Садои мардум - нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон » Президент

Барқияи табрикӣ ба Попи Рум Роберт Фрэнсис Превост, Лео XIV
10 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Попи Рум Роберт Фрэнсис Превост, Лео XIV барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Волоҳазрат,

Сарфарозам ба Шумо табрикоту таҳнияти самимии хешро ба муносибати интихоб гардиданатон ба ҳайси Попи Рум, роҳбари тамоми Калисои католикӣ иброз намоям.

Итминон дорам, ки Тахти муқаддас таҳти ҳидоятҳои бунёдкоронаи Шумо дар роҳи татбиқи фарогири усулҳои сулҳу субот, таҳаммулпазирӣ, ризоияти умум, пешбурди арзишҳои умумибашарӣ ва муколамаи миёни тамаддунҳо   минбаъд ҳам саҳми босазо гузошта, мақому манзалати хоссаи худро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам таҳким хоҳад бахшид.

Тоҷикистон ҳамеша алоқаманди густаришу тавсеаи робитаҳои ҳасана бо Ватикан дар ҳама самтҳои мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб мебошад.

Мо омодаем, ки ба хотири идомаи ҳамкории созанда бо Ватикан, ки дар заминаи ҳамдигарфаҳмӣ, ҳусни таваҷҷуҳ ва эҳтироми якдигар роҳандозӣ гардидааст, дар оянда низ талошҳои муштараки самарабахшро ба харҷ диҳем.

Бо истифода аз ин фурсат барои Шумо сиҳатмандии бардавому саодати рӯзгор ва дар фаъолияти минбаъдаатон комёбиҳо орзу менамоям».

Барқияи табрикӣ ба Кантслери федералии Ҷумҳурии Федеративии Олмон Фридрих Мерс
10 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Кантслери федералии Ҷумҳурии Федеративии Олмон муҳтарам Фридрих Мерс барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Сарфарозам ба Шумо ба муносибати интихоб шуданатон ба мақоми олии Кантслери федералии Ҷумҳурии Федеративии Олмон табрикоти самимии инҷонибро расонам.

Бароятон саломатии комил, саодатмандӣ ва ба хотири пешрафту шукуфоии Олмони дӯст ва ҳамзамон таҳкими нуфузу эътибори он дар арсаи байналмилалӣ комёбиҳои рӯзафзун орзумандам.

Бо истифода аз ин фурсат мехоҳам алоқамандии ҷониби Тоҷикистонро ба  густариши ҳамаҷонибаи робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои фарогир бо Ҷумҳурии Федеративии Олмон бори дигар таъкид намоям. Дар ин замина мо аз идомаи босамари муколамаи сатҳи олӣ ва баланди ду кишвар дар соҳаҳои  мавриди таваҷҷуҳи тарафайн истиқбол мекунем.

Бар ин боварам, ки бо саъю талошҳои муштараки созанда мо метавонем ҷиҳати боз ҳам ғанӣ гардонидани мазмуну мундариҷаи шарикии гуногунҷанбаи ду кишвар мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумонамон тадбирҳои бештар амалӣ андешем».

Иштирок дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 80-солагии Ғалаба дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия
9 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба қасри Кремл ташриф оварданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин самимона истиқбол гирифтанд.

Барои иштирок дар ин чорабинии бошукӯҳ сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо аз 28 кишвари ҷаҳон ба Москва ташриф оварданд.

Зимни иштирок дар паради ҳарбӣ Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як қатор сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо аз кишварҳои ҷаҳон дидору суҳбатҳои судбахш анҷом доданд.

Баъд аз маросими истиқболи сарони давлатҳою ҳукуматҳо ва роҳбарони ҳайатҳои воломақом аз ҷониби Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин, дар маркази асосии баргузории чорабиниҳои тантанавӣ – Майдони Сурх паради низомӣ баргузор гардид, ки дар он теъдоди зиёди низомиён иштирок карданд.

Дар паради бошукӯҳи ҳарбии майдони Сурхи шаҳри Москва як ротаи десантии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирок намуданд.

