Садои мардум - нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон » ВМКБ

Бунёди 12 гектар боғи нави мевадиҳанда дар Шуғнон
Дар деҳаи Шитами ноҳияи Шуғнон бо иштироки раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот, роҳбарияти ноҳия, роҳбарону кормандони идораву муассисаҳои вилоятӣ ва сокинон дар майдони 12 гектар боғи нави мевадиҳанда бунёд шуд, ки дар он 15 ҳазор бех ниҳоли себ шинонда шудааст.

Ёдовар мешавем, ки дар заминаи сиёсати хирадмандонаю созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба мамлакати «сабз» табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон соли равон дар ҳудуди ноҳияҳои вилояти мазкур дар майдони даҳҳо гектар боғҳои нав бунёд шуданд. «Ин иқдоми таърихии Роҳбари олии мамлакат давра ба давра таҳким ёфта, амалисозии он аз ҳар шаҳрванди баору номус талошу ҷиддияти зиёд мехоҳад, зеро дар ҳифзи табиати зинда ва тозагии муҳити атроф ҳамаи мо масъулем», — афзуд раиси ВМКБ.

М. ИМОМНАЗАР,

«Садои мардум»

Баррасии масоили нақлиёту кишоварзии ВМКБ
Дар машварати кории раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон масъалаҳои рафти иҷрои «Барномаи мақсадноки давлатии рушди комплекси нақлиёти  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои  солҳои 2021-2025» ва «Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» дар вилоят мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Гуфта шуд, ки феълан дар ВМКБ 44 хатсайри автомобилӣ мавҷуд буда, бахусус, дар хатсайрҳои шаҳрии маркази маъмурии вилоят 230 микроавтобус, 215 таксӣ ва панҷ автобус ба мусофиркашонӣ машғуланд.

Ҳамчунин, зикр гардид, ки давоми солҳои соҳибистиқлолии мамлакат баҳри рушди соҳаи кишоварзӣ тадбирҳои зиёд андешида шуданд. Бо ин мақсад соли равон дар вилоят бунёди беш аз 22 га боғҳои нав ва барқароркунии зиёда аз 40 гектар боғҳои куҳна ба нақша гирифта шудааст.

М. ИМОМНАЗАР,

«Садои мардум»

Ванҷ. 35 иншоот ба истифода дода мешавад
Дар доираи таҷлили сазовор аз Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Солҳои рушди саноат» дар ноҳияи Ванҷ ҳудуди 90 иншооти нав сохта шудааст.

Феълан дар деҳоти Язғуломи ноҳия сохтмони чор муассисаи томактабӣ ҷараён дошта, сокинон дар бунёди онҳо саҳми бевосита гузошта истодаанд.

Тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ соли равон дар ноҳия 35 иншооти нав мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт, ки аз ин теъдод 12-то иншооти саноатӣ мебошад.

М. ИМОМНАЗАР,

«Садои мардум»

Мурғоб. Бунёди 111 иншооти ҷашнӣ
То Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи дурдасти Мурғоб 111 иншоот бунёд мегардад, ки 17 адади онҳо корхонаҳои саноатӣ мебошанд.

Тавре аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия иттилоъ доданд, ҷиҳати ба минтақаи пешрафтаи сайёҳӣ табдил додани ноҳияи Мурғоб феълан аз ҷониби Ҳукумати мамлакат тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.

Инчунин, дар марҳилаи кунунии тағйирёбии иқлим бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тайи се соли охир дар майдони зиёда аз 15 гектар замини ноҳия боғи нав бунёд гардидааст.

М. ИМОМНАЗАР,

«Садои мардум»

Ванҷ. Имсол 35 иншоот ба истифода дода мешавад
Дар доираи таҷлили сазовор аз Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Солҳои рушди саноат» дар ноҳияи Ванҷ ҳудуди 90 иншооти нав сохта шудааст.

Феълан танҳо дар деҳоти Язғуломи ноҳия сохтмони чор муассисаи томактабӣ ҷараён дошта, сокинон дар бунёди онҳо саҳми бевосита гузошта истодаанд.

Тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ соли равон дар ноҳия зиёда аз 35 иншооти нав мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт, ки аз ин теъдод 12-то иншооти саноатӣ мебошад.

