Садои мардум - нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон » Иқтисод

Душанбе маркази муолиҷа ва барқароршавии ҷанговарони шуравӣ буд
Дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе ба маркази муолиҷа ва барқароршавии ҷанговарони захмии шуравӣ табдил ёфт. Аз 29 госпитали эвакуатсионии ҷумҳурӣ 22-тояш дар пойтахт ҷойгир шуда буд.

Аз рӯи маълумоти номзади илмҳои таърих, муаллифи китоби «Эвакогоспитали Таджикистана (1941-1945)» Ғафур Шерматов дар госпиталҳои пойтахти Тоҷикистон 50 000 ҷанговари шуравӣ муолиҷа ёфта, дубора ба ҷабҳа баргаштанд.

Нахустин гурӯҳи захмиёнро ба госпитали дар собиқ меҳмонхонаи «Сталинобод» («Вахш») ҷойгирбуда ҳанӯз моҳи ноябри соли 1941 оварданд. Ба табибону ҳамшираҳои шафқат осон набуд. Ҳафтаҳо хона рафта наметавонистанд. На танҳо дорую даво, балки докаи одӣ ҳам намерасид. Мушкилтарин давра соли 1942 ба шумор мерафт, зеро дар шаҳрҳои Сталинграду Севастопол ва атрофи Қафқоз набардҳои вазнин сурат гирифт. Ба госпитал аз хати пеши набард лётчику танкчиёни сӯхтаро зиёд оварданд. Он замон маҳз дар Тоҷикистон нахустин шуда, малҳами арча ва равғани эфирии арчаро барои зудтар сиҳат ёфтани захмҳо истифода бурданд.

Маҷруҳонро тавассути қатора аввал ба госпитали тақсимкунандаи №4444, ки дар наздикии вокзали роҳи оҳани Душанбе воқеъ буд, меоварданд. Баъди муоина беморонро вобаста ба дараҷаи захм ба госпиталҳо тақсим мекарданд. Бинобар набудани иншооти махсус, дар заминаи мактабу меҳмонхонаҳо фавран госпиталҳои муваққатии ҳарбӣ таъсис дода шуд.

Сокинони пойтахт, новобаста аз душвории вазъият, ба госпитал зарфҳои гуногун, бистару кӯрпача, либос ва меваю сабзавот меоварданд. Ихтиёриён дар навиштани нома ба наздикони маҷруҳон кумак расониданд ва барномаҳои фарҳангӣ намоиш доданд, то захмиён даҳшати ҷангро лаҳзае фаромӯш кунанд.

Мувофиқи маълумоти Ғафур Шерматов, 52 дарсади шифоёфтагон дубора ба ҳифзи Ватан рафта, 47 дарсади дигар ба ҷабҳаи меҳнат (барқароркунии роҳу инфрасохтори шаҳрҳои озодшуда, корхонаҳои саноатӣ, кишоварзию чорводорӣ) сафарбар шуданд. Ҳамагӣ 0,4 дарсади захмиён бинобар ҷароҳатҳои марговар фавтиданд.

Барои касоне, ки бинобар маъюбӣ иҷозати ба майдони набард рафтан набуд, дар госпитал курсҳои омӯзиши муҳосибӣ, киномеханикӣ, устои радио, дӯзандагӣ, пойафзолдӯзӣ ва дигар ҳунарҳоро ба роҳ монданд, то дар ақибгоҳ ба коре машғул шаванд.

Соли 1943 бо роҳбарии дастпарвари Донишгоҳи тиббии Париж, профессор Александр Магейм дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон кафедраи «Хирургияи госпиталӣ» таъсис дода шуд. Ҳамроҳи ин табиби варзида, инчунин, рентгенологи маъруф Самуил Рейнберг дар госпитали №4451-и шаҳри Сталинобод кор мекард. Миёни табибон шахсиятҳои маъруфи соҳаи тиб, аз қабили Соломон Вайсблат (нахустин табибе, ки дар ИҶШС усулҳои ратсионалии бедардкунӣ дар стоматологияро ба роҳ монда буд), Воробевский, Ефимов, Бухман, Красилшиков, Богомар ва дигарон низ буданд.

Ба сарвари госпитали №1767 Валвовский аз номи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС И.В. Сталин чунин номаи сипос омада буд: «Ба ҳайати шахсии госпитал ва ҷанговарони дар он бистаришуда, командирон ва роҳбарони сиёсие, ки барои таъсиси колоннаи танкии «Колхозчии Тоҷикистон» 6000 рубл ҷамъ овардаанд, паёми ман ва раҳматномаи Армияи Сурхро расонед».

Умуман, дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз минтақаҳои ҷангзада (Россия, Украина, Беларус) қариб 100 000 кас ба Тоҷикистон омаданд, ки аз онҳо 10 000 кӯдакон буданд. Мардуми тоҷик онҳоро бо манзил, ғизо, либос ва пойафзол таъмин намуданд. Барои хизмати арзанда дар таъмини Ғалаба 102000 сокини Тоҷикистон бо медали «Барои меҳнати шоён дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945» сарфароз гардиданд.

