Садои мардум - нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон » Интихобот

Интихобот аз нигоҳи мушоҳидони байналмилалӣ
Сеюми марти соли 2025 дар шаҳри Душанбе баъди эълони натиҷаҳои пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки мушоҳидони байналмилалӣ аз Созмони ҳамкории Шанхай нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Муовини Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Пиао Янфан иброз намуд, ки Созмони ҳамкории Шанхай бо даъвати Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 март дар мониторинги байналмилалии омодагӣ ва баргузории интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуд.

«Даъвати мушоҳидони байналмилалӣ хоҳиши роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини ошкорбаёнӣ, шаффофият ва демократия дар интихоботи парлумонӣ мебошад. Он, ҳамчунин, ба назар гирифтани андешаҳои нозирони байналмилалиро барои такмили минбаъдаи раванди интихобот ифода менамояд», — таъкид намуд Пиао Янфан.

Иброз гардид, ки намояндагии созмон 18 мушоҳидро аз 7 кишвари аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, аз ҷумла намояндагони ботаҷрибаи мақомоти қонунгузор, иҷроия ва интихоботии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, кормандони дипломатии сафоратхонаҳо дар Душанбе, инчунин, кормандони Котиботи Созмони ҳамкории Шанхайро аккредитатсия намудааст.

Ҳайат фаъолияти баланди шаҳрвандии интихобкунандагон ва маҳорати касбии кормандони комиссияҳои участкавии интихоботро дар ташкил ва гузаронидани овоздиҳӣ таъкид намуданд.

Бо мақсади ба даст овардани манзараи мукаммали ҷараёни интихобот дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои ҳайат дар шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор, Турсунзода, Норак ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мушоҳидаҳо гузарониданд.

Дар рӯзи овоздиҳӣ ва қабл аз он аъзои ҳайат ба 116 участкаи интихоботӣ рафтанд.

«Аъзои комиссияҳои участкавии интихоботӣ барои овоздиҳӣ ва риояи принсипҳои холисона тамоми шароити заруриро фароҳам овардаанд. Онҳо бо интихобкунандагон ва нозирон бо камоли кордонӣ ва меҳрубонона муошират карда, сари вақт масъалаҳои бамиёномадаро тавзеҳ доданд. Кори онҳо нисбат ба интихобкунандагон, намояндагони ҷомеа, нозирони байналмилалӣ ва рӯзноманигорон бодиққат, хушмуомила ва бо эҳтиром буд», — гуфт Пиао Янфан.

Ҳайати намояндагон фаъолияти баланди занону ҷавононро дар рӯзи овоздиҳӣ бо қаноатмандӣ иброз менамоянд. Ба ҷавононе, ки бори аввал овоз доданд, туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.

Муовини Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Пиао Янфан гуфт, ки дар участкаҳои интихоботӣ овоздиҳӣ дар вазъияти орому муташаккилона ва бо риояи тамоми тартиботи муқарраршуда гузашт.

«Ҳайат ягон нақзи қонунгузории миллиро, ки метавонад қонунӣ будани интихоботро зери шубҳа барад ё ба натиҷаҳои онҳо таъсир расонад, сабт накарданд», — таъкид кард Пиао Янфан.

Ҳайат интихоботи гузаштаро шаффоф, боэътимод ва демократӣ эътироф менамоянд.

Ш. АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»

Мушоҳидони ИДМ: Интихобот ошкорову шаффоф буд
Ҳайати нозирони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар ҷараёни интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 2 марти соли 2025 баргузор шуд, ягон қонуншиканӣ ошкор накарданд. Дар ин хусус сеюми марти соли равон роҳбари ҳайат Леонид Анфимов зимни нишасти матбуотӣ бахшида ба натиҷаҳои мониторинги омодагӣ ва баргузории маъракаи интихобот иттилоъ дод.

«Намояндагии мо ягон қонуншиканиеро, ки метавонад ба натиҷаҳои интихобот таъсир расонад, муайян накард», — зикр кард номбурда.

Бино ба гуфти ӯ, овоздиҳӣ дар интихоботи вакилон дар вазъияти ором ва дараҷаи баланди ташкилӣ гузашт.

«Ҳайати нозирони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба хулосае омад, ки интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон комилан мутобиқи Конститутсия ва қонунгузории интихоботии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Интихобот дар сатҳи баланди ташкилӣ, ошкоро ва шаффоф баргузор шуда, ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба изҳори озоди иродаи худ таъмин намуд», — изҳор дошт роҳбари ҳайати нозирони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Леонид Анфимов.

Ш. АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»

Натиҷаҳои пешакӣ эълон шуд
Сеюми марти соли 2025 дар шаҳри Душанбе Комиcсияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки 2 март баргузор гардид, эълон намуд.

Тавре раиси КМИР Бахтиёр Худоёрзода дар брифинг бо иштироки намояндагони ҳизбҳо, мушоҳидони байналмилалӣ ва воситаҳои ахбори омма изҳор дошт, дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихоботӣ аз рӯи рӯйхати ҳизбҳои сиёсӣ ба тарафдории Ҳизби аграрии Тоҷикистон 986 ҳазору 887 нафар ё 21 фоиз, ба тарафдории Ҳизби демократи Тоҷикистон 237 ҳазору 563 нафар ё 5,1 фоиз, ба тарафтории Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон 595 ҳазору 281 нафар ё 12,7 фоиз, ба тарафдории Ҳизби коммунистии Тоҷикистон 89 ҳазору 738 нафар ё 1,9 фоиз, ба тарафдории Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон 248 ҳазору 64 нафар ё 5,3 фоиз ва ба тарафдории Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон 2 миллиону 435 ҳазору 541 нафар ё 51,9 фоиз овоз додаанд.

Шумораи интихобкунандагоне, ки ба муқобили рӯйхати ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ овоз додаанд, 50 ҳазору 895 нафар ё 1,1 фоизро ташкил медиҳад.

Тибқи муқаррароти қонунгузории Тоҷикистон дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон намуд, ки ҳизбҳои сиёсие, ки ба тарафдории онҳо 5 фоиз ва зиёда аз он интихобкунандагони дар интихобот иштирокнамуда овоз додаанд, миқдори зерини мандати вакилиро соҳиб шуданд:

Ҳизби аграрии Тоҷикистон — 5 мандати вакилӣ, Ҳизби демократи Тоҷикистон — 1 мандати вакилӣ, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикис­тон — 3 мандати вакилӣ, Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон — 1 мандати вакилӣ ва Ҳизби халқии демократии Тоҷикис­тон — 12 мандати вакилӣ.

Иттилоъ дода шуд, ки дар маҷмуъ, 4 миллиону 712 ҳазору 967 нафар интихобкунандагон дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ иштирок намуданд, ки 85,3 фоизи шумораи умумии интихобкунандагонро ташкил медиҳад.

Бино ба гуфти Бахтиёр Худоёрзода, дар натиҷаи интихоботи баргузоргардида аз ҳизбҳои сиёсии дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ иштирокнамуда аз рӯйхати номзадҳо ва ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ, дар маҷмуъ, намояндагони шаш ҳизби сиёсӣ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.