Иштироку қадамзании боматонати низомиёни шуҷои тоҷик ба поси хотири беш аз 300 ҳазор фиристодагони Тоҷикистон ба майдонҳои набард, ки 55 нафари онҳо ба унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ сарфароз гардида буданд ва ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо меҳнату машаққати холисонаи худ дар ақибгоҳ дар таъмини Ғалабаи бузург дар он ҷанги пурдаҳшат саҳми намоён гузоштаанд, сурат гирифт

Пас аз анҷоми паради ҳарбӣ, дар Майдони Сурх Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарони ҳайатҳои расмӣ ба гиромидоштӣ хотираи қурбониёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар назди ёдгории аскари номаълум гулчанбар гузоштанд.

Иштироки сарони давлатҳо дар тантанаи Ғалабаи бузург дар шаҳри Маскав бо аксгирии якҷояи хотиравии онҳо ба поён расид.

Оғози сафари корӣ дар Федератсияи Русия
8 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд.

Дар фурудгоҳи “Внуково-2”-и шаҳри Москва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Федератсияи Русия самимона пазироӣ карданд.

Зимни ин сафар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 80-солагии Ғалаба иштирок менамоянд.

Сафари корӣ ба Федератсияи Русия
8 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — Пешвои миллат,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин барои боздиди корӣ ба шаҳри Москва сафар карданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Дар назар аст, ки дар рафти ин сафар Сарвари давлат дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба 80-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар майдони Сурхи шаҳри Москва иштирок хоҳанд кард.

Иштирок дар маросими гулчанбаргузорӣ ва паради ҳарбӣ дар Боғи Ғалабаи шаҳри Душанбе
8 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими гулчанбаргузорӣ ва паради ҳарбӣ ба муносибати таҷлили 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар Боғи Ғалабаи шаҳри Душанбе иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар макони баргузори чорабинӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Эмомалӣ Собирзода истиқбол гирифтанд.

Ба хотири таҷлили бошукуҳи ин рӯйдоди таърихӣ маҳалли баргузории чорабинӣ идона ороста шуда, дар ду тарафи роҳрави сурх донишандӯзони Литсейи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон саф кашиданд.

Дар тадбири тантанавӣ Раиси Маҷлиси миллӣ ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони сохторҳои қудратӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони корпуси дипломатӣ, Пойгоҳи ҳарбии 201-уми Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқадорони ҷангу меҳнат ва ҷанговарони башардӯст иштирок карданд.

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазири мудофиа генерал-лейтенант Эмомалӣ Собирзода оид ба омодагии қушунҳои гарнизони Душанбе барои гузашти ҳарбӣ ба муносибати 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ гузориш дод.

Баъди садо додани Суруди миллӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди ҳозирин суханронӣ намуданд.

Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирокдорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, собиқадорони меҳнат, шахсоне, ки дар он давраи вазнин дар ақибгоҳ заҳмат кашидаанд ва кулли мардуми Тоҷикистонро ба муносибати 80-солагии ғалаба самимона табрик гуфтанд.

Пешвои миллат аз оқибатҳои фалокатбори Ҷанги Бузурги Ватанӣ сухан гуфта, ба наслҳои имрӯзу оянда муроҷиат намуданд, ки маҳз дӯстиву бародарӣ ва ҳамёриву дастгирии миллатҳои гуногуни собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ омили асосии шикасти истилогарон ва пешгирӣ аз доман паҳн кардани “вабои фашизм” дар асри бистум гардид.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд: — “боиси ифтихори мо аст, ки барои расидан ба ин пирӯзӣ дар баробари дигар миллатҳо мардону занони бонангу номуси Тоҷикистон низ саҳми муассиру сазовор гузоштаанд.

Гуфта шуд, ки аз якуним миллион аҳолии Тоҷикистон дар он замон зиёда аз 300 ҳазор ба майдони набард сафарбар шуданд, ки 50 фоизи аҳолии қобили меҳнати кишварро ташкил медод. Беш аз 100 ҳазори онҳо дар муҳорибаҳо қурбон шуда, зиёда аз 40 ҳазор беному нишон гардид ва 60 ҳазори дигар аз ҷанг бо маъюбият баргаштанд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки ҳамаи ин ҷоннисориҳо саҳми миллати тоҷикро дар ғалабаи бузург ва таъмини сулҳу амнияти ҷаҳонӣ таҷассум мекунад.

Сарвари давлат таъкид намуданд, ки мо номи неку хизмати онҳоеро, ки аз ҷанг барнагаштанд, ҳаргиз фаромӯш намекунем ва эҳтироми онҳоеро, ки бо пирӯзӣ ба Ватан баргаштаанд, ҳамеша ба ҷой меоварем.