С. СУННАТӢ,

«Садои мардум»

Бори аввал – таъмини нақша дар 30 рӯз
30-юми апрели соли равон нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ пеш аз муҳлат иҷро гардид. Тибқи иттилои  Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои пурраи даъвати ҳарбӣ пеш аз муҳлат натиҷаи ҳамкории доимии мақомот бо мардум, гузаронидани омӯзиши пешаздаъватӣ, ташкили як қатор чорабиниҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, тақвият бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳо, ҷамоату деҳот ва баланд гардидани масъулияти ҷавонписарону волидони онҳо мебошад.

Тибқи иттилои вазорат солҳои охир сафи ихтиёриён аз ҳисоби ҷавонписарони дорои маълумоти олӣ, фарзандони шахсони мансабдор ва хатмкардагони Ташкилоти ҷамъиятии «Мададгори мудофиа» зиёд гардидааст. Илова бар ин, ҷавонон дастгирию ғамхориҳои доимии давлату Ҳукумати мамлакатро нисбат ба Қувваҳои Мусаллаҳ, хизматчиёни ҳарбӣ ва фароҳам овардани беҳтарин шароити хизмативу маишӣ дар қисмҳои низомӣ бо қаноатмандӣ дарк намуда, барои ба хизмати ҳарбӣ рафтан сари вақт ба комиссариатҳои ҳарбӣ ҳозир мешаванд.

Одатан мавсими баҳории даъват ба Артиши миллӣ аз 1-уми апрел оғоз шуда, то охири моҳи май давом мекард. Соли равон  бошад, то 30-юми апрели соли равон  иҷрои нақшаи даъват пурра таъмин гардид.

С. СУННАТӢ,

«Садои мардум»

Иммунизатсия ҳифзи солимии аҳолист
28-уми апрели соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба оғози Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид.

Тавре зикр гардид, ки аз 28 апрел то 3-юми майи соли равон давлатҳои Бюрои минтақавии аврупоии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба он шомил аст, Ҳафтаи аврупоии иммунизатсияро таҳти шиори «Қудрати инсоният ба даст овардани фарогирии иммунизатсияи ҳамагонро дорад!» қайд менамоянд.

Ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур, пеш аз ҳама, баланд бардоштани маълумотнокии аҳолӣ оид ба аҳамияти иммунизатсия дар самти нигоҳдории солимии аҳолӣ мебошад.

Ҳамзамон, гуфта шуд, ки ҳамасола Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббуси Бюрои минтақавии аврупоии Созмони умумиҷаҳонии тандурустиро дастгирӣ намуда, дар давоми Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия чорабиниҳоро баҳри тарғиби иммунизатсия дар байни аҳолии кишвар чун яке аз роҳҳои самараноки пешгирии бемориҳои сироятӣ амалӣ мекунад.

Н. МУРОДБЕКОВА,

«Садои мардум»

Истифодаи ғайриқонунии барқ ҷиноят аст
Дар даврони соҳибистиқлолӣ таҳти сиё­сати хирадмандонаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишвар ба эъмори ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд оғоз намуданд ва ба муваффақияти зиёд дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла энергетика, ноил гардиданд.

Мақсади асосии давлат дар соҳаи энергетика таъмини сифатноки эҳтиёҷоти рӯзафзуни аҳолии ҷумҳурӣ бо неруи барқ фароҳам овардани шароити зарурӣ барои истифодабарандагони энергетика ва расидан ба истиқлолияти энергетикӣ мебошад.

Бо мақсади рушди иқтисодиёти кишвар ҳадафҳои стратегӣ — расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар муайян гардида, дар ин самтҳо корҳои зиёд амалӣ шудааст. Роҳбари давлат борҳо таъкид намуданд, ки рушди мунтазами иқтисодиёти кишвар бе истиқлолияти энергетикӣ ғайриимкон аст.

Барои рушди энергетика кӯшишҳо зиёданд. Аз ҷумла, лоиҳаҳои «Кам намудани талафоти неруи барқ» ва «Гузаштан ба низоми ягонаи биллингӣ» бомаром идома доранд, вале новобаста аз корҳои анҷомдода сатҳи талафоти неруи барқ дар кишварамон нигаронкунанда мебошад.

15-уми апрели соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори дигар қонунҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» имзо гузоштанд.

Ҳадафи асосии ворид намудани тағйир ба моддаи 382 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон илова гардидани моддаи нав — моддаи 2531 пешгирии дахолати беасос ба таҷҳизоти ҳисоби неруи барқ ва вайронкуниҳои қоидаву меъёрҳои истифодаи қувваи барқ мебошад.

Моддаи 382 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Риоя накардани қоидаҳои истифодаи қувваи барқ ва гармӣ» ном дошта, барои истифодаи қувваи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ, худсарона пайваст шудан (насб шудан) ба шабакаҳо ва дастгоҳҳои таъминоти барқ, истифодаи қувваи барқ ва гармӣ бе асбобҳои зарурии назоратӣ ва баҳисобгирӣ ё бе шартнома бо ташкилотҳои таъминоти қувваи барқ ва гармӣ, кандан ва шикастани пломбаҳои муқарраршудаи асбобҳои андозагирӣ, инчунин, аз берун дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва тағйир додани нишондоди он бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи қувваи барқ, ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят ба шахсони воқеӣ аз бист то сӣ, шахсони мансабдор аз сӣ то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин мешавад.

Субъекти ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ шахси воқеӣ, шахси мансабдор ва шахси ҳуқуқӣ шуда метавонад.

