Садои мардум - нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон » Мулоқотҳо

Суҳбати телефонӣ бо раисони ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод
Субҳи 5 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо раисони ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод Зарина Идизода ва Қадриддин Фақерзода суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Зимни суҳбат гузориши раисони ҳарду ноҳия, пеш аз ҳама,  доир ба рафти бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ, барқарорсозии хонаву иншооти зарардида ва сохтмони манзилҳои нави зист барои оилаҳое, ки хонаҳояшон комилан вайрон шудааст, шунида шуд. Зикр гардид, ки корҳо, тибқи супоришҳои Пешвои миллат, дар ҳамаи самтҳо, аз ҷумла бартарафсозии оқибатҳои заминҷунбии шадиди 13 апрел рухдода, барқарорсозии хонаҳои мардум ва биною иншооти дигари зарардида ва ҳам сохтмони хонаву муассисаҳои нав муташаккилона идома дорад. Раисони ҳарду ноҳия бо арзи сипос ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки дар пайи расидани кумакҳои саривақтӣ, аз қабили хӯрокворӣ, доруворӣ ва дигар лавозимоти тиббӣ, хаймаҳои зист, маводи сохтмонӣ ва техникаю таҷҳизоти зарурӣ ва бо ҷалби қувваи кофии корӣ аз ҳисоби наҷотдиҳандагон ва хизматчиёни ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва дигар сохторҳои низомӣ бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ хуб идома дорад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки корҳо бо сифати хуб ва суръати баланд ба роҳ монда шаванд ва кӯшиш ба харҷ бояд дод, ки ҳарчи зудтар шароити зисти мардуми зарардида муҳайё гардад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, ба ҷараёни корҳои кишоварзӣ, аз ҷумла киштукори баҳорӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, доир ба муташаккилона, саривақт ва босифат ба роҳ мондани корҳо ва истифодаи босамар аз ҳар ваҷаб замини корам дастуру тавсияҳо доданд. Таъкид гардид, ки ба кишти картошка, ки нони дуюм номида мешавад, таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд, то ки аз он ҳосили фаровон рӯёнда шавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ин масоил ҳамчунин бо роҳбарони чанде аз вазорату идораҳои дахлдор суҳбати телефонӣ анҷом дода, ба онҳо низ барои суръат бахшидан ба корҳои зарурӣ супоришҳои мушаххас доданд.

Мулоқот бо Раиси Ассамблеяи парлумонии САҲА хонум Пиа Лииса Каума
29 апрел дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ассамблеяи парлумонии Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, узви Парлумони Финляндия хонум Пиа Лииса Каумаро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои маҷмӯи ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, аз ҷумла робитаҳои байнипарлумонӣ баррасӣ гардид.

Президенти кишвар таъкид намуданд, ки Тоҷикистон Созмонро ҳамчун ниҳоди муҳим барои муколамаи созанда дар доираи ҳар се ченак — низомиву сиёсӣ, иқтисодиву муҳитизистӣ ва инсонӣ медонад.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон авлавиятҳои раёсати Финляндияро дар самти пешгирӣ аз низоъҳо дар паҳнои САҲА, эҷоди эътимод, мубориза бо ҷиноятҳои дорои хусусияти фаромиллӣ ва дигар мавзуъҳо дастгирӣ менамояд.

Зимни баррасии масоили амниятӣ таҳкими шарикӣ дар муқовимат ба хавфу таҳдидҳои глобалӣ, аз ҷумла дар доираи “Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм ва маблағгузории он”, муҳим дониста шуд. Ҳамзамон таъкид гардид, ки ҳалли мушкилоти амниятӣ ҳамоно андешидани тадбирҳои минбаъдаи ҳамоҳангро тақозо менамояд.

