Садои мардум - нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон » ШНТМ

Шаҳристон. Сокинон ба ҷойи ҳаҷ кӯдакистон месозанд
Сокинони ватандӯсти ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд маб­лағҳое, ки барои сафари ҳаҷ ҷамъоварӣ карда буданд, ихтиё­ран барои бунёди бинои иловагӣ дар назди кӯдакистони «Ғунча» сарф намуда, саҳми худро дар ободии маҳал гузоштанд.

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, зимни сафари корӣ ба ин ноҳия дар бинои иловагии кӯдакистони мазкур санги асос гузошта, бо истиқбол аз ташаббусҳои созандаи сокинон иброз дошт, ки мизу курсӣ ва дигар лавозимоти зарурии кӯдакистон аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дастрас хоҳад шуд.

Ҷ. САБОҲИДДИН,

«Садои мардум»

Қонуне, ки ҳастии моро ҳифз менамояд
Ҷумҳурии Тоҷикистон пaс aз бa дaст овaрдaни Истиқлоли дaвлaтӣ тaҳти роҳбaрии Aсосгузори сулҳу вaҳдaти миллӣ — Пешвои миллaт, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтaрaм Эмомaлӣ Рaҳмон бa мaрҳилaи нaви инкишофи тaърихӣ — бунёди дaвлaти соҳиб­ихтиёр, демокрaтӣ, ҳуқуқбунёд, ­дун­явӣ, ягонa вa иҷтимоӣ ворид гaрдидa, бaҳри тaҳкими вaҳдaти миллӣ вa сулҳу суботи комил дaр кишвaр тaмоми соҳaҳои фaъолияти ҳaёти дaвлaтию ҷaмъиятӣ сaфaрбaр гардидааст.

Кишвaри мо бaрои тaҳкими пояҳои Истиқлоли дaвлaтӣ, пойдории вaҳдaти миллӣ вa тaъмини суботи комил, инчунин, бaрои пешгирӣ ва aз бaйн бурдaн вa несту нобуд кaрдaни омилҳои мaнфии ҷомеaи имрӯзa, мaхсусaн терроризму экстремизм, пaйвaстa тaлош мевaрзaд.

Дaр ҷaҳони муосир рaвaндҳо вa зуҳуроте мaвҷудaнд, ки нa тaнҳо бa як кишвaр вa ё як минтaқa, бaлки бa тaмоми кишвaрҳои ҷaҳон вa дaр мaҷмуъ, бa кулли мaрдумони сaйёрa тaҳдид мекунaнд. Аз ҷумлаи чунин зуҳуроти номaтлуб, ки хaтaри минтaқaвию бaйнaлмилaлиро бa бор овaрдa, дaр ҳaмa минтaқaҳои олaм тaмоюли пaҳншaвӣ дорaнд, терроризм вa экстремизм мебошaнд. Ҳaрчaнд зуҳуроти мазкур нав ва мaвҷуди ин aср нестaнд, вaле дaр бaробaри aсри нaв симои нaвро бa худ гирифтa, моҳияти онҳо шaкли мутaшaккилтaру мурaккaби зоҳиршaвиро пaйдо кaрдaaст. Имрӯз вa дaр ояндa низ терроризм вa экстремизм ҳaмчун хaвфноктaрин тaҳдидҳо бaрои инсоният вa ҷомеaи бaшaрӣ боқӣ мондa, бо истифодa aз технологияи муосир, ки босуръaт рушд нaмудa истодaaст, тaрзу усулҳои нaви истифодaбaриро бa худ кaсб мекунaд. Бaрои мисол, дaр як дaҳсолaи охир сaдҳо ҳaзор нaфaр мaрдуми осоиштa қурбони aмaлҳои террористӣ вa экстремистӣ гaрдидa, ҳaзорҳо нaфaри дигaр мaъюбу корношоям шудaнд. Ҳaлокaти ҳaзорон мaрдуми осоиштaи сaйёрa, aлaлхусус қисми осебпaзири ҷомеa — зaнону кӯдaкон aз ин хaтaри мaрговaр гувоҳи он aст, ки ин aмaлу кирдори вaҳшиёнa бa кaсеву чизе рaҳм нaдорaд вa ҳaмчун вaсилaи aмaлӣ сохтaни ҳaдaфу мaқсaдҳои нопок aз ҷониби як тӯдaи aз фaрҳaнгу мaърифaт дур, бехирaд вa ҷоҳилу нотaвонбин истифодa мегaрдaд.