Зикр гардид, ки интихобот ошкорою шаффоф, ба таври озод ва дар асоси алтернативӣ баргузор гардида, дар он аксари интихобкунандагон бо дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ иштирок намуданд.

«Садои мардум»

Интихоби номзадҳои арзанда бо руҳияи идона ва масъулияти баланди шаҳрвандӣ
Субҳи барвақти 2-юми марти соли равон дар ҳамаи участкаҳои интихоботии ҳудуди ҳавзаи якмандатаи интихоботии Фирдавсӣ №1 интихоби вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсӣ ба садо додани Суруди Миллӣ оғоз ёфт. Сокинони ноҳия бо дарки масъулияти баланд ба хотири рушду ободии фардои саодатманди мамлакат ба участкаҳои интихоботӣ ҳозир шуда, ба ҷонибдории номзадҳои арзанда ва ҳизбҳои сиёсӣ раъй медоданд.

Котиби комиссияи ҳавза Раҳима Амонуллозода иброз намуд, ки дар ҳавзаи интихоботии мазкур 62 участка, аз ҷумла 58 участкаи ноҳиявӣ ва 4 участкаи пӯшида, фаъолият мекунад. Дар давраи омодагӣ ба интихобот бо иштироки раисон, котибон ва аъзои комиссияҳои интихоботӣ 3 семинар, аз ҷумла 1 семинар бо намояндагони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ гузаронида шуд. Инчунин, дар ҳар як участкаи интихоботӣ бо номзад ба вакилон вохӯриҳо баргузор гардиданд.

Дар участкаи интихоботии №5-и ҳавза корҳои омодагӣ ба интихобот дар сатҳи баланд гузаронида шуд. Натиҷаи сатҳи баланди омодагӣ аз фаъол будани интихобкунандагон ва руҳияи баланди онҳо маълум буд. Ризокорон ҳанӯз аз саҳни бинои «Тоҷикстандарт», ки участкаи интихоботӣ дар он воқеъ буд, интихобкунандагонро пешвоз гирифта, мувофиқи рақами даъватномаашон ба назди масъулони комиссияи интихоботӣ роҳнамоӣ мекарданд. Барои онҳое, ки бо кӯдакони хурдсол меомаданд, «Хонаи модару кӯдак» бо шароити мусоид дар ихтиёрашон гузошта шуда буд. Инчунин, дар ҳуҷраи тиббӣ хоҳарони шафқат бо дорую давоҳои зарурӣ омодаи хизмат буданд. Ба шаҳрвандоне, ки бори аввал овоз медоданд, гулдастаҳои тару тоза тақдим карда шуд.

Раиси участкаи интихоботии мазкур Суҳроб Шерализода бо қаноатмандӣ аз иштироки фаъолонаи интихобкунандагон изҳор дошт, ки «мо тамоми имкониятҳоро истифода бурдем, то ки интихобот шаффоф ва бе ягон вайронкунии қонунҳои амалкунанда ҷараён бигирад».

Як гурӯҳ нозирони байналмилалӣ аз ИДМ бо роҳбарии Елена Румянтсева ба участкаи интихоботии №5 ташриф оварда, бо хушҳолӣ изҳор намуданд, ки интихобот дар ин ҷо бо руҳияи идона гузашта истодааст.

- Меҳри иштирок кардан дар интихобот аз кӯдакӣ дар дилам ҷой гирифтааст. Ман дар ноҳияи дурдаст мезистам ва рӯзи интихобот либоси нав пӯшида, бо як шавқи беандоза ҳамроҳи волидонам ба интихобот мерафтам. Имрӯз дар участкаи интихоботии №5 масъулон бо як маданияти баланд интихобкунандагонро истиқбол намуда, дар муддати кӯтоҳ ба қайд гирифтанд ва мо барои ояндаи дурахшону саодатманди мамлакат ба ҳизбу номзадҳои арзанда овоз додем. Ман ба ҳамаи вакилони интихобшуда барору комёбиҳо хоҳонам. Таманнои онро дорам, ки Тоҷикистон гулгулшукуфон ва мардуми кишвар доимо тинҷу осуда бошад, — иброз намуд Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Саодат Азизова.

Нависанда Равшани Махсумзод изҳор дошт, ки «интихобот маъракаи муҳими сиёсӣ ба шумор меравад. Шаҳрвандон бо ширкат варзидан дар интихобот дар интихоби номзадҳои арзанда ва ҳамзамон, қабули қарорҳои муҳим барои ояндаи кишвар саҳм мегузоранд. Вақте мо вакилони шоистаро интихоб мекунем, онҳо қонуну қарорҳоеро қабул мекунанд, ки ба нафъи ҷомеа бошанд. Аз ин рӯ, бояд ҳар шаҳрванди кишвар ҷиҳати иштирок дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ масъулияти баланд эҳсос кунад. Ҳар касе, ки дар интихобот ширкат меварзад, ҳам ба нафъи худаш ва ҳам барои ояндаи неки ҷумҳурӣ нақш мегузорад».

Ҳамин гуна руҳияи баланди интихобкунандагонро, инчунин, дар участкаҳои интихоботии №№3, 4 ва дигар участкаҳои интихоботии ҳавзаи якмандатии интихоботии Фирдавсӣ №1 мушоҳида намудем.

Дар маҷмуъ, сокинони ноҳияи Фирдавсӣ дар ин чорабинии муҳими сиёсӣ бо масъулияти баланди шаҳрвандӣ иштирок намуда, ба ҷонибдории ҳизб ва номзадҳои арзандаашон овоз доданд.

С. СУННАТӢ,

«Садои мардум»

Дуюми марти соли равон дар 68 участкаи интихоботии ҳавзаи ҳудудии якмандатаи интихоботии Сино №4 фазои идона ҳукмфармо буд. Сокинон бо табъи болида ба участкаҳои интихоботӣ ворид шуда, ба ҳизб ва номзади арзанда овоз медоданд. Садои мусиқӣ ва сурудҳои ватандӯстона саҳни участкаҳои интихоботиро ба идгоҳ табдил дода буд.

Бино ба гуфти раиси ҳавза Муҳибулло Зувайдуллозода, дар ҳавзаи интихоботии мазкур 150068 нафар интихобкунанда ба қайд гирифта шудааст, ки 5863 нафари онҳо бори аввал дар чунин маъракаи сиёсӣ иштирок мекунад. Номбурда иттилоъ дод, ки то соати 12 аллакай 81 ҳазор нафар ба участкаҳои интихоботӣ омада, ба ҳизб ва номзади арзанда овоз доданд, ки 54 дарсадро ташкил медиҳад.

Ҳангоме, ки мо дар участкаҳои интихоботии ҳавзаи мазкур ҳузур доштем, наздик ба нисфи интихобкунандагон, масалан, то соати 12 аллакай 45,3 дарсади интихобкунандагони участкаи интихоботии №20, участкаи интихоботии №19 – 38, участкаи интихоботии №13 – 37 ва участкаи интихоботии №12-ум 36,5 дарсад овоз дода буданд.