М. ИМОМНАЗАР,

«Садои мардум»

ВМКБ. Баррасии натиҷаҳои рушд ва вазифаҳои асосӣ
Чанде пеш таҳти роҳбарии раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот машварати васеъ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилоят дар семоҳаи аввали соли равон ва вазифаҳо барои давраи минбаъда доир гардид.

Зимни ҷаласа гуфта шуд, ки дар ин давра иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети вилоят аз рӯи даромади худӣ 110 фоиз таъмин гардид. Таъкид шуд, ки ҳаҷми воридоти сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти вилоят мунтазам афзоиш ёфта, ба ҳолати 1-уми апрели соли 2025 дар доираи 15 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар қаламрави вилоят дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, энергетика, нақлиёт, хоҷагии манзилию коммуналӣ ва сайёҳӣ аз санаи оғози татбиқи ин лоиҳаҳо 238,9 млн. доллари ИМА барои хариди мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ азхуд карда шудааст. Теъдоди лоиҳаҳо бинобар ба анҷом расиданашон 1 адад кам гардида, маблағҳои азхудшуда бошад, 49,5 млн. доллари ИМА (539,5 млн сомонӣ) зиёд мебошад.

Дар фарҷоми ҷаласа раиси вилоят диққати раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони идораю муассисаҳоро ба вусъати корҳои ободонию созандагӣ ба хотири таҷлили сазовори 28-умин солгарди Ваҳдати миллӣ, 35- солагии Истиқлолияти давлатӣ, сари вақт ва бо сифати баланд ба истифода додани иншооти ҷашнӣ, истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ, аз даст надодани ҳушёрии сиёсию ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, пешгирии омилҳои ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои замони муосир ҷалб кард.

М. ИМОМНАЗАР,

«Садои мардум»

Бузургтар аз ҳама
Модар волотарин офариниши ҳама олам, сарманшаи ҳастӣ, мададгор, ҳамрозу ҳамдами ҷигарбанд ва маҳбубтарин барои ҳар инсон буда, ҷойгоҳи ӯро дар тамоми ҳаёт касе ва ё чизе иваз карда наметавонад. Ӯ ягона офаридаест, ки на танҳо баҳри фарзандаш, балки тамоми башар зиндагӣ карда, барои татбиқи ин рисолати муқаддасаш ранҷ мекашад.

Бале, сабуриву қаҳрамонии модар аст, ки дар як гӯшаи олам ҳазорон нафарро ба дунё меораду дар сарзамини дигаре ҳазорҳо фарзандро аз даст медиҳад. Ӯ кайҳо дарк намудааст, ки зиндагӣ бе пастию кулфату мубориза нест ва танҳо фариштаи заминӣ қодир аст, то бузургони ҳар давру олам, фарзонафарзандони миллат, паҳлавонони ғаюр ва меҳандӯс­тони асили Ватанро ба дунё ораду ба камол расонад. Аз муҳаббати бекарону пойдори модар занҷирҳои баста кушода шуда, бо дуои некаш шахс ба мартабаи бузург мерасад. Китфони нозуки модар иқтидори онро ҳам доранд, ки сангинтарину азимтарин душвориҳои сарнавиштро таҳаммул кунанд. Модарон қодиранд аҳли хуфтаро аз нокомӣ, мухолифат, ҷаҳолат, бегонапарас­тию хурофоту торикӣ бароварда, дар ҳаёти насли солим саҳифаи тозаеро боз намоянд.

Хушбахтона, Тоҷикистони азизи мо таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз кишварҳои муваффақи олам аст, ки дар он модарону бонувон мақому мартабаи олӣ доранд. Зани тоҷик имрӯз қаҳрамон-модар, роҳбари мушфиқ, олими ҷаҳондон, сиёсатмадори сатҳи байналмилалӣ, шоири шаҳир, низомии содиқ, варзишгари моҳир, омӯзгору тарбиятгари шоиста, табиби пуркор, ронандаи соҳибтаҷриба, соҳибкори муваффақ ва дигар пешаву ҷойгоҳи ифтихориро соҳиб мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои хеш таъкид кардаанд: «Аҷдоди пуршарафи тоҷикон — мардони ориёӣ ҳанӯз се ҳазор сол пеш барои ба ҷо овардани эҳтироми занону модарони худ ҷашни хосае доштаанд ва чунон ки аз гуфтаҳои донишманди бузург Абурайҳони Берунӣ бармеояд, иди занон дар сарзамини аҷдоди мо дар моҳи сеюми зимистон, ки онро исфанд мегуфтанд ва ин моҳ имрӯз низ дар тақвими баъзе халқҳои ориёӣ вуҷуд дошта, ба охири моҳи феврал ва аввали март мутобиқат дорад, ҷашн гирифта мешуд».

