Садои мардум - нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон » Илм ва маориф

Шифогари закӣ
Абуалӣ ибни Сино тибро илми назариявӣ ва амалӣ меҳисобад. Аз нигоҳи ӯ ҳар яке аз ду бахши тиб ба ҷуз илм чизи дигаре нест, лекин якеи он илми аслҳост ва дигарӣ илм оид ба чӣ гуна амал намудан. Воқеан, барои табиб аз бар намудани илми назариявӣ зарур аст, то барои дар амал татбиқ намудани он омода шавад.

Неъматулло Ибодов солҳои донишҷӯӣ мекӯшид ҳар чӣ бештар омӯзад. Мустақилона адабиёти илмиро мутолиа менамуд ва дар чорабиниҳои илмию ҷамъиятии донишгоҳӣ фаъолона иштирок мекард. Аз соли 1988, пас аз хатми Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, ба соҳаи тандурустӣ пайваст. Фаъолияти ӯ аз музофот (ноҳияҳои Ховалинг ва Восеъ) то пойтахти мамлакат масир дошта, дар ин замина, касбияташ сайқал ёфт. Корашро аз табиб-урологи беморхонаи марказии ноҳияи Ховалинг (солҳои 1988-1990) оғоз намуда, солҳои 1990-1993 табиб-урологи беморхонаи марказии ноҳияҳои Восеъ буд. Солҳои 1993-1995 ординатураи клиникиро дар кафедраи урологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон гузашта, дар баробари кори табобатӣ ба ҳайси ассистенти кафедраи урологияи донишгоҳ фаъолият мекард.

Аз соли 1995 то солҳои 2015 ба ҳайси табиби урологи шуъбаи урологии Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии ба номи А.М. Дяков, мудири амалиётхонаи шуъбаи урологӣ, мудири шуъбаи урологии Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва муовини директор оид ба корҳои табобатии Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмию клиникии урологӣ» рисолаташро дар сатҳи баланд ба ҷо овардааст. Аз моҳи августи соли 2015 инҷониб директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмию клиникии урологӣ» мебошад.

Саҳми Неъматулло Ибодов дар такомули ин муассиса бениҳоят бориз аст. Замони роҳбарии ӯ марҳилаи сифатан нави тараққиёти муассиса оғоз гаштаю дар тамоми самтҳо пешравиҳои назаррас рӯи кор омаданд. Дар ин замина, фаъолияти марказ дар ҳама самтҳо беҳтар гашт ва шароит баҳри қабул, бистаринамоӣ ва табобати беморон фароҳам шуд. Шароити кор барои табибон низ хеле беҳбуд ёфт.

Неъматулло Ибодов ҳаргиз ба пешаи табибӣ ва кори илмӣ муносибати дуюмдараҷа накардааст. Ҳимояи рисолаи номзадӣ дар соли 2012, ҳамасола бомуваффақият анҷом додани ҷарроҳиҳои мураккаб, дар маҷаллаҳои дохилӣ ва хориҷи кишвар ба чоп расонидани 83 мақолаи илмӣ ва дар соҳа соҳиби 6 пешниҳоди навоварӣ барои ихтироот будан далели пурмаҳсулии ӯст.

Мавсуф тӯли фаъолият ҷарроҳии зиёди мураккаби урологӣ, аз ҷумла барчидани сангҳои сершумор аз гурда, ҷарроҳиҳои тармимии роҳҳои пешобравро анҷом додааст. Дар силсилаи корҳои илмиаш низ масоили ба бемориҳои урологӣ рабт­дошта омӯзишу гурӯҳбандӣ ва усулҳои нави ба воситаи ҷарроҳӣ рафъ намудани онҳо пешниҳод шудаанд.

Дар ҷаҳони муосир дарди гурда аз бемориҳои паҳншуда мебошад. Ба ақидаи Неъматулло Ибодов бемории мазкур дар аксар маврид ноаён зуҳур мекунад. Аз ин сабаб муайян сохтани дараҷа ва намуди он душвор аст. Новобаста ба назарияҳои зиёд оиди марҳилаҳои алоҳидаи пайдошавии санги гурда то ҳол сабабҳои пайдошавии он пурра исбот нашудааст.

- Шахсони гирифтори бемории гурда ҳангоми сари вақт табобат нагирифтан ба фишорбаландӣ гирифтор мешаванд ва он ба дил, гардиши хуни майнаи сар таъсир расонда, боиси осеб дидани асаб низ мегардад. Дар баъзе ҳолат ин беморӣ ба норасоии гурда оварда мерасонад, ки дар натиҷа чунин ашхос ба пайванд кардани гурда ниёз пайдо мекунанд, — мегӯяд ӯ.

Ҳамчун фарди боистеъдод ва шефтаи касби хеш Неъматулло Ибодов тавонист мактаби худро ташкил ва ҷавононро ба он ҷалб намояд. Ифтихорманд аст, ки қисми зиёди шогирдонаш ба сифати мутахассисони болаёқат дар ташхис ва муолиҷаи беморон комёбанд.

Муҳаммад Закариёи Розӣ таҷрибаро дар ташхис ва табобати бемор шарти аввалиндараҷа ҳисобида, таъкид менамояд, ки ҳар табиб бояд корҳои табибони пешинро амиқ омӯзад ва дар мавриди зарурӣ моҳирона истифода бурда тавонад. Бо мадди назар доштани ин нукта Неъматулло Ибодов дар қадршиносии заҳмати устодон низ намунаи ибрат буда, эҳтирому самимияташ ба табиби муътабар Аслиддин Осимӣ шаҳодати ин гуфтаҳост.

Неъматулло Ибодов аз набзи ҷомеа огоҳ аст ва ҷаҳонбинии фарох дорад. Дар ҳуҷраи корӣ ӯро ҳамеша бо азму иродаи қавӣ, нигоҳи пурумед ба зиндагӣ, ҷавондилу руҳбаланд дармеёбед. Бо шоир шои­рона, бо сиёсатмадор ҳамчун донандаи асрори сиёсат, бо олим олимона ва бо мардуми одӣ оммафаҳм суҳбат мекунад.

- Ба шарофати таваҷҷуҳи хоса ва дастгирии мунтазами Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи тандурустӣ бо тамоми дастгоҳҳои муосири ташхису табобат таъмин аст. Яъне, мо имрӯз имконияти васеи ташхис ва табобати ҳама гуна бемориҳоро дорем. Бисёр хуб мешуд, агар ҳар як шаҳрванд лоақл соле як маротиба аз назорати тиббӣ гузарад. Тавре маълум аст, пешгирии беморӣ аз табобати он осонтар мебошад, — афзуд ҳамсуҳбатам.

