Садои мардум - нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон » Тоҷикистон ва ҷаҳон

«СОМОН ЭЙР» ПАРВОЗҲОИ МУСТАҚИЛРО БА МИСР ОҒОЗ МЕНАМОЯД
11-уми май ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар ҳамкорӣ бо ширкати «АНТАРЕС» (FLY.TJ) ба шаҳри Шармушшайхи Ҷумҳурии Мисри Араб  иҷрои парвозҳои мустақимро оғоз менамояд.

Парвозҳо ҳафтае як маротиба рӯзҳои якшанбе тариқи ҳавопаймоҳои Боинг 737-800 ва Боинг 737-900 анҷом дода мешаванд. Давомнокии парвоз аз Душанбе ба Шармушшайх 5 соату 30 дақиқа ва дар бозгашт 5 соатро ташкил медиҳад.

Директори генералии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» Абдулқосим Валиев мегӯяд, ки «оғози парвозҳо ба Шармушшайх қадами муҳим дар таҳкими муносибатҳои дуҷониба байни давлатҳо мебошад. Итминон дорем, ки ин хатсайр ба рушди соҳаи сайёҳӣ, таҳкими робитаҳои иқтисодӣ ва табодули фарҳангӣ мусоидат менамояд».

Г. РАҲМОНОВА,

«Садои мардум»

Таҳкими амнияти киберӣ ва иттилоотӣ баррасӣ гардид
Дар шаҳри Тошканд аввалин вохӯрии роҳбарони хадамоти махсуси кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд, ки дар он Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, иштирок кард.

Гуфта шуд,  ки дар вохӯрӣ ба масоили таҳияи равишҳои ягона нисбат ба арзёбии таҳдиду чолишҳои рӯзмарра, инчунин, баланд бардоштани самаранокии ҳамкориҳои мутақобила дар мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва силоҳ, ҷинояткории фаромарзӣ ва таҳдидҳои киберӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир хоҳад шуд.

Дар доираи муколама ҷонибҳо тадбирҳои мушаххас оид ба таҳкими амнияти киберӣ ва иттилоотиро баррасӣ намуда, самтҳои ҳамкории минбаъдаи барои тарафайн манфиатнокро муайян карданд.

Н. МУРОДБЕКОВА,

«Садои мардум»

Баррасии татбиқи ёдошти ҳамкорӣ бо Япония
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода бо сафири Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Кейко Фурута масъалаи татбиқи Ёддошти ҳамкорӣ дар бораи асосҳои заминавии ҳамкории иттилоотӣ оид ба роҳандозии низоми захираҳои инсонии хориҷии дорои мақоми «мутахассиси соҳибмалакаи махсус»-ро баррасӣ намуданд.

Ҷонибҳо доир ба омода намудани мутахассисон тибқи талаботи бозори меҳнати Япония изҳори умедворӣ намуданд.

Ҳамчунин, самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои минбаъда муайян ва ҷиҳати таҳкими он ибрози андеша карда шуд.

Н. МУРОДБЕКОВА,

«Садои мардум»

Машваратҳои консулии Тоҷикистону Туркия
21-уми апрели соли 2025 дар шаҳри Анқара машваратҳои консулии дуҷониба миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркия баргузор гардид.

Дар ҷараёни машваратҳо масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла соддагардонии расмиёти раводид, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва кумаки ҳуқуқии мутақобила, баррасӣ шуданд.

Ҳайати Тоҷикистонро cардори Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Сафарзода роҳбарӣ кард. Аз ҷониби Туркия дар мулоқот директори генералии Вазорат оид ба масъалаҳои консулӣ ва муҳоҷират Фатма Ҷерен Язган иштирок намуд.

Наҷиба МУРОДБЕКОВА,

«Садои мардум»

Таҷлили 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Кувайт
15-уми апрели соли 2025 дар шаҳри Ал-Кувайт башхида ба 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт бо иштироки муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин ва муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт оид ба умури Осиё Самиҳ Исо Ҷавҳар Ҳаёт пазироии расмӣ баргузор гардид.

Табодули сафарҳо дар сатҳҳои гуногун, аз ҷумла муколамаи сиёсии сатҳи олӣ дар доираи сафарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Кувайт, алалхусус гуфтушунидҳо бо Амири Давлати Кувайт Аълоҳазрат Шайх Мишъал Ал-Аҳмад Ал-Ҷобир Ас-Сабоҳ барои густариши робитаҳои фарогири соҳаҳои мухталифи мавриди эҳтимоми тарафайн мусоидати назаррас менамояд.

Шоёни зикр аст, ки дар рафти пазироии расмӣ  маросими муаррифии китоб бахшида ба 30-солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ байни ҳар ду кишвар зери унвони «Тоҷикистон ва Кувайт дар тули 30 сол» сурат гирифт.

Н. МУРОДБЕКОВА,

«Садои мардум»

Гузориши бепоя ва ғаразнок
Комиссияи озодиҳои мазҳабии байналмилалӣ (USCIRF) дар гузориши солонааш, дар умум, вазъи озодиҳои диниро дар соли 2024 дар Тоҷикистон «ниҳоят бад» арзёбӣ кардааст. Муаллифон, ки бениҳоят «ғанӣ» будани тахайюлашон зери суол нест, талқин намуданианд, ки Ҳукумати Тоҷикистон дар ин сол «қонунҳои сахт­гиронаро ҷорӣ кард ва назоратро бар ҳамаи гурӯҳҳо пурзӯр намуд». Лозим ба ёдоварист, ки чунин «раддабандӣ» маротибаи аввал набуда, аз соли 2016 шурӯъ гардидааст.

Дар ҳоле ки теъдоди кӯдакони дар Ғазза кушташуда ба 15000 расидаю миллион нафари дигар овораанд, дар замоне ки ба шарофати «ниҳоят хуб» будани вазъи озодиҳои динӣ дар ҳамсоякишвар ҳуқуқи миллион кас, хоса занон, дағалона нақз шудааст, ин гуна «баҳогузорӣ»-и вазъи озодиҳои динӣ дар кишваре, чун Тоҷикистон, мазҳакаофарие беш нест. Ба таъбири Аттор:

Айби худ баъзе набинад дар ҷаҳон,

Бошад андар ҷустани айби касон.

Хуб дарк менамоям, ки дин ва масъалаҳои марбут ба он бо назардошти ҳаводиси ҷаҳони муосир ҳамеша таваҷҷуҳбарангез буда, мунтазам дар сархати расонаҳо қарор дорад. Ҳарчанд баъзе ташкилотҳои «соҳибрисолат» бо сафсатапароканӣ дар мавриди озодиҳои динӣ «офтобро бо доман пӯшонидан» мехоҳанд, вале баланд будани сатҳи диндории сокинони кишвар далели бебаҳс аст. Ин андешаи инфиродии банда набуда, натиҷаи пажӯҳиши нашрияи британии «The Telegraph» мебошад, ки тибқи он сатҳи диндории шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ баландтарин — 85 фоиз арзёбӣ гардид.

Чунин ба назар мерасад, ки ашхоси озодии эътиқод дар мамлакатамонро зери суол мебурда аз моҳияти дин ва нақши он огоҳ нестанду аксар маврид миёни дин ва хурофот фарқ намегузоранд.

Бигзор ашхоси ҳавасманд дар мавриди сиёсати Ҳукумати мамлакат андешаҳои танқид­омезашонро дар заминаи риояи мақаррароти мавҷуда бо пешниҳоди далелу рақамҳои асоснок иброз намоянд. Ин ҳаққи онҳост ва касе ба ин «ҷаноб»-ҳои «дилсӯз» монеа эҷод намесозад. Вале бо ин тарз, ки ҳадаф таҳмили андешаҳои муғризона маҳсуб мешавад, ҳаргиз қобили қабул нест.

Онҳое, ки озодиҳои динӣ дар кишвари моро «маҳдуд» арзёбӣ кардаанд, чаро намегӯянд, ки бо кадом сабаб ҷомеаи Ғарб ҳанӯз сесад сол пеш зарурати бунёди давлати дунявиро ба миён гузоштаву то ба имрӯз ба он устувор аст?