Тавре аз суҳбат бо масъулини участкаҳои интихоботӣ ва мушоҳидаи инфиродӣ маълум шуд, барои дар сатҳи баланд баргузор шудани интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ тадбирандешиҳои зиёд сурат гирифта, ҳавзаҳо ва участкаҳои интихоботӣ бо шароити лозима таъмин шуданд. Аз ҷумла, ташкили қуттиҳои сайёр барои овоз додани нафароне, ки ба участкаи интихоботӣ омада наметавонанд, хонаи модару кӯдак ва дигар шароити лозима имкон фароҳам овард, ки шаҳрвандон бо руҳияи болида дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ иштирок намуданд.

Ш. АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»

Бо шукргузорӣ аз фазои орому осудаи мамлакат 2 юми март сокинони шарафманди вилояти Хатлон дар қатори дигар шаҳрвандони Тоҷикистони азиз бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ  аз субҳи барвақт ба участкаҳои интихоботии маҳалли зист ҳозир шуда, дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ фаъолона иштирок намуданд.

Тибқи иттилои масъулон, интихобот дар фазои озоду шаффоф ва риояи ҳуқуқҳои шаҳрвандон сурат гирифта, сокинон бо як дилгармӣ дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ иштирок намуданд.

Бино ба иттилои раиси комиссияи вилоятӣ оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон Қурбоналӣ Қурбонзода, то соати 1600 аллакай 79,2 фоизи интихобкунандаҳои ҳудуди вилоят раъйи хешро доданд.

«Дар 69 ҳавзаи интихоботӣ 207 нафар ҳамчун номзад ба вакилӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз инҳо 57 нафарашон зан мебошанд. Номзадии 80 кас бо баргузории конференсияҳои ҳизбӣ ва аз 128 нафари дигар ба тариқи худпешбар муайян шуда буд», — афзуд ӯ.

Номбурда, ҳамчунин, гуфт, ки дар ҳудуди вилоят 14 ҳавзаи якмандатӣ, 69 ҳавзаи вилоятӣ, 944 ҳавзаи шаҳрию ноҳиявӣ, 3884 ҳавзаи ҷамоатҳо ва 1114 участкаи интихоботӣ ба қайд гирифта шуда, дар онҳо овоздиҳии интихобкунандагон дар сатҳи хуб баргузор гардид.

Шумораи умумии интихобкунандагон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 1 миллиону 837 ҳазору 442 нафар ҳисоб шудааст, ки аз ин шумора 80 ҳазори  онҳо бори аввал овоз медиҳанд.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид  ба участкаи интихоботии №1-и шаҳри Бохтар, воқеъ дар бинои Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов, ташриф оварда, ба ҷонибдории ҳизб ва номзади арзанда овоз дод.

С. СУЛТОНОВ,

Садои мардум»

Дар участкаҳои овоздиҳии ҳавзаи интихоботии Ҳисор №7 маъракаи интихоби вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ муташаккилона, шаффоф ва бо руҳияи баланди идона сурат гирифт. Мардум бо руҳбаландии том бо назардошти манфиатҳои умумимиллӣ масъулиятшиносона ба номзадҳои арзанда овоз доданд.

Тавре раиси ҳавза Илҳомиддин Буриев иброз дошт, дар 105 участкаи интихоботии шаҳри Ҳисор бо фарогирии 153 378 интихобкунанда интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар сатҳи баланд, бо риояи талаботи қонунгузорӣ, шаффоф ва демократӣ ҷараён гирифт.

Аз мушоҳидаҳо дар участкаҳои интихоботии №№10, 11, 12, 13, 14, 15, 18, 19, 25-и шаҳри Ҳисор бармеомад, ки комиссияҳои интихоботӣ барои муташаккилона ҷараён гирифтани интихобот корҳои тарғиботиро хуб ба роҳ мондаанд. Чунки дар онҳо маъракаи овоздиҳӣ хеле бонизом сурат гирифт.

Аъзои комиссияҳои участкаҳои интихоботӣ онҳоеро, ки бори аввал ҳуқуқи овоздиҳӣ пайдо карда буданд, бо гулҳои тару тоза пешвоз гирифта, ба онҳо китобҳои бадеӣ аз ашъори классикони тоҷик туҳфа намуданд ва сипас ҳуқуқҳояшонро фаҳмониданд.

То соати 18-и бегоҳӣ дар участкаҳои зикршуда то 90 фоизи интихобкунандагон мавқеи худро муайян намуданд.

М. ЗОКИР,

«Садои мардум»

Таъмини шаффофият дар мадди аввал
Яке аз нишонаҳои асосии ҷомеаи демократӣ интихобот ба ҳисоб меравад. Тамоми шаҳрвандони кишвар, ки аз 18-сола болоянд, дар интихобот ширкат варзида, ба тарафдории номзади арзанда раъй медиҳанд. Мардумсолорӣ, ки решаҳои таърихӣ дорад, ҳанӯз аз замони Куруши Кабир ва фарҳанги Юнони бостон маншаъ гирифта, дар замони нав  яке аз муҳимтарин ва беҳтарин шакли идоракунии сиёсии ҷомеа гардид.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз соҳиб­истиқлолӣ демократикунонии ҳаёти ҷомеа тақвият ёфт ва бо ташаккул ёфтани ниҳоди идоракунии президентӣ солҳои 90-уми қарни гузашта аввалин интихобот доир шуд. Ҳамин тавр, аз тариқи раъйпурсӣ қабул шудани Конститутсия, ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба он, интихобот ва раъйпурсии парлумонӣ дар чорчӯбаи қонунгузорӣ ва қонунҳои байналмилалӣ баргузор гардидаанд.

Мусаллам аст, ки ниҳоди иҷтимоӣ дар ҷомеа зина ба зина ташаккул ёфта, татбиқи  он боз ҳам дар зинаҳои болотар ба роҳ монда шуда, меъёрҳо ва шаффофияти он низ такмил меёбад. Дар Тоҷикистон низ тайи солҳои соҳибистиқлолӣ интихобот ва раъйпурсӣ зина ба зина такмил ёфта, он ба меъёр­ҳои байналмилалӣ мутобиқ шудааст. Дар ҳар давраи интихоботӣ Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ бо назардошти пешниҳодҳои созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ ва меъёрҳои қонунгузории кишвар раванди интихоботро муайян месозад.

Тайи солҳои истиқлолият дар ҷумҳурӣ бо назардошти меъёрҳои давлати демократию дунявӣ ҳизбҳои гуногун, ки ҳар кадоме дорои барномаву оинномаи хешанд, вориди майдони сиёсӣ гардида, барои расидан ба ҳадафҳои худ бо роҳи мусолиматомез сабқат мекунанд. Имрӯз дар Тоҷикистон гуногунии ақидатӣ ҷой дошта, ҳизбҳо ҷиҳати расидан ба ҳокимияти сиёсӣ аз роҳҳои машруъ истифода менамоянд.

Айни ҳол кишвар дар пешорӯи интихоботи парлумонӣ қарор дорад ва дар он ҳизбҳои сиёсии кишвар вориди корзори интихоботӣ гардида, намояндагони хешро пешниҳод намудаанд ва ҳамарӯза тибқи реҷаи тасдиқнамудаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ бо интихобкунандагон вохӯриҳо баргузор мегардад.

