соли 1982), «Торҳои муҳаббат» (соли 1983), «Чашмаи гӯё» (соли 1985), «Изи динозавр куҷо мебарад» (соли 1988), «Марди мутааллиқи ду зан» (соли 1991), «Муҳаббат баъди сад сол» (соли 1992) ва чандин филмҳои ҳуҷҷатӣ, киножурнали «Тоҷикистони советӣ» ва киномаҷаллаи ҳаҷвӣ –танқидии «Калтак»- ро таҳия кардааст.

Маргарита Қосимова, инчунин, 30 филми ҳуҷҷатиро низ ба навор гирифтааст. Номгӯи чанде аз онҳо: Филми ҳуҷҷатии «Бародари ман Ғулом» (соли 1971, дар бораи бетонрез, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Ғ. Арзиқулов), «Ба роҳи охират» (кинорепортаж аз маросими видоъ бо устод Мирзо Тусунзода дар Театри давлатии  опера ва балети Тоҷикистон, соли 1977), «Умре дар роҳ» («Дорога длиною в жизнь») соли 1979, дар бораи Маҳмудҷон Воҳидов), «Абӯалӣ ибни Сино» (соли 1980), «Суруди кӯҳсор» (соли 1980, аз эҷодиёти Ансамбли рақсии «Зебо»), «Саҳифаҳо аз албоми кӯҳан» (соли 1983), «Сарчашмаҳо» (соли 1984), «Кишвари азизи ман» (соли 1984), «Заминҷунбӣ» (аз ҳодисаи даҳшатангези зилзилаи деҳаи Шарораи ноҳияи Ҳисор, 23 январи соли 1989), «Фиғон» (соли 1988), «Роҳи сафед» (соли 1989) ва ғайраҳо.

Қаҳрамони матлаб майдончаи наворгирии филмҳоро ҳамеша дар минтақаҳои мушкили кӯҳистон, водиву биёбонҳо интихоб мекард.

Масалан, ҳангоми наворбардории филми бадеии «Роҳҳо гуногун мешаванд» (соли 1971) аз  автобазаи  мошинҳое, ки ба навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бор мекашанд, чор  мошин ҷудо карданд. Ронандаҳо ҳангоми наворбардорӣ ағбаи  Хобу Руботро тай карда, то маркази ноҳияи Қалъаи Хумб (ҳоло Дарвоз) киногурӯҳро ҳамроҳӣ карданд. Азбаски он солҳо дар роҳи Душанбе — Хоруғ ошхона ва меҳмонхона набуд. Ҷои хоб дар хаймаҳо ё дар болои мошинҳо буд.

Вақте ки филми бадеии «Хушбахтӣ паҳлуят»- ро соли 1978 дар ҷои сохтмони НБО «Норак» ба навор бардоштанд, мебоист рафти сохтмон, бетонрезӣ ва васлгариро дар тунел ба навор гирад. Ҳамчунин, сарбанди  неругоҳро низ. Вале сармуҳандиси Неругоҳи барқи обии «Норак» Юрий Константинович иҷозат надод, ки сарбанд ва дохили тунелро ба навор гиранд. Таҳиягари филм М. Қосимова назди роҳбарони ҳизбии шаҳри Норак ва  сохтмони неругоҳ даромада,  розигии онҳоро гирифт.

Мавсуф дар филмҳо беҳтарин актёрҳои тоҷикро  ҷалб намуда, ба онҳо имконият додааст, ки ҳунару маҳораташонро васеъ истифода баранд. Масалан, Артисткаи халқии ИҶШС Туҳфа Фозилова охирин маротиба дар филми ҳунарии «Оромӣ намешавад»-и режиссёр Б. Кимёгаров, соли 1963 се лаҳзаи эпизодӣ — Туҳфахонро бозӣ  кард ва дигар касе аз  таҳиягарон ин бонуи боистеъдодро барои иҷрои нақшҳо дар кино даъват накарданд. Маргарита Наимовна дар ду филми аввалаш хост, ки ин ситораи санъати театру киноро ба кори кино ҷалб намояд, аммо нақшаҳо бо ҳамдигар мувофиқ намеомад…

