Садои мардум - нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон » Фарҳанг

Бародарон, бародарии ҷовидон
Чанде пеш ба рустои Курговади ноҳияи Дарвоз рафта будам, дидам, ки омӯзгорон ва хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12-и деҳа ба хотири шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ лавҳаи мармарӣ сохтаанд. Бошандагони деҳа майдон ва лавҳаи ёдгориро, ки ба ифтихори ҷашни 80 — солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бунёд шудааст, тозаю озода нигоҳ дошта, дар пояи лавҳа ҳамарӯза гулҳои тару тоза мегузоранд. Ин манзараро дида, ёди фарзандони диловари ин диёр кардам.

Бо оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ин деҳаи на он қадар калони ноҳияи Дарвоз се бародар — Абдулло, Анвар ва Акбар Муриватовҳо ба ҷабҳа рафтанд. Бародари калонӣ Абдулло аввалин шуда, ба ҷанг рафт ва баҳодурона ҷангид. Шоири халқии Тоҷикистон Муъмин Қаноат яке аз қисматҳои таъсирбахши достони «Мавҷҳои Днепр» — «Мавҷи бародарӣ»-ро ба ӯ бахшидааст. Ин адиби тавоно то охирин лаҳзаҳои умр ёди бародараш Абдуллоро мекард ва ҳамеша дар ҷустуҷӯи ӯ буд, аммо марқади бародарашро пайдо карда натавонист ва ин мисраъҳоро суруд:

Ба дида нақши рӯи ту, ба гӯш гуфтугӯи ту,

Ҳанӯз аз димоғи ман нарафтааст бӯи ту,

Ба ҷои дур меравад, дилам ҳамеша сӯи ту,

Шудам калону омадам кунун ба ҷустуҷӯи ту,

Бародарам,

Бародари ба ҷону дил баробарам!

Замини Украинаро зи сарру бар қадам задам,

Ба ҳар диёр дар задам, ба ҳар мазор дам задам.

Зи лавҳаҳои мармарин ба ҳирс ҷуста номи ту,

Бикофтам, наёфтам нишони ноаёни ту.

Бародарам,

Бародари ба ҷону дил баробарам!

Туро агар наёфтам, биёфтам дар ин макон,

Ҳазорҳо бародарон, бародарии ҷовидон!

Баъд аз Абдулло бародари дуюм Анвар низ хоҳиши ихтиёран ба фронт рафтанро мекунад. Ӯ эҳсос карда буд, ки акааш Абдулло ҳалок шудааст. Ба комиссариати ҳарбии ноҳияи он замон Қалъаихумб (Дарвози имрӯза) меояд ва аризаи ба фронт рафтан менависад. Дар қатори садҳо ҳамсолон ду моҳ дар шаҳри Самарқанд тайёрии ҷангӣ гирифта, сипас ба сафи пеши ҷабҳа раҳсипор мешавад. Ӯ дар муҳорибаҳо барои озод кардани хоки Беларус, Бесарабия ва Молдова иштирок менамояд. Ҳини дарёи Днепрро убур кардан ба сараш тири душман мерасад. Ӯро хоҳарони шафқат аз соҳили дарё ба госпитали саҳроӣ мебаранд. Духтурон устухонҳои косахонаи сарро пайваст менамоянд, вале панҷ шабонарӯз ба ҳуш намеояд. Яке аз муовинони командири полки тирандозӣ бемасъулиятӣ зоҳир намуда, иштибоҳан номи ӯро ба рӯйхати фавтидагон ворид месозад ва таъҷилӣ ба комиссарияти ҳарбии ноҳияи Қалъаихумб хати сиёҳ мефиристад.

Адиби номвар нақл мекард, ки он замон ҳамагӣ сенздаҳсола буд. Ӯ, ҳамсолон ҳамроҳи муаллимаашон Давлатбибӣ номаҳои аз фронт расидаро дар назди падару модар ва хешу табори сарбозони шаҳид мехонданд. Корманди комиссариати ҳарбӣ хати сиёҳи Анвар Муриватовро ба дасти ин писарбача, шоири оянда медиҳад. Муъминшоҳи наврас онро пинҳон мекунад. Баъд аз шаш моҳ, як субҳ боробари пайдо шудани нахустин шуълаҳои гарми офтоб аз паси қуллаҳои сарбаланди Зартеғ, бародараш Анвар сари сина пур аз ордену медалҳо, савори аспи саманд ба ҳавлӣ ворид мешавад.

Ин ҳолатро баъд аз адиби номвар ва баркамол гаштан устод Муъмин Қаноат дар шеъри «Ёд» чунин тасвир намудааст:

То номаи сиёҳи ту омад ба номи ман,

То хатти ҷанг тира шуд роҳи паёми ман…

Дар назди чор хоҳари гирёну музтарам,

Кардам сафед номаро чун мӯи модарам.

Гуфтам сафед номаро, фолам сафед шуд,

Пайғоми охирини ту ногаҳ навид шуд.

Омад хабар, ки омадӣ, бе чопар омадӣ,

Сарвақти худ расидию аз дар даромадӣ.

Чун роҳи рафту омадат роҳи дароз буд,

Дарвоза чун кушодани дунёи роз буд.

Бар номаи сиёҳи ту дидам гувоҳи нав,

Эй посбони умри ман, эй осмони ман.

Эй қаҳрамони зиндаи ҳар достони ман,

Захми сари шикастаи ту сарнавишти ман.

Сарбози пири ман,

Оғози шеъри ман!

Ҳар гоҳ шиква мекунӣ аз дарди нимсар,

Аммо чӣ чорае, ки аз он ҷанги пурасар,

Ними замин ва ними замон дард мекашад,

Сайёра давр мезанаду дард мекашад.

Анвар Муриватов солҳои зиёд мудири фермаи чорводории колхоз буд. Оқибат захмҳои ҷанг кори худро карданд ва ин собиқадори далери Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар синни 65-солагӣ вафот кард. Хати сиёҳи аз фронт расидаи вай ҳоло дар китобхонаи устоди шодравон Муъмин Қаноат маҳфуз аст.

Бародари хурдӣ Акбар низ дар солҳои охири ҷанг ба сафи пеши ҷабҳа фиристода мешавад. Дар набардҳо баҳри озод намудани шаҳру деҳоти Полша ва Руминия иштирок карда, аз пешонӣ захм мебардорад. Шеъри «Ёд» ба сарнавишти амаки Акбар низ хеле муносиб аст. Рӯзи Ғалабаро ин ҷанговари тоҷик дар канори дарёи Элба истиқбол мегирад.

Дар набардҳо ба муқобили артиши Япония низ Акбар Муриватов иштирок намудааст. Баъд аз ғалаба ду сол дар қисмҳои низомии Артиши шуравӣ дар Шарқи дур хизмат мекунад ва соли 1947 ба Тоҷикистон бармегардад.

Ӯ низ бо чандин ордену медалҳо мукофотонида шуда буд. Дар идораҳои абрешими ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ ҳамчун сармуҳосиб то охири умр заҳмат кашид. Фарзандони солеҳро тарбият карда, ба камол расонид. Мураббии даҳҳо мутахассис буд.

Онҳо имрӯз дар қайди ҳаёт нестанд, вале ба шарофати корнамоиҳои ҷангӣ ва меҳнатиашон ёдашон гиромист.

Сироншоҳи ДИЛОВАР,

рӯзноманигор

Ҳошим Гадо чаро ва барои кӣ менависад?
Дерест нақш намеофарад, коргардонӣ ҳам намекунад, ҳарчанд маҳораташро ном­овартарин коршиносони театру кинои дохилу хориҷи кишвар эътироф намудаанд. Баҳор ва Наврӯзи имсоларо бо китоби тозанашри хеш — «Колосс…», ки ҷилди 1000-уми осораш аст, ба мо таҳният гуфт.

Ҳошим Гадо — Арбоби барҷастаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистонро чӣ аз ҷаҳони театру синамо ба майдони адабиёт овард? Чаро менависад? Дар бораи чӣ менависад? Талош намудем, то қадри имкон ба дунёи ӯ ворид шавем ва ба суолҳои хеш посух ёбем.

60 соли умрашро рӯйи саҳнаи театру кино сипарӣ намудааст. Ин марҳилаи ҳаёти ҳунармандро солҳои ҷӯшу хурӯши ӯ дар саҳна метавон арзёбӣ кард. Нақшҳои Суҳроб аз «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, Эдип аз «Шоҳ Эдип»-и Сафокл, Ҳамлет аз пиесаи Шекспир ва дигар образҳое, ки ба ҳунарманд шуҳрати ҷаҳонӣ оварданд, маҳз дар ҳамин давра рӯи саҳна омадаанд, вале вақти гузарон ҷавонӣ ва ҷӯшу хурӯши инсонҳоро бо худ мебарад. Ин як қоидаи муқаррарии зиндагии инсонҳо мебошад, ки Ҳошим Гадо истисно нест. Чун ин марҳилаи умр даррасид, ҳунарманд ба навиштан оғоз кард, агарчӣ медонад навиштан бас кори сангин аст.

Омиле, ки Ҳошим Гадоро ба таври истисно намоён мекунад, маҳз ҳамин махсусият аст: якҷо омадани ду ҳунари фитрӣ — актёрӣ ва нависандагӣ.

Вазифаи театр тарбия намудани ҷомеа мебошад. Китоб ҳам дар ҷомеа айнан ҳамин вазифаро бар дӯш дорад. Метавон гуфт, ки Ҳошим Гадо ҳамоно рисолати пешини худ, яъне тарбияи ҷомеаро иҷро намуда истодааст. Ин рисолатро қаблан тавассути нақшҳо, диалог ва ҳаракат, ки се абзори асосӣ дар саҳнаи театру кино арзёбӣ мешаванд, анҷом медод, ҳоло аз тариқи навиштан.

Дар пешгуфтори китоби «Актёр»-аш навиштааст: «Ба назарам чунин менамояд, ки андешаҳоям парвоз мекунанду парвоз мекунанд, мағзамро фишор дода, мехоҳанд аз сарам бурун оянду ба варақ бирезанд, онҳоро боздоштан мехоҳам, аммо қудратам намерасад».

Ин далел кофист, то донем, ки қаҳрамони мо дар дилу зеҳнаш ҳанӯз ногуфтаҳои зиёде дорад, ки мехоҳад онҳоро бурун орад ва ба ҷомеа расонад. Медонад, ки донишу биниши беназире, ки аз зиндагӣ, фаъолият, мутолиаи зиёди китоб гирифтааст, ба имрӯзиён, хоса ҷавонон, муфид мебошад. Маҳорати нависандагиаш чун ҳунари бозигариаш зебо, воло, хотирмон аст. Ин ҳақиқатро хонандагон метавонанд аз китобҳои «Асо», «Танҳо», «Я!?», «Кунҷ», «Кометы», «Ҷонбуз», «Ку», «Думы», «Мой Сухроб», «О, Сократе» «Розҳо», «Актёр», «Исповедь», «Гамлет», «Одинокий луч», «Маска», «Прометей» ва осори дигараш дарёбанд.

Дар китоби «Розҳо» назари хешро оид ба масоили зиндагӣ, марг, офариниш ва кашфи асрори ҳастӣ иброз намудааст. Ҷолиб он аст, ки ӯ фикрашро дар ин мавзуъҳо хеле кӯтоҳ, баъзан ҳатто бо ду калима, баён доштааст, аммо ин кӯтоҳбаёнии ӯ касро ба мулоҳиза водор месозад. Яъне, дарки нигоштаҳояш дар ин маврид осону ҳамзамон душвор аст. Осон ба он хотир, ки вожаҳои истифодакардааш сода ва барои ҳама фаҳмоянд. Душвор аз ин ҷиҳат, ки барои дарки дуруст ба дарунмояи он ворид бояд шуд. Чунончӣ, менависад:

Омӯзу биомӯзон

Ин андеша дар фаҳмиши аввал сода ба назар мерасад, аммо чун жарфтар меандешем, моҳияти аслии онро дарк менамоем. Дармеёбем, ки дар пасманзари ин таъкид чӣ ҳадафҳои бузургу инсонсозе ниҳон аст.

Ба андешаи ӯ омӯхтан хоси инсон мебошад. Яъне, инсон бояд ҳамеша ҷус­туҷӯю таҳқиқ кунад, биомӯзад, бо дониш худро тавоно кунад, аз ин роҳ худрову олами атрофро дуруст бишиносад, хубу бадро фарқ кунад ва сарриштаи хирад аз даст надиҳад.

Муроди ӯ аз «биомӯзон» гуфтан ин аст, ки рисолати инсон бо омӯхтан анҷом намеёбад, инсон дар идома донишҳои андӯхтаашро бояд ба дигарон биомӯзонад, то онҳо низ неку бади дунёро дарёбанд.

Ҳошим Гадо калиди ҳама гуна муваффақият, расидан ба камолоти инсонӣ ва ҷомеаи ормониро, ки дар ҳама даврҳо орзуи инсонҳо будааст, дар омӯзиш медонад. Биноан, таъкид намудааст:

Озодӣ муҳаббати бузург аст ва аз баракати он башар метавонад худу ҷаҳонро тағйир диҳад.

Ҷаҳонро ишқ идора мекунад.

Мехоҳӣ ба орзуят бирасӣ?

Иродаро мустаҳкам бикун.

Ғуломиро содагӣ ва тарс зоидааст.

Нархи ҷанг бисёр гарон меафтад.

Душмани аз ҳама бадтари инсоният бефарҳангист, на золиме, ки бар ӯ ҳар лаҳза зулмро раво мебинад.

Ин андешаҳои ҳакимонаи Ҳошим Гадо на танҳо дар замони пуртазоди муосир мубрам аст, балки то ҷаҳон боқист, метавонанд ҷиҳати рафъи мушкилоте, ки барои зиндагии босаодати башар монеа мегарданд, хидмат кунанд.

Дар осораш замони кӯдакӣ ва нақшҳои бозидаашро низ ба хотир меорад. Ба ин маънӣ дар ҷилди 598-уми осораш («Есть нечто» — «Неруе мавҷуд аст») ҳам атрофи мафҳумҳое, чун зиндагию марг, рӯшноию торикӣ, ибрози андеша мекунад, ҳам нақшҳои бозидаашро ба хотир меорад. Худро аз миёни ин нақшҳо меҷӯяд ва аз худ мепурсад: «Пас, ман ҳаёти киро аз сар гузаронидаам?». Дар посух менависад: «Ман рӯзгори зебо, қаҳрамонона, романтикӣ, фоҷиавӣ, ҳаёти хирадмандон, содадилон ва бузургони офаридаамро аз сар гузаронидаам ва ё фоҷиаи хешро дар нақшҳо офаридаам. Ин дуро аз ҳам ҷудо кардан мумкин нест». Хулоса мекунад: «Ман — Ҳошим, ман — Эдип, ман — Ибни Сино, Суҳроб, …Пир, …Ҳамлет, …Сафар …Исмоили Сомонӣ…». Ёдрас кардан мехоҳад, ки ин дунё танҳо барои хӯрдану хобидан наомадаю вақти худро зоеъ накардааст. Фурсатҳои бебоз­гаштро муносиб истифода карда, ба рушди санъату ҳунар кӯшидааст ва дар ҷомеа ҷойгоҳи намоёнеро соҳиб гаштааст. То ҷаҳон боқист, номаш дар радифи Эдип, Ибни Сино, Суҳроб, …Пир, …Ҳамлет, …Сафар …Исмоили Сомонӣ зинда хоҳад монд. Яъне, мо ҳам бо азхудгузаштанҳову корнамоиҳо бояд чунин бошем.

Осори Ҳошим Гадо ҳам аз ҳақиқати зиндагии дардангезу шигифтовари худаш қисса мекунанд, ҳам аз ҳақиқати ҳунар, фарҳанг, илму дониш, дӯстӣ, сӯхтану сохтан, ҳастию нестӣ, пок зистан, аз худ номи нек ба ёдгор мондан, дӯст доштани зиндагӣ, навмед нашудан, неку бадро шинохтан ва эътироф кардан. Донишмандони огоҳ китоб­ҳои ӯро афзори рушангари рӯзгори мо хондаанд, аммо, ба шарте ки агар хонанда ба мазмуну моҳияти онҳо сарфаҳм равад. Ҳамон гунае, ки аз осораш ба садҳо суоли беҷавоби худ посух дармеёбем, аз навиштаҳояш баъзан дар зеҳнамон садҳо суол пайдо мешавад, ки барои дарёфти посухи дуруст андешаю ҷустуҷӯ бояд кард.

Фарзона ФАЙЗАЛӢ,

«Садои мардум»

Сарбози ватан
Антон пои луч дар миёни хуну оташ медавид. Дар дили модар алов рехт. Мабодо почаҳояш ба ҳам печаду ё ба замин афтад. Ё зери тиру туфанги душман монад. Дили модар ларзиду аз паси тифлакаш давид. Садои тир баланд гашту модар аз хоб бедор шуд. Оби чашмонаш дар сари мижгонҳо чун шаддаи марворид медурахшиданд.

- Парронед, парронед! — садои даҳшатангезе ба гӯши модар расид. Ҳис кард, ки ба ҳавлӣ фашистҳо даромадаанд. Доду фарёди онҳо фазоро меларзонд. Боҳарос аз ҷой бархост ва худро дар як он ба хонаи хоби писараш расонд:

- Хез, писарам, хез, Антон! – бо ҳаяҷон кӯрпаро аз рӯи писараш кашид ва ӯро аз тиреза ба замин фароварда, фарёд кашид:

- Гурез, ҷони оча! Гурез! Ба пасат нигоҳ накун!

Писарак давид. Овози модараш дар гӯшаш садо медод. Афтону хезон ба самти номаълуме шитофт. Дили нозукаш сахт-сахт мезад. Пойҳояш бемадор мешуд, гиря гулӯгираш кард. Оби чашмаш шашқатор мерехт. Ҳарчанд ваҳм дар дили кӯчакаш соя андохта буд, вале тан намедод, медавид. Тирҳои душман аз паҳлуяш виззосзанон мегузашт. Тарс вуҷуди кӯчакашро меларзонд, вале ба пушташ нигоҳ накарда медавиду медавид.

Фашистони сангдил на бар кӯдак раҳм доштанду на ба модар. Онҳо дувоздаҳ кас буданд. Андоми даҳшатангез ва чашмони бенур доштанд, одамияту тараҳҳум барояшон бегона буд. Онҳо зада ба хона даромаданд ва якеашон сӯи модар тир андохт. Ҷисми Анфиса ба рӯи фарш афтод. Камондорон аз тиреза сӯи писарак низ оташ кушоданд, вале ӯ ҷон ба саломат бурд. Дуртар аз хона дар миёни дарахтони боғе пинҳон шуд.

Манзараи даҳшатборе дар пеши чашмонаш пайдо гашт. Хонаҳо оташ гирифта, садои ­тирпарронӣ фазоро пур карда буд. Писарак чашмонашро пӯшиду бо дастони кӯчакаш гӯшҳояшро маҳкам кард ва инони гиряро сар дод. Ӯ қариб беовоз мегирист. Дар ҷисми кӯчакаш дигар тавоне намонд. Чанд соат гузашт, намедонад.  Дар ҷои ғалтидааш хобаш бурд…

Дар хоб нолиш карду очаҷон гуфт. Модарашро хоб дид. Ӯ хам шуду писарашро бӯсид, бо лабони пур аз табассум дасти навозиш ба сараш ниҳод. Вуҷуди писаракро шодмонӣ фаро гирифт. Ранҷи кашидааш фаромӯш гашт.

Ӯ дигар чашм боз кардан намехост, метарсид, ки модараш мераваду боз танҳо мемонад…

Овози одамон Антонро аз олами рӯё ба худ овард.  Чашм кушоду ба осмон нигоҳ кард. Офтоб бедареғ нур мепошид, балки механдид гӯё. Ба офтоб нафрат пайдо кард. Гумонаш офтоб ҳам ёри фашистони бераҳм буд.

Рӯз бегоҳ  шуд. Абрҳо рӯи осмонро пӯшонданд ва осмон гӯё аз ҳодисаи рухдода мотам гирифт, чодари сиёҳ пӯшид ва майли гиристан кард. Ниҳоят худро холӣ кард. То саҳар  беист бориду борид. Антон зери борон тар шуду ларзид. Дастонашро, ки аз сардӣ кабуд шуда буданд, бо ҳаври даҳонаш гарм кард.

Саҳар аскарони сурх ӯро пайдо намуда, ба қисми ҳарбӣ оварданд. Шикамашро сер намуданд. Захмҳояш оҳиста-оҳиста шифо ёфт. Ҳама дӯсташ доштанд. Яке аз сарбозон ба ӯ дурбин туҳфа кард. Дар ҷанг ёрирасон шуд, тир меовард, ба захмиён кумак мекард.

Рӯзе дурбин дар даст ба баландие баромаду атрофро аз назар гузаронд. Ногоҳ чашмаш ба сарбозони душман афтод, ки зери тӯдаи алаф пинҳон шуда буданд. Зуд хабар расонд…

Душманон асир афтоданд. Барои далерию ҳушё­риаш ба Антон раҳматнома эълон карданд, ӯро бо ифтихору меҳрубонӣ «Писари полк» мегуфтанд.

Ғалаба ба даст омад. Ба Антони далеру шуҷоъ рутбаи ифтихории «Сарбози Ватан»-ро доданд.

Гулбаҳор РАҲМОНОВА,

«Садои мардум»

Иттиҳоду якдилӣ
Неруе, ки фашизмро шикаст дод

Мардуми Тоҷикистон имсол дар қатори дигар халқҳои собиқ шуравӣ 80-солагии Ғалаба бар фашизмро ботантана ҷашн мегиранд. Мо имрӯз ҳақ дорем бо ифтихору сарбаландӣ иброз намоем, ки фарзандони шарафманди Тоҷикистон якҷо бо дигар халқу миллатҳои Иттиҳоди Шуравӣ дар ин ғалабаи бузург саҳм гирифтанд ва аз имтиҳони мудҳиши таърих бо сари баланд гузаштанд.

Дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз шаҳри Роғун беш аз 1000 нафар ҷавонмардон ба фронт сафарбар шуда буданд, ки аз ин шумора зиёда аз 650 нафарашон дар рафти муҳорибаҳо ҳалок гаштанд. Зиёда аз 350 нафар бо ордену медалҳои ҷангӣ ва ҷароҳатҳои ҷангӣ ба зодгоҳашон баргаштанд ва то охирин лаҳзаҳои ҳаёташон барои рушду ободии Ватан садоқатмандона хизмат карданд. Ин рақамҳоро зимни ҷустуҷӯҳо ва таҳқиқотҳо ҷамъоварӣ намудем. Шояд теъдоди иштирокчиёни ҷанг зиёдтар бошанд, зеро як қисми аҳолии минтақа солҳои гуногун ба собиқ вилояти Қӯрғонтеппа ва дигар ноҳия­ҳои ҷумҳурӣ муҳоҷир карда шуданд. Дар шаҳри Роғун имрӯз иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва заҳматкашони ақибгоҳ боқӣ намондаанд. Охирин иштирокчӣ Дӯст Умаров 10 октябри соли 2020 вафот кард.

Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ғайр аз он ки аҳамияти бузурги таърихию сиёсӣ дошт, башариятро ҳушдор дод, ки халқҳою миллатҳои гуногун, новобаста аз ҷаҳонбинии сиёсӣ, маънавӣ ва динию мазҳабиашон, агар муттаҳид ва якдилу якмаром шаванд, метавонанд ҳама гуна неруҳои бадхоҳи инсониятро саркӯб ва мағлуб созанд.

Дар замони бархӯрди тамаддунҳо, тезутундшавии вазъи геополитикии ҷаҳон ва вазъи ноустувори сиёсӣ дар бисёр минтақаҳо ба мо зарур аст, ки дӯс­тию рафоқати халқу миллатҳоро пурра барқарор намоем. Мо — насли имрӯз қаҳрамонию далерӣ ва ҷонбозиҳои падарону бобоёнро ба насли нав­рас ва ҷавонон пайваста тарғиб намоем, дар ниҳоди онҳо ҳисси ватандӯстӣ, меҳнатдӯстӣ ва садоқатмандиро нисбат ба Ватан тарбия намоем. Ҷавонони мо бояд ватандӯст, худшиносу худогоҳ бошанд, то ки мисли бобоёну падарони худ марзу буми Ватани азизамон — Тоҷикистон, дастовардҳои даврони истиқлолият ва ваҳдати миллӣ, ки бо ҷаҳду талошҳои пайваставу шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ноил шудаем, ҳифз карда тавонанд ва баҳри рушду ободии кишвари азизамон саҳмгузор бошанд.

Абдухолиқ ҶОЙЛОБОВ,

раиси шурои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Роғун

25 ҳазор сомонӣ барои ҳар як собиқадор
Дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ҳар як аз иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1941-1945) ба маблағи 25 ҳазор сомонӣ ҷудо карда мешавад.

Зикр бояд кард, ки ҳоло дар Тоҷикистон аз иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ 17 нафар дар қайди ҳаёт меббошанд.

7 нафар дар вилояти Хатлон, 2 нафар дар вилояти Суғд, 2 нафар дар шаҳри Душанбе ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бошад, 5 нафар зиндагӣ мекунанд. Куҳансолтарини онҳо Рашид Каримови 113-сола, зодаи деҳаи Шоҳамбарии шаҳри Ҳисор мебошад.

Н. МУРОДБЕКОВА,

«Садои мардум»

Вақте захмҳо падарамро азоб медод,…
Нолаи ҷонгудози падар аз хоби ширину гуворо бедорам сохт.

- Чӣ шуд, падарҷон, чаро оҳу воҳ доред, магар ягон ҷоятон дард мекунад, месӯзад, — мепурсам дилсӯзона аз ӯ.

- Бачам, доруи маро аз рӯи миз бидеҳ, қафаси сина ва тамоми қабурғаҳоям сахт месӯзанд. Аз ҷароҳати бардоштаам ҳини озод кардани шаҳри Житомири Украина аз фашис­тони малъун солҳои зиёд гузашт, вале захмҳо то ҳол азобам медиҳанд.

Малҳамро, ки бӯйи пудинаи даштӣ мекард, рӯи кафи дастам гирифта, ба пушту паҳлуи падари ҷанговарам оҳиста-оҳиста молидам, аммо нолаи ҷигарсӯзи падар баъди масҳ ва молидани малҳам боз ҳам афзуд.

- Бачам, рав хоб кун, саҳар барвақт ба кор меравӣ, маро ба ҳоли худам гузор, — гуфт бо овози маҳину ларзон падар.

Ба ҳуҷраи хоби худ гузаштам. Ғайриихтиёр ашк аз ду чашм ба рухсораам чакид. Ҳиқ-ҳиқкунон бо алам гиристам ва тамоми вуҷудам ба ларзиш омад. Он лаҳза модари раҳматиам ба ёдам расид ва зери лаб гуфтам. «Эй кош, модарам зинда мебуд, то ба ҷароҳатҳои падарам малҳам мемолиду ӯро таскин медод».

Он лаҳзаҳо хоб аз чашмонам комилан рафта буд. Андешаҳои бесарунӯге маро азият медод. Боз оҳиста, нӯг-нӯги пой қадам монда, ба ҳуҷраи хоби падар ворид шудам. Падарам хоб буд, вале бо лабони парсингбаста нидо мекард: «За Родину-у-у…». Дарҳол фаҳмидам, ки падарам чӣ гуфтан мехоҳад ва дигар ташвишаш надодам, зеро пагоҳ Рӯзи Ғалаба, яъне 9 — уми май, таҷлил мегардид ва либоси низомии падарам бо даҳҳо ордену медал болои сараш овезон буд, ӯ барои фардо омодагӣ мегирифт. Бори дигар ба костюми низомии хеле зебои ордендори падар дида дӯхта, хотирам осуда шуду рафта хоб кардам…

Барои халқи тоҷик мафҳуми ҷангу сулҳ бегона нест, зеро таърихи тӯлонии ин сарзамин ҳодисаҳои мудҳишеро, ба мисли ҷанг ва дар пасманзари он гиряҳои даҳҳо ҳазор модарон, фиғони ҳазорон занону кӯдакон ва бадбахтиҳои дигар, дар ёд дорад. Тоҷикистон дар баробари дигар халқҳои ИҶШС бо оғози ҷанги соли 1939 ва Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1941 — 1945) ба варта кашида шуд ва имтиҳони ҷиддии матонату далерию мардонагиро пушти сар намуд. Он замон фақат аз Тоҷикистон, ки ҳамагӣ 1,5 миллион аҳолӣ дошт, зиёда аз 300 ҳазор ҷавонмард ва занони шуҷоъ ба ҷабҳаи хунин фиристода шуданд. Барои ғалаба бар фашизми гитлерӣ беш аз 100 ҳазор сарбозу командирҳои тоҷикистонӣ ҷони худро фидо карданд.

Оре, «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад». Имсол мо 80-солагии Ғалаба бар фашизми гитлериро ҷашн мегирем. Ин ҷашн дар шароите таҷлил мегардад, ки Ватани мо — Тоҷикистони соҳибистиқлол бар марҳилаи нави тараққиёти худ дохил шуда, бо қадамҳои устувор барои таҳкими сулҳ, арзишҳои давлати демократию дун­явӣ ва ҳуқуқбунёд пеш меравад.

Имрӯз халқи азизи Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мамлакатамонро ба ҷавлонгоҳи меҳнату зиндагии осоишта ва хуррамбоғу дунёи босафо табдил додааст…

Падар як поси шаб бо табъи хушу болида ба хона баргашт. Маълум буд, ки он рӯз ҳамяроқону ҳамсафон ва ёру дӯс­тонашро вохӯрда, хеле хушҳол гаштааст. Ҳатто сӯзиши ҷароҳатҳояшро фаромӯш карда буд. Ӯ он шаб ҳам бо як ҳаяҷони махсус чанд порча аз хотираҳояшро аз майдони ҷанг ба ман нақл карду номаълум бо либоси ҷангӣ ба хоб рафт…

Шарифҷон ҲУСЕЙНЗОДА,

«Садои мардум»

700 сол бо Ҳофиз
Бо ҳамин ном аз 11 то 14 июни соли 2025 дар қароргоҳи ЮНЕСКО ба хотири бузургдошти шоири бузурги тоҷику форс Ҳофизи Шерозӣ конфронси илмии байналмилалӣ баргузор мегардад.

Ҳадафи конфронс омӯзиши амиқи осори беназири Ҳофизи Шерозӣ ва эътирофи арзиши воқеии саҳми ин абармарди сухану адаб дар тамаддуни башарӣ мебошад. Аз ин рӯ, пажуҳишгарону донишмандон имкон доранд, ки дар ин конфронс иштирок намуда, мақолаҳои худро пешниҳод намоянд.

Конфронс мавзуъҳои гуногунро дар бораи ҳаёт, фаъолият ва нақши  Ҳ. Шерозӣ  дар тамаддуни башарӣ дар бар мегирад.

Г. РАҲМОНОВА,

«Садои мардум»

Муждаи тозаи «Ҷумҳурият»-ро мепазирем
Роҳбарият ва аҳли эҷоди рӯзномаи «Ҷумҳурият» чор китоб: «Аз «Иди тоҷик» то «Ҷумҳурият», «Энсиклопедияи «Ҷумҳурият», «Ҷумҳурият»: дирӯз ва имрӯз», «Дӯстони тоҷикон»-ро интишор ва дар арафаи 100-умин солгарди таъсиси нашрия чун муждаи тоза ба хонандагон эҳдо намуданд. Ин ва ду китоби дигари дар панҷ соли охир чопнамудаи рӯзнома: «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи давлатдории миллӣ», «Бобоҷон Ғафуров ва тамаддуни Шарқ» чанде пеш муаррифӣ шуданд.

«Ҷумҳурият» таърихи зиндаи мост. Рӯзнома давоми фаъолияти бисёрсолаи худ на танҳо муҳимтарин воқеаҳои давру замонро баррасию инъикос намудааст, балки аз забон, истиқлолият, таърих, ҳастии миллат, фарҳангу тамаддуни тоҷикону Тоҷикистон ҳифозат кардааст. Таҳия ва нашри китобҳоро, ки маҷмуа­ҳои муҳими публитсистию пажӯҳишӣ, таҳлилу баррасиҳои илмию оммавӣ мебошанд, як навъ идомаи мантиқии иҷрои рисолати рӯзнома ва ҳайати эҷодии он дар масири андешасозӣ, худшиносию худогоҳӣ, пос доштани хидмати фарзонафарзандони миллат ва тарбияи зиракии сиёсӣ метавон номид.

Дар китоби «Энсиклопедияи «Ҷумҳурият» масъулон зимни ҷус­туҷӯ маълумоти фаровонро доир ба ҳаёту фаъолияти қаламкашони рӯзнома дар солҳои гуногун фароҳам оварда, хидмати хонандагон, хоса пажӯҳишгарон мегузоранд. Аниқтараш, он дар бораи 264 корманди собиқ ва имрӯзаи «Ҷумҳурият» маълумоти мухтасарро бо аксҳо дар бар мегирад. Аз китоб, ҳамчунин, метавон дар бораи нахус­тин сармуҳаррири рӯзнома Аббос Алиев ва сармуҳаррирони минбаъда иттилоъ дарёфт.

«Аз «Иди тоҷик» то «Ҷумҳурият» гулчини мақолаҳоеро, ки давоми сол ба ифтихори 100-солагии рӯзнома нашр шудааст, фаро мегирад.

Яқ қисми матлабҳо, ки муаллифонашон қаламкашони шинохтаи кишваранд, аз рисолат ва ҳадафҳои бузурги миллӣ доштани рӯзнома ёдрас мешаванд, қисми дигар далели онанд, ки «Ҷумҳурият» дар баробари инъикоси муҳимтарин ҷанбаҳои ҳаёти ҷумҳурӣ ва берун аз он, мактаби камолоти касбӣ, тарбияи кадрҳои ҷомеасоз низ мебошад. Бисёр нафароне, ки дар ин мактаб таҷриба андӯхтаанд, ба вазифаҳои гуногун, рӯзномаҳои дигар ба кор рафтаанд ё рӯзномаи худро таъсис додаанд. Бархе дониши сиёсӣ гирифта, баъдан ба арсаи сиёсат ва дипломатия пайвастанд. Қисми дигар болу пари эҷодӣ кушода, ба адабиёт шомил шудаю дар рушди ин соҳа низ саҳми мондагор гузоштанд.

Кормандони имрӯзаи рӯзнома заҳмат ва номи неки ҳамкорони собиқи худро пос медоранд. Дар китоб аз эшон бо муҳаббату самимияти хоса ёд мекунанд, кору рӯзгори ҳар кадоми онҳоро барои ҷавонони тоза ба журналистика воридшуда ибрат медонанд.

«Ҷумҳурият»: дирӯз ва имрӯз» таҳлилу баррасиҳои илмиву оммавии ду олими шинохтаи тоҷик Аъзамҷон Азимов ва Мурод Муродӣ доир ба фаъолияти рӯзнома дар марҳалаҳои гуногун мебошад, ки бо сарпарастии рӯзнома нашр гардидааст. Аз ҷумла, мақолаҳои «Рӯзномаи миллии «Иди тоҷик» («Ҷумҳурият») дар мизони таърих», «Аз «Иди тоҷик» то иди «Ҷумҳурият», «Тоҷикистони сурх» ва фарҳанги ватанпарварӣ», «Ҷумҳурият» ва проблемаҳои ҷаҳонишавӣ» (муаллиф А. Азимов), «Нигоҳе ба як соли фаъолияти «Ҷумҳурият», «Президент — муассиси нашрияи «Ҷумҳурият», «Ҷумҳурият» ва раванди ваҳдатсозии матбуоти даврӣ», «Иқдоме, ки пайравӣ мехоҳад» ва «Шоми шанбе» — падидаи нав дар журналистика» (муаллиф М. Муродӣ) асли ин китобанд.

«Дӯстони тоҷикон» маҷмуаи мақолаҳои корманди рӯзнома Бузургмеҳри Баҳодур аст, ки ҳамчун самараи фаъолияти даҳсолааш дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» интишор ёфтаанд. Дар ин китоб ховаршиносону мутафаккирони барҷаста, низомиёну дипломатҳо ва таърихшиносону адибони номвари дунё доир ба номвожаи «тоҷик», миллати тоҷик, Тоҷикистон ва асолати баромади ин миллат пажӯҳишҳои алоҳида бурда, назар додаанд. Аз корномаи тоҷикшиносии Элфинстон, Хаников, Вамберӣ, Мейендорф, Бартолд, Андреев, Шишов, дар маҷмуъ, 40 шахсияти номвари дунё дар ин китоб баҳс меравад.

Мазмуну мундариҷаи китоб бори дигар муҳри тасдиқ мезанад, ки тоҷикон ҳамчун миллати бостонии Варорӯд ва фаротар аз он — қаламрави Ориён ва фарҳанги офаридаи онҳо дар меҳвари назари аҳли илму адаби миллатҳои дигар қарор доштааст.

«Бобоҷон Ғафуров ва тамаддуни Шарқ», ки дар соли 2024 «Китоби соли Тоҷикистон» баргузида шуд, аз ёддоштҳои шахсиятҳои маъруфи дохилу хориҷ дар бораи аллома Бобоҷон Ғафуров ва мақолаҳои муаллифони рӯзнома мураттаб гардидааст. Китоб хонандагонро ба зиндагӣ ва фаъолияти пурвусъати илмии Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров ошно месозад. Матлабҳои китоб бори дигар собит менамоянд, ки Бобоҷон Ғафуров бо осори гаронбаҳо ва ғояҳои инсонпарваронаи худ дар инкишофи тамаддуни ҷаҳонӣ ва илми тоҷикшиносӣ саҳми сазовор дорад.

Матлабҳои китоби «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи давлатдории миллӣ» ба Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хидматҳои мондагору бесобиқаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масири нави давлатдории миллӣ бахшида шудаанд. Рӯзнома ба ин хотир якҷо бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати вилояти Хатлон озмуни ҷумҳуриявии эҷодӣ эълон намуда буд. Кормандони рӯзнома аз миёни мақолаҳои муаллифони касбу кори гуногун рамзан 30  мақолаи беҳтарини озмуниро дар китоб ҷой доданд. Матлабҳое, ки интихобан дар ин маҷмуа ҷой дода шудаанд, аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар  30 соли Истиқлоли давлатӣ бо сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои басо нек ба хотири пойдории давлату миллат, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва боло бурдани сатҳи зиндагии мардум ба анҷом расидаанд.

Дар маҷмуъ, китобҳое, ки нашрияи расмии Тоҷикистон — рӯзномаи «Ҷумҳурият» интишор намудааст, ҳамагӣ махзани хуби иттилоот мебошанд, ки мутолиаи он барои хонандагон аз ҳар ҷиҳат муҳим ва муфид аст. Мо китобҳои мазкурро, ки ҳамкасбонамон бо заҳмати зиёд омодаю нашр намудаанд, чун муждаи тоза мепазирем. Нашри китобҳои нав ва иди садсолагии «Ҷумҳурият»-ро ба кормандони рӯзнома ва тамоми мардуми тоҷик таҳният мегӯем!

Фарзона ФАЙЗАЛӢ,

«Садои мардум»

Тоҷикписаре, ки ҷасорату бебокиаш дӯсту душманро мот карда буд
Аз поёнёбии Ҷанги Бузурги Ватанӣ 80 сол сипарӣ шуда бошад ҳам, дарду доғи ин ҷанги хунинтарини таърихи башарият ҳанӯз аз ёдҳо нарафтааст. Вақте 22-юми июни соли 1941 Германияи фашистӣ аҳдшиканона ба хоки собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ҳамла кард, дар қатори дигар ҷумҳуриҳои бародарӣ фарзандони ғаюру диловари Тоҷикистон низ барои ҳимояи марзу буми ватани он айём ягона бархостанд. Беш аз 300 000 нафар тоҷикистониён дар ин ҷанги хонумонсӯз иштирок намуда, зиёда аз 100 ҳазор нафарашон дар мубориза бо фашистони истилогар қаҳрамонона ҷон доданд.

Сокини ноҳияи Вахш Шариф Холов дар оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ 16-сола буду дар саҳро кор мекард. Он айём ҷои ҷавонмардони ба ҷабҳарафтаро асосан пиронсолон, занон ва наврасон иваз карда буданд. Худ серӣ ғизо нахӯрда, аз рӯи шиори «Ҳама чиз барои фронт, ҳама чиз барои ғалаба», тамоми маҳсулоти ҷамъовардаро бо мақсади ҳар чӣ зудтар саркӯб кардани душманон ба ҷанговарон мефиристоданд.

Моҳи марти соли 1943 Шариф Холов ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ рафт. Ӯ аввал дар курсҳои кӯтоҳмуддат таҳсил намуда, ихтисоси нишонзанӣ аз тӯпро омӯхт.

Моҳи июни соли 1943 Шарифи нав ба синни 18 даромада дар ҳайати ҷанговарони полки 1203-юми тирандозии пиёдагарди Фронти 1-уми Белоруссия ба ҳайси тӯпчӣ бар зидди душмани ғаддор ба набард рафт. Тоҷикписари диловар баъдан дар ҳайати ҷанговарони полки 826-уми артиллерӣ ба муқобили гитлерчиён мардонавор ҷангида, далерию матонати бемисл нишон дод. Миёни ҳамсангарон бо ҷасорату бебокиаш ном баровард. Дар яке аз набардҳои шадид барои озод намудани шаҳри Минск аз шикамаш чарроҳат бардошта, тайи чор моҳ бистарӣ шуд. Пас аз шифо ёфтан дубора ба сафи пеши ҷабҳа баргашт.

Моҳи декабри соли 1943 ҳангоми зада гардонидани ҳамлаи ҷавобии танкчиёни фашист дар деҳаи Борисовка Шариф Холов бо тӯпи худ дар сафи пеши ҷабҳа камин гирифт. Вақте се танки «Шоҳпаланг»-и душман ба баландӣ баромада, сӯи ҷанговарони шуравӣ нишон гирифтанд, Шариф-мергани диловар бо як чолокии ба худ хос тӯпро ба кор дароварда, танки якуми фашистонро, ки 200 метр дур қарор дошт, зада нобуд кард.

Зимни ҳуҷуми ҷавобии душман Шариф Холов бо ҳамроҳонаш дар ҷангалзор ба мошини зиреҳпӯш ва ду танки дигари душман оташ кушод. Мошини зиреҳпӯши душман оташ гирифту гитлерчиёни ба воҳимаафтода роҳи гурезро пеш гирифтанд. Барои ҷасорату диловариаш дар ин набарди ҳалкунанда Шариф Холов бо ордени «Шараф» дараҷаи сеюм сарфароз гардонида шуд.

Ҳамин тавр, Шариф Холов дар озод кардани шаҳрҳои Прага, Варшава, Краков, Валденбург ва дигар шаҳру деҳаҳои Аврупо аз фашистони хунхор далерию қаҳрамониҳои беназир нишон дода, бо медали «Барои шуҷоат», ордени «Револютсияи Октябр» ва дигар мукофотҳои ҷангӣ сарфароз гардид.

Пас аз поён ёфтани Ҷанги Бузурги Ватанӣ Шариф Холов ба Ватан баргашта, соҳиби ихтисоси муҳосиб гардид ва солҳои зиёд ба ҳайси директори комбинати хизмати маишии ноҳияи Вахш соф­дилона адои вазифа намуд. Барои нишон додани маҳсулнокии баланди меҳнатӣ бо медали «Ветерани меҳнат» қадрдонӣ гардид.

Солҳо раиси шурои собиқадорони ноҳияи Вахш буд. Зимни мулоқот бо ҷавонон Шариф Холов дар бораи дӯстию рафоқат, сулҳу ваҳдат, ватандӯстӣ ва ободкорӣ сухан карда, аз давраҳои мушкили айёми Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва сабру матонати мардуми диёр ҳикояҳои ҷолибу таъсирбахш мекард.

Ҳаёти ӯ барин диловарон барои насли имрӯза намунаи ибрат аст, зеро ҳисси ватандӯстии баланд доштан, сабру матонат нишон додан, бо вуҷуди мушкилиҳои вазнин ноумед нашуда, ба ояндаи нек умед бастани насли ҳамонвақта буд, ки халқи шуравӣ ба Германияи фашистӣ барин душмани пурзӯр ғолиб омада, нисфи зиёди Аврупоро аз истилогарони фашист озод кард.

Агар Шариф Холов зинда мебуд, 10-уми майи соли равон 100-сола мешуд. Ёди чунин далерон ва қаҳрамонони ҷабҳаи ҷангу меҳнат гиромӣ бод!

С. СУННАТӢ,

«Садои мардум»

«Туҳфаи тақдир» ба аҳли қалам
Соли равон «Модари матбуоти тоҷик» (таъбири устод Садриддин Айнӣ) — рӯзномаи «Ҷумҳурият» ҷашни 100-солагиашро таҷлил намуд. Вобаста ба санаи мазкур як қатор рӯзноманигорон дар бораи ин нашрияи маъруф дар шумораҳои гуногуни он хотираҳояшонро баён карданд.

Чанде пеш нашриёти «Адиб» китоби фелетоннависи шинохта, Аълочии матбуоти Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи Иттифоқи журналис­тони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ Ҳабибулло Ёровро, ки 20 сол (1971-1991) дар ин рӯзномаи муътабар фаъолият кардааст, зери унвони «Туҳфаи тақдир» аз чоп баровард. Муаллиф дар ин маҷмуа хотираҳояшро аз ҳамкорӣ бо рӯзноманигорони машҳури кишвар Шодӣ Саидов, Ғоиб Қаландаров, Ибод Файзуллоев, Нур Табаров, Турсунбой Маҳмадаминов, Шафқат Саидов, Ато Ҳамдам, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Асадулло Саъдуллоев, ки ба журналистони зиёде ҳаққи устодӣ доранд, хеле ҷолиб ба қалам додааст.

Тавре дар сарсухани китоб таъкид шудааст, «Вай (Ҳ. Ёров) дар бораи худаш не, дар бораи ҳамкоронаш, устодонаш ва дӯстонаш дар ин рӯзнома, дар бораи муҳити рӯзнома, дар бораи хусусияти рӯзнома ва дар бораи аҳамияти рӯзнома сухан мегӯяд. … Чӣ қадар содиқ ва дилбохтаи ин рӯзнома будан даркор аст, ки дар хусуси ҳамаи ин хотираро бедор кунӣ ва сухани неке аз таҳти дил гӯӣ».

Ҳабибулло Ёров дар оғози китоб давраи ба рӯзноманигорӣ пардохтанашро ба ёд оварда, зикр мекунад, ки бо маслиҳати ҳамсинфаш Назри Яздонӣ ва Абдулҳамид Самад аз маоши баланди омӯзгорӣ (180 сӯм) даст кашида, ба сифати ёрдамчии мусаҳҳеҳ (бо маоши 65 сӯм) ба рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» ба кор омад.

Муаллиф аз давраи сармуҳарририи рӯзноманигори варзида Ғоиб Қаландаров бо ихлосу эҳтиром ёдовар шудааст: «Минбаъд фақат мақолаҳои ҷиддии проб­лемавӣ-танқидӣ навис. Ту метавонӣ. Ман саҳифаҳои «Назорати халқӣ»-ро ки ҳар моҳ тайёр мекунӣ, варақ задам. Ту онҳоро аз рӯйи маълумотномаю рейдҳои Кумитаи назорати халқии ҷумҳурӣ ва кумитаҳои шаҳру ноҳияҳо тайёр мекунӣ. Аз ин рӯ, онҳо хушку қолабиянд. Аз ин услуб даст каш, ки муфтхӯру танбал мешавӣ. Баръакс, органҳои тафтишот, аз ҷумла Кумитаи назорати халқӣ, ҳам бояд ба матолиби танқидии рӯзнома ҷавоб диҳанд, на ин ки рӯзнома хулосаву натиҷаҳои рейду тафтишҳои онҳоро чоп кунад. Танқид бояд ҷиддӣ бошад, на қолабӣ».

Китоб барои аҳли қалам, махсусан касоне, ки нав ба шоҳроҳи рӯзноманигорӣ қадам гузоштаанд, дастуру роҳнамои муфидест.

С. СУННАТӢ,

«Садои мардум»