Таҳти мафҳуми шахси воқеӣ шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд фаҳмида мешавад, ки ҳангоми содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ синнашон ба шонздаҳ расида бошад.

Шахси мансабдор шахси таъин ё интихобшуда, ки ба таври доимӣ, муваққатӣ ё бо ваколати махсус вазифаи намояндаи ҳокимияти давлатиро амалӣ менамояд, инчунин, шахсе, ки вазифаҳои ташкилию амрдиҳӣ, маъмурию хоҷагидориро дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳои давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ҳамчунин, дар субъектҳои хоҷагидори давлатӣ ва дигар субъект­ҳои хоҷагидоре, ки дар онҳо ҳиссаи давлат на кам аз нисфро ташкил медиҳад, ба таври музднок ё бемузд иҷро менамояд ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда фаҳмида мешавад.

Ташкилоте шахси ҳуқуқӣ дониста мешавад, ки дар моликият, пешбурди хоҷагӣ ё идоракунии оперативӣ молу мулки алоҳида дошта, аз рӯйи уҳдадориҳои худ бо ин молу мулк ҷавобгар бошад, тавонад аз номи худ ҳуқуқҳои молумулкӣ ва шахсии ғайримолумулкиро ба даст оварда, амалӣ намояд, уҳдадорӣ гирад, дар суд даъвогар ва ҷавобгар бошад.

Мутобиқи моддаи 23 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025», як нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои соли 2025-ум 75 сомонӣ муқаррар гардидааст, ки муҷозот марбут ба ҷарима аз рӯи ин нишондод ҳисоб карда мешаванд. Барои риоя накардани қоидаҳои истифодаи қувваи барқ ва гармӣ дар моддаи 382 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷазои маъмурӣ дар намуди ҷарима пешбинӣ гардидааст. Аз ҷумла:

- ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне аз 1500 то 2250 сомонӣ;

- ба шахсони мансабдор аз сӣ то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне аз 2250 то 3750 сомонӣ;

- ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне аз 15000 то 22500 сомонӣ.

Андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо назардошти ҳар сол дар таҳрири нав қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» метавонад тағйир ёбад.

Барои риоя накардани қоидаҳои истифодаи қувваи барқ ба ғайр аз ҷавобгарии маъмурӣ, инчунин, ҷавобгарии ҷиноятӣ низ пешбинӣ гардидааст.

Тавре дар боло қайд намудем, бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 15 апрели соли 2025 дар Кодекси ҷиноятӣ моддаи 2531 - «Вайрон кардани қоида ва меъёрҳои истифодаи қувваи барқ» илова гардид, ки он ҷавобгарии ҷиноятиро барои аз берун дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва тағйир додани нишондоди он бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи қувваи барқ, инчунин, истифодаи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ, агар чунин кирдор дар давоми як соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад, пешбинӣ менамояд.

Ҳамчунин, дар қисмҳои 2 ва 3 моддаи мазкур аломатҳои вазнинкунандаи ҷиноят ба миқдори калон, бо истифода аз мақоми хизматӣ, аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ, ба миқдори махсусан калон муайян карда шудааст, ки боиси татбиқи ҷазои вазнинтар мегардад.

Тарафи объективии ҷиноятро барои аз берун дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва тағйир додани нишондоди он бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи қувваи барқ, инчунин, истифодаи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ, агар чунин кирдор дар давоми як соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад, ташкил медиҳад.

Тарафи субъективӣ — қасди бевоситаро ташкил медиҳад, яъне, гунаҳкор дарк менамояд, ки дар давоми як соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ барои аз берун дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва тағйир додани нишондоди он бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи қувваи барқ, инчунин, истифодаи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ба давлат зарари молумулкӣ мерасонад ва хоҳиши содир кардани чунин кирдорро дорад. Субъекти ин ҷиноят шахси мукаллафи ба синни 16 расида ба ҳисоб меравад.

Ҷавобгарии ҷиноӣ барои вайрон кардани қоида ва меъёрҳои истифодаи қувваи барқ барои ҳифзи манфиатҳои ҷамъиятӣ зарур аст.

Вайрон кардани қоида ва меъёрҳои истифодаи қувваи барқ, ки сабабҳои муҳими иқтисодӣ ва иҷтимоиро ба вуҷуд меоварад, ҳамчун ҷиноят эътироф мегардад. Дар сурати аз берун дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва тағйир додани нишондоди он бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи қувваи барқ, инчунин, истифодаи қувваи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ба давлат зарари моддӣ расонида мешавад. Маблағҳои насупоридашуда барои истифодаи қувваи барқ метавонанд барои рушд додани соҳаи энергетика ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум сарф шаванд. Истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ на танҳо ба суботи молиявии давлат таъсири манфӣ мерасонад, балки хатари ба вуҷуд овардани садамаҳо, қатъ шудани барқ, сӯхтор ва хатар барои ҳаёт ва саломатии одамонро меорад.

Дар бисёр кишварҳо ин амал ҷиноят эътироф шудааст, ки ин ба амалҳои байналмилалии мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ мувофиқат мекунад. Ин метавонад барои баробар кардани усулҳо дар мубориза бо чунин вайронкуниҳо ва тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар ин самт кумак кунад. Аз ин рӯ, зери таъқиби ҷиноятӣ қарор додани вайрон кардани қоида ва меъёрҳои истифодаи қувваи барқ ҳадафҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии худро дорад, ки барои нигоҳ доштани тартиботи ҳуқуқӣ, истифодаи самараноки захираҳои энергетикӣ ва таъмини амнияти шаҳрвандон равона шудааст.