Сaрвaри дaвлaт муҳтaрaм Эмомaлӣ Рaҳмон aз минбарҳои созмонҳои бонуфузи бaйнaлмилaлӣ пaйвaстa иброз медорaнд, ки «терроризм бa ягон дин, мaзҳaб ё миллaт хос нест, яъне террорист вaтaн, миллaт вa дину мaзҳaб нaдорaд».

Имрӯз дaр дунё ҳaр гунa гурӯҳҳои мaнфиaтхоҳ aз нaдонистaни қонун, дониши пaсти сиёсӣ, хурофотпaрaстӣ вa пaст будaни вaзъи иҷтимоии aҳолӣ истифодa нaмудa, онҳоро бaъзaн бa содир кaрдaни aмaлҳои террористӣ ҷaлб менaмоянд. Онҳо тaмaддуни исломиро нодуруст шaрҳ додa, ҷавононро бa сӯи фaнaтизм вa экстремизм ҷaлб менaмоянд.

Бинобар ин, дaр шaроити бaрхӯрди тaмaддунҳо қaбули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дaр борaи тaрбияи вaтaндӯстии шaҳрвaндон» тақозои замони соҳибистиқлолӣ будa, бaрои рушду тaрaққиёти ҷомеa зaминaи мусоид фaроҳaм меорaд. Вожaи вaтaндӯстӣ aз нигоҳи илмҳои ҷомеaшиносӣ мaънои дӯст доштaни Вaтaн-Модaр, зодгоҳ, мaрзу буми aҷдодӣ, содиқ будaн бa хaлқу Вaтaни хеш, меҳaнпaрaст будaн вa хизмaт бa хaлқу Вaтaнро дорад. Бa иборaи дигaр, вaтaндӯстӣ пос доштaн вa эҳтироми aрзишҳои миллӣ, aрҷ гузоштaн бa фaрҳaнги миллӣ вa муaррифии кишвaр дaр aрсaи бaйнaлмилaлӣ мебошaд.

Дaр роҳи вaтaндӯстӣ тaрбия кaрдaни ҷaвонону нaврaсон яке aз вaзифaҳои aввaлиндaрaҷaи мaктaбу мaориф бa ҳисоб мерaвaд. Зиёд нaмудaни иттилооти нaврaсон оид ба дaстовaрдҳои зaмони истиқлоли кишвaр вa нaқши онҳо дaр ҳaёти имрӯзa дaр ин рaвaнд хеле бaмaврид мебошaд. Хонaндaгону донишҷӯёнро aз тaърихи Вaтaн огоҳ кaрдaн вa дaр зaмири онҳо ҷой додaни ҳисси вaтaндӯстӣ бояд бa вaзифaи aввaлиндaрaҷaи ҳaр омӯзгор тaбдил ёбaд.

Субъекти дигaри тaрбияи вaтaндӯстӣ воситaҳои aхбори омма бa шумор мерaвaд, зеро тaвaссути бaрномaҳои телевизионию рaдиоӣ пaхш кaрдaни мaводи хусусияти вaтaндӯс­тидоштa, инъикоси aрзишҳои миллӣ, тaрғиби либоси миллӣ, мaконҳои фaрҳaнгии кишвaр aз мaнфиaт холӣ нест. Бaрои рушди фaрҳaнги миллӣ бояд бaрномaҳое пешниҳод гaрдaнд, ки дaр онҳо арзишҳои фaрҳaнгии мо ­инъикос шуда бошaнд. Яке aз онҳо тaрғибу тaшвиқи либоси миллӣ бa ҳисоб мерaвaд.

Шaҳрвaндон, ки яке aз субъект­ҳои тaрбияи вaтaндӯстӣ дaр Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дaр борaи тарбияи вaтaндӯстии шaҳрвaндон» бa ҳисоб мерaвaнд, aҳaмият вa моҳияти ин қонунро дaрк кaрдa, бaрои aмaлишaвии он кӯшиш бa хaрҷ диҳaнд. Имрӯз моро мебояд бештaр aз пештaр бaҳри ободии Вaтaн сaҳми хешро гузорем. Бaрои дaр зaмири ҷaвонону нaврaсон ҷой додaни меҳри Вaтaну вaтaндӯстӣ кӯшиш нaмоем.