Ҳамчунин, байни намояндагони ҳизб­ҳои гуногун дебат сурат гирифта, барои онҳо шароити якхела ҷиҳати таблиғи барномаҳояшон фароҳам оварда шудааст. Онҳо аз рӯйи меъёри муқаррарнамудаи қонун тавассути расонаҳо, аз ҷумла радиову телевизион, рӯзномаҳо, инчунин, аз тариқи сомонаҳои интернетӣ, таблиғи барномаи пешазинтихоботии хешро ба роҳ мондаанд. Илова бар ин, ҳамарӯза тавассути шабакаҳои телевизионӣ барномаҳо оид ба тартиби баргузории интихобот доир шуда, ин имкон медиҳад сатҳи худшиносӣ ва донишҳои ҳуқуқии мардуми кишвар боло бурда шавад.

Дар маҷмуъ, барои ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳои алоҳидаи худпешбар имкониятҳои якхелаи ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуда, ҳеҷ гуна табъизи ҳуқуқию сиёсӣ ҷой надорад. Нозирони хориҷӣ ҷиҳати мушоҳида намудани шаффофияти интихоботи парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, дар ин раванд иштирок мекунанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қонунҳои байналмилалӣ омода аст нозиронро аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон ҷиҳати назорати шаффофияти интихобот пазироӣ намояд.

Муҳимтар аз ҳама, руҳияи мардуми кишвар созанда аст ва онҳо дар саросари кишвар ба ин маъракаи муҳим, ки ҳаёти сиёсии 5 соли ояндаро муайян месозад, бетараф нестанд. Онҳо хуб медонанд, ки сарнавишти ояндаи кишвар аз интихоби огоҳонаи онҳо вобастагӣ дорад. Аз ин рӯ, ҳама талош меварзанд, то дар вохӯрии номзадҳо ширкат варзида, барномаҳои онҳоро мавриди омӯзиш қарор диҳанд, суол­ҳо ва мушкилоти хешро дар миён гузоранд. Ин ҳолат нишондиҳандаи он аст, ки мардуми кишвар сатҳи баланди худшиносӣ ва маърифати баланди ҳуқуқиву сиёсӣ доранд ва барои сарнавишти ояндаи кишвар бетараф нестанд.

Акбар САЛИМОВ,

ходими калони илмии АМИТ

Интихобот таҷассуми иттиҳоду ҳамдилӣ ва эътимоду ҳамгироист
Таҳти унвони «Интихобот ҳамчун арзиши демократӣ дар низоми сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ бо иштироки васеи мутахассисони соҳа, коршиносон, олимону дониш­мандон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор гардид.

Конфронсро директори Маркази тадқиқоти стратегӣ Хайриддин Усмонзода ифтитоҳ бахшида, аз ҷумла иброз дошт, ки «интихобот маъракаи муҳими сиёсӣ ва ҳамзамон, падидаи беназиру аҳамиятбахши ҷомеаи демократӣ маҳсуб меёбад. Баргузории ин маъракаи сиёсӣ дар давлати озоду демократии мо низ нақши ниҳоят бузург дошта, дар рушду тавсеаи кулли бахшҳои ҷомеа таъсири назаррас хоҳад гузошт. Ташкилу доир намудани интихобот, пеш аз ҳама, маънии иттиҳод, ҳамдилӣ, эътимод, сулҳу субот, ҳамгироӣ, умумисозии манфиатҳо, хубтару беҳтар кардани вазъи иҷтимоии мардум ва нишонаю принсипҳои асосии мавҷудияти ҷомеаи демократиро дар худ таҷассум месозад. Ифодаю баёнгари олии бевоситаи ҳокимияти халқ интихоботу раъйпурсии умумихалқӣ ба ҳисоб меравад ва мардуми азизу заковатманди мо ин маъракаи муҳими сиёсиро бо сари баланду ифтихори махсуси миллӣ баргузор ва ҷамъбаст хоҳанд намуд».

Узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа Махфират Хидирзода роҷеъ ба раванди иштироки ҳизбҳои сиёсӣ ва шаҳрвандон дар интихоботи парлумонӣ андешаронӣ намуд. «Интихобот ҳамчун маъракаи муҳими сиёсӣ яке аз омилҳои муҳими таъмини рушди демократия буда, он раванди сиёсие мебошад, ки мубориза барои ҳокимият хосияти осоишта дошта, субъектҳои дар он иштироккунанда бо ҳадафи дақиқ ва бошуурона вориди муборизаи сиёсӣ мешаванд. Ниҳоди интихобот фарогири ҷанба ва унсурҳои гуногуне мебошад, ки тавассути онҳо вазифаҳои гузошташуда амалӣ мегарданд. Унсурҳои муайяни сохторие, ки имрӯз интихобот дар бар мегирад, имкони фаъолияти онро ҳамчун ниҳоди том ва воҳид таъмин менамоянд. Аҳамияту моҳияти ин ниҳодро Конститутсияи ҷумҳурӣ муқаррар намудааст. Дар моддаи 6 Конститутсия омадааст: «Дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот аст». Ин меъёр аҳамияти хоси сиёсӣ дошта, моҳияти мардумсолориро ифода менамояд. Ба халқ мутааллиқ донистани ҳокимият ва эътирофи ҳуқуқи халқ ба идоракунии бавосита ва ё бевосита ифодаи технологияи ташаккули ҳокимият дар ҷумҳурӣ мебошад. Дар ин ҳошия, эътирофи интихобот ҳамчун ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ инъикоси майли ҳокимият ба таҳкими демократия мебошад», — афзуд М. Хидирзода.

Ҳамчунин, дар ҷараёни конфронс муовини директори Маркази тадқиқоти стратегӣ Лоҳутӣ Шарифзода дар мавзуи «Интихобот ва рушди парламентаризм дар Тоҷикистон: воқеъият ва дурнамо», роҳбари дастгоҳи Кумитаи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикис­тон Абдураҳмон Хонзода оид ба «Роҳу воситаҳои муосири ҷалби электорати сиёсӣ дар маъракаҳои интихоботӣ: таҷрибаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон», муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сураҷ Чоршанбезода роҷеъ ба «Ташаккули фарҳанги интихобот ва таъсири он ба низоми амнияти миллӣ», дотсенти кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ ва маъмурии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҳумоюн Имомов доир ба «Ҳуқуқи интихобот ҳамчун ҳуқуқи сиёсии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон», муовини директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарангис Шарифзода дар мавзуи «Мақом ва нақши ҳуқуқи интихоботӣ дар раванди маъракаҳои интихоботӣ» маърӯзаҳои пурмуҳтаво ироа намуданд.