Оид ба таркиби моддаи 2531 Кодекси ҷиноятӣ бояд қайд намоем, ки ин модда аз се қисм иборат мебошад ва қисми якуми он ҷавобгарии ҷиноятиро барои аз берун дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва тағйир додани нишондоди он бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи қувваи барқ, инчунин истифодаи қувваи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ, агар чунин, кирдор дар давоми як соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад, муқаррар менамояд. Барои содир кардани кирдорҳои дар қисми як зикршуда ҷазои ҷиноятӣ дар намуди ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне 27375 сомонӣ то панҷсаду чилу ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне 41025 сомонӣ ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то се сол пешбинӣ гардидааст.

Агар кирдорҳои мазкур ба миқдори калон, аз ҷониби шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ ва ё аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ содир шуда бошад, мутобиқи қисми 2 ҷазои ҷарима ба андозаи аз ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне 60000 сомонӣ то як ҳазору дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне 90000 сомонӣ ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 3 то 6 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар ба миқдори махсусан калон ё аз ҷониби гурӯҳи муташаккил ё иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) содир шуда бошанд, бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз шаш то даҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

Сӯиистифода аз мансаб дар барқасдона истифода намудани ваколатҳо ифода мегардад ва тибқи моддаи 62 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳолати вазнинкунандаи ҷиноят эътироф мешавад.

Дар таҷриба чунин кирдор бисёртар аз ҷониби назоратчиён, ки бо шаҳрвандон забон як карда, нишондоди истифодашудаи қувваи барқро бо мақсади насупоридан ё камтар супоридани қувваи барқ тағйир медиҳанд ва ё дигар мансабдороне, ки аз мақоми хизматии худ сӯиистифода менамоянд, содир мегардад. Дар рафти оғози парвандаи ҷиноятӣ, тафтишоти пешакӣ ва мурофиаи судӣ кирдори онҳо ҳамчун ҳолатҳои вазнинкунандаи ҷиноят баҳо дода мешавад.

Объекти ҷинояти таҳлилшаванда таҷҳизоти ҳисоби барқӣ, ғайриқонунӣ истифода намудани он, бо роҳи аз берун дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва тағйир додани нишондоди он бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи қувваи барқ, инчунин, истифодаи қувваи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ мебошад, агар чунин кирдор дар давоми як соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад. Дар ин ҷо принсипи инсондӯстӣ ба назар гирифта шудааст, яъне қонунгузор пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ ба гунаҳгор имкон медиҳад, ки ислоҳ шавад ва танҳо агар гунаҳгор ислоҳ нагардад ва давоми як соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ боз чунин кирдорро содир кунад, мавриди таъқиби ҷиноятӣ қарор мегирад.

Предмети ҷиноят таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ё таҷҳизоти дигаре, ки ҳамчун олоти содиршавии ҷиноят баромад мекунад, маҳсуб меёбад. Масалан, тағйир додани нишондоди таҷҳизоти қувваи барқ бо мақсади пардохт накардани маблағи барқи истифодашуда, ки дар натиҷа

ин миқдор қувваи барқ аз ҳисоб берун монда, ба давлат зарари моддӣ расонида мешавад.

Дар маҷмуъ, шаҳрвандонро лозим аст муқаррароти зикршударо қатъиян риоя намуда, илова бар ин, дар истифодаи неруи барқ сарфакор бошанд.

Барно САИДВАЛИЗОДА,

вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ

Як гектар боғ 150 сентнер ҳосил медиҳад, агар…
Ниҳолшинонӣ як давраи кӯтоҳро дар бар мегирад. Дар ин айём намнокии замин муътадил буда, ба сабзиши ниҳолҳо мусоидат мекунад. Дар сурати риояи талаботи парвариши ниҳол сабзиши онҳо имконпазир мегарданд. Дар ҳолати акс ниҳолҳо хуб инкишоф намеёбанд. Доир ба нозукиҳои шинонидан ва парвариши ниҳолҳои мевадиҳанда бо доктори илмҳои биологӣ, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саидалӣ Гулов суҳбат доштем, ки тавсияҳои муфиди ӯро пешниҳоди хонандагон менамоем:

- Замине, ки барои боғ интихоб шудааст, пеш аз ҳама, бояд аз ҷисмҳои нодаркор тоза ва тахту ҳамвор карда шавад. Пас аз он дар асоси санҷиши хоки ин замин миқдори моддаҳои ғизогии таркиби онро муайян кардан лозим аст. Дар шароити Тоҷикистон пеш аз шудгор ба ҳар як гектар боғ 30-40 тонна пору, 500-700 кг нуриҳои фосфордор ва 100-150 кг нуриҳои калийдор пошида, ба воситаи плуги плантажӣ бо чуқурии 50-60 см шудгор кардан лозим аст. Бояд мадди назар дошт, ки тайёр кардани замини боғи навбунёд 2-3 моҳ пеш аз шинондани ниҳолҳо анҷом дода шавад.