Ҳaр фaрди худогоҳи миллaтро зaрур aст, ки дaр тaтбиқи сиёсaти дaвлaтӣ дaр соҳaи тaрбияи вaтaндӯстии шaҳрвaндон сaҳми худро гузорaд. Чун тaрбияи вaтaндӯстӣ боиси рушди соҳaҳои aлоҳидaи кишвaр гaрдидa, дaр ҳифзи мaрзу бум, тaмомияти aрзии кишвaр вa тaъмини сулҳу осоиштaгӣ нa тaнҳо дар Тоҷикистон, бaлки минтaқa вa ҷaҳон нaқши aсосӣ мегузорaд.

Ҳaр як фaрди бошуур вa бомaърифaти ҷомеa, мaхсусaн ҷaвононро, ки аксарияти ҷaмъиятро тaшкил медиҳaнд, месaзaд бa aфкори бaрғaлaти чеҳрaҳои ноaён фирефтa нaшaвaнд, дaр ҷустуҷӯи омӯзиш, aзбaрнaмоӣ вa ғaнигaрдонии мaърифaти aхлоқӣ, ҳуқуқӣ вa сиёсии хеш бошaнд, то дaр тaҳкими суботи комили сиёсии Тоҷикистони aзиз саҳмгузор бошaнд. Чун суботу aмнияти Тоҷикистон, устувории ҷойгоҳи Тоҷикистон дaр сaтҳи ҷaҳонӣ вa aмнияту осудaгии мaрзҳои дaвлaтии Тоҷикистон бaрои ҳaр яки мо aрзиши муҳим вa кaлидӣ дорaд.

Дaр бaробaри хурӯҷи гурӯҳҳои террористӣ ҷaвононро зaрур aст, ки чун неруи пешбaрaндa, ворисони aсилу aрзaндaи миллaту дaвлaт вa созaндaгони имрӯзу фaрдои Тоҷикистони aзиз бо ҳисси бaлaнди миллӣ дaвлaти миллиaмонро ҳaмчун гaвҳaри ноёб эҳтирому ҳифз намоянд, чун неруи бузурги созaндa вa сипaри боэътимод бaр зидди ҳaмa гунa хaтaрҳо бо роҳҳои пешбининaмудaи қонунгузорӣ муборизa баранд.

Зебунисо САТТОРЗОДА,

судяи суди ноҳияи Кӯшониён

Дарси хештаншиносии бибиам
Албатта, ҳар як халқ ва миллат бо занону модарони худ фахр мекунад, лекин мо аз занону модаронамон ифтихори хоса дорем. зеро модари тоҷик бо ақлу фаросат, донишу таҷриба ва муҳаббату садоқати худ дар ҳақиқат азизтарин нигини тоҷи миллати мо мебошад».

Эмомалӣ РАҲМОН

Бибии ман шаст сол пеш ин дунёро падруд гуфтааст, аммо панду насиҳатҳояш то ба ҳол дар гӯшам садо медиҳанд. Номаш Қимат ва барои ману аҳли оилаамон ва ҳамаи онҳое, ки ӯро мешинох­танд, воқеан, шахси қимат ва қадрдон маҳсуб мешуд, зеро «Накукору ба кас роҳатрасон буд».

Тӯли фаъолияти эҷодиам якчанд маротиба дар бораи бибии Қимат лавҳаю мақолаҳо навишта, ҳар куҷо, ки имкон шуд, ӯро тавсиф ва ифтихору шукрона мекунам, ки дар оғӯши ин зани бо ақлу фаросат, ҳикмату адолату хоксору нексиришт ва модари меҳрубонам Сайёра парвариш ёфтам. Насиҳату тарбияи онҳо роҳнамои зиндагиам гаштаанд. Маро ҳар лаҳза хумори суҳбати ин ашхоси бароям бисёр азиз мегирад.