Ш. ҲУСЕЙНЗОДА,

«Садои мардум»

Шаффофият таъмин мегардад
Хонандагони азиз, тавре хабар доред, тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2-юми марти соли равон дар кишварамон интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 28 марти ҳамин сол интихоботи ­даъвати нави аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон баргузор мегардад. Вобаста ба аҳамияти ин маъракаи муҳими сиёсӣ ва тартиби иштирок дар он бо котиби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Наврӯз Самадзода ­мусоҳиба ­намудем:

- Интихобот ҳамчун маъракаи сарнавиштсози сиёсӣ яке аз омилҳои муҳими таъмини рушди демократия тавассути амалӣ намудани ҳуқуқи шаҳрвандон ба ташаккули ҳокимияти сиёсӣ ва интихоби шахсони мансабдори он мебошад. Махсусият ва фарқияти ин маъракаи муҳим дар кишвари мо кадомҳоянд?

- Интихобот муҳимтарин падидаи демократия буда, маҷмуи муносибатҳои ҷамъиятиест, ки дар алоқамандӣ бо ташаккули мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ ва ҳуқуқи субъективии шаҳрвандон оид ба интихобкунӣ ва интихобшавӣ ба вуҷуд меояд. Қисми муҳимтарини ин муносибатҳо тавассути меъёрҳои ҳуқуқии интихобот ба танзим дароварда мешавад. Қобили қайд аст, ки дар ҷумҳурии соҳиб­истиқлоли мо дар бобати ташкил ва гузаронидани интихобот заминаи мусоиду боэътимоди ҳуқуқию сиёсӣ ба вуҷуд омада, дар байни субъектҳои раванди интихобот ҳамдигарфаҳмӣ, баҳсу муколамаҳои созанда, дарки мақсаду мароми тарафайн ва фазои орому озод фароҳам аст.

Интихобот аз рӯйи принсипҳои умумӣ, баробар, бевосита ва пинҳонӣ гузаронида мешавад ва ин принсипҳо дар Конститутсия ва санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт гардидаанд. Маҳз ҳамин нуктаро ба назар гирифта Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии кишвар таъкид намуданд: «Интихоботи дарпешистода бояд тибқи Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон шаффофу озод ва дар сатҳи баланд баргузор гардад ва интихобкунандагон номзадҳои арзандаи худро интихоб намоянд».

- Равобиту ҳамкории Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР) бо ҳизбҳои сиёсӣ дар кадом сатҳ аст?

- Мо аз сатҳу сифати ҳамкорӣ бо ҳизб­ҳои сиёсӣ, ки аз субъектони фаъоли интихобот маҳсуб меёбанд, қаноатмандем. Дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон айни замон 7 ҳизби сиёсӣ — Ҳизби аграрии Тоҷикистон, Ҳизби демократи Тоҷикистон, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, Ҳизби коммунис­тии Тоҷикистон, Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон ва Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, ки дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, фаъолият доранд.

Қонунгузор дар моддаи 30 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳуқуқи пешбарии номзадҳоро муқаррар кардааст. Шоҳид ҳастем, ки барои дар парлумон соҳиби мандати вакилӣ гардидан ҳизбҳои сиёсие, ки дар мамлакат ба таври расмӣ ба қайд гирифта шудаанд, рӯйхати номзадҳояшонро дар анҷумани ҳизб (конференсия) пешниҳод намуда, барои иштирок дар интихобот ва ба даст овардани овозҳои интихобкунандагон ба интихобкунандагон барномаҳои худро пешниҳод намуданд. Мутобиқати пешбарии рӯйхатҳои ҳизбӣ ба қонунгузории интихоботии кишвар санҷида шуда, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ рӯйхатҳои мазкурро тасдиқ намуд.

- Маълум аст, ки барои пешбарӣ намудани номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагон ҳизбҳои сиёсӣ, инчунин, шаҳрвандон бо роҳи худпешбарӣ ҳуқуқ доранд. Дар бораи тартиби пешниҳоди номзадҳо аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ маълумот кофӣ аст, вале на ҳама тартиби пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон дар ҳавзаҳои якмандатии интихобот ба тартиби худпешбариро медонанд…

- Пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон дар ҳавзаҳои якмандатии интихобот ба тартиби худпешбарӣ бо роҳи пешниҳоди ариза ба комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба овоз мондани номзадии ӯ сурат мегирад. Номзад бояд барои тарафдории худ на камтар аз 500 имзои интихобкунандагони ин ҳавзаро ҷамъ орад. Ҳар интихобкунанда бояд ба тарафдории фақат як номзад аз ҳавзаи маҳали истиқомати худ имзо гузорад. Дар варақаҳои имзогузорӣ насаб, ном ва номи падар, номзад ва шахси ташаб­бускори номзад, ҷойи истиқомат, серия ва рақами шиноснома ё ҳуҷҷати дигаре, ки шахсияти шахси ташаббускорро тасдиқ мекунад, рақами тартибӣ, насаб, ном ва номи падари ӯ, рӯз, моҳ ва соли таваллуд, шиноснома ё ҳуҷҷати дигаре, ки шахсияти имзогузорандаро тасдиқ мекунад, силсила ва рақами он ҳуҷҷатҳои истиқомат, имзои шахси имзогузоранда ва таърихи имзои варақа сабт мегарданд. Намунаи варақаи имзогузориро Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ муайян мекунад.

- Маблағгузории интихобот ва гарави интихоботӣ аз масъалаҳои таваҷҷуҳбарангез дар ин маъракаи муҳим маҳсуб мешавад. Лутфан дар ин бобат маълумот диҳед.

- Бояд мадди назар дошт, ки маблағ барои тайёрӣ ва гузаронидани интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон аз буҷети ҷумҳуриявӣ ҷудо мешавад. Ба ғайр аз ин, номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон, ҳизбҳои сиёсӣ, ки дар интихобот иштирок мекунанд, хазинаи интихоботии худро барои маблағгузории интихобот таъсис медиҳанд. Маблағҳои хазинаи интихоботии номзад ба вакилӣ ва ҳизби сиёсӣ дар суратҳисоби муваққатии махсуси Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонат­гузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ва шуъбаҳои он нигоҳ дошта мешаванд.

Тибқи муқаррароти мавҷуда, хазинаи интихоботии номзад ба вакилӣ ва ҳизби сиёсӣ аз маблағҳое, ки барои ташвиқоти пеш аз интихобот аз тарафи комис­сияҳои дахлдори интихобот ҷудо карда мешаванд, маблағҳои шахсии номзад ба вакилӣ, ки он набояд аз 500 (панҷсад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошанд, маблағи ҳизби сиёсӣ барои номзаде, ки ҳизби сиёсӣ ба ҳавзаи якмандатии интихобот пешбарӣ намудааст, набояд аз 500 (панҷсад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошад ва маблағҳои хайрияи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ташкил меёбад.

Бояд донист, ки маблағҳои хайрияи шахсони воқеӣ барои хазинаи интихоботии номзад ба вакилӣ набояд аз 50 (панҷоҳ) ва барои ҳизби сиёсӣ набояд аз 100 (сад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошанд. Мутаносибан маблағҳои хайрияи шахсони ҳуқуқӣ барои хазинаи интихоботии номзад ба вакилӣ набояд аз 100 (сад) ва барои ҳизби сиёсӣ набояд аз 500 (панҷсад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошанд.