Таъкид гардид, ки барои ҷасорату қаҳрамонӣ дар Ҷанги дуюми ҷаҳон 58 ҳазор афсару сарбози тоҷик ба ордену медалҳо ва 55 каси онҳо барои мардонагӣ ва шуҷоат ба унвони баланди “Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ” мушарраф гардонида шуданд.

Роҳбари давлат саҳми ақибгоҳро дар ноил гардидан ба музаффарият дар ҷанг беназир арзёбӣ намуда, иброз доштанд, ки беш аз 45 ҳазор сокини Тоҷикистон ба корхонаҳои саноатии минтақаҳои дигари Иттиҳоди Шӯравӣ фиристода шуда, қисми зиёдашон аз он ҷойҳо ба ҷанг сафарбар гардиданд. Ҳамчунин, солҳои ҷанг зиёда аз 100 ҳазор занону кӯдакон ва пиронсолон аз минтақаҳои гуногуни ҷангзада ба Тоҷикистон кӯчонида шуданд ва ҷумҳурии мо барои онҳо хонаи дуюм гардид.

Таъкид шуд, ки ҳамаи захираҳои инсонӣ ва моддиву техникии ҷумҳурии мо барои таъмин намудани ниёзҳои майдони муҳориба сафарбар гардида буд.

“Мардуми мо дар ҳоле, ки худашон гурусна буданд, ба майдони ҷанг озуқаворӣ, сару либос ва маблағ мефиристоданд”, — изҳор доштанд Пешвои миллат.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷасорату диловарӣ ва матонату фидокории афсарону сарбозони тоҷикро дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳон барои хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол намунаи ибрат номиданд.

Президенти кишвар таъкид намуданд, ки фазои орому осудаи имрӯзаи кишвар бо нархи бисёр гарон ба даст омадааст ва ҳимояи он ҳоло ҳамчун вазифаи пурмасъулу бошараф ба зиммаи хизматчиёни низомӣ вогузор гардидааст.

Зимни суханронӣ дар чорабинии тантанавӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз оқибатҳои харобиовари ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, хизматҳои таърихӣ ва ҷоннисориҳои фарзандони содиқи Ватан баҳри барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ низ андешаронӣ намуданд.

Дар ин робита таъкид гардид, ки ҳифзи Ватан ва ҳимояи ҳаёти осоиштаи мардум дар ҳар давру замон барои ҳар як шаҳрванди огоҳу соҳибватан ва ҷавонмардони бонангу номус вазифаи муқаддас ва пуршараф ба ҳисоб меравад.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин таваҷҷуҳи иштирокдорони паради ҳарбиро ба вазъи бисёр мураккаб ва печидаи сиёсии ҷаҳони муосир ҷалб намуданд. Пешвои миллат аз афсарону сарбозон талаб карданд, ки ҳушёр бошанду зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, сатҳи касбият ва омодагии ҷангии худро мунтазам баланд бардоранд, намунаи риояи қонунияту тартибот ва интизоми ҳарбӣ бошанд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз пешниҳоди худ оид ба эълон кардани “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” дар иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ёдовар шуда, мусоидат ба таъмини сулҳу субот ва ҳаёти осоишта дар паҳнои оламро яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати хориҷии давлати мо арзёбӣ намуданд.

Дар фароварди сухан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки мардуми сулҳпарвари тоҷик бо шукргузорӣ аз истиқлолу озодӣ, соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва суботи комили кишварамон минбаъд низ барои ҳифзу гиромидошти ин неъматҳои бузург ва ба хотири наслҳои ояндаи мо саъю талоши бештар ба харҷ медиҳанд.

Пас аз анҷоми суханронии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пос доштани хотираи афсарону сарбозон ва онҳое, ки ҷони худро барои пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ нисор кардаанд, таҳти навои мусиқӣ маросими гулчанбаргузорӣ баргузор шуд.

Нахуст, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди оташи ҷовидон гулчанбар гузошта, хотираи неки қурбониёни ҷангро пос доштанд.

Сипас, дар назди оташи ҷовидон аз номи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, аз номи корпуси дипломатии муқими шаҳри Душанбе ва аз Пойгоҳи ҳарбии 201-уми Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гулчанбарҳо гузошта шуд.