Вобаста ба рисолати табиб Абуалӣ ибни Сино фармудааст: «Чизҳоеро, ки бояд пизишк тасаввур намуда, бо бурҳон исбот намояд ин бемориҳо, сабабҳои ҷузъӣ ва нишонаҳои онҳо, чӣ гуна бартараф намудани беморӣ ва нигоҳ доштани тандурустӣ бувад. Пизишкро лозим аст ба ҳар чӣ аз инҳо, ки пинҳонӣ вуҷуд дорад, аз роҳи тафсил додан ва муайян сохтани андозаю вақти он бурҳон биоварад».

Барои бурҳон овардан ва беморро шифои комилу оҷил бахшидан табибро донишу маҳорат, таҷрибаи ғанӣ лозим аст, ки Неъматулло Ибодов ин сифатҳоро дорост.

Далер АБДУЛЛО,

«Садои мардум»

Баррасии масъалаи омодасозии мутахассисони хизмати дипломатӣ
23 -юми апрели соли 2025 вохӯрии муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода бо ректори Донишкадаи тадқиқоти дипломатии назди Вазорати корҳои хориҷии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Мушаббаб Ал-Қаҳтонӣ баргузор гардид.

Зимни  мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва густариши ҳамкориҳои ҳарду кишвар дар самти омода намудани мутахассисони соҳаи равобити байналмилалӣ, инчунин, ташкили давраҳои омӯзишӣ ва табодули таҷриба барои дипломатҳои ҷавонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ, санади ҳамкорӣ байни маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони хизмати дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи тадқиқоти дипломатии назди Вазорати корҳои хориҷии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ  ба имзо расид.

Н. МУРОДБЕКОВА,

«Садои мардум»

Оғози озмуни ҷумҳуриявӣ аз ноҳияи Мурғоб
17-уми апрели соли 2025 дар ноҳияи Мурғоб даври нахустини Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» оғоз гардид, ки дар он 117 нафар довталаби синну соли гуногун ширкат намуданд. Ҳайати ҳакамон ба иҷрои барномаи ҳар як сароянда, маҳорати касбӣ, талаффузи буррою тарзи баён, нафаси равон, либосу ҳаракати саҳнавӣ, ҳамзамон, ҷалби шунаванда ва самимияти сарояндагӣ ва навозандагӣ эътибори махсус додаанд.

Аз рӯи баҳогузории ҳакамон 42 нафар ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд. Ғолибон бо ифтихорномаи раёсати фарҳанг ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб қадр гардиданд.

М. ИМОМНАЗАР,

«Садои мардум»

Озмуни забондонӣ ба ифтихори Рӯзи пойтахт
14 апрел дар шаҳри Душанбе озмуни шаҳрии «Забон донӣ — ҷаҳон донӣ» оғоз гардид. Он байни хонандагони синфҳои 5-8 ва 9-11-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, литсейҳо ва гимназияҳои шаҳри Душанбе сурат гирифт.

Ҳадафи асосии озмуни мазкур ҷалби оммавии хонандагони муассисаҳои таълимӣ ба забономӯзӣ буда, барои дарёфт, муаррифӣ ва ҳавасмандгардонии истеъдодҳои нав дар ин самт замина фароҳам месозад.

Озмун вобаста ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дар ду бахш – назариявӣ ва амалӣ гузаронида шуд. Аз рӯйи натиҷаҳои даври ноҳиявӣ 52 нафар ғолиб ба даври шаҳрии озмун роҳ ёфтанд.

Ёдовар мешавем, ки озмуни мазкур таҳти сарпарастии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ баргузор гардида, ғолибони он бахшида ба Рӯзи пойтахт аз рӯйи ҳар як гурӯҳи синнусолӣ ва мақоми муассисаҳои таълимӣ алоҳида бо мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Н. МУРОДБЕКОВА,

«Садои мардум»

Барандагони Ҷоизаи «Ситораҳои Иттиҳод» эълон шуд
16-уми апрели соли 2025 Шуро оид ба супоридани  Ҷоизаи байнидавлатии «Ситораҳои Иттиҳод» барандагони ҷоизаи асосии башардӯстонаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои соли 2024-ро эълон намуд.

Ҷоиза ҳамасола ба намояндагони давлатҳои Иттиҳод барои дастовардҳои назаррас дар соҳаи фаъолияти башардӯстона, ки ба сатҳи дастовардҳои ҷаҳонӣ мувофиқ аст ва ба рушди ҳар як кишвари аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дар маҷмуъ ба тамоми Иттиҳод мусоидат менамояд, дода мешавад ва маблағи мукофот 2 миллион рублро ташкил медиҳад.

Имсол барои дарёфти ҷоизаи олӣ 15 номзад аз 8 давлат  рақобат намуданд. Бо қарори ҳакамон, ки ба ҳайати он чеҳраҳои маъруфи фарҳангу маориф аз тамоми кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дохил буданд, ҷоизаҳо ба ҳафт довталаб дода шуданд.

Дар бахши «Барои саҳми барҷаста дар фарҳанг ва санъат» аз Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода– академик, профессори кафедраи адабиёти тоҷику форси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барандаи ҷоизаи «Ситораҳои Иттиҳод»  гардид.

Ёдрас менамоеям, ки маросими тантанавии супоридани ҷоизаҳо ба барандагон 14 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе дар Форуми зиёиёни эҷодкор ва илмии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад.

Г. РАҲМОНОВА,

«Садои мардум»

Омӯзгори асил
Бо хонаводаи онҳо замони наврасӣ ошноӣ доштам. Дар деҳаи Шаҳринави ноҳияи Рашт истиқомат мекарданд. Аслан ин деҳа хеле баъд обод шуда буд. Соле, ки заминларзаи даҳшатнок ноҳияи номдори Ҳоитро батамом аз харитаи кишвар маҳв намуд, дар Ҷамоати деҳоти Қалъанаки ноҳияи Рашт ҳам сенздаҳ деҳа вайрон шуд. Зиндамондаҳо поён фуромаданд ва сарҷамъ деҳ бунёд карданду ба деҳа Шаҳринав ном гузоштанд. Падари ӯ низ қатори дигарҳо аз деҳаи Мурутако ба ин ҷо кӯчид…

Амаки Сайдар аз майдони ҷанг баргашта буд. Кишвари паҳноварро қатори дигар ҷавонони шуҷоъ аз фашизм муҳофизат карду бо бадани пур аз оҳанпора ба зодгоҳ баргашт. То охири умр он оҳанпораҳо азияташ медоданд. Аз овони наврасӣ ба кишоварзию чорводорӣ меҳр дошт. Фарзандонаш Муҳаммад­раҳиму Мирзораҳим ва Маҳмад­раҷабу Сайъалиро бо нони ҳалол ба воя расонд. Соҳиби маълумоти олӣ кард. Муҳаммадраҳим нависанда шуд, нависандаи номдор. Мирзораҳим касби байториро интихоб карду Сайъалӣ табиб. Онҳоро ҳамеша андарз мегуфт, ки заҳматкашу ҳалолкор бошанд. Ба хотири ободии Ватан фидокорӣ кунанд.

