Садои мардум - нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон » Иҷтимоиёт

Душанбе маркази муолиҷа ва барқароршавии ҷанговарони шуравӣ буд
Дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе ба маркази муолиҷа ва барқароршавии ҷанговарони захмии шуравӣ табдил ёфт. Аз 29 госпитали эвакуатсионии ҷумҳурӣ 22-тояш дар пойтахт ҷойгир шуда буд.

Аз рӯи маълумоти номзади илмҳои таърих, муаллифи китоби «Эвакогоспитали Таджикистана (1941-1945)» Ғафур Шерматов дар госпиталҳои пойтахти Тоҷикистон 50 000 ҷанговари шуравӣ муолиҷа ёфта, дубора ба ҷабҳа баргаштанд.

Нахустин гурӯҳи захмиёнро ба госпитали дар собиқ меҳмонхонаи «Сталинобод» («Вахш») ҷойгирбуда ҳанӯз моҳи ноябри соли 1941 оварданд. Ба табибону ҳамшираҳои шафқат осон набуд. Ҳафтаҳо хона рафта наметавонистанд. На танҳо дорую даво, балки докаи одӣ ҳам намерасид. Мушкилтарин давра соли 1942 ба шумор мерафт, зеро дар шаҳрҳои Сталинграду Севастопол ва атрофи Қафқоз набардҳои вазнин сурат гирифт. Ба госпитал аз хати пеши набард лётчику танкчиёни сӯхтаро зиёд оварданд. Он замон маҳз дар Тоҷикистон нахустин шуда, малҳами арча ва равғани эфирии арчаро барои зудтар сиҳат ёфтани захмҳо истифода бурданд.

Маҷруҳонро тавассути қатора аввал ба госпитали тақсимкунандаи №4444, ки дар наздикии вокзали роҳи оҳани Душанбе воқеъ буд, меоварданд. Баъди муоина беморонро вобаста ба дараҷаи захм ба госпиталҳо тақсим мекарданд. Бинобар набудани иншооти махсус, дар заминаи мактабу меҳмонхонаҳо фавран госпиталҳои муваққатии ҳарбӣ таъсис дода шуд.

Сокинони пойтахт, новобаста аз душвории вазъият, ба госпитал зарфҳои гуногун, бистару кӯрпача, либос ва меваю сабзавот меоварданд. Ихтиёриён дар навиштани нома ба наздикони маҷруҳон кумак расониданд ва барномаҳои фарҳангӣ намоиш доданд, то захмиён даҳшати ҷангро лаҳзае фаромӯш кунанд.

Мувофиқи маълумоти Ғафур Шерматов, 52 дарсади шифоёфтагон дубора ба ҳифзи Ватан рафта, 47 дарсади дигар ба ҷабҳаи меҳнат (барқароркунии роҳу инфрасохтори шаҳрҳои озодшуда, корхонаҳои саноатӣ, кишоварзию чорводорӣ) сафарбар шуданд. Ҳамагӣ 0,4 дарсади захмиён бинобар ҷароҳатҳои марговар фавтиданд.

Барои касоне, ки бинобар маъюбӣ иҷозати ба майдони набард рафтан набуд, дар госпитал курсҳои омӯзиши муҳосибӣ, киномеханикӣ, устои радио, дӯзандагӣ, пойафзолдӯзӣ ва дигар ҳунарҳоро ба роҳ монданд, то дар ақибгоҳ ба коре машғул шаванд.

Соли 1943 бо роҳбарии дастпарвари Донишгоҳи тиббии Париж, профессор Александр Магейм дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон кафедраи «Хирургияи госпиталӣ» таъсис дода шуд. Ҳамроҳи ин табиби варзида, инчунин, рентгенологи маъруф Самуил Рейнберг дар госпитали №4451-и шаҳри Сталинобод кор мекард. Миёни табибон шахсиятҳои маъруфи соҳаи тиб, аз қабили Соломон Вайсблат (нахустин табибе, ки дар ИҶШС усулҳои ратсионалии бедардкунӣ дар стоматологияро ба роҳ монда буд), Воробевский, Ефимов, Бухман, Красилшиков, Богомар ва дигарон низ буданд.