Баъди анҷоми маросими гулчанбаргузорӣ бо амри фармондеҳи гузашти ҳарбӣ низомиёни вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорати корҳои дохилӣ, вазорати адлия, Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Гвардияи миллӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва Пойгоҳи ҳарбии 201-уми Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар гузашти ҳарбӣ иштирок карда, бо қадамзании мутантан аз назди Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гузашти низомӣ анҷом доданд.

Суханронӣ ба муносибати Рӯзи Ғалаба
Ҳамватанони азиз!

Рафиқон генералҳо ва афсарону сарбозон!

Мо имрӯз 80-солагии ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонро бо ифтихор ва посдорӣ аз хотираи неки фарзандони Тоҷикистон ва корнамоиву қаҳрамониҳои онҳо дар мубориза бо фашизми гитлерӣ таҷлил менамоем.

Ба муносибати ин санаи муҳимми таърихӣ – иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, собиқадорони меҳнат, шахсоне, ки дар он давраи вазнин дар ақибгоҳ заҳмат кашидаанд ва кулли мардуми Тоҷикистонро самимона табрик мегӯям.

Мусаллам аст, ки Ҷанги дуюми ҷаҳон дар таърихи навини башарият аз лиҳози миқёс ва фоҷиаи инсонӣ ҷанги даҳшатноктарин ба шумор меравад.

Беш аз 70 кишвари ҷаҳон ба гирдоби ҷанг кашида шуда, дар он зиёда аз 55 миллион нафар одамон қурбон гардиданд.

Даҳҳо ҳазор шаҳрҳои хурду бузург вайрону валангор ва ба хок яксон шуданд.

Тибқи арзёбии мутахассисону коршиносон хароҷоти ҳарбӣ ва зарари умумии ин ҷанг ба ҳисоби имрӯза 4,5 триллион долларро ташкил медиҳад.

Наслҳои имрӯзу оянда бояд ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки маҳз дӯстиву бародарӣ ва ҳамёриву дастгирии миллатҳои гуногуни собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ омили асосии шикасти истилогарон ва пешгирӣ аз доман паҳн кардани «вабои фашизм» дар асри бистум гардид.

Мо, ҳамчунин, бояд ҳамеша бо ифтихор хотирнишон созем, ки барои расидан ба ин пирӯзӣ дар баробари дигар миллатҳое, ки бар зидди истибдоди фашистӣ мубориза бурдаанд, мардону занони бонангу номуси Тоҷикистон низ саҳми муассиру сазовор гузоштаанд.

Ҳарчанд майдони набардҳои хунин аз Тоҷикистон ҳазорҳо фарсах дур буд, вале акси садои он дар саросари диёри мо ба гӯш мерасид ва ҳар хонадони тоҷик гирифтори фоҷиаҳои он буд.

На танҳо дар шаҳрҳо, балки ҳатто дар дурдасттарин деҳаҳои кишвари мо оилае набуд, ки падар, бародар, фарзанд ё хешу ақрабояшро ба хотири мубориза бар зидди фашистони истилогар ба майдони ҷанг гусел накарда бошад.

Ин ҷанги даҳшатнокро мо низ сиёҳтарин саҳифаи таърих ва фоҷиаи бузург барои миллати худ меҳисобем.

Зеро аз якуним миллион нафар аҳолии Тоҷикистон дар он замон зиёда аз 300 ҳазор нафар ба майдони набард сафарбар шуданд, ки 50 фоизи аҳолии қобили меҳнати кишварро ташкил медод.

Беш аз 100 ҳазор нафари онҳо дар муҳорибаҳо қурбон шуда, зиёда аз 40 ҳазор беному нишон гардиданд ва 60 ҳазор нафари дигар аз ҷанг бо маъюбият баргаштанд.

Ҳамаи ин ҷоннисориҳо, ки дар таърихи муосири мо абадан сабт гардидаанд, саҳми миллати тоҷикро дар ин ғалабаи бузург ва таъмини сулҳу амнияти ҷаҳонӣ таҷассум мекунанд.

Мо номи неку хизмати онҳоеро, ки аз ҷанг барнагаштанд, ҳаргиз фаромӯш намекунем ва эҳтироми онҳоеро, ки бо пирӯзӣ ба Ватан баргаштаанд, ҳамеша ба ҷой меоварем.

Барои ҷасорату қаҳрамонӣ дар Ҷанги дуюми ҷаҳон 58 ҳазор нафар афсарону сарбозони тоҷик ба ордену медалҳо ва 55 нафар барои мардонагӣ ва шуҷоат ба унвони баланди «Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ» мушарраф гардонида шуданд.

Беш аз 45 ҳазор нафар сокинони Тоҷикистон ба корхонаҳои саноатии минтақаҳои дигари Иттиҳоди Шӯравӣ фиристода шуда, қисми зиёдашон аз он ҷойҳо ба ҷанг сафарбар гардиданд.

Ҳамчунин, солҳои ҷанг зиёда аз 100 ҳазор нафар – асосан занону кӯдакон – аз минтақаҳои гуногуни ҷангзада ба Тоҷикистон кӯчонида шуданд ва ҷумҳурии мо барои онҳо хонаи дуюм гардид.

Мардуми мо онҳоро бегона нашумориданд, барояшон манзили зист, хӯроку сару либос муҳайё карданд ва аксари онҳоро ба камол расониданд.

Қобили зикр аст, ки дар ақибгоҳ низ аҳолии Тоҷикистон дар таъмини ғалаба саҳми бесобиқа гузошт.

Ҳамаи захираҳои инсонӣ ва моддиву техникии ҷумҳурии мо барои таъмин намудани ниёзҳои майдони муҳориба сафарбар гардида буданд.

Дар он рӯзҳои сангин кӯдакону занон ва калонсолон азобу машаққати гуруснагӣ ва дигар мушкилоти замони ҷангро таҳаммул карданд ва шабонарӯзӣ заҳмат кашида, ҳиссаи арзандаи худро барои расидан ба Рӯзи ғалаба гузоштанд.

Мардуми мо дар ҳоле, ки худашон гурусна буданд, ба майдони ҷанг ғаллаву озуқаворӣ, сару либос ва маблағ мефиристоданд.

Мехоҳам таъкид намоям, ки ҷасорату диловарӣ ва матонату фидокории афсарону сарбозони тоҷик дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳон барои шумо – хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол намунаи ибрат мебошад.

Шумо ҳаргиз фаромӯш насозед, ки фазои орому осудаи имрӯзаи кишвар бо нархи бисёр гарон ба даст омадааст ва ҳимояи он ҳоло ҳамчун вазифаи пурмасъулу бошараф ба зиммаи шумо вогузор гардидааст.

Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта, ҳамагӣ пас аз чанд даҳсола баъди Ҷанги дуюми ҷаҳон ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор гардид, ки барои кишвари мо оқибатҳои фоҷиабору сангин ба бор овард.

Шумораи қурбониён ва ҳисороти моддии ин ҷанг барои Тоҷикистони тозаистиқлол аз ҳисороти ҷониву молии кишвари мо дар Ҷанги дуюми ҷаҳон бештар буд: беш аз 150 ҳазор нафар ҳамватанони мо ҷони худро аз даст доданд, зиёда аз як миллион нафар гуреза шуданд ва ба иқтисоди миллии мо беш аз 10 миллиард доллар зарар ворид гардид.

Албатта, дар қатъи ҷангу хунрезӣ, барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ ва таъмин намудани сулҳу оромӣ дар кишвар мардуми Тоҷикистон, хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нақши бузург ва ҳалкунанда бозиданд.

Дар ин роҳ ҳазорон нафар афсарону сарбозони далеру шуҷоъ ҷони худро қурбон карданд.

Мардум ва Ҳукумати мамлакат ба ин хизмати таърихии фарзандони содиқу далери худ ҳамеша арҷ мегузоранд.

Дар робита ба ин, хотиррасон менамоям, ки ҳифзи Ватан ва ҳимояи ҳаёти осоиштаи мардум дар ҳар давру замон барои ҳар як шаҳрванди огоҳу соҳибватан ва ҷавонмардони бонангу номус вазифаи муқаддас ва пуршараф ба ҳисоб меравад.

Хусусан, равандҳои манфию хатарборе, ки ҷаҳони муосирро таҳти таъсир қарор додаанд, аз ҷумла мухолифатҳои шадиди байни абарқудратҳо, аз нав авҷ гирифтани мусаллаҳшавии бошитоб, «ҷанги сард», инчунин, густариш ёфтани амалиёти тахрибкоронаи созмонҳои террористиву экстремистӣ аз ҳар як хизматчии ҳарбӣ сатҳи баланди омодабошӣ, маҳорату малакаи касбӣ, ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ, ҷасорату далерӣ ва мардонагиву фидокориро талаб менамояд.

Эътимоду умеди мардум ҳар яки шумо – фарзандони содиқи Ватанро водор месозад, ки ҳамеша ҳушёр бошед, зиракии сиёсиро аз даст надиҳед, сатҳи касбият ва омодагии ҷангии худро мунтазам баланд бардоред, намунаи риояи қонунияту тартибот ва интизоми ҳарбӣ бошед.

Ҳамчунин, таъкид менамоям, ки ҳифзи сулҳи пойдор, суботи комили сиёсӣ, таҳкими ваҳдату худшиносии миллӣ ва пояҳои давлатдории тоҷикон вазифаи муқаддаси ҳар фарди ҷомеаи мо мебошад.

Ҳамин аст, ки мусоидат ба таъмини сулҳу субот ва ҳаёти осоишта дар паҳнои олам яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати хориҷии давлати мо муайян гардидааст.

Маҳз ба хотири пайгирии ин ҳадаф ман дар иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид масъалаи қабули қатъномаи махсусро оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» пешниҳод намудам.

Тоҷикистон чун кишваре, ки ҷанги даҳшатноки таҳмилиро аз сар гузаронидааст, ҳамеша ҷонибдори танҳо бо роҳи осоишта, яъне гуфтушунид ҳаллу фасл кардани ҳама мухолифату низоъҳо мебошад.

Мо, ҳамчунин, густариш бахшидани гуфтугӯи тамаддунҳоро аз ҷумлаи заруратҳои замони муосир мешуморем.

Бовар дорам, ки мардуми сулҳпарвари тоҷик бо шукргузорӣ аз истиқлолу озодӣ, соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва суботи комили кишварамон минбаъд низ барои ҳифзу гиромидошти ин неъматҳои бузург ва ба хотири наслҳои ояндаи халқамон саъю талоши бештар мекунанд.

Бори дигар иштирокчиён ва собиқадорони Ҷанги дуюми ҷаҳон, мардуми шарифи Тоҷикистон ва шумо – ҳомиёни содиқи Ватанро ба ифтихори 80-солагии ғалабаи таърихӣ табрик мегӯям.

Ба ҳамаи шумо – ҳамватанони азиз, саломативу хушбахтӣ, рӯзгори обод ва барои Тоҷикистони азизамон ваҳдати ҷовидонаи миллӣ ва сулҳу суботи пойдор орзу менамоям.

Ҷашни ғалаба муборак, ҳамдиёрони азиз!

Суҳбати телефонӣ бо раисони ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод
Субҳи 5 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо раисони ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод Зарина Идизода ва Қадриддин Фақерзода суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Зимни суҳбат гузориши раисони ҳарду ноҳия, пеш аз ҳама,  доир ба рафти бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ, барқарорсозии хонаву иншооти зарардида ва сохтмони манзилҳои нави зист барои оилаҳое, ки хонаҳояшон комилан вайрон шудааст, шунида шуд. Зикр гардид, ки корҳо, тибқи супоришҳои Пешвои миллат, дар ҳамаи самтҳо, аз ҷумла бартарафсозии оқибатҳои заминҷунбии шадиди 13 апрел рухдода, барқарорсозии хонаҳои мардум ва биною иншооти дигари зарардида ва ҳам сохтмони хонаву муассисаҳои нав муташаккилона идома дорад. Раисони ҳарду ноҳия бо арзи сипос ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки дар пайи расидани кумакҳои саривақтӣ, аз қабили хӯрокворӣ, доруворӣ ва дигар лавозимоти тиббӣ, хаймаҳои зист, маводи сохтмонӣ ва техникаю таҷҳизоти зарурӣ ва бо ҷалби қувваи кофии корӣ аз ҳисоби наҷотдиҳандагон ва хизматчиёни ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва дигар сохторҳои низомӣ бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ хуб идома дорад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки корҳо бо сифати хуб ва суръати баланд ба роҳ монда шаванд ва кӯшиш ба харҷ бояд дод, ки ҳарчи зудтар шароити зисти мардуми зарардида муҳайё гардад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, ба ҷараёни корҳои кишоварзӣ, аз ҷумла киштукори баҳорӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, доир ба муташаккилона, саривақт ва босифат ба роҳ мондани корҳо ва истифодаи босамар аз ҳар ваҷаб замини корам дастуру тавсияҳо доданд. Таъкид гардид, ки ба кишти картошка, ки нони дуюм номида мешавад, таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд, то ки аз он ҳосили фаровон рӯёнда шавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ин масоил ҳамчунин бо роҳбарони чанде аз вазорату идораҳои дахлдор суҳбати телефонӣ анҷом дода, ба онҳо низ барои суръат бахшидан ба корҳои зарурӣ супоришҳои мушаххас доданд.

Таъиноти кадрӣ дар сохторҳои низомӣ ва як қатор вазорату идораҳои дигар
2 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарию фармондеҳӣ дар Вазорати мудофиа, Қӯшунҳои сарҳадӣ, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Бонки миллии Тоҷикистон ва як қатор сохторҳои дигар таъиншавандаро барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.

Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Муҳиддин фармондеҳи Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мирзозода Саломатшо Муовини фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ, Холмуҳамадзода Сорбон Директори Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муродализода Далер Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин гардид.

Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдурраҳмонзода Иноятулло Муовини вазири мудофиа оид ба ақибгоҳ, Раҳмон Исломиддин Директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо, Раҷабзода Ҳайдаралӣ Сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ, Каримзода Насимҷон Муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ,  Норзода Шариф Муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Ашурализода Абдураҳмон Муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Олимзода Зоҳир Муовини якуми раиси Кумитаи телевизион ва радио, Қурбонзода Усмоналӣ Муовини якуми Директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, Сатторзода Бобоҷон Ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон таъин гардиданд.

Ба ҳамин тартиб ҳамчунин роҳбарони “Маркази миллии тарҷума”-и назди Кумитаи забон ва истилоҳот ва маъмурияти минтақаҳои озоди иқтисодии “Ишкошим” ва “Данғара” бо кадрҳои ҷавону варзида иваз карда шуданд.

Бо дастури   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Директори генералии ҶСК “фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” Абдуллозода Исматулло ва муовинони ӯ дар робита ба санҷиши молиявӣ ва ошкор шудани камбудиҳои ҷиддӣ дар фаъолияташон аз вазифаҳо озод карда шуданд.

Дар мувофиқа бо  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаҳои роҳбарӣ ва фармондеҳӣ дар сохторҳои Вазорати мудофиа ва Қӯшунҳои сарҳадӣ кадрҳои ҷавону варзидаи соҳибтахассуси ин соҳаҳо таъин гардиданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат нахуст ба кадрҳои дар бахшҳои мудофиа ва ҳифзи сарҳади давлатӣ таъиншуда муроҷиат намуда, онҳоро, пеш аз ҳама, ба пурзӯр намудани назорати интизоми ҳарбӣ, баланд бардоштани сатҳи омодагии доимии ҷангии ҷузъу томҳои низомӣ, аз худ намудани забонҳои байналмилалӣ ва техникаю технологияи муосири ҳарбӣ ва бахусус ба хизмати содиқонаю софдилона ба Ватан ва мардуми Тоҷикистон ҳидоят намуданд.

Дастуру тавсияҳои мушаххас, ҳамчунин, доир ба тақвият бахшидани тартибу низом ва назорат дар ҳамаи самтҳои фаъолияти сохторҳои номбурда, аз ҷумла пурзӯр намудани назорат дар истифодаи сариштакоронаи неруи барқ, кам кардани талафоти техникӣ ва пешгирӣ аз истифодаи ғайриқонунии  он дода шуд.

Таъкид гардид, ки ба интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо, ба хусус дар мақомоти назоратӣ, ба савияи донишу маҳорат, касбият ва ҳисси масъулиятшиносии онҳо, таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад.

Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

аз 2 майи соли 2025 №270

ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Нодирӣ Ш.А.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Нодирӣ Шаҳноза Анвар бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

аз 2 майи соли 2025 №271

ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Ашурализода А.А.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ашурализода Абдураҳмон Ашуралӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

аз 2 майи соли 2025 №272

ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Абдулваҳобзода Т.Н.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Абдулваҳобзода Темурҷон Назурулло бинобар вафоташ аз вазифаи директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

аз 2 майи соли 2025 №273

ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Раҳмон И.Х.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Раҳмон Исломиддин Хайриддин бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

аз 2 майи соли 2025 №274

ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи ректори Муассисаи таълимии «Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон» озод намудани Абдуалимзода Ҳ.А.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Абдуалимзода Ҳакимбек Абдуалим бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи ректори Муассисаи таълимии «Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон» озод карда шавад.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

аз 2 майи соли 2025 №275

ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» озод намудани Абдуллозода И.Ф.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Абдуллозода Исматулло Файзулло аз вазифаи директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» озод карда шавад.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

аз 2 майи соли 2025 №276

ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи директори Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Шарифзода З.М.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Шарифзода Зайнулло Маҳмадулло бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи директори Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

аз 2 майи соли 2025 №277

ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи муовини якуми директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Абдураҳмонзода Ҷ.У.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Абдураҳмонзода Ҷамила Уктамҷон бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини якуми директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

аз 2 майи соли 2025 №278

ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи роҳбари Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» озод намудани Раҳмонзода А.А.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Раҳмонзода Амрулло Абдулло бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи роҳбари Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» озод карда шавад.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҚАРОРИ  ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

аз 2 майи соли 2025 №279

ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи роҳбари Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» озод намудани Тоҳирҷонзода С.Ғ.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Тоҳирҷонзода Сураҷ Ғуломмамад бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи роҳбари Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» озод карда шавад.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

аз 2 майи соли 2025 №280

ш. Душанбе

Дар бораи муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ақибгоҳ таъин намудани Абдураҳмонзода И.А

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Абдураҳмонзода Иноятулло Абдураҳмон муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ақибгоҳ таъин карда шавад.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

аз 2 майи соли 2025 №281

ш. Душанбе

Дар бораи муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Каримзода Н.С.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Каримзода Насимҷон Самиҷон муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

аз 2 майи соли 2025 №282

ш. Душанбе

Дар бораи муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Ашурализода А.А.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ашурализода Абдураҳмон Ашуралӣ муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

аз 2 майи соли 2025 №283

ш. Душанбе

Дар бораи муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Норзода Ш.С.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Норзода Шариф Сангинмурод муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

аз 2 майи соли 2025 №284

ш. Душанбе

Дар бораи директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

таъин намудани Раҳмон И.Х.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Раҳмон Исломиддин Хайриддин директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

аз 2 майи соли 2025 №285

ш. Душанбе

Дар бораи сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Раҷабзода Ҳ.Р.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Раҷабзода Ҳайдаралӣ Раҷабалӣ сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

аз 2 майи соли 2025 №286

ш. Душанбе

Дар бораи директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» таъин намудани Шарифзода З.М.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Шарифзода Зайнулло Маҳмадулло директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» таъин карда шавад.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҚАРОРИ  ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

аз 2 майи соли 2025 №287

ш. Душанбе

Дар бораи ректори Муассисаи таълимии «Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон» таъин намудани Сатторзода Б.А.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Сатторзода Бобоҷон Абдуҷаббор ректори Муассисаи таълимии «Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон» таъин карда шавад.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҚАРОРИ  ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

аз 2 майи соли 2025 №288

ш. Душанбе

Дар бораи муовини якуми директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

таъин намудани Қурбонзода У.Қ.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қурбонзода Усмоналӣ Қурбон муовини якуми директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

аз 2 майи соли 2025 №289

ш. Душанбе

Дар бораи роҳбари Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» таъин намудани Некқадамзода И.Г.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Некқадамзода Илол Гулбек роҳбари Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» таъин карда шавад.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

аз 2 майи соли 2025 №290

ш. Душанбе

Дар бораи роҳбари Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» таъин намудани Собирзода Ҷ.А.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Собирзода Ҷамшед Абдусаид роҳбари Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» таъин карда шавад.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҚАРОРИ  ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

аз 2 майи соли 2025 №291

ш. Душанбе

Дар бораи директори Муассисаи давлатии «Маркази миллии тарҷума»-и назди Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии

Тоҷикистон таъин намудани Дӯстзода Ҳ.Ҷ.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Дӯстзода Ҳамрохон Ҷумъа директори Муассисаи давлатии «Маркази миллии тарҷума»-и назди Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

аз 2 майи соли 2025 №292

ш. Душанбе

Дар бораи муовини якуми раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Олимзода З.О.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Олимзода Зоҳир Олим муовини якуми Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон