Садои мардум - нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон » Мақолаҳо

Сиришта тору пуди мост бо муҳаббати ватан
Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон зодаи даврони истиқлол ва яке аз дастовардҳои муҳимтарини он мебошанд.

Иқтибосҳо аз суханрониҳои пурҳикмати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аз ҷониби хурду бузурги мамлакат бо шукӯҳу шаҳомат ва бо хушҳоливу хурсандӣ таҷлил гардидани ҷашни Истиқлол нишонаи возеҳу равшани он аст, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ба қадри озодиву соҳибихтиёрӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мерасанд ва ба таърихи пурифтихор, тамаддуни бостонӣ, забон, фарҳанг, расму оинҳо ва суннату анъанаҳои миллии худ ҳамчун арзишҳои бебаҳову ҷовидонӣ эҳтирому арҷ ­мегузоранд.

Як масъалаи муҳимро хотирнишон менамоям: ҳар қавму миллате, ки иттиҳоду ягонагӣ ва ваҳдату ҳамдилиро шиори худ кардааст, аз миёни обу оташи таърих бо сарбаландӣ гузашта, ба саодати воқеӣ расидааст ва баръакс, ҳар халқе, ки ихтилофу ҷудоӣ ва ҷангу нифоқро пеш гирифтааст, ба номаи тақдири хеш муҳри бадбахтиву нокомӣ задааст. Ин воқеиятро ҳофизаи таърихӣ борҳо собит намудааст.

Беш аз се даҳсола мешавад, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ якҷо бо ҳайати шахсии дигар сохторҳои низомӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ истиқлолу озодии давлати тоҷикон, марзу буми Ватани аҷдодӣ, амнияту суботи мамлакат ва зиндагии осудаву ороми мардуми кишварро ҳамчун сипари боэътимод ҳимоя карда истодаанд.

Давлат ва Ҳукумати мамлакат ба ҷасорату далерӣ ва хизмати содиқонаву софдилонаи хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ арҷ мегузорад, шуҷоату фидокорӣ ва хизматҳои шоёни фарзандони бонангу номуси Ватанро, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ барои ҳимояи марзҳои кишвар ҷони худро аз даст додаанд, ҳаргиз фаромӯш ­намекунад.

Ҷойи ифтихор аст, ки барои тоҷикон ҳамчун яке аз миллатҳои бостонии дунё ҳанӯз аз замонҳои хеле қадим мафҳумҳои «замин», «марз» ва «Ватан» аз ҷумлаи унсурҳои муқаддас ва ҳаётан муҳим будааст. Марздориву марзбонӣ барои тоҷикон ба ҳадде азизу пурарзиш будааст, ки ҳатто фарзандони худро бо ифтихор Марздору Марзбон ном мегузоштаанд. Масалан, насабномаи пешвои мазҳаби аҷдодии мо Имоми Аъзам нишон медиҳад, ки номи бобокалони ӯ Марзбон будааст.

Аксари фарзандони қаҳрамону ҷоннисори халқи тоҷик, мисли Муқаннаъ, Шерак, Спитамен, Деваштич, Темурмалик, Восеъ ва даҳҳову садҳо нафари дигар, дар тӯли давраҳои гуногуни таърихи тоҷикон барои ҳимояи марзу буми сарзамини аҷдодӣ муборизаву ҷоннисорӣ кардаанд. Яъне, ҳимояи Ватан ва марзу буми он аз азал дар тору пуди миллати сарбаланди мо сиришта шудааст.

Хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи мо дар давраҳои минбаъда низ борҳо бар зидди хоинону душманони миллати тоҷик далерона мубориза бурданд, аз имтиҳони ҷасорату мардонагӣ сарбаландона гузаштанд ва дар ин роҳ ҳазорон нафари онҳо ҷони худро қурбон карданд. Яъне, зиндагии орому осудаи мардуми мо ба қимати ҷони ҳазорон нафар ҷавонмардони ватан­дӯсту ҷоннисор ва бонангу номуси халқи тоҷик ба даст омадааст.

Мо ифтихор дорем, ки имрӯз ҷавонони далеру ғаюри мо, яъне насли замони истиқлол, дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ содиқона хизмат карда, қарзи фарзандӣ ва вазифаи шаҳрвандии хешро сарбаландона иҷро мекунанд, масъулияти ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллатро ба дӯш доранд, Ватан, миллат, забон ва фарҳанги миллии хешро самимона дӯст медоранд ва барои пойдории ин арзишҳои ҷовидонӣ саъю талош мекунанд.

Вазъи ниҳоят мураккаб ва пешгӯинашавандаи ҷаҳон, талоши қудратҳои ҷаҳонӣ барои аз нав тақсим кардани дунё, раванди яроқнокшавии бошитоб, марҳалаи нави «ҷанги сард», вусъати рӯзафзуни ҷангҳои иттилоотӣ, таҳоҷуми фарҳангиву ғоявӣ ва дигар раванду ҳодисаҳои номатлубу хатарноки замони муосир моро водор месозанд, ки беш аз ҳар вақти дигар ҳушёр бошем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва дар ғафлат намонем.

Бо эътимоди комил иброз медорам, ки ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо садоқат ба савганди ҳарбии худ дар оянда низ қарзи ҷавонмардии хешро дар таъмини амнияти давлату ҷомеа, ҳифзи марзу буми сарзамини муқаддаси тоҷикон, ҳимояи зиндагии осоишта ва заҳмати созандаи мардуми Тоҷикистон сарбаландона иҷро менамояд.

Дар ин лаҳзаҳои идона бо ифтихору қаноатмандӣ изҳор медорам, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ дар айёми барои халқи Тоҷикистон ва давлати тоҷикон ниҳоят ҳассосу сарнавиштсоз хизмати ҷавонмардонаву таърихӣ карданд. Бинобар ин, ба тамоми ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ, хизматчиёни ҳарбии дигар сохторҳои низомӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат барои хизмати содиқона ба давлат ва халқи Тоҷикистон сипосу миннатдорӣ баён менамоям.

Артиши миллӣ
Роҳи он ҳамвору бехатар набуд

Аз замоне ки худро шинохтам, дар ёд дорам, ки дар девори хонаамон акси падарам бо либоси низомӣ насб шуда буд. Инчунин, акси амакҳоям, ки дар солҳои гуногун хидмати Ватанро адо кардаанд. Кулоҳи сарбозии амаки хурдиам, ки солҳои аввали ба истиқлол расидани кишвари азизамон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ хидмат кардааст, хонаи бобоиро зеб медод. Мо — кӯдакони хона бо ҳавас кулоҳро гирифта тамошо ва нишони дар қисмати пеши он насбшударо ламс мекардем. Чун бузургтар шудем, чӣ будани хидмати Ватан таваҷҷуҳамонро бештар ҷалб мекард ва бо ҳар гуна суолҳо муроҷиат намуда, аз падар ва амакҳо дар ин хусус нақлҳо мешунидем. Дар дигар хонаҳои деҳа низ муносибат ба нафароне, ки хидмати Ватан — Модарро адо кардаанд, чунин буд.

Баъзан иттифоқ меафтид шоҳиди суҳбати калонсолҳо бошем, ки бо ифтихор аз замони хидмати ҳарбӣ нақл мекарданд. Чунин суҳбатҳо ва муносибати нек ба нафароне, ки хидмати ҳарбиро ба ҷо овардаанд, дар вуҷуди мо ҳисси ифтихор бедор мекард ва дар баҳсҳои кӯдакона бо ифтихор аз хидмати падар дар артиш ба дӯстон гӯшзад мекардем. Гап сари он аст, ки хидмати Ватан-Модарро иҷро кардан дар ҳама давру замон мояи ифтихор будааст. Аз ин ҷост, ки замоне як нафар пас аз адои хидмат ба хона бармегардад, мардум мегӯянд: «қарзи фарзандиашро дар назди Ватан иҷро кард». Воқеан, ин сухан, ки муаллифаш халқ аст, муҳимияти хидмат дар сафи артишро хеле хуб ифода намудааст. Қарздор будан дар фарҳанги миллати мо нишони бенангӣ аст ва адои қарз дар ҳар ду ҷаҳон талаб карда мешавад.

РОҲЕ, КИ АЗ ХАЙМА ОҒОЗ ШУД

Тоҷикон 35 сол пеш дар давлати паҳновар ва бисёрмииллате бо номи Иттиҳоди Шуравӣ зиндагӣ мекарданд. Саодате ба миллати мо насиб шуд, ки ба худсолориву озодӣ расидем, аммо таассуфовар он аст, ки аз як давлати пуриқтидори дунё барои кишвари мо ҳеҷ меросе дар соҳаи артиш намонд. Аз ин ҷост, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳояшон доимо ёдовар мешаванд, вақте хостем Артиши миллиро таъсис диҳем, ҳеҷ гуна яроқу аслиҳа надоштем. «Зарурати ташкили Артиши миллӣ ҳанӯз 9-уми сентябри соли 1991 дар Қарори Шурои Олии кишвар «Дар бораи эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъкид гардида буд. Вале вазъи ниҳоят ҳассосу душвор, мушкилиҳои солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ имкон надоданд, ки Тоҷикистон Артиши миллии худро таъсис диҳад.

Масъалаи ташкили Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҷараёни баргузории Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олӣ ба миён гузошта шуд ва 18-уми декабри соли 1992 фармони Раёсати Шурои Олӣ дар бораи таъсис додани Артиши миллӣ ба имзо расид.

Ҳукумати мамлакат, бо вуҷуди мушкилоти сахту сангини иқтисодиву молиявӣ, аз нахустин рӯзҳои таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ доир ба ташкили инфрасохтор ва таъсиси қисму воҳидҳои низомӣ тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ гардонид», — иброз доштанд дар суханронӣ бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ Пешвои миллат.

Воқеан, тавре Роҳбари давлат зикр кардаанд, то баргузории Иҷлоисияи XVI Шурои Олӣ аз соҳиб­истиқлол шудани кишвар зиёда аз як сол гузашта бошад ҳам, кӯшишҳо барои ташкили Қувваҳои Мусаллаҳ бенатиҷа буд. Иқдоми нахустин дар ин самт Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24-уми декабри соли 1991 «Дар бораи ташкил намудани Горди миллӣ» ба ҳисоб меравад. Пас аз он, 4-уми январи соли 1992, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкил намудани Кумитаи мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», 10-уми июни соли 1992 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси «Фронти халқӣ» ва 17-уми сентябри соли 1992 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид, аммо вазъи муташанниҷи сиёсӣ иҷрои санадҳои мазкурро ба таъхир мегузошт. Дар ин баробар, зуд-зуд иваз шудани ҳайати роҳбарӣ ва зери фишори неруҳои гуногун иваз намудани мавқеъ аз ҷониби роҳбарони низомӣ вазъи амниятии кишварро печидатар менамуд. Дар ҳамин гуна як шароити ҳассос Иҷлосияи таърихии ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор ва дар он муқаддасот ва рукнҳои давлатӣ асос гузошта шуд.

Пас аз ба фаъолият оғоз намудани Ҳукумати конститутсионӣ бо роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон барои мустаҳкам кардани пояҳои давлат тадбирҳои зиёд андешида шуд. Яке аз иқомҳои нахустини Роҳбари давлат Қарори Раёсати Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қарор дар бораи роҳбарии фаврӣ, идоракунии мутамарказ ва сафарбаркунии неруҳои мусаллаҳи сохторҳои низомӣ бо мақсади ҳар чӣ зудтар ба эътидол овардани вазъияти сиёсӣ, таъмини амнияти миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон мебошад, ки 18-уми декабри соли 1992 қабул гардидааст. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чандин вохӯриҳояшон аз лаҳзаи таҳияи Қарори Раёсати Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ёдовар шуда, зикр кардаанд, ки онро дар зери хаймае дар фурудгоҳи «Айнӣ» имзо гузоштаанд.

23-юми феврали соли 1993 дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахти кишварамон — шаҳри Душанбе нахустин паради ҳарбӣ бо иштироки ҷузъу томи гарнизони Душанбе баргузор гардид, ки он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд.

Новобаста аз вазъияти душвор ва бисёр ҳассос барои Тоҷикистони тозаистиқлол Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тамоми шароиту имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, ҷиҳати мустаҳкам намудани қобилияти мудофиавии кишвар, баланд бардоштани сатҳи омодабошии ҷангӣ, беҳдошти шароити хизматию маишӣ, заминаҳои моддӣ-техникӣ ва барои боз ҳам хубтару беҳтар намудани вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ тадбирҳои муҳиму саривақтиро роҳандозӣ мекарданд.

Ҳамин тариқ, Артиши миллии мо бидуни заминаи моддиву техникӣ аз сифр ташкил ва дар муддати 32 сол пурқудрат гардида, вазифаашро сарбаландона иҷро карда истодааст.

МАРҲИЛАҲОИ РУШД

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаҳои зиёди рушд­ро тай карда, давра ба давра камол ёфт. Бунёду таҳкими Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон се давраи асосӣ — ташкилу фаъол намудани мақомоти ҳарбӣ, қисмҳои низомӣ ва дигар муассисаву идораҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, ки он бомуваффақият анҷом ёфт, марҳилаи рушду камоли артиш, баланд бардоштани омодагии доимии ҷангӣ ва татбиқу истифодаи таҷрибаҳои пешқадам дар омӯзиши мақомоти идорӣ ва ҳайати шахсӣ, ки он ҳанӯз идома дорад ва даври асосӣ — бунёди навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳкиму тақвият бахшидани иқтидори ҷангии онро дар бар мегирад.

Айни ҳол дар ҳайати Артиши миллии мамлакат се навъи қӯшун — қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ, қӯшунҳои хушкигард ва қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доранд.

Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ аз нахус­тин неруи мусаллаҳи Тоҷикистон ба шумор рафта, соли 1993 таъсис ёфтааст ва ҳамсолу ҳамқадами Артиши миллӣ мебошад. Қӯшунҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ бошад, соли 1994 таъсис ёфта, то муттаҳид гардондан бо қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ дар ҳайати Артиши миллӣ мустақилона фаъолият менамуд. Дар натиҷаи ворид намудани ислоҳоти ҳарбӣ ва бо дарназардошти ҳадафу вазифаҳои ягона, соли 2005 қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва қӯшунҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ якҷо ва ба як навъи қӯшун табдил дода шуданд.

Раёсати қӯшунҳои хушкигард моҳи июни соли 1997 ташкил ёфта, аз сершумортарин навъи Қувваҳои Мусаллаҳ маҳсуб меёбад.

Қӯшунҳои зудамал аз ҷавонтарин навъи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар буда, моҳи сентябри соли 2003 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон таъсис ёфтааст.

Ғайр аз се навъи қӯшуни Артиши миллӣ, инчунин, дар тобеияти Вазорати мудофиа ва Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ қисму воҳидҳои алоҳидаи низомӣ ва муассисаҳои олии таълимии ҳарбӣ низ фаъолият менамоянд. Аз ҷумла, донишкадаву литсейи ҳарбӣ, полки таъминотӣ ва идоракунӣ, полки муҳандисӣ-сапё­рӣ, баталиони алоҳидаи ҳифзи радиатсионӣ, химиёвӣ ва биологӣ, баталиони сохтмонӣ, госпиталҳои ҳарбӣ, қисмҳои низомии таъминотӣ, кафедраҳои ҳарбии назди донишгоҳу донишкадаҳо, комиссариатҳои ҳарбӣ ва дигар идораҳои низомӣ мебошанд, ки аксари онҳо аз солҳои аввали таъсисёбии Артиши миллии мамлакат ташкил ёфта, вобаста ба хусусияти таъсис ва ҳадафу вазифаҳои таъи­нотиашон уҳдадориҳои махсусан муҳими ҷангиро иҷро мекунанд.

Барои фаъолияти пурсамар ва босифат пойгоҳҳои дорои шароити лозима зарур аст. Қувваҳои Мусаллаҳ, ки аз соҳаҳои муҳиму стратегӣ ба ҳисоб меравад, беш аз ҳар соҳаи дигар ба иншооти гуногун ниёз дорад. Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ва зимни таъсису бунёди Қувваҳои Мусаллаҳ навъи қӯшунҳо ва дигар ҷузъу томи Артиши миллӣ дар пойгоҳҳои корхонаву идораҳои давлатӣ ва муассисаҳои таъиноташон гуногун ташкил гардида буданд. Дар давоми 32 соли рушду нумӯи Артиши миллӣ маҳз бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар гарнизонҳои Суғду Хатлон, Хоруғ, Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ садҳо бинои маъмурию ситоди қисмҳои ҳарбӣ, хобгоҳҳои аскарону афсарон, синфхонаҳои таълимӣ, комиссариатҳои ҳарбӣ, иншооти ёрирасони коммуналӣ, истгоҳҳои доимӣ барои нигоҳдории техникаи ҳарбиву автомобилӣ ва дигар иншооти зарурии низомӣ дар муддати кӯтоҳ, бо сифати баланду хароҷоти камтарин ва ҷавобгӯ ба меъёри ҳарбиву талаботи ҳозиразамони низомӣ сохта мавриди истифода қарор дода шуданд.

Ташкили машқгоҳу марказҳои таълимӣ ва фароҳам овардани тамоми шароити ҳозиразамони ҳарбӣ дар онҳо имкон медиҳад, ки на танҳо ҷузъу томи тобеи Вазорати мудофиа, балки дигар сохторҳои қудратии мамлакат ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар низ аз он самаранок истифода баранд, дар баробари дигар чорабиниҳои нақшавӣ, санҷиши техникаҳои вазнини зиреҳпӯши ҷангӣ ва дигар силоҳу муҳимоти ҳарбиро мавриди омӯзиш қарор диҳанд.

САНАДҲОИ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚӢ

Дар ҷомеаҳои демократию ҳуқуқбунёд фаъолияти дилхоҳ соҳа тавассути санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ монда мешавад. Дар кишвари соҳибистиқлоли мо низ барои рушду пешрафт санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиёд таҳияву қабул шудаанд. Аз ҷумла, барои танзим ва ташаккули Қувваҳои Мусаллаҳ ва сохтору воҳидҳои он шурӯъ аз солҳои аввали соҳибис­тиқлолӣ санадҳои меъёрӣ, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи разведкаи ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ», «Дар бораи силоҳ», «Дар бораи фармоиши давлатии мудофиавӣ», «Дар бораи омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ», «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ», «Дар бораи савгандёдкунии тантанавии хизматчиёни ҳарбӣ барои садоқат ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»,  «Дар бораи мудофиа», «Дар бораи ҳолати ҷангӣ», «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» қабул гардиданд, ки асосҳои ҳуқуқии мавҷудият ва фаъо­лияти қувваҳои мусаллаҳ, таъмину нигоҳдориро муайян намуда, инчунин, масъалаҳои интизоми дохилӣ, таъмини волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ ва фаъолияти хизматчиёни ҳарбиро ба танзим медароранд.

АРТИШИ КОРОЗМУДАИ МИНТАҚА

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 32 соли мавҷудият ба як неруи пуриқтидор табдил ёфт. Дар ин муддат Артиши миллӣ ба чолишҳои зиёде рӯ ба рӯ шуда, кишвари соҳибистиқлол, истиқлоли давлатӣ ва марзу буми аҷдодиро шарафмандона ҳимоя намудааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошӣ ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 феврали соли 2024 зикр кардаанд, ки «Имрӯз мо бо ифтихор иброз медорем, ки маҳз дар натиҷаи шуҷоату матонат ва далериву ҷоннисориҳои хизматчиёни ҳарбӣ — фарзандони бонангу номуси Ватан ҳокимияти конститутсионӣ барқарор гардид ва дар кишвар барои сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ заминаи устувор гузошта шуд».

Воқеан, муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон Тоҷикис­тони навинро бо ҳама рукнҳояш бун­ёд намуда, бо заҳмати шабонарӯзӣ ваҳдати комилро таъмин карданд. Артиши миллӣ, ки меъмораш муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон мебошанд, чун сипари боэътимод дар муқобили мавҷи хатарҳои ҷаҳони муосир таъминкунандаи сулҳу оромист. Натиҷаи заҳмати шабонарӯзӣ ва ҷоннисориҳои ходимони Қувваҳои Мусаллаҳ аст, ки имрӯз мувофиқи арзёбии марказҳои таҳлилии ҷаҳонию минтақавӣ Артиши миллии Тоҷикис­тон, бинобар дорои таҷрибаи ҷангӣ будан, аз кор­озмудатарин қувваҳои мусаллаҳи минтақа ба ҳисоб меравад.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»

РИВОЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
Агар шумо шахсияти сиёсии дигареро дар замони муосир мешиносед, ки бештар аз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳё ва рушди фарҳанги ориёӣ самимона заҳмат кашидааст, намуна ва мисол биоваред!

Як нависанда ва пажуҳишгар ва ҳар касе вақте мавзуеро матраҳ мекунад, бояд он мавзуъро бо далел ва афкори солим баррасӣ ва арзёбӣ намояд. Ман як форсизабони хориҷӣ ҳастам, яъне аз Тоҷикистон нестам, аммо дар бораи Президенти Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақола менависам. Пурсиш ин метавонад бошад, ки чаро бояд мақола бинависам? Посухи ман ин аст, ки тадбирҳои фарҳангии ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон барои посдорӣ аз фарҳанги ҳамаи форсизабони ҷаҳон судманд ва ниҳоят пураҳамият аст. Бинобар ин, мани форсизабон ҳақ дорам, ки дар бораи Эмомалӣ Раҳмон бинависам, қадрдон ва сипосгузори Ҷаноби Олӣ бошам, зеро Эмомалӣ Раҳмон бо посдорӣ аз фарҳанги тоҷикон ва ориёиҳо аз ҳувият ва фарҳанги ҳар ориёӣ ва форсизабон дар ҷаҳон ҳимоят менамоянд.

Дар оғози ин матлаб ду мавзуъро дар бораи ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон матраҳ намудам, ки яке “Паёмовари сулҳ” ва дуюмӣ “Паёмовари огоҳии миллӣ” аст. Чунонки дар оғози матлаб ишора шуд, ҳар мавзуе бояд бо далел ва воқеъбинона мавриди баррасӣ қарор дода шавад. Бар ин асос ман бояд дар бораи ду мавзуъ далел биоварам ва собит намоям, ки чаро ин ду мавзуъро дар бораи Ҷаноби Олӣ матраҳ мекунам.

Мавзуи аввалро мехоҳам бо як матлаби форсӣ ва достоне аз “Гулистон”-и Саъдӣ мавриди баррасӣ қарор диҳам. Дар “Гулистон»-и Саъдӣ достонест, ки «подшоҳе бо ҷамъе аз афрод дар киштӣ савор буданд, аммо яке аз афрод, ки ҳеҷ гоҳе савори киштӣ нашуда буд, аз тарс бисёр нороҳатӣ ва сарусадо мекард. Ҳакиме дар киштӣ буд, аз подшоҳ иҷоза гирифт, то он фардро ором кунад. Подшоҳ иҷоза дод. Ҳаким гуфт, ӯро ба дарё андозед, чанд сарбоз ӯро ба дарё андохтанд ва пас аз чанд лаҳза аз мӯяш гирифтанд, ба киштӣ баргардониданд. Он фард дар гӯшае хазид ва ором гирифт ва қадри киштиро фаҳмид. Ҳаким гуфт, касе “қадри офиятро медонад, ки ба мусибате гирифтор ояд”. Он фард то ғарқ шудан ба мусибате гирифтор наомада буд, қадри офият дар киштиро намедонист».

Ин достонро барои ин ривоят кардам, ки имрӯз миллати тоҷик ба хотири мудирият ва сиёсати мудаббиронаву хирадмандонаи Роҳбари давлати Тоҷикистон ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон дар офият, амният ва оромӣ ҳастанд. Шояд бархе аз афрод ин офиятро дарк накунанд ва ончунон ки лозим аст, қадри онро надонанд. Чаро? Барои он ки аз рӯзе, ки Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон паёми сулҳ овард ва сулҳу ваҳдати миллиро дар Тоҷикистон асос гузошт ва ба ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон хотима бахшид, хушбахтона, аз он ба баъд мардуми Тоҷикистон дигар мусибатеро надидаанд, ки қадри офияту оромии мавҷудро бидонанд. Бино бар ин, бояд мардумро мутаваҷҷеҳи офияту оромии мавҷуд кард, то мусибати гузаштаро ба ёд биоваранд ва қадрдони офияту оромии имрӯза бошанд. Кишвари ҷангзадаро дар наздики худ ва кишварҳои ҷангзадаи дигари ҷаҳонро бубинанд, ки мардумашон чӣ қадар дучори мусибатанд, аммо, хушбахтона, дар Тоҷикистон бинобар тадбири ин инсони бузург, ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон, амнияту осоиш барқарор аст ва давлати Тоҷикистон яке аз кишварҳои амну ороми ҷаҳон аст. Ба назари ман, ҳар фарди тоҷик ва умуман кулли мардуми Тоҷикистон қадри Президент ва офияту оромии мавҷуд дар давлатро бояд бидонанд, то ин офият ва амният дар кишвар ҳар чӣ бештар пойдор ва устувор бимонад.

Вақте ки Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон сулҳ ва ваҳдати миллиро дар Тоҷикистон барқарор намуд, ба мавзуи бисёр сарнавиштсози дигар таваҷҷуҳ кард, ки мавзуи ҳувият ва худшиносии миллии тоҷикон буд.

Агар ҳақиқатро бигӯем, он чӣ имрӯз ба номи ҳувияти эронӣ, адабиёти эронӣ, ривоят ва ҳамосаи миллӣ, адабиёти форсӣ ва забони форсӣ ёд мешавад, дар давраи Сомониён асос ва бунёд гузошта шуданд. Сомониён тоҷик буданд. Тоҷикон яке аз қавмҳои бузурги ориёӣ ҳастанд. Фикр кунем, агар ҳукумати Сомониён рӯи кор намеомад, имрӯз мо адабиёти форсӣ, ҳамоса ва ривояти миллиро дар Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон ва ғайраҳо доштем?!

Ба назари ман надоштем, зеро шоҳони сомонӣ ва дарбори фарҳангии Сомониён буд, ки адабиёти форсӣ ва ривояту ҳамосаи миллиро асос гузоштанд. Аммо пас аз ҳукумати Сомониён нақши Сомониён ва тоҷикон дар шаклгирии забону адабиёти форсӣ ва ривояту ҳамосаи миллӣ ва мардум ба фаромӯшӣ сипурда шуд ва шаклгирии забону адабиёти форсӣ бештар ба ҳукуматҳо ва ақвоми дигари ориёӣ, аз ҷумла ба эрониён тааллуқ гирифт. Дуруст аст, ки ҳамаи ақвоми ориёӣ дар шаклгирии адабиёт ва забони форсӣ нақш доштаанд, аммо нақши асосиро пас аз ислом дар шаклгирӣ ва ривоҷи забону адабиёти форсӣ ва ривояти миллӣ Сомониён ва тоҷикон доштанд.

Нақши тоҷикон дар шаклгирии забон ва адабиёти форсӣ ва ривояти миллӣ пас аз Сомониён то оғози давраи роҳбарии Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта буд. Хушбахтона, маҳз давраи роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон буд, ки тоҷикон аз лиҳози фарҳангӣ ва миллӣ дар ҷойгоҳи таърихии худ қарор гирифтанд ва ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон таъкид бар нақши тоҷикон дар шаклгирии ҳувият ва фарҳанги ориёӣ кард ва кишварҳои минтақаю ҷаҳон ҷойгоҳи тоҷиконро дар шаклгирии фарҳанги ориёӣ, адабиёту забони форсӣ ва ривояту ҳувияти миллӣ дарк карданд.

Биёед, воқеъбинона ин саволро матраҳ кунем, ки кадом шахсияти сиёсӣ дар кишварҳои форсизабон бештар аз ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон барои фарҳанги тоҷикон ва дар кулл, барои фарҳанги ориёӣ ва адабиёту забони форсӣ заҳмат кашида ва талош кардааст? Агар шумо шахсияти сиёсии дигареро дар замони муосир мешиносед, ки бештар аз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳё ва рушди фарҳанги ориёӣ самимона талош карда, заҳмати зиёд кашидааст, намуна ва мисол биоваред! Ҳақиқат ин аст, ки дар замони муосир дар кишварҳои форсизабон мо ғайр аз ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон шахсияти сиёсии дигаре надорем, ки барои ҳувият ва фарҳанги тоҷикон, ориёиҳо ва форсизабонҳо дилсӯз бошад.

Ҷашни Наврӯз, ҷашни Чилла (Ялдо), ҷашни Меҳргон ва соири ҷашнҳои ориёӣ ва ривоятҳои миллию мардумии ориёӣ дар кишварҳои форсизабон ва дар ҷаҳон дар ҳоли фаромӯшӣ буданд. Ин талош ва иқдомҳои ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон буд, ки аз ҷумла ҷашни Наврӯз ва ҷашни Чилла аҳамияти ҷаҳонӣ пайдо карда, мӯҷиби эҳёи ҷашни Меҳргон ва дигар ҷашнҳои ниёгон дар сатҳи миллӣ шуданд.

Хушбахтона, бар асоси роҳбарӣ ва сиёсати фарҳангии таъсиргузори муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Тоҷикистон марказ ва ҳувияти фарҳанги тамаддуни ориёӣ аст. Дар Эрон ва дар ҳеҷ кишвари форсизабони дигар тандисҳои Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Куруш ва соири шахсиятҳои форсизабон ва ориёӣ дида намешаванд.

Қобили ёдоварӣ ва хурсандӣ аст, ки дар Тоҷикистон боғҳо ба номи ин бузургон номгузорӣ шуда ва барои арҷгузорию эҳтироми ин бузургон тандисҳояшон сохта шудаанд, то аз як тараф, ин бузургон фаромӯш нашаванд ва аз тарафи дигар, наслҳои ҷавон ва баъдӣ ҳарчи беҳтар ва бештар бо гузаштаи фарҳангӣ ва бо бузургони фарҳангии худ шинос шаванд.

Ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон фаротар аз иқдоми амалӣ барои ҳимоят ва посдорӣ аз фарҳанги ниёгон ва ҳувияти тоҷикон андеша, идея ва фикр низ эҷод кардааст. Ҷаноби Олӣ дар китоби “Забони миллат — ҳастии миллат” барои ҳифз ва бақои ҳувияти як миллат доштани забони модариро зарурӣ медонад ва ин идеяро матраҳ мекунад, ки барои ҳифзу тақвияти ҳувият ва огоҳии тоҷикӣ ва миллӣ ба забони тоҷикӣ ва модарӣ эҳтиёҷ аст, зеро вуҷуд (ҳастӣ) ва ҳувияти миллат бо забони миллат пайванд ва иртиботи ногусастанӣ дорад.

Бинобар ин, ҷаноби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар замони ҳозир метавон содиқтарин ва серталоштарин фарзанди ориёӣ ва тоҷик барои фарҳанг, ҳувият ва ривояти ориёиҳову тоҷикон донист. Аз ин назар, ҳар тоҷик ва форсизабон, чӣ дар Тоҷикистон ва чӣ берун аз Тоҷикистон, бояд қадрдон ва сипосгузори ин шахсияти беназир бошад.

Бознашр аз АМИТ «Ховар»

Муждаи сабзи паём
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олӣ ва фаротар аз он — ба тамоми мардуми шарифи кишвари азизамон муҳимтарин ҳуҷҷатест, ки дар он бо такя ба санаду далелҳои муътамад соли сипаригардида ва барномаи амалкарди оянда бо фарогирии тамоми самтҳои муҳими давлатдорӣ дар ҷаҳони пуртазоди имрӯз бозтоби худро ёфтааст.

Бо назардошти вазъи мураккаби ҷаҳони имрӯз дар Паём ҷанбаи ояндабинӣ яке аз масъалаҳои умда ва меҳварӣ ба ҳисоб меравад. Ин дар худ ҳикмат дорад. Тавре дар Паём ишора гардид, дар минтақаҳои гуногуни олам низоъу мухолифат шиддат гирифта, доираи фарогирии онҳо торафт густардатар мешавад. Илова ба ин, тағйири босуръати иқлим омили дигарест, ки ташвиши ҷомеаи башариро ба миён овардааст. Мусаллам аст, ки рӯйдодҳои мавриди назар ба низоми муносиботи миёни давлатҳо ва зиндагии инсонҳо бетаъсир намемонад. Бо мавриди назар қарор додани ҳолати бамиёномада Роҳбари давлат дар ибтидои Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ ҷиҳати пешгирӣ аз таъсири манфии онҳо зарурати дидани тадбирҳои саривақтӣ ва самароварро таъкид намуданд. Ин нуктаи Президенти кишварро ҳамчун ҳушдор бояд пазируфт.

Тавре дар Паём зикр гардидааст, дар ин самт Ҳукумати мамлакат барномаи мукаммалу устуворро тарҳрезӣ намудааст, зеро бидуни дидани тадбирҳои муҳиму муассир ҷиҳати муқовимат ба паёмадҳои ногувори рӯйдодҳои номатлуби ҷаҳони муосир амалисозии ҳадафҳои миллӣ, ки қабл аз ҳама, ба таҳкими пояҳои давлатдорӣ, бақои ваҳдати миллӣ, рушди босуботи иқтисодиёт, таъмини амнияти миллӣ ва боло бурдани сатҳу сифати некуаҳволии мардуми кишвар нигаронида шудаанд, комёб будан муяссар намегардад. Ин масъалаест, ки набояд нисбат ба он бетараф буд ва аз ҳар як сокини кишвар, ки ифтихори миллӣ дорад, истиқлоли давлатиро беҳтарин неъмат медонад, ба ин марзу буми муқаддас арҷ мегузорад ва хешро фарзанди содиқи ин Ватани маҳбуб мехонад, тақозо мешавад, ки дар татбиқи он саҳим гардад. Дар Паём заминаи созгор ва роҳҳои расидан ба ин аҳдофи наҷиб ба таври равшан нишон дода шудааст ва таъмини заминаи мусоид ҷиҳати рушди босуботи иқтисодиёти кишвар яке аз онҳост.

Дар баробари зикри ­даст­овардҳои дар соли гузашта муяссаргардида, ҳамзамон, дар Паём тарҳрезии барномаи амал барои баъд ироа гардид. Аз ҷумла, мақомоти дахлдор вазифадор шуданд, ки бо истифода аз имконияти мавҷуда рушди иқтисоди кишварро дар соли 2025 дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин намоянд. Илова бо ин, ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо супориш дода шуд, ки дар ҳамкорӣ бо дигар ниҳодҳои дахлдор то охири соли оянда «Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2026-2030»-ро, ки фарогири масъа­лаҳои рушди сармояи инсонӣ, тақвияти иқтидорҳои истеҳсолӣ ва истифодаи технологияҳои муосир, ташкили истеҳсоли молу маҳсулоти рақобатнок бо арзиши баланди иловашуда, пайванди илм бо истеҳсолот ва ташаккул додани иқтисоди ба дониш ва ихтироъкорию навоварӣ асосёфта мебошад, таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.

Дар баробари ин, зикр кардан бамаврид аст, ки яке аз омилҳои муассири ғанигардони буҷети давлат ин пардохти саривақтии андоз ба ҳисоб меравад. Таъмини раванди босуботи он ба сатҳи маърифати молиявӣ ва ташаккули фарҳанги андозсупории шаҳрвандон рабт дорад.

Тадбири муҳими дигаре, ки дар ин самт ба роҳандозии он дар Паём ишора шуд, гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллист. Маҳз ба ҳамин хотир ба ниҳодҳои дахлдор дастур дода шуд, ки дар ин ҷода тадбирҳои судманд биандешанд. Бо назардошти зарурат ва аҳамияти масъалаи мавриди назар Роҳбари давлат пешниҳод намуданд, ки солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон шавад.

Тавре дар боло ишора рафт, як барномаи мукаммалест, ки бо татбиқи амалии он баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ ва рушди тадриҷии иқтисоди кишвари мо таъмин гардида, ҳамзамон, ба ин васила бунёди коргоҳҳои истеҳсолӣ, истеҳсолу содироти маҳсулоти дар бозори ҷаҳонӣ рақобаткунанда, коҳиш додани сатҳи бекорӣ, беҳбуд бахшидани иқтисоди хонаводагӣ ва боло бурдани сатҳу сифати зиндагӣ муяссар мегардад.

Мусаллам аст, ки таваҷҷуҳ ба соҳаи маориф дар умури давлатдорӣ дар мақоми аввал меистад, зеро рушду пешрафти тамоми соҳаҳо, ки барои таҳкими иқтидори давлат ва бақои он заминаи мусоид муҳайё месозад, қабл аз ҳама, ба сатҳи маърифати аҳолӣ рабт мегирад. Маҳз маърифат метавонад дар муқобили ҷаҳолат ҳамчун сипари боэътимод бошад. Ба ибораи дигар, маърифат мояи саодату хушбахтию наҷот ва ҷаҳолат заминагузори фасоду фаност. Ба ҳамин хотир, Роҳбари давлат дар суханрониҳои хеш гаштаю баргашта ба масъалаи донишу маърифатомӯзӣ таъкид мекунанд.

Дар Паёми имсола низ рушди соҳаи маориф ва баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ яке аз муҳимтарин масъалаҳое буд, ки Президенти кишвар дар робита ба он ба таври муфассал изҳори назар намуда, ҷиҳати беҳбуд бахшидани соҳаи маорифи кишвар ба мақомоти дахлдор супоришу дастури созандаю муфид доданд. Аз ҷумла, ба нақши боризи маориф дар пешравии давлат ва ҷомеа ишора карда, ҳушдор доданд, ки «сабаби асосии бадбахтии ҳар як миллат ва давлат эътибор надодан ба сифати мактабу маориф, саҳлангорӣ кардан ба тарбияи кӯдак аз хурдсолӣ ва фароҳам наовардани муҳити мусоид барои таълиму тарбия мебошад».

Нисбат ба мақому мартабаи баланди фарҳанг ва саҳми он дар тарбияву ташаккули инсони комил ва фаротар аз он — миллат аз баҳои Президенти кишвари мо, ки дар яке аз мулоқотҳо ба аҳли зиё чанд сол қабл садо дода буд ва дар Паёми имсола аз он – «Фарҳанг — ҳастии миллат» ёд гардид, болотар баҳое нест. Ин ҳарфи Роҳбари давлатамонро набояд ҳамчун шиор пазируфт, балки пандест ҳакимона ва ҳушдорест хирадмандона, ки аз дурандешӣ ва оянданигарӣ маншаъ гирифтааст. Ин андарз, агар аз як сӯ, ҷойгоҳи баланди фарҳангро барои мо маълум намояд, аз тарафи дигар, нақши муассири онро дар сарнавишти миллат бозгӯ месозад. Он ҳушдорест ба насли имрӯзу оянда ҷиҳати эмин нигоҳ доштани миллати шарафманди тоҷик аз таҳдиду хатарҳое, ки дар ин айёми ноором аз бархӯрди тамаддунҳо ва омезиши фарҳангҳо бармеоянд. Мусаллам аст, ки ин бархӯрдҳо билохира, барои яке бақо ва барои дигаре фаноро подош меоранд. Ҳамин аст, ки чунин ҳолат аҳли хиради миллати моро, ки ба фарҳанги пурбори хеш арҷ мегузорад ва дар масири таърих ҳамеша саъй ­дошта, ки ба он газанде нарасад, ба ташвиш овардаву роҳҳои бархӯрд ба онро ҷустуҷӯ дорад. Панди дурандешонаи Роҳбари давлат дар ин росто беҳтарин тадбир ва ҳидоятест саривақтию ҳадафманд. Тавзеҳи он барои мо чунин маъноро бозгӯ месозад, ки миллат, маҳз бар асари пойдор нигоҳ доштани фарҳангаш метавонад аз ҳама гуна хатарҳо эмин бимонад. Яъне, мо агар фарҳанги пурғановати хешро, ки мояи нангу номусу ифтихори миллӣ, фарогири адабу ахлоқ, расму оин, анъанот, забон ва маншаи тафаккури миллии мо буда, дар тӯли ҳазорсолаҳо ташаккул ёфтаву сурати комил мегирад, ҳимоя карда тавонем ва бо таваҷҷуҳу ғамхории ҳамешагӣ онро таҳким бахшему устувор нигоҳ дорем, пас, метавонем мутмаин бошем, ки заминаи бақои миллати хешро муҳайё кардаем.

Тавре Президенти кишвар дар Паёми худ ишора намуданд, «тайи 33 соли Истиқлоли давлатӣ дар кишвар 18 театр, 50 қасри фарҳанг, 14 мактаби санъат, 126 китобхона, 61 боғи фарҳангу фароғат ва 20 осорхона бунёд карда шуд, ки имрӯз ҳамаи онҳо ба мардуми Тоҷикистон хизмат карда истодаанд». Ин маълумотро набояд ҳамчун рақаму нишондоди оморӣ қабул кард, балки мебояд бо корбурди тафаккур сари он мулоҳиза намуд, ки ин дастовард дар чӣ шароите ба мо муяссар гаштаю барои ноил шудан ба он чӣ қадар саъю кӯшишу талошҳо сурат гирифтааст, зеро аз ин 33 сол беш аз даҳ соли он ба ҷой доштани нооромиҳо дар кишварамон сипарӣ гардид ва тамоми равандҳои созандагию ободкориҳо, ки дастовардҳои фарҳангӣ аз ин шуморанд, ҳамагӣ дар муддати хеле кӯтоҳ, яъне понздаҳ-бист сол ба мо даст додааст. Ин нишондодро барои кишваре, ки ҷанги шаҳрвандиро паси сар кардааст, бо итминон метавон дастоварди бузург донист ва таъкид бамаврид аст, ки он маҳз ба баракати пойдории сулҳу субот, роҳандозии сиёсати фарҳангии созанда аз сӯйи Ҳукумати мамлакат ва таваҷҷуҳу ғамхории доимии Роҳбари давлат ба соҳаи фарҳанг насибамон гардидааст.

Ҳамзамон, Президенти кишвар ба мушкилот ва камбудиҳои ҷойдош­таи соҳа ишора карда, ба Вазорати фарҳанг ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ дастур доданд, ки то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ онҳоро пурра рафъ намоянд. Бори дигар нақши муассири фарҳангро дар сарнавишти миллат таъкид карда, иброз намуданд, ки ҳифзу пойдории фарҳанги миллиро ҳамчун як масъалаи бисёр муҳим бипазирем, «зеро фарҳанги миллӣ ки заиф шуд, ҷояшро фарҳанги бегона пур мекунад».

Дар баробари масъалаҳое, ки ба онҳо ишора намудем, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ, ҳамчунин, ҷиҳати  таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мақоми занон дар ҷомеа, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба мақомоти дахлдор вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд, ки иҷрои саривақтии онҳо барои пойдории сулҳу субот, ободкорию созандагӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории мо заминаи мусоид фароҳам меорад.

Ин ҳуҷҷати сарнавиштсозро метавон ҳамчун паёми сабз аз ояндаи дурахшону пурсаодати давлату миллатамон арзёбӣ кард. Итминон дорем, ки ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ хешро муваззаф медонад, ки амалкарди ­худро дар чаҳорчӯбаи он ба роҳ монда, бо хидмати содиқонаю софдилона ба давлату миллат рисолати шаҳрвандӣ ва фарзандии хешро адо менамояд.

Сироҷиддин ИКРОМӢ,

мудири бахши насри Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

Сиёсати муваффақи хориҷӣ ва саҳми Пешвои миллат дар ин раванд
Далели бебаҳс аст, ки саҳми Пешвои миллат баҳри муайян кардан ва расидан ба ҳадафҳо, коркарду пешбурди усулҳои самаровар ва барои ҷомеаи ҷаҳонӣ қобили қабул дар сиёсати хориҷии мамлакат меҳвар ва муассир аст. Муҳиму беназир он аст, ки тавсеа ва тақвияти сиёсати хориҷии кишвари мо ба тахайюли коршиносону ба истилоҳ назарияпардозон рабте надошта, маҳсули фаъолияти пурмаҳсул, иродаи қавӣ ва рӯҳияи шикастнопазири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб мешавад.

Тавре соли гузашта дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр шуд: «Мизони асосии усули «дарҳои кушода», ки мо дар сиёсати хориҷии худ пеш гирифтаем, роҳандозӣ кардан ва пешбурди муносибатҳои дӯстона, ҳамсоягии нек, шарикӣ, ҳамкории судманд бо кишварҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ мебошад».

Аз далелҳои таърихӣ ҳам бармеояд, ки таърихи давлатдории тоҷикон собиқаи тӯлонӣ ва ғании дипломатӣ дорад ва дар бораи сифату хислати сафирон ё ба қавли ниёгонамон — фиристодагон даҳҳо китобу рисолаҳо таълиф шудаанд. Дар осори бузургон сифатҳои умдаи фиристодагон — муаррифгарони роҳбари давлат ва миллату кишвари худ, яъне хирадмандӣ, равшанравонӣ ба маънои ахлоқи нек ва аҳамияти забондонӣ, ба таври возеҳ таъкид шудаанд.

Тавре Пешвои миллат дар суханрониашон бахшида ба нахустин таҷлили «Рӯзи кормандони хизмати дипломатӣ» ва ифтитоҳи бинои Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷӣ 29 сентябри соли 2016 иброз доштанд: «Ҷумҳурии Тоҷикис­тон баъди сипарӣ гардидани марҳилаи аввали соҳибистиқлолӣ, ки даврони ба эътидол овардани вазъияти дохилӣ ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ буд, дар равобити байналмилалии худ сиёсати «дарҳои кушода»-ро эълон дошт, ки ин хатти сиёсӣ имрӯз низ муваффақона идома дорад. Самараи чунин сиёсатро мо дар робитаҳои хориҷии гуногунҷанбаи кишварамон дар арсаҳои гуногун мебинем».

Интихоби сиёсати «дарҳои кушода» дар самти рушди ҳамкориҳои хориҷии Тоҷикистони соҳибистиқлол бо кишварҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар марҳилаи аввали соҳибистиқлолӣ аз фазилатҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Сиёсати «дарҳои кушода», ки меҳвари аслии муносибатҳои мо бо ҷаҳони муосир интихоб гардид, дар давоми Истиқлолияти давлатӣ воқеӣ, дуруст ва судовар буданро нишон дод.

Ин сиёсат доираи шарикони Тоҷикис­тонро афзоиш бахшида, барои таъмин намудани иштироки густурдаи кишвар дар фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ заминаи мусоид фароҳам овард. Дар ин раванд, ҳимояи манфиатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва амниятии Тоҷикистон, ҷалби сармояи хориҷӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ, эҷоди шароити мусоиди берунӣ барои рушди устувори кишвар ва таъмини бехатарии он муҳим дониста мешуд. Маҳз амалӣ гардидани ин усул дар сиёсати хориҷии кишвар барои тавсеа ва таҳкими муносиботи дуҷонибаю бисёрҷониба бо мамлакатҳои олам ва ҳифзу ҳимояи манфиатҳои миллию давлатӣ дар арсаи байналмилалӣ уфуқҳои навро боз намуд.

Ба гуфти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин: «Вазорати корҳои хориҷӣ, ҳамчун мақоми татбиқкунандаи сиёсати хориҷии давлат, фаъолияти худро дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии кишвар, супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ мондааст. Дар ин росто, мулоқотҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақомҳои баландпояи хориҷӣ дар дохил ва хориҷи кишвар дар тавсеа ва таҳкими бештари муносибатҳои кишвари мо бо ҷомеаи ҷаҳонӣ нақши бориз доштанд. Дар чунин шароит сиёсати хориҷии Тоҷикистон бояд нақши худро дар ҳифзи амну субот дар минтақа, атрофи он ва ҳалли масъалаҳои гуногуни байналмилалӣ гузошт».

Лозим ба ёдоварист, ки кишвари мо замоне ба бунёди давлатдорӣ оғоз кард ва сиёсати хориҷиро таҳким бахшид, ки низоми сиёсии ҷаҳон рӯ ба дигаргунӣ оварда буд. Бар замми ин, дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ Тоҷикистонро ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ фаро гирифт ва дар он шароит сиёсате бояд пеш гирифта мешуд, ки бақои давлат ва якпорчагии миллатро таъмин ва мавқеи сиёсии кишварро дар арсаи байналмилалӣ мустаҳкам менамуд. Аз оғози Истиқлолияти давлатӣ, вобаста ба шакли идоракунии парламентӣ доштани мамлакатамон, то соли 1994 робитаҳои байнидавлатӣ ва байналмилалии Шӯрои Олӣ ба сифати мақомоти олии намояндагии ҳокимияти давлатии Тоҷикистон дар шакли иштироки парламентӣ дар муносибатҳои байниҳукуматӣ ва байнипарламентӣ татбиқ мегардид.

Тавре вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмурод Фаттоҳзода ва Хайриддин Усмонзода зикр кардаанд: «Тарзи ташкили фаъолияти парламент дар симати Шӯрои Олӣ беихтиёр ба хусусияти роҳандозии робитаҳои хориҷии он низ таъсиргузор буд. Намояндагони мардумӣ дар як маврид ҳам салоҳияти намояндагии сохторҳои ҳукуматӣ ва ҳам узви мақоми олии намояндагии ҳокимияти давлатиро ба ҷой меоварданд. Дар ҳар ду маврид вобаста ба шакли идоракунии парламентӣ доштани давлат ташкил ва татбиқи амалияи мазкур таҳти идоракунии Раёсати Шӯрои Олӣ сурат гирифта, сохторҳои ҳокимияти иҷроия сиёсати беруниро дар мувофиқа бо парламент амалӣ мегардониданд. Моҳи декабри соли 1993 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки минбаъд барои ташаккули таҷрибаи аз мавқеи ягона муаррифӣ кардани ҳадафҳои сиёсати дохилию хориҷии Тоҷикистон дар арсаҳои берунӣ заминаи меъёрии ҳуқуқӣ фароҳам овард. Дар заминаи он дипломатияи парламентӣ ба манбаи муҳими татбиқи ҳадафҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфта, тамоюли ташаккулёбии он дар қаринаи дипломатияи касбӣ ва мардумӣ фароҳам гардид. Барои муназзам ба роҳ мондани амалияи мазкур соли 1994 дар таркиби раёсати коргузории Шӯрои Олӣ бо дастури Раиси Президиуми Шӯрои Олӣ шуъбаи робитаҳои байнипарламентӣ таъсис ёфт».

Аз ҷониби коршиносон эътироф шудааст, ки ташаккул ва татбиқи сиёсати хориҷӣ, ки меҳвари онро сиёсати «дарҳои кушода» ташкил медиҳад, аз дастовардҳои бузурги давлат дар замони соҳиб­истиқлолӣ ба шумор меравад. Ба шарофати сиёсати хориҷии муваффақ кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ мавқеи шоиста пайдо намуда, муносибат ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаро бо кишварҳои дунё, созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва ниҳодҳои бонуфузи молиявӣ ба роҳ монд. Ҳақ ба ҷониби доктори илмҳои фалсафа Махфират Хидирзода аст, ки нигоштааст: «Пешвои миллат ҳамчун шахсияти таърихӣ ва сиёсатмадори арсаи байналмилалӣ тавонис­танд дар муддати нисбатан кӯтоҳ мамлакатро аз вартаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ наҷот дода, дар шоҳроҳи устувори рушд роҳнамоӣ намоянд. Дар ин раванд қобилияти дарки баланди воқеият дар баробари дигар хислатҳои сарварии Пешвои миллат имконият дод, ки хусусияти ҳар марҳила дурусту дақиқ эҳсос карда шуда, вобаста ба он технологияи мувофиқи амалисозии ҳадафҳо интихоб карда шавад».

Бамаврид аст ёдовар шавем, ки 29 сентябри соли 1993 дар таърихи муосири сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи воқеан муҳим ба шумор меравад. Дар ин рӯзи хотирмон аввалин маротиба аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид нақшаҳои бунёдкорона, ҳадафҳои сулҳҷӯёна ва азму ниятҳои неки давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили робитаҳои байналмилалӣ ба тамоми аъзои ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ гардиданд.

Зимни пажӯҳиши маълумоти марбут ба он давра маълум гардид, ки соли 1993 дувоздаҳ созмони байналмилалӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, соли 1994 ҳашт, соли 1995 ду ва соли 1996 боз ду созмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагӣ таъсис дода, ба фаъолият шурӯъ намуданд.

«Айни ҳол Тоҷикистон, дар маҷмӯъ, ба узвияти беш аз 80 созмони минтақавию байналмилалӣ ва ниҳоди молиявии ҷаҳонӣ пазируфта шуда, ҳамроҳ бо дигар кишварҳо дар ҳаллу фасли мушкилоти сиёсиву амниятӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷаҳон нақш мегузорад. Дар баробари ин, Тоҷикистон ба зиёда аз 350 санади байналмилалӣ, ба мисли конвенсияҳо, хартияҳо ва эъломияҳои байналмилалӣ, ҳамроҳ шуда, уҳдадориҳоро дар самти расидан ба ҳадафҳои ҷаҳонӣ, аз қабили рушди иҷтимоӣ, беҳбуди вазъи иқтисодӣ, ҳифзи муҳити зист ва амсоли онҳо, иҷро менамояд».

Аввалин санадҳои муайянкунандаи масири сиёсати хориҷии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати дипломатӣ» ва «Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» маҳсуб мешаванд. Бо қабули онҳо ва муҳайё гардидани дигар заминаҳо барои рушди сиёсати хориҷӣ Тоҷикистон ҳамчун кишвари озоду соҳиб­истиқлол дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ гардид, рушди ҳамкорӣ ва муносибатҳои дуҷонибаю бисёрҷониба бо давлатҳою созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ аз ҳадафҳои муҳими давлат дониста шуд. Илова бар ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эътироф кардани санадҳои робитаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид, Санади хотимавии Хелсинки, Баёнияи Париж ва дигар санадҳои зербиноӣ сиёсати дохилӣ ва хориҷиро ­бунёд намуда, эълон кард, ки инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯро, сарфи назар аз мансубияти миллӣ, мазҳабӣ, нажодӣ ва ҷинсӣ, арзиши олӣ мешуморад.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ сиёсати «дарҳои кушода», ҳамчун фарҳанги ҳамзистӣ бо оламиён аз ҷониби роҳбарияти кишвар муаррифӣ гардида, дар асоси он сиёсати хориҷии бисёрсамта, ботавозун ва прагматикӣ тарҳрезӣ шуд ва тавсеаву таҳкими робитаҳои дӯстона, ҳамкориҳои судманд бо кишварҳои гуногуни олам зина ба зина равнақ ёфтанд.

Дар робита ба ин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 10 марти соли ҷорӣ дар доираи сафари расмӣ ба Донишгоҳи Қоҳираи Ҷумҳурии арабии Миср зимни суханронӣ дар назди устодону донишҷӯёни донишгоҳи мазкур чунин таъкид карданд: «Кишвари мо дар тӯли 30 соли соҳибистиқлолии хеш тавонист бо кишварҳои минтақаҳои гуногуни ҷаҳон ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷониба барқарор намуда, мавқеъашро дар арсаи байналмилалӣ мустаҳкам гардонад. Таи давраи на чандон тӯлонии таърихи муосири хеш Тоҷикис­тон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид ва бо аксари давлатҳои олам равобиту ҳамкории хубу судбахшро ба роҳ монд.

Мо аз минбари созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ пайваста ташаббусу ибтикорҳои созандаро ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҷаҳону минтақа, аз ҷумла дар масъалаҳои вобаста ба об, тағйирёбии иқлим, мубориза бо терроризм, ифротгаройӣ, қочоқи силоҳ ва маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, ба самъи ҷаҳониён мерасонем».

Сиёсати «дарҳои кушода» меҳвари сиёсати хориҷии Тоҷикистонро таҷассум мекунад ва дар заминаи татбиқи муваффақонаи он ҳар сол миёни Тоҷикистон ва беш аз 100 кишвари ҷаҳон табодули мол сурат мегирад. Тоҷикистонро ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ зиёда аз 179 давлати ҷаҳон ба расмият шинохтааст ва бо 126-тои он муносибатҳои дипломатӣ барқарор намудааст. Тоҷикистон дар доираи ҳамкориҳои созандаи хориҷӣ бо кишварҳои гуногуни олам зиёда аз 1200 ҳуҷҷати дуҷониба ба имзо расонидааст, ки масъалаҳои муносибату ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, ҳарбӣ, ҳарбӣ — техникӣ, амният, илм, фарҳанг, маориф, тандурустӣ, сайёҳӣ ва ғайраҳоро фаро мегиранд.

Бештари ташаббусҳои сиёсӣ, аз ҷумла рушди ҳамкориҳои минтақавӣ, як зумра ташаббусҳо оид ба истифодаи оқилонаи захираҳои об ва ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва қочоқи маводи мухаддир, инчунин, дигар пешниҳодҳои арзишманди роҳбарияти Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамовозӣ ва дастгирӣ ёфтанд.

Коршиносону мутахассисон ташаббусҳои ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи об дар арсаи байналмилалӣ назаррас арзёбӣ мекунанд, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфта, самти фаъолияти ҷомеаи ҷаҳониро аз баррасиву изҳори мақсад ва эълони уҳдадориҳо ба иҷрои чораҳои амалӣ равона кардаанд.

Бояд дарк кард, ки пешниҳоду ташаббусҳои кишвар бо роҳбарии Пешвои миллат танҳо бо масъалаи об иктифо намешавад. Муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ҳамчун абармарди дунёи сиёсат вобаста ба мушкилоти дигари сайёра низ ибтикореро амалӣ карданд, ки дар арсаи байналмилалӣ бо иттифоқи оро дастгирӣ ёфтанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити нисбатан ҳассос ва зудтағйирёбандаи ҷаҳон сиёсати хориҷиро дар сатҳи хубу сифати баланд ба роҳ монда, дар ин ҷода комёб гардид. Коршиносони масоили сиёсӣ ҳама пешравиро дар самти робитаҳои байналмилалӣ бо мавқеи устувори сиёсӣ ва дурандешию башардӯстии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марбут медонанд. Роҳбари мамлакат, ки бо пешниҳоду ташаббусҳои беназир абармарди дунёи сиёсат эътироф гардидаанд, таҳрикбахши мамлакат дар ҳама самт, аз ҷумла сиёсати хориҷӣ, маҳсуб мешаванд.

Ба қавли собиқ муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот, ҳоло раиси ноҳияи Ёвон Ҷамшед Саидзода «Ҳангоми дар бораи ҷойгоҳи байналмилалии Тоҷикистон сухан гуфтан бояд ёдовар шавем, ки кишвари мо як узви назоратгари одии равандҳои сиёсии байналмилалӣ набуда, балки сиёсати хориҷии ташаббускор дорад. Мо дар сафарҳои хизматию расмии худ ба хориҷи кишвар борҳо шоҳиди он гаштаем, ки хориҷиён аз давлату миллати мо, пеш аз ҳама, шахсияти Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, халқу миллати тоҷикро хушбахту саодатманд меҳисобанд, ки чунин сарвари оқилу доно ва сиёсатмадори шинохтаю миллатдӯст насибамон шудааст. Дар бораи шахсияти бузург ва сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ гардидани Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханҳои дар ҳаққи ӯ гуфтаи аксари роҳбарони давлатҳои абарқудрати ҷаҳон ва сазовор гардиданашон ба ҷоизаҳою мукофотҳои созмону ташкилотҳои бонуфузтарини байналмилалӣ, ки шумораи онҳо хеле зиёданд, гувоҳӣ медиҳанд».

Хулосаи ниҳоӣ аст, ки ба шарофати муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷойгоҳи кишвари мо дар сиёсати байналмилалӣ ва ҳаллу фасли мушкилоти сайёра хоса буда, сиёсати хориҷии кишвар бо назардошти манфиатҳои милливу давлатӣ роҳандозӣ шудааст.

Далер АБДУЛЛО,

«Садои мардум»

Як каф гандум
Салом, духтари ширинзабону доноякам Маҳбуба!

Номаатро гирифтам. Гирифтаму пеш аз ҷавоб  додан онро такрор ба такрор хондам. Аз чӣ сар кардани суханро надониста, ба андеша фурӯ рафтам. Охир ту дар бораи Сарвари кишварамон муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон нома навиштанро хоҳиш кардаӣ.

Духтарам  Маҳбуба! Биё, хубаш, номаро на бо суханҳои бодабдаба, ки дар китобҳои бадеӣ  мешавад, балки аз нақли Умед ном ятим, ки соли 1992 — соли ҷанг 12 — сола буд, оғоз намоям. Ман ба ин  навиштаи ӯ, ки аз мазмуни ҳикоя бармеояд, сарлавҳа низ  ёфта, онро  «Як каф гандум» номидам.

Замонҳои саршавии қаҳтӣ буд. Рӯзе ба деҳаамон лӯлизанҳо омаданд. Яке аз онҳо ба ҳавлии мо даромад. Хароб, чеҳрааш офтобсӯхта, дар сараш рӯймоли сиёҳранг. Ман ӯро ба хона дароварда гуфтам: «Дидед, чӣ тавр зиндагӣ дорем? Чизе дар даст надорем. Ҳайронам, шуморо бо чӣ меҳмондорӣ кунем. Ҳатто нони қоқ низ ёфт намешавад. Бубахшед, апа!»

Дастони модарам, ки дар як кунҷи хона хоб мерафт, аз гушнагӣ кабуд шуда, ба чӯби хушк табдил ёфта буд. Лӯлизанак як ба модарам, як ба ман  нигоҳ карду ҳеҷ чиз напурсид. Ӯ ба як кунҷ нишаста, бухчаи дар дасташбударо кушод, ки дар вай як каф гандум буд. Хонаро бӯи форами ана ҳамин гандум фаро гирифт. «Аз одамон бисёр чиз талбида гирифтагӣ ҳастам. Акнун фурсати онҳоро гардондан расидааст». Лӯлизанак инро гуфту баромада рафт.

Гандумро бирён карда хӯрданӣ будем, ки модарам намонд. Хоҳиш кард, ки теппаи ба хонаамон часпидаро мулоим намуда, гандум пошам. Ман гандумро дар замини худам кишт намудам.

Зимистонро илоҷе карда гузарондем. Аз ноҳия  ба оилаҳои бепарастор даҳкилоӣ орд медоданд. Нон набошад, гӯштбирён низ намефоридааст. Гандуми коридаи мо дар баҳор як сатил дони хубу  аъло дод. Рӯзҳои бенонӣ буд. Ба модарам  «ҳамин  гандумро нон карда  хӯрем» гуфтам.

- Не! — гуфт модарам. — Ба гандум нарас. Гандум барои тухмӣ истад.

Дар ин байн баъзе аз одамони деҳа ба  касалии домана гирифтор шуданд. Ҳар  рӯз ба гӯристон як-ду тобут  бурда мешуд. Шиками одамони гандуми  заҳрдор истеъмолкарда дам карда, се рӯз нагузашта аз олам мерафтанд. Модарам ва додарам бо ҳамин касалӣ дар беморхона хоб рафтанд. Бо ҳамсояамон Нурмат — амак гӯсолаамонро забҳ кардем. Шӯрбо пухта, ба дидани модарам ва додарам ба беморхона рафтем. Модарам, ки рангурӯяш дока барин сафед гашта буд, як гапро такрор мекард:

- Умедҷон, ҳамон як сатил гандумро ба замин пош…

Модарам ба мурда шабоҳат дошт. Зарур донистам, ки хоҳиши ӯро иҷро намоям. Ба хона омада, як сатил гандумро ба замини побелкарда пошидам. Дар ин байн хоҳарам ҳам, ки аз паси ман соя барин мегашту ёрдамчии ягонаи ман буд, ба касалии домана гирифтор шуд. Ӯро низ ба беморхона бурданд.

Рӯзе Нусрат — амак «либосҳоятро пӯшида баро, ба як ҷо меравем», гуфтанд.

- Амакӣ, беморхона-чӣ? Охир модарам, додарам, хоҳарам…

Ҳамсоя абрӯяшро чин кард:

- Гард, «бизнес» мекунем. Пул кор мекунӣ. Ба бемор ту не, хӯрок даркор, нон даркор.

Мо бо Нурмат — амак ба кӯҳи Рангон рафтем. Байни зимистону баҳор, ҳоло дар кӯҳҳо кӯрпаи барфҳо ало-було шуда хоб мерафт. Нусрат  — амак ба як канори Элаксой, ки дар пастии кӯҳ оромона чарх зада, равон мешуд, тӯр партофта будааст. Ман то зону ба об даромада, моҳӣ сур мекунам. Нусрат-амак тӯрро ба сӯи соҳил мекашад. То бегоҳӣ халтаамон аз моҳӣ пур шуд. Пойҳоям аз  хунукӣ варам  карда буд. Нусрат — амак ба даҳон нос партофта, «рав, ҳезум чида биёр» гуфт. Тару хушки ҳезум чирс-чирс шарора бароварда месӯхтааст. Ҳар дуи мо гарм шуда, ба хона омадем. Субҳи  содиқ моҳиҳоро фурӯхтем. Хуллас, то модарам сиҳат шуда аз беморхона баромаданашон  ба гуфти  Нусрат- амак моҳӣ  «бизнес» кардем.

Вақте ки аз беморхона бармегаштем, модарам пурсид:

- Гандум чӣ шуд, писарам?

- Надонам, шӯра зер карда хоб рафтагист. Ман бо шикори моҳӣ банд будам.

- Як бинем, чӣ тавр шуда бошад. Дар беморхона хоб дидам. Гандум баробари зону  баланд шудааст, — гуфт модар.

Бечора модарам нолида-нолида қадам мегузошт. Базӯр ба хона расидем. Ба теппаи пушти хона, ки гандум кошта будам,  роҳ гирифтем. Гандумамон то зону қад кашида, дар шамол алвонҷ хӯрда истодааст. Аз вазнинии хӯшаҳо пояҳояш ба замин мерасад. Афсона! Модарам ба алафҳои теппа такя намуда, базӯр нафас мегирад. Шодияшро пинҳон карда натавониста механдад. Мефармояд, ки досу халта биёрам. Аз хурсанд шудан низ метарсем.

Ҳамон рӯзҳо дар кӯҳҳои Рангон як гурӯҳ силоҳбадастон такудав карда мегаштанд. Гуфтаи онҳо қонун буд. Ба деҳа даромада, одамон чизе, ки доштанд, тороҷ карда мерафтанд. Як гурӯҳашон дар роҳи Фахробод  сарсарӣ гаштугузор мекарданд.

Ана, мо аз ҳамин роҳ боигарии худ-халтаҳои аз гандум пургаштаро ба ароба бор карда, ба сӯи хона мерафтем. Офтоб ба пушти кӯҳҳо менишаст. Дар нимторикӣ симои даҳшатноки силоҳбадаст намоён шуд. Мо бо модарам ҳайкал барин шах шуда мондем.

- Чӣ, бор вазнинӣ карда истодааст?

- Ҳа, вазнин.

- Дар халтаҳо чӣ ҳаст?

- Алаф даравидем.

- Аз куҷо мешавед?

- Аз Фахробод.

Дар ҳамин лаҳза аз пушти сангҳо боз ду силоҳбадаст, ки шарикони силоҳбадас­ти ришдор буданд, баромаданд.

- Аз куҷо омада истодаед?

- Аз пушти теппа,- гуфтам ман досро, ки дар дастам  меистод, сахттар дошта, «ғинг» — гӯяд бо дос мефарорам, вале гандумро муфт намедиҳам, худ ба худ мегуфтам.

- Чӣ, мардон набуданд?

Забони модарам гирифта, дар беморхона ба касалии домана гирифтор шуда хоб будани додаронам ва дар қайди ҳаёт набудани падарамро ба онҳо гуфта, раҳми роҳзанҳоро овард. Мусаллаҳон ба роҳашон равон шуданд. Онҳо пеш-пеш, ба гирду атроф нигоҳ карда, саф кашида мерафтанд. Мо аз паси онҳо ароба  ронда, хоҳам-нохоҳам қадам мезадем. Онҳо як қадам монанд, мо ним қадам мемондем, зеро аз гандумамон, ки бомашаққат  ба даст омадааст, маҳрум шудан намехостем. Ниҳоят аз сӯе, ки  онҳо дер боз чашм дӯхта меистоданд, як мошини «Жигули»-и рақамҳояш пачақшуда омад. Силоҳдорон бори дар пушти мошинбударо дида, хандиданд. Дар борхонаи мошин гӯсфанди почаҳояш маҳкам басташуда мехобид. Роҳзанҳо аз гӯсфанди муфт бадастомада хурсанд шуда, ба мошин нишаста, аз чашм дур шуданд. Модарам ларзида-ларзида гиребонашро дошт:

- Ғоратгарон. Тавба, тавба…

Ҳамон рӯз як илоҷ карда, аз гардиши роҳи калон, ки ғоратгарон сарсарӣ мегаштанд, гузашта ба хона омадем. Бечора модарам монда шуда буд. Шояд аз сабаби сахт тарсидан бошад, ки дигар аз ҷо нахест. Ман бошам, ба хонаи мулло Карим, ки осиёб дошт рафтам. Мулло Карим аз гандум ҳиссаи калон пурсид. Аз се халтаи ордшуда яктояш аз ман гуфт. Ман розӣ нашудам.

Саҳарӣ ба пеши Нусрат- амак рафтам. Нусрат-амак мулло Каримро ба инсоф даъват карданӣ шуду баъд барои чӣ бошад, аз фикраш гашт. Сарашро хорида, каме фикр карда истоду  «додар ист» — гуфта, нардбон оварда, ба боми хонаи худ такя кунонд. Ӯ аз бом асбобу анҷомҳои чӯбинро ба замин фаровард. Хулоса, мо бо Нусрат- амак осиёби сангин сохтем. Гандуми дар халтабуда ба орди  сафеди хушбӯй  табдил ёфт. Нусрат-амак аз ин орд як каф ҳам нагирифт. Модарам аз  ин орд як бор хамир карда, нон хӯрд. Дигараш ба ӯ насиб нагашт. Домана ӯро бемадор карда буд. Баъди як ҳафта аз модарам ҷудо гаштем…

Ман ба ятимхона афтидам. Президент ба ману  додару хоҳарам падарӣ карданд. Мактаби ятимхонаро хатм намуда, бо Квотаи президентӣ Донишгоҳи давлатии аграриро ба итмом расондам. Ҳоло дар ноҳия ҳамчун мутахассис фаъолият мекунам. Дар хонаамон акси  модарам овезон аст. Дар мехи поёни сурат як каф гандум. Агар ҳайкалтарош мешудам, муҷассамаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки дар даст як каф гандумро дош­та  истодааст, метарошидам. Оре, ба  Президенти мо, падари ҳамаи ятимҳо — ­Эмомалӣ Раҳмон муҷассамаи тиллоӣ  мегузоштам. Ба падарамон Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳатто лӯлиҳои  талбандаро ба саховатмандӣ роҳнамоӣ кардааст, ҳайкал мегузош­там…

Духтарам, Маҳбуба!

Аз он ки номаи ҷавобиро бо ҳикояи як бачаи ятим оғоз карда, ба поён расонидам, узр мехоҳам. Агар ба ту шавқовар бошаду боз нома навиштан хоҳӣ, хатман ба номаат ҷавоб мегардонам, зеро дар бораи Президент суханони  муҳиму шавқовар бисёр аст.

Бо эҳтиром,

Сулаймон ЭРМАТОВ,

узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

Забони модариро дар сатҳи аъло донистан камоли эътиқоду эҳтиром ба Ватан – Модар аст
Забони мо, яъне забони шоиронаву зебои тоҷикӣ бузургтарин ва гаронбаҳотарин дороиву сарвати мо, ифтихори мо ва рӯи сурху сари баланди мо — тоҷикон — яке аз миллатҳои қадимтарини дунё мебошад.

Масъалаи забони давлатӣ ва тақвияту таҳкими мақоми он дар таърихи давлатдории навини мо ҳамеша яке аз масъалаҳои муҳимтарин ва аввалиндараҷа ба ҳисоб рафта, имрӯз низ пайваста дар маркази диққати Давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Яъне, забони давлатӣ дар Тоҷикистон зери ҳимояву пуштибонии мус­тақими давлат қарор дошта, барои рушду пешрафти он дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи кишвар ҳамаи шароиту имкониятҳо фароҳам оварда шудаанд.

Забони тоҷикӣ дар раванди ташаккулу таҳаввули худ роҳи ниҳоят душвору пурпечутоберо тай намуда, аз санҷишу имтиҳонҳои сахти таърих гузаш­тааст ва имрӯз, ки мо дар масири бунёду таҳкими давлатдории миллӣ пеш меравем, рисолати худро ба сифати василаи ваҳдатсоз ва муттаҳидкунандаи мардуми Тоҷикистон муваффақона идома дода истодааст.

Ҳамин забон аст, ки миллати тоҷик дар тӯли ҳазорсолаҳо таъриху фарҳанги камназири худро тавассути он навишта ва ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст. Дигар ин, ки забон ҳамчун падидаи иҷтимоӣ, дар ҳақиқат, оинаи рӯзгор, расму оин, суннату анъана ва донишу фарҳанги гузаштагон барои наслҳои имрӯза мебошад. Маҳз ба ҳамин далел забон дар раванди барпо кардани давлати миллӣ ҳамчун унсури аввалия ва рукни бунёдии давлатдорӣ нақши ниҳоят муҳим ва сарнавиштсоз дорад.

Забони модариро дар сатҳи аъло донистан, онро дӯст доштан, бо ин забони ширину шево дурусту равону зебо сухан гуфтан ва асари адабӣ эҷод кардан камоли эътиқоду эҳтиром ба Ватан – Модар ва далели ҳисси баланди миллӣ мебошад.

Мо бояд шукрона кунем, ки Истиқлолияти давлатӣ барои ҷилову дурахши дигарбораи яке аз муқаддасоти миллии мо – забони тоҷикӣ, рушду такомул ва истифодаи он дар ҳамаи соҳаҳо заминаи созгор ва имкониятҳои фаровон муҳайё намуд.

Эмомалӣ РАҲМОН,

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷавониро фидо карданд, то…
Ҳар соати фаъолияти Пешвои миллат ба маънои томаш қаҳрамонӣ буда, арзандаи ҳазорҳо шеъру достон, манзума, матолиб ва  рисолаҳои илмӣ мебошад. Дар бораи Сарвари давлат зиёд навиштаанд. Аз шахсони касбу кори гуногун — одамони одӣ, мансабдорони  сатҳи баланд ва  зиёиён, аз  некиҳояшон гуфтанд, садоқаташонро ба арзишҳои милливу давлатӣ васф карданд, аз ҷасораташ ёдовар шуданд, одамияту самимияташонро камназир унвон карданд.  Ҳар кадом симои ин фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, абармарди муътабари олами сиёсат, меъмори сулҳи тоҷикон ва шахсияти хирадманду дурандешро бо усул, шева ва назокатҳои инфиродӣ бозгӯйӣ намудаанд.

Албатта, то чӣ андоза комёб будани муаллиф дар бозгӯйӣ намудани шахсияти Пешвои миллат ба  донишу касбият вобаста буда,  аз  садоқату самимият, эҳсоси ватандорӣ ва  ҷасорат маншаъ мегирад. Матолиби дар ин мавзӯъ иншошуда дар сурате нишонрас ва дар ташаккули афкори ҷомеа саҳмгузор мегарданд, ки ба аҳли ҷомеа ҳаводиси қаблиро ёдрас намуда, далелу рақамҳо дар заминаи қиёс пешниҳод гарданд.

Вақте ки оид ба садоқат ба арзишҳои милливу давлатӣ, одамияту самимият, ҷасорату матонат,  накукориву қонунмеҳварӣ, ҷиддияту салобат ва дигар хислатҳои ҳамидаи инсонӣ меандешам,   пеши назар симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меояд. Ҳарчанд бисёриҳо ҳавас мекунанд, ҳасад мебаранд ва орзу мекунанд, вале мардона бояд иқрор шуд, ки аз роҳбарӣ маҳбубу муътабар шудан кори осон нест. Манзур сарварони поквиҷдону масъулиятшинос мебошанд. Моҳиятан роҳбарон бояд виҷдони ҷомеа бошанд.

Тамаллуқ нахоҳад буд агар гӯям, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон содиқонаву бериё зиндагӣ ва фаъолият менамоянд. Ҳамнавои замон буда,  набзи зиндагии одамонро чун набзи худ ҳис мекунанд. Бо мардум пайванди ногусастанӣ доранд. Хуб медонанд, ки муборизаҳо, бунёдкориҳо, тақдирҳо, ормонҳо дар фаъолияти ҳар сарвар дарҷ ва дар саҳифаҳои таърих нигошта мешаванд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замоне зимоми давлатдориро ба даст гирифтанд, ки  кишвар дар ҳоли таназзул қарор дошт. Ин абармард «ба зимистони сарди халқ мисли баҳор дамида», «ба тоҷикони пароканда ҷамъият бахшиданд». Ба ибораи дигар, «ҷавониашонро фидо карданд, то диёр ҷавон монад». Ҳарчанд, ки нуфузашон  бемайлон боло рафт, ҳамон андоза хоксор шуданд. Дар ҳама ҳолат, новобаста ба вазъият, андешаашонро дигар накарданд. Аз нотавонбинон заррае ҳарос надоранд.

Аз матолиби дар бораашон иншошуда ва филмҳои  телевизионӣ бармеояд, ки ҳарчанд хеле ҷиддиву бовиқор ба назар мерасанд, вале бо ҳамон ҷиддияту салобати хос, самимона бо ҳама  муносибат мекунанд. Нафароне, ки босаводу кордон ҳастанд, маҳз бо дастури Пешвои миллат ба вазифаҳои муносиб сазовор дониста шуданд. Моҳиятан  ин хислати сиёсатмадор, яъне, эътирофи савод, истеъдод, ҳунар аз гавҳаршиносии роҳбар дарак медиҳад.

Пешвои миллат зиндагиро дар ҷабҳаи мубориза барои расидан ба хайр ва аз байн бардоштани шарр сарф кардаанд. Ин абармард иродаи шикастнопазир, азм ва нияти нек доранд. Муҳаббат ба халқу Ватан дар мағз андар мағзи ҷонашон ҷой гирифта, шуъла мезанад. Агар ба роҳи паймудаашон мутаваҷҷеҳ гардем, маълум мешавад, ки  ба сӯи камолот зина ба зина ҳаракат намудаанд.

Онҳое, ки қаҳрамони матлабро  пеш аз Роҳбари давлат интихоб шудан мешинохтанд, гуфтанд, ки дар ҳар вазифае, ки фаъолият карданд, кордонию масъулиятшиносӣ сармашқи корашон буд. Маҳз  хислатҳои нек, усули хоси роҳбарӣ  ва дурандешӣ мақоми он касро миёни ҳамкорон боло бардошт. Ибтидои солҳои навадуми асри гузашта даврони вазнине барои мардуми Тоҷикистон оғоз гашт. Боварҳо, ҳизбу ҳаракатҳо майл ба сӯи ҷудоӣ карданд. Оташи ҷанг аланга гирифт. Мавҷудияти миллати тоҷик дар зери хатар монд. Вазъияти кишвар рӯз ба рӯз буҳронитар мегардид. Хавфи парокандагиву нобудӣ ба миён омад. Ҳатто баъзе аз соҳибони вазифаҳои баланди давлатӣ рӯ ба фирор оварданд, тамошобин шуданд. Дар чунин вазъияти душвор муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ­Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.

Аз суҳбатҳои шоҳидони ҳол огоҳӣ ёфтем, ки  Роҳбари тозаинтихоби давлат шабу рӯз кор карданд, ба хонаашон хеле дер меомаданд ва ё баъзе шабҳоро дар ҳуҷраи корӣ рӯз менамуданд. Ин абармард  хуб дарк намуда буданд, ки бояд вазифаи бардӯшдоштаро ба хубӣ анҷом диҳанд. Рисолати милливу ватанхоҳиашонро дар ҳамин мебинанд. Мекӯшиданд дар ҳама ҳолат орому ботамкин бошанд, ҳеҷ гоҳ ба эҳсосот дода намешуданд, боиси ранҷиши дигарон намегаштанд. Ба мушкилиҳои мавҷуда нигоҳ накарда, дар ҳама ҳолат худро хурсанд вонамуд менамуданд. Онҳое, ки Ватану миллаташонро дӯст медоранд, ба арзишҳои умумибашарӣ эҳтиром мегузоранд, воқеан ҳам, соҳиби дили бузург ҳастанд. Аз худ гузаштан, манфиати давлату миллатро боло гузоштан, ба хотири ормонҳои инсонӣ кору зиндагӣ кардан аз оини ҷавонмардист. Ана, ҳамин гуна шахси сарсупурдаи Ватану миллат мебошанд Пешвои миллати мо. Кордон, масъулиятшинос, ҳақпараст, соҳиби маърифат, меҳрубон, ғамхор, сарсупурда ва ИНСОН бо ҳарфҳои бузург.

Дар он рӯзгорон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Роҳбари давлат як орзу доштанд: ободии Ватан, осоиши мардум. Аммо барои амалӣ шудани ин орзуҳо роҳи мушкиле дар пеш буд. Роҳи хатарзо, пур аз фитнаву найранг. Дониш, хирад, матонат, устуворӣ, бовар ба фардои дурахшони миллат қутбнамои роҳи Сарвари кишвар буд. Маҳз ба шарофати ӯ дар он марҳилаи бисёр ҳассос мардуми соҳибтамаддуни тоҷик тавонист ба манфиатҳои миллат ва Ватан афзалият дода, хатари аз байн рафтани давлати ҷавон ва пароканда гардидани миллатро бартараф созад ва бунёди Ватани ободу зебои биҳиштосоро дилпурона оғоз намояд.

Дар зарфи 31 соли соҳибистиқлолӣ мардуми шарифи Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон роҳи таърихиеро тай намуд, ки масири пур аз монеаву мушкилот маҳсуб мешавад. Хуб дар хотир дорем, ки солҳои аввали соҳибистиқлолӣ фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ пурра фалаҷ гардида, низоми идоракунии давлатӣ амалан барҳам хӯрда, Конститутсия ва дигар қонунҳо поймол ва дар кишвар фазои беҳокимиятиву хушунату зӯроварӣ ҳукмфармо гардида буд.

Дар заминаи дурандешии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин раванд хислатҳои накуи инсонӣ, аз қабили таҳаммулгароӣ, шукргузорӣ, сабру тамкин ва бахшидани якдигар меҳвар қарор гирифта, фосилаи расидан ба сулҳу субот фарсахҳо наздиктар шуд. Ҳамин фазилатҳои оливу азалии Роҳбари хирадсолор муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  мардуми моро ба ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамдигарбахшӣ ва сулҳу оштии миллӣ ҳидоят намуда, аз баракати иқдомоти беназиру судовари Сардори давлат дастовардҳо дар ҳама соҳа  рӯ ба афзоиш овард.

Пешвои миллат бо ҷасорати хос ва беназир, бо вуҷуди фузун будани садду камбудиҳо  расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқавории кишвар ва саноатикунонии босуръати мамлакатро ҳадафҳои стратегӣ эълон намуданд. Эътироф бояд кард, ки даст­овардҳои минбаъда аз ин ибтикор маншаъ гирифтаанд.

Ба шарофати ин иқдомҳо замина фароҳам омад, ки дар 20 соли охир суръати миёнаи солонаи рушди иқтисодии кишвар дар сатҳи 7,5 фоиз таъмин гардида, даромади буҷети давлатӣ аз 252 миллион сомонии соли 2000-ум то 27,6 миллиард сомонӣ дар соли 2021  зиёд шавад.  Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ низ тамоюли афзоишро касб намуда, ба ҳар сари аҳолӣ дар ин давра аз 289 сомонӣ то 9 ҳазор сомонӣ расида, беш аз 30 баробар зиёд гардид.

Мақому манзалати бениҳоят баланди  Пешвои миллат ҳамчун абармарди олами сиёсат замина фароҳам овард, ки дар давраи зикршуда бо ҷалби сармояи хориҷӣ ба маблағи умумии беш аз 91 миллиард сомонӣ зиёда аз ҳазор лоиҳаи сармоягузории давлатӣ, бахусус, дар соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла, маориф ва тандурустӣ, инчунин, энергетика, нақлиёт, обтаъминкунӣ ва дигар бахшҳо, амалӣ  шуд.

Ба шарофати ташаббускорӣ ва дур­андешии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагии иқтисоди кишвар ба маҳсулоти воридотӣ, аз ҷумла, ангишт, масолеҳи сохт­мон, бахусус, семент ва анвои маҳсулоти ғизоӣ, бартараф гардида, барои содироти маҳсулоти саноатии ватанӣ замина фароҳам омад.

Ба хотири расидан ба ваҳдати миллӣ ва барқарорсозии иқтисоди кишвар, пеш аз ҳама, таъмини рафтуомад ва робита зарур буд.  Бо ибтикори Роҳбари мамлакат беш аз 2200 километр роҳи байналмилалии мошингард, 220 километр роҳи оҳан, 237 пул ва 5 нақби мошингузар бунёд гардида, ҳоло корҳо дар дигар лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ доир ба бунёди роҳҳо идома доранд.

Иншооти бузурги гидроэнергетикӣ, аз ҷумла неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2», ду агрегати Неругоҳи барқи обии «Роғун», марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе, садҳо неругоҳи барқи обии хурд, хатти интиқоли барқи 500 — киловолтаи «Ҷануб — Шимол», хатҳои интиқоли барқи баландшиддат ва зеристгоҳҳои барқии пуриқтидор таҷдиди неругоҳҳои барқи обии «Норак», «Сарбанд» ва «Қайроққум» дастовардҳои соҳаи энергетикаи кишвар ба ҳисоб мераванд, ки дар саргаҳи онҳо Пешвои миллат қарор доранд.

Дар заминаи таваҷҷуҳу дастгирии Президенти ҷумҳурӣ маблағгузории соҳаи маориф садҳо баробар афзуда, беш аз 3 ҳазор бинои нави таълимӣ барои 1 миллиону 270 ҳазор ҷои нишаст бунёд ва ба истифода супорида шуд.   Маблағгузории соҳаи тандурус­тӣ низ сол ба сол зиёд гардида, дар 20 соли охир беш аз 16 миллиард сомониро ташкил кард. Дар ин давра барои фароҳам овардани шароити мусоиди хизматрасонии тиббӣ ба аҳолии мамлакат зиёда аз 2550 муассисаи нави тиббӣ бунёд карда шуда, бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин гардид.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияте ҳастанд бо хислати нек ва  иродаи  фӯлодин. Дар қӯраи зиндагӣ ба маънои томаш обутоб ёфтаанд. Бале, баъзан тунд мегӯянд, дар кор сахт мегиранд. Чун якдилу яксифату якрӯанд, аз найранг, дурӯягӣ, ҳаромхории касон ба шӯр меоянд ва иҷрои супоришро сахт мепурсанд. Эътироф ва арҷгузорӣ бояд кард, ки  ин шеваи рафтори он кас боиси пешрафти кишвар гардид.

Дар наворҳои расонаинамудаи Хадамоти матбуоти Президент дидем, ки бо пайвандону дӯстон ва шогирдон ҳазлу шӯхӣ мекунанд, аз лутфи латифи дӯстон кӯдаквор завқ мебаранд. Аз умқи дил беғаш механданд. Дар муносибат бо ҳар як фарди Ватан боэҳтироманду ба ғаму шодии онҳо шарик мебошанд. Бениҳоят қадршиносанд. То ҳадде, ки зимни суханрониашон вобаста ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ иброз доштанд: «Ман аз ҳамаи онҳое, ки дар солҳои вазнин бо ман ҳамкорӣ карданд, миннатдорам ва ба ҳар яки онҳо камоли умру давлати пирӣ орзумандам. Мо бояд минбаъд низ сарҷамъу муттаҳид бошем, неъмати қиматтарини зиндагиамон — истиқлолияту озодиро ҳимоя кунем, дастоварди бузургтарини даврони истиқлол — сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро боз ҳам таҳкиму тақвият бахшем».

Дар тарбияи фарзандон, воқеан ҳам, шахси муваффақ мебошанд. Қаблан навишта будам, ки мактаби дигаре ҳаст, ки мутаассифона  то ин вақт аз мадди назари коршиносон ва мубаллиғони Ҳукумат дур мондааст. Ин мактаби тарбияи фарзанд буда, падидаи ҷадид, намунаи ибрат, шоистаи пайравӣ ва арзандаи ситоиш аст. Бидуни муболиға муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёдгузори мактаби беназири тарбияи фарзанд мебошанд, ки аз файзи он соҳаҳои гуногун баракат ёфта истодаанд. Фарзандони Пешвои миллат ҳоло на танҳо фахри волидонанд, балки бо хизмати софдилона дар ҷомеа обрӯю мартабаи бениҳоят баланд  доранд.

Мутаассифона, ҳастанд ба ном мухолифон, вале дар асл нотавонбинони Пешво, миллат ва давлат, ки ҳама амалашон муғризона аст. Хуб дарк менамоям, ки пешравиҳои кишвари азизи мо барои инҳо мисли кордест, ки ба гӯшту нохунашон расидааст,  хорест, ки муназзам ба дидагонашон мехалад ва устухонеро шабеҳ аст, ки дар гулӯяшон дармонда. Табиист, ки бо ҳар роҳу васила мехоҳанд «интиқод» кунанд. Миёни мардум маҳбубияти зиёд доштани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боиси рашкашон аст.

Ин тоифа ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонанд нодида гиранд, ки маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи ин абармард сулҳу субот, ваҳдати миллӣ дар кишвар таъмину пойдор гардид, заминаҳои воқеӣ ва мустаҳкам баҳри бунёди пояҳои давлатдории муосир ва инкишофи бемайлони ҷомеа гузош­та шуд, ки боиси падид омадани як давлати воҳид, рӯ ба инкишоф ва дар низоми байналмилалӣ соҳибмақом гардид.

Инчунин, таҳкурсии гузариш аз як низоми сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ба низоми дигар фароҳам омад ва бо вуҷуди ҳама мушкилот давлати соҳибистиқлоламон муназзам рушд намуда истодааст ва пайванди ҷомеа бо ҷаҳони мутамаддини муосир, ки ҷавҳар ва асли онро низоми демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ташкил медиҳад, ба вуҷуд омад.

Дар ҳоле ки нотавонбинон бо мусоидати хоҷаҳояшон пайи тахриби кишвар тасмим доранд, шаҳрвандони кишвар бо роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз имтиҳони ҷиддии таърих гузашта, баъди ҳазор сол боз аз сари нав баҳри пирӯзии Истиқлолияти давлатӣ Парчами Ватани азизамонро дар олам партавфишон намуданд, низоми давлатдориро дар мамлакат устувор сохтанд, шохаҳои ҳокимиятро таҳким бахшиданд ва дар барпо намудани давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқ­бунёд, дунявӣ ва ягона ба дастовардҳои беназир ноил гардида истодаанд.

Тоҷику тоҷикистониён аз он ифтихорманданд, ки саҳми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаклгирӣ ва  пешрафту такомули самтгирии ҷаҳони муосир муассир аст. Пешниҳодҳои Пешвои миллат, ки дар суханрониҳояшон зимни баргузории чорабиниҳои гуногун дар ақсои олам ироа шуданд, барои болоравии мақому манзалати кишвар  дар арсаи байналмилалӣ, ҳалли мушкилоти обу энергетика, мубориза бар зидди терроризм, ифротгаройӣ ва муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва ғайра таҳрик бахшиданд.

Фахр менамоем, ки давлати ҷавони мо ба  созмонҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, аз ҷумла, Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мус­тақил, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории Шанхай, Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ва ғайра шомил ва хеле фаъолу ташаб­бускор аст.

Боиси ифтихори ҳар яки мост, ки Роҳбари давлати мо муаллифи чор ташаббуси бузург — «Соли байналмилалии оби тоза» (2003), Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои ҳаёт, солҳои 2005 — 2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» (2013) ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор» (2018 – 2028) мебошанд.  Далелҳои зиёд мавҷуданд, ки суханони пурҳикмат ва пешниҳодҳои муҳиму созандаи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон айни замон сармашқи кори сарони аксар кишварҳо дар арсаи байналмилалист. Боке нест, агар чанд нотавонбине дастовардҳоро нодида гиранд

Хулоса ин аст, ки дар давоми  давлатдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафҳои созандаашон дар заминаи нияти нек ва азми қавӣ тат­биқ ёфта, ин раванд бардавом аст. Маҳз ин даст­овардҳо боис шуданд, ки дар ҷомеа дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд оянд.

Мо бояд ба ин ҳама пешравиҳо воқеъбинона баҳогузорӣ намоем, зеро эътироф  ва арҷгузорӣ  намудан оини ҷавонмардист.

Далер АБДУЛЛО,

муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум»

Ташаббусҳои Пешвои миллат созандаанд
Дар кишвари мо шахсият ва корномаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беҳтарин сармашқҳо барои афроди ҷомеа дар ҳама арсаи зиндагӣ мебошад. Ахлоқи неку, меҳрубонӣ ба ҳамватанон, устуворӣ, фазилат, бурдборӣ дар рафъи мушкилот, ки аз вижагиҳои ахлоқии Пешвои миллатанд, метавонанд барои такомули фард ҳамчун шаҳрванд ва ҳамчун инсони дорои ахлоқу маънавиёти баланд – нақши бузург гузоранд.

Бо кӯшишҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ватани азизамон аз вартаи нобасомониҳои ҷанги шаҳрвандӣ наҷот ёфта, чун давлати ободу зебо Пешвои миллат дар азмашон устувор монда, бо саъю талош ва ҷоннисориҳои зиёд ба мақсади пеш гузошта муваффақ гаштанд. Ин буд, ки вохӯрию гуфтушунидҳои пай дар пай бо саркардагони гурӯҳи мухолифин бенатиҷа намонданд. Панҷ даври гуфтушунид ва ҳафт мулоқот бо онҳо самараи нек дод.

Президенти кишвар  бо муҳаббат ва  садоқати беандозаи ватандӯстиашон, бо баҳои ҷон  ба боварии мардум сазовор шуданд. Дар тӯли даврони соҳибистиқлолӣ бо шарофати иқдомҳои беназирашон нақбу пулҳои нав ва роҳҳо бунёд ёфтанд, ки рафтуомади мардуми кишварро осон намуда, зиндагии мардумро беҳбуд бахшид.

Ҳимматбаландӣ ва ташаббускории ин марди хирад  буд, ки халқи тоҷик бо неруи тозаву созанда баҳри ободии Ватан камари ҳиммат баста, то ба ин рӯзҳои нек расид. Як қатор сохтмонҳои азими дорои аҳамияти стратегӣ аз қабили Сангтуда-1, Сангтуда-2,  НБО «Роғун», инчунин  «Роҳи мошингарди Бадахшон», «Роҳи оҳани Хатлону Кӯлоб», «Нақби Истиқлол», «Нақби Шар-Шар», биноҳои баландошёнаву меҳмонхонаҳои ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳонӣ, боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ба истифода дода шуданд.

