Садои мардум - нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон » Суханрониҳо

Суханронӣ ба муносибати Рӯзи Ғалаба
Ҳамватанони азиз!

Рафиқон генералҳо ва афсарону сарбозон!

Мо имрӯз 80-солагии ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонро бо ифтихор ва посдорӣ аз хотираи неки фарзандони Тоҷикистон ва корнамоиву қаҳрамониҳои онҳо дар мубориза бо фашизми гитлерӣ таҷлил менамоем.

Ба муносибати ин санаи муҳимми таърихӣ – иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, собиқадорони меҳнат, шахсоне, ки дар он давраи вазнин дар ақибгоҳ заҳмат кашидаанд ва кулли мардуми Тоҷикистонро самимона табрик мегӯям.

Мусаллам аст, ки Ҷанги дуюми ҷаҳон дар таърихи навини башарият аз лиҳози миқёс ва фоҷиаи инсонӣ ҷанги даҳшатноктарин ба шумор меравад.

Беш аз 70 кишвари ҷаҳон ба гирдоби ҷанг кашида шуда, дар он зиёда аз 55 миллион нафар одамон қурбон гардиданд.

Даҳҳо ҳазор шаҳрҳои хурду бузург вайрону валангор ва ба хок яксон шуданд.

Тибқи арзёбии мутахассисону коршиносон хароҷоти ҳарбӣ ва зарари умумии ин ҷанг ба ҳисоби имрӯза 4,5 триллион долларро ташкил медиҳад.

Наслҳои имрӯзу оянда бояд ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки маҳз дӯстиву бародарӣ ва ҳамёриву дастгирии миллатҳои гуногуни собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ омили асосии шикасти истилогарон ва пешгирӣ аз доман паҳн кардани «вабои фашизм» дар асри бистум гардид.

Мо, ҳамчунин, бояд ҳамеша бо ифтихор хотирнишон созем, ки барои расидан ба ин пирӯзӣ дар баробари дигар миллатҳое, ки бар зидди истибдоди фашистӣ мубориза бурдаанд, мардону занони бонангу номуси Тоҷикистон низ саҳми муассиру сазовор гузоштаанд.

Ҳарчанд майдони набардҳои хунин аз Тоҷикистон ҳазорҳо фарсах дур буд, вале акси садои он дар саросари диёри мо ба гӯш мерасид ва ҳар хонадони тоҷик гирифтори фоҷиаҳои он буд.

На танҳо дар шаҳрҳо, балки ҳатто дар дурдасттарин деҳаҳои кишвари мо оилае набуд, ки падар, бародар, фарзанд ё хешу ақрабояшро ба хотири мубориза бар зидди фашистони истилогар ба майдони ҷанг гусел накарда бошад.

Ин ҷанги даҳшатнокро мо низ сиёҳтарин саҳифаи таърих ва фоҷиаи бузург барои миллати худ меҳисобем.

Зеро аз якуним миллион нафар аҳолии Тоҷикистон дар он замон зиёда аз 300 ҳазор нафар ба майдони набард сафарбар шуданд, ки 50 фоизи аҳолии қобили меҳнати кишварро ташкил медод.

Беш аз 100 ҳазор нафари онҳо дар муҳорибаҳо қурбон шуда, зиёда аз 40 ҳазор беному нишон гардиданд ва 60 ҳазор нафари дигар аз ҷанг бо маъюбият баргаштанд.

Ҳамаи ин ҷоннисориҳо, ки дар таърихи муосири мо абадан сабт гардидаанд, саҳми миллати тоҷикро дар ин ғалабаи бузург ва таъмини сулҳу амнияти ҷаҳонӣ таҷассум мекунанд.

Мо номи неку хизмати онҳоеро, ки аз ҷанг барнагаштанд, ҳаргиз фаромӯш намекунем ва эҳтироми онҳоеро, ки бо пирӯзӣ ба Ватан баргаштаанд, ҳамеша ба ҷой меоварем.

Барои ҷасорату қаҳрамонӣ дар Ҷанги дуюми ҷаҳон 58 ҳазор нафар афсарону сарбозони тоҷик ба ордену медалҳо ва 55 нафар барои мардонагӣ ва шуҷоат ба унвони баланди «Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ» мушарраф гардонида шуданд.

Беш аз 45 ҳазор нафар сокинони Тоҷикистон ба корхонаҳои саноатии минтақаҳои дигари Иттиҳоди Шӯравӣ фиристода шуда, қисми зиёдашон аз он ҷойҳо ба ҷанг сафарбар гардиданд.

Ҳамчунин, солҳои ҷанг зиёда аз 100 ҳазор нафар – асосан занону кӯдакон – аз минтақаҳои гуногуни ҷангзада ба Тоҷикистон кӯчонида шуданд ва ҷумҳурии мо барои онҳо хонаи дуюм гардид.

Мардуми мо онҳоро бегона нашумориданд, барояшон манзили зист, хӯроку сару либос муҳайё карданд ва аксари онҳоро ба камол расониданд.

Қобили зикр аст, ки дар ақибгоҳ низ аҳолии Тоҷикистон дар таъмини ғалаба саҳми бесобиқа гузошт.

Ҳамаи захираҳои инсонӣ ва моддиву техникии ҷумҳурии мо барои таъмин намудани ниёзҳои майдони муҳориба сафарбар гардида буданд.

Дар он рӯзҳои сангин кӯдакону занон ва калонсолон азобу машаққати гуруснагӣ ва дигар мушкилоти замони ҷангро таҳаммул карданд ва шабонарӯзӣ заҳмат кашида, ҳиссаи арзандаи худро барои расидан ба Рӯзи ғалаба гузоштанд.

Мардуми мо дар ҳоле, ки худашон гурусна буданд, ба майдони ҷанг ғаллаву озуқаворӣ, сару либос ва маблағ мефиристоданд.

Мехоҳам таъкид намоям, ки ҷасорату диловарӣ ва матонату фидокории афсарону сарбозони тоҷик дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳон барои шумо – хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол намунаи ибрат мебошад.

Шумо ҳаргиз фаромӯш насозед, ки фазои орому осудаи имрӯзаи кишвар бо нархи бисёр гарон ба даст омадааст ва ҳимояи он ҳоло ҳамчун вазифаи пурмасъулу бошараф ба зиммаи шумо вогузор гардидааст.

Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта, ҳамагӣ пас аз чанд даҳсола баъди Ҷанги дуюми ҷаҳон ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор гардид, ки барои кишвари мо оқибатҳои фоҷиабору сангин ба бор овард.

Шумораи қурбониён ва ҳисороти моддии ин ҷанг барои Тоҷикистони тозаистиқлол аз ҳисороти ҷониву молии кишвари мо дар Ҷанги дуюми ҷаҳон бештар буд: беш аз 150 ҳазор нафар ҳамватанони мо ҷони худро аз даст доданд, зиёда аз як миллион нафар гуреза шуданд ва ба иқтисоди миллии мо беш аз 10 миллиард доллар зарар ворид гардид.

Албатта, дар қатъи ҷангу хунрезӣ, барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ ва таъмин намудани сулҳу оромӣ дар кишвар мардуми Тоҷикистон, хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нақши бузург ва ҳалкунанда бозиданд.

Дар ин роҳ ҳазорон нафар афсарону сарбозони далеру шуҷоъ ҷони худро қурбон карданд.

Мардум ва Ҳукумати мамлакат ба ин хизмати таърихии фарзандони содиқу далери худ ҳамеша арҷ мегузоранд.

Дар робита ба ин, хотиррасон менамоям, ки ҳифзи Ватан ва ҳимояи ҳаёти осоиштаи мардум дар ҳар давру замон барои ҳар як шаҳрванди огоҳу соҳибватан ва ҷавонмардони бонангу номус вазифаи муқаддас ва пуршараф ба ҳисоб меравад.

Хусусан, равандҳои манфию хатарборе, ки ҷаҳони муосирро таҳти таъсир қарор додаанд, аз ҷумла мухолифатҳои шадиди байни абарқудратҳо, аз нав авҷ гирифтани мусаллаҳшавии бошитоб, «ҷанги сард», инчунин, густариш ёфтани амалиёти тахрибкоронаи созмонҳои террористиву экстремистӣ аз ҳар як хизматчии ҳарбӣ сатҳи баланди омодабошӣ, маҳорату малакаи касбӣ, ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ, ҷасорату далерӣ ва мардонагиву фидокориро талаб менамояд.

Эътимоду умеди мардум ҳар яки шумо – фарзандони содиқи Ватанро водор месозад, ки ҳамеша ҳушёр бошед, зиракии сиёсиро аз даст надиҳед, сатҳи касбият ва омодагии ҷангии худро мунтазам баланд бардоред, намунаи риояи қонунияту тартибот ва интизоми ҳарбӣ бошед.

Ҳамчунин, таъкид менамоям, ки ҳифзи сулҳи пойдор, суботи комили сиёсӣ, таҳкими ваҳдату худшиносии миллӣ ва пояҳои давлатдории тоҷикон вазифаи муқаддаси ҳар фарди ҷомеаи мо мебошад.

Ҳамин аст, ки мусоидат ба таъмини сулҳу субот ва ҳаёти осоишта дар паҳнои олам яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати хориҷии давлати мо муайян гардидааст.

Маҳз ба хотири пайгирии ин ҳадаф ман дар иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид масъалаи қабули қатъномаи махсусро оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» пешниҳод намудам.

Тоҷикистон чун кишваре, ки ҷанги даҳшатноки таҳмилиро аз сар гузаронидааст, ҳамеша ҷонибдори танҳо бо роҳи осоишта, яъне гуфтушунид ҳаллу фасл кардани ҳама мухолифату низоъҳо мебошад.

Мо, ҳамчунин, густариш бахшидани гуфтугӯи тамаддунҳоро аз ҷумлаи заруратҳои замони муосир мешуморем.

Бовар дорам, ки мардуми сулҳпарвари тоҷик бо шукргузорӣ аз истиқлолу озодӣ, соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва суботи комили кишварамон минбаъд низ барои ҳифзу гиромидошти ин неъматҳои бузург ва ба хотири наслҳои ояндаи халқамон саъю талоши бештар мекунанд.

Бори дигар иштирокчиён ва собиқадорони Ҷанги дуюми ҷаҳон, мардуми шарифи Тоҷикистон ва шумо – ҳомиёни содиқи Ватанро ба ифтихори 80-солагии ғалабаи таърихӣ табрик мегӯям.

Ба ҳамаи шумо – ҳамватанони азиз, саломативу хушбахтӣ, рӯзгори обод ва барои Тоҷикистони азизамон ваҳдати ҷовидонаи миллӣ ва сулҳу суботи пойдор орзу менамоям.

Ҷашни ғалаба муборак, ҳамдиёрони азиз!

Суханронӣ дар иҷлосияи нахустини Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум
11 парели соли, шаҳри Душанбе

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ҳамаи шуморо ба муносибати интихоб ва таъин шуданатон ба узвияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, ба шумо дар амалӣ намудани салоҳиятҳои пурмасъулиятатон барору комёбӣ орзу менамоям.

Ҳамчунин, Рустами Эмомалиро ба муносибати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҷаббой Аҳмадзода ва Алишер Мирзонаботро ба ҳайси муовини аввал ва муовини Раиси Маҷлиси миллӣ интихоб шуданашон табрик мегӯям ва ба онҳо низ барори кор мехоҳам.

Маҷлиси миллӣ ба сифати мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори кишвар бо истифода аз салоҳияти конститутсионии худ қонунҳои қабулкардаи Маҷлиси намояндагонро баррасӣ менамояд, дар раванди ташкили мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ ва воҳидҳои маъмурию ҳудудии давлат иштирок мекунад ва дар рушди низоми ҳуқуқии мамлакат, таҳкими давлат ва қонуният саҳми назаррас мегузорад.

Аъзои Маҷлиси миллии даъвати нав шахсиятҳои шинохташуда, бонуфуз, соҳиби донишу таҷрибаи кофӣ ва фарҳанги баланди сиёсӣ мебошанд.

Бо итминон метавон гуфт, ки онҳо неруи зеҳнӣ, таҷрибаву малакаи худро дар ҷараёни қабули қонунҳои мукаммалу босифат, таҳкими низоми давлатдорӣ ва рушди ҷомеа мавриди истифода қарор медиҳанд.

Бахусус, мехоҳам таъкид созам, ки аъзои Маҷлиси миллӣ бо истифода аз ваколати конститутсионии худ ҳамчун субъектҳои ташаббуси қонунгузорӣ бояд ба таҳияи қонунҳо диққати махсус зоҳир намоянд, чунки аксарияти шумо дар минтақаҳо кору фаъолият доред ва ин таҷрибаро барои такмили қонунҳо бояд истифода баред.

Бинобар ин, бо дарназардошти таъмини ҳадафҳои рушди дарозмуддат ва баланд бардоштани некуаҳволии халқ бояд қонунҳое таҳия карда шаванд, ки барои таҳкими истиқлоли давлатӣ, амният ва суботи сиёсӣ, рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, боз ҳам беҳтар гардонидани вазъи соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ободонии деҳот, истифодаи самараноку сарфакоронаи замин ва дигар боигариҳои табиӣ равона шуда бошанд.

Бо ин мақсад, аъзои Маҷлиси миллӣ бо дигар субъектҳои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ, аз ҷумла вакилони Маҷлиси намояндагон ва мақомоти татбиқкунандаи ҳуқуқ, муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ ва мутахассисону коршиносон бояд ҳамкории наздик ва доимӣ дошта бошанд, зеро қонунҳои мукаммал ва ҷавобгӯй ба манфиатҳои ҷомеа ва давлат танҳо дар натиҷаи ҳамкорӣ таҳия карда мешаванд.