Чаро абарқудратҳо, ки гӯё ба арзишҳои динии давлатҳои мусулмоннишин «арҷгузорӣ» менамоянд, ба ҳеҷ ваҷҳ «роҳ намедиҳанд», ки онҳо дар ҷодаи эъмори давлати воқеан ҳам дунявӣ собитқадам бошанд?

Ба касе пӯшида нест, ки фарҳанги миллии тоҷикон дар ҳамбастагӣ бо арзишҳои динӣ тӯли ҳазору чорсад соли охир ташаккул ёфтааст ва роҳбарияти давлат низ ба ин даврони таърихӣ ҳамчун як ҷузъи таркибии таърихи фарҳанги миллӣ муносибат мекунад. Ҳамрадиф бо ин, фарҳанги исломии мо ҳамчун ҷузъи фарҳанги миллӣ бисёр ҷиҳатҳои арзишманд ва зиндагисоз дорад, ки истифодаи дурусту оқилонаи он метавонад барои эъмори ҷомеаи адолатпарвар ва ҳифзу таҳкими сулҳу амнияти умумӣ ва суботи сиёсии мамлакат хизмат намояд.

Таҳиякунандагони «раддабандӣ» нодида гирифтаанд, ки пас аз эълон гардидани истиқлолияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои эҳёи давлатдорӣ, фарҳанг ва арзишҳои миллӣ имкони мусоид фароҳам омад. Ҳарчанд марҳилаи аввали ин раванд хеле душвор сипарӣ шуд, вале имрӯз кишвари мо ҳамчун давлати мустақил ва иштирокчии комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ эътироф шудааст ва мақоми шоистаи худро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо кардааст. Табиист, ки дар ин ҷода муайян намудани мақоми дин дар ҷомеа аз мадди назар дур набуд.

Набояд нодида гирифт, ки раванди демократикунонии ҷомеа ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, аз ҷумла озодии виҷдон, боис гашт, ки шаҳрвандон озодона ба дин рӯй оварда, барои пайравии амалӣ аз таълимоти динӣ ва анҷоми маросими динӣ имкони васеъ пайдо намоянд. Эълони озодии виҷдон ва пайравӣ ба дин, бунёди масҷиду муассисаҳои таълимии динӣ ва ғайра сабаб гардиданд, ки таваҷҷуҳи мардум ба дин тамоюли афзоишро касб намояд.

Аслан дингароие, ки «дӯстон»-и мо ба он майл доранд, падидаи сунъӣ буда, ба хурофот рабт дорад ва дар сурати густариш пайдо намудан паёмадҳои ногувор ба бор меорад. Мо бояд фаромӯш накунем, ки солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар ҷомеа равияи нав — таври густурда тарғиб намудани бунёдгароии динӣ маъмул буд. Кор то ба ҷое расид, ки як олими маъруф ба андозаи як муллои чаласавод қадру манзалат надошт. Фурӯши густурдаи фитаҳои амри маъруф, гузаронидани тӯй ва маъракаҳо ба тарзи мазҳабӣ, нишон додани афзалияти таълими динӣ гирифтан дар хориҷи кишвар ва ғайраҳо ба «осиёб»-и чунин муллоҳо об мерехт.

Дар мавриди «нигаронӣ» вобаста ба либоси ба истилоҳ мазҳабӣ бояд мадди назар дошт, ки қисмати зиёди онҳое, ки пӯшидани чунин тарзи либосро ихтиёр намудаанд, таърих ва «моҳият»-и онро намедонанд. Роҳбари хирадсолори кишвар дар раванди таҳлили амиқу доманадори масъалаи мавриди назар минҷумла таъкид намуданд, ки «мувофиқи сарчашмаҳои илмии этнографӣ халқи мо аз қадим либосҳои зебои занона дошт ва ҳеҷ гоҳ сиёҳпӯш набуд. Дар суннати анъанавӣ низ сиёҳпӯшӣ раво нест. Шумо худатон хуб медонед, ки ҳатто либоси мотамии мардуми мо сиёҳ нест».

Тибқи иттилои мақоми ваколатдори соҳа, мусулмонони Тоҷикистон асосан пайрави мазҳаби ҳанафии аҳли суннат ва ҷамоатанд. Танҳо се дарсадро пайравони мазҳаби исмоилии ислом ташкил медиҳад. Дар кишвар беш аз 4000 масҷиди ҷомеи марказӣ, ҷомеъ ва панҷвақта, ду кумитаи рушди ҷамоатхонаҳои шиаи имомии исмоилӣ ба ҳайси иттиҳодияҳои динии исломӣ фаъолият доранд. Илова бар ин, дар кишвар намояндагони даҳҳо дину мазҳаби гуногуни ғайриисломӣ озодона зиндагӣ мекунанд, ки 68 ташкилоти динии онҳо расман сабти ном шудааст.

Дар сатҳи конститутсионӣ таъмин гаштани ҳуқуқу озодиҳои динии шаҳрвандон, эълон шудани Соли бузургдошти пешвои мазҳабии мардуми тоҷик ва аксар мусулмонони ҷаҳон — Имоми Аъзам (р), ба забони тоҷикӣ тарҷума ва нашр гаштани Қуръони карим, таъсиси Донишкадаи исломии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии қориёни Қуръон, қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ ҷорӣ шудани таълими фанни «Таърихи дин» ва ғайра идомаи мантиқии ин раванд маҳсуб меёбанд.

Муҳимтар аз ҳама, бо Фармони Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Консеп­сияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин қабул гардид, ки мақсаду вазифа ва самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи динро бо назар­дошти манфиатҳои миллӣ муайян ва танзим менамояд.

Бояд ҳатман аз он ёдовар гардем, ки меъёр­ҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамаи соҳаҳои кишвар, аз ҷумла дин, заминаи асосии ҳуқуқӣ ба шумор меравад. Моддаҳои 1, 5, 8, 10, 14, 17, 26, 30 ва 100 Конс­титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита ба самти ташаккули сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин бахшида шудаанд, ки меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Дар ин асос, меъёрҳои Конститутсия дар танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ оид ба ҳуқуқи инсон дар самти озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин мавқеи асосиро ишғол менамоянд.

Муҳим он аст, ки дар асоси талаботи моддаи 8 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттиҳодияҳои динӣ аз давлат ҷудо буда, ба корҳои давлатӣ мудохила карда наметавонанд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсиси ҳизбҳои хусусияти миллӣ ва динидоштаро манъ намудааст, ки ногузирии меъёри мазкурро дар масири таърих таҷрибаи давлатдории миллии муосири тоҷикон собит намудааст.

Санади меъёрии ҳуқуқии асосие, ки фаъо­лияти иттиҳодияҳои диниро дар Тоҷикистон бевосита танзим менамояд, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» мебошад. Тибқи он, озодии инсон ва шаҳрванд нисбат ба интихоби дин, инчунин, ба ҷо овардани маросими динӣ кафолат дода шуда, иттиҳодияҳои динӣ дар доираи низоми дохилии парастишӣ ва ғайрипарастишӣ, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф намебошанд, фаъолият менамоянд. Қонуни зикршуда муносибатҳои ҷамъиятӣ оид ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, муносибати байни давлат ва иттиҳодияҳои динӣ, инчунин, вазъи ҳуқуқии иттиҳодияҳои диниро танзим намуда, дахолат накардани давлатро ба фаъо­лияти иттиҳодияҳои динӣ, ба ҷуз аз ҳолатҳое ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст, таъмин мекунанд.

Инчунин, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Тартиби гузаронидани ташхиси давлатии диншиносӣ», «Дар бораи тасдиқи Тартиби гирифтани таълими динии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар», «Дар бораи Тартиби сафари шаҳрвандон барои адои ҳаҷ ва умра» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ташаккули сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин нақши муҳим доранд.

Набояд нодида гирифт, ки санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин нақши назаррас дошта, татбиқи онҳо бо риояи талаботи моддаи 10 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мешавад. Ба ин гуна санадҳо Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак, Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъизи нажодӣ, Конвенсия дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занон, Конвенсияи Созмони ҳамкории Шанхай бар зидди терроризм, Конвенсияи Шанхай оид ба мубориза бар зидди терроризм, ҷудои­хоҳӣ ва ифротгароӣ ва ғайра дохил мешаванд.