Ба сарвари госпитали №1767 Валвовский аз номи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС И.В. Сталин чунин номаи сипос омада буд: «Ба ҳайати шахсии госпитал ва ҷанговарони дар он бистаришуда, командирон ва роҳбарони сиёсие, ки барои таъсиси колоннаи танкии «Колхозчии Тоҷикистон» 6000 рубл ҷамъ овардаанд, паёми ман ва раҳматномаи Армияи Сурхро расонед».

Умуман, дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз минтақаҳои ҷангзада (Россия, Украина, Беларус) қариб 100 000 кас ба Тоҷикистон омаданд, ки аз онҳо 10 000 кӯдакон буданд. Мардуми тоҷик онҳоро бо манзил, ғизо, либос ва пойафзол таъмин намуданд. Барои хизмати арзанда дар таъмини Ғалаба 102000 сокини Тоҷикистон бо медали «Барои меҳнати шоён дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945» сарфароз гардиданд.

С. СУННАТӢ,

«Садои мардум»

Бори аввал – таъмини нақша дар 30 рӯз
30-юми апрели соли равон нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ пеш аз муҳлат иҷро гардид. Тибқи иттилои  Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои пурраи даъвати ҳарбӣ пеш аз муҳлат натиҷаи ҳамкории доимии мақомот бо мардум, гузаронидани омӯзиши пешаздаъватӣ, ташкили як қатор чорабиниҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, тақвият бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳо, ҷамоату деҳот ва баланд гардидани масъулияти ҷавонписарону волидони онҳо мебошад.

Тибқи иттилои вазорат солҳои охир сафи ихтиёриён аз ҳисоби ҷавонписарони дорои маълумоти олӣ, фарзандони шахсони мансабдор ва хатмкардагони Ташкилоти ҷамъиятии «Мададгори мудофиа» зиёд гардидааст. Илова бар ин, ҷавонон дастгирию ғамхориҳои доимии давлату Ҳукумати мамлакатро нисбат ба Қувваҳои Мусаллаҳ, хизматчиёни ҳарбӣ ва фароҳам овардани беҳтарин шароити хизмативу маишӣ дар қисмҳои низомӣ бо қаноатмандӣ дарк намуда, барои ба хизмати ҳарбӣ рафтан сари вақт ба комиссариатҳои ҳарбӣ ҳозир мешаванд.

Одатан мавсими баҳории даъват ба Артиши миллӣ аз 1-уми апрел оғоз шуда, то охири моҳи май давом мекард. Соли равон  бошад, то 30-юми апрели соли равон  иҷрои нақшаи даъват пурра таъмин гардид.

С. СУННАТӢ,

«Садои мардум»

Иммунизатсия ҳифзи солимии аҳолист
28-уми апрели соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба оғози Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид.

Тавре зикр гардид, ки аз 28 апрел то 3-юми майи соли равон давлатҳои Бюрои минтақавии аврупоии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба он шомил аст, Ҳафтаи аврупоии иммунизатсияро таҳти шиори «Қудрати инсоният ба даст овардани фарогирии иммунизатсияи ҳамагонро дорад!» қайд менамоянд.

Ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур, пеш аз ҳама, баланд бардоштани маълумотнокии аҳолӣ оид ба аҳамияти иммунизатсия дар самти нигоҳдории солимии аҳолӣ мебошад.

Ҳамзамон, гуфта шуд, ки ҳамасола Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббуси Бюрои минтақавии аврупоии Созмони умумиҷаҳонии тандурустиро дастгирӣ намуда, дар давоми Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия чорабиниҳоро баҳри тарғиби иммунизатсия дар байни аҳолии кишвар чун яке аз роҳҳои самараноки пешгирии бемориҳои сироятӣ амалӣ мекунад.

Н. МУРОДБЕКОВА,

«Садои мардум»

Мурғоб. Бунёди боғи намунавӣ дар баландии 3800
Дар ноҳияи Мурғоб дар баландии 3800 метр аз сатҳи баҳр масоҳати 10 гектар боғи нави намунавӣ бунёд гардид.

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот пеш аз маъракаи ниҳолшинонӣ зикр кард, ки бо ҳадафи татбиқи нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат, ба кор андохтани заминҳои бекорхобида, рушди соҳаи боғпарварӣ, тоза нигоҳ доштани муҳити зист ва сарсабзу хуррамгардонии диёр дар шаҳру ноҳияҳои вилоят боғҳои нави мевадиҳанда ва дарахтони сояафкан бунёд гардида, ин ташаббус минбаъд идома дода мешавад.