Дар шароити Тоҷикистон ниҳолҳои мевадиҳандаро дар фасли зимистон низ шинондан мумкин аст, ба шарте ки ҳарорати ҳаво манфӣ набошад. Дар боғҳои навбунёди муосир ниҳолҳо бояд ба талаботи стандартӣ ҷавоб диҳанд, яъне ғафсии танаи онҳо аз 1,5-2,0 см кам набошад, баландии поя (штам) 40-60 см ва дарозии навдаҳо 50-70 см. Ҳар як ниҳоли стандартии мевадиҳанда 3-4 навдаи паҳлу доштанаш зарур аст. Босифат кандани чуқуриҳо сабзиш ва нашъунамои хуби ниҳолҳоро таъмин менамояд.

Аз хориҷи кишвар ворид намудани ниҳолҳои нав ба талаботи замони бозоргонӣ ҷавобгӯ аст, вале дар асоси тавсияҳои илман асоснок навъҳои маҳаллӣ тавсия дода мешавад.

Чуқурчаҳо барои шинонидани ниҳолҳо вобаста аз таркиби хок бояд то 50 см паҳноӣ ва 50-60 см чуқурӣ дошта бошанд. Пеш аз шинондани ниҳол ба ҳар як чуқурӣ то 10 кг пору ва 150-200 г суперфосфатро бо хок омехта кардан ҳатмист.

Дар вақти шинондани ниҳол диққат додан лозим аст, ки гарданаи реша бояд аз рӯи хок 1-2 см баланд бошад. Пас аз шинондани ниҳолҳо онҳоро бо об таъмин кардан ҳатмист. Агар манбаи об муҳайё набошад, ба ҳар як ниҳоли шинондашуда 10-15 литр об рехтан зарур аст.

Агар тавсияҳои мазкур иҷро шаванд, ниҳолҳо қариб 100 фоиз месабзанд ва нашъунамои хуби онҳо таъмин мегардад. Дар ин сурат боғҳо 100-150 сентнер ҳосил медиҳанд, ки он фоидаи хуби иқтисодӣ маҳсуб меёбад.

Мусоҳиб Фархунда АБДУЛҲАКИМОВА,

«Садои мардум»

Истифодаи энергияи «Сабз»
Агар ин раванд васеъ роҳандозӣ шавад…

Аз соли 1994 бо ташаббуси бахши аврупоии Ҷамъияти байналмилалии энергияи офтоб (ISES Europe) дар бисёр мамлакатҳо, аз ҷумла дар кишвари мо, сеюми май Рӯзи байналмилалии Офтоб таҷлил мегардад.

Энергетикаи офтобӣ имрӯз яке аз зудрушдёбандатарин ва ояндадортарин намуди энергетика ба шумор меравад. Соли 2024 истеҳсоли неруи барқ дар ҷаҳон аз энергияи офтоб 474 тераватт-соатро ташкил дод, ки нисбат ба соли қаблӣ 29 дарсад зиёд аст. Як тераватт баробари 1 миллион мегаватт аст. Соли сеюм аст, ки аз рӯи суръати истеҳсоли неруи барқ энергияи офтоб миёни дигар манбаъҳои истеҳсоли неруи барқ ҷои аввалро ишғол мекунад.

Бузургтарин кишвари тавлидкунандаи неруи барқ аз офтоб Чин ба шумор меравад. Танҳо соли 2024 дар ин кишвар неругоҳҳои нави офтобӣ бо иқтидори 357300 мегаватт ба истифода дода шуданд. Дар маҷмуъ, иқтидори неругоҳҳои офтобии Ҷумҳурии Мардумии Чин аз 1 миллион мегаватт гузашт. Аз ҷониби дигар, истеҳсол ва насби таҷҳизоти офтобӣ боиси таъсиси ҳазорон ҷойи нави корӣ гардид.

Кишварҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо, ИМА, Ҳиндустон ва Покистон низ аз ҷумлаи бузургтарин истеҳсолкунандагони неруи барқ аз энергияи офтоб ба шумор мераванд. Дар ин кишварҳо нисбатан барвақт дарк намуданд, ки «умр»-и истифодаи газу нефту ангиштсанг кӯтоҳ аст. Аз ин рӯ, тад­риҷан иқтисодиёти худро барои истифода аз энергияи офтобу шамол, биогаз ва ғайра мутобиқ карданд. Мувофиқи талаботи созишномаҳои иқлимӣ бисёр кишварҳо то соли 2050 пурра аз истифодаи ангиштсанг даст мекашанд. Баъдан, дар давоми 20-30 соли минбаъда навбати нефту газ низ мерасад.

Тибқи нақша бояд то соли 2030 истеҳсоли неруи барқ аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Олмон нисбат ба тамоми неругоҳҳои Федератсияи Россия ду баробар зиёд шавад. Қобили зикр аст, ки ҳоло аз ҷиҳати истеҳсоли неруи барқи офтобӣ ва истифодаи нақлиёти барқӣ Олмон дар тамоми Аврупо ҷои якумро ишғол мекунад.