Ҳоло, ки мо рӯзу шаб телевизор мебинему аз шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам филму наворҳои гуногун тамошо мекунем ва телефони мобилиро як лаҳза аз худ дур намесозем, таъкиди бибиам ба ёдам мерасад. Солҳои шастуми асри ХХ, вақте ман тахминан 7-8-сола будам, ба мағозаи деҳаи мо ду телевизори тамғаи «Рекорд» ворид шуд. Падарам муаллим буд ва яке аз ин телевизорҳоро харида, ба хона овард. Барои тамошои «оинаи нилгун» ҳар шаб ҳамсояҳо ба хонаи мо меомаданд. Вале бибиам ба хонаи телевизордор намедаромад. Баъзан мо — бачаҳо ҳангоми дар гирди дас­турхон якҷоя нишастан шӯхӣ карда, оҳиста телевизорро дармегирондем, вай зуд рӯяшро бо рӯймолаш печонда, аз сари дастурхон мехест ва ҳамон рӯз қаҳр карда, ба он ҳуҷра намедаромад. Ба мо рӯ оварда мегуфт: «Рӯзе мерасад, ки ин (телевизор) балои саратон мешавад!»

Ин масъаларо шарҳу тавзеҳ намедиҳам, зеро мавриди назари гуфтори мо дар ин матлаб дигар аст ва тавре дар боло ишора кардам, ҳоло ҳаётамонро бе телевизор ва дигар воситаҳои нав­тарини маишати рӯзгор тас­вир карда наметавонем, ки воқеан, гувоҳи рушду пешравӣ аст. Аммо таъсири манфии баъзе навору гуфтор ва барномаҳо, аз ҷумла дар шабакаҳои интернетӣ, хеле зиёд шуда, моро ба ташвиш овардааст. Ман ҳолиё дарк мекунам, ки бибиам як зани дақиқназару дурандеш низ буданд.

Дарси хештаншиносиро аз бибиам ва волидонам омӯхтам. Бибии Қимат доимо таъкид мекард, ки мо бояд худро шиносем, накукор бошем. Барои тақвияти гуфтаҳояш қиссаю афсонаҳои ҷолиб мегуфт. Шабҳо дар оғӯши бибиам, баъд аз шунидани афсонаҳояш, ки дар он қаҳрамонони некхислату ҳақгӯ ва шуҷоъ ба қувваҳои бадхоҳи аҳриманӣ ғолиб меомаданд, бароҳат хоб мерафтем. Субҳи дигар хушҳол мехестему кӯшиш мекардем мисли қаҳрамонони мусбати афсонаҳои бибиам бошем.

Ҳоло чӣ? Кӯдакону наврасон ва ҷавононамон то нимашаб дар даст телефони мобилӣ, банди тамошои наворҳои гуногунанд, ки оқибати ногувори онро аллакай эҳсос намуда истодаем.

Бибиам Қимат табиби хубу дардошно буд. Ҳамроҳи худ ҳамеша қиёму гулу гиёҳҳои табобатӣ дошт. Тавассути давоҳои омодакардааш иллати гулӯ, гӯш, чашм, узвҳои ҳозима ва дигар дардҳоро табобат мекард. Агар лаҳзае дар суҳбаташ менишас­тед, хастагиатон бартараф мешуд ва худро хушҳолу бардам эҳсос мекардед.

Аммо дар деҳа вақте табобатгоҳ кушоданд, ба он як духтури русро (ба фикрам номаш Машахола буд) масъул карданд. Машахола ҳам зани хуб буд, ба беморон дору мегузаронд, ҳаб медод. Акнун сокинони деҳа дар баробари кампири Қимат беморонашонро назди Машахола мебурданд ва албатта, меваю ширинӣ ва ғизоҳои беҳтаринеро, ки барои бибиам меоварданд, ба Машахола низ қисмат мекарданд, ки бибиам аз ин шод мешуд.

Кампири Қимат ҳангоми таваллуди тифлон мушфиқу муттакои модарон буд. Онҳо зимни валодат бисёр мехостанд ин кампири мушкилкушо дар барашон бошад. Аз ҳузураш неру мегирифтанд, дардашон сабук мешуд. Нигоҳубини тифли навзодро ҳам то дер ба ихтиёри ӯ мегузоштанд. Баъдан ҷои кампири Қиматро даҳҳо Машахолаю Валяапа ва Нинаойтиҳо гирифтанд… Аммо барои ман ва наздиконам ва онҳое, ки бибии Қиматро мешинохтанд, дарси хештаншиносиаш, панду насиҳатҳояш ҳамеша мушкилкушо аст.