Вобаста ба ченаки иқтисодӣ-муҳитизистӣ таҳкими ҳамкорӣ барои роҳандозии лоиҳаҳои муассир мутобиқ ба Ҳадафҳои рушди устувор, бахусус ҷиҳати тақвияти бахшҳои воқеии иқтисод, беҳбуди зерсохтор ва рушди минтақаҳо мувофиқи мақсад дониста шуд.

Масъалаҳои вобаста ба мудирияти захираҳои обиву энергетикӣ, тағйирёбии иқлим ва пешгирии офатҳои табиӣ низ аз ҷумлаи авлавиятҳои ҳамкорӣ номида шуд.

Таъмини баробарии гендерӣ, тавсеаи ширкати занон дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон аз мавзуъҳои мубрами мулоқот буд.

Таъкид гардид, ки дар ченаки инсонӣ ҷониби Тоҷикистон омода аст, ҳамкориро бо Созмон дар доираи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038  идома диҳад.

Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин, доир ба мавзуъҳои алоҳидаи байналмилалию минтақавӣ, аз ҷумла бартараф намудани буҳронҳои мавҷуда ва эҷоди фазои боварию эътимод дар паҳнои масъулияти САҲА, сурат гирифт.

Мулоқот бо Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (FAO) Тсю Донгюй
29 апрел дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид Тсю Донгюйро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, аз ҷумла бо Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ, баррасӣ гардид.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дастгирии доимии Созмон аз талошҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар роҳи татбиқи афзалиятҳои миллии рушди устувор изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Таваҷҷуҳи зиёд ба тақвияти иқтидори комплекси агросаноатӣ, таъмини низоми босуботи озуқаворӣ, мутобиқшавӣ ба оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист зоҳир гардид.

Татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои идораи самараноки замину захираҳои об, беҳбуди бахши чорводорӣ, хоҷагиҳои моҳипарварӣ, ҷангал, ҳифзи растаниҳо, дастрасӣ ба тухмиҳои хушсифат, идораи мубориза бо ҳашароти зараррасон, ҷорӣ намудани навовариҳо ва технологияҳои муосири кишоварзӣ зарур шумурда шуд.

Доир ба амалисозии барномаҳои муносиб дар самтҳои рақамикунонӣ, роҳандозии тадқиқоти бунёдии илмӣ, рушди соҳаи тухмипарварӣ, ҳалли масъалаҳои экологӣ, аз ҷумла “Барномаи рушди низоми агроозуқаворӣ ва кишоварзии устувор барои давраи то соли 2030” ва “Даҳсолаи хоҷагидории оилавии Созмони Милал” то соли 2028 гуфтугӯйи судманд ҷараён гирифт.

Пешвои миллат ҳамзамон ба Мудири кулли Созмон барои дастгирӣ аз номинатсияҳои Тоҷикистон – “Гӯсфанди зоти “ҳисорӣ” ва “Ангури навъи “тоифӣ – гулобӣ” ва  ворид намудани онҳо ба Мероси низоми кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ (GIAHS) миннатдорӣ  изҳори сипос карданд.

Ба мавзӯи ташкили гӯшаи Тоҷикистон дар қароргоҳи Созмон низ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

Инчунин, алоқамандии Тоҷикистон аз идомаи ҳамкории стратегӣ бо Созмон дар ҳама самтҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак таъкид гардид.

Мулоқот бо Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Эрон Искандар Муъминӣ
22 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон Вазири кишвари (корҳои дохилии) Ҷумҳурии Исломии Эрон Искандар Муъминиро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни суҳбат ҷанбаҳои алоҳидаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Эрон, бахусус ҳолат ва дурнамои ҳамкории ду кишвар дар соҳаи тартиботи ҳуқуқӣ ва амният, баррасӣ шуд.

Дар ин зимн зарурати татбиқи фаъоли натиҷаҳои сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, муҳтарам Масъуд Пизишкиён ба Тоҷикистон дар аввали соли 2025 ва санадҳои дахлдори имзошуда таъкид карда шуд.