Тамоми шароит фароҳам аст, ки иттиҳодияҳои динӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолиятро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда, давлат ва иттиҳодияҳои динӣ дар соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва хайриявӣ, инчунин, дар масъалаҳои таъмини бехатарии ҷамъиятӣ, ҳифз ва рушди арзишҳои миллӣ ва мероси таърихию фарҳангӣ, таҳкими саломатии аҳолӣ ва пешгирии ифротгароӣ ҳамкорӣ намоянд. Ҳамкории самарабахши давлат ва иттиҳодияҳои динӣ унсури муҳими таъмини субот ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ буда, эътироф бояд кард, ки саҳми иттиҳодияҳои динӣ дар беҳбудии вазъи иҷтимоии аҳолӣ, бунёдкорию созандагӣ ва тарбияи маънавию ахлоқии аҳли ҷомеа назаррас мебошад.

Муҳим ва мантиқан дуруст аст, ки давлат барои пойдории таҳаммул ва эҳтироми байни шаҳрвандони диндору бедин, байни пайравони иттиҳодияҳои динии гуногун мусоидат намуда, ба тавсеа ёфтани таассуб, хурофот ва ифротгароӣ дар фаъолияти онҳо роҳ намедиҳад. Зеро дар шароити кунунӣ муборизаи оштинопазир бо экстремизм ва терроризм аз авлавиятҳои сиёсати дилхоҳ давлат ба шумор рафта, муносибати дуюмдараҷа ба он пайомадҳои ногувор ба бор меорад.

Бо мақсади пурзӯр намудани муқовимат ба экстремизм ва терроризм бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм» тасдиқ карда шуд, ки мақсад, вазифа ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба экстремизм ва терроризм, аз ҷумла нақши иттиҳодияҳои динӣ дар пешгирии тундгароии динӣ ва экстремизмро муайян менамояд.

Дар маҷмуъ, ҳадафи давлат аз ибтикори амалишуда фароҳам овардани шароити мусоид баҳри таҳкими робита бо иттиҳодияҳои динӣ, татбиқи кафолатҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши озодии виҷдон, таъмини баробарӣ ва таҳаммулпазирии динию мазҳабӣ, пешгирии паҳншавии ғояву ақидаҳои ҳаракату равияҳои тундрав, ба вуҷуд овардани фазои таҳаммулпазирӣ дар ҷомеа мебошад.

Аз ин бармеояд, ки «хулоса»-и USCIRF комилан бепоя ва ғаразнок аст.

Далер АБДУЛЛО,

номзади илмҳои сиёсӣ

Ҳушдоре, ки ҷаҳонро такон дод
Таъсири манфии тағйирёбии иқлим боиси вайроншавии низоми табиати сайёра гардида, ба пайдоиши мушкилоти дигар низ мусоидат мекунад. Ҳарчанд таъсири манфии тағйирёбии иқлим дар манотиқи мухталифи кураи арз ба таври гуногун ба назар мерасад, вале дар раванди мазкур аз ҳама бештар ноҳияҳои кӯҳсор осеб мебинанд.

Яке аз сарватҳои нодири бархе навоҳии кӯҳсор ва манбаи асосии оби нӯшокӣ дар манотиқи хушкӣ пиряхҳо буда, обшавии босуръати онҳо оқибати бармалои тағйирёбии иқлим мебошад. Пир­яхҳо, ки бузургтарин манбаи оби ширин дар сайёраи Замин буда, дар маҷмуъ, майдони андозаашон баробар ба масоҳати Амрикои Ҷанубӣ (Лотинӣ)-ро ишғол мекунад, пас аз анҷоми давраи яхбандии хурд (соли 1850) инҷониб таназзул ёфта истодаанд. Мутаассифона, давоми даҳсолаҳои охир обшавии пиряхҳо суръати бесобиқа касб кардааст.

Зиёда аз ин, дурнамои тағйир­ёбии иқлим то интиҳои асри XXI суръати обшавии пиряхҳоро тақвият бахшид. Мувофиқи мушоҳидаҳои метеорологӣ, ҳарорати миёнаи сатҳи сайёра тақрибан ба 15°С расидааст, ки баландтарин нишондиҳандаи ҳарорат давоми 3 млн. соли охир мебошад. Аз ин рӯ, ҳар рӯз ба ҳисоби миёна беш аз 1 млн. тонна ях об мешавад, ки ба пайдоиши тӯфон, обхезӣ ва дигар офатҳои марбут ба обуҳаво ва иқлим боис гардида, сабабгори хисороти шадиди соҳаи кишоварзӣ ва иқтисодӣ мешавад. Тибқи ҳисоби Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (FAO) ва Барномаи СММ оид ба муҳити зист (UNEP), раванди таназзули заминҳо бо суръати 6,9 млн. га/сол ҷараён дорад. Фарзи мисол, дар минтақаи Осиё зиёда аз 1,4 млрд. га замин зери хатари биёбоншавӣ қарор дошта, дар қитъаи Африка беш аз 1 млрд. га (73% заминҳои лалмӣ) аз биёбоншавӣ таъсири ҷиддӣ мебинанд.

Бо назардошти ин нукта Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим, ки 3 марти соли 2021 баргузор гардид, оид ба таъсири манфии тағйирёбии иқлим ба ҳолат ва дурнамои пиряхҳои ноҳияҳои кӯҳсор чунин ибрози андеша намуданд: «Мусаллам аст, ки тағйирёбии иқлим, пеш аз ҳама, аз ҳисоби таъсиррасонӣ ба захираҳои об ба ҳаёти ҳаррӯзаи мо дигаргунӣ ворид менамояд. Аз дидгоҳи мо яке аз нишондиҳандаҳои асосии раванди мазкур ин обшавии босуръати пиряхҳо дар натиҷаи гармшавии глобалӣ мебошад. Мутаассифона, имрӯзҳо мо босуръат об шудани яхро дар Арктика, Антарктида ва Гренландия мушоҳида менамоем. Ҳамчунин, тағйироти ҷиддӣ дар пиряхҳои воқеъ дар хушкӣ низ ба амал омада истодаанд».

Мувофиқи тадқиқоти олимон, обшавии пиряхҳои Гренландия, ки пас аз Антарктида дуюмин майдони яхбандии калонтарини сайёра ва бо масоҳати 1 710 000 км2 дар якҷоягӣ аз Фаронса, Испания ва Олмон калон мебошад, давоми 200 соли охир сатҳи оби Уқёнуси ҷаҳониро аз 48 то 160 см боло мебардорад. Агар ин тамоюл густариш ёбад, то интиҳои садсолаи XXI на танҳо инфрасохтори наздисоҳилии Арктика (бандарҳо, фурудгоҳҳо, роҳҳо), балки тамоми шаҳрҳои наздисоҳилӣ зери об монда, ҳолати мазкур зиндагии 400 млн. нафар аҳолии сайёраро хароб менамояд. Мувофиқи пешгӯии олимони Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтон, то соли 2050 ҳадди ақал 25% инфрасохтори шаҳрҳои шимолии Россия хароб гардида, хисорот аз ҳисоби обшавии қитъаҳои яхини доимӣ ва партови газҳои гулхонаӣ дар Аляска (ИМА) то соли 2099 ба 5,5 млрд. доллар мерасад.

Аз рӯйи арзёбиҳои олимон, давоми даҳсолаҳои охир пиряхҳои Арктика (ба истиснои Скандинавия ва Исландия) коҳиш ёфта истодаанд, ки ин раванд ба тамоюли мусбати ҳаҷми боришот мусоидат намудааст. Суръати обшавии пиряхҳои Арктика дар охири солҳои 90-уми асри XX афзоиш ёфта, майдони обшавӣ аз 100 км2 (солҳои 1980-1989) то 320 км2 (1997) ва 540 км2 (1998) васеъ гардидааст.