Муҳимтар аз ҳама, ба таври хайрия маблағгузорӣ ба хазинаи интихоботии номзад ба вакилӣ ва ҳизби сиёсӣ аз ҷониби давлатҳо, созмонҳо ва шахсони ҳуқуқии хориҷӣ, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба синни 18 нарасидаанд, шахсони ҳуқуқие, ки бо иштироки ­саҳмияи хориҷӣ таъсис ёфтаанд, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҳаракатҳои ҷамъиятии байналмилалӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, ташкилотҳои давлатӣ ва ташкилотҳое, ки саҳми давлат дар онҳо аз сӣ фоиз зиёд мебошад, қисмҳо, ҷузъу томҳо ва дигар сохторҳои ҳарбӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, иттиҳодияҳои динӣ, ташкилотҳои эҳсонкорӣ ва дигар ташкилотҳое, ки аз ҷониби онҳо таъсис дода шудаанд, манъ аст.

Вобаста ба қисмати дувуми савол бояд гуфт, ки номзад ба вакили Маҷлиси намояндагон дар ҳавзаҳои якмандатии интихобот пеш аз бақайдгирӣ ва баъди аз тарафи комиссияи ҳавзавии дахлдори интихобот муайян намудани мувофиқати ӯ ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», аз маблағи шахсии худ ба суратҳисоби муваққатии махсуси КВД БА Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ва шуъбаҳои он 100 (сад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо гарави интихоботӣ месупорад.

Дар сурати ба даст овардани на кам аз 10 фоизи овозҳои интихобкунандагони ҳавзаи интихоботии дахлдори дар овоздиҳӣ иштироккарда гарави интихоботӣ ба номзад баргардонида мешавад. Ҳангоми бекор кардани қарори пешбарии номзад аз тарафи ҳизби сиёсӣ ё пас гирифтани номзадӣ аз ҷониби номзад гарави интихоботӣ бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ мегузарад.

- Барои интихобкунандагоне, ки дар рӯзи интихобот ба участкаи интихобот, ки дар он ҷо ба рӯйхати интихобкунандагон дохил шудаанд, имконияти омадан надош­та бошанд, чӣ муқаррарот аст?

- Дар чунин ҳолат интихобкунанда ҳуқуқ дорад 7 рӯз пеш аз рӯзи интихобот ба бинои комиссияи ҳавзавии дахлдори интихобот омада, бо пур кардани бюллетен овоз диҳад. Комиссияи интихобот вазифадор аст, ки махфияти овоздиҳии ӯро таъмин намояд, ба ғалат нишон додани изҳори иродаи вай роҳ надиҳад, ҳифзи бюллетен ва баҳисобгирии овози интихобкунандаро дар вақти муқаррар намудани натиҷаи овоздиҳӣ ва муайян кардани ҷaмъбасти интихобот таъмин созад. Бюллетени интихобот, ки пешакӣ аз тарафи интихобкунанда пур карда шудааст, ба лифофа гузошта, он ширеш карда мешавад ва дар ҷойи ширешшуда имзои ду нафар аъзои комиссияи дахлдори интихобот гузошта, бо муҳри комиссияи интихобот ва имзои овоздиҳанда тасдиқ карда мешавад. Лифофаи ширешкардашударо котиби комиссияи дахлдори интихобот дар бинои комиссияи ҳавзавии интихобот то лаҳзаи ба комиссияи участкавии интихобот супурдани бюллетенҳо нигоҳ медорад.

Дар рӯзи овоздиҳӣ раиси комиссияи участкавии интихобот дар ҳузури аъзои комиссияи участкавии интихобот, мушоҳидон ва дигар шахсон пеш аз оғози овоздиҳӣ дар бораи шумораи интихобкунандагоне, ки пешакӣ овоз додаанд, маълумот дода, лифофаҳоеро, ки дар онҳо бюллетенҳои овоздиҳӣ ҷойгиранд ва рӯйхати интихобкунандагонеро, ки пешакӣ овоз додаанд, нишон медиҳад. Баъд аз ин лифофаро ба навбат бо риояи махфияти изҳори иродаи интихобкунандагон мекушояд ва бюллетенҳоро ба қуттии овоздиҳӣ мепартояд. Шумораи интихобкунандагоне, ки пешакӣ овоз додаанд, қабл аз овоздиҳӣ ба протокол дар бораи натиҷаи овоздиҳӣ сабт гардида, дар рӯйхати интихобкунандагоне, ки пешакӣ овоз додаанд, дар муқобили насаб, ном ва номи падари онҳо ишораи «Пешакӣ овоз додааст» гузошта мешавад. Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки овоздиҳии пешакӣ дар интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ ҷой надорад.

- Тибқи таҷрибаи роиҷ, бо мақсади мушоҳидаи интихобот мушоҳидони байналмилалӣ даъват мешаванд. Онҳо чӣ мақому ваколат доранд?

- Фаъолияти мушоҳидони байналмилалӣ баъд аз аккредитатсияи онҳо аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфта, пас аз эълон гардидани натиҷаи пешакии интихобот қатъ мегардад.

Мушоҳидони байналмилалӣ ҳуқуқ доранд, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дигар санадҳое, ки ҷараёни интихоботро танзим менамоянд, дастрас кунанд, бо ҳизбҳои сиёсие, ки дар интихобот ширкат доранд ва бо номзадҳои алоҳида вохӯрии расмӣ доир намоянд, дар участкаи интихоботӣ ва бинои овоздиҳӣ, аз ҷумла дар рӯзи овоздиҳӣ, ҳузур дошта бошанд ва ҷараёни овоздиҳӣ, ҳисоби овозҳо ва муайян намудани натиҷаи онҳоро, дар шароите ки ба мушоҳидаи ҳисоби бюллетенҳо имкон медиҳад, мушоҳида намоянд. Илова бар ин, онҳо ҳуқуқ доранд бо натиҷаи баррасии шикоятҳо (аризаҳо) ва эродҳо вобаста ба вайрон кардани қонунгузории интихобот шинос шуда, ба намояндагони комиссияҳои интихобот бе дахолат ба кори онҳо оид ба мушоҳидаҳои худ иттилоъ диҳанд.

Ҷанбаи муҳими фаъолияти мушоҳидони байналмилалӣ баъд аз ба анҷом расидани овоздиҳӣ изҳор намудани ақида оид ба интихобот ва пешниҳоди хулоса оид ба мушоҳидаи ҷараёни интихобот ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ маҳсуб мешавад. Дар ҳамин ҳол мушоҳидони байналмилалӣ ҳуқуқ надоранд, ҳангоме ки интихобкунанда дар бюллетенҳои интихобот қайдҳои худро мегузорад, дар ҳуҷраи овоздиҳӣ ҳозир бошанд, ба интихобкунандагон таъсир расонанд, ягон хел мавод ё адабиёти тарғиботиро паҳн намоянд, нисбат ба ҳизбҳои сиёсӣ, номзадҳо ба вакилӣ ё тартиби гузаронидани интихобот афзалиятеро баён намоянд, аз интихобкунандагон ба тарафдории кӣ овоз додани онҳоро пурсанд ва дар хулосаи худ аз ҳолатҳое, ки бо ҳуҷҷатҳо асоснок нагардидаанд ва қобили тафтиш нестанд, истифода баранд.