Бурҳониддин КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»

Таҷлили Рӯзи Модар дар ноҳияи Нуробод
Ба ифтихори ҷашни Рӯзи Модар дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Фатҳуддин Солеҳзода иброз дошт, ки модар тараннумгари зебоӣ, рамзи ҷовидонаи меҳру вафо ва идомабахши насли инсон буда, дар замири фарзандон меҳри Ватан, одобу маънавиёт, эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳӣ, ҳисси миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва арҷ гузоштан ба арзишҳои инсониро ҷой медиҳад.

Занону модарон баробари иҷрои рисолати аслии хеш, яъне тарбияи насли ояндасоз, инчунин, сиёсатмадору олим, роҳбару роҳнамо, омӯзгору табиб, ҳунарманду варзишгар, соҳибкори муваффақу коршинос, рӯзноманигору коргардони касбӣ буда, дар рушди ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ, яъне ободии мамлакат саҳми босазо доранд.

- Маҳз ҳамин иродаи қавӣ, неруи созанда, ободкору тарбиятгарии занону модарони тоҷикро ба назар гирифта Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми занро дар Тоҷикистони соҳибистиқлол баланд бардошта, имконияту шароити ниҳоят мусоидро барои фаъолияти боз ҳам густурдаи занону духтарон дар ҳамаи вазифаҳои масъулиятноки давлатӣ фароҳам оварданд, — афзуд номбурда.

Диловари МИРЗО,

«Садои мардум»

Рашт. Вохӯриҳо дар маҳал идома дорад
Дар ноҳияи Рашт доир ба расондани муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинон ва татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоту вохӯриҳо хотирмону муассир сурат гирифта истодаанд.

То ҳол дар ҷамоатҳои деҳоти Ҳоиту Ясман ва Қалъанаку Навдӣ чунин вохӯриҳо гузаронида шуд.

Дар вохӯриҳо Зарина Идизода, раиси ноҳия, андешаронӣ намуда, раисони ҷамоатҳо оид ба корҳои иҷрошуда ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар соли 2025 ҳисобот манзур менамоянд.

Дар вохӯриҳо роҷеъ ба боло бурдани сатҳи иқтисодиёт, дастгирии соҳибкорон ва фаъолияти онҳо, рушд додани соҳаи саноат, афзун намудани ҳаҷми истеҳсолот таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ба ин роҳ таъмини болоравии сатҳи иҷтимоӣ, ҷалби ҷавонону наврасон ба мутолиаи китобҳои бадеӣ, касбомӯзӣ, дастгирии занон, фароҳам овардани шароити хуби зиндагӣ барои мардум, рушд додани соҳаи кишоварзӣ, ҳифзи саломатии аҳолӣ ва риояи қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди  масъулин вазифаҳои мушаххас гузошта мешавад.

Дар ин радиф, раиси ноҳия ва роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ  доир ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъмини амнияти миллӣ, ҳифзи манфиат ва дастовардҳои давлату ҷомеа, волоияти қонун баромадҳо намуда, иштирокдоронро ба ҳушёриву зиракии сиёсӣ, мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ-экстремистӣ даъват карданд.

Зарина Идизода дар фароварди чорабиниҳо таваҷҷуҳи аҳли заҳмати ноҳия ва соҳибкорони маҳаллиро ба вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Солҳои рушди иқтисодиёти рақамӣ ва инноватсия» ҷалб намуд.

Д. МИРЗО,

«Садои мардум»

«Сад ранги чакан» дар ноҳияи Рашт
Дар ноҳияи Рашт бо мақсади тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, алалхусус чакану чакандӯзӣ, порадӯзӣ, атласу адрасбофӣ, муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик, тарбияи зебоипарастӣ даври ноҳиявии  фестивали «Сад ранги чакан» баргузор гардид.

Фестивал аз рӯйи номинатсияҳои «Намоиши либоси қадимаи чакан», «Намоиши либоси кӯдакона», «Намоиши либоси расмӣ» ва «Намоиши навъҳои гуногуни сӯзанидӯзӣ» доир шуд.

Дар қисмати охири чорабинӣ  аз тарафи ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия барномаи рангини консертӣ пешкаши иштирокчиёни фестивал гардонида шуд.

Дар хотима иштирокчиён бо ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Рашт сарфароз гардонида шуданд.