Бисёр кишварҳои ҷаҳон рӯ ба иқтисоди «сабз» оварда истодаанд, ки истеҳсоли неруи барқ аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия яке аз қисматҳои онро ташкил медиҳад. Бо истифода аз энер­гияи офтоб мо ихроҷи газҳои зарарноки гулхонаиро аз неругоҳҳои ҳароратӣ ва автомобилҳо кам карда, ҳавои шаҳру деҳотро тоза нигоҳ медорем. Аз тарафи дигар, бо ин усул босуръат обшавии пиряхҳо низ то андозае пешгирӣ мешавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити «Гурӯҳи 77 ва Чин», ки дар доираи Конфронси 28-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (СОР- 28) 2-юми декабри соли 2023 дар Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор гардид, чунин таъкид намуданд: «Яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии Тоҷикистон ва соҳаҳои ояндадори он, бо назардошти хусусиятҳои ҷуғрофӣ, захираҳои табиӣ ва дигар имкониятҳои мавҷуда, афзоиши истеҳсоли энергияи «сабз» мебошад. Бунёди иншооти энергетикӣ, бахусус неругоҳҳои барқи обӣ, офтобӣ ва бодӣ аз қабили иқдомоти муфид дар ин самт ба ҳисоб мераванд. Иқтидори Тоҷикистон дар самти истеҳсоли энергия аз манбаъҳои барқароршаванда хеле васеъ мебошад».

Дар ҷумҳурии мо барои рушди энергияи офтобӣ имкониятҳои бузург мавҷуд аст, зеро шумораи рӯзҳои офтобӣ дар як сол дар кишварамон 280-330 рӯзро ташкил медиҳад. Мувофиқи ҳисоби олимони Академияи миллии илмҳои ҷумҳурӣ, агар ҳамагӣ 1 дарсади ҳудуди кишвар бо панелҳои офтобӣ пӯшонида шавад, неруи барқи аз онҳо истеҳсолшаванда соле метавонад ба 5 миллиард кВт /соат расад. Муҳаққиқон ҳисоб кардаанд, ки насби панел ва обгармкунакҳои офтобӣ дар болои биноҳои истиқоматӣ, мактабҳо, муассисаҳои тиббӣ, корхонаҳо ва иншооти фарҳангию варзиш имкон медиҳад, ки 20 дарсади эҳтиёҷоти ҷумҳурӣ ба неруи барқ таъмин гардад. Дар ин бобат Пешвои миллат 28-уми декабри соли 2023 дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин таъкид намуданд: «Бо мақсади расидан ба ҳадафҳои «Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» ҷиҳати бунёди неругоҳҳои барқӣ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва то соли 2030 ба ҳаҷми на кам аз 1000 мегаватт расонидани иқтидорҳои алтернативии истеҳсоли энергияи «сабз», яъне бо истифодаи захираҳои офтобиву бодӣ, тадбирҳои амалӣ андешида шаванд».

Се сол қабл мо, як гурӯҳ рӯзноманигорон, ба ноҳияи Дӯстӣ рафта, бо фаъолияти кумитаи энергетикии занони ноҳия ошно шудем. Он ҷо дар доираи «Лоиҳаи пешгирии ифлосшавии об ва ҳаво ба воситаи истифодаи энергияи барқароршаванда» чанд панели офтобӣ, обгармкунак ва дегчаю танӯрчаҳои офтобӣ насб шуда буд. Дар ташкилоти ҷамъиятии «Дармонбахш» ба шарофати насби таҷҳизоти офтобӣ курсҳои ройгони пазандагӣ, дӯзандагӣ, омӯзиши технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсия ба роҳ монда шуд, ки бонувони зиёде соҳиби касбу ҳунар гардиданд.

Чунин таҷҳизоти офтобӣ дар ҳавлии сокини деҳаи Деҳқонободи шаҳри Ҳисор Мавлуда Аҳмадоваи 70-сола низ насб шудааст. Ҳоло сокинони хонавода 24 соат бо неру аз ҳисоби офтоб таъмин буда, зимни пухтани хӯроку ҷӯшондани об низ аз чунин таҷҳизот баҳра мебаранд.

Агар дар мамлакат ин раванд васеъ ба роҳ монда шавад, дигар ҳоҷат ба лимити барқ намемонад ва барқи изофиро метавонем бо нархи баландтар ба хориҷа содирот намоем.

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум»

Мурғоб. Бунёди боғи намунавӣ дар баландии 3800
Дар ноҳияи Мурғоб дар баландии 3800 метр аз сатҳи баҳр масоҳати 10 гектар боғи нави намунавӣ бунёд гардид.

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот пеш аз маъракаи ниҳолшинонӣ зикр кард, ки бо ҳадафи татбиқи нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат, ба кор андохтани заминҳои бекорхобида, рушди соҳаи боғпарварӣ, тоза нигоҳ доштани муҳити зист ва сарсабзу хуррамгардонии диёр дар шаҳру ноҳияҳои вилоят боғҳои нави мевадиҳанда ва дарахтони сояафкан бунёд гардида, ин ташаббус минбаъд идома дода мешавад.

- Ноҳияи Мурғоб бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати мамлакат ба пешравиҳои назаррас дар самти бунёдкорию ободонӣ, чорвопарварӣ, энергетика ва дигар соҳаҳо ноил гардида, аз таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти олии мамлакат нисбати ин ноҳияи баландкӯҳи мамлакат шаҳодат медиҳад, — гуфт Алишер Мирзонабот.

Мавриди зикр аст, ки дар боғи нав зиёда аз 10 000 ниҳоли дарахтони сояафкан шинонда шуд.