- Ҳизбҳои сиёсие, ки номзадҳои худро ба вакилӣ пешбарӣ намудаанд ва номзадҳое, ки ба вакилӣ ба тарзи худпешбарӣ пешниҳод шудаанд, бо тартиби муқарраргардида рӯйхати мушоҳидони миллиро барои бақайдгирӣ ба комиссияҳои ҳавзавии дахлдори интихобот пешниҳод менамоянд. Бигӯед, ки мушоҳидони миллӣ дорои кадом ҳуқуқҳо ҳастанд?

- Шинос шудан бо рӯйхати интихобкунандагон ва протоколҳои комиссияҳои участкавии интихобот оид ба натиҷаи овоздиҳӣ ва комиссияҳои ҳавзавии интихобот дар бораи натиҷаи интихобот, мушоҳида намудани супоридани бюллетенҳои овоздиҳӣ ба интихобкунандагон, шикоят намудан аз қарор ва амали (беамалии) комиссияи интихобот ба комиссияи болоии интихобот ё суд ва ҳузур доштан ҳангоми ҳисоби такрории овозҳои интихобкунандагон дар комиссияҳои дахлдори интихобот ҳуқуқҳои мушоҳидони миллӣ маҳсуб мешавад.

- Дар робита ба ин маъракаи сиёсӣ ҳуқуқи бевосита ва бавоситаи интихоботро ёдрас менамоянд. Шарҳу тавзеҳи ин ­масъала барои хонандагон ҷолибу муфид хоҳад буд.

- Ин масъала дар моддаи 6 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» муқаррар шуда, тибқи он вакилони Маҷлиси намояндагон аз тарафи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита интихоб карда мешаванд. Ҳуқуқи бавоситаи интихоб ба аъзои Маҷлиси миллӣ рабт дорад, ки аз тарафи вакилони мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ интихоб мешаванд.

- Номзадҳо ва ҳизбҳои сиёсӣ, ки рӯйхати номзадҳоро пешниҳод намудаанд, ҳуқуқ доранд шахсони боэътимод дошта бошанд. Дар навбати худ ин ашхос чӣ ҳуқуқу уҳдадорӣ доранд?

- Бақайдгирии шахсони боэътимод дар муддати се рӯз аз тарафи комиссияи интихобот, ки номзадро (рӯйхати номзадҳоро) ба қайд гирифтааст, дар асоси аризаи хаттии номзад, пешниҳоди ҳизби сиёсӣ ва аризаи шаҳрванд барои розигиаш дар бораи шахси боэътимод шудан сурат мегирад. Номзадҳо метавонанд то 5 нафар шахсони боэътимод ва ҳизбҳои сиёсие, ки рӯйхати номзадҳоро пешниҳод намудаанд, то 5 нафар шахсони боэътимод дошта бошанд. Аъзои комиссияҳои интихобот, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, судяҳо, хизматчиёни ҳарбӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ, мушоҳидони миллӣ ва байналмилалӣ наметавонанд шахсони боэътимод бошанд.

Шахсони боэътимоди номзадҳо ҳуқуқ доранд, ки бо ҳар шаклу усули қонунӣ барои интихоб шудани номзад (рӯйхати номзадҳо) ташвиқот баранд, дар маҷлисҳои пешазинтихоботӣ, вохӯрӣ бо интихобкунандагон баромад кунанд ва дар баҳсу мунозираҳои пешазинтихоботӣ иштирок намоянд, барои гузаронидани маҷлисҳои пеш­азинтихоботӣ ва вохӯриҳо бо интихобкунандагон аз кумаки мақомоти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот истифода баранд, дар маҷлисҳои комиссияҳои интихоботӣ иштирок кунанд аз қарору амалҳои комиссияи интихобот шикоят кунанд ва дар баррасии шикояту аризаҳо иштирок намоянд. Бояд мадди назар дошт, ки шахсони боэътимоди номзадҳо ва ҳизбҳои сиёсӣ ҳуқуқ надоранд ба кори комиссияҳои интихоботӣ мудохила намоянд.

- Дар арафаи интихобот нақши журналис­тон вобаста ба тарғибу ташвиқ барҷастатар мегардад. Дар ин раванд бояд кадом муқаррарот мадди назар бошад?

- Бояд гуфт, ки ба шаҳрвандон, номзадҳо, ҳизбҳои сиёсӣ дар давраи пеш аз интихобот бе мамониат ташвиқот бурдан шароит фароҳам аст. Шаҳрвандон, номзадҳо, ҳизбҳои сиёсӣ метавонанд бо шаклу усулҳои қонунӣ барои иштирок дар интихобот озодона ва ҳаматарафа ташвиқот баранд, барномаҳои пешазинтихоботии номзадҳо, сифатҳои сиёсӣ, корӣ, шахсии онҳо, ҳамчунин, барномаҳои пешазинтихоботии ҳизбҳои сиёсиро муҳокима намоянд, ба тарафдорӣ ё зидди ин ё он номзад дар маҷлисҳо ва воситаҳои ахбори омма ташвиқот баранд.

Ташвиқоти пешазинтихоботӣ тариқи воситаҳои ахбори омма, гузаронидани маъракаҳои оммавӣ, нашр ва паҳн намудани маводи чопии ташвиқотӣ ва дигар шаклҳое, ки Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» муқаррар намудааст, сурат мегирад.

Дар ташвиқоти пеш аз интихобот аъзои комиссияҳои интихобот, иттиҳодияҳои динӣ, судяҳо, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ, мушоҳидони байналмилалӣ иштирок карда наметавонанд. Ҳамчунин, дар ин раванд иштироки намояндагони давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд манъ аст.

Журналистон, дигар кормандони эҷодӣ, ҳамчунин, шахсони мансабдори идораҳои воситаҳои ахбори омма, ки онҳо номзад ва ё шахсони боэътимод мебошанд, наметавонанд дар инъикоси ҷараёни интихобот тариқи воситаҳои ахбори омма иштирок намоянд. Воситаҳои ахбори омма, ки дар маъракаҳои пешазинтихоботӣ иштирок менамоянд, ҳуқуқ надоранд ба нашри иттилооте, ки шаъну шараф ва обрӯю эътибори кории номзадро паст мезанад, роҳ диҳанд.

- Ба интихобкунандагон, ки яке аз субъект­ҳои асосии раванди интихобот мебошанд, чӣ гуфтанӣ доред?

- Ба интихобкунандагони гиромӣ муроҷиат намуда, даъват дорам, ки фаъолона, бо дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ, дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ ширкат варзанд ва рӯзи 2 марти соли 2025 номзади арзандаю лоиқро интихоб намоянд.

- Барои суҳбати муҳим ташаккур.

Мусоҳиб Далер АБДУЛЛО,

«Садои мардум»

КМИР хабар медиҳад
7-уми феврали соли 2025 дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа баргузор гардид.

Дар ҷаласа масъалаи бақайдгирии рӯйхати номзадҳо аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, Ҳизби демок­рати Тоҷикистон, Ҳизби коммунистии Тоҷикистон, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, Ҳизби аграрии Тоҷикистон ва Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот баррасӣ гардид.