Д. МИРЗО,

«Садои мардум»

Нуробод. Мусобиқаи воллейбол байни бонувон
Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод бори нахуст бахшида ба Рӯзи Модар мусобиқаи варзишӣ оид ба волейбол миёни бонувон барои дарёфти «Ҷоми Раиси ноҳияи  Нуробод» баргузор гардид.

Дар расми ифтитоҳи мусобиқа иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Нуробод Фатҳуддин Солеҳзода гуфт,  ки ҳадафи чорабинии мазкур рушди соҳаҳои варзиш, ҷалби бештари бонувон ба тарзи ҳаёти солим ва тарбияи ҷисмонӣ, мусоидат намудан ба омодасозии варзишгарзанон ҷиҳати иштирок дар сабқатҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ мебошад.

Ҳамчунин, зикр гардид, ки бо назардошти таъриху тамаддуни куҳан ва анъанаҳои миллӣ мебояд, то ба эҳёи намудҳои гуногуни варзиш, ҳифзи онҳо барои наслҳои оянда ва тарбияи занону духтарон ва наврасону ҷавонон дар руҳияи инсонпарварӣ,  таҳаммулпазирӣ ва дӯстӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоем.

Д. МИРЗО,

«Садои мардум»

Рӯдакӣ. Шарҳу тавзеҳи паём ба кормандони соҳаҳои гуногун
Дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  вохӯрӣ доир гардид.

Зимни суханронӣ раиси ноҳия Абдуғаффор Ҳикматуллозода иброз дошт, ки Паёми Президенти кишвар барои кулли сокинони мамлакат ҳуҷҷати муҳим ба шумор рафта, он дар баробари таҳлил ва баррасии фаъолияти соҳаҳои гуногун дар соли сипаригардида, инчунин, нақшаҳои амал барои рушди фаъолияти минбаъдаи соҳаҳои гуногуни мамлакатро дар бар мегирад.

- Мардуми шарафманди тоҷик бо амалӣ намудани нуктаҳои Паём ба комёбиҳои нав ноил мегардад ва дар соҳаҳои иқтисодиёту саноат, маорифу тандурустӣ ва илму фарҳанги мамлакат пешравиҳои назаррас рӯи кор меоянд. Ҳамчунин, ҷиҳати амалисозии ҳадафҳои созандаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, махсусан баҳри рушди саноати ватанӣ ва беҳзистии мардуми кишварамон қадамҳои устувор гузошта мешаванд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки дастуру супоришҳои Пешвои миллатро сармашқи кор қарор дода, якдилона ба созандаю бунёдкорӣ иқдом намоем, — афзуд раиси ноҳия.

Муҳаммад ЗОКИР,

«Садои мардум»

Корҳои ободонӣ вусъат меёбанд
Дар деҳаи Шербегиёни деҳоти Сафедчашмаи ноҳияи … бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва саҳми соҳибкорони маҳал  дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтумони  толори варзиш   оғоз гардид.

Тибқи лоиҳа толори варзиш 12 метр паҳноӣ дошта, дарозии он 24 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Чанде пеш бо саҳми соҳибкорону сокинони деҳоти Сафедчашма роҳи  деҳаи Шербегиён то деҳаи Улфатобод дар масофаи 2,2 километр тахту ҳамвор  карда шуд.

Д. МИРЗО,

«Садои мардум»

Тоҷикобод. Ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ афзуд
Соли 2024 дар ноҳияи Тоҷикобод ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 301 миллиону 239 ҳазор сомониро ташкил дод, ки дар муқоиса бо соли 2023-юм 10 миллиону 979 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Кишоварзони ноҳия соли 2024 барои таъмини амнияти озуқаворӣ 3343 тонна маҳсулоти ғалладонагӣ, 29 679 картошка, 6464 сабзавот, 6304 мева, 2216 гӯшт ва 121 тонна асал истеҳсол намуда, дар фаровонии бозорҳои мамлакат саҳм гузоштаанд.

- Дар баробари ин, бунёдкорӣ ва корҳои созандагӣ ривоҷ ёфта,тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бунёду барқарорсозии 101 иншоот дар назар аст. То имрӯз 50 иншоот сохта мавриди истифода қарор гирифтаанд,- иттилоъ дод раиси ноҳия Қадриддин Фақерзода.

Д. МИРЗО,

«Садои мардум»