М. ИМОМНАЗАР,

«Садои мардум»

Даромади алоқаи барқӣ дар се моҳ 1110586505 сомонӣ
Дар семоҳаи якуми соли 2025 даромади умумии сохторҳои соҳаи алоқаи барқӣ аз ҳисоби корхонаҳои зерсохтори Хадамоти алоқа дар якҷоягӣ бо операторон ва провайдерони хусусӣ 1 миллиарду 110 миллиону 586 ҳазору 505 сомониро ташкил дод.

Ҳоло дар ҳудуди ҷумҳурӣ шумораи умумии муштариёни пайвастшуда ба шабакаҳои алоқаи барқӣ 8,3 миллион нафарро ташкил медиҳад. Аз ин теъдод 5,3 миллион нафар муштариёни фаъоли алоқаи мобилӣ мебошанд. Шумораи умумии истифодабарандагони интернети мобилӣ ва собит 4,9 миллион нафар (53,8%)-ро дар бар мегирад, ки аз ин шумора 4,7 миллион нафар муштариёни интернети мобилӣ мебошанд.

Дар ин хусус 21 апрели соли ҷорӣ  сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло зимни ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти семоҳаи якуми соли 2025-и ин ниҳод иттилоъ дод.

Г. РАҲМОНОВА,

«Садои мардум»

Паёми шодбошии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 100-солагии таъсиси рӯзномаи «Ҷумҳурият»
Муҳтарам ҳайати эҷодии рӯзномаи «Ҷумҳурият», аҳли қалам ва матбуот!

Расо як аср пеш, ҳамагӣ чанд моҳ баъд аз таъсиси Ҷумҳурии Худмухтори Тоҷикистон, бо заҳмату пофишориҳо ва талошҳои фидокоронаи фарзандони миллатдӯсти тоҷик Садриддин Айнӣ, Шириншоҳ Шоҳтемур, Чинор Имомов ва Абдураҳим Ҳоҷибоев нахустин шумораи рӯзномаи тоҷикӣ бо номи «Иди тоҷик» аз чоп баромад.

Ин рӯйдод оғози таърихи навини матбуоти тоҷик гардида, ба минбари муборизаи ҳақталошӣ, ҳифзи номи миллат, расму суннатҳо ва арзишҳои таърихиву фарҳангии тоҷикон табдил ёфт. Пайдоиши рӯзномаи миллӣ дар шароити ҳассосу тақдирсози он рӯзҳо барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан ид буд, иде, ки тасаввураш имрӯз ҳам ба дилҳо фараҳ мебахшад.

Рӯзномаи миллӣ дар як муддати кӯтоҳ суханварони забардаст ва фидоиёни миллати тоҷик Садриддин Айнӣ, Саидризо Ализода, Абдулқодири Мунзим, Абулқосими Лоҳутӣ ва хабарнигорони ҳушёру бедорро аз гӯшаҳои гуногун гирд оварда, дар ҷомеа мартаба ва эътибори баланд пайдо кард. Имрӯз боифтихор ва эътимод метавон гуфт, ки агарчи «Иди тоҷик» ҳамчун нахустин рӯзномаи миллии дар Тоҷикистон нашргардида вобаста ба талаботи давру замон чанд бор табдили ному алифбо кардааст, вале ҳеҷ гоҳ табдили мақсаду маром накарда, дар иҷрои рисолати таърихии худ – хизмат дар роҳи бедории миллӣ содиқ мондааст.

Тайи 100 сол ин рӯзнома ҳамтақдиру ҳамқадами Тоҷикистони азизи мо ва инъи­косгари тамоми шебу фарозҳои таърихи миллати тоҷик буд. Инак, 100 сол мешавад, ки таърихи ҳар рӯзи миллат дар саҳифаҳои ин рӯзнома барои наслҳои оянда сабт мегардад.

Рӯзнома ҳамчун яке аз рамзҳои бедории миллӣ, густаришу таҳкими ҳувияти миллӣ ва манбаи иттилои дақиқ, инчунин, ба ҳайси мактаби сиёсиву фарҳангӣ, дар рушди ҷомеа ва давлатдории тоҷикон нақши муассир дорад. Ҳоло «Ҷумҳурият» фаъолияти худро бо рисолату муҳтавои нав – густариши ғояҳои истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва қонунсолорӣ ба роҳ мондааст.

Нашрия бо нашри матолиби рӯзмарра ва масъалагузориҳо дар асоси сиёсати дохиливу хориҷии Ҳукумати Тоҷикистони соҳибихтиёр мардумро бо арзишҳои истиқлолу озодӣ, ваҳдати миллӣ, ободониву созандагӣ ва рушду пешрафт ошно сохта, онҳоро ба гиромидошти забону фарҳанг ва ҳимояи манфиатҳои милливу давлатӣ ташвиқ менамояд.

Бо дарназардошти нақши муҳими рӯзнома дар ҳаёти мардуми мамлакат, рӯзномаи «Ҷумҳурият» 14-уми марти соли 2000-ум бо фармони Президент нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Соҳиб шудан ба чунин мақоми расмӣ, албатта, барои аҳли эҷоди рӯзнома ифтихори бузург маҳсуб меёбад, вале аз ҷониби дигар, тақозо менамояд, ки масъулиятшиносӣ дар иҷрои вазифа, пеш аз ҳама, дар роҳи тарғибу ташвиқи дастовардҳои замони истиқлол ва ҳимоят аз арзишҳои милливу давлатӣ бояд боз ҳам тақвият дода шавад. Зеро дар ҷаҳони муосир нақши воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла матбуот, ҷиҳати расондани иттилооти саривақтӣ ва таҳлилу баррасии масъалаҳои мубрами ҷомеа ниҳоят муассир буда, ин василаи равшангароии миллат, ки ба таъбири устод Садриддин Айнӣ «сари сабзу забони буррои халқ» мебошад, ҳамчун рукни муҳими сиёсиву маънавии ҷомеа дар раванди ҳифзи асолати миллӣ, таҳкими аркони давлатдорӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии мардум ва таъмини пойдории адолату воқеият бояд нақши бориз дошта бошад.