Бино ба маълумоти Барномаи мониторинг ва арзёбии Арктика (AMAP), давоми солҳои 1971-2019 ҳарорати миёнаи солонаи ҳаво дар Арктика 3,1°C афзудааст, ки нисбат ба қимати миёнаи ҷаҳонӣ се маротиба тезтар аст. Дар ин давра тағйирёбии бузургтарини ҳарорат дар уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ моҳҳои октябр-май (4,6°С) мушоҳида гардида, нуқтаи баландтарини гармшавии ҳаво (10,6°С) дар шимолу шарқи баҳри Барентс ба қайд гирифта шудааст. Дар давраи мушоҳидавӣ баландшавии гармиҳои аз меъёр зиёд ва пастшавии сардиҳои шадид бармало ба назар расида, солҳои 2000-2019 хунукиҳои қаҳратун на бештар аз 15 рӯз ба қайд гирифта шудааст. Ангораи амсилаҳои глобалии иқлим (CMIP6) нишон медиҳанд, ки ҳарорати миёнаи солонаи ҳаво дар Арктика вобаста аз ҳаҷми партови газҳои гулхонаӣ то соли 2100 нисбат ба қимати миёнаи солҳои 1985-2014 ба андозаи аз 3,3 то 10°C боло меравад. Тибқи далелҳо боришоти солона дар Арктика солҳои 1971-2019 беш аз 9% зиёд шуда бошад ҳам, бориши борон 24% афзуда, тамоюли умумии бориши барф мушоҳида нагардидааст.

Мувофиқи мушоҳидаҳои олимон, коҳишёбии зиёдтарини пиряхҳо нисбат ба ноҳияҳои қутбӣ дар қаторкӯҳҳои арзҳои муътадил ва тропикӣ, чун Помир, Тиёншон, Ҳимолой, Қафқоз, Анд, Алп, Калиманҷаро ва Кордилер, ба назар мерасад. Масалан, тибқи ҳисоботи «Арзёбии Ҳиндукуш дар Ҳимолой», ки натиҷаҳои тадқиқоти маҷмуии глятсиологӣ (яхшиносӣ)-ро фаро мегирад, то интиҳои асри XXI аз се ду ҳиссаи пиряхҳои минтақа нобуд мешаванд. Маврид ба зикр аст, ки ин гузориш пас аз гузоришҳои Гурӯҳи коршиносони байниҳукуматӣ оид ба тағйирёбии иқлим нахустин пажӯҳиши бонуфузу эътимодноки байналмилалӣ буда, натиҷаи фаъолияти муштараки панҷсолаи зиёда аз 350 муҳаққиқу коршинос аз 22 кишвар ва узви 185 созмон мебошад. Аз ин рӯ, ҳисоботи «Арзёбии Ҳиндукуш дар Ҳимолой» эътимоднок буда, тибқи пешгӯии он раванди обшавии пиряхҳои Ҳимолойро, ки манбаи муҳими об барои 250 млн. нафар аҳолии навоҳии кӯҳсор ва 1,65 млрд. нафар сокинони водию ҳамвориҳои минтақа мебошанд, ҳатто ҳадафи ниҳоии Созишномаи иқлимии Париж, яъне маҳдуд кардани гармшавии глобалӣ то 1,5°С-ро боздошта наметавонад. Агар гармшавии глобалии иқлим ва партови газҳои гулхонаӣ бо суръати кунунӣ идома ёбанд, он гоҳ ҳарорат дар Ҳимолой то соли 2100 метавонад то 4,4°С гарм шавад.

Аз рӯйи пажӯҳиши Маркази байналмилалии рушди ҳамгирошудаи кӯҳсор (ICIMOD), обшавии босуръати пиряхҳо дар баландтарин системаи кӯҳии ҷаҳон – Ҳимолой, ки чоряки аҳолии кураи арзро таҳдид менамояд, боиси обхезиҳои шадид ва ярчҳои азим дар массивҳои баландкӯҳи минтақа (аз Афғонистон то Мянма) гардида, захираи оби ширинро дар 12 дарёи бузург, ки аз 16 кишвари сераҳолии Осиё ҷорӣ мешавад, якбора коҳиш медиҳад. Ҳамчунин, маълумоти ICIMOD нишон медиҳад, ки пиряхҳо ба андаке болоравии ҳарорат хеле ҳассос буда, агар партови газҳои гулхонаӣ сари вақт коҳиш дода нашавад, офатҳои табиии марбут ба гармшавии иқлим бештар мегардад.

Марҳилаи асосии обшавии пиряхҳои минтақа солҳои 2011-2020 буда, дар ин давра, дар муқоиса ба ду даҳсолаи қабл 65% вусъат ёфтааст ва бо чунин тамоюл онҳо метавонанд дар интиҳои асри ҷорӣ 80% ҳаҷми имрӯзаи худро аз даст диҳанд. Ҳамчунин, гузориши «Об, ях, ҷомеа ва экосистемаҳо», ки дар асоси дастовардҳои охирони илмӣ таҳия гардидаву аз панҷ бахш иборат аст, бори нахуст робитаи байни криосфера, об, гуногунии биологӣ ва ҷомеаро дар мисоли минтақаи Ҳиндукушу Ҳимолой нишон медиҳад. Тибқи маълумоти гузориш, ҳарорати миёнаи ҳаво давоми солҳои 1951-2020 дар тамоми минтақа афзуда, тамоюли афзоиши он барои ҳар даҳсола +0,28°С-ро ташкил медиҳад. Ҳарорати ҳаво барои ҳар даҳсолаи давраи мушоҳидавӣ аз +0,15°C то +0,34°C (барои ҳавзаҳои алоҳида) тағйир ёфта, тамоюлоти баландтарини он дар доманакӯҳҳои Тибет, ҳавзаи дарёҳои Браҳмапутра, Амударё ва саргаҳи Меконг, Янсзи ба қайд гирифта шудааст. Тамоюли боришот бошад, ба истиснои навоҳии баландкӯҳи ҳавзаи Тарим ва баъзе манотиқи ҳавзаи Ганг, дар тамоми Ҳиндукушу Ҳимолой коҳиш ёфта, камшавии назаррас дар ҳавзаи дарёҳои Зард (Хуанхэ), Иравади ва Браҳмапутра мушоҳида карда шудааст. Дар маҷмуъ, боришот дар ҳавзаи 12 дарёи бузурги минтақа барои ҳар даҳсолаи давраи 1951-2020 аз -3% то +3% тағйир ёфтааст.

Тибқи ҳисобҳои Маркази миллии иттилооти экологии (NCEI) Идораи миллии тадқиқоти уқёнус ва атмосфераи (NOAA) ИМА, ки хисороти офатҳои табииро аз соли 1980 инҷониб арзёбӣ намуда, сабаби пайдоиши онҳоро тағйирёбии иқлим унвон кардааст, теъдоди офатҳои арзиши хисороташон беш аз 1 млрд. доллар давоми 40 соли охир афзоиш ёфта, аз се офат дар соли 1980 ба 13 ҳодиса дар соли 2010 расидааст. Мувофиқи ҳисоботи мавҷуда 43% офатҳои табиие, ки беш аз миллиард доллар хисорот овардаанд, солҳои 2010-2022 рух додаанд. Дар миқёси сайёра агар солҳои 80-уми асри XX соле 100-120 офати табиӣ рух медод, аз соли 2000-ум инҷониб тӯфон, обхезӣ ва дигар офатҳои гидрометеорологӣ ҳамасола панҷ маротиба зиёд шудааст.

Ҳамин тавр, таъсири манфии тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ, алалхусус дар Тоҷикистон, пеш аз ҳама, дар шакли кам шудани боришот дар фасли сармо, зиёдшавии рӯзҳо бо ҳарорати аз меъёр баланд, чангу ғубор ва инчунин, обшавии босуръати пиряхҳо – сарчашмаи асосӣ ва ҷузъи муҳими ғизодиҳии дарёҳои ҳавзаи баҳри Арал мушоҳида мешавад. Яъне, обшавии пиряхҳо ҳамчун мушкилоти глобалии экологӣ, маҳз дар натиҷаи гарм­шавии глобалии иқлим ба амал меояд. Дар минтақаи Осиёи Марказӣ, махсусан ҳудуди Тоҷикистон, ки яке аз манотиқи ба тағйирёбии иқлим осебпазир мебошад, бинобар афзоиши ҳарорати ҳаво, кам шудани боришот ва тағйир ёфтани амплитудаи бузургиҳои метеорологӣ захираи пиряхҳо коҳиш ёфта истодааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бамаврид таъкид карданд: «Вазъи ба ин монанд дар пиряхҳои Помир низ ба вуҷуд омада истодааст. Обшавии бузургтарин пиряхи воқеъ дар хушкӣ дар Тоҷикистон намунаи возеҳи ин гуфтаҳо мебошад. Ман пиряхи Федченкоро, ки зиёда аз 75 километр дарозӣ дорад, дар назар дорам».