- Ноҳияи Мурғоб бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати мамлакат ба пешравиҳои назаррас дар самти бунёдкорию ободонӣ, чорвопарварӣ, энергетика ва дигар соҳаҳо ноил гардида, аз таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти олии мамлакат нисбати ин ноҳияи баландкӯҳи мамлакат шаҳодат медиҳад, — гуфт Алишер Мирзонабот.

Мавриди зикр аст, ки дар боғи нав зиёда аз 10 000 ниҳоли дарахтони сояафкан шинонда шуд.

М. ИМОМНАЗАР,

«Садои мардум»

Паёми шодбошии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 100-солагии таъсиси рӯзномаи «Ҷумҳурият»
Муҳтарам ҳайати эҷодии рӯзномаи «Ҷумҳурият», аҳли қалам ва матбуот!

Расо як аср пеш, ҳамагӣ чанд моҳ баъд аз таъсиси Ҷумҳурии Худмухтори Тоҷикистон, бо заҳмату пофишориҳо ва талошҳои фидокоронаи фарзандони миллатдӯсти тоҷик Садриддин Айнӣ, Шириншоҳ Шоҳтемур, Чинор Имомов ва Абдураҳим Ҳоҷибоев нахустин шумораи рӯзномаи тоҷикӣ бо номи «Иди тоҷик» аз чоп баромад.

Ин рӯйдод оғози таърихи навини матбуоти тоҷик гардида, ба минбари муборизаи ҳақталошӣ, ҳифзи номи миллат, расму суннатҳо ва арзишҳои таърихиву фарҳангии тоҷикон табдил ёфт. Пайдоиши рӯзномаи миллӣ дар шароити ҳассосу тақдирсози он рӯзҳо барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан ид буд, иде, ки тасаввураш имрӯз ҳам ба дилҳо фараҳ мебахшад.

Рӯзномаи миллӣ дар як муддати кӯтоҳ суханварони забардаст ва фидоиёни миллати тоҷик Садриддин Айнӣ, Саидризо Ализода, Абдулқодири Мунзим, Абулқосими Лоҳутӣ ва хабарнигорони ҳушёру бедорро аз гӯшаҳои гуногун гирд оварда, дар ҷомеа мартаба ва эътибори баланд пайдо кард. Имрӯз боифтихор ва эътимод метавон гуфт, ки агарчи «Иди тоҷик» ҳамчун нахустин рӯзномаи миллии дар Тоҷикистон нашргардида вобаста ба талаботи давру замон чанд бор табдили ному алифбо кардааст, вале ҳеҷ гоҳ табдили мақсаду маром накарда, дар иҷрои рисолати таърихии худ – хизмат дар роҳи бедории миллӣ содиқ мондааст.

Тайи 100 сол ин рӯзнома ҳамтақдиру ҳамқадами Тоҷикистони азизи мо ва инъи­косгари тамоми шебу фарозҳои таърихи миллати тоҷик буд. Инак, 100 сол мешавад, ки таърихи ҳар рӯзи миллат дар саҳифаҳои ин рӯзнома барои наслҳои оянда сабт мегардад.

Рӯзнома ҳамчун яке аз рамзҳои бедории миллӣ, густаришу таҳкими ҳувияти миллӣ ва манбаи иттилои дақиқ, инчунин, ба ҳайси мактаби сиёсиву фарҳангӣ, дар рушди ҷомеа ва давлатдории тоҷикон нақши муассир дорад. Ҳоло «Ҷумҳурият» фаъолияти худро бо рисолату муҳтавои нав – густариши ғояҳои истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва қонунсолорӣ ба роҳ мондааст.

Нашрия бо нашри матолиби рӯзмарра ва масъалагузориҳо дар асоси сиёсати дохиливу хориҷии Ҳукумати Тоҷикистони соҳибихтиёр мардумро бо арзишҳои истиқлолу озодӣ, ваҳдати миллӣ, ободониву созандагӣ ва рушду пешрафт ошно сохта, онҳоро ба гиромидошти забону фарҳанг ва ҳимояи манфиатҳои милливу давлатӣ ташвиқ менамояд.