Таваҷҷуҳи зиёд ба тақвияти ҳамкорӣ миёни вазоратҳои корҳои дохилии ду кишвар бо истифода аз абзорҳои мавҷуда зоҳир гардид. Аз ҷумла доир ба тавсиаи ҳамкорӣ вобаста ба таҳаввулоти ҷиддии нигаронкунанда дар ҷаҳони имрӯза, шиддати рақобатҳои геосиёсӣ, таҳдиду хатарҳои замони муосир мубодилаи афкор анҷом дода шуд.

Зарур дониста шуд, ки барои муқовимати муассир ба зуҳуроти терроризм, ифротгароӣ, тундгароӣ ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла киберҷиноятҳо ва қочоқи маводи мухаддир, иқдомҳои  муштарак андешида шаванд.

Табодули афкор, ҳамчунин, доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи муштарак сурат гирифт.

Маҷлиси ғайринавбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
17-уми апрели соли 2025 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси ғайринавбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар маҷлис, ки бо иштироки аъзои Ҳукумат, роҳбарони мақомоти дахлдор ва раисони ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод ҷараён гирифт, масъалаи дақиқ муайян намудани оқибатҳои заминҷунбӣ дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод ва бартарафсозии онҳо баррасӣ шуд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки ҳадаф аз баргузор кардани маҷлиси ғайринавбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар чӣ зудтар бартараф намудани оқибатҳои заминҷунбӣ, дастгирӣ ва расонидани кумаки ҳаматарафа ба аҳолии осебдида мебошад.

Таъкид гардид, ки бо мақсади муайян намудани хисороти расида аз ин офати табиӣ ва ташкили корҳои бартарафсозии оқибатҳои он ба таври фаврӣ комиссияи ҳукуматӣ таҳти роҳбарии муовини Сарвазири кишвар дар ҳайати роҳбарони вазорату идораҳо таъсис ёфта, ба ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод сафарбар гардид.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба оқибатҳои заминҷунбӣ ва ташкили корҳои бартарафсозӣ роҳбари комиссияи ҳукуматӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, роҳбарони мақомоти дахлдор ва раисони ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод гузориш доданд.

Гуфта шуд, ки 13 апрели соли 2025, соати 09:24 дақиқа, дар ҳудуди кишвар заминҷунбӣ ба амал омад. Маркази он дар масофаи 160 километр дуртар аз шаҳри Душанбе ва 21 километр аз ноҳияи Рашт буда, қувваи замин­ҷунбӣ дар маркази он 5-6 балл, дар ҳудуди минтақаи Рашт 4-5 балл ва шаҳри Душанбе 3 баллро ташкил дод. Худи ҳамон рӯз се ҳолати дигари заминҷунбӣ дар минтақаи мазкур бо қувваи камтар ба қайд гирифта шуд.

Тибқи маълумот, дар ноҳияҳои мазкур, дар маҷмуъ, 65 хонаи истиқоматӣ пурра ва 193 хона қисман вайрон шуда, ба 150 хонаи дигар осеби сабук ва ба 193 иншооти ёрирасон зарар расидааст. Аз ҷумла, 1 беморхонаи минтақавӣ, 2 бунгоҳи тиббӣ, 8 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дигар иншоот зарар дидаанд.

Дар натиҷаи ин офати табиӣ 1 нафар ба ҳалокат расида, 16 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.

Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки корҳо оид ба дақиқ намудани ҳаҷми пурраи хисорот идома дорад.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди гузориши шахсони масъул барои ҳар чӣ зудтар ва пурра рафъ намудани оқибатҳои ин заминҷунбӣ, ҳалли мушкилиҳои пешомада ва бо ёриву ғамхории ҳамаҷониба фаро гирифтани аҳолии осебдида ба комиссияи ҳукуматӣ, мақомоти дахлдор ва раисони ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод супоришҳои мушаххас доданд. Аз ҷумла, комиссияи ҳукуматӣ ва ситодҳои ноҳиявии Рашту Тоҷикобод вазифадор гардиданд, ки оид ба муайян намудани хисороти расида аз заминҷунбӣ, ташкили корҳои бартарафсозӣ ва дар муҳлати кӯтоҳ пурра бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ фавран чораҳои зарурӣ андешанд.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия­ҳои Рашт ва Тоҷикобод, дигар сохторҳои марбута аз Роҳбари давлат супориш гирифтанд, ки ҳаҷм ва маблағи зарари расидаро бо назардошти рӯйхати оилаҳои хонаҳояшон пурраву қисман вайроншуда ва дигар бинову иншооти зарардида фавран муайян намоянд.

Ҳамчунин, дастур дода шуд, ки шахсони масъул дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқгардидаи комиссияҳо оид ба ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод рӯйхати аниқшудаи оилаҳои зарардидаро барои расонидани кумакҳои яквақтаинаи моддӣ пешниҳод намоянд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақомоти марбута барои арзёбии ҳолати бинову иншооти давлатии зарардида, ҷудо намудани ҳаҷми зарурии масолеҳи сохтмонӣ, маводи хӯрока ва ниёзи аввалия, бо назардошти меъёрҳои сохтмонии ба заминҷунбӣ тобовар таҳия кардани лоиҳаи хонаҳои чорҳуҷрагӣ ва дуҳуҷрагӣ, барои дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин сохтани хонаҳо ба оилаҳои осебдида супориш доданд.

Дастур дода шуд, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод баъд аз дастрас гардидани масолеҳи сохтмонӣ якҷо бо аҳолӣ ва шахсони саховатпешаву ватандӯсти кишвар барои тариқи ҳашар ба роҳ мондани корҳои сохтмонӣ ва барқарорсозии хонаҳои вайроншуда тадбирҳо андешанд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохторҳои марбута барои ҷудо намудани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ба оилаҳои хонаҳояшон вайроншуда баҳри бунёди манзили истиқоматӣ дар мавзеъҳои амн супориш доданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз вазорату идораҳои дахлдор талаб карданд, ки барои ҳар чӣ зудтар ба роҳ мондани раванди таълим, ба табобати саривақтӣ фаро гирифтани нафарони ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, назорати қатъии ҳолати санитарию эпидемиологӣ дар минтақаҳои аз офати табиӣ зарардида ва сари вақт таъмин кардани сокинон бо маводи доруворӣ ва дигар лавозимоти тиббӣ чораҳои қатъӣ андешанд.

Таъкид гардид, ки фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ва раванди таълиму тарбияи хонандагон, аз ҷумла дар ҷойҳои муваққатӣ, бояд бемонеа идома ёбад.

Дар асоси супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохторҳои дигар вазифадор шуданд, ки оид ба кӯчонидани аҳолӣ аз мавзеъҳои дорои хавфи баланди сейсмикии ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод, омӯзиши ҳамаҷонибаи оқибатҳои заминҷунбӣ ва сабабҳои ба вуқӯъ омадани онро ба роҳ монда, барои сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар дар минтақаи осебдида ба Ҳукумати кишвар таклиф пешниҳод намоянд.

Ширкати «Тоҷиксуғурта» якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод аз Сарвари давлат супориш гирифтанд, ки ба ҳар як оилаи аз заминҷунбӣ зарардида, сарфи назар аз мавҷудияти шартномаи суғуртавӣ, тибқи рӯйхати тартибдодаи комиссияи ҳукуматӣ маблағ пардохт намояд.

Аз мардуми саховатпешаю савобҷӯ, аз ҷумла онҳое, ки маб­лағҳои зиёди худро барои ҳаҷ ва умра сарф мекунанд, даъват карда шуд, ки хайроту садақоти худро ба расонидани кумак ба зарардидагони ин ва дигар офатҳои табиӣ низ равона созанд.

Ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод дастур дода шуд, ки хонаҳои навро барои оилаҳои хонаҳояшон пурра вайроншуда то якуми ноябр пурра ба истифода супорида, минбаъд корҳоро дар самти пешгирии оқибатҳои офатҳои табиӣ, аз ҷумла омода намудани инфрасохтори дахлдор, огоҳии аҳолӣ ва дигар чорабиниҳо ба роҳ монанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарону масъулини вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикободро вазифадор карданд, ки бо дарки масъулияти баланд иҷрои вазифаҳои гузошташударо сари вақт таъмин намуда, аз натиҷааш мунтазам ба Ҳукумати кишвар маълумот пешниҳод намоянд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назорати иҷрои дастуру супоришҳоро оид ба бартараф намудани оқибатҳои заминҷунбӣ ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор намуданд.

www.president.tj

Кумакҳои Пешвои миллат ба зарардидагони заминларза
15-уми апрели соли 2025 дар асоси дас­тури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зарардидагони заминларзаи ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод кумакҳои иборат аз хӯрокворӣ, ашёи хоҷагидорӣ ва масолеҳи сохтмонӣ фиристода шуд.

Хотиррасон менамоем, ки 13-уми апрели соли 2025, соати 09:24 дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба амал омад. Қувваи ларзиши замин дар марказаш, ки дар масофаи 160 км самти шимолу шарқ аз шаҳри Душанбе ва 21 км самти шарқ аз маркази ноҳияи Рашт қарор дошт, 5-6 балл ва дар шаҳри Душанбе 3 баллро ташкил дод.

Бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди рух додани заминларза 13-уми апрел комиссияи ҳукуматӣ таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода ба ноҳияҳои водии Рашт сафарбар гардид.

Комиссияи ҳукуматӣ иборат аз роҳбарону намояндагони вазорату идораҳои вобаста ба ҳолатҳои фавқулода, захираҳои давлатӣ, сохтмон, геология, заминсозию геодезия ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ба омӯзиши ҳамаҷонибаи оқибатҳои заминларза ва муайян намудани ҳаҷм ва намудҳои кумаки фаврӣ ба мардуми зарардида машғул аст.

Тибқи маълумоти пешакӣ дастрасшуда, дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод 94 хонаи истиқоматӣ пурра ва 50 хона қисман вайрон шуда, ба 61 хонаи дигар осеби сабук расидааст. Ҳамчунин, 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва қариб 200 иншооти гуногун зарар дидаанд.

Ҷараёни бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод ва рафти расонидани кумакҳои аввалия ба мардуми зарардида таҳти назорат ва таваҷҷуҳи доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

www.prezident.tj

Иштирок дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум
11 апрел иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид, ки дар кори он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум таҳти раисии калонсолтарин узви Маҷлиси миллӣ Низом Қосим оғоз гардид.

Пас аз иҷрои муқаррароти расмии ифтитоҳи  иҷлосия ва интихоби мақомоти кории он нахуст интихоботи роҳбарияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Аъзои Маҷлиси миллӣ тариқи овоздиҳии пинҳонӣ, номзадии муҳтарам Рустами Эмомалиро ба вазифаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуданд.

Раиси интихобшудаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ҳозирин сухан гуфта, барои садоқат ба давлат ва мардуми Тоҷикистон савганд ёд намуданд.

Сипас, кори Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум таҳти раисии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ идома ёфт.

Дар идомаи иҷлосия муовини якум ва муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд ва онҳо низ дар навбати худ дар назди ҳозирин сухан гуфта, савганди садоқат ёд намуданд.

Сипас дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан гуфта, оид ба муҳимтарин паҳлуҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, пешгирии ҳамагуна таҳдиду хатарҳои замони муосир ва дигар самтҳои ҳаёти ҷомеа андешаронӣ намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти онро ба муносибати интихоб ва таъин шуданашон табрик гуфта, барои амалӣ кардани салоҳиятҳои пурмасъулияташон ба онҳо барору комёбӣ орзу намуданд.