Ниҳоят, вақте ки Маргарита Наимовна соли 1982 ба таҳияи филми бадеии «Имрӯз ва ҳама рӯз» шурӯъ намуд, пеш аз ҳама бо Туҳфа Фозилова вохӯрда, ӯро барои иҷрои нақши Ҳоҷинисо даъват намуд. Филми нав аз рӯи сенарияи С. Саидмуродов ва Ю. Каплунов ба навор бардошта шуд ва он ба таърихи ташкилшавии аввалин театри тоҷик ва аввалин актрисазани тоҷик  бахшида шудааст. Устоди саҳнаи тоҷик Туҳфа Фозилова баъди қариб 20 сол аз нав ҳунарашро дар санъати кино нишон дод.

Як иқдоми дигаре ки Маргарита Қосимова дар филми наваш амалӣ намуд, ҷалби бонувони ҳунарпеша, ветеранҳои театру кинои тоҷик буд. Инҳо Туҳфа Фозилова, сарояндаи маъруфи опера Мулук Асадуллозода Баҳор, Мушаррафа Қосимова, Маҳбуба Холиқова, Оиша Ҳаётова, Тӯтӣ Ғаффорова мебошанд, ки якҷо дар филми ҳунарии «Имрӯз ва ҳама рӯз» (соли 1982) нақшҳои кӯтоҳ, вале хотирмон офариданд.

Филми бадеии «Имрӯз ва ҳама рӯз»-и режиссёр Маргарита Қосимова соли 1989 дар Кинофестивали байналмилалии Сан-Франсиско (ИМА), ки таҳти шиори «Занҳо-ходимони кино» гузашт, соҳиби Ҷоизаи  асосӣ — «Барои беҳтарин филми драматикӣ» гардид.

Артисти халқии РСС Тоҷикистон  Маҳмудҷон Воҳидов соли 1977 аз дунё гузашт. Аз вафоташ се сол сипарӣ шуд, аммо касе аз ҳуҷҷатнигорони кино ӯро ба хотир наоварданд. Маводи  дар дастдошта ва кам боқимондаро пайдо карда, худаш сенарияи филми ҳуҷҷатии «Умре дар роҳ» («Дорога длиною в жизнь»)-ро навишт ва ҳамчун  таҳиягар соли 1979 онро ба  лентаи кино бардошт.

Бо шарофати ин бонуи таҳиягар мо то ҳанӯз рақсҳои  дилошӯби Ансамбли рақсии «Зебо»- ро тамошо  мекунем ва ҳаловат мебарем. Бахусус, рақси машҳури «Эй санам» ҳангоми ба наворбардории филми ҳуҷҷатии «Суруди кӯҳсор» (ё худ «Зебо») соли 1980 аз диди нави таҳиягарӣ эҷод шудааст ва хеле  маълуму машҳур гардида буд. Аз офаридани филми ҳуҷҷатии «Суруди кӯҳсор» зиёда аз 40 сол гузашт, аммо чун тамошо мекунем, раққосаҳои ансамбл Гулнора Ӯлмасова, Саида Файзалиева, Наталя Потехина, Лола Кенҷаева, Савригул Қурбонова ва дигарон ҷавону зебову дилрабоянд.

Солҳои охири эҷодиёти Маргарита Қосимова хеле пурсамар ва аз ҷиҳати мавзӯъ гуногунранг гашт. Ӯ дар мавзӯъҳои муҳими рӯз филм­ҳои бадеии «Хушбахтӣ дар паҳлуят» (соли 1978), «Имрӯз ва ҳама рӯз» (соли 1982), «Чашмаи гӯё» (соли 1985), «Марди мутааллиқ ба ду зан» (соли 1991)-ро  офарид, ки ҷанбаи миллиашон барҷаста аст. Беҳтарин ҳунарпешаҳои теат­ру кино  Гурминҷ Завқибеков, Тӯтӣ Ғаффорова, Қиматшоҳ Имматшоев, Маҳмуд Тоҳирӣ, Ҳошим Гадоев, Гулсара Абдуллоева, Ато Муҳаммадҷонов, Мушаррафа Қосимова, Гулсара Абдуллоева, Исфандиёр Ғуломов, Маҳмадалӣ Маҳмадов, Ҳошим Раҳимов, Соро Сабзалиева, Тоҷинисо Саидова, Маҳмадсаид Пиров, Маҳмадалӣ Муҳаммадиев ва дигарон ба наворбардории филмҳояш ҷалб шудаанд.