Аз ин ҳама пешравиҳо халқи тоҷик сарбаланд гаштаву баҳри амалӣ гардонидани дастуру супоришҳои Сарвари давлат, ҳамчунин баҳри расидан ба ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон: таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ,  ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии  босуръати  кишвар, беш аз пеш, кӯшиш мекунанд. Дар баробари ин, Сарвари кишвар шахсиятҳои ҷоннисору хизматнишондодаи миллатро унвони қаҳрамонӣ дода, ба бузургони миллат арҷу эҳтиром гузоштанд.

Маҳз бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои беҳтар намудани сифати оби ошомиданӣ, самаранокии истифодаи захираҳои об ва ба роҳ мондани мудирияти ҳамгироёнаи онҳо, ҳамчунин ҳифзи низоми экологии об ва дигар масъалаҳои марбут ба об имрӯз ба рӯзномаи нави ҷаҳонии рушд ворид гардидаанд, ки аз дастовардҳои муҳими талошҳои муштараки чанд соли охири ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Тавсияву пешниҳодоти Сарвари давлати тоҷикон аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ дар масъалаи пок нигоҳ доштани оби ошомиданӣ ва ҳифзи сарватҳои боарзиши табиат, ҳамовозии гарму ҷӯшон пайдо намуданд. Чунончи:

1. Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи 54-уми Маҷмаи Умумии СММ (1 октябри 1999) – эълон намудани соли 2003 – Соли оби тоза. Дар асоси ин ташаббус 20 сентябри соли 2000 дар Иҷлосияи 55-уми Маҷмаи Умумии СММ соли 2003 ҳамчун соли байналмилалии оби тоза эълон карда шуд. 29 август – 1 сентябри соли 2003  дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба оби тоза баргузор гардид.

2.  Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон намудани солҳои  2005-2015  ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”. 23 декабри соли 2003 Маҷмаи Умумии СММ дар асоси Эъломияи Душанбе Қатъномаи дахлдорро қабул карда, солҳои 2005-2015 –ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» эълон кард.

3.  Пешниҳод оид ба таъмин намудани кишварҳои Осиёи Марказӣ бо оби тоза тавассути таъсис додани Консорсиуми байналмилалӣ доир ба истифодаи оби кӯли Сарез.

4.  Ташаббус оид ба Бунёди байналмилалии  ҳифзи пиряхҳо. Ин масъала аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Форуми 3-юми Ҷаҳонӣ доир ба иқлим 31 август — 4 сентябри 2009 дар ш. Женева, сипас дар Конфронси 15-уми ҷонибҳои Конвенсияи СММ оид ба тағйироти иқлим дар Копенгаген  7-8 декабри соли 2009 пешниҳод гардида буд.

5.  Ташаббусҳои Тоҷикистон оид ба ҳалли масъалаҳои амниятӣ, мубориза бо терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир. Дар ин самт яке аз масъалаҳои муҳим – таъмини амният ва сулҳу субот дар Афғонистон мебошад. 6.  Эълон намудани соли 2013 – Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об (20 декабри 2010). Тибқи ин ташаббус 20-21 августи 2013 Конфронси байналмилалии сатҳи баланди ҳамкорӣ дар соҳаи об дар шаҳри Душанбе баргузор гардида, як қатор санадҳо қабул шуданд.

7. Таъсис додани маркази минтақавӣ оид ба масъалаи минаҳо.

8. Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор, 2018-2028» боз як марҳалаи муҳим дар раванди муттаҳид гардонидани талошҳои дастаҷамъонаи кишварҳои дунё баҳри расидан ба ҳадафҳои рушди устувор вобаста ба об хоҳад шуд, ки ин ҳам аз ташаббускориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Ғамхориҳои падаронаи роҳбари давлат ба ятимону бепарасторон, ки аз сафарҳояшон ба ноҳияҳои дуру наздик ҳар рӯза аз тариқи оинаи нилгун ва воситаҳои ахбори умум воқиф ҳастем, гувоҳ аз раиятпарастии эшон мебошад.

Имрӯзҳо, ки Тоҷикистони азиз дар арафаи рӯзи Президент қарор дорад,   халқи тоҷик аз сиёсати пешгирифтаи  Президенти  кишвар пайравӣ намуда, барои рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёт талош меварзад. Азму талошҳои Сарвари давлат бунёдкоронаву созанда буда, Ватани моро зина ба зина ободу зебо, зиндагии мардуми меҳнатқарини тоҷикро пурсафо  мегардонад.

ТАИБОВ С.А.,

сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа, ДДТТ ба номи А. Сино

МУҲИДИНОВА М.,

шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа, ДДТТ ба номи А. Сино

Ба ояндаи дурахшон бо Эмомалӣ Раҳмон
Дар робита ба Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон, ки аз ҷониби Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон пешбарӣ шудааст, бо муовини раиси фраксияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикис­тон дар Маҷлиси намояндагон, доктори илмҳои иқтисодӣ Назирӣ Гулбаҳор Назир ҳамсуҳбат шудем, ки фишурдаи он пешкаш мегардад.

- Барои расидан ба ҳадафҳои Барномаи пешазинтихоботии номзад аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон, ки «Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум» унвон дорад, ҳалли кадом масъалаҳо зарур шуморида мешавад? Инчунин, нақшаҳои барномавии ҳафт соли минбаъда кадом масъалаҳоро дар бар мегиранд?

- Воқеан, Барномаи пешазинтихоботии номзади арзанда муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби президентӣ фарогири ҳама соҳа буда, ба ҳалли масъалаҳои муҳими ҷомеа, аз ҷумла, таъмини рушди устувори иқтисодӣ, саноатикунонии босуръат, ҷорӣ кардани иқтисоди рақамӣ, истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ, рушди неруи инсонӣ ва таҳкими соҳаҳои иҷтимоӣ равона гардидааст.

Яке аз масъалаҳои асосӣ, ба роҳ мондани рушди устувори иқтисодист. Нақшаҳо дар доираи чор ҳадафи стратегӣ — таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидан, ҳифзи таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар тарҳрезӣ гардидаанд ва тадриҷан амалӣ мешаванд. Ҳадафҳои зикршуда, инчунин, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ, муайянкунандаи самтҳои фаъолияти ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошанд.

Дар ҳафт соли оянда мақсад гузошта шудааст, ки иқтидорҳои мавҷуда сафарбар, рушди устувори иқтисоди миллӣ таъмин ва дар доираи татбиқи ҳадафи саноатикунонии босуръат бо ҷалби бахши хусусӣ корхонаҳои истеҳсолии нав бунёд карда, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда ба роҳ монда шаванд. Ҳамчунин, вазъи соҳаҳои афзалиятдош­таи кишвар, аз ҷумла, саноат, кишоварзӣ, энергетика, нақлиёт, илм, маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва бахшҳои дигар беҳбудӣ ёфта, ба сокинони мамлакат барои расидан ба зиндагии шоиста имконияти бештар фароҳам оварда мешавад.

Мардуми кишвар хуб эҳсос менамоянд, ки танҳо бо Сарвари бузургдилу бошуҷоат, ваҳдатофару халқпарвар давлати тавоно, амнияти ҷомеа ва тараққиёти мунтазами соҳаҳоро таъмин кардан имконпазир аст ва шукрона аз он доранд, ки баъди ҳукмфармо шудани сулҳу субот иқдоми ба сокинон тақсим кардани 75 ҳазор гектар замин аз ҷониби Сарвари давлат онҳоро аз гуруснагӣ наҷот бахшид. Он заминҳо то ҳол байни мардум бо истилоҳи «замини президентӣ» маъруфанд. Бунёди беш аз 1000 километр роҳу нақбҳо, тармиму таъмири роҳҳои дорои аҳамияти байналмилаливу дохилӣ ва ба ин васила берун шудан аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ тавассути бунёди 150 неругоҳи хурду бузург, ба монанди неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда -1» ва «Сангтӯда- 2», «Помир», азнавсозию барқарорсозии неругоҳҳои барқи обии бузурги «Норак» ва «Қайроққум» ва ниҳоят, ба кор даромадани ду агрегати Неругоҳи барқи обии  бузурги аср – «Роғун», таъмини амнияти озуқаворӣ бо истеҳсоли беш аз 1 миллион тонна ғаллагиҳо ва картошка, табдили хоҷагиҳои калонҳаҷм ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ва аз кишвари аграрӣ ба саноатӣ – аграрӣ – табдил додани мамлакат аз ҷумлаи роҳҳои расидан ба ҳадафҳои олӣ — ҳадафҳои стратегии муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбанд, ки дар муҳлати ками даврони соҳибистиқлолӣ амалӣ намуданд.

- Нақшаҳои барномавӣ амалӣ намудани кадом тадбирҳоро тақозо менамоянд?

- Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар партави сиёсати оқилонаву дурбинона ва ба бунёдкорию созандагӣ нигаронидашудаи Пешвои миллат барои таҳкими давлатдории миллӣ, ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои олии инсонӣ, рушду нумӯи соҳаҳои хоҷагии халқ, махсусан, иқтисодиёт, афзалияти бештар додан ба бахши хусусӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ, ноил гардидан ба озодии комили сиёсӣ, иқтисодӣ, мафкуравӣ ва мазҳабию фарҳангӣ ва дар умум, ба вуҷуд овардани шароити арзандаи зиндагӣ барои ҳар як сокини мамлакат, корҳои бузурге ба анҷом расонида шуданд.

Бояд қайд намуд, ки бо мақсади татбиқи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» дар ҳафт соли оянда муҳимтарин масъалаҳои иқтисодӣ амалӣ карда мешаванд. Тавре дар барнома қайд гардидааст, ин давра дар бахши иқтисодӣ ба се вазифаи асосӣ афзалият дода мешавад:

- таъмин намудани рушди устувор бо роҳи баланд бардоштани гуногунсамтӣ ва рақобатнокии иқтисоди миллӣ;

- афзоиш додани ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолии мамлакат;

- расидан ба сатҳи рушди иҷтимоиву иқтисодии кишварҳои даромадашон миё­на.

Тавре дар боло ишора рафт, ҷавҳари Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби президентӣ аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистонро рушди устувори иқтисоди миллӣ ва дар ин замина фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани вазъи иҷтимоии мардум ташкил медиҳад. Ба ин хотир, ҳоло татбиқи муваффақонаи ҳадафҳои стратегӣ идома доранд. Таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва соҳибихтиёриву озодии комили сиёсӣ аз бисёр ҷиҳат ба рушди иқтисодӣ вобаста аст, зеро рушди дигар соҳаҳо маҳз ба туфайли рушди иқтисодиёт таъмин мегардад. Ҳар қадар давлат аз ҷиҳати иқтисодӣ пешрафта гардад, ҳамон андоза сатҳу сифати зиндагии халқ боло меравад ва неруи мудофиавии кишвар тақвият меёбад.

Махсусан, рушди саноат, ки бе татбиқи амалии се ҳадафи стратегӣ ғайриимкон аст, таҳти таваҷҷуҳ қарор дорад. Бунёди корхонаҳои хурду бузург, ки ба коркарди маҳсулоти хоми ватанӣ нигаронида шудаанд, ба фаъолият шурӯъ намудани корхонаҳои аз кор бозмонда, тавсеа бахшидан ба фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва ташкил кардани минтақаҳои саноатӣ дар кишвар, таъсис додани маҷмаа ва корхонаҳои агросаноатӣ барои зиёд намудани коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла, коркарди меваю сабзавот ва дигар навъҳои маҳсулоти кишоварзӣ, афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатноки ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда, инчунин, бунёди марказҳои логистикӣ ва ғайра аз нақшаҳои амалии минбаъдаи номзад маҳсуб мешаванд.

Ҳадафҳои Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз хиради воло ва фитрати модарзодиашон бармеояд, дар шароити басо мураккабу печидаи замони муосир хеле саривақтӣ аст, чунки маҳз соҳаи саноат самти муайянкунандаи рушду тараққиёти иқтисоди миллӣ мебошад. Аз ин ҷост, ки дар доираи татбиқи ҳадафи саноатикунонии босуръат ва аз кишвари аграрӣ – индустриалӣ ба кишвари индустриалӣ – аграрӣ табдил додани мамлакат дар соҳаи саноат низ ислоҳоти доманадори фарогир татбиқ гардида истодааст.

Ҳамчунин, тибқи барномаи пешниҳодгардида, тавассути саноатикунонии босуръати кишвар сифати рушди иқтисоди миллӣ таъмин ва низоми дастгирии соҳибкориву сармоягузорӣ ва иқтисоди рақамӣ такмил мегардад. Вобаста ба захираву имконияти минтақаҳои кишвар навовариҳо ҷорӣ ва ба рушди неруи инсонӣ такони ҷиддӣ бахшида мешавад. Мувофиқи нақшаҳо, ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ва таносуби он ба ҳар сари аҳолӣ дар ҳафт соли оянда ду баробар афзоиш меёбад. Ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ то 45 фоиз афзоиш ёфта, сатҳи камбизоатӣ то 18 фоиз коҳиш дода мешавад.

- Сиёсати пешанамудаи иқтисодӣ ба ҳалли кадом масъалаҳо мусоидат хоҳад кард?

- Баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолии кишвар аз ҳадафҳои ниҳоии номзад ба воситаи роҳандозии тадбирҳо дар самти иқтисодиёт маҳсуб мешавад. Дар ин масъала, татбиқ намудани ҳуҷҷатҳои стратегӣ ва барномавии тараққиёти кишвар ва минтақаҳои он, аз ҷумла «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025», мунтазам зиёд намудани ҳаҷми даромади пулии аҳолӣ ва музди меҳнати кормандон, баланд бардоштани сатҳи эътимоднокии бонкҳо ва таъмин намудани дастрасии аҳолӣ ба захираҳои молиявию қарзӣ, истифодаи васеи технологияҳои муосири пардохти ғайринақдӣ дар соҳаҳои иқтисоди миллӣ, сабукӣ бахшидан дар раванди пардохти андоз, истифодаи технологияҳои пешрафтаи инноватсионӣ дар истеҳсолот бо мақсади баланд бардоштани сатҳи рақобатнокии иқтисоди миллӣ, роҳҳои нави дарёфти маблағ ба буҷет ва масъалаҳои дигаре, ки ба рушди бемайлони иқтисодиёт мусоидат мекунанд, аз ҷумлаи қисматҳои муҳими барномаи номзад маҳсуб меёбанд.

Тибқи барнома, бо мақсади рушди минбаъдаи сармоягузориву соҳибкорӣ ворид намудани технологияи муосир, дастгирии соҳибкорони ватанӣ, ташкили корхонаҳои муштарак, зиёд кардани ҳиссаи бахши хусусӣ дар иқтисодиёти кишвар, мукаммалсозии қонунгузорӣ ҷиҳати тақвияти ҳимояи ҳуқуқҳои соҳибкорон, бартараф сохтани монеаҳои маъмурию бюрократӣ, кам намудани шумораи расмиёти танзимкунанда, дар самти низоми бақайдгирӣ, ҳисоботдиҳӣ ва фискалӣ шароити мусоид фароҳам мегардад. Бояд қайд намуд, ки дар натиҷаи амалӣ сохтани ҳадафҳои барномаи пешазинтихоботии соли 2013 ва таъмини фаъолияти пурсамари бахшҳои иқтисодӣ, дар маҷмӯъ, рушди устувори иқтисодӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна дар сатҳи ҳафт фоиз таъмин гардид ва соли 2020 Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 87, 4 миллиард сомонӣ расид, ки дар миқёси кишварҳои пасошӯравӣ яке аз нишондиҳандаҳои беҳтарин маҳсуб мешавад.

- Илму маориф рушди бомаромро таъмин мекунанд. Ҷойгоҳи онҳо дар барномаи пешазинтихоботии номзад чӣ гуна аст?

- Таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар, неруи зеҳнии қишрҳои фаъоли ҷомеа, ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот, устувор гардонидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаи таҳсилот, ҷалби боз ҳам васеи истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ аз вазифаҳои муҳимтарини барномаи пешазинтихоботӣ мебошанд. Бо ин мақсад дар ҳафт соли оянда номзад идомаи татбиқи барномаҳои давлатиро дар соҳаи маориф зарур шуморида, дар самти бунёди азнавсозии муассисаҳои таълимӣ, роҳандозии кабинетҳои фаннӣ, суръатбахшии раванди компютеркунонӣ дар заминаи эълон гардидани солҳои 2020 — 2040 — «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», дастрасӣ ба муассисаҳои томактабӣ, дастгирии кадрҳои ҷавон, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, таъмин кардани робитаи илм бо истеҳсолот ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои самарабахш миёни муассисаҳои илмиву таълимӣ ва ширкату корхонаҳои истеҳсолии давлатӣ ва хусусиро бар манфиати кор медонанд.

Мавриди зикр аст, ки солҳои охир дар мамлакат раванди таҳкимбахшии пояи моддӣ — техникии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа, зиёд кардани музди меҳнат ва таъмини ҳифзи иҷтимоии кормандони соҳаи маориф ва илм, рушди робитаҳои байналмилалии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, фароҳам овардани замина барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ идома дорад. Бо ин мақсад, танҳо соли 2019 ба маблағи 500 миллион сомонӣ 130 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо зиёда аз 32 ҳазор ҷои нишаст сохта, ба истифода дода шудааст. Аз ин шумора 32 муассиса бо қариб 10 ҳазор ҷойи нишаст ба маблағи беш аз 122 миллион сомонӣ бунёд гардидааст. Сохтмон ва таъмиру азнавсозии муассисаҳои соҳаи маориф ва дигар бахшҳо рӯз ба рӯз афзуда истодааст. Соли 2020 сохтмони 181 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар ҳаҷми 900 миллион сомонӣ бо муҳайё намудани 54 ҳазор ҷойи нишаст ба итмом расид. То ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ 128 муассисаи томактабӣ, 338 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бунёд ва дар маҷмӯъ, 1332 муассисаи таълимӣ ва томактабӣ тармиму таҷдид мегардад.

- Масоили таъминот бо ҷойи кори доимӣ, хизматрасонӣ ва рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз қисматҳои муҳими барнома маҳсуб меёбанд. Барои ноил шудан ба онҳо амалӣ намудани кадом тадбирҳо пешбинӣ мегардад?

- Дар барнома арзиши қимати инсонӣ, пеш аз ҳама, саломатӣ, шуғлнокии аҳолӣ ҷойгоҳи хоса доранд. Аз ин рӯ, номзади ҲХДТ дар ҳафт соли оянда ният дорад, ки дар ин самт бо таъсис додани бозори меҳнати қобили рақобат ва ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ тавассути дастгирӣ кардан ва рушд додани соҳибкории хурду миёна муваффақ шавад. Дар ин ҷода таваҷҷуҳ ба омӯзишгоҳҳои касбӣ — техникӣ, таъсиси марказҳои ҳунарӣ, курс­ҳои кӯтоҳмуддати касбӣ барои ҷавонон ва калонсолон, аз ҷумла, такмили ихтисосу бозомӯзӣ ва соҳиби касб намудани ҳар як шахси бешуғлро, роҳи расидан ба мақсад медонад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои дастгирии давлатии соҳаи тандурустӣ, рушди он, тарбияи кадрҳои баландихтисос, бунёди иншооти муосири тиббӣ дар кишвар, таъмини биноҳо бо таҷҳизоти замонавии тиббӣ аҳамияти муҳим медиҳанд. Дар ин бобат, тадриҷан зиёд намудани маблағгузории соҳаҳои тандурустӣ ва хизматрасонии иҷтимоӣ, ворид кардани технологияҳои нави ташхису табобат ба муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, беҳтар сохтани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии босифат, бо дарназардошти дастовардҳои илми муосир, технологияҳои ҳозиразамон ва сарватҳои табиии кишвар, тараққӣ додани соҳаи дорусозӣ, амалӣ намудани тадбирҳои иловагӣ доир ба ҳифзи иҷтимоии ятимон, кӯдакони маъюб ва бесаробон аз нақшаҳои амалии Пешвои миллат маҳсуб меёбанд.

Маврид ба ёдоварист, ки дар ҳафт соли охир (аз соли 2013 то соли 2020) дар натиҷаи таъмини сатҳи баланди рушди иқтисодиёт аз ҳисоби дастгирии сармоя­гузории давлатӣ ва қарздиҳии тиҷоратӣ сатҳи камбизоатӣ аз 38,3 то 27,5 фоиз коҳиш ёфт. Ин нишондиҳанда аз он шаҳодат медиҳад, ки сатҳи камбизоатӣ тайи ин солҳо 1,4 маротиба паст ва мақсади дар барномаи пешазинтихоботии соли 2013 гузошташуда иҷро гардидааст. Маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат то соли 2020 ба ҳар сари аҳолӣ 1,5-2 маротиба афзоиш ёфта, вазни қиёсии даромад ва хароҷоти ҷории буҷети давлатӣ нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 24-25 фоиз ва маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ аз 12 то ба 16 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ расид. Ин имконият дод, ки музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, нафақа ва стипендия аз дуюним то се баробар зиёд гардад.

- Рушди фарҳанг, маънавиёт ва иттилоот ҷузъи дигари муҳими барнома мебошанд. Барои ноил гардидан ба онҳо чӣ тадбирҳо андешида хоҳанд шуд?

- Тавре дар нахустин Иҷлосияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуда буданд, «Фақат миллате, ки барои рушду такомули илму маориф ва фарҳанг ғамхорӣ зоҳир мекунад, ба давлатдорӣ сазовор аст».

Бешак, дар замони истиқлолият соҳаи фарҳанг ҳамчун таҷассумгари симои маънавии халқ, муттаҳидсозандаи неруҳои ақлониву зеҳнӣ, баёнгари таърихи гузаштаву муосир, анъанот, одобу ахлоқи ҳамида ва дигар муқаддасоти миллӣ дар ҷомеа мақоми арзанда касб кард. Бинобар ин, дар Барномаи пешазинтихоботии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои рушди забони давлатӣ ва фарҳангу санъат, устувор намудани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои фарҳанг ва бо мақсади беҳтар намудани фаъолияти онҳо қабул кардани барномаву стратегияҳои нави давлатӣ, ҳавасманд гардонидани мутахассисони соҳаҳои фарҳангу санъат ва муҳайё сохтани шароити арзанда барои истеъдодҳои ҷавон, ҳифз кардани мероси фарҳанги миллӣ, васеъ тарғибу ташвиқ намудани дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат мақоми шоиста дорад. Дар робита ба ин, бояд гуфт, ки идомаи роҳандозии тадбирҳои Сарвари давлат — озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар самти ғановати маънавии сокинон заминаи мустаҳкам мегузоранд.

Дар кишвар ҳифз кардан ва рушд бахшидани ахлоқи миллӣ яке аз дастовардҳои муҳим ба шумор меравад. Хушбахтона, ба шарофати саъю кӯшиши Сарвари хирадманду фарҳангсолор тавассути баланд бардоштани ифтихори ватандорию худшиносии миллӣ, шаъну шарафи шаҳрвандӣ ва тарбияи шахсияти бонангу номуси ватандӯст, бо мақсади нигаҳдошти миллат ва арзишҳои миллӣ, дар замони ҷаҳонишавӣ, ки хавфи махлутшавӣ ва аз байн рафтани давлатҳоро амри воқеӣ гардонидааст, миллат дар пешорӯи паҳншавии ахлоқи ғайрианъанавӣ истодагарӣ карда тавонист. Дар ин роҳ ахлоқи ҳамида ва фарҳангу адаби миллӣ низ нақши бузург гузошт, яъне умумияти ахлоқии миллат тавассути онҳо ҳифз гардид ва рушди бесобиқа ёфт. Бар илова, бо дастури Пешвои миллат дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ аз соли 2015 таълими фанни нав — «Одоби муошират ва рӯзгордорӣ» роҳандозӣ гардид.

- Ба масъалаҳои дастгирии ташаб­бусҳои созандаи ҷавонон, баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа ва рушди варзиш то кадом андоза таваҷҷуҳ зоҳир шудааст?

- Ба таъбири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон, «Ҷавонон дар ҳама давру замон неруи пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб мераванд». Ҳоло дар беш аз 40 муассисаи таҳсилоти олӣ, даҳҳо коллеҷу омӯзишгоҳ шароити мусоиди таълиму тарбия фароҳам оварда шудааст ва барои гирифтани дониш ва касб ҷавонон мушкилӣ надоранд. Дар барномаи пешазинтихоботӣ баланд бардоштани ифтихори миллӣ, худшиносӣ, ҷалби ҷавонон ба илмҳои дақиқ, техникаву технология, рӯ овардани онҳо ба навовариҳо ва дар ин замина, бунёд кардани марказҳои инкишофи зеҳнии наврасону ҷавонон мақоми шоиста дорад, илова бар ин, ҷалби ҳар чӣ бештари онҳо ба варзиш тақозо шудааст. Ба ин хотир, дар ҳафт соли охир дар шаҳру навоҳии малакат беш аз 1500 муассисаи варзишӣ, толору майдончаҳои варзишӣ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд, ки дар онҳо ҳазорҳо нафар машқу тамрин мекунанд. Мақсади ниҳоии барнома дар ин самт он аст, ки ҳар чӣ бештар ҷавонон ба варзиш машғул гарданду бо дастоварҳои шоёни варзишӣ кишварро дар ҷаҳон муаррифӣ намоянд.

Дар рӯҳияи ҳисси баланди миллӣ, садоқат ба давлату миллат, таҳаммулгароӣ, ватандӯстиву хештаншиносӣ ва пос доштани арзишҳои миллӣ тарбия намудани ҷавонон аз вазифаҳои муҳимтарини сиёсати пешгирифтаи Президенти кишвар маҳсуб меёбанд. Пешравию дастовардҳои ҷавонони тоҷик дар соҳаи варзиш самараи сиёсати оқилонаи Пешвои миллат мебошад. Ин бори дигар собит месозад, ки насли ҷавони кишвар бо дарки масъулияти баланд, иродаи мустаҳкам, садоқату муҳаббати ватандорӣ, эътиқод ба арзишу муқаддасоти миллӣ роҳи интихобкардаи Пешвои миллатро дар самти ватансозиву ватандорӣ дастгирӣ менамояд. Алҳол ҷавонони мамлакат дар мусобиқаҳои варзишию фарҳангӣ ҷойҳои намоёнро соҳиб гашта, сазовори унвонҳои баланд мегарданд, дар макотиби олии бонуфузи давлатҳои хориҷӣ таҳсил менамоянд ва парчамбардори давлат мебошанд.

Дар барномаи пешазинтихоботӣ, аз ҷумла, диққати асосӣ ба  маълумотнокии занону бонувон ва ба мақоми роҳбарӣ таъин намудани онҳо, шуғлнокии занон дар деҳа, талқини ҳунарҳои мардумӣ,  таҳкими оиладорӣ бо татбиқи амалии қонунҳои Ҷумҳуриии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» равона шудааст.

Қобили қайд аст, ки солҳои охир занону духтарони лаёқатманд ва кордону ташаббускор ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ торафт бештар ҷалб мегарданд. Тибқи маълумот, то моҳи марти соли 2020 аз шумораи умумии қариб 19000 нафар хизматчии давлатӣ 4500 нафар ё 25 фоизашро занон ташкил медиҳанд. Аз ҷумла, 1100 нафар ё 19 фоизи онҳо дар вазифаҳои роҳбарикунанда кор мекунанд. Дар соҳаи маорифи кишвар — 73 фоиз, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ — 67 ва фарҳанг 51 фоизи кормандон аз ҳисоби занон аст. Аз ҷумлаи бонувон 116 нафар дорои унвони илмии доктор, 1124 нафар номзади илм мебошанд. Ҳоло шумораи занон дар Маҷлиси намояндагон ба 24 фоиз, маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Душанбе — 41,5, вилояти Хатлон — 34,8, Суғд — 33,3, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — 34,4 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 29,4 фоиз расидааст. Дар дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ беш аз 50 нафар бонувон фаъолият доранд.

Айни замон бо мақсади ҳалли мушкилоти бонувон татбиқи якчанд стратегияву консепсия ва барномаи давлатӣ идома дорад. Ҷиҳати дастгирии занону духтарони соҳибкор  ва зиёд намудани саҳми занон дар рушди иқтисоди миллӣ грантҳои президентӣ таъсис дода шудааст.

- Барои пешбурди муваффақонаи сиёсати хориҷӣ  ва рушди муносибатҳои байналмилалӣ иҷрои кадом корҳо мувофиқи  мақсад аст?

- Дар барномаи пешазинтихоботии номзад дар ҳафт соли оянда низ сиё­сати хориҷии кишвар ҷойгоҳи муҳимро ишғол мекунад. Тақвияти муносибатҳои байналмилалӣ ва равобити Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои дӯсту ҳамҷавор тибқи усулу меъёрҳои пазируфтаи байналмилалӣ ва воқеиятҳои ҷаҳони муосир, вусъат бахшидани таҷрибаи ҳамзистии дӯстона, рушду тавсеаи робитаҳо ва ҳамкории гуногунҷанбаи мутақобилан судманд бо кишварҳои минтақа ва ҷаҳон, густариши муносибатҳои дӯстона бо кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва тавсеа бахшидани ҳамкориҳо дар соҳаҳои илму фарҳанг, технологияҳои нав, сармоягузорӣ ва такмили ниҳодҳои демократӣ, идома додани робитаҳои муассир бо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, СММ ва зерсохторҳои он, ҷиҳати пешбурди дипломатияи иқтисодӣ ва манфиатҳои иқтисодии кишвар густариш додани робитаҳои судманд бо шарикони рушду стратегӣ ва ниҳодҳои бонуфузи молиявии ҷаҳон, ба таври шоиста муаррифӣ кардани Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳандозӣ намудани дипломатияи фарҳангӣ ва инсонӣ бо дарназардошти ҷанбаҳои мусбат ва манфии раванди ҷаҳонишавӣ, таҳким бахшидан ба дастгирии ҳуқуқӣ ва фарҳангию маърифатӣ, робита бо ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҷалби онҳо ба ҳаёти фарҳангӣ ва иқтисодии Тоҷикис­тон, ҳимоя намудани ҳуқуқу манфиатҳо, шаъну шараф ва эътибори шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар номгӯйи нопурраи ин чораандешиҳост.

Ба шарофати сиёсати «дарҳои кушода», ки ҷавҳари равобити байналмилалиро ташкил медиҳад, Тоҷикистон дар ҷаҳон ҳамчун кишвари пешбарандаи сиёсати хориҷии сулҳҷӯёнаву созанда эътироф гардидаву эътибор пайдо кардааст.  Акнун 192 давлати дунё Тоҷикистонро чун кишвари соҳибистиқлол мешиносанд. Айни замон кишвар бо 176 давлати ҷаҳон равобити дипломатӣ  барқарор кардааст.

Бо ифтихори баланди ватандорӣ бояд қайд намуд, ки ба шарофати сиёсати оқилонаи Пешвои миллат ташкилотҳои бонуфузи дунё, аз ҷумла, Созмони Милали Муттаҳид, Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ташаббускор дар пешбарии масъалаҳои марбут ба захираҳои об эътироф менамоянд. Тоҷикистон муаллифи аксар ташаббусу қатъномаҳои марбут ба оби Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, 2018-2028» мебошад.

Дар интиҳо, бо боварии комил иброз медорам, ки дар интихоботи дарпешистода баҳри ободии сарзамини аҷдодӣ мардуми Тоҷикистон бо самимияту садоқат рисолатро иҷро ва сиёсати пешгирифтаи бунёдгузори давлати соҳибистиқлоли тоҷикон – Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  пурра ҷонибдорӣ менамоянд.

Мусоҳибон

Самариддин АСОЕВ,

Абдумаҷид МУРОДОВ,

«Садои мардум»