Бо ибораи дигар, тақрибан мутобиқ ба ҳамин рӯзҳое, ки алҳол мо ҷашн мегирем, Абурайҳони Берунӣ менависад: «Исфандормаз фариштаи ваколатдор бар замин аст ва низ ба занҳои дурусткору хайрхоҳ ваколатдор аст. Ва дар замони гузашта ин моҳ ба василаи ин рӯз иди занон будааст. Ва ин расм ҳанӯз дар Исфаҳону Рай ва дигар кишварҳои Паҳла боқӣ мондааст. Ва онро ба форсӣ «муждагирон» мегӯянд».

Маълум мешавад, ки ин таомул аз замонҳои хеле қадим тақрибан то асри XII боқӣ будааст. Ҳатто дар Рими қадим, ки дар он ҷо ҷашни занон вуҷуд дош­тааст, баъзе олимон тахмин кардаанд, ки ин расм ба он кишвар аз ватани ориёиҳо рафтааст.

ҳоло соҳае нест, ки дар он бонувон муваффақ набошанд ва ҳини мулоқот аксари бонувон иқрор мекунанд, ки ба туфайли соҳибистиқлолӣ ва дастгирии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шуғли дӯстдоштаашон машғуланд.

Муҳимтар аз ҳама, албатта, ин таҳкими маърифату ҷаҳонбинии бонувон аст, ба қавли бузургон бемаърифатии мард бар зарари ӯст, вале зан агар чунин бошад, ҳар узви ҷомеа зарар мебинад. Аз ин рӯ, сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати мамлакат низ ба он равона шудааст, ки ҷавондухтаронамон бояд соҳибмаърифату хештаншинос бошанд, то ҷомеаи мо ҳамеша солиму пешрафта бимонад. Бахусус, ҷаҳони имрӯзи зудтағйирёбанда ба бонувони хирадманд, донандаи илмҳои муосир, фарҳангпарвару равшангари масири солим ва васл­гари наслҳо ниёзи бештар дорад. Дар ҳама давру замон модарону бонувон пули иттиҳоду ҳамдилӣ, раҳму шафқат ва муҳаббату ғамхорӣ буданд, башариятро ба созишу сулҳофарӣ раҳнамун месохтанд ва ин рисолатро имрӯз ҳам набояд аз даст диҳанд.

Табиист, ки зан ё мард дар танҳоӣ мавҷудоти ноқисанд ва дар идомаю пешравии ҳаёт ҳар ду ба ҳам ниёз доранд. Танҳо ҳаммаромию иттиҳод, бофаросатию маърифатпарварӣ ва меҳру муҳаббати бепоёни онҳо ба якдигар метавонад оила, ҷомеа ва давлатро устувору побарҷо нигоҳ дорад. Биноан, фарзандонро мебояд, ки хоса дар айёми ниёзмандию солмандӣ модаронро бе касу танҳо нагузоранд, асои дасти эшон бошанд ва ба ҳеҷ ваҷҳ аз хотир набароранд: «Биҳишт зери қудуми модарон аст». Ҳарчанд наметавон ҳатто заҳмати якшабаи кашидаи модарро ҷуброн кард. Модарон бузургтар аз онанд, ки дар бораи онҳо эҷод кардаанду гуфтанду суруданду меофаранд.

Машҳур ИМОМНАЗАР,

«Садои мардум»

ВМКБ. Хоҷагиҳои деҳқонӣ соҳиби 40 техникаи кишоварзӣ шуданд
Хоҷагиҳои деҳқонии шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон соҳиби 25 мотоблоку 15 трактори муосир гардиданд.

Дар маросими тақдими техникаҳои кишоварзӣ раиси вилоят Алишер Мирзонабот изҳор намуд, ки давоми чанд сол аст бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон деҳқонони вилоят бо техникаю олоти кишоварзӣ таъмин гардида, ин иқдом минбаъд низ идома меёбад.

Инчунин, раиси ВМКБ таъкид намуд, ки минбаъд ҳар ваҷаб замини корамро самаранок истифода намуда, маҳсулоти худии аз ҷиҳати экологӣ тозаро ба бозорҳои дохил ва хориҷи мамлакат бароранд.

М. ИМОМНАЗАР,

«Садои мардум»

ВМКБ. Воридоти трактору мошинолоти нави кишоварзӣ
Бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ба кор андохтани заминҳои нав ва ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои бекорхобида ба хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 30 трактори нав ва 50 механизмҳои муосири кишоварзӣ дода мешавад.

Дар ин хусус раиси вилоят Алишер Мирзонабот иттилоъ дод, ки аллакай 15 трактор ба маркази логистикии Агентии захираҳои моддӣ дар ноҳияи Рӯшон оварда шуда, рӯзҳои наздик  ба ноҳияҳо тақсим карда мешаванд.

Таъкид шуд, ки бо назардошти чунин дастгириҳо аз ҷониби роҳбарияти олии мамлакат дар мавриди истифодаи самараноки ҳар ваҷаб замин тадбирҳои муҳиму муассир андешида мешаванд.

Роҳбари вилоят афзуд, ки соли гузашта гарчанде дар умум кори хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияҳо беҳтар буд, вале барои пурра қонеъ гардонидани талаботи истифодаи самараноки замин ҳанӯз басанда нест.

М. ИМОМНАЗАР,

«Садои мардум»

Ванҷ. Вусъати корҳои созандагию бунёдкорӣ
Ба истиқболи Ҷашни 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун, аз қабили корхонаҳои саноатӣ, толори варзиш, маркази рушди баравақтии кӯдак, инчунин, навсозии 16 км роҳи мошингарди шоҳроҳи Душанбе — Хоруғ — Кулма то маркази ноҳия  ба нақша гирифта шудааст.

Ҳоло дар деҳаи Рохарви деҳоти Маҳмадулло Абдуллоев корҳои сохтмонӣ дар парки инноватсионӣ аз ҷониби ҶДММ “Ҷовид” ва бунёди як қатор корхонаҳои дигар, аз ҷумла истеҳсоли собун, коркарди меваю лубиё ва равғани ангат оғоз гардидааст.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят иттилоъ доданд, корҳои сохтмонӣ дар толори варзиши деҳаи Убари Даргов ва корхонаи коркарди хокаи мармар идома дошта, дар ҷойи корхона иловатан се корхонаи дигар барои коркарди маҳсулоти ниҳоӣ ба кор медароянд. Айни замон 40 фоизи корҳои сохтмонӣ ба анҷом расидааст.

Дар деҳаҳои Жамак, Вишхарву Андарбак ба сохтмони кӯдакистонҳои нав ва деҳаҳои Будуну Мотравни деҳоти Язғуломи ноҳия бошад, ба бунёди марказҳои рушди барвақтии кӯдак оғоз бахшида шудааст.

Ҳукумати мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ барои таъмини рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Ванҷ аз ҳисоби буҷети давлатӣ зиёда аз 685 миллион сомонӣ равона намудааст, ки аз ин ҳисоб беш аз 100 иншооти таъиноти гуногун ба маблағи беш аз 175 миллион сомонӣ бунёд карда шуд.

Ҳамзамон, аз тарафи Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия ба маблағи 54 миллион сомонӣ 14 иншоот, аз ҷумла муассисаҳои таълимӣ, бунёду таъмир шуданд.

Имрӯз таҷдиду навсозии шоҳроҳ аз маркази ноҳияи Дарвоз то саршавии ноҳияи Рӯшон дар масофаи 93 километр ба маблағи беш аз 2 миллиард сомонӣ бомуваффақият давом дорад.

М. ИМОМНАЗАР,

«Садои мардум»