Бо дарназардошти нақши муҳими рӯзнома дар ҳаёти мардуми мамлакат, рӯзномаи «Ҷумҳурият» 14-уми марти соли 2000-ум бо фармони Президент нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Соҳиб шудан ба чунин мақоми расмӣ, албатта, барои аҳли эҷоди рӯзнома ифтихори бузург маҳсуб меёбад, вале аз ҷониби дигар, тақозо менамояд, ки масъулиятшиносӣ дар иҷрои вазифа, пеш аз ҳама, дар роҳи тарғибу ташвиқи дастовардҳои замони истиқлол ва ҳимоят аз арзишҳои милливу давлатӣ бояд боз ҳам тақвият дода шавад. Зеро дар ҷаҳони муосир нақши воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла матбуот, ҷиҳати расондани иттилооти саривақтӣ ва таҳлилу баррасии масъалаҳои мубрами ҷомеа ниҳоят муассир буда, ин василаи равшангароии миллат, ки ба таъбири устод Садриддин Айнӣ «сари сабзу забони буррои халқ» мебошад, ҳамчун рукни муҳими сиёсиву маънавии ҷомеа дар раванди ҳифзи асолати миллӣ, таҳкими аркони давлатдорӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии мардум ва таъмини пойдории адолату воқеият бояд нақши бориз дошта бошад.

Бовар дорам, ки аҳли эҷоди рӯзномаи дӯстдоштаи мардум – «Ҷумҳурият», минбаъд низ ба манфиати халқу кишвари азизамон тамоми қувва, дониш ва маҳорати хешро равона месозанд, дар кори амалӣ гардондани марому ҳадафҳои неки Ҳукумати мамлакат, вусъати демократисозии ҷомеа ва ислоҳоти васеъ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат саъю талоши бештар мекунанд.

Ҳамаи шумо – кормандони нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамоми матбуотчиёни кишварро ба ифтихори санаи таърихӣ, яъне 100-солагии ин минбари ҳувиятсоз самимона табрик гуфта, бароятон саломатӣ, саодати рӯзгор ва дар корҳои эҷодиатон барору комёбӣ орзу менамоям.

Саломату сарбаланд бошед!

Барасмиятдарорӣ ва қонунигардонӣ дар Федератсияи Россия
Вохӯрии вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода бо роҳбарон, фаъолони диаспораҳои тоҷикон (ҷамъиятҳои тоҷикон) ва ҳамватанони бурунмарзӣ, ки дар Федератсияи Россия кору зиндагӣ менамоянд, баргузор гардид. Тавре аз ин вазорат иттилоъ доданд, зимни мулоқот зикр гардид, ки таҷрибаи фаъолиятҳо дар ин самт нишон медиҳад, ки қисми бештари намояндагони диаспора, ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ дар хориҷ, бахусус дар Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон бо намояндагиҳои мақомоти Тоҷикистон дар ин кишварҳо робитаи хуби ҳамкорӣ дошта, аз амалкардҳои ин намояндагиҳо пайваста дастгирӣ намуда, барои ҳалли мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ — шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита мусоидат менамоянд. Айни замон 67 ташкилоти ҷамъиятӣ, маркази фарҳангӣ ва диаспораҳои тоҷикон ба таври расмӣ дар ҳудуди Федератсияи Россия фаъолият доранд.

Дар мулоқот нуқтаи асосӣ расонидани бештари иттилоот ба муҳоҷирони меҳнатӣ — шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба расмиятдароририи ҳуҷҷатҳои будубош ва қонунигардонӣ дар Федерастияи Россия  буд. Тавре маълум аст, тибқи Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 30 декабри соли 2024, №1126 шаҳрвандони хориҷӣ имкон доранд, ки дар ҳудуди Федератсияи Россия то 30 апрели соли 2025 фаъолият ва ҳуҷҷатҳои будубоши худро тартиб дода, дар кишвари иқомат расман кору фаъолият намоянд.

Дар ин робита аз ҷониби вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода даъват ба амал оварда шуд, ки  роҳбарони диаспораҳо, ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ бо ҳисси баланди миллӣ ҷиҳати мусоидат дар ҳалли мушкилоти ҷойдоштаи муҳоҷирони меҳнатӣ, пешрафти кор фаъолияти онҳо дар давлати иқомат фаъолияти худро пурзӯр намоянд.

Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»

Тоҷикистон иштирокчии намоишгоҳи байналмилалии ЭКСПО-2025
Аз 13 апрел то 13 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Осакаи Ҷопон Намоишгоҳи байналмилалии ЭКСПО-2025 баргузор мегардад. Дар он 161 давлати  ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон ва 9 созмони байналмилалӣ иштирок менамоянд.

Намоишгоҳ зери шиори «Тарҳрезии ҷомеаи оянда барои мо» доир шуда, Тоҷикистон мавзуъҳои «Наҷоти ҳастӣ» ва «Пайванди ҳастӣ»-ро бо назардошти иқдом ва ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои обӣ интихоб намудааст.

Бояд гуфт, ки бо мақсади таъмини иштироки сазовори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар намоишгоҳ дар назди Вазорати рушди иқтисод ва савдо кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ва иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии ЭКСПО-2025 дар шаҳри Осакаи Ҷопон таъсис ёфтааст.

Г. РАҲМОНОВА,

«Садои мардум»

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи бахшиши ҷазои шахсоне, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум карда шудаанд

Бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз ва дар асоси принсипи инсондӯстӣ, мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Ҷазои 897 шахсе, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум карда шудаанд, тибқи рӯйхати замимагардида бахшида шуда, онҳо аз адои минбаъдаи ҷазо озод карда шаванд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 20 марти соли 2025, №1009

Зиёд намудани хатсайрҳои парвоз байни Тоҷикистон ва Чин
11-уми марти соли равон Ҳабибулло Назарзода, директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин Тсзи Шумин вохӯрӣ намуд. Дар мулоқот зиёд намудани хатсайрҳо, кушодани парвозҳои мустақим байни пойтахтҳои ҳар ду давлат ва рушд додани соҳаи авиатсияи гражданӣ баррасӣ гардид.

Тсзи Шумин иброз дошт, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин нақша дорад бо мақсади рушди сайёҳии ҳар ду давлат парвозҳои мустақимро тавассути дигар фурудгоҳҳои кишвар низ амалӣ намояд.

Ёдрас мешавем, ки айни ҳол дар масири Душанбе-Урумчӣ парвози мустақим анҷом дода мешавад.

Г. РАҲМОНОВА,

«Садои мардум»

Насби таҷҳизоти вазнченкунии динамикӣ
Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди «Душанбе – Чанок» дар яке аз қитъаҳои роҳи автомобилгарди дорои аҳамияти байналмилалии «Душанбе-Кӯлоб-Кулма» нуқтаи боркашониро бо таҷҳизоти вазнченкунии динамикии муосир муҷаҳҳаз гардонид.

Нуқтаи боркашонӣ дар километри 190+300-и ин шоҳроҳ, дар қитъаи воқеъ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон ҷойгир буда, бо ҷалби сармояи хориҷӣ бо таҷҳизоти вазнченкунии динамикии муосири истеҳсоли Чин — ZCS-30 (SCS/ZCS) муҷаҳҳаз гардонида,  он ба шабакаи назорати рақамии Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт»-и Вазорати нақлиёт пайваст гардидааст. Низоми нави вазнченкунӣ бо сенсорҳои рақамӣ имкон медиҳад, ки вазни воситаи нақлиёт ҳангоми ҳаракати он чен карда шавад ва ягон мошини боркаш бе назорат намонад.

Тибқи нақшаи Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ, соли 2025 дар нуқтаҳои боркашонӣ дар ду даромадгоҳи шаҳри Душанбе (яке аз самти «Бохтар-Душанбе», дигаре аз самти «Турсунзода-Душанбе»), инчунин, дар километи 92-юми роҳи «Конибодом-Деҳмой» (мавзеи Шаббода), километри 33,600-уми роҳи «Душанбе-Кулма» (шаҳри Ваҳдат), километри 22-юми роҳи «Душанбе-Турсунзода» (шаҳри Ҳисор), километри 12-уми роҳи «Душанбе-ноҳияи Рӯдакӣ-Ёвон» (мавзеи Султонобод) ва километри 322+5-уми роҳи «Душанбе-Чанок» (шаҳри Истиқлол) таҷҳизоти вазнченкунии муосири ZCS-30 насбу васл карда мешаванд.

Ф. АБДУЛҲАКИМОВА,

«Садои мардум»