Дар жанри филмҳои ҳуҷҷатӣ низ асарҳои дар мавзӯи рӯз офарида буд, ки хеле муассир ва ҷолибанд. Масалан, филми ҳуҷҷатӣ «Заминҷунбӣ» (соли 1989), ки ба зилзилаи даҳшатноку фоҷиабори деҳаи Шарораи ноҳияи Ҳисор, (23 январи соли 1989) рух дод, бахшида шудааст. Таҳиягар дар филмаш ­масъала мегузорад, ки аз ин фоҷиа як сол гузашт. Барои бартарафсозии оқибатҳои он чӣ чораҳо андешидаанд. Ё ки дар филми ҳуҷҷатии «Фиғон» (муаллифи сенария ва режиссёр М. Қосимова, соли 1988) ба ҳаёти кӯдакону наврасон, ки дар  пахтазорҳо ба чидани «тиллои сафед» машғуланду саломатӣ ва ояндаи номаълумашонро аз даст медиҳанд, бонги изтироб мезанад.

Ходими хизматнишондодаи санъати РСС Тоҷикистон аввалин режиссёрзани тоҷик Маргарита Қосимова нақшаҳои нав оид ба таҳияи филмҳои ҳуҷҷатӣ ва бадеӣ дар дил дошт. Аммо ҳаводиси солҳои 90 — ум имкон  надоданд, ки асарҳои боз ҳам ҷолибтару тамошобоб офарад. Ҳамин сабаб гардид ва ӯ соли 1992 барои кору зиндагии минбаъда ба Ҷумҳурии Беларус кӯчид ва фаъолияташро идома дода истодааст.

- Вақте ки дар Тоҷикистони азизи ман ҷангҳои дохилӣ сар шуданд, эҷодкорон аз ҳама бештар ранҷ мекашиданд. Ҳамсабақи айёми донишҷӯиям Виктор Туров аз шаҳри Минск занг зада гуфт:

- Рита, модаратро  гирифта, ба шаҳри Минск, ба назди ман, биё. Як бурда нонро тақсим мекунем. Ман бо модарам соли 1992 барои ҳамешагӣ ба Ҷумҳурии Беларус кӯчидем. Дӯс­тон, ҳамкасбони беларусӣ маро аз рӯзҳои аввал дастгирӣ намуданд. Дар киностудияи «Белорусфилм» филмҳои бадеии «Писар ба ҷои падар» (соли 1995), «Ҷанговари хурдакак» (соли 1998), «Зорка Венера» (соли 2000), «Соблазн» (соли 2006) ва ғайраро ба навор бардоштам.

Дар баробари офаридани  филмҳои бадеӣ чун профессори Академияи санъати Беларус ба шогирдон аз таърихи кинои ҷаҳонӣ ва советӣ дарс мегӯям, аз режиссураи кино дарсу машғулиятҳо мегузаронам,- изҳор дошта буд Маргарита Қосимова.

Баъди 25 соли дур аз Ватан Маргарита Қосимоваро чун  меҳмони фахрӣ ба Кинофестивали VIII байналмилалии «Дидор» (октябри соли 2018) ба шаҳри Душанбе даъват карданд. Вақте ки стюардесса аз фуруд омадани самолёт дар фурудгоҳи Душанбе ба мусофирон хабар дод, дили Маргарита Қосимова тез — тез задан гирифт. Охир баъди 25 сол ба Ватани аҷдодиаш пой ниҳод…

Вақте ки таассуроти нахус­тинашро аз тамошои шаҳри Душанбе ва вохӯрӣ бо дӯстону ҳампешагонаш пурсидам, бо қаноатмандӣ баён намуд:

- Агар маро аз самолёт бе роҳбалад дар маркази шаҳр мефароварданд, гумон мекардам, ки ман дар хориҷи кишвар ҳастам. Биноҳои зебову баланд­ошёна, кӯчаҳои васеъ, чароғон ва чун ҳарвақта тозаю пур аз гул.

Чун ба дарвозаи киностудияи «Тоҷикфилм» расидам, ашкамро дошта натавонистам. Ёди он солҳо кардам. Ҳамон дарвоза, ҳамон павилонҳои шинос, сехҳо, гараж ва ҳамон бинои маъмурии чаҳорошёна. Вале саҳни киностудия чун солҳои пеш сермеҳмону сертараддуд ба  чашмам нарасид. Кормандон нав, танҳо Баҳриддин Мерганов маро шинохт, вале ман ӯро нашинох­там, аз дарди чашм азият мекашад ва ба назар хеле  солхӯрда менамояд.

Бо актёри «ҷавонам», иҷрокунандаи нақши Ҳасан аз филми бадеии «Тобистони соли 1943»  Мирафзал Миршакаров вохӯрда, хеле шод шудам. Бо Майрам Исоева, Савринисо Сабзалиева ва Исфандиёр Ғуломов дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Лоҳутӣ суҳбатҳои пазмонӣ ва самимӣ доштам.

Қаҳрамони филми  ҳунарии «Марди мутааллиқи ду зан» Расул – Шавкат Муҳаммадиев бо як гулдастаи зебо дар толори пазироии меҳмонхонаи «Серена» маро интизор буд. Хеле саволу ҷавоб кардем. Вақте ки ӯ дар  филмам нақш меофарид, ҷавон буд. Ҳоло мӯи сараш барф барин сафед шудааст.

Ғолиб Ислом аз шаҳри Москва занг зад ва хеле афсӯс хӯрд, ки дар шаҳри Душанбе нест. Миннатдории хешро барои дастгириҳояш ҳангоми ба навор бардоштани филми бадеии телевизионии «Чор нафар аз Чорсанг» изҳор намуд.

Иҷрокунандаи нақши Маҷнун — Маҳмадсаид Пиров аз  филми ҳунарии «Муҳаббат баъди 100 сол» ба хабаргирии ман омад. Хурсанд шудам, ки ӯ он вақт дар вазифаи масъу­лиятнок — раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекард.

Дар сафари кӯтоҳ ба шаҳри Душанбе Маргарита Қосимова ҳам дар барномаҳои Кинофес­тивали VIII байналмилалии «Дидор» фаъол буду ҳам бо донишҷӯёни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва ­санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода (18 октябри соли 2018) дарси шогирду устодро (мас­тер-класс) гузаронд.

Мо — мухлисон ва ҳаводорони ин бонуи боҷасорат ва миллатдӯст ҳеҷ гоҳ заҳматҳояшро дар тарбияи ҳунарпешаҳои кино ва  инкишофи филмҳои бадеӣ дар Тоҷикистон фаромӯш намекунем. Охир ӯ Марвориди кинои тоҷик аст ва ифтихор  дорем, ки аввалин зан-таҳиягари кино аз Осиёи Марказӣ ҳамдиёри шуҳратманди мо, Ходими хизматнишондодаи санъати РСС Тоҷикистон Маргарита Қосимова аст.

P.S. Ҳангоми чопи ин  мавод сурати қаҳрамон лозим шуд. Боиси таассуф аст, ки сурати М. Қосимоваро аз байни занони дар китоби «Энсиклопедия кино Таджикистана» (Душанбе, «ЭР-граф», 2012, 396 саҳ.) ҷойдошта пайдо накардем.

Тиллои НЕКҚАДАМ,

«Садои мардум»