Маҳмадраҷаб аз кӯдакӣ дар дили кӯчакаш касби омӯзгориро мепарварид. «Мактабро хатм кунам, ба донишкада дохил мешаваму илми кимиёро меомӯзам»,- ба пурсиши дӯстонаш посух мегуфт ӯ. Баъд аз дарс бачаҳои ҳамсолаш ҳамроҳи ӯ ба хона меомаданд. Соатҳо ба омӯзиш машғул мешуданд. Бобои Сайдар ифтихор мекард, ки фарзандони ӯ илмдӯстанд.

- Бачаҳо ба раҳматии бобояшон рафтаанд,- дар суҳбат ба ҳамсолон мегуфт амаки Сайдар. — Раҳматии Ғиёс пайи илм омӯхтан то кишвари Ҳиндустон рафта буд. Бисту панҷ сол аз хешу ақрабо дур дар мулки бегона илм омӯхт. Мулло Ғиёси мунаҷҷимаш мегуфтанд. Раҳматӣ гирифтани офтобу моҳтобро пешгӯӣ мекард. Ин кораш ба муллоҳои дигар писанд набуд. Дар ғайбаш мегуфтанд, ки ба Ибни Синову Умари Хайём пайравӣ мекунад…

Маҳмадраҷаб соли 1980 ба факултаи химия ва биологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе дохил шуд. Соли 1985, баъд аз хатми донишкада, ба зодгоҳ — деҳаи Шаҳринави Ҷамоати деҳоти Қалъанаки ноҳияи Рашт баргашт. Солҳои аввали кор дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25 деҳаи Қалъанак диққати омӯзгорони соҳибтаҷрибаро ба худ ҷалб кард. Баъд аз як соли кор шогирдонаш дар озмунҳои фаннӣ ширкат варзиданд ва ғолиб омаданд. Овозаи омӯзгори ҷавони соҳибистеъдод дар ноҳия паҳн шуд ва роҳбарияти дигар муассисаҳои таълимӣ илоҷ мекофтанд, ки ӯро ба мактаби худ оранд. Ҳар гуна ваъдаҳо медоданд, вале сокинони деҳаҳои Қалъанаку Шаҳринав ҳеҷ гоҳ аз даст додани муаллими масъулиятшиносро намехостанд. «Маҳмадраҷаб маҳбуби дилҳо ва фарзанди мост, барои фарзандони ҳамдеҳаи худ бояд хизмат кунад, — мегуфтанд. — Агар ба ҷои дигар рафтанӣ шавад, мо хешу таборашро ҳамроҳаш аз деҳаамон мегуселонем». Ҳатто он рӯзҳо, ки мехост ба аспирантура ҳуҷҷат супораду дар донишкада дарс гӯяд, розигӣ надоданд…

Баъдтар муассисаи таҳсилоти умумии асосии деҳаи Шаҳринав ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ табдил дода шуд. Ҳамдеҳаҳо ӯро ба мактаби деҳа оварданд ва то имрӯз он ҷо ифои вазифа менамояд.

Бо хоҳиши волидон ва саъю талоши роҳбарони муассисаҳои таълимӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№25, 26, 49 ва 52 ба шогирдон аз фанни химия дарсҳои иловагӣ мегузарад.

- Вазифаи мо омӯзгорист. Бояд рисолати худро дар назди Ватан ва миллат софдилона адо намоем. Шукр, ки чунин Пешвои муаззаму ғамхор дорем. Соҳаи маорифро дар сиёсати пешгирифтаи худ дар зинаи аввал гузоштааст, — гуфт ҳангоми суҳбат бо ҳамкоронаш.

Маҳмадраҷаб Ғиёсов дар давоми фаъолият шогирдони зиёдеро тарбия намудааст, ки ҳоло дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ фаъолияти пурмаҳсул доранд. 61 шогирдаш соҳиби таҳсилоти олӣ гашта, ки 12 нафар омӯзгори фанни химия, 30 кас табиб, 1 нафар геолог, 3 нафар байтор ва боқимонда дар соҳаи барқ ифои вазифа доранд. Соли гузашта 17 шогирдаш ба донишгоҳу донишкадаҳо, аз ҷумла 9 нафар ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, дохил шуданд.

- Маҳмадраҷаб ба маънои томаш омӯзгор аст, — гуфт мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Рашт Шаҳобиддин Бозоров. — Ӯ касб, шогирдон ва Ватанашро бисёр дӯст медорад. Натиҷаи ҳамин садоқат аст, ки хурду калон дар ноҳия ӯро эҳтиром мекунанд. Барои мардум омӯзгори маҳбуб аст. Дар дилу дидаи ҳамдиёрон ҷой гирифтааст.

Диловари МИРЗО,

«Садои мардум»

Риояи қонун ҳам фарҳанг аст
Қабули қонуни нав ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда дар сиёсати давлатӣ мавқеи ниҳоят муҳим дорад. Қонунгузорӣ расмиёти махсуси давлатӣ ва ҳуқуқэҷодкунӣ рукни муҳим ва марказии давлатсозист. Қонунҳое, ки эҷод мешаванд ва баъд аз расмиёт қувваи юридикӣ пайдо менамоянд, бояд бисёр мукаммалу арзишманд ва пухтаю суфта бошанду солҳои зиёд барои давлат ва ҷомеа хизмат карда тавонанд. Қонунҳо ҳам умр доранд ва муддати зиёд ба давлату ҷомеа хизмат кардани он аз таҷрибаю масъулиятшиносии мақоми қонунбарор, сатҳу сифати қонун гувоҳӣ медиҳад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» аз 10 боб ва 62 модда иборат буда, бо мақсади мутобиқ намудани он ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», инчунин, пурра ба танзим даровардани муносибатҳои хизмати ҳарбӣ, аз ҷумла даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ, таҳия гардидааст.