Бовар дорам, ки аҳли эҷоди рӯзномаи дӯстдоштаи мардум – «Ҷумҳурият», минбаъд низ ба манфиати халқу кишвари азизамон тамоми қувва, дониш ва маҳорати хешро равона месозанд, дар кори амалӣ гардондани марому ҳадафҳои неки Ҳукумати мамлакат, вусъати демократисозии ҷомеа ва ислоҳоти васеъ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат саъю талоши бештар мекунанд.

Ҳамаи шумо – кормандони нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамоми матбуотчиёни кишварро ба ифтихори санаи таърихӣ, яъне 100-солагии ин минбари ҳувиятсоз самимона табрик гуфта, бароятон саломатӣ, саодати рӯзгор ва дар корҳои эҷодиатон барору комёбӣ орзу менамоям.

Саломату сарбаланд бошед!

Тарҳе, ки ба манзилҳо равшанию ба дилҳо сурур меорад
Яке аз рӯйдодҳои муҳими таърихие, ки 31-уми марти соли равон зимни мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир ­Жапаров ба вуқӯъ пайваст, мавриди истифода қарор гирифтани хати интиқоли барқи 500 кВ «Датка-Суғд» мебошад. Хати интиқоли барқи 500 киловолтаи мазкур дар доираи татбиқи лоиҳаи CASA-1000 сохта шудааст, ки шабакаҳои барқи Тоҷикистону Қирғизис­тонро бо ҳам мепайвандад.

Қабл аз ин рӯйдоди фараҳбахш, дар доираи лоиҳаи минтақавии хати интиқоли барқи CASA-1000 дар ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон сохтмони истгоҳи конверторӣ ба иқтидори 1300 мегаватт ба анҷом расид. Иншооти мазкур дар 43 гектар доман паҳн карда, таҷҳизоти асосии он дар 25 гектар ҷойгир шудааст. Чунин истгоҳи барқӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ беҳамто буда, дар асоси технологияҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ бунёд гардидааст. Он аз марҳилаи санҷиши техникӣ бомуваффақият гузашт.

Тавре сармутахассиси лоиҳаи минтақавии хати интиқоли барқи CASA-1000 Исмоили Усмоналӣ иброз дошт, зимни бунёди иншооти мазкур тамоми чораҳо андешида шудааст, то талафоти барқ пешгирӣ шавад. Таҷҳизоти насбшуда аз маркази идоракунии истгоҳи конверторӣ назорат ва идора мешавад. Истгоҳ пурра бо камераҳои назоратӣ муҷаҳҳаз аст.

Зимни боздид аз истгоҳи конверторӣ намояндаи ширкати «Кобра» Набиҷон Тоҳиров ва ширкати «Ҳитачи энерҷи» Винод Кумар дар бораи риояи қоидаҳои бехатарӣ дар иншооти мазкур ба рӯзноманигорон иттилоъ доданд, ки то ин дам васлу насби конструксияҳои металлӣ ва тамоми таҷҳизоти зарурӣ ба анҷом расида, аз озмоиш гузаштаанд.

Таҷҳизоти истгоҳи конверторӣ асосан аз Шветсия, Австрия, Кореяи Ҷанубӣ, Чин, Швейтсария ва Ҳиндустон ворид шудааст. Бунёди иншооти мазкур имкон медиҳад, ки интиқоли барқ байни Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ самаранок амалӣ гардад. Дар назар аст, ки баъд аз пурра васл намудани хатҳои интиқоли барқи баландшиддат аз марзи Афғонистону Тоҷикистон то Навшераи Покистон дар давраи баҳору тобистон аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Қирғизистон 1300 мегаватт неруи барқ ба Покистон интиқол дода шавад.

Лоиҳаи мазкур на танҳо ба рушди инфрасохтори энергетикии Тоҷикистон мусоидат менамояд, балки дар таъмини устувории низоми барқи Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ низ нақши муҳим дорад.

Амалишавии лоиҳаи CASA — 1000 далели возеҳи саҳми Тоҷикистон дар рушди иқтисоди «сабз» ва гузариш ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия мебошад.

Боздид аз иншооти мазкур моро ба ояндаи неки ин тарҳи муҳими минтақавӣ хушбин намуд. То ин дам аз баракати амалисозии тарҳи CASA — 1000, аз ҷумла лоиҳаи дастгирии ҷомеа мактабу боғчаи кӯдакон, бунгоҳи тиббӣ, роҳу пул, хатҳои нави интиқоли неруи барқ ва ғайра ­бунёд гардиданд. Баъд аз пурра мавриди истифода қарор гирифтани тарҳи CASA — 1000 манзили миллионҳо нафар чароғон гардида, ҳазорон нафар дар корхонаҳои навбунёд бо кор таъмин хоҳанд шуд.

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум»