Садои мардум - нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон » Сиёсат ва ҳуқуқ

Баррасии масъалаи ҳамгироии кишварҳои Осиёи Марказӣ
1-уми майи соли 2025 бо ибтикори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Ҳамгироии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар пасманзари дигаргуниҳои муосири ҷаҳонӣ, ҳолат ва дурнамо»   конфронси илмӣ  баргузор гардид, ки дар он Андре Алгермиссен, намояндаи минтақавии Бунёди Конрад Аденауэр доир ба Осиёи Марказӣ, мутахассисони марказҳои таҳлилӣ ва институтҳои илмию тадқиқотии кишварҳои Осиёи Марказӣ, Жавлон Вахабов, директори Донишкадаи байналмилалии Осиёи Марказӣ, Акрамжон Неъматов, муовини якуми директори Институти тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, коршиносони хориҷию ватанӣ иштирок ва суханронӣ карданд.

Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода инчунин, иброз намуд, ки ҳадафи баргузории ҳамоишро муҳокимаи ҳолат ва дурнамои рушд ва таҳкими робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи байни кишварҳои минтақа, масъалаҳои минтақавӣ ва стратегияҳои ҳалли муштараки онҳо, пешгирии таъсири мушкилоти эҳтимолӣ ба амният ва иқтисоди минтақавӣ, баррасии ҷараёни татбиқи санадҳо ва созишномаҳое, ки дар доираи вохӯриҳои машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба имзо расидаанд, инчунин, рақамикунонии иқтисодиёт ва ташаккули иқтисоди «сабз», таҳкими иқтидори содиротии кишварҳои минтақа, муборизаи муштарак бо хатарҳо ва тағйироти иқлимӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ арзёбӣ намуд.

Конфронс аз се бахш иборат буд, ки дар онҳо нақши вохӯриҳои машваратии сарони давлатҳо дар ҷараёни равандҳои ҳамгироӣ дар Осиёи Марказӣ таъмини амнияти минтақавӣ дар партави тағйироти байналмилалӣ ва пайдоиши чолишҳои нав, ҳолат ва дурнамои рушди иқтисоди «сабз» дар фазои Осиёи Марказӣ баррасӣ гардиданд.

Н. МУРОДБЕКОВА,

«Садои мардум»

Тоҷикистону Эрон барномаи ҳамкории омӯзишӣ-таҳқиқотӣ ба имзо расонданд
22-юми апрели соли 2025 дар Кохи Сомони шаҳри Душанбе вохӯрии вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ва вазири кишвари (корҳои дохилии) Ҷумҳурии Исломии Эрон Искандар Муъминӣ баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои ҳамоҳангсозии мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо, терроризм ва экстремизм баррасӣ шуданд.

Ҳамзамон, иброз гардид, ки барои муборизаи муваффақона дар пешгирии ҷиноятҳо мубодилаи иттилооти оперативӣ, густариши ҳамкории мутақобили судманд дар соҳаи таълим ва гузаронидани машқҳои муштарак муҳим мебошад.

Дар охир байни вазоратҳои Тоҷикистон ва Эрон  «Барномаи амалии ҳамкории омӯзишӣ-таҳқиқотӣ барои солҳои 2025-2029» ба имзо расид.

Н. МУРОДБЕКОВА,

«Садои мардум»

Роҳнамои тақдирсоз
Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ, ҳамчун ҳуҷҷати беназир ва роҳнамои рушду такомули тамоми бахшҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ, дар ҳама самтҳо дурнамои рушди устувори кишвар равшан таҷассум гардидааст.

Президенти кишвар дар Паём соҳибкориро омили калидии рушди иқтисод номиданд. Зикр шуд, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ барои ҷалби сармоягузорони дохилӣ ва хориҷӣ, ҷорӣ намудани сабукиҳои андозӣ ва кам намудани монеаҳои маъмурӣ чораҳои нав андешида, таваҷҷуҳи махсус ба рушди соҳибкории хурду миёна ҳамчун воситаи асосии эҷоди ҷойҳои нави корӣ равона мегардад. Таъкид шуд, ки рушди иқтисодӣ бояд ба принсипҳои устуворӣ, худтаъминкунӣ ва рақобатпазирӣ асос ёбад.

Ҳамзамон, Пешвои миллат зарурати таҳкими иқтидорҳои дохилӣ, махсусан дар соҳаҳои саноат, энергетика ва кишоварзӣ, инчунин, густариши ҳамкориҳои байналмилалиро таъкид намуданд. Яъне, бо ташаббусу ибтикороти бевоситаи Пешвои миллат Тоҷикистони азизи мо ба яке аз марказҳои бузурги энергетикии минтақа табдил меёбад. Лоиҳаҳои бузурги гид­роэнергетикӣ, аз ҷумла НБО «Роғун», на танҳо талаботи дохилиро таъмин мекунанд, балки ба содироти неруи барқ ба кишварҳои ҳамсоя мусоидат менамоянд.

Яке аз омилҳои таҳкимбахш ва самарабори рушду равнақи ҷомеаи муосир фаъолияти назарраси бахши судӣ мебошад, ки дар ин замина таваҷҷуҳи Пешвои миллат бештар ба фаъолияти шаффофи судӣ нигаронида шудааст, зеро ин ҷанбаи фаъолияти судӣ яке аз марҳилаҳои ҳассос ва тақдирсоз ба ҳисоб меравад.

Тӯли солҳои охир барномаи муҳими ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ аз ҷониби Ҳукумат татбиқ шуд ва Сарвари муаззами давлат бори дигар таъкид намуданд, ки «тақвияти фаъолияти ҳокимияти судӣ яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатӣ мебошад, зеро фаъолияти суд бо инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ пайванди ногусастанӣ дорад ва бо мақсади таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ 5-уми январи соли 2015 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017» тасдиқ гардид. Татбиқи барномаи мазкур барои боз ҳам устувор шудани сохтори мақомоти судӣ ва пешрафту пурсамар гардидани фаъолияти онҳо, таҳкими ҳамкории мақомоти судӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳамчунин, ҷиҳати иҷрои санадҳои судӣ такони ҷиддӣ хоҳад бахшид».

Хушбахтона, ҳоло дар кишвар тавассути сиёсати одилонаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи сеюми таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ барои солҳои 2020 -2030 амалӣ шуда истодааст. Бояд гуфт, ки дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши калидӣ дорад. Муҳимияти ин нуктаро Президенти кишвар дар Паём аз 28-уми декабри соли 2023 чунин зикр карданд: «Масъалаи дигари муҳим, ки дар низоми ҳуқуқии кишвар нақши калидӣ дорад, таъмини волоияти қонун буда, он меҳвари фаъолияти мақомоти ҳокимияти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб меравад. Дастрасӣ ба адолати судӣ ва иттилоот оид ба фаъолияти судҳо, муҳокимаи ошкоро ва одилонаи судӣ ба таҳкими қонуният, пешгирӣ кардани содиршавии ҷиноят, эҳтиром ба қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мусоидат менамоянд».

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо эътимоду боварии комил ба кормандони соҳа чунин изҳор намуданд: «Итминон дорем, ки роҳбарият ва кормандони Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Шурои адлия ва Прокуратураи генералӣ бо дарки масъулияти баланди касбӣ ҷиҳати амалисозии адолати судӣ, таъмини волоияти қонун ва гузашта аз ин, дар роҳи ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд ва ташкилотҳо тамоми тадбирҳои заруриро меандешанд».

Ин боварию эътимод ҳисси ­масъулияти ҳар як корманди соҳаро боз ҳам бештар менамояд. Хурсандиовар он аст, ки бо саъю талоши бевоситаи Сарвари муаззами давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон сатҳи зиндагии сокинони ҷумҳурӣ сол ба сол хубтару беҳтар мешавад. Ҳамчунин, боиси нишоту ифтихор аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти таҳдиду хатарҳои афзояндаи ҷаҳониву минтақавӣ ва бо мақсади пайгирӣ намудани вазифаҳои муайяншуда дар тамоми бахшҳои хоҷагии халқи мамлакат мунтазам чораҳои судманду манфиатбахшро амалӣ менамояд.

5-уми декабри соли 2024 Президенти кишвар дар маросими ифтитоҳи бинои нави Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон таъкид доштанд, ки «Ҳокимияти судӣ яке аз рукнҳои муҳими давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии мо буда, нақшу мавқеи он дар пешрафти ҷомеа хеле муҳим аст. Дар ҳамин асос, соли 1995 барои рушду такмили фаъолияти мақомоти судӣ шаш қонуни конститутсионӣ қабул карда шуд. Қонунҳои зикршуда фаъолияти судҳои кишвар ва низоми судиро мукаммал гардониданд».

Мо, кормандону масъулини судҳо ва тамоми шаҳрвандони кишвари азизамон, набояд фаромӯш намоем, ки ҳар як дастуру супориши Президенти кишвар ҳидоятгару роҳнамои ҳақиқии миллат барои солҳои оянда мебошад ва Паём чун ҳуҷҷати тақдирсоз на танҳо самтҳои сиёсати давлатӣ, балки рушду тараққии худи Тоҷикистони мустақили моро муайян месозад. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки ҷиҳати рушди минбаъдаи ҷумҳурии азизамон ба меҳнати софдилонаю пурбаракат машғул гашта, бо фаъолияти содиқона ба нафъи Ватани азизамон хидмати шоистаю назаррас намоем.

Шодӣ НАЗАРЗОДА,

судяи суди ноҳияи Файзобод

Ташаббусҳое, ки ҷаҳонро бетараф нагузошт
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23-юми декабри соли 2010 дар ҳамоиши 11-уми Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ вобаста ба ҳифзи пиряхҳо чунин иброз доштанд: «Дар Тоҷикистон зиёда аз 14 ҳазор пиряхҳои хурду бузург мавҷуданд, ки наздики 60 фисади захираҳои оби дарёҳои минтақаи моро ташаккул медиҳанд. Вале дар тӯли даҳсолаҳои охир зиёда аз ҳазор пирях нест шудааст, ки ин тамоил басо хатарнок аст. Мо набояд ба нобудшавии пиряхҳо роҳ диҳем, зеро онҳо дар минтақаи бузург манбаи ҳаёт мебошанд».

Гармшавии иқлим ва обшавии пиряхҳо бо ҳам вобастагии зич доранд. Бори аввал моҳи августи соли 1981 олимони иқлимшинос дар бораи хатари гармшавии иқлим бонги изтироб зада буданд. Дар он айём олимон сабаби асосии гармшавии глобалии сайёраро дар афзоиши газҳои гулхонаӣ (парникӣ) дар атмосфера медонистанд. Баъдтар омилҳои дигар, аз қабили тӯфони электромагнитӣ, ифлосшавии сатҳи манбаъҳои об, афзоиши масоҳати хатҳои баландшиддати барқ низ, ба ин фарзия илова гардиданд.

Сабаби дигари босуръат обшавии пир­яхҳо афзудани хокбориш (шамоли серчангу ғубор) мебошад. Солҳои охир дар фаслҳои тобистону тирамоҳ бинобар камборонӣ зуд-зуд хокбориш ба назар мерасад. Шамол омехтаи чангу ғубори намакинро аз майдони хушкшудаи баҳри Арал ба масофаи 800-1000 километр мебарад. Таҳшиншавии чангу ғубор дар болои пиряхҳо боиси ифлосшавӣ ва боз ҳам тезтар обшавии онҳо мегардад.

Мувофиқи ҳисоби муҳаққиқон, тайи 200 соли охир дар натиҷаи афзоиши истифодаи сӯзишвориҳои карбондор (нефт, газ, ангиштсанг) ва буридани дарахтзор ҳаҷми оксиди карбон дар атмосфера 30 фоиз боло рафтааст.

Яке аз роҳҳои кам кардани газҳои парникӣ зиёд кардани масоҳати дарахтзор аст. Номзади илмҳои кишоварзӣ Шамсиддин Солиев мегӯяд, ки як дарахт соле ба ҳисоби миёна 6 кило гази карбонатро фурӯ мебарад. Ин дар 40 сол қариб ба 250 кило мерасад. Мувофиқи ҳисоби олимони соҳаи биология, як гектар ҷангали кӯҳсор соле то 40 тонна оксиген ихроҷ намуда 4,6-6,5 тонна гази карбонатро фурӯ мебарад.

Тибқи маълумоти Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1930 қариб 23 дарсади ҳудуди кишварамонро ҷангалзор ташкил медод. Ҳоло ин рақам ҳамагӣ 3 дарсадро ташкил медиҳад. Солҳои охир бун­ёди ҷангалзори нав ва корҳои барқароркунии ҷангал дар ҷумҳурӣ вусъат ёфта истодааст. Аз рӯи маълумоти оморӣ масоҳати пистазор дар кишварамон ба 78000 гектар, чормағззор — 10 000, саксавулзор — 12 000, арчаи кӯҳистонӣ — 150000, теракзор — 11 ҳазор ва дигар дарахту буттазор ба 250000 гектар мерасад.

Соли 1991 масоҳати боғу токзор дар мамлакат 118000 гектарро ташкил медод. Ин рақам соли 2024 ба 205 141,1 гектар расид, ки 39 838,7 гектари онро токзор ташкил медиҳад.

Тозашавии фазои кишвар аз чангу ғубор ва гази карбонат то андозае обшавии босуръати пиряхҳоро пешгирӣ хоҳад кард. Бо ин мақсад дар мамлакат «Барномаи миллии «кишвари сабз»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» ва «Барномаи давлатии сабзкории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» қабул гардидааст. Вобаста ба ин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи пленарии Конфронси 28-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим, ки якуми декабри соли 2023 дар Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор гардид, чунин таъкид намуданд: «Бо мақсади паст кардани таъсири манфии тағйирёбии иқлим ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим барои давраи то соли 2030»-ро татбиқ менамояд. Ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои ин стратегия, инчунин, кумаки молиявии ҷомеаи байналмилалӣ, аз ҷумла барои баланд бардош­тани иқтидор ва интиқоли «технологияҳои сабз», зарур мебошад».

Дар боби якуми стратегияи мазкур, ки «Тағйирёбии иқлим ва таҳдидҳои он барои Тоҷикистон» ном дорад, чунин омадааст: «Обшавии идомадор ва коҳиш ёфтани пир­яхҳо, ки ба тағйирёбии иқлим алоқаманд аст, барои Тоҷикистон боиси нигаронӣ аст, зеро пиряхҳо ва захираҳои барф дар Тоҷикистон манбаи асосии оби ирригатсионӣ (обёрӣ) мебошанд. Тахминан 30 дарсади қабати пиряхҳо аз соли 1930 талаф ёфта, айни замон суръати обшавии онҳо талафи 0,5-0,8 дарсади андозаи солонаро ташкил медиҳад. Бузургтарин пиряхи Тоҷикис­тон пиряхи Федченко мебошад, ки ба масофаи 1 км кӯтоҳ шуда, аз ибтидои асри ХХ қариб 5 км яхро талаф додааст. Пиряхҳои начандон калон дар сатҳи поён аз тағйирёбии иқлим бештар таъсир меёбанд ва бо суръати бесобиқа об шуда истодаанд. Масалан, дар Деҳқондара пир­яхе ба масоҳати сатҳаш камтар аз 1 километри мураббаъ, ки дар болооби рӯди Қаратоғ воқеъ мебошад, пурра об шуд. Пиряхи Зарафшон ба 10 дарсади давраи солҳои 1927- 2010 коҳиш ёфта, ба 2,5 км кӯтоҳ шудааст».

Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистонро дар Осиёи Марказӣ яке аз кишварҳои ба тағйирёбии иқлим хеле осебпазир баҳо додааст. Тибқи баҳодиҳии индекси мутобиқшавии глобалӣ, ки аз ҷониби Донишгоҳи Нотр-Дам арзёбӣ шудааст, Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни 185 кишвар ҷойи 111-умро ишғол мекунад.

Мувофиқи дурнамои тағйирёбии ҳарорати ҳаво минтақаҳои пиряхҳо дар муқоиса бо сатҳи кунунӣ 15-20 дарсад коҳиш меёбанд. Дар ин ҳангом, мувофиқи пешгӯиҳое, ки ба суръати кунунии обшавии пиряхҳо асос меёбанд, аксарияти пиряхҳои хурд дар Тоҷикистон давоми 30-40 сол пурра нест мегарданд. Коҳишёбии минтақаҳои пиряхҳо ба захираҳои оби тоза дар дарёҳои Зарафшон, Кофарниҳон, Қаратоғ ва Обихингоб таъсири назаррас хоҳад гузошт.

Ҳар сол офатҳои табиӣ ба иқтисодиёти мамлакат садҳо миллион доллар зарар расонида, дар бисёр мавридҳо талафоти ҷониро низ ба бор меоранд. Тағйирёбии иқлим боиси обшавии босуръати пиярхҳо, коҳиши ҳаҷми оби дарёҳо гардида, ба бахшҳои асосии иқтисоди миллӣ, аз қабили энергетика, кишоварзӣ ва саноат, таъсири манфӣ мерасонад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон дар Саммити «Гурӯҳи 77 ва Чин» дар доираи Конфронси 28-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (COP- 28) дар хусуси чораҳои кам кардани партовҳои гулхонаӣ сухан ронда, аз ҷумла чунин иброз намуданд: «Яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии Тоҷикистон ва соҳаҳои ояндадори он, бо назардошти хусусиятҳои ҷуғрофӣ, захираҳои табиӣ ва дигар имкониятҳои мавҷуда, афзоиши истеҳсоли «энергияи сабз» мебошад. Бунёди иншооти энергетикӣ, бахусус неругоҳҳои барқи обӣ, офтобӣ ва бодӣ, аз қабили иқдомоти муфид дар ин самт ба ҳисоб мераванд. Иқтидори Тоҷикистон дар самти истеҳсоли энергия аз манбаъҳои барқароршаванда хеле васеъ мебошад».

Ҳар сол дар ҷаҳон бо мақсади истеҳсоли неруи барқ дар неругоҳҳои ҳароратӣ ва сӯзишвории нақлиёт миллионҳо тонна маҳсулоти нефтӣ сарф мешавад, ки ихроҷи газҳои парникиро бештар мекунад. Коршиносон бо мақсади пешгирии партоби газҳои парникӣ истифода аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия (об, офтоб, шамол, биогаз, биоэтанол, неруи обҳои гарм) ва гузаштан ба нақлиёти барқиро тавсия медиҳанд. Тавре вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фазлиддин Икромӣ иброз намуд, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миёни кишварҳои ИДМ аз ҷиҳати истеҳсоли неруи барқи тоза ҷои якум ва дар ҷаҳон ҷои шашумро ишғол мекунад. Дар кишвари мо қариб 98 дарсади неруи барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад. Илова бар ин, сол ба сол дар мамлакат таваҷҷуҳ ба дигар манбаъҳои барқароршавандаи энергия, мисли энергияи офтоб ва шамол низ, зиёд шуда истодааст. Мувофиқи ҳисоботи коршиносони Бунёди байналмилалии табиат (WWF) то соли 2050 кишварҳои ҷаҳон пурра ба энергияи барқароршаванда рӯ меоранд.

Боиси ифтихор аст, ки дар пойтахти мамлакат бо ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ нақлиёти мусофиркаш давра ба давра ба нақлиёти барқӣ гузашта истодаанд. Ҳоло дар кӯчаҳои пойтахт ғайр аз электромобил, инчунин, электробус ва микроэлектробусҳо низ дар ҳаракатанд. Дар назар аст, ки то моҳи сентябри соли равон тамоми таксиҳо дар шаҳри Душанбе аз ҳисоби электромобил хоҳанд шуд.

Дар ҳифзи пиярхҳо ва пешгирӣ аз оқибатҳои ногувори тағйирёбии иқлим ҳар яки мо метавонем ҳисса гузорем. Сарфаю сариштакорӣ дар истифодаи об, пешгирии ифлосшавии манбаъҳои об, шинондани ниҳоли дарахтон ва зиёд кардани майдони гулу рустаниҳо, ҳифзи арчазор, истифодаи самараноки энергияи офтобу шамол, кишоварзии органикӣ, кам кардани партовҳои пластикӣ ва ғайра аз ҷумлаи иқдомҳои экологие мебошанд, ки дар самти пешгирии оқибатҳои номатлуби тағйирёбии иқлим самара хоҳанд дод.

Маҷмаи умумии СММ 14-уми декабри соли 2022 зимни Иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиярхҳо»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, якдилона қабул кард. Дар асоси он пешниҳодҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон эълон гардидани 21-уми март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, дар назди СММ таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо ва дар соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе бо иттифоқи оро аз ҷониби кишварҳои узви СММ дастгирӣ ёфтанд. Ин ҷонибдорӣ бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми он барои ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ эътимоди комил дорад.

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум»

Омили иттиҳоду некуаҳволӣ
Ҳамасола чун анъана сокинони мамлакат паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»-ро бесаброна интизор мешаванд ва онро ҳамчун роҳнамо ва барномаи комил барои фаъолияти минбаъдаи хеш мавриди корбурд қарор медиҳанд, зеро дар паёмҳои Президенти мамлакат тамоми соҳаҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, дурнамои сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ барои солҳои минбаъда муайян мегардад.

Аз ҷумла, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ иброз доштанд, ки «Конститутсия ҳамчун санади тақдирсози давлати тоҷикон заминаи ҳуқуқии давлатдории мустақил, соҳибихтиёрии миллӣ ва рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи кишварро фароҳам овардааст». Ин нукта аз он шаҳодат медиҳад, ки волоияти қонун, риояи меъёрҳои Конститутсия дар давлати ҷавону соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар мадди аввал қарор дошта, таваҷҷуҳ ба ин масъала хос ва доимист.

Тӯли таърих собит шудааст, ки маҳз ҷомеаи адолатпарвар устувор боқӣ монда, бемайлон рушд менамояд. Муҳаққиқон ба он назаранд, ки шакли аз ҳама самараноки давлатдорӣ соҳибихтиёрӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонагии он маҳсуб меёбад. Дар ин робита Президенти кишвар таъкид намуданд: «Моро зарур аст, ки дар заминаи амалисозии ҳадафҳои миллиамон, пеш аз ҳама, амнияти миллӣ ва рушди устувори иқтисодиро таъмин намоем ва сатҳу сифати зиндагии мардумро боз ҳам баланд бардорем».

Боиси ифтихори тоҷикистониён аст, ки баҳри тадриҷан беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагӣ паёмҳои Роҳбари давлат нақши муҳим гузошта истодаанд.

Ба ибораи дигар, Паём кӯшиши фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ, таъмини сулҳу субот, ободонию гулгулшукуфии кишвари азизамон – Тоҷикистонро таҳкиму суръат мебахшад.

Яке аз ҳадафҳои созанда ва афзалиятноки Ҳукумати мамлакат низ баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон ба шумор меравад. Бо ин мақсад дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр шуд, ки дар панҷ соли охир маоши вазифавии кормандони соҳаҳои буҷетӣ чор маротиба (солҳои 2020, 2022, 2023, 2024) ва дар маҷмуъ, ба андозаи 100 фоиз зиёд карда шуд. Инчунин, бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки аз 1-уми сентябри соли 2025 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабию таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30 фоиз ва маоши вазифавии кормандони соҳаҳои фарҳанг, маорифу илм, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шавад. Ин тадбирандешиҳои судманди Президенти мамлакат аз он дарак медиҳад, ки рӯз ба рӯз сатҳу сифати зиндагии мардум беҳтар гардида, барои зиндагии шоиста шароити мусоид фароҳам мешавад.

Дар баробари ин, арҷгузорӣ ба ҳифзи арзишҳои миллӣ, амнияту оромӣ ва ваҳдати комил дар кишвар яке аз ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумати мамлакат ба шумор рафта, моро мебояд ҳамчун гавҳараки чашм онҳоро ҳифз намоем. Моро лозим аст, ки баҳри таъмини суботу амният ва ҳифзи якпорчагии мамлакат беш аз пеш фаъолу ҷонфидо бошем.

Дилшод ҚОДИРЗОДА,

ёрдамчии калони прокурори ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, мушовири адлияи дараҷаи 3

Иқдоми таърихӣ
Истиқболи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз имзои Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатӣ

Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон, ки 12-13-уми марти соли 2025 анҷом дода шуд, ҳамаи самтҳои ҳамкорӣ бо ин кишвари ҳамсояро ба марҳилаи нав ворид кард. Натиҷаи сафари давлатии мазкур ва таъсири он ба манфиати халқҳои ҳар ду кишвар он қадар сареъ буд, ки шаҳрвандони ҳар ду давлати ҳамсояро болидаруҳ намуд. Аз ҷумла, маросими бозкушоии ду гузаргоҳ дар сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров дар он маҷозӣ иштирок намуданд, шабеҳи як ид буд. Мувофиқи амри сарони ду давлат рафтуомади нақлиёти заминӣ ва ҳавоӣ барқарор гардид. 14-уми марти соли равон Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар хатсайри мустақими ҳавоӣ дар самти Душанбе-Бишкек-Душанбе парвози нахустинро анҷом дод.

Ҳодисаи фараҳбахши асосӣ, ки зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон ба вуқӯъ пайваст, имзои Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатӣ буд. Имзои шартномаи мазкур ба истиқболи густурдаи шаҳрвандони ҳар ду давлат ва роҳбарони созмонҳои бонуфузи ҷаҳониву минтақавӣ ва давлатҳои хориҷи дуру наздик рӯ ба рӯ шуд. Аз ҷумла, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш аз имзои Шартнома дар бораи сарҳади давлатӣ аз ҷониби президентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон самимона истиқбол намуда, ба ҳамкории устувори созанда байни ду давлат барои таҳкими эътимоди мутақобил, муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва ояндаи осоиштаи мардумони онҳо ва тамоми минтақа изҳори умед кард.

Дабири кулли Иттиҳоди Давлатҳои Мус­тақил Сергей Лебедев Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шурои сарони давлатҳои ИДМ муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаровро бо имзои Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатӣ самимона табрик гуфта, изҳори боварӣ намудааст, ки татбиқи амалии муқаррароти шартнома ба таҳкими муносибатҳои некуҳамсоягии Тоҷикистону Қирғизистон дар асоси эҳтироми тарафайн, эътимод ва баробарҳуқуқӣ мусоидат хоҳад кард.

Ба андешаи Сергей Лебедев, баимзорасии шартнома заминаи зарурии рушди минбаъдаи ҳамкории дуҷонибаи бис­ёрҷанба буда, ба манфиатҳои аслии ҳар ду кишвар, инчунин, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, дар маҷмуъ, ҷавобгӯ мебошад.

Созмони ҳамкории Шанхай низ ба имзо расидани Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизис­тон дар бораи сарҳади давлатиро, ки таҷассумгари иродаи неки тарафҳо оид ба ҳалли масъалаҳо бо роҳи осоишта дар руҳияи машваратҳои баробар, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтиром мебошад, истиқбол намудааст. «Давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай аҳамияти хосаи шартномаи имзошударо таъкид намуда, онро саҳми арзанда дар пойдории сулҳ, таъмини амният ва субот дар фазои Созмони ҳамкории Шанхай арзёбӣ менамоянд», — гуфта шудааст дар ­баёнияи котиботи Созмони ҳамкории Шанхай.

Котиботи Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ аз имзои Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатӣ истиқбол намуда, таъкид кардааст, ки бо шарофати талошҳои пайваста ва иродаи сиёсии сарони ду давлат имкон пайдо шуд, ки оид ба гузариши хати сарҳади давлатӣ дар тамоми дарозии қариб ҳазоркилометрии он созиш ҳосил шавад.

Иттиҳоди Аврупо имзои Шартнома байни Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба сарҳади давлатиро лаҳзаи муҳим ва қадами бузург ба пеш шуморидааст.

Котиботи генералии Созмони ҳамкории исломӣ низ баимзорасии Шартнома оид ба демаркатсияи сарҳад байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистонро самимона истиқбол кардааст. Дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ Ҳусайн Иброҳим Тоҳо ҳар ду мамлакатро бо ин дастоварди таърихӣ таб­рик гуфта изҳор доштааст, ки ин иқдом саҳифаи ихтилофоти чандинсолаи байни ду кишварро мебандад, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамоҳангии байни онҳоро барқарор мекунад, эътимоди тарафайнро тақвият медиҳад ва ба ҳамкорӣ ва муносибатҳои неки ҳамсоягии ду кишвари бародар такони нав мебахшад.

Федератсияи Россия бо истиқбол аз Шартнома байни Тоҷикистон ва Қирғизис­тон дар бораи сарҳади давлатӣ изҳорот пахш кардааст, ки дар он гуфта мешавад: «Баимзорасии ин санади муҳим бо шарофати иродаи сиёсии роҳбарони ҳар ду давлат ва заҳмати тӯлонии ҳайатҳои ҳукуматӣ дар масъалаи таъин ва аломатгузории марз имконпазир гардид… Шубҳае нест, ки татбиқи шартнома ба таҳкими суботу амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ мусоидат намуда, муносибатҳо байни иттифоқчиён ва шарикони стратегии Россия – Тоҷикистон ва Қирғизистон ба сатҳи сифатан нав мебароянд».

Ҷумҳурии Мардумии Чин Тоҷикистону Қирғизистонро ба муносибати имзои Шартнома дар бораи сарҳади давлатӣ табрик гуфта, ба нақши калидии роҳбарони ду кишвар дар ҳалли мусолиматомези масъалаи сарҳад тавассути музокирот баҳои баланд медиҳад. «Он ба сулҳ, субот, рушд ва шукуфоӣ дар минтақа мусоидат мекунад», — таъкид кардааст намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Мао Нин.

Ҷумҳурии Исломии Эрон Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба сарҳади давлатиро истиқбол намудааст. Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон Исмоил Бақоӣ таъкид намудааст, ки шартнома самаранокии дипломатияро дар ҳалли баҳсҳои байни кишварҳо ҳангоми риоя ва ҳимояи манфиатҳо ва шаъну шарафи тарафайн нишон медиҳад.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистонро дар мавриди имзои санади таърихӣ – Шартнома дар бораи сарҳади давлатӣ оид ба муайян ва аломатгузории тамоми хати марзи ду кишвар табрик кардааст. Сухангӯи Департаменти давлатии ИМА Тэмми Брюс изҳор намудааст, ки «Ин дастовард нишондиҳандаи тааҳҳуди ду давлат барои дипломатия ва суботи минтақавӣ мебошад».

Фаронса  низ имзои созишномаи ниҳоӣ дар бораи аломатгузории марзи байни Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро истиқбол намудааст. «Ин шартнома, ки раванди тӯлониро ба анҷом расонд, як нишонаи муҳим барои сулҳу  субот ва идомаи ҳамкории минтақавии панҷ кишвари Осиёи Марказӣ мебошад. Кушодани сарҳадҳо ин қадами муҳим дар роҳи таҳкими мубодилаи мардум ва иқтисодӣ мебошад», — таъкид гардидааст дар изҳороти ин кишвар.

Амороти Муттаҳидаи Араб аз тавофуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар мавриди таъини марз байни ду давлат  истиқбол карда, пуштибонии худро аз саъю талошҳо баҳри таъмини сулҳу шукуфоӣ таъкид намудааст. Вазорати корҳои хориҷии Амороти Муттаҳидаи Араб дар баёнияи худ изҳори умед намудааст, ки ин иқдом ба таҳкими пойдорӣ, ҳамкории созанда, инчунин, рушд ва сулҳу субот дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ ба манфиати ду мамлакати дӯст ва мардумони онҳо мусоидат намуда, барои манофеи муштарак хидмат хоҳад кард.

Давлати Қатар низ имзои Шартнома байни Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба сарҳади давлатиро дар таҳкими амнияту субот муҳим дониста, азми ҳар ду мамлакат  ва талошҳои онҳоро барои ҳалли масъалаҳо тавассути муколама баланд арзёбӣ намудааст.

Шоҳигарии Арабистони Саудӣ созишномаи демаркатсияи сарҳадӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистонро истиқбол намудааст. «Подшоҳӣ ҳукуматҳо ва халқҳои Тоҷикистону Қирғизистонро бо имзои созишнома самимона табрик гуфта, ба ду давлат ва халқҳои бародар суботу шукуфоии минбаъда таманно дорад», — омадааст дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ.

Ҳамин тариқ, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҷумҳурии Туркия, Шоҳигарии Баҳрайн ва Давлати Кувайт низ имзои Шартнома байни Тоҷикистон ва Қирғизис­тон оид ба сарҳади давлатиро истиқбол намудаанд. Давлатҳо аз ин иқдом, ки ба тақвияти муносибатҳо байни ду давлат нигаронида шудааст, ситоиш ва умедворӣ кардаанд, ки ин тавофуқ ба пойдории сулҳу субот ва пешрафти мардумони Тоҷикистону Қирғизистони дӯст мусоидат хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, ки 13 март зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қирғизистон сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров зери Изҳороти муштарак доир ба таҳкими минбаъдаи риштаҳои дӯстӣ ва некуҳамсоягӣ ва Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатӣ имзо гузоштанд, ки ин иқдоми наҷиб на танҳо аз ҷониби шаҳрвандони ҳар ду давлат, балки аз тарафи кишварҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ гарму самимӣ истиқбол шуд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»

Намунаи беназир
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон дар равобити ду кишвар рӯйдоди таърихӣ ба ҳисоб рафта, саҳифаи нави ҳамкориҳои фарогир ва мутақобалан судмандро ифтитоҳ намуд, ки он бо ҳарф­ҳои заррин дар таърихи ҳамкориҳои ду кишвар навишта мешавад.

Ин сафар бозкушои дарвозаи ҳамкорӣ ва дӯстӣ миёни ду кишвар ба ҳисоб рафта, самараи он ба имзо расидани 16 санади ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун ҷиҳати ҳалли масоили байнидавлатӣ, аз ҷумла шартномаи таърихӣ оид ба сарҳади давлатӣ, миёни ду кишвари ҳамсоя ба ҳисоб меравад.

Бояд махсус зикр намоем, ки дар раванди ин сафар миёни президентҳои ду кишвар изҳороти муштарак оид ба таҳкими минбаъдаи риштаҳои дӯстӣ ва некуҳамсоягӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ба имзо расид.

Бо роҳи сулҳомез ва пурра ҳал намудани масоили сарҳади давлатӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон натиҷаи талошҳои бисёрсолаи ҷонибҳо ба шумор рафта, ниҳоят дар рафти сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаллу фасл гардид.

Сафари давлатии Пешвои миллат қуфлкушои ҳама дарҳои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон буда, ба таҳкими беш аз пеши робитаҳои дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ байни ду кишвар, инчунин, тавсеаи ҳамгироии минбаъда дар минтақа низ суръати тоза мебахшад.

Аз ин рӯ, сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон ва ҳалли масоили фарогири байнидавлатиро метавон ҳамчун дастоварди бузурги сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии бунёдгузори он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2025 арзёбӣ намуд.

Маҳз дар раванди ин сафар ва баъди он ҷонибҳо ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд, аз ҷумла:

1. Масъалаи сарҳади давлатӣ пурра ҳалли худро ёфт;

2. Фаъолияти гузаргоҳҳои сарҳадӣ барқарор шуд;

3. Хатсайри мустақими парвоз миёни кишварҳо роҳандозӣ гардид;

4.Сафари мутақобилаи шаҳрвандони ду кишвар ба роҳ монда шуд;

5. Гардиши молу маҳсулот ва рафтуомади одамон зиёд мегардад, ки ба тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ мусоидат менамояд;

6. Рушди ҳамлу нақли транзитии мултимодалӣ ва байнимодалӣ байни ду кишвар имконпазир мешавад;

7. Лоиҳаи интиқол ва савдои неруи барқи Осиёи Марказӣ – Осиёи Ҷанубӣ – 1000 (CASA-1000) ҳар чӣ зудтар амалӣ мешавад;

8. Ҳамкориҳои илмию фарҳангӣ, гуманитарӣ, сиёсию амниятӣ ва дигар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн тавсеа меёбанд.

Ҳалли мушкилоти сарҳадӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистонро метавон ҳамчун рамзи эътимод ва ­дӯстии тарафайн арзёбӣ намуд, ки як қадами муҳим дар самти ҳамгироии минтақавӣ ва амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Президентҳои ду кишвар изҳор намуданд, ки сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон минбаъд сарҳади дӯстии абадии ду кишвар ва ду халқи бародар боқӣ мемонад.

Бояд гуфт, ки ҷониби Тоҷикистон ва Қирғизистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ намунаи олии ҳамкорӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамзистӣ, осоиштагӣ ва ҳамсоягии некро нишон дода, музокиротро ҳамчун роҳи ҳалли низоъ ва мушкилоти сарҳадӣ сармашқи кори худ қарор доданд ва дар як муддати аз нигоҳи таърихӣ хеле кӯтоҳ тавонистанд ҳама мушкилоти ҷойдоштаро ҳал намоянд.

Дар фазои номуайянии низоми муносибатҳои байналмилалӣ, набудани эътимод ва ҳамдигарфаҳмӣ миёни бозингарони ҷаҳонӣ, инчунин, дар шароите, ки низоъҳои фаъол дар нуқтаҳои ҷаҳон идома доранд, Тоҷикистон ва Қирғизистон намунаи беназири ҳамкории байнидавлатиро ба маъраз гузоштанд, ки иштирокчиёни дигари равобити байналмилалӣ метавонанд онро ҳамчун намунаи камназир дар таҷриба ва амалияи сиёсати хориҷии худ истифода намоянд.

Дар шароити ноором ва пуртаззоди ҷаҳонӣ бо роҳи сулҳомез танзим гардидани масоили сарҳадӣ миёни ду кишвар барои рушди давлатдории миллии Тоҷикистон дастоварди стратегӣ ба ҳисоб меравад. Таҳлили ин раванди мусбат дар сиёсати хориҷии ду кишвар нишон медиҳад, ки ҷонибҳо зимни ҳалли масоили сарҳадӣ баҳри дарёфти сулҳу субот, ҳамзис­тии осоишта миёни кишварҳо ва тавсеаи ҳамкориҳои фарогири дуҷониба ва бисёрҷониба, ҳамдигарфаҳмӣ, ҳусни тафоҳум ва ба назар гирифтани манфиатҳои тарафҳоро мадди назар қарор доданд, ки омили асосии ноил гардидан ба ин дастовард маҳсуб мешавад. Маҳз технологияи пешбурди гуфтушуниди ҷониби Тоҷикистону Қирғизис­тон буд, ки тарафҳо ба чунин дастовард ноил гарданд ва ҳузури миёнаравии ҷониби сеюмро зарур нашумориданд. Тавре маълум аст, ки баъзан раванди гуфтушунид дар сатҳи байналмилалӣ ба он оварда мерасонад, ки миёнаравҳо низ манфиатҳои худро дунбол менамоянд ва дар ин ҳолат гуфтушунид метавонад ба бунбаст ворид гардад ё кашол ёбад. Дар таърихи муносибатҳои байналмилалӣ чунин ҳолатҳо хеле зиёданд.

Дар як муддати кӯтоҳ муътадил гардидани равобити Тоҷикистон бо Қирғизистон ва ба даст овардани чунин дастоварди корӣ маҳз аз иродаи сиёсии роҳбарияти олии ду кишвар ва касбияти баланди дипломатияи ҷонибҳо шаҳодат медиҳад.

Бо итминон метавон гуфт, ки мардуми ду кишвар аз сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон бениҳоят шоданд ва дурнамои ҳамкориҳои минбаъдаи дуҷониба ва бисёрҷонибаро, ки ба манфиати кишварҳо ва халқҳои мо мусоидат мекунад, нек арзёбӣ ­менамоянд.

Парвиз МУҲАММАДЗОДА,

доктори илмҳои сиёсӣ, профессор

Шомилшавии ҷавонон пешгирӣ мешавад, агар…
Дар ҷаҳони муосир терроризм ва экстремизм ба проблемаи умумибашарӣ табдил ёфта, инкишофи муътадили давлатҳо ва амнияти онҳоро халалдор месозад. Ҷаҳонишавии ин зуҳуроти номатлуб Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро водор намудааст, ки баҳри пешгирӣ ва мубориза бо терроризм ва экстремизм як қатор санадҳои ҳуқуқиро қабул намояд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 13-уми марти соли 2018 дар мулоқот бо кормандони прокуратура зикр карданд, ки «Экстремизм ва терроризм аз ҷумлаи хатарҳои торафт вусъатёбандаи ҷаҳони муосир буда, мубориза бар зидди онҳо ҳамеша дар сархати вазифаҳои муҳимтарини мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ қарор дорад».

Дар ин раванд, аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» таҳия гардида, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2016 қабул шуда, дар панҷ соли охир дар доираи амалисозии стратегияи мазкур чунин корҳо ба анҷом расиданд:

- ҳамкорӣ байни шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, иштироки фаъоли мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии шаҳраку деҳот дар пешгирии экстремизм ва терроризм таъмин шуда, заминаҳои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин самт ташаккул ёфт;

- фаъолият доир ба пешгирии экстремизм беҳтар шуда, дар байни аҳолӣ чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ роҳандозӣ ва як силсила маводи иттилоотию роҳнамоикунанда ба табъ расид;

- сабабу омилҳои ба тундгароӣ ва экстремизм мусоидаткунанда аз ҷониби ниҳодҳои миллӣ ва созмонҳои байналмилалӣ мавриди тадқиқ қарор гирифт;

- нақши соҳаи маориф дар пешгирии тундггароӣ баланд бардошта шуда, ба барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва олии касбӣ фанҳои ба омӯзиши таърихи дин, омилҳо ва механизмҳои ба миён омадани низоъҳои мазҳабӣ ва сиёсӣ равонашуда, инчунин, курсҳои махсус оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм ворид гардид;

- дар воситаҳои ахбори омма нашри пайвастаи мавод доир ба экстремизм ва терроризм ва хатари онҳо ба амнияти миллии кишвар ба роҳ монда шуд;

- дар сохтори Прокуратураи генералӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ воҳидҳои мубориза бо ҷиноятҳои алоқаманд бо истифодаи технология­ҳои иттиллотӣ-телекоммуникатсионӣ таъсис ёфт;

- баҳри пешгирии паҳншавии ғояҳои экстремистӣ дар муассисаҳои ислоҳӣ иқтидори воҳидҳои тарбиявӣ ва методӣ-пешигирикунандаи ин муассисаҳо пурзӯр ва баланд карда шуд;

- ба қонунгузории ҷиноятӣ як қатор тағйиру иловаҳое ворид шуданд, ки ба ҷиноят эътирофкунии (криминализатсияи) кирдорҳои нав ва пурзӯр намудани ҷавобгарӣ барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистию террористидошта равона гардидаанд;

- дар раванди тақвияти заминаҳои ниҳодии мубориза бо экстремизм ва терроризм дар сохтори Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон раёсати муқовимат ба терроризм ва экстремизм таъсис ёфта, ситоди байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти хадамоти оперативӣ ва воҳидҳои тафтишотӣ, инчунин, ошкор ва тафтиш намудани ҷиноятҳои марбут ба ҷалбкунии шаҳрвандон ба сафи ташкилотҳои террористӣ созмон дода шуд;

- дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат аз минтақаҳои ҷангзадаи кишварҳои Сурияву Ироқ зиёда аз 300 шаҳрванди Тоҷикистон, инчунин, 84 кӯдаки ноболиғ баргардонида шуда, ҷиҳати таъминоти моддию равоншиносӣ ва ба ҳаёти муқаррарӣ баргардонидани онҳо чораҳо андешида шуданд. Шаҳрвандоне, ки ихтиёран аз иштирок дар низоъҳои ҳарбӣ дар ҳудуди дигар кишварҳо даст кашида, ба Ватан баргаштанд, инчунин, шаҳрвандоне, ки ихтиёран аз иштирок дар ташкилотҳои экстремистию террористии фаъолияташон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори суд манъшуда даст кашидаанд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод гардиданд.

Дар баробари ин, аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 январи соли 2021 зикр гардиданд, лоиҳаи нави «­Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» таҳия шуда, ҳоло мавриди амал қарор дорад.

Дар паёмҳои ҳарсолаи Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо таъкид мегардад, ки ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва садоқати ҷавонони мо ба Ватан, миллат ва обу хоки сарзамини аҷдодӣ гарави амнияту осоиши ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Дар ин сурат шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ пешгирӣ мегардад.

М.А. ЗИЁЗОДА,

прокурори раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири адлияи дараҷаи 2

Қаҳрамонӣ дар марзи номус
Рустам ва Исфандиёр аз чакалакзори соҳили дарё гузашта, бо пайроҳаи морпеч ба ҷангалистоне даромаданд, ки аслан аз дарахтони писта иборат буду гоҳ-гоҳе аз ҳар гӯшаи он садои парандае баланд мешуд, аммо чирчиракҳо беист нағмапардозӣ менамуданд. Сарбозон оромона ҳаракат карда, бодиққат соҳили дарё ва гӯшаю канори кӯҳи сангиро аз назар мегузарониданд. Офтоб ҳам лаҳза ба лаҳза баланд баромада гармиаш бештар мешуд.

Рустам ки аз Исфандиёр чанд қадам пештар ҳаракат мекард, ҳушу ёдаш ба саги вафодораш Ҷасур банд буд. Бо Ҷасур марзбонӣ кардан, хати соҳили сарҳадро чарх задан ҳаловате дигар дорад. Саги зираку боҳуш дастёри беминнат аст, фик­ри соҳибашро бо як ишора дарк мекунад, дӯстро аз душман бо як нигоҳ мешиносад. Аммо чанд рӯз шуд, ки Ҷасур бемор аст ва Рустам бе дӯсти вафодораш сарҳадбонӣ мекунад.

Марзбонон вориди дараи Чанористон шуданд. Онҳо орому бесадо қадам мебардоштанд. Рӯди камобе аз миёни дара ҷорӣ шуда, худро ба оғӯши дарёи Ому меандохт. Сарбозон барои каме нафас рост кардан рӯи санге дар сояи дарахти заранге нишастанд. Исфандиёр бо дурбин ба мушоҳидаи атроф пардохт. Дар соҳили муқобил ду-се нафар ба коре машғул буданд. Дигар ҳама ҷо ором ба назар мерасид.

Дақиқае пас аз болотар, аз даруни дара садои мурғобие баланд шуд. Лаҳзае нагузашта садои мурғобии дигаре аз поинтар ба гӯш расид.

- Садои мурғобиҳо шубҳаовар аст! – ба Исфандиёр рӯ овард Рустам.

- Чӣ тавр?

- Дар ин фасли сол ин ҷо мурғобие пайдо намешавад. Пинҳон мешавему мушоҳида мекунем, он гоҳ ҳақиқат ошкор мешавад.

Марзбонҳо босуръат худро ба пушти санге гирифтанд, ки дарахти чаноре ба болояш хам хӯрда буд. Хеле мунтазир шуданд, вале на касе пайдо шуду на ҳодисае рух дод.

- Беҳуда шубҳа кардем,- пичиррос зад Исфандиёр, — дар ин атроф касе нест.

- Сабр кун! – дасташро ба рӯи китфи рафиқаш гузошт Рустам, вале давоми суханашро нагуфта диданд, ки ду нафар аз миёни чакалакзори лаби рӯд боэҳтиёт баромада, бодиққат атрофро аз назар гузаронида, хам шуда, ба сӯи санге, ки онҳо пинҳон шуда буданд, ҳаракат намуданд. Онҳо шалвору куртаи дарози хокистарранг, камзӯли беостини кӯтоҳ ва автомати Калашников доштанд.

Силоҳдорон худро ба сояи чинор гирифта, ба кундаи он такя заданд.

- Ин сарбозон ба куҷо ғайб заданд?! – суоломез гуфт яке.

- Шояд гузашта рафтанд, — шубҳаашро изҳор кард дигаре.

- Не, омаданд, вале аз ин дара набаромада ба куҷое ғайб заданд. Агар онҳо моро дида бошанд, корамон душвор мешавад.

- Ба назарам онҳо моро надиданд. Биё, ба ғор бармегардему мунтазири омадани шаб мешавем.

- Ба ғор баргаштан маъно надорад. Онҳо ду нафар буданд. Бояд пайдо карда, бесару садо аз онҳо халос шавем.

Сарҳадшиканҳо се нафар буданд, ки аз кишвари ҳамсоя ба марзи мо гузашта, маҳалро меомӯхтанд. Онҳо нияти шуме дар сар доштанд. Бояд барои ба хоки Тоҷикистон гузаштани рафиқони тахрибкорашон замина муҳайё месохтанд ва бо ҳамин дили хоҷагони ошкору пинҳонашонро ба даст оварда, нақшаи онҳоро амалӣ мегардониданд.

Суҳбати тахрибкоронро Рус­таму Исфандиёр мешуниданд. Онҳо медонистанд, ки ин мардони мусаллаҳ мақсади нопок дар сар доранд. Аз ин рӯ, бояд чорае андешанд, садди роҳашон гарданд. Нагузоранд, ки онҳо хоки поки кишварашонро олуда созанд.

Ҳамин вақт аз самти боло се маротиба садои мурғобӣ баланд гашт. Яке аз мардони силоҳдор, ки дар наздикии марзбонон буданд, кафи дастонашро дар лабонаш ҳалқа карда, бо садои мурғобӣ посух доду ба рафиқаш гуфт:

- Ту ҳамин ҷо пинҳон шаву бодиққат атрофро мушоҳида кун, эҳтиёткориро аз даст надеҳ, агар сарбозонро дидӣ, бо садои мурғобӣ моро огоҳ кун! Агар бо онҳо рӯ ба рӯ ҳам шавӣ, тир напарон, ки садояшро шунида кулли сарбозон ба сарамон мерезанд ва нақшаҳоямон барбод мераванд.

Тахрибкор инро гуфту рафиқашро он ҷо гузошта худ дар миёни анбуҳи дарахтон ғайб зад. Рустам аз ин фурсат истифода бурда, ба Исфандиёр ишора кард, ки террористро бо зарби қундоқи автомат аз байн мебардорем.

Лаҳзае баъд тахрибкор бо зарбаи сахте, ки Рустам ба паси сараш зад, бе гапу ҳарф якпаҳлу ба рӯи замин афтид. Ҷасади маҷруҳу беҳуши ӯро аскарбачаҳо кашида, ба пушти санг пинҳон карданд. Сипас пушт-пушти сангу дарахтҳо ба боло ҳаракат намуданд, ки мавқеи террористони дигарро мушаххас созанд. Онҳо ба гарданаи кӯҳсанге расида, шинак гирифтанд ва яроқҳояшонро дар ҳолати омодабош нигоҳ дошта, ба мушоҳидаи муҳит пардохтанд…

Ҷасур беқарорӣ карда, ҳар замон худро ба симтӯр мезад. Ҷонвар мехост худро раҳо созад, аммо наметавонист. Вай ба аккосзанӣ даромад ва ба сӯи капитан Бежан Нурзода, ки дар пушти симтӯр машқи бадан мекард, бо умеди ёрӣ нигарист. Бежан ҳолати беқарори сагро ҳис карда, аз варзиш бозистод ва ба наздаш рафт:

- Ба ту чӣ шуд? Чаро беқарорӣ? – капитан мехост сабаби беқарории сагро муайян кунад.

Ҷасур бо ду пояш ба симтӯр рост шуда, гӯё аз Бежан илтиҷо мекард, ки ӯро озод кунад, аммо капитан бо меҳрубонӣ ишоракунон ба саг гуфт:

- Бирав, бихоб! Ҳамин ки комилан шифо ёфтӣ, ба хидмат бармегардӣ.

Вақте капитан аз назди саг дур шуд, Ҷасур ба ақиб рафта, бо як ҷаҳиш худро ба болои симтӯр гирифт ва аз он ҷо ба рӯи замин хез гирифта, босуръат ба самти соҳили дарё давид. Ҳамин вақт садои тирпарронӣ ба гӯш расид. Лаҳзае нагузашта дар гарнизон бонги хатар ба садо даромад ва дар як он афсарону аскарони мусаллаҳ ба самте, ки садои тир меомад, ҳаракат намуданд…

Рустаму Исфандиёр бодиққат ҳар сангу дарахт ва чакалакзори соҳили рӯдро аз назар мегузарониданд, вале касею чизе ба чашмашон наметофт. Дақиқаҳо мегузаштанд, сарбозон бетоқатона оқибати корро мунтазир буданд. Ногоҳ аз болотари онҳо садои «мурғобӣ» баланд шуд. Сипас хомӯшӣ ба миён омад. Баъди дақиқае боз ҳамон «мурғобӣ» ба хониш даромад. Маълум буд, ки тахрибкорон посухи рафиқашонро интизоранд, ки аскарбачаҳо безарараш гардонида буданд. Баъди бори сеюм садо баланд кардани «мурғобӣ» сару калаи террорис­те намудор шуд. Вай боэҳтиёт, қадамҳояшро чида-чида, ба самти аскарбачаҳо омад. Вақте хеле наз­дик шуд, Исфандиёр ба сӯяш тир холӣ кард, аммо тираш ба ҳадаф нарасид. Тахрибкор бошаст худро ба пушти санге гирифта, ба сӯи марзбонон оташ кушод.

Аз ду тараф тирпарронӣ авҷ гирифт. Террористи сеюм ҳам вориди амал шуд. Тирҳои тахрибкорон ба сангҳо бархӯрда, ба ҳар тараф мепариданд. Аскарбачаҳо ҷонашонро ба гарав гузошта, дар баробари террористони ботаҷрибаю бераҳм мардона меҷангиданд.

- Тири ман тамом шуд! – шунид овози Исфандиёрро Рустам. Вай ба чеҳраи ҳамяроқаш нигарист, дар тирдони худаш ҳам тири башумор монда буд.

- Ман пеши роҳи фирори душманонро мегирам, — бо қатъият гуфт Рустам, — ту бирав ва вазъиятро ба гарнизон хабар деҳ!

- Ман туро партофта рафта наметавонам!

- Бирав, вагарна дер мешавад!

Исфандиёр ба чашмони Рус­там нигарист, ки аз эҳсоси шуҷоат барқ мезад ва чеҳрааш аз қотеъи­яти ӯ гувоҳӣ медод. Ӯ дигар чизе нагуфта гаваккашон ба ақиб рафт.

Террористон чун диданд, ки сарбозон дигар тирпарронӣ намекунанд, ҳис карданд, ки тирашон тамом шудааст. Оне, ки ба ҷои шинакгирифтаи Рустам наздик буд, оҳиста аз камингоҳ берун омад ва ҳадафи тири Рустам қарор гирифт. Вай ба тахтаи пушт афтода, ҷон ба ҷаббор супорид. Террористи дигар ин ҳолро дида, беист ба тирпарронӣ сар кард. Рустам дар зери гулӯлаборон монда, ҳатто сар бардошта наметавонист. Дар ҳамин ҳол тирдонашро аз назар гузаронд ва охирин тирро палмосиду оҳиста-оҳиста хазида болотар рафт ва аз қираи санг ба самти марзшикан нигарист. Вай аз ин санг ба он санг, аз ин дарахт ба он дарахт ҷаста, ба ӯ наздик меомад.

Рустам тахрибкори дар ҳаракатро нишон гирифт, вале тираш хато рафт. Акнун ӯ дар баробари террористи сар то по мусаллаҳ бе дифоъ монда буд, вале шикаст ё таслим шуданро дар баробари нафаре, ки бо нияти бад марзи Ватани ӯро убур кардааст, бешарафӣ медонист. Ӯ, ки ҷавонмарди дар хидмат обутобёфта ва қавиирода буд, ноумедиро ор медонист.

Рустам ба давру бараш нигарист, ғайр аз сангпораҳо чизе ба чашмаш натофт. Вай сангеро ба даст гирифт ва омодаи охирин набард бо террорист шуд.

Сукут ба вуҷуд омад. Тахрибкор ҳам на тире мепарронд, на садои ҳаракаташ ба гӯш мерасид. Рустам омодаи ҳар гуна ҳодисаи ногаҳонӣ буд. Неруе дар вуҷудаш ба ҷунбиш омада, хунашро ба ҷӯш меовард.

Тахрибкор яқин кард, ки сарбоз дигар гулӯлае надорад, ки ба сӯи ӯ партоб кунад. Аз ҷояш баланд шуд, автоматашро дар сари даст гирифта, ба ҷои шинакгирифтаи Рустам наздик омад. Ҳамин вақт Рустам бошаст баланд шуд ва санги дасташро бо тамоми қувват ба ҷониби тахрибкор ҳаво дод. Санг ба банди дасти душман зад ва автоматаш аз дасташ парида, ба кундаи дарахте бархӯрду ба поини дара сарозер гашт.

Рустаму тахрибкор рӯ ба рӯи ҳам қарор гирифтанд. Ҷанги тан ба тан шурӯъ шуд. Душман бо корд, Рустам бо дасти холӣ ба ҳам дар­афтоданд. Ҳамин замон Ҷасур аз болои санге, ки паноҳгоҳи Рустам шуда буд, худро ба рӯи тахрибкор андохт ва аз банди дасти корддораш сахт газид. Душман кордро раҳо кард ва бо тахтаи пушт ба замин афтод. Ҷасур ба кундаи синаи ӯ баромада нагузошт, ки ҳаракати ноҷое кунад…

Лаҳзае баъд Исфандиёр сарбозонро ба ҷои ҳодиса овард. Тахрибкори марз асир афтод.

Рӯзи дигар дар ҳавлии гарнизон сарбозон саф оростанд. Генерал Барзу Зафарзода ба подгон ташриф оварда буд. Садои сардори гарнизон – капитан Бежан Нурзода аз рӯ ба рӯи марзбонон баланд шуд:

- Сарбоз Рустами Фирдавсӣ ва сарбоз Исфандиёри Сиёвуш, аз саф як қадам ба пеш бароед!

Генерал Барзу Зафарзода дас­ти онҳоро бо муҳаббат фишурд:

- Шумо сарбозони ҳақиқии Ватан ҳастед! Мо бо шумо ифтихор мекунем…

Ҳар ду сарбоз даст ба чакаи сар бурданд:

- Ба Ватан содиқона хизмат мекунем!

ВОРИС,

«Садои мардум»

Ҳифзи ҳуқуқи инсон дар меҳвари Паём
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳояшон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба арзиши олӣ эътироф шудани ҳуқуқу озодиҳои инсон пайваста таъкид менамоянд ва баҳри эътироф, риоя ва ҳифзи онҳо аз ҷониби ҳар як шахс, мақомоти давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи мамлакат дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд.

Аз ҷумла, Сарвари давлат дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ 30-юми апрели соли 2004 таъкид ба амал оварданд, ки: «Маҳдуд намудани ҷазои қатл амали хеле назаррас аст, аммо нисбат ба ҳаёти инсон бояд муносибати башардӯстона сурат гирад. Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ ва дахлнопазир буда, дар миёни онҳо ҳуқуқ ба ҳаёт мавқеи хоса дорад. Воқеан ҳаққи ҳаёт арзиши табиӣ буда, ҳеҷ кас ҳақ надорад касеро аз ин ҳуқуқ маҳрум созад». Аз ин лиҳоз, Президенти мамлакат дар ҳамин Паём зарур донистанд, ки ба татбиқи ҷазои қатл дар Ҷумҳурии Тоҷикистон моратория эълон карда шавад.

Ҷиҳати иҷрои талаботи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 30-юми апрели соли 2004 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боздоштани татбиқи ҷазои қатл» мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Конститутсия аз ҷониби парламент қабул ва ҷонибдорӣ шуда, 15-уми июли соли 2004 аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо гардид. Мутобиқи моддаи 1-уми қонуни мазкур татбиқи ҷазо дар шакли ҷазои қатл дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои содир намудани ҷиноятҳое, ки дар моддаҳои 104 қисми 2, 138 қисми 3, 179 қисми 3, 398 ва 399 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муқаррар шудаанд, боздошта шуд ва дар давраи боздоштани татбиқи ҷазои қатл ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати бисту панҷ сол муайян гардид.

Сарвари давлат дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ аз 26-уми апрели соли 2013 бори дигар ба масъалаи ҳукми қатл таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, иброз доштанд, ки: «Воқеан, ҳаёти инсон асоси ҳастӣ ва неъмати бебаҳо буда, маҳрум кардан аз он маънии қатъ гардидани мавҷудияти фард, шахсият ва узви ҷомеаро дорад. Дар тамаддуни инсонӣ аз ҷониби давлат татбиқ накардани ҷазои қатл, пеш аз ҳама, чун нишонаи башардӯстӣ, шафқат ва пешравии ҷамъият эътироф карда мешавад».

Роҳбари давлат дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ аз 30-юми апрели соли 2007 бо мақсади пурзӯр намудани фаъолият ва густариши минбаъдаи раванди демок­ратикунонии ҷомеа, инчунин, баланд бардоштани сатҳи ҳимояи ҳуқуқи инсон дар мамлакат масъалаи таъсис додани институти миллии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсонро ба миён гузоштанд ва зарур донистанд, ки барои таъсиси он тадбирҳои ташкилию ҳуқуқӣ андешида шаванд. Дар робита ба ин, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ 25-уми апрели соли 2008 махсус зикр намуданд: «Бо мақсади такмили минбаъдаи механизми ҳифзи ҳуқуқи инсон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон» қабул гардид, ки он заминаҳои ҳуқуқии таъсиси мақоми махсусро дар баланд бардоштани сатҳи ҳимояи ҳуқуқи инсон таъмин мекунад. Ин сохтор бояд ҳамкории ҳамаҷонибаи худро, пеш аз ҳама, бо институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар ташкилоту мақомот ба роҳ монад».

Ҳамин тариқ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тибқи тартиби муқаррарнамудаи Конститутсия аз тарафи парламент қабулу ҷонибдорӣ шуда, 20-уми марти соли 2008 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расида, бо мақсади тақвияти кафолатҳои конститутсионии ҳимояи давлатии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мусоидат ба риояю эҳтироми онҳо аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоат) ва шахсони мансабдори онҳо, роҳбарон, шахсони мансабдори корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, соли 2009 мақоми Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Мувофиқи моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳангоми амалӣ намудани ваколатҳои худ мустақил буда, ба ягон мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоат) ва шахсони мансабдор ҳисоботдиҳанда нест.

Дар асоси моддаи 11 қонуни мазкур вазифаҳои асосии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон мусоидат намудан ба риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, барқарор намудани ҳуқуқу озодиҳои вайроншудаи инсон ва шаҳрванд, таъмини баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз, такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, баланд бардоштани маърифатнокии шаҳрвандон оид ба ҳуқуқу oзoдиҳoи инсон ва шаҳрванд, шаклҳо ва воситаҳои ҳифзи онҳо, инчунин салоҳияти дигаре мебошад, ки боби 3 қонуни зикргардида муқаррар намудааст.

Президенти мамлакат дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ 23-юми январи соли 2015 мавҷудияти ниҳоди махсус вобаста ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдакро дар кишвар муҳим арзёбӣ карда, пешниҳод намуданд, ки бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Дар натиҷа, ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» боби 51 (муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон) илова ворид гардид. Боби мазкур аз 7 модда иборат буда, дар он таъсиси вазифа, талабот нисбат ба номзад, тартиби ба вазифа таъин ва аз вазифа озод кардан, ба вазифа шурӯъ намудан, муҳлати ваколат ва дахлнопазирӣ, маҳдудиятҳо барои ишғоли вазифа, салоҳият, фаъолият ва кафолатҳои моддию иҷтимоии муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, маърӯзаҳои ҳарсола ва махсуси ӯ муқаррар карда шуданд.

Ба ҳамин тартиб, дар заминаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 23-юми январи соли 2015 бо мақсади эҳтиром, риоя ва ҳифз, ҳуқуқу озодиҳои кӯдак соли 2016 институти нав – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Салоҳият, фаъолият ва кафолатҳои моддию иҷтимоии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар соҳаи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак амалӣ карда мешавад. Чунончӣ, мусоидат намудан ба риояи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак, барқарор намудани ҳуқуқу озодиҳои вайроншудаи он, такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқҳои кӯдак, баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон оид ба ҳуқуқу озодиҳои кӯдак, ҳамкории мақомоти ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак ва рушду ҳамоҳангсозии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт аз ҷумлаи вазифаҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак мебошанд.

«Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми июли соли 2022 тасдиқ гардид. Дар банди 61 нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати амалӣ намудани стратегияи мазкур масъалаи таъсис додани омбудсмени молиявӣ, яъне Ваколатдор оид ба ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорон пешбинӣ гардида буд.

Бинобар ин, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-юми октябри соли 2022 мансаби муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Ҷиҳати тақвият бахшидан ба фаъолияти ниҳоди нав Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муваззаф гардид, ки дар муҳлати муқарраршуда ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор тағйиру иловаҳои зарурӣ ворид намояд. Дар ин замина, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» таҳия гардид, ки таъсиси мансаби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорон маҳз аз Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» сарчашма мегирад.

Ҳамин тавр, нақши паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ҳамчун падидаи нави замони соҳибистиқлолӣ дар эҳтирому эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд хеле бузург мебошанд. Сарвари давлат дар ҳар як Паёмашон дар хусуси эҳтироми меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба арзиши олӣ будани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ, татбиқи пайваста ва пайгиронаи онҳо махсус таъкид менамоянд ва ҷиҳати эҳтиром ва риояву ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд.

Фирӯз САЙНОЗИМЗОДА,

сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон,

номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