Қонуни нав дар заминаи меъёрҳои қонуни амалкунанда, омӯзиши таҷрибаи пешқадами ҷаҳон ва бо дарназардошти хусусияти миллию таърихии миллати тоҷик таҳия гардидааст. Қонун тартиби нави хизмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ пешбинӣ намудааст. Айни ҳол шаҳрвандони дар ҳайати эҳтиётӣ қарордошта бинобар синну соли ниҳоии дар ҳайати эҳтиётӣ будан кам шуда истодаанд. Ин омил ҳангоми сафарбарӣ ё ҳолати ҷангӣ пуррагардонии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо мақсади таъмини амнияти кишвар то андозае ба мушкил мувоҷеҳ менамуд. Бинобар ин, татбиқ намудани чунин намуди хизмати ҳарбӣ ба зиёд гардидани шаҳрвандони ҳайати эҳтиётӣ ва ҷалби бештари ҷавонон мусоидат намуда, саркашии онҳо аз иҷрои вазифаи конститутсионӣ бартараф мегардад. Тартиб ва андозаи маблағи хизмати ҳарбии мазкурро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Зимнан, дар қонуни мазкур ҷиҳати басанда будани афсарони ҳайати эҳтиётӣ ва ба танзим даровардани фаъолияти кафедраҳои ҳарбии назди муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти олӣ, ба хатмкунандагони кафедраҳои ҳарбӣ додани рутбаи ҳарбии афсарӣ пас аз адои 12 моҳи хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок пешбинӣ шудааст. Ҳар шахсе, ки бо пардохти маблағ аз хизмат озод шуд, сарбози захиравӣ ба шумор меравад.

Қонуни мазкур муҳлатҳои зерини хизмати ҳарбиро муқаррар менамояд: хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок дар вазифаи сарбозон ва сержантҳо — 24 моҳ ва барои шахсони дорои таҳсилоти олии касбӣ — 12 моҳ, хизмат дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ дар вазифаи сарбозон ва сержантҳо — 1 моҳ, аз рӯи даъват дар вазифаҳои афсарон — 24 моҳ, бо тартиби ихтиёрӣ дар вазифаҳои сержант, прапоршик ва барои хизматчиёни ҳарбии ҷинси зан — 3 сол, хизмат бо тартиби ихтиёрӣ дар вазифаҳои афсарон — 5 сол, хизмат барои афсароне, ки муассисаҳои таълимии ҳарбии таҳсилоти олии касбиро хатм намудаанд — 10 сол ва барои афсарони хатмкардаи чунин муассисаҳои сохтори амнияти миллӣ ва хадамоти махсус на камтар аз — 15 сол.

Бояд зикр намуд, ки дар шароити ҳозира то 18 моҳ ё 12 моҳ кам кардани муҳлати хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок аз лиҳози нигоҳ доштани сатҳи баланди омодабошии ҷангӣ ва омилҳои иқтисодӣ ба мақсад мувофиқ намебошад. Дар кишварҳое, ки муҳлати хизмати ҳарбиашон 12 ё 18 моҳ аст, хизмати ҳарбии шартномавӣ ҷорӣ гардида, сатҳи омодабошии ҷангӣ аз ҳисоби ҳамин ҷузъу томҳо, ки зиёда аз 50 фоизи шумораи умумиро ташкил медиҳанд, нигоҳ дошта мешавад. Инчунин, то 18 моҳ кам кардани муҳлати хизмати ҳарбӣ, бо назардошти хусусияти таъминоти ақибгоҳӣ (муҳлатҳои истифодабарии сарулибос ва дигар амволи шайъӣ), хароҷотро то 30 фоиз зиёд менамояд.

Ба масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандон ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои ҳарбӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, чорабиниҳои бақайдгирии ҳарбӣ ва омӯзиши пешаздаъватӣ, иштирок дар ҷамъомадҳои ҳарбӣ, муоинаи тиббӣ, ташхис ва табобат, тайёрии ҳатмӣ ба хизмати ҳарбӣ, гирифтани ихтисоси бақайдгирии ҳарбӣ ва машғул шудан бо намудҳои варзиши ҳарбию амалӣ тибқи роҳхати комиссариатҳои ҳарбӣ ройгон аз ҳисоби буҷетҳои дахлдор амалӣ мешаванд. Инчунин, нигоҳ доштани ҷои кор ва омӯзиш бо пардохти музди миёнаи меҳнат ва ҷуброни хароҷот вобаста ба сафар дар давраи иштирок дар ин чорабиниҳо, бо тартиби пешбининамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кафолат дода мешавад.

Қонун доираи шаҳрвандонеро, ки аз даъват ба хизмати ҳарбӣ озод мебошанд, муайян намудааст. Шаҳрвандоне, ки бинобар вазъи саломатӣ ғайриқобили хизмати ҳарбӣ дониста шудаанд, дар дигар давлат хизмати ҳарбиро ё ба он баробаркардашударо, инчунин, хизмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ адо кардаанд, бо ҳукми суд аз озодӣ маҳрум шудаанд, ба хизмати ҳарбӣ даъват намешаванд.

Шаҳрвандоне, ки падар (модар), баро­дарашон (хоҳарашон) ҳангоми адои хизмати ҳарбӣ вафот кардаанд ё маъюби гурӯҳҳои 1 ва 2 гардидаанд, онҳое, ки дар оила писари ё писархонди ягона мебошанд, инчунин, шахсони дорои унвони номзади илм, доктори фалсафа, доктор аз рӯи ихтисос, доктори илм ва доктори ҳабилитат мебошанд, ҳуқуқ доранд аз даъват ба хизмати ҳарбӣ озод шаванд. Ҳамчунин, муҳлати даъват ба хизмати ҳарбии шаҳрвандоне, ки муваққатан ғайриқобили хизмати ҳарбӣ дониста шудаанд, ба нигоҳубини узви оилаи ба кумак эҳтиёҷдошта машғул мебошанд, дар ҳолати набудани шахсони дигар, ки тибқи қонун уҳдадоранд ба нигоҳубин машғул шаванд, онҳое, ки дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ таҳсил менамоянд, ба тарбияи кӯдаки аз модар маҳруммондаашон машғул мебошанд ва шахсоне, ки нисбат ба онҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст, то бартараф гардидани шартҳои зикргардида ба таъхир гузошта мешавад.

Даъватшавандае, ки модараш ба ғайр аз ӯ ду фарзанди ноболиғро танҳо тарбия менамояд, вакилони Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, донишҷӯёне, ки бори аввал дар шуъбаҳои рӯзонаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи дараҷаи бакалавр ё мутахассис таҳсил менамоянд, омӯзгороне, ки дорои маълумоти олии омӯзгорӣ буда, дар муассисаҳои таҳсилоти умумии деҳот ва онҳое, ки таҳсилоти олии тиббӣ дошта, дар муассисаҳои таҳсилӣ ё тиббии деҳот кор мекунанд, шаҳрвандоне, ки ду ва зиёда фарзанд доранд, барои ба таъхир гузоштани муҳлати даъват ба хизмати ҳарбӣ ҳуқуқ доранд.