Қонунҳо, ҳамчунин, бояд бо дарназардошти стратегияву барномаҳо ва ҳадафҳои стратегии кишвар, ҳамкориҳо бо дигар давлатҳо, ҷомеаи ҷаҳонӣ ва таҳкими заминаҳои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ таҳия карда шаванд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳо, ҳифзи асосҳои конститутсионӣ, таҳкими пояҳои истиқлоли давлатӣ, амнияту суботи сиёсӣ, таъмин намудани рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум масъалаҳои меҳварии сиёсати давлати Тоҷикистон мебошанд.

Бо татбиқи ин сиёсат мо давлат ва ҷомеаро ба самти рушди устувору бонизом равона карда, ба дастовардҳои назарраси сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ноил гардидем.

Ман андешаҳои худро доир ба дастовардҳои солҳои охир ва роҳҳои пешрафти ояндаи кишвар дар Паёми соли гузашта изҳор намуда, барои расидан ба ҳадафҳои навбатӣ дар назди ҳамаи шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо вазифаҳои мушаххас гузоштам.

Бояд зикр намуд, ки дар натиҷаи амалигардонии сиёсати созанда мо тавонистем, ки то имрӯз даҳҳо консепсия ва стратегияву барномаҳои давлатиро қабул ва роҳандозӣ карда, рушди устувори иқтисодиро таъмин намоем ва кишварро аз таъсири манфии буҳронҳои молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ ва дигар зуҳуроти номатлуби дохиливу берунӣ эмин нигоҳ дорем.

Аз ҷумла, дар доираи амалисозии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барномаю нақшаҳои мушаххаси рушди соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ, инчунин, барномаҳои рушди вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат татбиқ шуда истодаанд.

Дар ин ҷода ба аъзои Маҷлиси миллӣ, хусусан раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат зарур аст, ки ҷиҳати татбиқи саривақтии дурнамо ва барномаҳои миёнамуҳлати рушд, саноатикунонии босуръати мамлакат, «иқтисоди сабз», рақамикунонии иқтисоди миллӣ ва соҳаҳои мухталифи он, гузариши пурра ба «ҳукумати электронӣ» ва пардохтҳои ғайринақдӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ тадбирҳои судмандро роҳандозӣ намоянд.

Раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат вазифадоранд, ки масъалаҳои боз ҳам баланд бардоштани сифат ва шароити зиндагии аҳолии кишвар, ноилшавӣ ба рушди бемайлони иқтисоди миллӣ, гузариш ба модели иқтисодии ба саноат асосёфта, тақвияти ҳамкориҳои давлат ва бахши хусусӣ, таъмини шаффофият ва пешгирии омилҳои номатлуб дар ҷомеаро дар маркази фаъолияти худ қарор диҳанд.

Ҳамчунин, ҷиҳати амалисозии ҳамаҷонибаи сиёсати иқтисодиву иҷтимоии давлат ва Ҳукумати кишвар мунтазам чораҷӯйӣ намоянд.

Дар робита ба ин, хотирнишон менамоям, ки барои ноил шудан ба дастовардҳои бештар ва расидан ба ҳадафҳои гузошташуда илова ба тадбирҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ҳарчи бештар таҳкиму тақвият додани заминаҳои ҳуқуқӣ зарур мебошад.

Зеро муносибатҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла муносибатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангӣ бо меъёри қонунҳо танзим карда мешаванд.

Аз ин рӯ, аъзои Маҷлиси миллиро зарур аст, ки ҳангоми таҳия ва ҷонибдории қонунҳо заминаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва самаранокии онҳоро дар рушди минтақаҳо, шаҳру ноҳияҳо, шаҳраку деҳот ва беҳдошти зиндагии мардум ҳаматарафа омӯзанд ва дар ин раванд, зарурат, аҳаммият ва амалишаванда будани онҳоро низ аз мадди назар дур насозанд.

Нақши аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳамчунин, дар иҷрои қонунҳо низ бояд муассир бошад, зеро аксари шумо дар мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ кор мекунед ва тибқи Конститутсия вазифадор ҳастед, ки иҷрои меъёрҳои Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар маҳал таъмин намоед.

Ҳар яки шумо роҳбари ин ё он сохтору мақомоти давлатӣ мебошед.

Аз ин лиҳоз, шумо ба масъалаҳои зикргардида бояд аҳаммияти аввалиндараҷа дода, ба вазифаҳои хизматии худ бо масъулияти баланд муносибат намоед.

Узви Маҷлиси миллӣ будани шумо, чи аз ҷониби вакилони халқ интихоб шуда бошед ва чи аз тарафи Роҳбари давлат таъин гардида бошед, боиси ифтихор аст ва ҳар яки шуморо вазифадор месозад, ки ба халқ ва давлати Тоҷикистон содиқона ва софдилона хизмат кунед.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Имрӯз вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ бисёр мураккабу печида ва душвору хатарзо гардидааст.

Мушкилоти глобалӣ ва мухолифатҳои геосиёсӣ аз ҷумла муборизаи давлатҳои абарқудрат барои аз нав тақсим кардани дунё, сарватҳои табиӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, «ҷанги сард» ва дар натиҷа халалдор гардидани тартиботи ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ метавонад ба аҳли башар ва хусусан, барои давлатҳои хурд ва рӯ ба инкишоф пайомадҳои нохуш ва хатарнок ба бор оварад.

Илова бар ин, амалҳои террористиву экстремистӣ дар минтақаҳои мухталифи сайёра торафт бештар доман густурда, амнияту оромӣ ва суботи сиёсиву иқтисодии кишварҳоро халалдор карда истодаанд.

Ман андешаҳои худро доир ба ин мушкилот аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ ва чорабиниҳои сатҳи гуногун борҳо баён кардам ва ҷомеаи ҷаҳониро ба кӯшишҳои муштарак барои муқовимат ба ин хатарҳо даъват намудам.

Таҳлили равандҳои муосири ҷаҳон нишон медиҳад, ки чунин вазъият минбаъд низ идома пайдо мекунад ва ҳатто шадидтар мегардад.

Вазъи баамаломада моро вазифадор месозад, ки боз ҳам сарҷамъу муттаҳид бошем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, содиқонаву софдилона ва поквиҷдонона заҳмат кашем, давлат, миллат ва Ватани азизи худро сидқан дӯст дорем, барои пойдории давлатдории миллӣ, ҳифзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ тамоми чораҳоро амалӣ намоем.

Бо дарназардошти хатарҳои глобалии зикршуда ва ҷиҳати пешгирӣ кардани таъсири манфии онҳо мо бояд фаъолияти худро беш аз пеш густариш диҳем, ҳамеша бо мардум бошем, тамоми сохтору мақомот, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аҳли ҷомеаро ба ин самт сафарбар созем.

Ҳар яки мо дар кадом вазифае, ки хизмат накунем, дар навбати аввал, бояд иродаи мустаҳкам дошта бошем ва ҳамчун шаҳрванди Тоҷикистони соҳибихтиёр ба Ватан, миллат ва давлати худ содиқ бошем.

Таъкид менамоям, ки дар ин ҷода вакилони парламент, аз ҷумла аъзои Маҷиси миллӣ бояд пешсафу намуна бошанд.

Шумо бояд дар хотир дошта бошед, ки иҷрои вазифаҳои гузошташуда, пеш аз ҳама, аз шумо вобаста аст.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Хотирнишон менамоям, ки барои ноил шудан ба мақсадҳои гузошташуда моро зарур аст, ки ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла ноилшавии пурра ба истиқлоли энергетикӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии босуръати кишвар ва таъмини шуғли пурмаҳсулро амалӣ намоем.

Дар ин масъалаҳо нақши шумо – аъзои Маҷлиси миллӣ, ки вазифаҳои масъулро дар маҳалҳо ба дӯш доред, бояд назаррас бошад.

Дар ин ҷода, хусусан, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд фаъолияти самаранокро роҳандозӣ намуда, бо мардум, алалхусус, бо соҳибкорон ва шахсони саховатпеша ҳамкориҳои судманд дошта бошанд, ташаббусҳои созандаи соҳибкорону сармоягузоронро ҳамаҷониба дастгирӣ ва сафи соҳибкоронро дар маҳалҳо ҳарчи бештар гардонанд.

Бояд таъкид кард, ки саноатикунонии босуръати кишвар омили муҳимми таъминкунандаи рушди устувори иқтисодиёт ба ҳисоб меравад.

Танҳо дар соли 2024 дар кишвар 740 коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ бо 20 ҳазор ҷойи нави корӣ ташкил карда шуданд.

Вале суръати рушди миёнасолонаи соҳа дар 5 соли охир 15 фоиз таъмин карда шуд, ки барои ноил шудан ба ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар нокифоя мебошад.

Аз ин лиҳоз, бо истифода аз ҳамаи имкониятҳо рушди соҳаҳои мухталифи саноат, аз ҷумла саноати маъдан, сабук ва хӯроквориро таъмин намуда, ба ин васила ташкили корхонаҳои нави истеҳсолӣ, ҳалли масъалаҳои таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва афзоиш додани содироти молу маҳсулоти тайёри ватанӣ бо арзиши баланди иловашуда роҳандозӣ карда шавад.

Ҳамзамон бо ин, дар шароити бисёр мураккаби ҷаҳони имрӯза ва мушкилоти глобалӣ, аз ҷумла тағйирёбии иқлим, хусусан камобӣ ва хушксолиҳои пайиҳам, болоравии нархи маводи ғизоӣ дар ҷаҳон ва таъсири манфии омилҳои зикргардида ба бозори истеъмолӣ зарур аст, ки тамоми имкониятҳои мавҷуда барои рушди соҳаи кишоварзӣ сафарбар карда шаванд.

Бо дарназардошти афзоиши аҳолии мамлакат, барномаҳои рушди бахшҳои гуногуни соҳаи кишоварзӣ, хусусан азхудкунии заминҳои нави кишоварзӣ бояд таҳия ва татбиқ карда шавад.

Барои самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин, беҳтар гардонидани соҳаҳои тухмипарварӣ, ниҳолпарварӣ, зотпарварӣ ва таъмин намудани рушди инноватсионии соҳа бояд чораҳои саривақтӣ амалӣ карда шаванд.

Мо бояд маданияти заминдориро ба таври қатъӣ баланд бардорем, аз захираҳои фаровони табиии кишвар, махсусан, обу замин, аз ҷумла заминҳои президентӣ ва наздиҳавлигӣ самаранок истифода бурда, аз заминҳои обӣ гирифтани се – чор ҳосилро васеъ ҷорӣ кунем ва дар ҳар як оила ташкил кардани захираи дусолаи маводи ғизоиро назорат намоем.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ҳоло Тоҷикистон дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии истиқлоли давлатӣ қарор дорад.

Мо бояд ин ҷашни таърихиро дар сатҳи баланд ва бо иҷрои нақшаҳои пешбинигардида таҷлил намоем.

Бо иҷрои ин нақшаҳо мо ба дастовардҳои бузург ноил мегардем, ки барои ояндаи кишварамон, беҳбудии зиндагии халқамон ва ҳалли бисёр масъалаву мушкилоти аҳолии кишварамон муҳим ва зарур мебошад.

Зарур аст, ки корҳои ободонӣ аз ҳар як оила сар карда, то деҳоти дурдасттарин вусъат дода, иҷрои супоришҳои додашуда, аз ҷумла доир ба бунёди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ дар муҳлати муқарраргардида таъмин карда шавад.

Инчунин, ба истифодаи сарфакоронаи барқ, кам кардани талафоти он, ҷамъоварии маблағи барқи истифодашуда ва пешгирии ҳама гуна зуҳуроти номатлуб дар ин ҷода, аз ҷумла тавассути қабули қонуни нав дар бораи энергетика диққати аввалиндараҷа дода шавад.

Дар ин самт аъзои Маҷлиси миллӣ, ки роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дигар сохтору мақомоти давлатӣ мебошанд, ҷиҳати амалисозии сиёсати давлат ва Ҳукумат бояд содиқона хизмат намоянд.

Инчунин, бо мақсади вусъати бештари корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва ҳалли мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ, ҳамкории Маҷлиси миллӣ бо табақаҳои мухталифи ҷомеа, ҳизбҳои сиёсиву ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд боз ҳам тавсеа бахшида шавад.

Нақши Маҷлиси миллӣ дар таҳкими истиқлоли давлатӣ, сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ, қонунияту тартибот, яъне волоияти қонун, пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва рушди низоми ҳуқуқии кишвар назаррас мебошад.

Бовар дорам, ки ҳайати нави Маҷлиси миллӣ бо истифода аз донишу таҷрибаи худ дар ин самт кӯшиши бештар анҷом медиҳад.

Дар ин ҷода, аъзои Маҷлиси миллӣ, хусусан, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони дигар сохтору муассисаҳо, бо дарназардошти масъалаҳои мавҷуда, ҷиҳати ҳалли онҳо ва дигар мушкилоти зиндагии мардум бояд фаъолона талош намоянд.

Аъзои Маҷлиси миллӣ – онҳое, ки роҳбарии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро ба зимма доранд, барои боз ҳам ободу зебо гардонидани Тоҷикистони азизамон бояд саҳмгузор ва ташаббускор бошанд.

Бовар дорам, ки шумо – аъзои Маҷлиси миллӣ салоҳияту ваколат, донишу маҳорат ва саъю талоши худро дар роҳи амалӣ намудани ҳадафҳои олии давлатамон равона месозед, дар таҳкими пояҳои давлати соҳибистиқлоламон, пешрафту ободии Ватани азизамон ва ба сатҳи шоиста расонидани зиндагии мардуми шарифи Тоҷикистон ҳиссаи арзанда мегузоред.

Роҳбарияти нави Маҷлиси миллӣ – Раис ва муовинони ӯ, ки аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ интихоб гардиданд, дар ин ҷода масъулияти ниҳоят муҳим доранд ва вазифадоранд, ки дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ, махсусан, дар ободу зебо гардонидани пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе пешсафу ташаббускор бошанд.

Бори дигар хотиррасон месозам, ки шумо бояд, пеш аз ҳама, дар иҷрои вазифаҳои хизматии худ намунаи ибрат бошед.

Дар ин роҳи пуршараф ба ҳар яки шумо барору комёбӣ орзу менамоям.

Сиҳатманду сарбаланд бошед!

Суханронӣ дар ифтитоҳи Ҳамоиши сатҳи баланд «Осиёи Марказӣ дар баробари мушкилоти глобалии иқлим: муттаҳидшавӣ барои шукуфоии умумӣ»
Муҳтарам  Шавкат Миромонович,

Ҳамкасбони азиз,

Ҳозирини гиромӣ.

Пеш аз ҳама, мехоҳам ба Президенти Ҷумҳурии Узбекистон, муҳтарам Шавкат Миромонович Мирзиёев барои даъват ҷиҳати иштирок дар кори ҳамоиши имрӯза изҳори сипос намоям.

Тамоми ҷаҳон  имрӯз  рӯбарӯйи  мушкилоти тағйирёбии иқлим қарор дорад ва минтақаи мо низ аз ин истисно нест.

Оқибатҳои онҳо ба иқтисодиёт ва экосистемаҳои кишварҳои мо зарари калон расонида, ба ҳаёти одамон таҳдид менамоянд.

Дар Тоҷикистон ҳаҷми  солонаи маблағгузории барномаҳои иқлимӣ беш аз 400 миллион долларро ташкил медиҳад ва дар сурати пайомадҳои бузург ин рақам ба 1,5 миллиард доллар мерасад.

Дар чунин шароит танҳо   саъю кӯшиши якҷояи кишварҳои минтақа ва дастгирии ҷомеаи чаҳонӣ дар  бартарафсозии ин мушкилот  ба мо кумак мерасонад.

Хонумҳо ва ҷанобон,

Давоми  бист  соли охир ҷониби Тоҷикистон рӯзномаи  марбут ба обу иқлимро дар арсаи ҷаҳонӣ фаъолона пешбарӣ карда,  ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва устувории экологӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.

Қабули 14 қатъномаи дахлдори Маҷмаи Умумии СММ бо ташаббуси Тоҷикистон барои ноил шудан ба ҳадафҳои ҳамоҳангшудаи глобалӣ дар соҳаи захираҳои об заминаи мустаҳкам гузошт.

Ташаббусҳои ҷаҳонии мо инчунин барои татбиқи ҳадафҳо, аз ҷумла ҳадафҳои  «Рӯзномаи рушди устувор барои то соли 2030» асос гузоштанд. Шубҳае нест, ки байни энергетика ва тағйирёбии иқлим робитаи зич вуҷуд дорад. Ба андешаи мо, рушди энергетикаи “сабз” метавонад қадами мусбат дар роҳи ҳифзи иқлим бошад.

Қобили таъкид аст, ки ҳоло дар Тоҷикистон 98 дарсади неруи  барқ  аз манбаъҳои  обии кишвар истеҳсол карда мешавад  ва он дар ҷаҳон  аз ҷиҳати истеҳсоли энергияи  “сабз” аз манбаъҳои таҷдидшаванда дар ҷойи шашум қарор дорад.

Гузашта аз ин, Тоҷикистон аз рӯйи ҳиссаи партовҳои газҳои гулхонаӣ бо нишондиҳандаҳои пасттарин ҳаҷми онҳо дар ҷаҳон дар ҷойи 130-ум қарор дорад.

Кишвари мо ба нақша гирифтааст, ки  то соли 2032  пурра ба истеҳсоли неруи барқ аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия гузарад.

Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи захираҳои обии минтақа мебошанд ва 60 дарсади онҳо  дар ҳудуди кишвари мо ташаккул меёбад.

Мутаассифона, таъсири тағйирёбии иқлими ҷаҳонӣ боиси обшавии босуръати пиряхҳо мегардад.

Аз 14  ҳазор пирях дар Тоҷикистон ҳудуди 1300  пирях дар панҷоҳ соли  охир  комилан об шудааст.

Ин як тамоюли хеле ташвишовар аст, зеро пиряхҳои мо  танҳо манбаи об барои минтақа набуда,  дар ҳифзи   иқлими минтақа  низ нақши муҳим мебозанд.

Дар баробари ин, Маҷмаи Умумии СММ бо ибтикори Тоҷикистон соли 2025-ро Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 мартро  Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо эълон намуд.

Дар  асоси  ин қарор,  моҳи майи соли равон  дар шаҳри Душанбе нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо доир мешавад, ки ин боз як нақши  назарраси Тоҷикистон дар  рӯзномаи ҷаҳонии иқлим хоҳад буд.

Бо истифода аз фурсат ҳамаи шуморо даъват менамоям, ки дар кори Конфронси Душанбе  фаъолона иштирок намоед  ва дар  дастгирии ҳифзи пиряхҳо саҳм гузоред.

Муҳтарам  иштирокчиёни ҳамоиш,

Мо барои равонасозии саъю кӯшишҳои худ  ба таъмини суботи иқлим ва таҳкими ҳамкорӣ ҷиҳати ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои об  минбаъд низ изҳори омодагӣ менамоем.

Масъалаи нигоҳдории захираҳои  об на танҳо дар Осиёи Марказӣ, балки дар тамоми ҷаҳон муҳим буда, амалҳои мушаххаси устуворро тақозо менамоянд. Аз ин хотир, мо  истифодаи технологияҳои муосири каммасраф  ва муносибати эҳтиёткоронаро  ба ин манбаи муҳими ҳаёт шарти   асосии кам кардани талафоти об  мешуморем.

Ҳамзамон мо даъвати ҷомеаи байналмилалиро барои афзун намудани  маблағгузорӣ барои тадбирҳои марбут ба ҳифзи иқлим ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ дастгирӣ менамоем.

Ин ба кишварҳои осебпазир, бахусус кишварҳои рӯ ба тараққӣ имкон медиҳад, ки ба таъсири тағйирёбии иқлим мутобиқ шаванд.

Ташаккур барои таваҷҷуҳатон!

Суханронӣ дар Барномаи фарҳангӣ ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз
Олиҷанобон,

Муҳтарам Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Жапаров Садир Нургожоевич,

Муҳтарам Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Мирзиёев Шавкат Миромонович!

Меҳмонони олиқадр, ҳозирини гиромӣ!

Бо камоли хушҳолӣ шуморо дар сарзамини Тоҷикистон дар ин рӯзҳои ҷашнӣ хайрамақдам мегӯям.

Ҳамчунин, Шумо ва мардумони ба мо бародару ҳамҷавори Қирғизистону Ӯзбекистон, намояндагони дигар кишварҳои ба мо дӯсту шарикони байналмилалиро, ки имрӯз ба шаҳри бостонии Хуҷанд ташриф овардаанд, ба ифтихори Рӯзи байналмилалии Наврӯз самимона табрик мегӯям.

Бо истифода аз ин фурсат, ба тамоми сокинони кишвари азизам беҳтарин орзуҳои худро ба муносибати ин ҷашни хуҷастапай бори дигар иброз менамоям.

Наврӯз ба якояки Шумо муборак бод!

Басо рамзист, ки вохӯрии мо дар айёми ҷашни Наврӯзи пуршукӯҳ -  намоди бедоршавии табиат, марҳилаи нави гардиши зиндагӣ ва боварӣ ба ояндаи беҳтар сурат мегирад.

Ғояву анъанаҳои тағйирнопазири Наврӯз ҳамчун ҷузъи таркибии таъриху фарҳанги мо аз қаъри қарнҳо моро ба таҳкими сулҳу субот, муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ водор месозанд.

Боиси фарҳамандист, ки мардумони мо ҳамеша барои ҳифзу ғанӣ гардонидани анъанаҳои неки он — бародарӣ, ризоият, ҳамдилӣ саъю талош карда, онҳоро то ба рӯзҳои мо расонидаанд.

Ин ҷашн дар тӯли асрҳои зиёд барои таҳкими ғояҳои олии башардӯстӣ, фазои эҳтироми муштарак ва созгорӣ хизмат менамояд.

Кишварҳо ва мардумони моро риштаҳои мустаҳками дӯстии танготанг, накӯҳамсоягӣ ва рушди муштарак ба ҳам мепайванданд.

Комилан возеҳ аст, ки имрӯз ҳам талошҳои муштараки мо ба он равона шудаанд, ки ин таҷрибаи созандаи таърихиро пурра ба нафъи наслҳои имрӯзаву оянда истифода барем.

Рушди ҳамаҷонибаи ҳамкории зичи мурдумону давлатҳои мо дар ҳамаи соҳаҳои манфиатҳои муштарак яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон мебошад.

Маҳз барои ҳамин ҳам натиҷаҳои вохӯриҳои имрӯзаро мо ҳамчун пайки таҷдид ва оғози марҳилаи сифатан нав дар муносибатҳои се кишвар медонем.

Имрӯз мо санади таърихӣ — Аҳднома оид ба нуқтаи пайвастшавии марзҳои давлатии се кишварро ба имзо расонидем.

Ҳамин тавр, мо бори дигар қатъиян эълон намудем, ки аз арзишҳои сулҳ ва усулҳои ҳалли ҳамаи масъалаҳои мавҷуда аз роҳи муколама, дар рӯҳияи ҳусни ҳамҷаворӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, самимият, эҳтиром ва эътимоди ҳамдигар  пуштибонӣ мекунем.

Бовар дорам, ки  аз имрӯз эътиборан марзҳои се кишвар ба марзҳои дӯстии абадӣ,  ҳамсоягии воқеан нек ва шарикии созанда табдил хоҳанд ёфт.

Он ҳам боиси итминон аст, ки мувофиқаҳои имрӯз ҳосилшуда, бешубҳа, омили муҳимми рушду таъмиқи  минбаъдаи муносиботи байнидавлатӣ ва ҳамкории мо дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангиву башарӣ ва дигар арсаҳои манфиатҳои муштарак хоҳанд шуд.

Ин ниёзмандиҳои табиии мардумони се кишвар аст ва мо вазифадорем, ки минбаъд низ дар ин самт саъю талоши муштарак ба харҷ диҳем.

Рушди пайвастаи муносибатҳои кишварҳоямон ба манфиатҳои аслии мардумони мо ҷавобгӯ буда, ба таҳкими сулҳу субот ва шукуфоии тамоми минтақа мусоидат хоҳад кард.

Бовар дорам, ки мо дар якҷоягӣ, бо дастгирии доимии мардумонамон, дар ин ҷода ба дастовардҳои бузург ноил хоҳем гашт.

Бори дигар Шуморо, мӯҳтарам Содир Нургожоевич ва Шавкат Миромонович, инчунин, ҳамаи меҳмонони азизамонро дар Тоҷикистон самимона хайрамақдам мегӯям.

Ба ҳамаи шумо саломатии бардавом, хушбахтиву беҳрӯзӣ ва ба кишварҳоямон сулҳу амонӣ, рушд ва пешрафт минбаъда орзу менамоям.

Дӯстӣ ва бародарии мардумонамон ҷовидону бегазанд бод!

Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам!

Изҳороти муштарак оид ба таҳкими минбаъдаи риштаҳои дӯстӣ ва некуҳамсоягӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров,

бар пояи анъанаҳои деринаи дӯстӣ ва эҳтироми мутақобили Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон,

бо истинод ба принсипҳо ва уҳдадориҳое, ки дар Аҳднома оид ба муносибатҳои асосии байнидавлатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон аз 12 июли соли 1996 ва Аҳднома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба муносибатҳои некӯҳамсоягӣ ва ҳамшарикӣ аз 26 майи соли 2004 муқаррар шудаанд,

бо тасдиқи пойбандии худ ба принсипҳо ва меъёрҳои маъруфи ҳуқуқи байналмилалӣ, ки дар Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид, инчунин дар шартномаҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон иштирок менамоянд,

бо дарназардошти аҳамияти таърихии 30-солагии имзои Аҳднома оид ба муносибатҳои асосии байнидавлатӣ, ки дар соли 2026 таҷлил мешавад,

бо итминон ба он, ки рушди минбаъдаи ҳамкории ҳамаҷонибаи мутақобилан судманд ҷавобгӯи манфиатҳои асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон мебошад,

изҳор менамоянд:

1. Сарони давлатҳо азми худро барои андешидани тадбирҳои зарурӣ барои таҳкими беш аз пеши робитаҳои дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон тасдиқ мекунанд.

2. Сарони давлатҳо аҳамияти таърихии Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатиро, ки зимни сафари давлатӣ ба имзо расидааст, таъкид менамоянд.

Онҳо изҳор менамоянд, ки сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон минбаъд сарҳади дӯстии абадии ду кишвар ва ду халқи бародар боқӣ мемонад.

3. Сарони давлатҳо тасдиқ мекунанд, ки барои рушди тадриҷии ҳамкорӣ дар заминаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, илмию техникӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва дигар соҳаҳо тадбирҳои маҷмӯӣ андешида мешаванд.

Ба ин мақсад зарфиятҳои Шӯрои ҳамоҳангсозии байнидавлатӣ, Ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон ва Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ мавриди истифодаи пурра қарор хоҳанд гирифт.

4. Сарони давлатҳо қарор қабул карданд, ки Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба баррасии маҷмуи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ба Шӯрои байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон табдил дода мешавад ва онро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Девони Вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон роҳбарӣ хоҳанд кард.

5. Сарони давлатҳо мавҷудияти имкониятҳои зиёдро барои тавсеаи заминаи шарномавию ҳуқуқии ҳамкории дуҷониба эътироф мекунанд.

6. Сарони давлатҳо аз рушди минбаъдаи робитаҳои байнипарлумонӣ аз тариқи тавсеаи ҳамкории гурӯҳҳои дӯстии парлумонҳои ду кишвар ҷонибдорӣ мекунанд.

Онҳо итминон доранд, ки мақомоти олии қонунгузории ҳарду кишвар минбаъд низ дар рушди ҳамкории гуногунҷанба ва мутақобилан судманд саҳми арзанда мегузоранд.

7. Сарони давлатҳо таъкид менамоянд, ки дар давраи оянда барои рушди босифати ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ тавассути истифодаи самараноки иқтидори иқтисодии ду кишвар ба мақсади таъмини пешрафт дар ин самт тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Кӯшишҳо барои фароҳам сохтани шароити мусоиди ҳуқуқӣ ҷиҳати амалӣ намудани фаъолияти соҳибкории ширкатҳои ду кишвар, роҳандозии истеҳсолоти муштарак, рушди барномаҳои муштараки иқтисодӣ, баргузор намудани форумҳои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, инчунин дарёфти иқтидори назарраси ҳамкории байниминтақавии ду кишвар равона карда мешаванд.

8. Сарони давлатҳо аҳаммияти рушди ҳамлу нақли транзитии мултимодалӣ ва байнимодалиро байни ду кишар ва ба кишварҳои сеюм, таъмини амният ва фаъолияти мунтазами долонҳои нақлиётии байналмилалие, ки аз қаламрави онҳо мегузаранд, таъкид менамоянд.

Аз имзои Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сохтмон ва истифодаи роҳҳои мошингард, ободонӣ ва истифодаи чорроҳаи мошингард дар доираи сафари давлатӣ истиқбол мекунанд.

9. Сарони давлатҳо мавқеи ошкоро ва созандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистонро оид ба масъалаҳои обу энергетика тасдиқ намуда, аҳамияти рушди минбаъдаи соҳаи гидроэнергетикаро дар кишварҳои худ ҳамчун манбаи энергияи аз ҷиҳати экологӣ тоза ва барқароршаванда таъкид менамоянд.

Омодагии худро барои идомаи талошҳои зарурӣ ҷиҳати ҳарчи зудтар ва пурра ба кор андохтани лоиҳаи интиқол ва савдои неруи барқи Осиёи Марказӣ – Осиёи Ҷанубӣ – 1000 (CASA-1000) изҳор медоранд.

Сарони давлатҳо тасмим гирифтанд, ки Комиссияи муштараки Тоҷикистону Қирғизистон оид ба идораи об таъсис дода шавад.

Аз Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девони Вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи таъмини дастрасӣ ба объектҳои хоҷагии об ва энергетикӣ, ки дар доираи сафари давлатӣ ба имзо расид, истиқбол мекунанд.

10. Сарони давлатҳо ба ҳифзи асолати этникӣ ва забонии халқҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои тоҷикони этникии дар ҳудуди Ҷумҳурии Қирғизистон истиқоматкунанда ва қирғизҳои этникии дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқоматкунанда, фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва марказҳои фарҳангии миллӣ дар заминаи ҳифз ва рушди забони модарӣ, фарҳанги миллӣ, анъана ва расму оинҳои онҳо мусоидат мекунанд.

11. Сарони давлатҳо зарурати тавсеаи мунтазами ҳамкориро дар соҳаи гуманитарӣ таъкид мекунанд. Дар ин самт робитаҳо дар соҳаҳои фарҳангу маориф, илм, варзиш, сайёҳӣ ва тандурустӣ таҳким ёфта, табодули ҳайатҳо тавассути воситаҳои ахбори омма, ташкилотҳои илмию таҳлилӣ, ҷамъиятҳои дӯстӣ, дастаҳои ҳунарӣ ва театрӣ таҳким хоҳанд ёфт.

12. Сарони давлатҳо омодагии худро барои ҳамкории минбаъда дар мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, хариду фурӯши одамон, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла дар фазои киберӣ ҳам дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар доираи сохторҳои байналмилалӣ тасдиқ мекунанд.

13. Сарони давлатҳо омодагии худро барои ҳамкории зичи ду кишвар дар соҳаи сиёсати хориҷӣ, пешбурди манфиатҳо ва ташаббусҳои мутақобил барои муттаҳидии минтақавӣ ва иртиботи мутақобили байниминтақавӣ ба мақсади таъмини сулҳ, субот ва рушди устувор дар Осиёи Марказӣ изҳор медоранд.

Мулоқоти машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказиро абзори афзалиятнок дар ҷиҳати баррасии ҳамаҷониба ва ҳалли созандаи масъалаҳои дорои хусусияти минтақавӣ арзёбӣ мекунанд.

14. Сарони давлатҳо аҳамияти идомаи ҳамкориро дар доираи Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони ҳамкории Шанхай, Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони ҳамкории исломӣ ва дигар сохтору форумҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ таъкид мекунанд.

Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон изҳор дошт, ки аз ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои обу иқлим ҷонибдорӣ мекунад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ҷиҳати пешбурди масъалаҳои рӯзномаи кӯҳӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ ҷонибдорӣ намуд.

15. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз афзалиятҳои раёсати Ҷумҳурии Қирғизистонро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар соли 2025 пуштибонӣ кард.

Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ҷонибдории худро аз афзалиятҳои раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2025 изҳор намуд.

16. Сарони давлатҳо ҷашни 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1941-1945)-ро ҳамчун рӯйдоди муҳими таърихӣ барои таҳкими фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкорӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ арзёбӣ мекунанд.

17. Сарони давлатҳо ба мувофиқа расиданд, ки ба таври мунтазам муколамаи фаъоли сиёсиро дар робита ба маҷмӯи масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн идома медиҳанд.

18. Сарони давлатҳо изҳори боварӣ намуданд, ки татбиқи созишномаҳои дар ин изҳорот дарҷшуда ба таҳкими беш аз пеши ҳамкории дуҷониба ва таҳкими робитаҳои дӯстӣ ба манфиати баланд бардоштани некӯаҳволии халқҳои тоҷику қирғиз, инчунин ба таъмини сулҳу субот дар минтақа мусоидат мекунад.

19. Сарони давлатҳо натиҷаҳои таърихии сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Ҷумҳурии Қирғизистон бо қаноатмандӣ таъкид намуда, изҳори боварӣ мекунанд, ки музокироти муфассал дар рушди минбаъдаи ҳамкории дуҷониба саҳм мегузоранд.

20. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо изҳори сипос аз ҳусни меҳмоннавозии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ва тамоми мардуми Қирғизистон, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистонро даъват намуд, ки бо сафари ҷавобии давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварад. Даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд. Муҳлати сафар тавассути роҳҳои дипломатӣ мувофиқа карда мешавад.

21. Сарони давлатҳо азми қатъии худро барои ба сатҳи сифатан нав баровардани муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон ба манфиати халқҳои бародари Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон изҳор медоранд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эмомалӣ РАҲМОН

Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон

Садир ЖАПАРОВ

ш. Бишкек, 13 марти соли 2025

Изҳороти матбуотӣ аз рӯйи натиҷаҳои музокироти Тоҷикистону Қирғизистон
Пас аз анҷоми музокирот муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров дар назди намояндагони васоити ахбори омма бо изҳорот суханронӣ карданд.

Сарони ду давлат ба натиҷаҳои музокироти расмӣ баҳои баланд дода, аз ҷумла изҳор доштанд, ки аз пагоҳ, 14 марти соли 2025 хатсайрҳои ҳавоӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон бозкушоӣ мешавад. Фардо ширкати Сомонэйри Тоҷикистон нахустин парвози худро дар масири Душанбе-Бишкек-Душанбе анҷом медиҳад.

Матни изҳороти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

Ташаккур, муҳтарам Садир Нургожаевич.

Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма,

Хонумон ва ҷанобон!

Қабл аз ҳама, мехоҳам бори дигар ба Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Нургожаевич барои даъват, меҳмоннавозии анъанавӣ ва истиқболи самимӣ изҳори сипос намоям.

Мулоқоту музокироти имрӯза дар фазои созанда ва дар рӯҳияи ҳамдигарфаҳмию ҳамсоягии нек баргузор гардиданд.

Мо ба таври муфассал маҷмуи масъалаҳои марбут ба муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистон ва Қирғизистонро баррасӣ намудем.

Мо, тавре Садир Нургожаевич таъкид намуданд, ба аҳду созишҳои муҳим даст ёфтем.

Ин, пеш аз ҳама, имзои санади таърихӣ – Шартнома оид ба сарҳади давлатӣ мебошад.

Ҳамчунин дигар санадҳои дуҷониба қабул шуданд, ки заминаи ҳуқуқии ҳамкории ҷонибҳоро комилтар мекунанд.

Дар гуфтушунидҳо мо афзалиятҳои ҳамкории муштаракро дар ояндаи наздик муайян карда, бар аҳамияти идомаи муколамаҳои мунтазами сиёсӣ дар сатҳҳои олӣ ва баланд таъкид намудем.

Таваҷҷуҳи асосӣ ба татбиқи амалии тадбирҳо доир ба таҳкими бахши тиҷоратию иқтисодии шарикии мо нигаронида шуд. Тоҷикистон ва Қирғизистон дар ин самт имконоти бузург доранд.

Бо дарназардошти ин, мо аҳамияти фаъолтар намудани кори Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба баррасии маҷмӯии масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаро таъкид намудем ва ба мувофиқа расидем, ки онро ба Шӯрои байниҳукуматӣ табдил дода, ҳамраисони Шӯроро дар сатҳи сарвазирон таъин менамоем.

Мо бар он таъкид намудем, ки нахустин ҷаласаи он дар наздиктарин фурсат баргузор хоҳад шуд.

Мо ба вазорату идораҳои дахлдор супориш додем, ки барои афзоиши ҳаҷми гардиши молу маҳсулот ва дарёфти шеваҳои нави зиёд намудани номгӯйи маҳсулоти мубодилашаванда тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Барои то ба 500 миллион доллари ИМА расонидани ҳаҷми гардиши мутақобили молу маҳсулот мувофиқа ба даст оварда шуд.

Дар ҷараёни гуфтушунид дурнамои рушди кооператсияи саноатӣ ҳамчун асоси рушди робитаҳои иқтисодии ду давлат дар оянда мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Мо пешниҳод намудем, ки таҷрибаи ташкили истеҳсолоти муштарак дар бахшҳои ояндадори саноат идома дода шавад.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки дар айни замон дар Тоҷикистон беш аз 40 корхонаи муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон фаъолият доранд.

Мо ҳамчунин имконоти бузурги ҳамкории байниминтақавиро дар комплекси агросаноатӣ таъкид намудем.

Ба мувофиқа расидем, ки ҳамкории ду давлатро дар бахши гидроэнергетика густариш диҳем.

Дар ин самт татбиқи лоиҳаҳои минтақавӣ, пеш аз ҳама, КАСА-1000 аҳамияти муҳим дорад.

Мо қарор қабул намудем, ки Комиссияи муштараки хоҷагии об таъсис дода шавад.

Ҳамчунин масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёту коммуникатсия дар маркази таваҷҷуҳи мо қарор доштанд.

Мо бар аҳамияти истифодаи мутақобилан судманд аз имконоти транзитӣ-нақлиётии ҳамдигар бо мақсади таъмини рушди устувори иқтисодиёти ду кишвар ва дар маҷмуъ минтақа таъкид намудем.

Ба сохторҳои дахлдор супориш дода шуд, ки барои барқарорсозии хатсайрҳои ҳавоӣ байни ду кишвар, ҳамчунин хатсайри автобусҳо, аз ҷумла байни минтақаҳои наздисарҳадӣ тадбирҳои амалӣ андешанд.

Дар рафти гуфтушунид мо ба робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ низ таваҷҷуҳ зоҳир карда, барои рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои илму маориф, фарҳанг, сайёҳӣ, сиёсати ҷавонон ва варзиш андешаҳои худро баён намудем.

Мо ҳамчунин хатару таҳдидҳои амниятиро баррасӣ карда, доир ба муборизаи муштарак бар зидди терроризму экстремизм, зуҳуроти радикализм, ҷиноятҳои муташаккили фаромилӣ, аз ҷумла киберҷиноятҳо ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар табодули афкор намудем.

Дар ин самт барои таҳкими ҳамоҳангии кори хадамоти махсус ва дигар идораҳои дахлдор ба мувофиқа расидем.

Кишварҳои мо таҷрибаи дастгирии ташаббусҳои ҳамдигарро дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ идома медиҳанд.

Дар маҷмӯъ натиҷаҳои гуфтушунидҳои имрӯза ба мо имкон медиҳанд, ки ба рушди муносибатҳои кишварҳоямон бо назари нек нигарем.

Имрӯз бо имзои Шартнома оид ба сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон мо бо муҳтарам Садир Нургожаевич ба мувофиқа расидем, ки дар фурсати наздик Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистонро оид ба пайванди нуқтаҳои сарҳади давлатӣ имзо намоем. Имзои ин санадро мо дар доираи таҷлили ҷашни дарпешистодаи Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри бостонии Хуҷанд ба нақша гирифтаем.

Ба мақсади идомаи муколамаи созандаи байнидавлатӣ ман бо камоли эҳтиром аз Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Нургожаевич Жапаров даъват ба амал меоварам, ки дар фурсати барояшон муносиб ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари ҷавобии давлатӣ анҷом диҳанд.

Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам.

Суханронӣ ба муносибати Рӯзи модар
шаҳри Душанбе, 7-уми м арти соли 2025

Модарону бонувони муҳтарам ва хоҳарону духтарони меҳрубон!

Мулоқоти идонаи мо ба ифтихори Рӯзи модар дар оғози фасли зебои баҳор, эҳёи тамоми мавҷудоти табиат ва арафаи таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ баргузор мегардад.

Дар оғози баҳор таҷлил гардидани ҷашни модарон рамзи басо неки ба ҳам омадани ду неруи бузурги зиндагиофар ва ҳастисоз – модар ва табиат мебошад.

Зан – модар рамзи оғози зиндагӣ, намунаи зебоиву меҳрубонӣ ва хуррамиву шукуфоии ҳаёти башар, яъне фарзандоне мебошад, ки онҳоро худ ба дунё овардааст.

Тамоми модарону бонувони арҷманд, хоҳарону духтарони азизи кишвар ва ҳамаи шумо – ҳозирини гиромиро ба ифтихори ҷашни фархундаи Рӯзи модар самимона ва сидқан табрик мегӯям.

Ба хонадони ҳар яки шумо ва мардуми шарифи Тоҷикистон, кулли ҳамватанони бурунмарзӣ, пеш аз ҳама, саломативу хушбахтӣ ва рӯзгори осуда орзу менамоям.

Ҳамчунин, иброз медорам, ки бо шукӯҳу шаҳомат ва бо камоли қадршиносӣ таҷлил намудани ин ҷашн нишонаи эътибору эҳтироми хоссаи давлату Ҳукумати мамлакат нисбат ба модарону бонувони азиз мебошад.

Дар урфият мегӯянд, ки зани соҳибмаърифату боиффат гавҳар ва зани ҳунарманду кадбонуи сариштакор ганҷина аст.

Ба ин маънӣ, модарону бонувон хазинаи бебаҳое мебошанд, ки тамоми меҳру муҳаббат ва умри азизи худро дар роҳи тарбияи фарзандони солиму солеҳ, босаводу соҳибмаърифат, хушахлоқу боадаб, ба ҳаёти мустақилона омода намудани онҳо ва сариштаи рӯзгор сарф месозанд.

Орзуи ҳар зан дар зиндагӣ ҳамин аст, ки фарзанд ба дунё овардану модар шудан насибаш гардад.

Яъне модар мавҷудест, ки офаранда аст, фарзанд меофарад, барои тифли навзоди худ, ки ҳанӯз як мавҷуди нотавон аст, 18 – 19 сол заҳмат кашида, ӯро ба як инсони неруманду тавоно табдил медиҳад ва то зинда аст, ҳозир аст, ки ҳастии хешро фидои фарзандаш созад.

Маҳз ба ҳамин хотир аст, ки модарро «фариштаи меҳр», «олиҳаи покӣ» ва «мавҷуди муқаддас» меноманд.

Яке аз шахсиятҳои барҷастаи илми ҷаҳонӣ Алберт Эйнштейн гуфтааст, ки танҳо муҳаббати модар ба фарзандаш муҳаббати ҳақиқӣ ва беғараз мебошад.

Ҳамин аст, ки бузургони гузашта ҷойгоҳи маънавии биҳиштро дар зери қадамҳои модарон донистаанд, яъне эҳтироми модар ва хизмат ба ӯ роҳ ба сӯи хушбахтӣ ва биҳишт аст.

Аз Расули акрам ҳадис аст, ки ҷавоне назди ӯ меояд ва иброз медорад, ки гуноҳе кардааст ва чӣ бояд кунад, ки гуноҳаш бахшида шавад.

Паёмбар ба ӯ мегӯяд: Модар дорӣ? Мегӯяд, на! Хоҳар дорӣ? Мегӯяд, надорам.

Мегӯяд: Пас, бирав назди зани ҳамсоя, агар ӯ туро бубахшад, пас Худованд низ хоҳад бахшид.

Тавре аз ин ҳадиси Расули Худо мебинем, қадру манзалати зан – модар дар дини мубини исломҷойгоҳи басо баланду муътабар дорад.

Чунки тамоми нобиғаҳову бузургони илму ирфон, сиёсатмадорону арбобони давлатӣ ва шахсиятҳои барҷастаи таърихи башар, аз ҷумла Пайғамбари ислом – Ҳазрати Муҳаммад ва пайравони ӯро модар ба дунё овардаву ба камол расонидааст.

Нақши зан – модари тоҷик дар тарбияи фарзандони соҳибмаърифату соҳибкасб, рушди маънавии оила ва ҷомеа, инчунин, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ободиву пешрафти давлати тоҷикон бисёр арзишманд мебошад.

Ман нақши модарону бонувони тоҷикро аз оғози фаъолияти сиёсии худ то имрӯз бениҳоят баланд арзёбӣ менамоям.

Зеро онҳо аз рӯзҳои аввал сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлатро дар барқарорсозии сулҳ, сарҷамъ намудани мардуми тоҷик, ҳифзи истиқлолу озодӣ ва дигар масъалаҳои давлатдорӣ на фақат самимона дастгирӣ намуданд, балки барои амалӣ гардидани ҳадафҳоидавлати тозаистиқлоли тоҷикон кумак ва саъю талошҳои зиёд карданд.

Занону бонувони муосири тоҷик аз насли занони қаҳрамону ватандӯсти ориёӣ мебошанд ва озодиву иззату иффати аҷдодии худро дар шароит ва рӯзгори нав ҳифз кардаанд.

Зане, ки босавод ва соҳибмаърифату соҳибҳунар мебошад, илова ба тарбияи фарзанд, дар пешбурди ҳадафҳои давлат, ободии Ватан ва раванди созандагӣ фаъолона ширкат меварзад ва дар эъмори ҷомеаи демокративу дунявӣ ва озоду пешрафта саҳми арзишманд мегузорад.

Зан – модар ин саҳмро бевосита худаш дар замони зиндагӣ ва кору фаъолияташ ва баъдан ба воситаи фарзандонаш, ки онҳоро ҳамчун насли босаводу донишманд ва соҳиби касбу ҳунар ба камол расонидааст, мегузорад.

Бо дарназардошти нақши офарандаву созандаи занону модарон ва бонувону духтарони гиромӣ давлат ва Ҳукумати мамлакат ҳанӯз аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ масъалаи баланд бардоштани мақоми онҳоро дар ҷомеа аз ҷумлаи самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ эълон намуд.

Ҳамаи шумо – ҳозирини гиромӣ, хуб медонед, ки масъалаҳои баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа ва бо шуғли пурмаҳсул фаро гирифтани онҳо дар мулоқоту вохӯриҳо, паёмҳо ва дигар суханрониҳои Роҳбари давлат ҳамеша таъкид карда мешаванд.

Фаъолияти пурсамари занону бонувон ба ҳайси аъзои Ҳукумат, вакилони мақоми олии қонунгузор, роҳбарони сохторҳои назди Президент ва Ҳукумати мамлакат, хизматчиёни давлатии мақомоти марказӣ ва маҳаллӣ, соҳаи бонкдорӣ ва соҳибкорони муваффақ равшан гувоҳӣ медиҳад, ки сиёсати давлати Тоҷикистон дар самти дастгирии занон ва ғамхорӣ нисбат ба онҳо самараҳои нек ба бор оварда истодааст.

Чанд рӯз пеш дар кишвар интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагон, яъне мақоми олии қонунгузори мамлакат ва маҷлисҳои маҳаллӣ дар фазои орому осуда баргузор гардид.

Дар ин чорабинии муҳимми сиёсӣ модарону занон ва бонувону духтарони азиз фаъолона иштирок карданд, ки ба ҳамаи онҳосипосу миннатдорӣ баён менамоям.

Қобили зикр аст, ки 18 нафар занону бонувон ҳамчун вакили Маҷлиси намояндагон ва 747 нафар ба маҷлисҳои маҳаллӣ интихоб шуданд, ки нисбат ба интихоботи гузашта зиёд ва боиси ифтихор мебошад.

Ҳукумати мамлакат, бо дарназардошти саҳми муассири занону бонувон дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии давлату ҷомеа, масъалаи таъмин намудани ҳуқуқу манфиатҳои занону модаронро дар меҳвари сиёсати худ қарор додааст.

Мо ба масъалаи мунтазам беҳтар гардонидани вазъи иҷтимоии занону бонувон таваҷҷуҳи хосса медиҳем ва ташаббусҳои созандаи онҳоро пайваста дастгирӣ карда, барои амалӣ гардидани иқдомҳои неку наҷибашон шароиту имкониятҳои мусоид муҳайё менамоем.

Аз ҷумла тибқи вазифаҳои дар паёмҳои Роҳбари давлат гузошташуда танҳо дар чор соли охир чор санади муҳим қабул карда шуд, ки ҳоло амалӣ гардида истодааст.

Ҳадафи асосии санадҳои зикршуда фароҳам овардани шароиту имкониятҳои зарурӣ барои истифодаи пурраи қобилияти занон дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, мусоидат ба пойдории оила ва ба ин васила таъмин намудани рушди устувори ҷомеа мебошад.

Ҳукумати мамлакат бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030, яъне аз ҳисоби занону духтарони болаёқат то ба 30 фоиз расонидани шумораи хизматчиёни давлатӣ ва то ба 25 фоиз расонидани шумораи кадрҳои роҳбарикунанда тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст.

Имрӯз бо ифтихору қаноатмандӣ метавонем изҳор намоем, ки занони тоҷик дар баробари сиёсатмадор, вакил, омӯзгору табиб, муҳандису энергетик ва варзишгар буданашон, ҳамчун олиму ихтироъкор, ҳунарманду эҷодкор, хоҷагидору соҳибкор ва хизматчии ҳарбиву корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шинохта шудаанд.

Танҳо дар солҳои 2020 – 2024 дар натиҷаи дастгириҳои бевоситаи Ҳукумати мамлакат 121 нафар бонувону занони болаёқат ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъин гардидаанд.

Бо вуҷуди ин, ба Агентии хизмати давлатии назди Президент, Кумитаи кор бо занон ва оила, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳо, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо, супориш дода мешавад, ки ҷиҳатибоз ҳам бештар бавазифаҳои роҳбарикунанда омода ва пешбарӣкардани бонувону духтарони боистеъдоду соҳибкасб чораҷӯйӣ намоянд.

Ҳозирини гиромӣ!

Дар паёми навбатии худ изҳор намудам, ки мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии бонувону духтарони тоҷик, яъне ин неруи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем ва онҳоро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоем.

Занону духтарон нисфи аҳолии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд ва дар ҳақиқат қувваи бузурги эъмори ҷомеаи озоду пешрафта дар мамлакат мебошанд.

Ҳоло дар кишвар 25 фоизи хизматчиёни давлатӣ, 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 71 фоизи кормандони соҳаи тиб, 47 фоизи кормандони соҳаи фарҳанг, 37 фоизи олимон ва 30 фоизи соҳибкоронро занон ташкил медиҳанд.

Солҳое, ки ман дар мактаби миёна мехондам, ҳамагӣ 3 – 4 бонуи омӯзгор дар мактаби мо кор мекард.

Ё баъдтар дар хоҷагӣ кор кардам, вазъият аз ин ҳам бадтар буд.

Дар ҳамон давра занони маълумоти олидор дар баъзе минтақаҳо умуман набуданд ё ангуштшумор, яъне бениҳоят кам буданд.

Ҳоло дар бисёр муассисаҳои таҳсилоти умумӣ беш аз 80 фоизи омӯзгорон бонувон мебошанд.

Хатмкунандагони мактабҳое, ки аксари омӯзгорон дар онҳо бонувон мебошанд, қариб 100 фоиз ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ва хориҷ аз он дохил мешаванд.

Имрӯз ҳазорон нафар занону бонувони тоҷик дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ содиқона хизмат карда истодаанд.

Шумораи умумии кормандони низоми бонкии кишвар ҳоло 21 ҳазор нафар мебошад, ки 8,5 ҳазор нафар ё 41 фоизи онҳоро занон ташкил медиҳанд.

Аз 362 ҳазор нафар соҳибкорони инфиродӣ 110 ҳазор нафарро занон ташкил медиҳанд, ки нисбат ба соли гузашта беш аз 18 ҳазор нафар зиёд мебошад.

Аз 180 ҳазор нафар роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ 53 ҳазор нафари онҳоро занон ташкил медиҳанд.

Дар робита ба ин, хотирнишон менамоям, ки ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнок ва грантҳо яке аз василаҳои баланд бардоштани имкониятҳои иқтисодии занон ва оилаҳо ба ҳисоб меравад ва мо ба ин масъала эътибори доимӣ ва ҷиддӣ медиҳем.

Тайи даҳ соли охир, яъне солҳои 2015 – 2024 барои дастгирии соҳибкории занон аз ҷониби ташкилотҳои қарзии мамлакат 27 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст, ки беш аз 6 миллиард сомонии он танҳо ба соли 2024 рост меояд.

Илова бар ин, дар ин давра барои дастгирии фаъолияти соҳибкории занон 24 миллион сомонӣ грантҳои президентӣ ҷудо карда шудаанд.

Ҷиҳати ҳарчи бештар ба шуғл фаро гирифтан ва дастгирии минбаъдаи фаъолияти соҳибкориву ҳунармандии занону бонувон, ҷалб ва ҳавасмандгардонии ҳамаҷонибаи онҳо ба истеҳсоли маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ва косибӣ супориш медиҳам, ки аз соли 2025, ҳаҷми грантҳои президентӣ 3 баробар зиёд карда, ба 15 миллион сомонӣ расонида шавад.

Таҳлили лоиҳаҳои аз ҷониби занону бонувони тоҷик амалигардида нишон медиҳад, ки онҳо дар самти таъсиси коргоҳҳои хурд, эҳё ва рушди ҳунарҳои миллӣ малакаи баланд ва таҷрибаи зиёд доранд.

Ҳамчунин, ҳиссаи занону бонувони соҳибкор дар бунёд кардану ба роҳ мондани фаъолияти марказҳои хизматрасониву тиҷоратӣ, иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ ва дар ин замина таъсис додани ҷойҳои нави корӣ торафт назаррас гардида истодааст.

Яъне имрӯз соҳае нест, ки занону бонувон дар он фаъолият надошта бошанд.

Онҳо вазнинтарин корҳоро ба дӯш мегиранд ва ҳатто дар бунёди иншооти тақдирсози аср – неругоҳи барқи обии «Роғун» ҳоло беш аз ҳазор нафар занон баробари мардон заҳмат кашида истодаанд.

Дар робита ба ин, суханҳои яке аз сиёсатмадорони таъсиргузори дунё Маҳатма Ганди ба хотир мерасанд, ки гуфтааст: «Ҷойгоҳи зан танҳо дар хона нест.

Вай метавонад ҷаҳонро тағйир диҳад».

Ҳозирини гиромӣ!

Ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, яъне соҳаҳои илму маориф ва тандурустӣ ва ҷалби ҳарчи бештари бонувону духтарон ба ин самтҳо ҳамеша дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

Ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёна ва олии касбӣ, аз ҷумла дар хориҷи кишвар даҳҳо ҳазор нафар духтарони боистеъдоди мо ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Такроран иброз медорам, ки имрӯзҳо дар 42 давлати дунё 42 ҳазору 315 нафар ҷавонони боистеъдоди мо таҳсил мекунанд, ки беш аз 13 ҳазор нафар ё 30 фоизи онҳоро духтарон ташкил медиҳанд.

Танҳо дар даҳ соли охир 11 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро бо квотаи президентӣ хатм кардаанд.

Тибқи маълумоти оморӣ соли 1989, яъне дар 70 соли низоми гузашта дар Тоҷикистон ҳамагӣ 66 ҳазор нафар занону бонувон соҳиби маълумоти олӣ буданд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 256 ҳазор нафар духтарон баъди хатми муассисаҳои таҳсилоти олӣ соҳиби маълумоти олӣ ва касбу ҳунар гардидаанд.

Яъне шумораи духтарону бонувони соҳиби маълумоти олӣ нисбат ба давраи қабл аз истиқлол қариб чор баробар афзудааст.

Ҳоло боз 100 ҳазор нафар духтарон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат ва 13 ҳазор нафар дар кишварҳои хориҷӣ ба омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар машғуланд.

Қобили зикр аст, ки ташаббусҳои Ҳукумати мамлакат ба афзоиши шумораи мутахассисони маълумоти олидор аз ҳисоби духтарони ноҳияҳои дурдасти кишвар такони ҷиддӣ бахшиданд.

Аз оғози таъсиси квотаи президентӣ зиёда аз 14 ҳазор нафар духтарони боистеъдоди мо, бахусус, аз ноҳияҳои дурдаст муассисаҳои таҳсилоти олии кишварро бо истифода аз ин имконият хатм карда, ҳоло дар соҳаҳои гуногун ба нафъи давлату ҷомеа фаъолият доранд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 680 ҳазор нафар духтарону бонувон ҳамаи зинаҳои таҳсилоти касбиро хатм карда, соҳиби касбу ҳунар гардидаанд.

Тавре шумо медонед, мо ҳар сол дар байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёна ва ибтидоии касбӣ барои соҳиб шудан ба стипендияи Президенти мамлакат озмун доир мекунем, ки духтарон барандаи қисми зиёди он мешаванд.

Масалан, натиҷаи озмун барои соли таҳсили 2024 – 2025 нишон дод, ки аз 3000 нафаре, ки барандаи стипендияи президентӣ шуданд, 1860 нафар ё 62 фоизро духтароне, ки танҳо бо баҳои «аъло» таҳсил мекунанд, ташкил додаанд.

Илова бар ин, барои дастгирӣ ва ҳавасманд намудани донишҷӯдухтарон стипендияи президентӣ, стипендияҳои номӣ, стипендияҳои Кумитаи кор бо занон ва оила, дигар мақомоти марказӣ, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо таъсис дода шудаанд.

Натиҷаи чунин дастгириву ғамхориҳои давлату Ҳукумат аст, ки ҳоло дар муассисаҳои соҳаи маориф аз ҳисоби занон 11 академик, 84 профессор, 131 доктори илм, 1000 номзади илм ва 608 дотсент фаъолият дорад.

Дар Академияи миллии илмҳо 743 нафар занону бонувон фаъолият доранд, ки 80 нафари онҳо кадрҳои роҳбарикунанда, 2 нафар академик, 3 нафар узви вобаста, 33 нафар доктори илм, 109 нафар номзади илм, 104 нафар доктор аз рӯйи ихтисос ва 294 нафар магистр мебошанд.

Дар панҷ соли охир шумораи ихтироъкорон аз ҳисоби занон ба 210 нафар расида, аз ҷумла 5 нафар бо ихтирооти нодири худ дар сатҳи байналмилалӣ сазовори шоҳҷоиза ва медали тилло, 10 нафар соҳиби медали нуқра ва 1 нафар сазовори медали биринҷӣ гардидаанд.

Имрӯз занону бонувон – кормандони Академияи миллии илмҳо дар соҳаҳои физикаи ядро, математикаи назариявӣ ва амалӣ, химия, аз ҷумла химияи ядро, биология ва зоология, инчунин, илмҳои гуманитариву ҷомеашиносӣ фаъолияти пурсамар доранд.

Иштироки фаъолонаи бонувону духтарон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикон дар оинаи таърих» қобили таҳсин мебошад.

Як нуктаи бисёр муҳимро дар ин самт мехоҳам махсус таъкид намоям, ки дар байни наврасону ҷавонони мо, хусусан, духтарон, ки муносибати ҷиддии модарону бонувони моро дар масъалаи китобхонии фарзандон нишон медиҳад, истеъдодҳои нодир ба воя расида истодаанд, ки мо бояд ба онҳо ғамхорӣ кунем, кумак расонем ва ҳамаҷониба ҳавасманд гардонем.

Хотирнишон менамоям, ки бо супориши Роҳбари давлат аз соли ҷорӣ сар карда, маблағи ҷоизаҳои озмунҳои ҷумҳуриявӣ ду баробар зиёд карда шуд.

Маблағи озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва «Илм – фурӯғи маърифат», ки солҳои гузашта 12 миллиону 440 ҳазор сомониро ташкил мекард, дар соли 2025-ум 23 миллиону 570 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Маблағи ҳавасмандгардонӣ барои соҳибони шоҳҷоизаи «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», ки 50 ҳазор сомониро ташкил медод, ба 100 ҳазор сомонӣ, шоҳҷоизаи озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» аз 50 ҳазор сомонӣ ба 140 ҳазор сомонӣ ва шоҳҷоизаҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» барои ҳар як нафар аз 70 ҳазор сомонӣ ба 140 ҳазор сомонӣ баробар карда шуд.

Умедворам, ки дар озмунҳои навбатӣ саҳм ва иштироки бонувону духтарони азизи мо боз ҳам назаррас мегардад ва модарон истеъдодҳои наврасу ҷавон, яъне фарзандони худро дар руҳияи омӯзиши илму дониш ва хештаншиносӣ тарбия карда, барои пешрафти ояндаи илму фарҳанги тоҷик нақши арзишманд мегузоранд.

Ёдовар бояд шуд, ки калонсолон, бахусус, падару модарон низ бояд пайваста китоб хонанд, ҷаҳони маънавии худро ғанӣ гардонанд, донишу ҷаҳонбинии хешро барои тарбияи дурусти фарзандон истифода баранд ва бо ҳамин роҳ дар соҳибмаърифат гардидани фарзандон саҳм гузоранд.

Зеро шумо хуб медонед, ки намунаи шахсии падару модар дар ташаккули шахсияти кӯдакону наврасон нақши назаррас дорад.

Имрӯз аввалин нусхаҳои нашри пурраи «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ дар рӯзи ҷашни модарону бонувон ба шумо тақдим гардид.

Тақдим кардани ин шоҳасари ҷовидонӣ ба шумо бесабаб нест.

Модари тоҷик дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи миллат ҳазорон нафар родмардон, нобиғаҳову шахсиятҳои барҷастаи илму адаб ва қаҳрамонону паҳлавононро ба дунё овардаву ба камол расонидааст.

Дар адабиёти ғановатманди мо байти машҳуре ҳаст, ки мегӯяд:

Ҳар он кас, ки шаҳномахонӣ кунад,

Агар зан бувад, паҳлавонӣ кунад.

Ҳозирини арҷманд!

Таҳлилҳои панҷ соли охир нишон медиҳанд, ки дохилшавии духтарон ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ сол ба сол афзуда истодааст.

Агар соли 2018 ин нишондиҳанда 36 фоизро ташкил дода бошад, соли 2023 ба 47 фоиз расидааст.

Ин нишондиҳандаҳо хубанд, вале зарур аст, ки барои боз ҳам бештар ба таҳсилу касбомӯзӣ ҷалб намудани духтарон тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.

Аз ҷумла Вазорати маориф ва илмро зарур аст, ки лар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати ба зинаи магистратура ба таври ройгон қабул намудани духтарон чораҷӯйӣ намояд.

Илова бар ин, ба духтароне, ки муассисаҳои таҳсилоти олиро бо квотаи президентӣ ва дипломи «аъло» хатм мекунанд, имконият дода шавад, ки таҳсили худро дар зинаҳои магистратура ва докторантура аз рӯйи ихтисос идома диҳанд.

Мо вазифадорем, ки барои соҳиби илму дониш ва касбу ҳунар гардидани фарзандонамон ва махсусан духтарон тамоми шароиту имкониятҳоро муҳайё созем, то онҳо дар зиндагии мустақилонаи худ азият накашанд ва муҳтоҷи дигарон нашаванд.

Фаромӯш набояд кард, ки дар замони пешрафти инқилобии илму техника ва технологияҳо, аз ҷумла «зеҳни сунъӣ» танҳо давлатҳое метавонанд рушд кунанд ва дар арсаи байналмилалӣ соҳиби мақому нуфузи баланд гарданд, ки миллати босаводу таҳсилкарда, донишманду ҳунарманд дошта, аз лиҳози илмӣ ва техникиву технологӣ пешрафта бошанд.

Яъне мо барои ҳамқадами замонаи пешрафт шуданбояд наслҳои босаводу донишманд, соҳибмаърифату забондон ва дорои ҷаҳонбинии васеъро тарбия карда, ба камол расонем.

Дар асри нав, ки замони саводу дониш, илму техника ва технологияҳо мебошад, дигар бо ривоятсозиву афсонабофӣ мардумро фиреб додану пешрафти давлат ва ҷомеаро таъмин кардан имкон надорад.

Мо ҳар сол дар ҳамаи зинаҳои таҳсилоти олӣ, миёна ва ибтидоии касбӣ, инчунин, дар муассисаҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ба ҳисоби миёна 130 ҳазор нафар сокинони кишвар, аз ҷумла беш аз 60 ҳазор нафар бонувону духтаронро соҳибкасб менамоем, кидар шароити имрӯза қонеъкунанда нест.

Зарур аст, ки дар самти ҷалби боз ҳам бештари сокинон ва махсусан, бонувону духтарон ба касбу ҳунаромӯзӣ тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.

Вобаста ба ин, бори дигар иброз медорам, ки мо барои илму донишомӯзии духтарону бонувон дар оянда низ тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ мегардонем ва фаромӯш намекунем, ки тибқи ҳадиси Пайғамбари ислом «талаби илм бар ҳар марду зани мусулмон фарз аст».

Танҳо омӯхтани илму дониш ба инсон имконият медиҳад, ки гирифтори хурофоту ҷаҳолат нагардад.

Шахсе, ки соҳибмаърифат аст, илму дониш, касбу ҳунар дорад ва забонҳои хориҷиро медонад, ҳаргиз хор намешавад ва ба кадом гӯшаи дунё наравад, ризқу рӯзии худро меёбад.

Зеро дониш ва ҳунар сарҳад надорад.

Ҳозирини гиромӣ!

Масъалаи солимии занону модарон дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

Бо дарназардошти аҳаммияти ин масъала то имрӯз даҳҳо санади меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла стратегияву барномаҳои соҳаи тандурустӣ ва нақшаҳои миллӣ қабул гардидаанд, ки ҳадафи онҳо ҳифзи солимии занон ва модарону кӯдакон мебошад.

Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар соли 2023 қабул гардидани Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои давраи то соли 2040 ва Барномаи маҷмуии давлатии тайёр намудани кадрҳои низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои давраи то соли 2030 ба ҳалли мушкилоту масъалаҳои ҷойдошта мусоидат менамояд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ бо дарки аҳаммияти ниҳоди оила дар ташаккули ҷомеаи солим ва пешрафти давлат, инчунин, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ принсипи ҳимояи давлатии оила ҳамчун асоси ташаккули ҷамъият ва амалишавии ҳуқуқи ҳар шахс ба ташкили оила эътибори конститутсионӣ касб намуд ва ба сифати яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат эътироф гардид.

Бо мақсади баланд бардоштани маърифати оиладории ҷавонон фанни «Маърифати оиладорӣ» ҳамчун дарси асосии таълимӣ ва фанни «Одоби муошират ва рӯзгордорӣ» ба сифати дарси иловагии тарбиявӣ ба барномаҳои таълим ворид карда шуд.

Дар раванди амалисозии тадбирҳои зикргардида зарур аст, ки ба масъалаҳои вобаста ба ҳифзи арзишҳои анъанавии оилаи тоҷик ва устувории он, тарбияи дурусти наврасону ҷавонон ва пешгирӣ кардани ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ дар байни онҳо, инчунин, омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар, азхудкунии забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ бояд эътибори ҷиддӣ ва доимӣ дода шавад.

Масъалаи таъмин намудани ҳуқуқу озодиҳои занон дар замони муосир як самти муҳимми фаъолияти давлати соҳибистиқлол ва демокративу ҳуқуқбунёд ба шумор меравад.

Илова ба тадбирҳои зиёди дар ин самт амалигардида, тавассути қонунгузории оила муоинаи тиббии издивоҷкунандагон ҷорӣ карда шуд, ки ба ташаккули оилаи солим, пойдориву хушбахтии оилаҳо ва пешгирӣ кардани паҳншавии бемориҳои сирояткунанда мусоидат менамояд.

Ҳамчунин, дар Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирӣ намудани таваллуди кӯдакони маъюб аз никоҳи хешовандони наздик бастани ақди никоҳ байни хешовандон ва шахсоне, ки аз муоинаи тиббии ҳатмӣ нагузаштаанд, манъ карда шуд.

Бовар дорам, ки модарону занони арҷманди мо дар самти риояи муқаррароти зикргардидаи қонун пешсаф ва ташаббускор хоҳанд буд.

Зеро ба хушбахтии фарзандон ва пойдории оилаҳои ҷавон модарон аз ҳама бештар манфиатдору масъул мебошанд.

Ҳамчунин, хотирнишон месозам, ки дар масъалаи пойдории оила, пеш аз ҳама, падару модарон масъулият доранд.

Шумо – бонувону хоҳарони гиромӣ, хуб медонед, ки ман дар мулоқоту суханрониҳои худ ба зиндагии мустақилона омода кардани фарзандон – ҳам писарону ҳам духтаронро доим хотирнишон менамоям.

Фарзанд ба зиндагии мустақилона бояд аз ҳар лиҳоз омода бошад ва қадри заҳмати падару модари худро донад.

Ҳозирини гиромӣ!

Модарону бонувони тоҷик дар мушкилтарин рӯзҳои таърихи давлат ва халқи Тоҷикистон ва дар сангинтарин лаҳзаҳои ҳаёти мардуми кишвар бо сабру тамкин ва ватандӯстиву садоқат такягоҳи боэътимод буданд ва ҳастанд.

Давлат ва Ҳукумати мамлакат аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ то имрӯз занону бонувонро неруи бузурги амалисозандаи ҳадафу нақшаҳои худ дар ҷодаи пешрафту ободии Ватан мешуморад.

Бо эътимоди комил иброз медорам, ки модарону бонувони муҳтарами мо минбаъд низ дар таълиму тарбияи фарзандони хушахлоқу соҳибмаърифат, татбиқи талаботу муқаррароти қонунҳои миллӣ «Дар бораи танзими ҷашну маросим» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» саҳми арзишманди худро мегузоранд.

Дар ин раванд, пешгирӣ кардани бегонапарастӣ, аз ҷумла дар масъалаи сару либос ва расму ойинҳои барои мардуми мо бегона, саъю талоши боз ҳам бештар ба хотири таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии Ватан аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимми бонувону занони гиромии мо мебошанд.

Мо бояд аз истиқлолу озодие, ки дорем, ношукрӣ накунем.

Равандҳои ҷаҳонишавӣ ва қудратҳои ҷаҳонӣ ба истиқлолу озодӣ, забон, фарҳанг ва суннату анъанаҳои мардумони кишварҳои дунё таҳдиди воқеӣ эҷод карда истодаанд.

Давлатҳо аз байн рафта, сокинони баъзе минтақаҳои оламро аз ватани таърихии онҳо берун карда истодаанд.

Ин масъала бисёр ҷиддӣ аст ва онро набояд нодида гирифт.

Шумо – модарону бонувони азиз ва духтарону хоҳарони меҳрубон, хуб мушоҳида мекунед, ки дар натиҷаи ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ шомил гардидани баъзе ҷавонони ноогоҳ чӣ қадар оилаҳо парешон, занону фарзандон овораву саргардон ва падару модарони онҳо дар назди ҷомеа сархам гардидаанд.

Онҳо бо амалҳои нангини худ, ҳамчунин, ба шаъну эътибори миллати тоҷик ва давлати тоҷикон иснод оварданд.

Шумо метавонед дар амри пешгирӣ кардани чунин раванди номатлуб ва нанговар саҳми арзишманди модаронаи худро гузоред.

Либосҳои зебову шинами миллии худамонро, ки дар ҳамаи давру замонҳо зинатбахши занону модарони тоҷик буданд ва ифодакунандаи ҳайсияту иффати онҳо маҳсуб меёфтанд, тарк накунед.

Бахусус, дар фасли баҳор, аз ҳамин рӯзҳо сар карда, хурду бузург либоси миллӣ ба бар кунед ва ифтихор дошта бошед, ки атласу адрас ва чакани тоҷикии мо ҷаҳонӣ шудааст.

Мо ба нақши модарону занон дар рушди ҷомеа, пешрафти давлат, ободии Ватан, бунёди оилаи солиму хушбахт, тарбияи фарзандони солеҳ ва афзоиши шаъну эътибори ҳар як хонадони тоҷик ҳамеша арҷ мегузорем ва хизматҳои таърихии онҳоро доим гиромӣ медорем.

Мо ба ҳунару истеъдод, кӯшишу ғайрат, қобилияти ташкилотчигӣ ва маҳорату кордонии модарону бонувони азизамон таҳсин мехонем ва бовар дорем, ки онҳо дар оянда дар татбиқи сиёсати давлат ва Ҳукумати мамлакат, пешрафти ҷомеа ва ободии Ватани маҳбубамон саҳми боз ҳам бештар мегузоранд.

Шумо минбаъд низ ба хотири рушди ҳунарҳои мардумӣ ва ҳифз кардану ба духтарони худ омӯзонидани тарзи омода кардани таомҳои миллӣ бояд фаъол бошед ва дар ёд дошта бошед, ки қадбонугӣ низ ҳунар аст.

Фарзандони азиз – наврасону ҷавонон ва ҷавонмардон!

Шумо бояд ба қадри азамату бузургии падару модар, ки офаридгори мо дар ин дунё ва сабаби ҳастии мо мебошанд, бештар расед, онҳоро дӯст дореду эҳтиром кунед, хизматашонро ба ҷо овареду дуои некашонро гиред ва ҳамеша дар орзуи он бошед, ки падару модарон соябони сари мову шумо бошанд.

Мардуми мо беҳуда намегӯянд, ки падару модар дорӣ, давлату савлат дорӣ.

Дар ин бобат боз як ҳадиси Расули Худоро хотиррасон месозам: «Мард вақте ба зан ва модари худ бо меҳрубонӣ нигоҳ мекунад, Худованд барои ӯ савоби ҳаҷро менависад».

Шумо – модарону бонувони арҷманд ва хоҳарону духтарони азиз, кӯшиш намоед, ки неъмати бебаҳои зиндагии мардуми Тоҷикистон – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро мисли гавҳараки чашм ҳифз карда, наслҳои наврасро дар ҳамин руҳия ба камол расонед.

Дар зеҳну шуури фарзандон ҳисси баланди миллӣ ва инсондӯстиро ҷой намоед, дар қалби онҳо шуълаи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва садоқату муҳаббатро нисбат ба Ватан – Модар фурӯзон созед, то наврасону ҷавонони имрӯза номбардорони ояндаи ин Ватани маҳбуб ва хоки муқаддаси ниёгони хеш бошанд.

Дар фарҳанги чандинҳазорсолаи мо мафҳумҳои «ватан» ва «модар» бо ҳамдигар тавъаманд, ҳамсангу ҳаммаънои якдигаранд ва арзиши баробару баланд доранд.

Аз ин рӯ, дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани фарзандон маънои тарбия кардани онҳо дар руҳияи эҳтиром ба модарро дорад.

Тозаву озода нигоҳ доштани Ватан ва обод намудану эҳтиёт кардани он баробар ба эҳтирому эҳтиёт кардани модар аст.

Зеро бузургиву шаҳомат ва меҳрубониву муҳаббати модар нури тобанда ва ахтари равшанибахши ҳаёти инсоният мебошад.

Шумо – модарону бонувони азиз, дар хотир дошта бошед, ки мо – ҷавонмардон, яъне фарзандонатон шуморо сидқан дӯст медорем, гиромӣ медорем ва дар ҳаққи шумо ғамхорӣ карданро қарзи фарзандӣ, вазифаи ҷонӣ ва рисолати ҷавонмардии худ мешуморем.

Бо истифода аз фурсат, тамоми ҳамватанони азиз ва пеш аз ҳама, ҷавонону мардон ва фарзандонро даъват менамоям, ки модарони худро баробари ҷонатон дӯст доред, нисбат ба онҳо дар вақти зиндагиашон меҳрубону ғамхор бошед, иззату ҳурматашонро ҳамеша ва дар ҳама ҳолат ба ҷо оваред, ҳаргиз озорашон нарасонед, нигоҳи пур аз меҳру шафқат ва дасти кумаку ғамхориро аз онҳо дареғ надоред.

Фаромӯш накунед, ки мо агар тамоми умр бамодари худ хизмат кунем, ранҷи бедорхобии якшабаи ӯро ҷуброн карда наметавонем.

Ҳамчунин, дар ёд дошта бошед, ки модар на фақат дар рӯзҳои ҷашн, балки ҳамеша ба меҳрубониву ғамхорӣ эҳтиёҷ ва ҳақ дорад, чунки модар барои инсон ҳар рӯз ва ҳамеша модар аст.

Мо ҳурмату эҳтироми шири сафеди модар, ранҷу бедорхобиҳо ва навозишу меҳрубониҳои ӯро ҳамеша пос медорем ва заҳматеро, ки барои ба камол расонидани мо кашидааст, ҳаргиз фаромӯш намекунем.

Бори дигар кулли модарону бонувон ва духтарониазизи кишвар ва ҳамаи шумо – ҳозирини гиромироба муносибати ҷашни фархундаи баҳору зебоӣ ва садоқату муҳаббат, яъне Рӯзи модар самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо, пеш аз ҳама, саломатӣ, дар хонадонатон меҳру муҳаббат, хушбахтӣ ва рӯзгори ободу осуда орзу менамоям.

Рӯзи модар муборак бошад, модарону бонувон ва хоҳарону духтарони азиз!

Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паради ҳарбӣ ба муносибати 32-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
22 феврали соли 2025, шаҳри Душанбе

Муҳтарам генералҳо ва афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ!

Хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ!

Фардо ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки яке аз рукнҳои муҳими давлати соҳибихтиёри тоҷикон мебошад, 32 сол пур мешавад.

Ҳамаи шумо – хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакатро ба муносибати ин санаи таърихӣ – ҷашни фарзандони далеру шуҷои Ватан самимона табрик мегӯям.

Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ дар муддати 32 соли сипаригардида ҳифзи истиқлолу озодии мамлакат, ҳимояи марзу буми сарзамини аҷдодӣ, амнияти давлат ва ҷомеа, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсиро дар кишвар ҷавонмардона ва бо садоқат ба халқу Ватан таъмин карда истодаанд.

Дар ҳар давру замон ҳимояи Ватан ва ҳаёти осоиштаи мардум барои ҳар як ҷавонмарди бонангу номус вазифаи муқаддас ва вазифаи пуршараф ба ҳисоб меравад.

Тоҷикон аз замонҳои хеле қадим ҳамчун миллати фарҳангиву сулҳдӯст, соҳибмаърифату тамаддунсоз ва ободкору созанда шинохта шудаанд. Вале дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи миллати мо фарзандони далеру фидокори он, аз қабили Муқаннаъ, Спитамен, Деваштичу Темурмалик, Восеъ ва ҳазорон нафари дигар, барои ҳимояи сарзамини муқаддаси аҷдодӣ қаҳрамониву ҷоннисориҳо кардаанд ва ба наслҳои имрӯза аз худ намунаи ибрати ҷовидонӣ боқӣ гузоштаанд.

Аз рӯзҳои аввали эълон гардидани истиқлоли давлатӣ ва ташкили давлати соҳиб­ихтиёри тоҷикон масъалаи таъсис додани Қувваҳои Мусаллаҳ дар назди Ҳукумати мамлакат ҳамчун вазифаи аввалиндараҷа қарор дошт. Вале мушкилоти сахту сангини ибтидои давраи соҳибистиқлолӣ, хусусан мухолифатҳои шадиди сиёсӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ба иҷрои ин вазифа имконият надоданд.

Танҳо баъди Иҷлосияи тақдирсози XVI Шурои Олӣ ва интихоб гардидани роҳбарияти нави сиёсии кишвар барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, фаъолияти сохторҳои фалаҷшудаи ҳокимияти давлатӣ ва гузоштани заминаҳои ҳуқуқии ба эътидол овардани вазъият нахустин иқдомот сурат гирифтанд. Аз ҷумла, 18-уми ­декабри соли 1992 бо имзои Фармони Раёсати Шурои Олӣ «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ташкили аввалин сохторҳои Артиши миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол оғоз гардид ва Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамчун ниҳоди асосии ҳифзи сохти конститутсионӣ ва тамомияти арзии мамлакат фаъолияти худро аз сифр оғоз карданд. Бо вуҷуди мушкилоти зиёди иқтисодиву молиявӣ, инчунин, набудани афсарону мутахассисони касбӣ, мо ба ташкили ҷузъу томҳо, қисму воҳидҳои алоҳида ва бо техникаву таҷҳизоти ҳарбӣ таъмин кардани онҳо шурӯъ намудем.

Борҳо гуфтаам ва ҳоло такроран хотирнишон месозам, ки дар кишвари тозаистиқлоли мо дар он рӯзҳо барои таъсис додани артиши касбӣ одитарин заминаи моддиву техникӣ вуҷуд надошт. Сарфи назар аз ҳамаи ин норасоиву мушкилот, 23-юми феврали соли 1993, яъне 32 сол қабл аз ин, аввалин паради ҳарбии Артиши миллӣ баргузор гардид ва хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи навтаъсиси мамлакат боифтихор аз он гузаштанд.

Бояд гуфт, ки Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар айёми ниҳоят ҳассосу тақдирсози солҳои аввали соҳиб­истиқлолӣ, хусусан, дар давраи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки хатари парокандашавии миллат ва аз байн рафтани давлати тоҷиконро воқеан ба миён оварда буд, қарзи ватандории хешро содиқона иҷро карданд.

Ба шарофати далериву шуҷоат ва фидокориву матонати онҳо ҳимояи истиқлоли давлатӣ, якпорчагии мамлакат, ба эътидол овардани вазъият, барқарорсозии сулҳу субот ва безарар гардонидани гурӯҳҳои мусаллаҳи экстремистиву террористӣ таъмин гардид ва барои заҳмати созандаи мардуми кишвар шароиту имконияти зарурӣ фароҳам оварда шуд.

Мо имрӯз ифтихор дорем, ки Артиши миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба сохтори муташаккилу неруманд, муназзаму муҷаҳҳаз ва ба яке аз рукнҳои муҳими давлатдории навини тоҷикон мубаддал гардидааст. Ва қодир аст, ки якҷо бо дигар сохторҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар бузургтарин неъмати зиндагии мардуми тоҷик – истиқлоли давлатӣ ва дастовардҳои таърихии он – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва зиндагии осудаи халқи Тоҷикистонро ҳамчун сипари боэътимод ҳимоя намояд.

Вазъи бисёр ноорому бесуботи ҳарбиву сиёсӣ, ки ҷаҳони муосирро фаро гирифтааст, аз ҷумла шиддат гирифтани бархӯрди манфиатҳои абарқудратҳо, барои аз нав тақсим кардани дунё, мусаллаҳшавии бошитоб ва «ҷанги сард» аз ҳар як хизматчии ҳарбӣ омодабошии доимӣ, сатҳи баланди маҳорату малакаи касбӣ, ҳисси миллӣ, эҳсоси гарми ватандорӣ, ҷасорату далерӣ ва мардонагиву фидокориро талаб менамояд. Инчунин, вусъати бесобиқа пайдо кардани фаъолияти ҳаракату гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ вазифа ва масъулияти хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро беш аз пеш муҳиму мубрам мегардонад.

Дар чунин шароит риояи бечунучарои талаботи оинномаҳои ҳарбӣ, интизому тартибот ва таъмин намудани волоияти қонун дар тамоми ҷузъу томҳои низомӣ шарти асосии нерумандӣ ва муваффақияти Қувваҳои Мусаллаҳ мебошад. Ҳамчунин, роҳбарият ва ҳайати фармондеҳии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазифадоранд, ки бо дарназардошти вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳон, ба масъалаҳои омодабошии доимӣ, таъминоти ҷузъу томҳо бо техникаву таҷҳизоти муосири ҳарбӣ ва фароҳам овардани шароити боз ҳам беҳтари зиндагӣ ва хизмат барои ҳайати шахсӣ эътибори бештар диҳанд.

Дар ин раванд, ба масъалаи тарбияи кадрҳо, ҷобаҷогузории дурусти онҳо, бозомӯзӣ, баланд бардоштани сатҳи касбият ва маҳорату малакаи афсарону сарбозон, азхудкунӣ ва истифодаи техникаву технологияҳои муосир, аз ҷумла «зеҳни сунъӣ», инчунин, омодабошии захираҳои сафарбарӣ бояд диққати аввалиндараҷа дода шавад.

Хотирнишон менамоям, ки дар шароити буҳронии ҷаҳони имрӯза ва торафт афзоиш ёфтани хатару таҳдидҳо ба амнияти ҷомеа ва давлат боз ҳам таҳким бахшидани иқтидори мудофиавии мамлакат аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини мо мебошад. Ҳукумати мамлакат бо ин мақсад аз тамоми захираву имкониятҳо истифода мекунад.

Хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат бояд ба иҷрои вазифаи худ бо масъулияти баланд муносибат намоянд, ба савганди худ содиқ бошанд, Ватани хешро сидқан дӯст доранд ва фаромӯш насозанд, ки вазифаи ба дӯши онҳо гузошташуда, яъне ҳимояи Ватан, миллат ва давлат масъулият ва рисолати муқаддас мебошад.

Мардуми Тоҷикистон дар симои ҳар яки шумо — хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муҳофизони боэътимоди истиқлолу озодии Ватан, марзу буми сарзамини аҷдодӣ, сулҳу суботи мамлакат ва ҳомиёни ҳуқуқу манфиатҳои худро мебинанд. Эътимоду умеди мардуми кишвар ҳар яки шумо — фарзандони содиқи Ватанро водор месозад, ки ҳамеша ҳушёр бошед, зиракии сиёсиро аз даст надиҳед, сатҳи касбият ва омодабошии худро мунтазам баланд бардоред, намунаи риояи қонунияту тартибот ва интизоми ҳарбӣ бошед.

Ман ба ҳисси баланди миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, иродаи ­мустаҳкам, ғайрату ҷасорат ва садоқати ҳар яки шумо ба давлат ва халқи Тоҷикистон эътимоди комил дорам.

Бори дигар, тамоми ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ, сохторҳои ҳарбӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҳамаи шумо — фарзандони содиқи Ватанро, ки дар ин майдон саф оростаед, ба ифтихори 32-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо саломатӣ, руҳи матин ва иродаи қавӣ орзу менамоям.

Саломату сарбаланд бошед, ҳомиёни далеру шуҷои Ватан!

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи аз вазифаи муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Давлатзода Қ.
аз 21 январи соли 2025, №33, ш. Душанбе

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Давлатзода Қиёмиддин бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН

Суханронӣ дар ҳамоиши тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва гардишгарии Тоҷикистону Эрон
Раиси муҳтарами Ҷумҳурии Исломии Эрон,

Ҷаноби Олӣ Масъуди Пизишкиён, бародари азиз,

Хонумҳо ва ҷанобон,

Ҳузури Шуморо дар Ҳамоиши тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва гардишгарии Тоҷикистону Эрон хайрамақдам мегӯям.

Мусаллам аст, ки бахшҳои тиҷорату иқтисод дар таҳкими дӯстию шарикии мардумони кишварҳои мо нақши хеле муҳим доранд.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни ду кишвар тақрибан то 50 дарсад дар соли гузаштаи мелодӣ дар муқоиса бо соли 2023 аз мавҷудияти зарфиятҳои кофӣ барои тавсеаи минбаъдаи робитаҳои иқтисодии ду ҷониб гувоҳӣ медиҳад.

Музокироту сӯҳбатҳои имрӯзаи мо бо Раиси муҳтарами Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷаноби Олӣ Масъуди Пизишкиён бори дигар нишон доданд, ки ҷонибҳо хостори пешбурди воқеии робитаҳои худ дар соҳаҳои гуногуни иқтисоду тиҷорат мебошанд.

Ҷониби Тоҷикистон аз раванди идомадори муколамаи созандаи сиёсӣ миёни ду кишвар изҳори ризоият менамояд.

Дар баробари ин, мо алоқамандии худро ба густариши ҳамкориҳо дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ ва гардишгарӣ иброз медорем.

Татбиқи тарҳҳои Неругоҳи “Сангтуда-2”, нақби “Истиқлол” ва чанде аз лоиҳаҳои дигари хурду миёна аз дастовардҳои муҳимми ҳамкориҳои иқтисодиву сармоягузории Тоҷикистону Эрон ҳастанд.

Ин дастовардҳо, бешубҳа, ба таҳкими дӯстӣ ва рафоқат миёни ду кишвар ва ду миллат мусоидат мекунанд.

Итминон дорем, ки татбиқи амалии “Барномаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ байни ду кишвар то соли 2030” натиҷаҳои назаррас ба бор хоҳад овард.

Дар пешбурди ҳамкориҳои дуҷонибаи мо Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ, ҳамчунин, дигар абзорҳои муштараки ҳамкорӣ, бахусус Шӯрои соҳибкорон ва Кумитаи муштараки сармоягузорӣ метавонанд нақши муҳим дошта бошанд.

Рӯзи гузашта дар ҳошияи сафари давлатии Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Душанбе Муколамаи намояндагони бахши хусусии ду кишвар доир гардид.

Дар чорчӯби ин ҳамоиш ду ҷониб 13 санади ҳамкориро ба маблағи беш аз 450 миллион доллар ба имзо расониданд, ки худ боз як гувоҳи мавҷудияти имкониятҳои фарох барои ҳамкориҳои доираҳои соҳибкорӣ ва сармоягузории кишварҳои мо мебошад.

Дӯстони гиромӣ!

Тоҷикистон бо сарватҳои табиии фаровон, аз ҷумла захираҳои об бо имконоти бузурги гидроэнергетикӣ, маъданҳо, фулузоти нодир ва зарфиятҳои зиёди гардишгарӣ дорои шароити муносиби сармоягузорӣ мебошад.

Ҳукумати Тоҷикистон дар Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ба ҷалби сармоягузории хориҷӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, онро яке аз ҳадафҳои сиёсати иқтисодии худ эътироф намудааст.

Ҳамзамон, дар ин санад ба масъалаи ширкати фаъоли бахши хусусӣ дар раванди ҷалби сармояи хориҷӣ аҳаммияти хосса дода шудааст.

Ба андешаи мо, яке аз ангезаҳои муҳими сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон ин имкони пешбурди тиҷорат ва сармоягузорӣ мутобиқ ба тамоюлҳои муосири ҷаҳонӣ ҷиҳати гузаштан ба иқтисоди “сабз” мебошад.

Вобаста ба ин зарфиятҳои гидроэнергетикии кишвари мо, ки яке аз манбаъҳои асосии истеҳсоли энергияи “сабз” ба шумор мераванд, имконоти фаровонро пешниҳод мекунад.

Тоҷикистон аз рӯи захираҳои умумии гидроэнергетикӣ дар ҷаҳон ҷойи ҳаштум ва аз ҷиҳати ҳиссаи хоси онҳо ба ҳар сари аҳолӣ ҷои дуюмро ишғол менамояд.

Имрӯз ҳамагӣ панҷ дарсади ин зарфият мавриди истифода қарор гирифтааст ва 98 дарсади неруи барқи Тоҷикистон аз манбаъҳои барқароршаванда истеҳсол мегардад.

Аз рӯи ин нишондиҳанда Тоҷикистон дар ҷаҳон дар ҷойи шашум қарор дорад.

Тоҷикистон нақша дорад, ки дар ояндаи наздик истеҳсоли энергияро, тибқи талаботи меъёрҳои ҳифзи муҳитзистӣ, то ду баробар афзоиш диҳад.

Итминон дорем, ки иқтидори бузурги энергияи “сабз”-и Тоҷикистон дар оянда метавонад на танҳо ба нафъи мо, балки дигар кишварҳои минтақа, аз ҷумла Эрон истифода шавад.

Муҳтарам иштирокдорони ҳамоиш,

Мо саноатикунонии босуръати кишварро ҳамчун ҳадафи роҳбурдӣ (стратегӣ) интихоб намудем.

Кишварҳои ҳавасманд метавонанд дар бахшҳои гуногуни саноат ҳамкории судмандро бо Тоҷикистон ба роҳ монанд.

Дар ин радиф, саноати кӯҳӣ, металлургӣ, мошинсозӣ, ғизоӣ ва бофандагӣ, кимиё ва дорусозӣ, инчунин, истеҳсоли масолеҳи сохтмон аз ҷумлаи самтҳои мавриди таваҷҷуҳ ба ҳисоб мераванд.

Бинобар ин, бунёди корхонаҳои муштараки истеҳсоли маҳсулоти дорои арзиши баланди иловашуда дар ин соҳаҳо ба нафъи ҳарду ҷониб хоҳад буд.

Дар баробари ин, бахши кишоварзии Тоҷикистон, бо назардошти иқлими мусоид ва захираҳои фаровони об, яке аз самтҳои ояндадор ба шумор меравад.

Ҳамкорӣ дар самтҳои парвариш, коркард ва содироти меваю сабзавот, панба (пахта) ва пиллаи абрешим, соҳаҳои боғдорӣ, асалпарварӣ ва чорводорӣ аз лиҳози иқтисодӣ судовар хоҳад буд.

Дар ин замина таъсиси корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ барои содирот ва марказҳои логистикӣ ба мақсад мувофиқ дониста мешавад.

Мо, инчунин, барои ҳамкории судманд бо сармоягузорони эронӣ дар рушди бахшҳои молиявӣ ва бонкдорӣ манфиатдор ҳастем.

Соҳаи гардишгарӣ низ яке аз бахшҳои муҳими ҳамкориҳои ду кишвар арзёбӣ мегардад.

Мо барои рушди инфрасохтори гардишгарӣ ва истифодаи иқтидори бузурги он, бахусус гардишгарии кӯҳнавардӣ, экологӣ ва солимгардонӣ ҳавасмандем.

Ҷорӣ намудани низоми лағви раводид барои шаҳрвандони ду кишвар дар муддати 30 рӯз заминаи мусоидро барои рушди ҳамкориҳои ҷонибҳо дар ин соҳа фароҳам овардааст.

Дӯстони гиромӣ,

Дар баробари имконоту зарфиятҳои мавҷуда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сармоягузорон 110 имтиёз ва сабукиҳои молиётиву гумрукӣ, дар маҷмӯъ беш аз 240 номгӯи замонатҳои ҳуқуқиро муқаррар намудааст.

Ҳамчунин, дар панҷ минтақаи озоди иқтисодии Тоҷикистон барои фаъолияти сармоягузориву соҳибкорӣ шароити мусоид пешбинӣ гардидааст.

Ширкатҳои эронӣ метавонанд аз имконоти ин минтақаҳо бо ҳадафи рушди фаъолияташон дар Тоҷикистон истифода намоянд.

Дар Тоҷикистон имрӯз фазои муносиби иқтисодӣ барои сармоягузорон фароҳам оварда шудааст ва бо истифода аз фурсат ҳамаи Шуморо барои ҳамкориҳои созанда ва роҳандозии тарҳу барномаҳои нав даъват менамоям.

Ҳадафи умумии мо бояд таҳкими шарикии боэътимод ба хотири таъмини рифоҳу фардои шоистаи кишварҳо ва мардумонамон бошад, ки аз муштаракоти забонӣ ва таърихиву фарҳангӣ бархурдоранд.

Итминон дорам, ки натиҷаҳои нишасти имрӯза ба таҳкиму густариши минбаъдаи ҷанбаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва гардишгарии ҳамкориҳои ду кишвари дӯсту бародар мусоидати муассир хоҳад кард.

Бо истифода аз фурсат, ба ҳамаи Шумо, меҳмонони арҷманд, муколамаи созанда ва иқомати бофароғатро дар Тоҷикистон орзу дорам.