Бузургтарин пиряхи минтақа ва калонтарин пиряхи кӯҳию водигии ҷаҳон – Ванҷях айни замон зери таъсири ҷиддии гармшавии иқлим қарор дорад. Зимни тадқиқот муайян шуд, ки солҳои 1976-1991 дар қисми поёнии Ванҷях 15м ва аз соли 1976 то соли 1980 ҳар соле 2,3 м фурӯ нишаста, баъдтар фурӯнишинӣ камтар гардида, дар давоми як сол ба 0,5 м расидааст. Агар соли 1979 ғафсии забони Ванҷях ба 40-50 м баробар буд, соли 1998 ҳамагӣ 20-25 метрро ташкил дод. Дар баробари ин, тағйирёбии иқлим ба пиряхҳои нисбатан хурд низ таъсири ҷиддӣ расонидааст. Мувофиқи пажӯҳиши олимони тоҷик, майдони пиряхи №583 (ҳавзаи дарёи Мурғоб) дар соли 1976 ба андозаи 0,17 км2 ва то соли 2018 ба миқдори 0,28 км2 коҳиш ёфтааст. Натиҷаи ченкуниҳо нишон медиҳанд, ки дарозии пиряхи мазкур давоми солҳои 1976-2018 ба ҳисоби миёна 139 м кӯтоҳ шудааст. Тибқи мушоҳидаҳои метеорологӣ дар минтақае, ки пиряхи №583 воқеъ гардидааст, давоми ин солҳо ҳарорати ҳаво 0,9°С афзуда, боришот 23,1 мм (28%) коҳиш ёфтааст.

Аз далелҳои болозикр бармало мегардад, ки гармшавиҳои глобалӣ ва локалии иқлим ба пиряхҳои тамоми навоҳии яхистони сайёраи Замин, аз ҷумла Тоҷикистон, таъсири манфии амиқ дорад. Дар ду даҳсолаи садаи XXI дар натиҷаи гармшавии глобалии иқлим обшавии босуръати пиряхҳо мушоҳида гардида, ҷиҳати пешгирии раванди мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатии омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо дар Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030» ба тасвиб расидааст. Барои татбиқи барномаи мазкур Ҳукумати кишвар 25367 000 сомонӣ ҷудо намудааст. Ин ҳама далели таваҷҷуҳи хосаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мушкилоти глобалии экологӣ, махсусан тағйирёбии иқлим, норасоии оби нӯшокӣ ва ҳифзи пиряхҳо мебошанд. Бо назардошти мушкилоти мавҷуда Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми навбатии ҷаҳонии худро, ки бевосита ба масъалаи ҳифзи пир­яхҳо равона гардидааст, пешниҳоди ҷомеаи ҷаҳонӣ гардонданд. Воқеан, иқдоми мазкур, чун ташаббусҳои қаблӣ, дар асоси далелҳои мушаххасу дақиқи илмӣ рӯйи кор омада, ба самти ҳалли яке аз мушкилоти глобалӣ равона гардидааст, ки дар асоси ташаббуси панҷуми Пешвои миллат Созмони Милали Муттаҳид зимни баргузории иҷлосияи 77-ум 14 декабри соли 2022 қатъномаи навбатиро таҳти унвони «Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» бо иттифоқи оро қабул намуд. Ин иқдом ҳушдоре буд, ки ҷомеаи ҷаҳониро бедор сохт ва бетараф нагузошт. Иқдоми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии 154 кишвари узви СММ пазируфта шуд. Қабули чунин як қатъномаи муфид боиси ифтихору сарфарозии тоҷикону тоҷикистониён маҳсуб мешавад.

Номвар ҚУРБОН,

номзади илмҳои техникӣ

Маъракаи даъвати баҳории ҷавонон оғоз шуд
Якуми апрели соли равон дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Чун анъана дар як қатор шаҳру ноҳияҳо нақшаи даъват дар рӯзи аввал пурра иҷро гардида, ҷавонони далеру шуҷоъ бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба адои хизмати ҳарбӣ раҳсипор шуданд.

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон боз ҳам аз аввалинҳо шуда, нақшаи даъвати баҳории ҷавонписаронро ба хизмати Ватан-Модар 101 фоиз иҷро намуд.

Раиси вилоят Алишер Мирзонабот дар назди ҳозирин баромад карда, иброз дошт, ки феълан ­насли ҷавон дар заминаи омӯзиши таърихи пурғановати худ, амиқан дарк менамояд, ки дар ҷаҳони пуртазоди имрӯза дар баробари таҳкими ваҳдати миллӣ ва ҳамгироии мустаҳками иҷтимоӣ иқтидори мудофиавии кишвар бояд тавоною муқтадир бошад. Имрӯз дар сафи даъватшудагон фарзандони масъулини мақомоту хизматчиёни давлатӣ, соҳибкорону табибон, муҳандисону коргаронро мебинем. Яъне, бо чунин муносибати масъулиятнок ва ватандӯс­тона ҷавонони мо ва умуман, мардуми Тоҷикистон, омодагию садоқати хешро барои хизмат ба Ватан нишон медиҳанд.

Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар 1-уми апрели соли равон маросими гусели наваскарон ба сафи Артиши миллӣ баргузор гардид.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо сухани табрикӣ даъватшавандагонро ба муносибати ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар пайвастан табрику таҳният гуфт.

- Ҳукумати кишвар пайваста барои таҳкими қудрати мудофиавӣ ва фароҳам сохтани шароити беҳтарини хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ тадбирҳои суд­манд меандешад. Исботи ин гуфтаҳост, ки имрӯз дар рӯзи аввали даъват тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят нақшаи пешбинишударо 100 фоиз иҷро намуда, нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра таъмин гардид. Ин даъвати дуюм аст, ки ҷавонони ғаюру диловари вилоят ихтиёран ба сафи артиш пайваста, нақшаи даъват дар вилояти Хатлон дар рӯзҳои аввал ба пуррагӣ таъмин мегардад, — афзуд раиси вилоят.

Якуми апрели соли 2025 дар Муассисаи давлатии амфитеатри «Аҳорун»-и шаҳри Душанбе чорабинии тантанавӣ ва маъракаи гусели наваскарон аз шаҳри Душанбе ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат баргузор гардид.

Муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмон Абдураҳмонзода ҳозиринро ба «Рӯзи даъватшаванда» табрик намуда, миннатдории самимии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам ­Рустами Эмомалиро ба ҷавонони навдаъватшуда ва волидайни онҳо расонид.

Дар идома иттилоъ дода шуд, ки дар рӯзи аввали даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ 456 нафар ҷавонони ватандӯсти пойтахт ба таври ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ раҳсипор гардиданд, ки 41%-и нақшаи даъватро ташкил медиҳад.

Зимни чорабинӣ модари яке аз даъватшавандагон аз номи тамоми модарон ба ихтиёриён дуои хайр дода, маросими нонгазони чорабиниро анҷом дод.

Дар идома намоиши машқҳои ҳарбӣ ва варзишӣ аз ҷониби сарбозон сурат гирифта, дар қисмати фарҳангии чорабинӣ аз ҷониби дастаҳои ҳунарӣ барномаи консертӣ пешниҳоди иштирокчиён гардид.

Субҳи 1-уми апрели соли 2025 дар қисми ҳарбии қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт маъракаи гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар доир шуд.

Дар майдони қисми ҳарбӣ даъватшавандагон аз ноҳияҳои минтақаи Рашт ба таври ихтиёрӣ барои ҳамроҳ шудан ба сафи Артиши миллӣ ҳозир гардиданд. Дар натиҷа, ноҳияҳои Сангвор, Лахш, Тоҷикобод, Нуробод ва Рашт сад фоиз нақшаи даъвати ҳарбиро иҷро намуданд.

Дар ҳамоиши идона раиси ноҳияи Рашт Зарина Идизода иброз намуд, ки мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки хизмат ба Ватан ин хизмат ба падару модар, аҳли оила, зодгоҳ ва сарзамини аҷдодӣ мебошад. Аз ин лиҳоз, ҳар яки мо бояд Ватанро дар баробари ҷони худ, мисли модари худ дӯст дорем ва онро ҷавонмардона ҳимоя ва ҳифз намоем.

Зимни ҳамоиш модари яке аз навас­карон Бикабӣ Шарифова иброз дошт, ки мо, модарони Раштонзамин, аз он ифтихор менамоем, ки фарзандони мо сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуда, барои ҳифзи марзу буми Ватани азизамон ба таври ихтиёрӣ ба сафи Артиши миллӣ ҳамроҳ гардиданд.

Раиси Ҷамоати деҳоти Аскалони ноҳияи Рашт Қиёмиддин Авродов гуфт, ки дар ин даъват ман аз ҳудуди ҷамоати деҳот аввалин шуда писари худамро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар номнавис кардам. Мо ифтихор мекунем, ки фарзандони мо барои давлату миллати хеш хизмат мекунанд.

С. СУННАТӢ,

М. ИМОМНАЗАР,

С. СУЛТОНОВ,

Д. МИРЗО,

Садои мардум»

Мирзо Турсунзода дар шинохти Чингиз Айтматов
Устод Мирзо Турсунзодаро ба унвони шоири тавоно, ходими бузурги ҷамъиятӣ ва қосиду вассофи сулҳу дӯстӣ мешиносем. Устод солҳои зиёд дар Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо ва кумитаҳои мукофотҳои ленинӣ ва давлатии Иттиҳоди Шуравӣ дар соҳаи адабиёт фаъо­лият намудааст. Давоми умри пурбаракати хеш Мирзо Турсунзода бо таваҷҷуҳ ба ҷойгоҳе, ки дар фазои фарҳангии собиқ ИҶШС доштааст, бо шахсиятҳои сиёсӣ ва илмию адабии бисёре муносибати эҷодӣ ва дӯстӣ дош­тааст, ки нависандаи машҳури қирғиз Чингиз Айтматов аз ҷумлаи онҳо мебошад.

Чингиз Айтматов дар миёни хонандагони тоҷик маҳбубият ва шуҳрати вижа дошта, дӯстдорони каломи ӯ кам нестанд. Перомуни сабку услуб, шахсияти эҷодӣ ва паҳлуҳои гуногуни осори пурқимати адабию публитсис­тии ӯ дар адабиётшиносии тоҷик мақолаву таҳқиқотҳои зиёд анҷом пазируфтаанд, ки дар муаррифии шахсияти адабии нависанда ва асарҳои ӯ хостаҳои муроҷиинро қонеъ намуда, ҷанбаҳои ҳунарии нависандагии ӯро муаррифӣ менамоянд. Ҳамчунин, дар хусуси масоили муносибатҳои адабӣ ва ҳамкориҳои ҷамъиятии нависандаи қирғиз Чингиз Айтматов бо як зумра адибону олимони тоҷик, ба монанди Мирзо Турсунзода, Муҳаммад Осимӣ, Ҷалол Икромӣ, Юсуф Акобиров, Фазлиддин Муҳаммадиев, Лоиқ Шералӣ, Муъмин Қаноат, Гулрухсор Сафиева, Акбар Турсон, Мирсаид Миршакар ва дигарон низ, баҳсҳо сурат гирифтаанд.

Ин ҳусни таваҷҷуҳ дуҷониба буда, Чингиз Айтматов низ ба адабиёти халқи тоҷик ва намояндагони илму фарҳанги мо муносибати самимонае доштааст. Аз ҷумла, адиб дар бораи устод Садриддин Айнӣ ва шоири шинохта Мирзо Турсунзода бархе мақолаю ёддоштҳо нигоштааст, аз ҷумла «Ду устод» («Два устода» (Айнӣ ва Авезов)» («Садои Шарқ»), сухани таб­рикотии адиб дар маҷаллаи «Садои Шарқ» (соли 1971 ба ифтихори 60-солагии Мирзо Турсунзода), бахшида ба 90-солагии устод Айнӣ «Гуфтор дар шаъни Айнӣ» (соли 1978 дар рӯзномаи «Коммунисти Қурғонтеппа»), мақолаи «Сарзамини шеъру адаб» (соли 1980 дар «Садои Шарқ») ва хотираю муҳаб­батномаи ӯ таҳти унвони «Инсони беназир» («Садои Шарқ», соли 1981) нашр гардидаанд. Мақолаи «Инсони беназир» баъдан аз ҷониби Хуршеда Отахонова дар маҷмуаи «Васлгари дилҳо», ки ба муносибати 70-солагии зодрӯзи Мирзо Турсунзода ба табъ расида буд, ҷой дода шудааст.

Дар ин мақола Чингиз Айтматов перомуни шахсияти адабӣ ва паҳлуҳои гуногуни хислатҳои ҳамидаи шоири бузурги тоҷик, вассофи сулҳу дӯстӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода ёддоштҳои бисёр муҳим ва дорои аҳамияти бузурги илмию адабиро иброз доштааст, ки дар шинохт ва омӯхтани чеҳраи адабӣ ва шоир барои насли кунунӣ ва ояндаи тоҷик маъхази бебаҳоест.

Табиист, ки миёни ин ду чеҳраи бузурги садаи ХХ – шоири бузургу маҳбуб, «инсони беназир» (таъбир аз Чингиз Айт­матов) ва нависандаи соҳибистеъдод ва машҳури қирғиз «Чингизи мо» (таъбир аз Мирзо Турсунзода) ­дӯстию рафоқати самимона ва эҳтироми хос мавҷуд будааст, ки барои нигош­тани чунин хотираю муҳаб­батномаи пур­арзиш замина гузоштаанд.

Чингиз Айтматов ёддоштҳои хешро аз шабнишиние, ки дар Тошканд, дар хонаи шоир Ғафур Ғулом баргузор гардида будааст, оғоз мекунад. Нависандаи ҷавон бори нахуст адибони машҳури Иттиҳоди Шуравиро дар ҳолати табиӣ ва фориғ аз расмиёт дар он шабнишинӣ мебинад, ки ин фазо ба ӯ таассуроти амиқе бахшида, рӯйдоди фараҳбахше низ будааст.

Мирзо Турсунзода солҳои зиёд раисии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро ба уҳда дошт ва дар ин муддат бисёре аз шоирон ва нависандагони навқаламро дастгирӣ намудааст, ки ин хидмати беназирест ба адабиёти тоҷик ва дар маҷмуъ, барои миллати тоҷик. Ҳамчунин, ин амр аз он шаҳодат медиҳад, ки Мирзо Турсунзода дорои хислатҳои олии инсонӣ, хайрхоҳӣ, дилу нияти пок ва олиҳимматӣ будааст. Ҳамин вижагии хислати шоир – дастгирӣ ва ёрӣ аз адибони ҷавону навқаламро Чингиз Айтматов дар симои хеш эҳсос намуда, чунин ба ёд овардааст: «Ба хотир дорам, ки Мирзо Турсунзода дар он шаб чандин бор ба ман таваҷҷуҳ ва илтифот карда, гуфт, ки дар байни мо нависандаи ҷавоне ҳузур дорад, ки аз ӯ умедҳои калон чашм дошта метавонем».

Устод Мирзо Турсунзода донандаи хуби таърихи адабиёти форсии тоҷикӣ буд ва таъсири онро дар осори шоир бахубӣ мушоҳида менамоем. Мирзо Турсунзода дар марҳалаи аввали шоириаш, баъзан, ба сабку услуби классикӣ шеърҳои тақлидӣ низ эҷод намудааст, ки онро худи шоир низ эътироф кардааст: «… Ин шеъри тақлидист, ки дар солҳои ҷавонӣ ба ғазалсароёни гузашта пайравӣ карда навиштаам:

Қадат он қадр, ҷонон, лаҳзаи рафтор мезебад,

Ки баҳри пойандозат фақат гулзор мезебад.

Ту механдию гул сад бор мегардад фидои ту,

Ту лаб во мекунию лаъл миннатдор мезебад».