Матни Савганди ҳарбӣ, ки қаб­лан дар Оинномаи хизмати дохилии Қувваҳои Мусаллаҳ дарҷ гардида буд, дар таҳрири нав тасдиқ карда шуд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳавасманд гардонидани шаҳрвандон барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҷолибияти хизмати ҳарбӣ пайваста чораҳо меандешад. Аз ҷумла, ба шахсоне, ки баъди хизмати ҳарбӣ хоҳиши таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ доранд, зимни супоридани тест дар Маркази миллии тестӣ холҳои иловагӣ дода мешаванд. Инчунин, марказҳои шуғли аҳолии шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд, ки онҳоро бо ҷои кор ва кумакпулӣ таъмин намоянд.

Бино ба талаботи қонун минбаъд дар мақомоти судӣ, прокуратура, гумрук, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва хадамоти иҷро шахсоне ба кор қабул мешаванд, ки хизмати ҳатмии ҳарбии муҳлатнокро адо намудаанд. Зарурати ҷорӣ намудани чунин меъёр ба ғайр аз асосҳои дар боло овардашуда боз дар он аст, ки тибқи нақшаҳои мудофиаи давлат ва сафарбарӣ, мақомоти зикршуда дар давраи таҳдиди хатари ҷанг ё ҳолати ҷанг доир ба ташкил ва таъмини мудофиаи давлат ва гузаронидани чорабиниҳои сафарбарӣ вазифаҳои мушаххас дошта, бояд кормандони онҳо дорои дониши умумии ҳарбӣ ва маҳорату малакаи ҷангӣ бошанд.

Ҷомеаро идора намудани қонунҳо имрӯз ба аксиома табдил ёфтааст. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» маҳз барои бартараф намудани як зумра мушкилот равона шудааст.

Зубайдулло ДАВЛАТОВ,

ходими калони илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

Мактабе, ки муҳассилаш будан ифтихор аст
- Оҳҳҳ, — нидо карданд Пешвои миллат, замоне ки дар ноҳияи Сангвор расми якҷо бо модари бузургворашон наққошишуда эҳдо шуд. Расмро бӯса карданду гуфтанд: «Сабабгори хондани ман модарам аст. Падарам иҷозат надоданд, танҳо мемонам гуфта. Модарам гуфт, ки аз тани бачам низ кор мекунам, тамоми корҳои хоҷагиро иҷро менамоям. 12 сол падарамро, ки бистарӣ буданд, хеле хуб нигоҳубин карданд. Бисёр заҳмат кашиданд, ҳафт ятими аз акаву додарҳо мондаро ба воя расонданд, хонадор карданд. Модарам вақте сухан мегуфтанду насиҳат мекарданд, маслиҳат медоданд, мегуфтӣ академик аст… Сухане, ки модар ба фарзанд мегӯяд, касе гуфта наметавонад. Он суханоне, ки ман аз модар шунидам, аз касе нашунидаам. Ҳар фарде, ки дуои неки падару модарро гирифта бошад, ҳаҷаш қабул аст. Вобаста ба ғамхорӣ дар ҳаққи волидон бояд баҳонаҳои ман вақт надорам, серкорам набошад. Ҳамаи моро маҳз модар ҳаст кардааст, пайғамбар низ аз домони поки модар ба дунё омадааст».

Ин намунаи ягонаи қадршиносиву самимият ва эҳтирому ихлоси Роҳбари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба модарашон ва дар симои ӯ ба занону модарони тоҷику тоҷикистонӣ нест. Мо ба риққат омадани Пешвои миллат, хоса дар чашмонашон ашк ҳалқа заданро замони ифтитоҳи пайкараи модар дар фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд хуб дар хотир дорем. Ҳолати дигар соли 2023, вақти ироаи Паёмашон ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат, ба амал омад. Шоҳид будам, ки вақте Пешвои миллат дар бобати модар бо самимияту эҳтироми хоса сухан гуфтанд, аҳли толор ашк рехтанд. Бидуни муболиға метавон гуфт, ки маҳз таъкиди ҳамонвақтаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон — «Мову шумо на фақат дар як Рӯзи Модар, яъне 8-уми март, балки бояд ҳамеша ва доимо нисбат ба модарону хоҳарону духтарони худ ғамхору меҳрубон бошем» рафоқату муҳаббатро дар ҷомеа нисбат ба зан-модар афзун кард. Зимни ироаи Паёми соли гузашта низ ба ин масъала таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, минҷумла зикр шуд, ки «Хурдсолитона ба ёд оред, чӣ гуна аз модар суханони меҳрубонона шунидед ва чӣ гуна ғамхорӣ дидед. Он меҳрубоние, ки модар ба фарзанд мекунад, ягон шахси дигар карда наметавонад».

Ҳолати таваҷҷуҳбарангезу ҷолиб ҳангоми сафарҳои кории Пешвои миллат ба манотиқи гуногуни мамлакат зиёданд. Хоса, ба пешвози Роҳбари мамлакат баромадани модари солхӯрдаи бадахшонӣ ва муоширати фарзандвори муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ӯ, суханронии одӣ, вале бениҳоят самимии модари дарвозӣ дар ҳузури Пешвои раиятпарвари миллат бениҳоят таъсирбахшанд. Дар маҷмуъ, чунин мисолҳо хеле зиёданд.

Чунин руҷуъ доштани матлаб рамзу ҳикмати хос ва мақсади мушаххас дорад. Сухан сари мавҷудияти боз як мактаби дигари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меравад. Дар бораи мактаби сулҳофарӣ, ҷасорату мардонагӣ, сиёсатмадорӣ, ­бун­ёд­корӣ, қонунофарӣ ва тарбияи фарзанди ин абармард таълифот шудааст. Мактаби дигаре ҳаст, ки мутаассифона, то ин вақт аз мадди назари пажӯҳишгарон, шоиру нависандагон — аҳли зиё то андозае дур мондааст. Ин мактаби эҳтиром ва самимияту муҳаббати фарзанд ба модар буда, беназир, намунаи ибрат ва арзандаи ситоиш аст. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо бунёд гузоштани ин мактаб эҳтирому ихлоси беандозаи фарзанду модарро ба маъраз гузоштанд, мақому манзалати занонро таври бесобиқа боло бурданд ва аҳли ҷомеаро даъват намуданд, ки ба ин амали нек пайравӣ намоянд.