Таъкид гардид, ки аъзои Маҷлиси миллӣ бояд ба таҳияи қонунҳо диққати махсус зоҳир намоянд.

“Бо дарназардошти таъмини ҳадафҳои рушди дарозмуддат ва баланд бардоштани некуаҳволии мардум бояд қонунҳое таҳия карда шаванд, ки барои таҳкими истиқлоли давлатӣ, амният ва суботи сиёсӣ, рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, боз ҳам беҳтар гардонидани вазъи соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ободонии деҳот, истифодаи самараноку сарфакоронаи замин ва дигар сарватҳои табиӣ равона шуда бошанд”, изҳор доштанд Пешвои миллат.

Дар ин зимн Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки аъзои Маҷлиси миллӣ бо дигар субъектҳои дорои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ, аз ҷумла вакилони Маҷлиси намояндагон ҳамкории наздик ва доимӣ дошта бошанд.

Ҳамчунин иброз гардид, ки қонунҳо бояд бо дарназардошти стратегияву барномаҳо ва ҳадафҳои стратегии кишвар, ҳамкорӣ бо дигар давлатҳо, ҷомеаи ҷаҳонӣ ва таҳкими заминаҳои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ таҳия карда шаванд.

Таъкид гардид, ки аъзои Маҷлиси миллӣ дар татбиқи саривақтии дурнамо ва барномаҳои миёнамуҳлати рушд, саноатикунонии босуръати кишвар, “иқтисоди сабз”, рақамикунонии иқтисоди миллӣ ва соҳаҳои мухталифи он, гузариши пурра ба “ҳукумати электронӣ”, пардохтҳои ғайринақдӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ бояд саҳми намоён дошта бошанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарур шумурданд, ки масъалаҳои боз ҳам баланд бардоштани сифат ва шароити зиндагии аҳолии кишвар, ноилшавӣ ба рушди бемайлони иқтисоди миллӣ ва гузариш ба модели иқтисодии ба саноат асосёфта дар маркази фаъолияти масъулон қарор дошта бошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки аъзои Маҷлиси миллӣ ҳангоми таҳия ва ҷонибдории қонунҳо заминаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва самаранокии онҳоро дар рушди ҳама сатҳҳо ва беҳдошти зиндагии мардум ҳаматарафа омӯзанд ва дар ин раванд, зарурат, аҳаммият ва амалишаванда будани онҳоро низ аз мадди назар дур намонанд.

Дар робита ба вазъи бисёр мураккабу печида ва душвору хатарзои ҷомеаи ҷаҳонӣ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки “барои пешгирӣ кардани таъсири манфии онҳо мо бояд фаъолияти худро беш аз пеш густариш диҳем, ҳамеша бо мардум бошем, тамоми сохтору мақомот, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аҳли ҷомеаро ба ин самт сафарбар созем”.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки барои ноил шудан ба мақсадҳои гузошташуда амалисозии ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла ноилшавии пурра ба истиқлоли энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии босуръати кишвар ва таъмини шуғли пурмаҳсул зарур аст.

Таъкид карда шуд, ки танҳо дар ҳамкории зичи масъулин бо мардум имкон аст, ҳамаи имкониятҳои рушди соҳаҳои мухталифи саноат, аз ҷумла саноати маъдан, сабук ва хӯрокворӣ, таъмин гардад ва ба ин васила ташкили корхонаҳои нави истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва афзоиш додани содироти молу маҳсулоти тайёри ватанӣ бо арзиши баланди иловашуда роҳандозӣ шавад.

Мушкилоти глобалӣ, аз ҷумла тағйирёбии иқлим, хусусан камобӣ ва хушксолиҳои пайиҳам, болоравии нархи маводи ғизоӣ дар ҷаҳон ва таъсири манфии омилҳои зикргардида ба бозори истеъмолӣ, аз масъалаҳое буданд, ки ба онҳо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуданд. Масъулияти баланди аъзои Маҷлиси миллӣ ва маъсулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо барои ҳалли мушкилоти мавҷуда таъкид гардид.

Дар робита ба омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии истиқлоли давлатӣ, зарур шумурда шуд, ки корҳои ободонӣ аз ҳар як оила то деҳоти дурдасттарин вусъат дода шуда, иҷрои супоришҳо дар ин самт, аз ҷумла доир ба бунёди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ, дар муҳлати муқарраргардида таъмин гардад.

Масъулияти аъзои Маҷлиси миллӣ ва роҳбарони шаҳру ноҳияҳо ҳамчунин дар назорати истифодаи сарфакоронаи барқ, кам кардани талафоти он, ҷамъоварии маблағи барқи истифодашуда ва пешгирии ҳама гуна зуҳуроти номатлуб дар ин ҷода, таъкид гардид.

Дар ин робита Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи энергетика”, ки то ба сатҳи ҷавобгарии ҷиноятӣ расондани масъулият барои истифодаи ғайриқонунӣ ва напардохтани маблағи барқро пешбинӣ менамояд, таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, таъкид доштанд, ки талаботи нав бояд ба мардум хуб фаҳмонда шавад, то ки бохабар бошанд ва риоя кунанд, худро ба мушкилиҳои нав, аз ҷумла ҷавобгарии ҷиноятӣ дучор насозанд.

Дар фароварди сухан Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши Маҷлиси миллиро дар таҳкими истиқлоли давлатӣ, сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ, қонунияту тартибот, волоияти қонун, пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва рушди низоми ҳуқуқии кишвар назаррас арзёбӣ карда, изҳор намуданд, ки аъзои нави он бо истифода аз донишу таҷрибаи худ дар ин самт бояд кӯшиши зиёд анҷом диҳанд.

Пас аз суханронии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум ба кори худ идома бахшид.

www.president.tj

Мулоқот бо Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд хонум Одил Рено-Бассо
Дар шаҳри Самарқанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд хонум Одил Рено –Бассо  мулоқот намуданд.

Тавре таъкид гардид, дар давраи ҳамкорӣ  аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон 184 лоиҳа мавриди татбиқ қарор гирифтааст, ки маблағи умумии онҳо ба беш аз як миллиард доллар мерасад. Ин лоиҳаҳо асосан дар самтҳои таҳкими низоми молиявӣ, рушди бахши хусусӣ ва соҳаҳои нақлиёту энергетика татбиқ мегарданд.

Лоиҳаҳои марбут ба  таъмини аҳолӣ бо об ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии коммуналӣ аз бахшҳои дигари ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд арзёбӣ гардида, алоқамандии Тоҷикистон ба рушди ҳамкорӣ таъкид гардид.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  сатҳи ҳамкорӣ бо бонкро баланд арзёбӣ намуда,  изҳор доштанд, ки татбиқи лоиҳаҳои муштарак бо назардошти таъсири манфии омилҳои беруна ба иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити кунунӣ басо муҳим мебошад.

Зарурати густариши ҳамкорӣ барои идомаи ислоҳоти иқтисодӣ ва тобовар намудани иқтисодиёти Тоҷикистон ба хатарҳои имрӯза ва ҷалби маблағҳои грантӣ ва имтиёзноки шарикони рушд таъкид гардид.

Изҳори бовар карда шуд, ки ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок дар доираи “рӯзномаи сабз” минбаъд тақвият меёбад.

Мулоқот бо Президенти Комиссияи Иттиҳоди Аврупо хонум Урсула фон дер Ляйен
3 апрел дар шаҳри Самарқанд дар ҳошияи Ҳамоиши “Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо” Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Комиссияи Иттиҳоди Аврупо хонум Урсула фон дер Ляйен мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки “Тоҷикистон аз ташаббуси ба сатҳи стратегӣ баровардани муносибатҳо ҷонибдорӣ менамояд”.

Ба тавсеаи робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, ҷалби сармоя ва технологияҳои нави аврупоӣ ба иқтисоди Тоҷикистон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

Масъалаҳои ба имзо расонидани Созишномаи тавсеаёфтаи шарикию ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, ҳамчунин роҳҳои татбиқи Харитаи роҳ оид ба амиқсозии равобити байниминтақавӣ аз мавзӯъҳои муҳими суҳбат буд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон барои иштирок дар лоиҳаи алоқаи моҳворавии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ омода аст.

Рушди ҳамкорӣ дар самти рақамикунонӣ, гузариш ба ҳукумати электронӣ ва рушди зеҳни сунъӣ муҳим дониста шуд.

Аҳамияти Стратегияи Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, ташаббуси нави “Дарвозаи глобалӣ” ва барномаҳои бисёрсолаи индикативӣ таъкид гардид.

Дар робита ба ҳалли мушкилоти глобалӣ изҳори бовар карда шуд, ки Иттиҳоди Аврупо дар Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо моҳи майи соли равон дар шаҳри Душанбе дар сатҳи муносиб иштирок хоҳад кард.

Мулоқот бо Президенти Шурои Иттиҳоди Аврупо Антониу Кошта
3 апрел дар шаҳри Самарқанд дар ҳошияи Ҳамоиши “Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо” Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Шурои Иттиҳоди Аврупо Антониу Кошта мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки “мо Иттиҳоди Аврупоро аз ҷумлаи шарикони муҳими худ дар арсаи байналмилалӣ медонем”.

Антонио Кошта аҳамияти ҳалли масъалаҳои марзӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистону Узбекистонро таъкид намуда, Сарвари давлат ва мардуми Тоҷикистонро бо ин рӯйдоди таърихӣ табрик гуфтанд.

Ҷонибҳо оид ба аҳамияти Созишномаи тавсеаёфтаи шарикию ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, ки мувофиқасозиаш ба марҳилаи ниҳоӣ расидааст, табодули афкор намуданд.

Истифодаи захираҳои азими табиӣ, гидроэнергетикӣ, ашёи хоми муҳим, зарфиятҳои кишоварзӣ, иқтидори саноатӣ ва транзитии Тоҷикистон барои рушди тиҷорат бо Иттиҳоди Аврупо судбахш арзёбӣ гардид.

Ҳамкории ду ҷониб дар раванди ислоҳот, рушди соҳаи энергетика, таҷдид ва сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ намунаи шарикии босубот номида шуд.

Гуфта шуд, ки Тоҷикистон ба ҷалби сармоя ва технологияҳои аврупоӣ дар татбиқи лоиҳаҳои соҳаи энергетика, аз ҷумла бунёди неругоҳи обии Роғун ва таҷдиди неругоҳи Норак манфиатдор аст.

Таъкид шуд, ки Тоҷикистон дар ҷодаи пешбурди сиёсати “иқтисоди сабз” бо Иттиҳоди Аврупо ҳамназар аст. Дар ин зимн Стратегияи рушди “иқтисоди сабз”-и Тоҷикистон ва масъалаи тавлид ва содироти “энергияи сабз” муҳокима гардид.

Оид ба рушду густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, маориф, тавсеаи барномаҳои бурсиявӣ ва дастгирии минбаъдаи таҳсилоти касбӣ табодули афкор сурат гирифт.

Зарурати идомаи ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар чаҳорчӯби барномаҳои БОМКА ва КАДАП таъкид гардид.

Ҳамчунин оид ба афзоиши офатҳои муҳитизистӣ ва пайомадҳои фалокатбори тағйирёбии иқлим дар ҷаҳон ва татбиқи ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон барои ҳалли ин мушкилот гуфтугӯи судманд сурат гирифт.