Дар марҳалаи пешбарӣ ба ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ 70 нафар номзад пешбарӣ гардида буд. Комиссияи марказӣ мувофиқати номзадҳои пешбаригардидаро  ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди омӯзиш қарор дод. Бо қарори дахлдори КМИР рӯйхати номзадҳои  ҳизбҳои сиёсии мазкур ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот тасдиқ гардид. Ҳамин тариқ, аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон 28 номзад, Ҳизби демократи Тоҷикистон — 3, Ҳизби коммунистии Тоҷикистон — 5, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон — 13, Ҳизби аграрии Тоҷикистон — 13 ва Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон 6 номзад, дар маҷмӯъ, 68 номзад ба қайд гирифта шуданд.

Ҳизбҳои сиёсӣ баъд аз бақайдгирӣ ҳуқуқ доранд ташвиқоти пешазинтихоботиро оғоз намоянд. Ташвиқоти пеш­азинтихоботӣ баъди бақайдгирӣ оғоз гардида, як рӯз пеш аз интихобот қатъ мегардад.

Комиссияи марказӣ, инчунин, дар бораи бақайдгирии ҳайати мушоҳидони байналмилалӣ аз Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ қарор қабул намуд.

Ҳамчунин, байни ҳизбҳои сиёсии дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштироккунанда бо мақсади эҳтироми ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон, риояи сатҳи баланди фарҳанги сиёсӣ ва маърифати интихоботӣ, эҳтиром гузоштан ба ҳуқуқи интихоботии дигар субъектони раванди интихобот дар ҷараёни ташвиқоти пешазинтихоботӣ, сӯиистифода накардан аз озодии воситаҳои ахбори омма, риояи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санад­ҳои меъёрии ҳуқуқӣ созиш вобаста ба гузаронидани ташвиқоти пешазинтихоботӣ дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба имзо расонда шуд.

Ш. АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»

Бо руҳбаландӣ рӯ ба ободкорӣ
Гулистон аз ҷумлаи калонтарин деҳоти ноҳияи Рӯдакӣ ба ҳисоб рафта, дар қисмати шарқии пойтахти ҷумҳурӣ — шаҳри Душанбе қарор дорад. Чанде пеш як қисми ҳудуди деҳоти мазкур ба шаҳри Душанбе ҳамроҳ карда шуд. Имрӯз дар ҳудуди деҳоти мазкур зиёда аз 35000 аҳолӣ кору зиндагӣ мекунанд.

Вақте бо нияти омода кардани ин матлаб ба идораи ҷамоати деҳот рафтем, маъмурияти он серташвиш буданд, зеро интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллӣ наздик асту онҳо ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ омодагӣ дош­танд. Бо вуҷуди серкорӣ раиси ҷамоати деҳоти Гулистон Ашраф Шарифов ба суолҳои мо посух дод:

- Дар ҷамоат алҳол 290 хоҷагии деҳқонӣ, аз ҷумла 5 хоҷагии деҳқонии ёрирасон, фаъолият дорад. Дар 11 деҳаи ҳудуди ҷамоат 7 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 2 китобхона, 2 масҷиди ҷомеъ ва 10 масҷиди панҷвақта мавҷуд аст. Ҳамзамон, ба аҳолии деҳот 2 маркази саломатӣ, 5 бунгоҳи тиббӣ ва 4 дорухона хизмат мерасонад, — иброз дошт дар оғози суҳбат Ашраф Шарифов.

Ба саволи мо роҷеъ ба омодагӣ ба интихоботи вакилон номбурда иттилоъ дод, ки дар деҳот 10 участкаи интихоботӣ оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, 3 ҳавзаи интихоботии интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рӯдакӣ, комиссияи интихоботӣ ва 20 ҳавзаи интихоботии интихоботи вакилони ҷамоати деҳоти Гулистон ташкил шудааст. Дар участкаҳои интихоботӣ комиссияҳо таъсис дода шуда, бо асбобу лавозимоти зарурӣ таъмин мебошанд. Рӯйхати интихобкунандагонро тартиб дода, участкаҳои интихоботиро бо ҳуҷраҳои овоздиҳӣ, қуттиҳои калону майда таъмин намудаанд.

Дар деҳоти Гулистон бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни бошукӯҳи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои бунёдкорӣ вусъат ёфтааст. То рӯзи ҷашни фархунда бунёди иншооти гуногун ба нақша гирифта шудааст. Алҳол 10 иншооти ҷашнӣ, аз ҷумла се синфхонаи иловагӣ барои 60 хонанда дар як баст дар назди МТМУ №38 деҳаи Сангтӯда, бинои иловагии дуошёна иборат аз 12 синфхона бо инфрасохтори замонавӣ барои 320 хонанда дар як баст дар назди МТМУ №40 деҳаи Зартеппа, чор синфхонаи иловагӣ дар назди МТМУ №108 деҳаи Дарёбод, чор синфхонаи иловагӣ дар назди МТМУ №166 деҳаи Болошаҳр, мағозаи фурӯши гулу буттаҳои ороишӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ, дорухона ва маркази савдои молҳои ниёзи мардум дар деҳаи Сангтӯда, нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ бо тамоми инфрасохтори замонавӣ, воқеъ дар шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат, нуқтаи савдо ва маркази хизмати маишӣ дар деҳаи Тезгари поён, маркази савдои молҳои ниёзи мардум дар деҳаи Майсазор бо саҳмгузории сокинон ва дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст. Дар баробари ин, роҳҳои дохили маҳаллаҳо мунтазам тахту ҳамвор ва мумфарш мешаванд. Аз ҷумла корҳои таъмиру таҷдид ва нигоҳдории роҳҳо дар деҳаҳои Сангтӯда, Меҳан, Дарёобод анҷом ёфта, ободонӣ ва мумфаршкунии роҳҳои деҳоти дигар ба нақша гирифта шудааст.

- Имрӯз давлат ва Ҳукумати мамлакат дар баробари таъмини сулҳу оромӣ тамоми шароитро муҳайё кардааст, то мо якҷо Ватанамонро ободу пешрафта гардонем. Сокинини деҳоти Гулистон корҳои ободонию бунёдкориро бо руҳбаландию ифтихор аз соҳибистиқлолии Тоҷикистон, сиёсати созандагии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон анҷом медиҳанд, — гуфт дар фарҷоми суҳбат Ашраф Шарифов.

Бурҳониддин КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»

Вобаста ба интихоботи вакилони халқ вохӯрӣ баргузор гардид
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид. Дар он муовини раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Қодирзода зикр кард, ки вохӯрии имрӯза дар доираи нақшаи корҳои тарғиботию иттилоотӣ дар вазорату идораҳо оид ба интихоботи Маҷлиси Олӣ баргузор мегардад.

Кормандони вазорат даъват шуданд, ки бо иштироки фаъолонаи худ барои дар сатҳи баланд баргузор гардидани интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳм гузоранд.

Доир ба омодагӣ ба интихоботи вакилони халқ ва асосҳои қонунгузории мамлакат дар бораи интихобот байни кормандон саволу ҷавоб доир шуд.

Ф. АБДУЛҲАКИМОВА,

«Садои мардум»