ФАРМОНЕ, КИ ЗАНОНРО ФАРМОНРАВО КАРД

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», ки соли 1999 содир шудааст, аз аввалин ибтикороти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, ба маънои рамзиаш занони кишварро сари фармон овард. Муболиға нахоҳад буд, агар гӯем, ки дар ягон кишвари олам мисли давлати мо занон мавриди таваҷҷуҳу дастгирӣ қарор надоштанду надоранд. Қаб­лан, аз ҷумла, дар замони шуравӣ зани тоҷик он мақому манзалатеро надошт, ки ҳоло дорад. Хуб дар хотир дорем, ки он айём аксар занони курсинишин намояндагони миллатҳои ғайр буданд.

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ягона давлатест, ки Сарвараш чунин фармонро содир кардааст. Ин ҳуҷҷати муҳим барои таҳия, қабул, ҷонибдорӣ ва мавриди амал қарор гирифтани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», Кодекси оила, «Барномаи давлатии самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ замина гардид.

Шурӯъ аз ҳамон вақт таъмини ҳуқуқ ва имкониятҳои баробари мардон ва занон қисми таркибии сиёсати давлатӣ интихоб ва эътироф гашт, ки он дар «Барномаи давлатии самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» возеҳу равшан инъикос ёфтааст. Дар маҷмуъ, дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба хотири ҳифзи манфиатҳои ҳуқуқии занону духтарон қариб 30 ҳуҷҷати муҳими давлатӣ қабул шуда, Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2014 узви Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан гардид.

КВОТА ВА ДИГАР ИМТИЁЗҲОИ МАКТАБИ ПЕШВО

Ба шарофати мактаби Пешвои миллат шумораи занон дар вазифаҳои роҳбарикунандаи давлатӣ зиёд шуд. Барои дастгирии занону духтарон дар зинаҳои гуногун квота ва имтиёзҳо муқаррар гардид, ки яке аз роҳҳои таъмин намудани баробарҳуқуқии занону мардон маҳсуб шуда, моҳиятан файзу ­баракати мактаби Пешвои миллатанд.

Агар ба далелу арқоми он вақт мутаваҷҷеҳ шавем, соли 2005 занон 7,6 фоизи ҳайати роҳбарикунандаи мақомоти идоракунии давлатӣ, 8,1 фоизи кормандони вазоратҳо ва кумитаҳои давлатӣ, 13,8 фоизи ҳайати роҳбарикунандаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медоданд. Маҳз дар ин давра намояндагии занон дар сохторҳои ҳокимияти иҷроия ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот – ҷамоатҳо тамоюли афзоиш касб намуд. Ҳоло дар кишвар 25 фоизи хизматчиёни давлатӣ, 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 71 фоизи кормандони соҳаи тиб, 47 фоизи кормандони соҳаи фарҳанг, 37 фоизи олимон ва 30 фоизи соҳибкоронро бонувону занон ташкил медиҳанд. Дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 278 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм кардаанд, яъне соҳиби маълумоти олӣ гардидаанд. Аз оғози ҷорӣ гардидани Квотаи президентӣ, яъне дар 28 соли охир 11 ҳазору 600 нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро бо ин квота хатм кардаанд. Илова бар ин, зиёда аз 35 ҳазор духтарону бонувон муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷиро хатм карда, соҳибмаълумот шудаанд. Алъон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар аз 214 ҳазор нафар донишҷӯ 89 ҳазор нафарро духтарон ташкил медиҳанд.

ГУРДОФАРИДҲОИ АРТИШИ МИЛЛӢ

Аз файзи самари мактаби эҳтиром ва самимияту муҳаббати фарзанд ба модар гурдофаридони тоҷик низ баҳраваранд. Занону модарони бонангу номуси мо дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ обрӯ ва шарафи мамлакатро ҳифз намуда, ба таъбири Пешвои миллат, «мисли гурдофаридҳо ба қиём баромаданд, дар таҳкими давлат, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ саҳми бисёр арзишманд гузоштанд».

Ҳоло дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ занон либоси низомӣ ба бар намуда, баробари мардон дар як саф қарор доранд. Теъдоди онҳо қариб ду ҳазор нафарро ташкил дода, дар миёни онҳо генерал ва қариб 100 нафар полковник мебошанд. Дар гузаштҳои низомӣ бонувон-хизматчиёни ҳарбӣ фаъолона иштирок мекунанд. Гурдофаридони тоҷик борҳо собит карданд, ки дар ҳифзи Ватан на камтар аз мардон метавонанд саҳим бошанд.

Дар маҷмуъ, файзи мактаби эҳтиром ва самимияту муҳаббати фарзанд ба модар, ки бунёдгузораш Пешвои миллат ҳастанд, афзуну муҳассили он будан мояи ифтихор аст. Моро мебояд суханони Пешвои миллат — «Ба ҷавонмардони миллат хотиррасон месозам, ки ба қадри шири сафеди модар ва заҳмати ӯ расед, модарону занони худро самимона дӯст доред, доимо пуштибони онҳо бошед ва коре кунед, ки модарону занони тоҷик на ашки ғаму ғусса, балки фақат ашки шодӣ резанд»-ро сармашқи зиндагии худ қарор диҳем.

Далер АБДУЛЛО,

«Садои мардум»

Қонуни виҷдони инсонӣ «Дар бораи модар»
Яке аз дастовардҳои асосии башарият офаридани қонун аст, зеро маҳз қонун тамоми соҳаҳои ҳаёти инсониро танзим мекунад. Пайдоиши қонунҳо ҳам чун дигар унсурҳои ғайримоддӣ натиҷаи ниёзи инсонҳо барои танзими муносибатҳо мебошад. Аз ин рӯ, дар тӯли таърихи дароз одамизод ба он шарафёб шуд, ки барои зиндагии босаодати худаш меъёрҳоеро муайян ва риоя намояд. Дар давлатҳои демократию ҳуқуқ­бунёд қонун «санади ҳуқуқие мебошад, ки аз ҷониби мақоми олии қонунгузори ҳокимияти давлатӣ ва ё тариқи овоздиҳии умумихалқӣ бо тартиби махсус қабул гардида, муносибатҳои муҳимтарини ҷамъиятиро танзим месозад. Қонун асоси низоми ҳуқуқии давлат­ро ташкил менамояд ва қонун нисбат ба ҳар гуна санадҳои ҳуқуқӣ қувваи баланди ҳуқуқӣ дорад».

Чун дар низоми давлатдорӣ қонун мақоми баланд дорад, мо низ дар арафаи Рӯзи Модар тасмим гирифтем, ки матлаби ҷашниро дар қолаби қонун таҳия намоем.

Қонуни мазкур дар заминаи қоидаҳои нонавиштаи ҳаёт таҳия шуда, фарогири масъалаҳои ахлоқӣ мебошад.