Вале, баъдан, Мирзо Турсунзода сабку услуби худро пайдо намуд, махсусан дар ашъори ғиноии ӯ образҳо ва сужаҳои наву тоза пайдо шуданд, ки шоирро маҳбубу машҳур гардонданд. Ҳамин таҷрибаи хешро ба назар гирифта, устод ҳамеша ба шоирони навқаламу ҷавон маслиҳат медод, ки ба тақлиди кӯр-кӯрона дода нашуда, аз адабиёти бою ғании классикии форсу тоҷик баҳра бардошта, ашъори хешро обуранги бадеӣ дода, музайян созанд. Ба ҳамин нукта дар ёддошти Чингиз Айтматов чунин ишора шудааст: «Ӯ борҳо дар баромадҳояш, дар суҳбатҳояш бо ман гуфта буд, ки баъзе шоирони ҷавон дар бораи назми гузаштагон ё тасаввури мубҳам доранд, ё ин ки шаъшааи азамати онҳо пеши чашмонашонро гирифтааст ва бинобар ин ба классикон соф шогирдона тақлид мекунанд. Мирзо Турсунзода устоди бузург ва моҳире буд ва чӣ будани тақлиди кӯр-кӯронаро, ба тарз ва услуби гузаштагон мутобиқ кунондани назми ҳозираро нағз медонист».

Аз ёддоштҳои Чингиз Айтматов бармеояд, ки устод Мирзо Турсунзода солҳои фаъолият дар кумитаҳои мукофотҳои ленинӣ ва давлатӣ дар соҳаи адабиёт ҳеҷ гоҳ аз мавқеи худ сӯи­истифода накарда, ҳамеша кӯшиш менамудааст, ки беадолатиҳо ба амал наоянд ва шахсони арзанда сазовори ин мукофоти олӣ дониста шаванд: «Мирзо Турсунзода дар комитетҳои мукофотҳои ленинӣ ва давлатӣ эҳтироми басо зиёде дошт, вале аз ин мавқеи худ ҳаргиз сӯиис­тифода намекард, фикри худашро ба дигарон ҳатман қабул кунонданӣ намешуд. Аммо, вақте ки баромада фикр баён кардан, ақидаи худро ба миён ниҳодан, ба таклифе ислоҳ дароварданро лозим медонист ва баҳо додан ба он ё ин асар, хусусан асарҳои манзум ва драматургия, лозим меомад, сухани вай вазни махсусе дошт».

Дар бораи хислатҳои наку, табиати нарм ва одобу рафтори устод Мирзо Турсунзода бисёр гуфтаанд ва навиштаанд, дар ҳамин радиф Чингиз Айтматов чунин ибрози назар намудааст: «Дар айни замон табиати мулоим, лабхандҳои ӯ ба ҳама маълум аст. Симои вай дар хотирам ҳамин хел нақш бастааст. Вай дар ҳар як мулоқот касро бо рӯи кушода ва табассум пешвоз мегирифт».

Чеҳраи кушод ва лаби пурхандаи Мирзо Турсунзода ба инсон боварию тамкинро мебахшидааст, яъне  «ӯ ба дили кас итминон ва оромии хотир илқо мекард».

Чуноне ки дар фавқ низ зикр кардем, устод Мирзо Турсунзода аз адабиёти оламшумули форсии тоҷикӣ огоҳии зиёд дошт ва ин амр на танҳо дар ашъори шоир таъсир гузоштааст, балки нутқи ӯро низ ҷаззобу муассир гардонда буд. Ҳамин нуктаро Чингиз Айтматов дар ёддош­таш нақл намудааст, ки дар шабнишинии мазкур Мирзо Турсунзода бо дониши васеъ ва азёд донистани ғазалу порчаҳои шеърӣ аз ашъори классикон аҳли нишастро мафтун кардааст: «Мирзо Турсунзода ва Ғафур Ғулом дар донис­тани назми форсӣ гӯё ба ҳамдигар мусобиқа доштанд. Онҳо мувофиқи ҳар маврид, дар сари ҳар як гап аз адабиёт мисол меёфтанд, ривояте, ҳикояте ё аз масал нақл мекарданд».

Шоири бузург, вассофи сулҳу дӯстӣ Мирзо Турсунзода ба забони модарии хеш, арҷ ва эҳтироми хосае дошт. Дар тамоми маврид устод аввал бо забони модарӣ, яъне бо забони ширину ноби равони тоҷикӣ, бо як тарзи фавқулода зебо ва гӯшнавоз шеърҳояшро қироат мекард ва баъд ба забони русӣ: «Ӯ дар мавриди шеър хондан, аввал бо забони модарӣ хонда, баъд ба русӣ тарҷума карда додани шеърҳои худро дӯст медошт. Ман калимаҳои алоҳида, термин ва баъзе суханҳои дар забонҳоямон умумиро мефаҳмидам ва шеър хондани вай ба ман завқи махсусе мебахшид ва дар бисёр маврид ба ин фикр меомадам, ки шеърҳои вай нафақат ҳиссиётпарвар, балки ба ҳамон андоза хирадомӯз низ мебошанд».

Мусаллам аст, ки дар даврони Иттиҳоди Шуравӣ миёни кишварҳои бародар даҳаҳо ва рӯзҳои адабиёт баргузор мешуданд, ки ба муносибати онҳо дар рӯзномаю маҷаллаҳо хабару гузориш ва мақолаю муколамаҳо нашр мегардиданд ва асару китобҳои нависандагону шуарои он кишварҳо тарҷума ва чоп мешуданд. Дар Тоҷикистон низ Даҳаи адабиёти қирғиз чандин маротиба баргузор гардида буд, ҳамчунин, дар Қирғизистон низ Даҳаи адабиёти тоҷик. Аз барпо шудани чунин рӯйдоди фарҳангӣ Чингиз Айтматов чунин ёдоварӣ намудааст: «Ман боз ду мавриди мулоқоти худро бо Мирзо ба ёд меорам. Яке дар рӯзҳои Даҳаи адабиёти қирғиз дар Тоҷикистон ва дигаре дар Даҳаи адабиёти тоҷик дар Қирғизистон. Мирзо дар фурудгоҳи Душанбе ҳайати вакилони моро пешвоз гирифт ва баъд аз дар меҳмонхона ҷобаҷо шуданамон ба аҳволпурсии мо омад. Ӯ хеле мехост, ки мо чӣ хел кишвари зебо будани ин сарзамин ва чӣ хел одамони дилкушод ва хуб будани ҳамдиёронашро ҳис карда бошем».

Аз фурудгоҳ шахсан пешвоз гирифтани меҳмонон, баъд аз аҳволи онҳо хабар гирифтан, бори дигар аз хислатҳои волою инсонпарваронаи устод Мирзо Турсунзода шаҳодат медиҳад.

Боиси зикр аст, ки Чингиз Айтматов низ дорои чунин хислатҳои бузурги инсонӣ буда, шахси хоксор ва заминӣ буд. Дар робита ба ин масъа­ла донишманд Акбар Турсон, ки аз дӯстони наздики нависандаи қирғиз мебошад, дар яке аз мусоҳибаҳояш чунин гуфтааст: «Худораҳматӣ шахси ниҳоятдараҷа хоксор буд. Ҳар ду дафъаи ба меҳмонӣ омаданам худаш баромада пешвоз гирифту худаш бароварда гусел кард».

Чингиз Айтматов худро беҳад хушбахту сарфароз мешумурдааст, ки бо чунин шахсияти бузурге чун устод Мирзо Турсунзода солҳо риштаи дӯстиву ҳамкорӣ доштааст. Ӯ боз аз он сарфароз будааст, ки устод Мирзо Турсунзода ӯро бо аҳли фазлу адаби тоҷик шахсан шинос менамудааст: «Моро бо муҳаббати зиёд, бо ғамхорӣ ва ифтихор бо ҳамдиёронаш шинос мекард, дар бораи намояндагони соҳаҳои гуногуни ҳаёти халқи тоҷик гап мезад. Бо ҳамин восита, ман бо Муҳаммад Осимӣ ва бо Муъмин Қаноат ошноӣ пайдо кардам. Ӯ ба шоир Гулрухсор Сафиева низ баҳои баланд медод. Ӯ боре Гулрухсорро бо ман шиносонд. Чунон ки ҳоло мебинам, вай дар шахси шоирҳою олимони Тоҷикистон маро бо ҳамдиёрони сазовори худ шинос карда будааст. Ман бо Миршакар ҳам бо воситаи Мирзо шинос шудам».

Ҳар як шоир ва нависанда дорои сабку услуби ба худ хос мебошад ва  диққати онҳоро гоҳо бештар ягон мавзуи мушаххасе зиёдтар ҷалб мекунад. Дар бораи  Мирзо Турсунзода ҳаминро метавон гуфт, ки бебаҳс, ӯ шоири сулҳсаро ва тараннумгари дӯстию бародарӣ будааст, вале мавқеъ, озодию комилҳуқуқии занон ва дар радифи мардон фаъолият намудани онҳо ва бозтоби симои зан дар ашъори шоир низ ҷойгоҳи вижа дорад. Фарҳанги волои муносибат бо занон ва таваҷҷуҳи махсусе, ки Мирзо Турсунзода ба онҳо доштааст, дар сартосари каломи шоир мушоҳида мешавад.

Дар ин ҷо мо аз таҳлилу баррасии ашъори шоир, ки ба мавзуи зан-модар бахшида шудааст, худдорӣ намуда, танҳо ба ёддоштҳои адиби бузург Чингиз Айтматов ишора менамоем: «Вақти гап задан дар бораи занон хеле боназокат буд. Дар ин мавзуъ бо назокати тамом ва бо фасоҳати шоирона гап мезад ва ба тарзи мароқангезе фикр меронд. Ба назарам, ин ҷиҳати сазовори тақдире мебошад. Бисёр занон вайро барои ҳамин парас­тишкорона ҳурмат мекарданд, ки ӯ бо суханон, бо муомилаву рафтор ва бо маданияти ботинии худ дар дили онҳо роҳ меёфт ва шӯр меангехт».

Дар равобити адабии миллатҳои гуногун тарҷумаи осори бадеӣ нақши муассир дорад. Тарҷумаи бадеӣ асоситарин воситаест, ки миллатҳои гуногун аз адабиёту фарҳанги ҳамдигар баҳра мебаранд. Чингиз Айтматов, ҳамчунин, нукоти куллии тарҷумаи осори Мирзо Турсунзодаро ба забони русӣ матраҳ намуда, дар ин замина, андешаҳои ҷолиб ва тоза баён намудааст: «Дар бораи назми Мирзо Турсунзода гуфтан мехоҳам, ки на ҳамаи гуфтаҳои вай, чунон ки бояду шояд, тарҷума карда шудаанд. Баъзан, дар тарҷумонҳо воситаи ифода камӣ мекунад, онҳо маҳорати кофӣ ва қобилияти даркориро надоранд. Баъзан, мотивҳои хеле публитсистӣ, соф гражданӣ диққати тарҷумонҳоро ҷалб мекунад. Аммо дар айни замон, тарҷумаҳои хеле муваффақиятнок ҳам ҳастанд, ки шеърияти Мирзоро ба хонандагони соҳиби забонҳои дигар дастрас мегардонанд».

Дар ин хусус бояд зикр намуд, ки мутарҷимини тоҷик низ дар ҷараёни тарҷумаи асарҳои Чингиз Айтматов ба забони тоҷикӣ ба муваффақиятҳои назаррас ноил шудаанд ва хушбахтона, ба воситаи онҳо хонандаи тоҷик асарҳои оламшумули Чингиз Айтматов «Ҷамила» (1960), «Роҳи Каҳкашон» (1965), «Рӯбарӯшавӣ» (1965), «Алвидоъ, Гулсарӣ!» (1978), «Киштии сафед» (1978, 1984), «Дуроҳаи бӯронӣ» (1985), «Нахус­тин устод» (1988), «Пораабри сафеди Чингизхон» (2004), «Қиёмат» (2006), «Вақте ки кӯҳҳо сукут мекунанд» (2009) ва ғайраро мутолаа намудаанд.

Хулоса, Мирзо Турсунзода дар шинохти Чингиз Айтматов донандаи хуби адабиёти оламшумули форсии тоҷикӣ, посдорандаи забони нобу ширин ва шевову равони тоҷикӣ, аслҳои фарҳангию ҳунарӣ ва урфу одатҳои неки тоҷикӣ будааст, ки маҳз ҳамин унсурҳо ҳамроҳ бо фитрату сиришти азалӣ шахсияти инсонӣ ва эҷодии шоирро шакл додаанд. Аз нигоҳи Чингиз Айтматов устод Мирзо Турсунзода дили поку беолоиш дошта, ростқавлу росткирдор, поквиҷдон, сухандону кушодазабон, дурандешу оянданигар, дастгиру роҳнамо ва ғамхори истеъдодҳои ҷавон буда, дар муносибат ба атрофиён, махсусан занон, рафторҳои хубу родмардона доштааст. Аз ин лиҳоз, маҷмуи хислатҳои мазбур устод Мирзо Турсунзодаро дар тасаввури Чингиз Айтматов ба ҳайси «инсони беназир» (таъбири Чингиз Айтматов) ҷилвагар сохтааст.

Зебунисо БОБОАЛИЕВА,

н.и.ф., дотсент, муовини ректор оид ба тарбияи ДБЗТ ба номи Сотим Улуғзода

Ҳадафи ҶДРФТ тарғиби сиёсати сулҳҷӯёнаи Пешвои миллат аст
Ҷаласаи ҳисоботии Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ (ҶДРФТ) баргузор гардид.

Раиси ҷамъият Сайдулло Хайруллоев  зимни ифтитоҳи ҷаласа иброз намуд, ки ҶДРФТ ҳамчун ташвиқкунандаи сиёсати хориҷию дохилии давлат дар масъалаи муносиботи байналмилалӣ, дӯстии халқҳо ва равобити фарҳангии байни онҳо кори худро дар самти иҷрои вазифаҳои оинномавӣ, пешрафти фаъолияти ҷамъиятҳои дӯстӣ, қавитар гардонидани иртибот бо иттиҳодияҳо ва марказҳои миллию фарҳангии ақаллиятҳои миллӣ, густариши ҳамкорӣ бо сафоратҳо, ташкилотҳои байналмилалии муқими кишвар, шарикон, инчунин, сафоратҳои Тоҷикистон дар мамлакатҳои дигар анҷом медиҳад.

- Мақсади асосии ҷамъият тарғиб ва ташвиқи дӯстӣ, фарҳанг, маданият ва расму оини миллии мардумони кишварҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ва аз кишвари мо дар хориҷ мебошад. Яке аз ҳадафҳои асосии ҶДРФТ тарғиби сиёсати сулҳҷӯёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва фаъолият дар доираи арзишҳои миллию фарҳангӣ ва дипломатияи мардумӣ мебошад, — таъкид намуд Сайдулло Хайруллоев.

Муовини Раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Иброҳим  Абдуллозода иброз намуд, ки Раёсати ҶДРФТ соли сипаригардида кори худро дар самти иҷрои вазифаҳои оинномавӣ, фаъолияти ҷамъиятҳои дӯстии дар доираи он фаъолияткунанда, қавитар кардани иртибот бо иттиҳодияҳо ва марказҳои миллию фарҳангии ақаллиятҳои миллии кишвар, густариши ҳамкорӣ бо корпуси дипломатӣ ва ташкилотҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон ва дигар чорабиниҳо анҷом дод.

Аз  ҷумла, Раиси Раёсати ҶДРФТ Сайдулло Хайруллоев бо сафири Фавқулода ва Мухтори Япония дар ҶумҳурииТоҷикистонТошиҳиро Аики, сафири Фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эрлан Абдилдаев, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷи Шумин, сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Элза Пинёл, Раиси Шурои Ассамблеяи халқҳои Россия, муовини якуми Дабири кул, роҳбари Котиботи генералии Ассамблеяи халқҳои АвруОсиё ва Африқо Светлана Смирнова, Раиси Анҷумани дӯстии Эрон ваТоҷикистон Алиашраф Шабистарӣ ва дигарон мулоқот анҷом доданд.

Зикр гардид, ки соли сипаригардида дар бинои ҶДРФТ  таҳти унвони «Нақши ҷамъиятҳои дӯстӣ дар рушди дипломатияи мардумӣ» мизи мудаввар доир гардид, ки дар он меҳмонон аз давлатҳои Кувайт, Амороти Муттаҳидаи Араб, Баҳрайн, Ҳиндустон, Муғулистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва дигар кишварҳо иштирок доштанд.

Маҷаллаи «Дӯстӣ»и ҷамъият, ки бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр мешавад, дар таҳкими дӯстии халқҳо, робитаҳои хуби эҷодӣ саҳм гузошта, барои рушди ҳамкориҳои байнидавлатӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

С. СУННАТӢ,

«Садои мардум»