Моддаи 1. Мафҳуми асосӣ

Қонуни мазкур аз як мафҳуми асосӣ – Модар иборат мебошад.

Моддаи 2. Сарчашамаи ҳаёт

Модар сарчашмаи ҳаёт ва самимитарин ва меҳрубонтарин фард дар сайёраи Замин аст.

Моддаи 3. Эҳтироми Модар

Эҳтироми Модар аз масъалаҳоест, ки дар адабиёти хаттии зиёда аз ҳазорсолаи мо ҳамеша инъикос шудааст. Инчунин, дар сарчашмаҳои таърихӣ, нақлу ривоят ва устураҳои миллати мо ҳамеша зери ҳимоя будан ва аз ҷониби фарзандону дигар қишрҳои ҷомеа эҳтиром шудани Зан-Модар васф шудааст. Аз ин рӯ, моро мебояд дар эҳтироми Модар саҳлангорӣ накунем, то асолат ва рисолати мо халалдор нашавад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони занони кишвар (6 марти соли 2007) таъкид кардаанд: «Арҷ гузоштан ба мақому манзалат, қадру қимат ва иззату эҳтироми Модарону занон қарзи фарзандӣ ва фарзи имонии ҳар як инсон аст. Ин рисолатро мо дар сурате адо карда метавонем, ки ба қадри шири поки Модарон, меҳрубониву ғамхории самимии занон ва хоҳарону духтарони худ бирасем».

Моддаи 4. Бузургон дар васфи Модар

Тамоми бузургони ҷаҳон парвардаи домони Модаранд. Аз ин рӯ, Модарро бо бузургтарин суханҳо васф кардаанд. Наполеон гуфтааст, ки «Модар бо як даст гаҳвора ва бо дасти дигар дунёро такон медиҳад». Муҳаммад Ҳиҷозӣ бошад, «Ягона доваре, ки гуноҳи моро мебахшад, Модар аст», мегӯяд. Балзак таъкид кардааст, ки «Модар воситаи эҷод ва рамзи хилқат аст. Ҳеҷ гоҳ дар зиндагӣ наметавонед муҳаббате беҳтар ва воқеитар аз муҳаббати Модар биёбед».

Бузургии Модар ба ҳаддест, ки ҳеҷ сухан шаҳомати онро бозгӯ карда наметавонад. Аз ин ҷост, ки Лоиқ Шералӣ гуфтааст:

Гар шоирони олам якҷо мадеҳа гӯянд,

Як байт ҳам наарзад андар санои

Модар.

Моддаи 5. Модар – Ватан, Замин — Модар

Модар бемислу қиёс аст, ки ҳамтои ӯро касе ёд надорад. Он ҳама осору ганҷгуфторҳо дар васфи Модар танҳо ҷузъиёте аз бузургии Модар аст, ки ба чизе ташбеҳ медиҳанд. Масалан, агар сухан дар бораи меҳри Модар равад, пас гармии онро ба хуршед монанд мекунанд, аммо Модар ҳамчун зарфияти ташбеҳ ҳангоми ба забон гирифтани номи арзиши муқаддаси дигар — Ватан ба кор бурда мешавад. Чун синоним истифода шудани Ватан-Модар дар фарҳанги мо собиқаи тӯлонӣ дорад. Аз ҷумла, Абурайҳони Берунӣ дар китоби худ «Осор-ул-боқия» аз ҷашни хоси занон бо номи «Исфандормуз» ёд карда мегӯяд, ки «Исфандормуз» эзади муаккал бар замин ва эзад ҳомӣ ва нигоҳбони занони шавҳардӯст ва порсо ва дурусткор буда. Ба ҳамин муносибат ин рӯз иди занон ба шумор мерафт. Мардум ба ҷиҳати гиромидошт ба онон ҳадя дода ва бахшиш мекарданд. Занон на танҳо аз ҳадоё ва деҳишҳое бархӯрдор мешуданд, балки ба навъе дар ин рӯз фармонравоӣ мекарданд ва мардон бояд, ки аз онон фармон мебурданд. Сипиндормузд нигаҳбони замин аст ва аз он ҷо, ки замин монанди занон дар зиндагии инсон нақши борварӣ ва бордеҳӣ дорад, ҷашни Исфандгон (испандгон) барои гиромидошти занони некукор баргузор мегардад. Эрониён аз дер боз ин рӯзро рӯзи зан ва рӯзи Модар меномиданд».

Моддаи 6. Рӯзи Модар

Дар кишвари мо ҳамасола 8–уми март ҳамчун Рӯзи Модар ҷашн гирифта мешавад. Ин сана ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 3 ноябри соли 1995, №98, дар кишвари мо расмӣ шудааст, ки нишон аз таваҷҷуҳ ва арҷгузории давлат ба Модарон мебошад, аммо бузургони мо талқин кардаанд, ки барои гиромидошти Модар ҳар рӯз бояд саъй кард.

Моддаи 7. Зан-Модар таҳти ҳимояи давлат

Дар давлати соҳибистиқлоли мо — Тоҷикистон бонувон зери таваҷҷуҳи доимӣ қарор доранд. Кишвари мо дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз аввалинҳо шуда конвенсияҳои байналхалқиро «Дар бораи барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъизи занон» (26 июни соли 1993), «Дар бораи ҳуқуқҳои сиёсии зан» (14 майи соли 1999) ба тасвиб расонд. Инчунин, баъд аз Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз қабили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» қабул гардида, «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ду марҳила (солҳои 2011-2020 ва 2021-2030), «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд» дар се марҳила (барои солҳои 2007-2016, 2017-2022 ва 2023-2030) қабул ва мавриди амал қарор дода шуданд.

Моддаи 8. Модар ва фарзанд

Модар, чун бузургтарин офаридаи Худованд, тамоми ҳастиашро ба фарзанд мебахшад. Аз ин ҷост, ки «Ҷаннат дар зери қудуми модарон» гуфтаанд. Донишманде аз ин ҳадис ҳикмати зебое эҷод кардааст:

«Аз Модар пурсиданд, ки вақте биҳиштро бароят ҳадя карданд, чаро онро зери қудумат гузоштӣ?

Гуфт:

- Ба хотире, ки бо дастонам фарзандамро ба оғӯш гирам.»

Вақте Модар ҳамаи ҳастиашро ба фарзанд бахшидааст, пас фарзанд низ бояд Модарро ҳамеша азизу гиромӣ дорад.

Пас ҳастии ман зи ҳастии

ӯст,

То ҳастаму ҳаст, дорамаш дӯст.

Моддаи 9. Модар — фаришта

Фаришта сокини олами қудсист. Аз ин рӯ, бузургони мо Модарро ба фаришта ташбеҳ додаанд. Фариштаи ҳаёт. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Модар ҳамеша дар тамаддуни зиёда аз шашҳазорсолаи мо поку муқаддас аст. Воқеан, муқаддастарин сокини сайёраи замин Модар аст. Аз ин ҷост, ки ҳар лаҳза калимаи Модар вирди забони мост. Агар нафареро ба суханонамон мутмаин карданӣ бошем, қасам ба шири сафеди Модар ёд мекунем, агар дарде тану ҷонамонро азият медиҳад, Модар мегӯем.

Одам ҳама умр хонаву дар гӯяд,

Фарзанду зану ёру бародар гӯяд.

То нон ба лабаш агар расад, бепарвост,

Чун ҷон ба лабаш расид, Модар гӯяд.

Пас, мебояд фариштаи ҳаёт аз ҷониби фарзандон дар мақоми фариштагиаш нигоҳ дошта шавад.

Моддаи 10. Муқаррароти хотимавӣ

Иҷро накардани меъёрҳои қонуни мазкур, ки баргирифта аз қоидаҳои нонавиштаи ҳаёт мебошад, ҳеҷ гуна пайомади ҳуқуқӣ надорад, аммо дорои ҷавобгарӣ дар назди виҷдон мебошад. Дар назди виҷдони худ. Ба таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Ба қадри шири поки Модар нарасидан, заҳмати бедорхобиҳои ӯро фаромӯш кардан, ба Падару Модар ситам кардан ва дар пириву дармондагӣ ба қадри ранҷу азоби онҳо нарасидан бузургтарин гуноҳ аст».

Бале, агар мо хостори саодати ду ҷаҳонем, пас бояд ҳеҷ гоҳ аз заҳматҳои кашидаи Модар фориғ набошем.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»

Ёди модар
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар ситоиши зан-модар гуфтаанд: «Зиндагӣ аз модар сарчашма мегирад». Ин ҳақиқатро мо ҳар рӯз дар симои модарон мушоҳида мекунем. Вақте модар мегӯем, руҳамонро эҳсоси хубе фаро мегирад. Чунки азизу муқаддастар аз ӯ касе нест. Қиматтарин неъмати дунёст, ҳимматбаланд ва бахшояндатарин мавҷуд аст. Мисли замин танҳо ва яктост. Навозиши дастонаш бахшандаи тафреҳу давост.

Зиндагӣ моҳиятан шеър аст, ки бо аллаи модар оғоз мешавад ва бо он хотима меёбад. Дуои модар фарзандро хушбахту шуҳратёр мегардонад.

Агар ободию суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар як оила вобаста бошад, ободии ҳар хонадон аз маърифат ва тандурустии зан-модар вобаста аст. Нақши модар дар тарбия, омӯхтани забон, таъриху фарҳанг, донишҳои муосир ва умуман камолоти маънавӣ ва ҷисмонии фарзанд хеле барҷаста мебошад.

Ривоятест, ки рӯзе як нафар пеши пайғамбар меояд ва мепурсад:

- Эй расули Худо, ба кӣ хушрафторӣ кунам, киро хуб нигоҳ кунаму эҳтиром бинамоям?

Пайғамбар мегӯяд:

- Ба модарат.

Боз мепурсад:

- Баъд ба кӣ?

Пайғамбар боз мегӯянд, ки «ба модарат». Он шахс дафъаи сеюм мепурсад. Пайғамбар «боз ба модарат» мегӯяд.

Вақте дафъаи чорум мепурсад, пайғамбари гиромӣ «ба падарат» мегӯяд.

Бузургии модар боз дар он зоҳир мегардад, ки бузургтарин неъмати дунё — фарзандро ба дунё меорад. Шабу рӯз дар фик­ри он аст, ки фарзанд бузург, донишманд, ҳунарманд шавад, дар ҷомеа инсони саҳмгузор гардад.

Модари ман омӯзгори фанни химия буданд. Солам ба ҷое расида бошад ҳам, вақте дохили хона мешудам, пеш аз ҳама, модарамро мепурсидам. Гарчанде худ модар, тарбиятгар бошам ҳам, вале ба маслиҳати модарам ниёз доштам. Дар рӯзҳои ид ҳамроҳи модарам ба пухтани озуқ машғул мешудем. Мегуфтам, очаҷон чӣ хел хамири озуқро шӯрам, зеро агар ман онро шӯрам, бемаза ва агар ба гуфтаи шумо тайёр кунам, хеле бомаза мешавад. Модарам маслиҳат медоданду ман хамирро мешӯридам. Вақте додарам Фаридун аз кор меомад, мепурсидам, ки хӯрок мехӯрӣ. Мегуфт:

- Хӯрокро кӣ тайёр кардааст? Агар мегуфтам, ки ман, ҷавоб медод, ки «не, ман бо ҷӯраҳоям хӯрок хӯрдам». Агар мегуфтам, ки «модарам хӯрок пухтааст», ҳатман тановул мекард.

Аз модарам дӯхтани шероз, бофтани тӯр, ҷӯроб, омода кардани ғизою меҳмондориро омӯхтаам. Маҳз бо дуои модар ва дастгириаш ба ин мартаба расидам. Дарси фазилати инсонӣ ва хоксориро аз модарам таълим гирифтам.

Барои ҳар шахс аз даст додани модар фоҷиаи гарон аст. Модарҷон, куҷоӣ, ки сар ба китфат гузораму бо навозиши дастонат хастагиам рафъ шавад ва нерую тавон бигирам. Бо дидани симои нуронию зебоят зиндагӣ бароям рангинтар шавад, бо шунидани ҳарфҳоят ба оламу одам дилгарм гардам…

Ҳар субҳу шом пеши назарам меоӣ, модарҷон. Аммо боре ҳам дар хобам намедароӣ. Шояд аз ман хафа шуда бошӣ. Ғамзада аз хона берун мераваму бо фик­ри ту ба кор ва аз кор бегоҳӣ ба хона бармегардам, вале дарро ба рӯям намекушоӣ. Намепурсӣ, ки духтарҷон, чаро дер кардӣ, корҳоят хубанд, гушна мондӣ, хӯрок мехӯрӣ? Дигар касе мисли ту меҳрубониям намекунад, аҳволамро намепурсад. Чӣ илоҷ, бояд сабр кунам, сабре, ки аз ту омӯхтаам.

Хонаи охиратат пурнур, ҷоят ҷаннат, руҳат шод, манзили охиратат обод бод, модарҷон!

Нигина САФДАРОВА,

«Садои мардум»