Садои мардум - нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон » Душанбе

ФОРУМИ ХVIII ЗИЁИЁНИ ЭҶОДКОР ВА ОЛИМОН
14-15-уми майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе Форуми  ХVIII зиёиёни эҷодкор ва олимони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад.

Мавзуи асосии форум «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: уфуқҳои нави ҳамкории башардӯстона» мебошад.

Дар форум дар мавзуъҳои «Саҳми мардумони иттиҳод дар Ғалабаи бузург», «Анъанаҳо ва навовариҳо дар фарҳанги кишварҳои иттиҳод», «Тамоюлҳои муосир дар илму маориф» ва «Имконоти воситаҳои ахбори омма дар рушди фазои башардӯстонаи иттиҳод» мубоҳисаҳои гурӯҳӣ баргузор мешаванд.

Дар доираи форум вохӯриҳои роҳбарони академияҳои илмҳои миллӣ, ҷаласаи муштараки раёсати Бунёди байнидавлатии ҳамкории башардӯстона ва Шурои ҳамкории башардӯстонаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил низ доир мегарданд.

Г. РАҲМОНОВА,

«Садои мардум»

Нахустин троллейбус дар Душанбе
Ҳафтод сол муқаддам, 1 майи соли 1955, аввалин троллейбус дар пойтахти ҶШС Тоҷикистон — шаҳри Сталинобод (ҳозира Душанбе) ба ҳаракат даромад. Масофаи нахустин хатсайри ин воситаи нақлиёти барқӣ 11 километр (аз маҳаллаи шимолӣ то вокзали Роҳи оҳан) буд. Дар бораи таъсиси Корхонаи троллейбусҳои пойтахт 6 апрели ҳамон сол қарори Комиҷроияи Шурои меҳнаткашони шаҳри Сталинобод ба тасвиб расид.

Барои шарҳу тавзеҳи ин маълумотнома ва таҳияи мавод роҷеъ ба ин рӯйдоди таърихӣ ба ККВД «Троллейбус» рафтем. Директори корхонаи мазкур Сорбон Акрамзода пешниҳод намуд, ки бо бойгонии корхона шинос шавам. Хабари мо роҷеъ ба ҳаракати нахустин воситаҳои нақлиёти барқӣ дар шаҳри Душанбе бо маълумотномаи бойгонӣ мувофиқ омад. Ҳамзамон, аксҳои нахустин троллейбусҳо, ронандагон, аввалин кормандони корхона ва собиқадоронро пайдо намудем.  Маълум гардид, ки аввалин роҳбари корхонаи мазкур К. Бозоров ва нахустин ронандагони троллейбусҳо Убайдуллоев, Рузанов, Наҷмиддинов ва Зокиров (номи нафарони мазкур дар маълумотнома зикр наёфтааст) будаанд. Муаллифи ин сатрҳо яке аз ронандагони нахустин — Бегиҷон Наҷмиддиновро мешинохтам. Шодравон дар деҳаи назди пойтахт — Тезгари поёни ноҳияи Ленин (ҳоло Рӯдакӣ) зиндагӣ мекард ва дар борааш мақолае низ ба нашр расонда будам.

Дар санаи зикршуда нахустин бор чор троллейбуси (дар баъзе маълумотҳо ҳафт адад) тамғаи МТБ-82Д, ки дар корхонаи троллейбусбарории ба номи Уритскои шаҳри Энгелси Россия истеҳсол шуда буд, ба шаҳрвандони пойтахт хизматрасониро оғоз карданд. Соли 1957 хатсайри №2-и троллейбус дар байни маҳаллаи Шимолӣ (Северний) то маҳаллаи ДОК ва пас аз як сол хатсайри №3 ифтитоҳ ёфт. Соли 1967 парки дуюми троллейбусҳо мавриди истифода қарор гирифт ва масофаи хатсайрҳои воситаи нақлиёти барқии пойтахт қариб ба 50 км расид. Дар он давра теъдоди кормандони Раёсати троллейбусҳои шаҳри Душанбе 700 нафар буд. Ҳамин тавр, нақлиёти мусофиркашони барқӣ мунтазам рушд ёфта, то оғози соли 1991 дар 13 хатсайр масофаи ҳаракати онҳо 136 километрро  ташкил медод.

- Тавре маълум аст, солҳои 90-уми асри гузашта, бинобар ҷанги шаҳрвандӣ, тамоми соҳаҳо фалаҷ гаштанд. Хушбахтона, сулҳ барқарор гашт ва таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон мамлакатамон рӯ ба тараққӣ овард. Роҳбарияти олии кишвар дар баробари дигар соҳаҳо ба соҳаи нақлиёт ва таҷдиду навсозии роҳҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуд ва мо шоҳиди рушди бесобиқаи ин соҳаҳои ҳаётан муҳим ҳастем. Дар пойтахти шуҳратёри ҷумҳурӣ — шаҳри Душанбе баробари қомат афрохтани қасру биноҳои замонавии баландошёнаи истиқоматӣ, марказҳои фарҳангию варзиш ва тиҷорат, ҳамзамон, роҳу хиёбонҳо васеъ, тахту ҳамвор ва зебою дилкушо гардида, даҳҳо навъи нақлиёти сабукрав, бору мусофиркаш дар хизмати мардум қарор доранд. Қобили зикр аст, ки  соли 2015 дар шаҳри Душанбе муассисаи нав оид ба истеҳсоли троллейбус ба фаъолият оғоз кард. Соли 2019 аз Ҷумҳурии Беларус троллейбусҳои нави бесим (бесконтактние)  харидорӣ шуд ва аз моҳи майи ин сол ҳаракати чунин навъи нақлиёти замонавӣ оғоз ёфт, — гуфт директори ККВД «Троллейбус» Сорбон Акрамзода.

Бино ба иттилои Сорбон Акрамзода айни ҳол дар шаҳри Душанбе 120 тролейбуси тамғаҳои гуногун, аз ҷумла  як тролейбуси АКИА Ултра (истеҳсоли Тоҷикистон), дар хизмати сокинони шаҳр ва меҳмонон қарор дорад. Дар шаҳр ҳашт хатсайри троллейбусҳо фаъолият мекунад. Аз 102 ронандаи троллейбус 25 нафараш бонувон мебошанд. Троллейбус яке аз қулайтарин ва беҳтарин нақлиёти оммавӣ маҳсуб меёбад ва ҳамарӯза садҳо мусофир аз хизмати он баҳра мебаранд.

Бурҳониддин КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»

Бунёди метро танбашавиро рафъ мекунад
Душанбеи дилорою гулбоғи мо рӯз ба рӯз рушду тараққӣ карда, бо азму талошҳои шабонарӯзии Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ боз ҳам шукуфон мегардад.

Аз ташвишу саргардониҳои ҳаррӯзаи масъулину мутасаддиёни мақомоти шаҳрӣ огаҳӣ доштам ва бо чашмони хеш медидам, ки чӣ қадар корҳои таъҷилӣ сари маҳал матраҳ гашта, оҷилан ба сомон мерасиданд. Ҳатто дар кучактарин масоили мавҷуда — маркази шаҳрро худсарона убур кардани мошинҳои гаронвазн, резонидани ҳар гуна ашёву шағал рӯи ҷодаю шоҳроҳҳо, пайдо шудани худравҳои ифлосу ношуста ба таври хеле ҷиддӣ пайгирӣ мегашт. Пайваста амалӣ гардидани ин иқдом ва мунтазам ислоҳ сохтани ин мушкилиҳо танбашавии доимии нақлиётро дар баъзе аз қитъаҳои алоҳидаи роҳҳои пойтахт то ҷое бартараф менамуд.

Маврид ба зикри хос аст, ки чанд соли охир, маҳз бо саъю кӯшишҳои дурбинонаю ғамхоронаи Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ эстакадаҳо ва ё роҳҳои дуқабатаю сеқабата дар пойтахт бунёд гашт, вале чӣ ҷои баҳсу мунозира аст, ки даҳсолаи охир теъдоди нақлиёт дар ҷумҳурӣ аз меъёри мавҷуда хеле зиёд шудааст.

Иқдоми хуби дигар, ки бо ибтикори бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам ­Рустами Эмомалӣ вусъат гирифта, комилан дар амал татбиқ гардид, ин аст, ки қисматҳои роҳҳо дар пойтахт васеъ карда шуда, барои худравҳои сабук­рав садҳо таваққуфгоҳи хурду бузург сохта шуданд.

Хушхабари тозатарин дар ин ҳошия дар оянда бунёд гардидани метро дар шаҳри Душанбе мебошад, ки дар қалби ҳар як нафаре аз мо — аҳли қалам низ фараҳу нишоти махсусеро илқо сохт. Инчунин, иттилои расмӣ пахш гардид, ки метро дар шаҳри Душанбе тахминан аз се хат иборат буда, аслан аз минтақаи назди бинои Сирки тоҷик ибтидо мегирад. Яъне, нақшаи дурнамои хатсайрҳои зеризаминии метрои пойтахт дар маҷмуъ: истгоҳҳои Сирк, Ипподром, Қасри миллат, Маҷмааи Истиқлол, Боғи ботаникӣ, Корхонаи сементи тоҷик; муҷассамаи Ғалаба, Садбарг, кӯчаи Айнӣ, Душанбе-1, Фурудгоҳ, Маркази саломатӣ, кӯчаи Қаротегин, километри 9-ум; Кумитаи андоз, Саховат, Корвонро ташкил хоҳад дод. Ба ҳар минвол, дар марҳилаи аввал нақшаи сохтмони хати метро аз Сирки давлатӣ то дарвозаҳои ҷанубӣ, шимолӣ ва шарқии пойтахт тӯл мекашад.

Набояд фаромӯш намоем, ки дар шаҳри Душанбе бо мурури афзоиши аҳолӣ ва теъдоди зиёди худравҳо танбашавии воситаҳои нақлиёт ба яке аз мушкили асосии таъмини ҳаракати бемамониати нақлиёт табдил ёфта, вазъи мавҷударо торафт печидаю мураккабтар мегардонад, вале итминони комил дорем, ки дар наздиктарин муҳлат кулли ин мушкилиҳо комилан ислоҳ гардида, нақшаҳои пешбинишуда пурра амалӣ ва дар шаҳри Душанбе роҳҳои нави дуқабатаю сеқабата ва метро бунёд мегардад.

Ш. Ҳусейнзода,

«Садои мардум»

Душанбе имрӯз зебост, фардо зеботар
Душанбеи гулпираҳан, ки маркази муҳимтарин чорабиниҳои сатҳи минтақаю ҷаҳонӣ гашта, дар он ҳамасола садҳо коршиносони соҳаҳои гуногун аз кишварҳои мухталиф ба ҳам меоянд, бо таърихи бою рангин, санъати баланди меъморӣ, маҷмааву боғҳои фарҳангӣ, роҳу пулҳои бисёрсатҳа, корхонаҳои азими саноатӣ яке аз муҳимтарин шаҳрҳои сайёҳӣ маҳсуб меёбад. Соли 2017 маҷаллаи «The Telegrah» (Британияи Кабир) Душанберо аз ҷумлаи 20 шаҳри тамошобоби қитъаи Осиё муаррифӣ намуда буд. Солҳои минбаъда пойтахти кишвари мо боз ҳам рушд намуда, инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ мустаҳкам гашт.

Рушду шаҳомати пойтахти кишварамон дар чорабиние, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе 16-уми апрели соли равон доир намуд, бештар эҳсос гашт.

Маросими ифтитоҳи чорабинӣ бо ҳузури муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ, Ҷамшед Ҷумахонзода, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатулло Исмоилзода ва як гурӯҳ рӯзноманигорон, аъзои Ассотсиатсияи блогерони Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии «Майдони Истиқлол» доир шуд.

Дилбар Одилзода аз таърихи пойтахти кишвар, рушди бесобиқаи он дар марҳилаи нави давлатдорӣ ва ҳамчун шаҳри сайёҳӣ мавриди таваҷҷуҳи оламиён қарор гирифтанаш ёдовар шуд. Аз ҷумла гуфт: «Пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Душанбе шаҳри зоҳиран ҷавони дорои таърихи қадима аст. 101 сол аст, ки бо ифтихор вазифаю масъулияти мақому мартабаи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба дӯш дорад. Пойтахти кишвари мо таҳти сарварии шаҳрдори некбину ояндасоз муҳтарам Рустами Эмомалӣ рисолати хешро ҳамчун маркази давлати соҳибихтиёри тоҷикон дар рушди самтҳои гуногуни ҳаёти мамлакат муваффақона иҷро намуда, ба меҳвари ташаббусҳои наву созанда ва шаҳри саёҳату сайёҳӣ мубаддал гардидааст».

Баъд аз маросими ифтитоҳи чорабинӣ аксҳое, ки суратгири маъруфи кишвар Дидор Саъдуллоев аз манзараҳои Душанбе бардоштааст, ба маъраз гузошта шуд.

100 акси манзургашта бозгӯи талошҳои созандаю бунёдкоронаи Роҳбари давлатамон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси пойтахти кишвар муҳтарам Рустами Эмомалӣ мебошад.

Мо Душанберо дар ин аксҳо на танҳо ҳамчун симои миллати тоҷик ва дарвозаи асосии вуруди меҳмонону сайёҳон ба мамлакат мебинему мешиносем, балки маркази рушди тамаддуни замони нав, инкишофи илму фарҳанг дармеёбему эътироф мекунем.

Ин силсилааксҳо зарфияти сайёҳии мамлакат, бахусус пойтахти кишварро шоиста муаррифӣ менамоянд.

Сипас, сайри журналистон (прес-тур) оғоз гашт. Хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрӣ — автобусҳои дуқабатаи «Сайри Душанбе» мо — гурӯҳи журналистонро аз Майдони Истиқлол сайри Душанбе, сӯи бисёр ҷозибаҳои гардишгарии шаҳр бурд.

Майдони Истиқлол бо бурҷи ҳамном, ки мо онро рамзи бахти миллат, манораи сулҳу озодӣ медонем, аз ҷолибтарин мавзеъҳои сайёҳии Душанбе мебошад. Ин ҷо ҳар ҷузъиёт рамзу розе дорад. Сайёҳон дар ҳамин макон имкон доранд бо таърихи зиёда аз 6-ҳазорсолаи тоҷикон тавассути 14 деворнигораи атрофи манора, ки намунаи ҳунари волои халқи тоҷик буда, аз давлатдории шоҳони аввалини ориёӣ — Каюмарсу Ҷамшед то рӯзгори имрӯзаи миллати тоҷикро мунъакис мекунанд, ошно шаванд.

Маҷмаа 121 метр дарозӣ дошта, қисми поёниаш 30 метр — ифодакунандаи 30-солагии истиқлоли кишвар аст. Қисмати болоӣ 91 метр тӯл кашида, пайванд бо соли ба даст овардани Истиқлоли давлатист. Дар болои маҷмаа тоҷи қутраш 8-метра ҷилва дорад, ки рамзи давлатдорию соҳибистиқлолӣ ва соҳибтамаддунии миллати бостонии тоҷик аст. Он рамзи дарахти ҳаёт низ ҳаст, ки зиндагии ҷовидонаву сарсабзию устувориро дар худ таҷассум менамояд.

Ошёнаи аввал аз ҳунари волову санъати бемисли миллати тоҷик шаҳодат медиҳад. Намунаи ҳунарҳои мардумӣ ба фазои бино, хоса ошёнаи аввал, руҳи миллӣ бахшидаанд.

Ошёнаи дуюмро, ки дар он Осорхонаи таърихии шаҳри Душанбе созмон ёфтааст, ошёни худшиносӣ метвон унвон кард. Он дар худ садҳо далел аз таърихро ҳифз намудааст ва гузаштаю имрӯзро ба ҳам мепайвандад. Дар осорхона экспонатҳое ҷой дода шудаанд, ки ҳини ҳафриёт аз ҳудуди шаҳри Душанбе пайдо гардидаанд. Ҳар кадоми он ифодагари давраҳои гуногуни таърихи Душанбешаҳрамон мебошанд.

Тахти рамзии шоҳ Исмоили Сомонӣ диққати ҳар бинандаро ба худ мекашад.

Мавзеъҳои сайёҳии Душанбеи азизи мо кам нестанд ва инро бештар замоне эҳсос менамоед, ки ба он ҳамчун сайёҳ назар меафканед. Тибқи ҳафриёти бостоншиносон ҳудуди Душанбе, махсусан соҳилҳои дарёҳои Варзоб, Лучоб ва Душанбе, аз ҷое, ки Лучобу Варзоб ба ҳам пайваст мешаванд ва дарёи Душанберо ба вуҷуд меоранд, маскангоҳи одамони ибтидоӣ будааст. Мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ, дар ҳудуди имрӯзаи Душанбе одамони нахустин ҳанӯз 220-250 ҳазор сол қабл маскун буданд.

Имрӯз Душанбе аз марказҳои бузургтарини фарҳангию маданӣ ва саноатии Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Бо мақсади мутобиқ намудани иншооти сайёҳии пойтахт ба меъёрҳои байналмилалӣ пулҳои қаторагард, роҳҳои сесатҳа ва дусатҳа, истгоҳҳои наву замонавӣ мавриди истифода қарор гирифтанд.

Ҳоло масҷиди бузургтарини Осиёи Миёна дар Душанбе ҷойгир аст, ки зиёда аз 100 ҳазор нафарро дар як вақт ҷой медиҳад. Он бо назардошти санъати меъмории мардуми тоҷик ва ҷаҳон, дар масоҳати 12 гектар бунёд шудааст.

Аз назди Маркази Исмоилия наметавон бетаваҷҷуҳ гузашт. Ин панҷумин Маркази Исмоилия дар ҷаҳон ва нахустин дар Осиёи Марказӣ аст. Қаблан чунин марказҳо дар Британияи Кабир, Канада, Португалия ва Амороти Муттаҳидаи Араб сох­та шудаанд. Меъмории ғайримуқаррарии марказ таваҷҷуҳбарангез аст. Санъати зебои он ифодагари ҳунари волои меъморони Осиёи Марказӣ мебошад.

Яке аз маконҳои дигари дилрабои шаҳр Кохи Наврӯз маҳсуб меёбад, ки соли 2014 бунёд гаштааст. Аз панҷ табақа иборат буда, 40 ҳазор метри мураббаи он кори дасти ҳунармандони тоҷик аст. Толорҳо бо ҳунарҳои миллии мардуми тоҷик, аз қабили гаҷкорӣ, кандакорӣ дар чӯб, мозайка, сангтарошӣ, оинабандӣ шудаанд. Зимнан, ин кохи беназир соли 2019 ба унвони яке аз ҳашт муъҷизаи муосири Созмони ҳамкории Шанхай пазируфта шуда буд.

Автобус аз назди «Кӯли ҷавонон», шар-шараи назди «Наврӯзгоҳ», «Боғи Парчам», «Осорхонаи миллӣ», ки аз мавзеъҳои дидании пойтахтамон маҳсуб меёбанд, гузашта моро сӯи кӯчаи марказӣ мебарад.

Кӯчаҳои шаҳр тозаю озодаанд. Аз қабати дуюми автобус Душанбе зеботар ба назар мерасад. Боди серуни баҳор аз атроф атри гулҳоро ба машом меорад. Аз ҳар ҷониб садои мусиқӣ, хандаи тифлакони маъсум ба гӯш мерасад. Сари ҳар қадам сайёҳонро вомехӯрем, ки дар кӯчаҳои шаҳр сайр мекунанд. Ба кадом тарафи шаҳр ки назар меафканем, корҳои сохтмонӣ бо ҷӯшу хурӯш идома доранд. Душанбе имрӯз зебост, аммо фардо шукӯҳи дигаре ба худ касб хоҳад кард.

Фарзона ФАЙЗАЛӢ,

«Садои мардум»

Нигини пурҷилои тоҷи миллат
Аз файзу баракати Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва иттиҳоду сарҷамъии миллати тоҷик пойтахти Тоҷикистони озоду соҳибихтиёр — шаҳри Душанбе ба чаманзори муаттар, бӯстони дилрабо, мавзеи биҳиштосову руҳпарвар табдил ёфтааст. Ба зебоӣ, латофат ва рушду пешрафти босуръати шаҳри Душанбе назар карда, бори дигар мутмаин мешавем, ки вориси худшиносу худогоҳи миллати тоҷик дар симои шаҳрдори хирадманду дурандеши он муҳтарам Рустами Эмомалӣ рисолати шаҳрсозии ниёгони соҳибтамаддуни хешро эҳё намудаю сарбаландона идома медиҳад.

Воқеан, пойтахти Тоҷикистони зебоманзар бо гулгашту хиёбонҳои ороста, боғҳои фарҳангию фароғатӣ гулистонро мемонад. Пиру барно ҳамагӣ дарк мекунанд, ки ин замини зархезу файзбор, ин хоки муқаддаси пурганҷро танҳо меҳру муҳаб­бат, меҳнати созандаю самимӣ сабзу хуррам кардааст.

Имрӯз Душанбе ба сифати маркази бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ эътироф гаштааст. Дар пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол бузургтарин ҳамоишҳои сиёсию иқтисодӣ, фарҳангию маданӣ ва варзишӣ баргузор мегардад, ки дар боло рафтани мақому манзалати Душанбе ва муаррифии шоистаи он ба аҳли сайёра мусоидати бештар кард.

Воқеан, Душанбе ҳамасола зеботару маҳбубтар мегардад. Шаҳри дилҳо, шаҳри меҳру садоқат, шаҳри сулҳу ваҳдат бо иқдом ва талошҳои Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамчун гаҳвораи камолот рӯз ба рӯз симои худро тағйир медиҳад, боз ҳам ободу зеботар мегардад.

Имрӯз баръало эҳсос мешавад, ки Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рус­тами Эмомалӣ чун як фарзанди содиқ ва созандаву ташаббускор аз давлати соҳибис­тиқлол ва ниёгони хеш, забону фарҳанги миллӣ ифтихор доранд, баҳри ҳифзи арзишҳои миллӣ ва шукӯҳи бештар ёфтани пойтахти Тоҷикистон талош меварзанд. Натиҷаи ҳамин талош­ҳои созанда буд, ки тайи солҳои охир якбора шаҳомати Душанбе афзуд, ҳудудаш васеъ, намояш зебову хуррамтар, шуҳратёру дилоро гардид. Биноҳои баланду серошёна, қасру толорҳои барҳаво, театру донишгоҳу донишкадаҳои маъруф, биноҳои маъмурию фарҳангӣ ба Душанбе ҳусни дигар зам кардаанд.

Корномаю хизматҳои шоёни Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, меҳнату талош, ҳамдилӣ ва иттиҳоди халқи тоҷик дар атрофи давлату Ҳукумати мамлакат буд, ки Тоҷикистон ва пойтахти он шаҳри Душанбе ба даҳгонаи амнтарин шаҳрҳои олам шомил гардид. Воқеан, баргузории конфронсу ҳамоишҳои байналмилалии сиёсию фарҳангӣ ва варзишӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳузури роҳбарону намояндагони созмону ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе эътимоду боварии ҷомеаи ҷаҳониро нисбат ба суботу оромӣ ва амнияти давлату кишвари тоҷикон бештар намудааст.

Бо баракати ҳамин ташаббусҳои созанда имрӯз шуҳрату шони Душанбе ҳамчун нигини Тоҷикистон машҳури олам гашта, паёми саодату сарбаландии тоҷиконро ба мардуми ҷаҳон мерасонад.

Самандар ИСКАНДАРЗОДА,

директори «Телевизиони Тоҷикистон»

Эй сайқали дунё, Душанбе
Имрӯз ба шарофати сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои наҷибонаю созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пойтахти кишварамон ба шаҳри гулпӯшу дилрабо, макони писандидаи сокинони мамлакат ва меҳмонони хориҷӣ табдил ёфтааст. Ҳар рӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва телевизионӣ садҳо навори видеоӣ аз боғу гулгаштҳои шаҳри Душанбе манзур мегардад. Ҳазорон нафар дар зери ин наворҳо бо меҳру муҳаббат ва изҳори ҳайрат ба тарроҳону бунёдкорони боғу гулгаштҳо аҳсан хонда, орзуи дидани ин зебошаҳрро мекунанд.

Боғҳои фарҳангию фароғатии Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Куруши Кабир, Алишер Навоӣ, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Ҷавонон ва ғайра дили ҳар бинандаро тасхир месозанд. Кас дар ин боғҳо қадам зада, чашмонаш пурнур, қалбаш пур аз сурур ва ҷисмаш неруманд мегардад. Дар натиҷаи зиёд гардидани масоҳати боғу гулгаштҳо, сабзазор намудани шафати роҳҳои нақлиётӣ ва самаранокии корҳои ободонию сабзазоркунӣ алҳол зиёда аз 25 дарсади ҳудуди пойтахти мамлакатро минтақаи сабзазор ташкил медиҳад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намуданд: «Тавре ки мушоҳида мекунем, шаҳри Душанбе сол аз сол ободу зебо ва ҳудуди он васеъ мегардад. Ҳамзамон бо ин, ҳамаи мо ва дар навбати аввал масъулони шаҳрдориро зарур аст, ки барои таъмини зиндагии орому осудаи сокинон, фаъолияти босамари корхонаву муассисаҳо ва будубоши мусоиду бофароғати меҳмонон тамоми шароитро муҳайё созем. Мо бояд дар пойтахт чунин фазоеро фароҳам оварем, ки ҳар як меҳмон имконияти ошноии ҳамаҷониба пайдо кардан ба арзишҳои таърихиву фарҳангии мардуми куҳанбунёдамонро дошта бошад ва муҳаббату меҳмоннавозӣ, муносибати дӯстона ва хайрхоҳонаи моро эҳсос намояд. Дар ин раванд, ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки пойтахт симо ва оинаи давлату миллат мебошад ва барои покизаву пурҷило нигоҳ доштан ва ба ҷаҳониён ба таври арзанда муаррифӣ кардани он ҳамаи сохтору мақомоти шаҳрдорӣ ва ҳар як сокини пойтахт масъулият доранд».

Шаҳри Душанбе, воқеан, дар даврони соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ дар ҷаҳони муосир мақоми шоиста касб намуда, ба ҷаҳониён бо чеҳраи наву замонавӣ ҳамчун «шаҳри сабз» ва маҳбуби дилҳо муаррифӣ гардид. Чунончӣ, соли 2004 бо қарори ЮНЕСКО ба Душанбе мақоми «Шаҳри сулҳ» дода шуд. Соли 2010 бо қарори Созмони ҳамкории исломӣ шаҳри Душанбе «Пойтахти фарҳанги исломӣ» эълон гашт. Инчунин, соли 2016 пойтахти кишварамон сазовори ҷоизаи «Шаҳри сабз»-и Бунёди «Роҳи абрешим» шуд.

Хоҷа Насируддини Тӯсӣ дар китоби «Ахлоқи Носирӣ» чунин фармудааст: «Тавре ки неруи тан дар хислати табиист, неруи хислат дар руҳ, неруи шаҳрҳо дар ҳокимонашон, неруи ҳокимон дар сиёсат, неруи сиёсат бошад, дар хирад ниҳонанд. Ҳангоме ки дар шаҳр хирад эътироф мешавад ва он ҷо қонуни ҳақ ҳукмравоӣ мекунад, назму тартиб мешавад ва майлу такомулаш ба зуҳур меояд».

Шаҳри Душанбе чанд сол боз макони баргузории чорабиниҳои азими байналмилаливу ҷаҳонӣ ва мавзеи диданибоби сайёҳони хориҷӣ гардидааст. Ташрифи теъдоди зиёди меҳмонон дар Наврӯзи имсола гувоҳи ин гуфтаҳост. Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», соли гузашта дар пойтахти кишвар беш аз ду ҳазор нафарро аз 100 давлати аъзои СММ ба ҳам овард.

Аз 28 то 31-уми майи соли равон баргузории аввалин Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» дар назар аст. Баргузории чунин чорабиниҳои сатҳи баланд бори дигар кишвари мо ва пойтахти зебои онро дар сархати расонаҳои хабарии ҷаҳон ҷой хоҳад дод.

Барои ҳар як тоҷику тоҷикис­тонӣ шаҳри Душанбе маҳбуби дилу дидаҳо гардидааст. Ҳақ бар ҷониби Шоири халқии Тоҷикистон Низом Қосим аст, ки фармуда:

Рӯи ту аз рӯи ҷаҳон беҳ,

Ҳар кӯчаат аз Каҳкашон беҳ.

Эй шаҳри руҳафзо, Душанбе,

Эй сайқали дунё, Душанбе.

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум»

Душанбе аз бостон то имрӯз
Бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вақте ба Душанбеи нав менигарем, пеш аз ҳама, ба роҳбарону масъулон ва муҳандисону сохтмончиёни он аҳсан мегӯем. Биноҳои сарбафалаккашидаи замонавӣ, қасрҳои бошукӯҳ, боғҳои сабзу хуррам ва гулбасар, роҳҳои тахту ҳамвор ва кӯчаю хиёбонҳои ободу зебо диққати ҳар бинандаро ба худ мекашад. Хушбахтона, аксари бунёдкорон тоҷиконанд. Онҳо исбот намуданд, ки гузаштагонамон ободкору шаҳрсоз буданд ва имрӯз анъанаҳои созандагии онҳо аз нав эҳё шудааст. Бозмондаҳои шаҳрҳои қадимаи кишвар низ аз ин дарак медиҳанд.

Душанбеи азизамон ба сифати пойтахти Тоҷикис­тони соҳибистиқлол маълуму машҳур гаштааст ва таърихи тӯлонию ҷолиб дорад. Дар замони шуравӣ, бо вуҷуди он ки ба ҳувияти миллӣ ва таърихи пурарзиши мардуми дигар, аз ҷумла тоҷикон, он қадар таваҷҷуҳ надоштанд, баъзе олимони миллатдӯсту содиқи мо ба арзишҳои миллӣ эҳтиром гузошта, маълумотҳои ҷолибро дар матбуот ба табъ мерасонданд. Яке аз онҳо таърихшинос, академик Нуъмон Неъматов, соли 1994, зимни як суҳбат дар матбуоти даврӣ доир ба таърихи Душанбе ибрози назар карда, минҷумла гуфта буд: «Якумин шаҳрро дар Ҳисор бунёд намуда ва Душанберо дар садсолаҳои сеюму дуюми то милод сохтаанд, ки боқимондаи онро ҳозир дар теппаи баланди канори рости рӯди Душанбе, дар маҳали байни кӯчаи Исмоили Сомонӣ ва Боғи набототи АИ Тоҷикистон (ҳоло АМИТ) дидан мумкин аст.

Замоне дар ин ҷо шаҳре буд, ки ба 40 гектар доман паҳн карда ва он то асрҳои ҳафтуму ҳаштуми то милод «умр дид». Дар Душанбе ва гирди шаҳр ёдгориҳои мансуб ба аҳди Юнону Бохтариҳо ва Кӯшониён фаровонанд. Дар давраи Кӯшониён Теппаи Арки Мир, Теппаи Искандар барин маҳалҳои аҳолинишин ва ­аркҳо пайдо шуданд…Бостоншиносон аз қаламрави Душанбеи ҳозира се ҳазору сесад танга ёфтаанд. Пулҳое ҳастанд, ки дар аҳди қарахониён (асрҳои XI-XII), ғуриён Муҳаммад Хоразмшоҳ (1200-1220) ва солҳои 1428-1429 сикка задаанд, аз замони шайбониён ҳам тангаҳо мерос мондаанд».

Олими дигари тоҷик Шарқӣ Юсуфов низ дар замони шуравӣ роҷеъ ба Душанбе тадқиқоти зиёд анҷом додааст. Дар китоби ӯ, ки бо номи «К истории дореволюционного Душанбе» соли 1988 нашриёти «Дониш» ба табъ расонда буд, аз ҷумла таъкид шудааст: «Душанбе дар гузашта маркази бузурги савдо будааст. Бостоншиносон тангаҳои асрҳои XV ва оғози XVI-ро ёфтаанд, ки онҳоро дар шаҳрҳои мухталиф сикка задаанд. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки роҳи тоҷирони бисёр кишварҳо аз Душанбе мегузаштааст».

Дар рисолаҳои донишмандони пеш­азинқилобии Россия низ дар бораи шаҳри Душанбе маълумоти ҷолиб ҷой доранд. Ба муаллифи ин сатрҳо имконият даст дод, ки чанд сол пеш дар бинои собиқ Китобхонаи миллии Тоҷикистон баъзе китобу маълумотномаҳои онҳоро пайдо намоям. Аз ҷумла, муҳаққиқи рус, афсар Б. Н. Литвинов, ки охири асри XIX ба ин минтақаҳо сафар кардааст, дар яке аз навиштаҳояш зикр менамояд: «Дар байни хонаҳои зичи шаҳр дар қад-қади кӯчае, ки аз назди қалъа сар шуда, ба боло, ба тарафи Варзоб тӯл мекашад ва ба дашти васеи ҳамҳудуди шаҳр мебарояд, осори девори қалъаи қадимаро дидан мумкин аст. Ба назарам чунин менамуд, ки (ман шабона аспсавор аз назди он гузаштам) ин девор аз хишти хом сохта шудааст ва қисман харобаи қалъаи Самарқандро ба хотир меоварад».

Соли 1959 дар маҷаллаи «Маданияти Тоҷикистон» мақолаи мудири шуъбаи таърихи Осорхонаи ҷумҳуриявии таъриху кишваршиносии Тоҷикистон Е. В. Земайл ба нашр расида буд, ки дар он муаллиф дар ҷои Душанбеи ҳозира дар асрҳои XI-XIII мавҷуд будани шаҳри ободу зебо далелҳои зиёд оварда, ҳамзамон, қайд кардааст: «Қадимтарин осорҳои зиндагии одам дар қаламрави Сталинобод ба давраи охирини асри санг – неолит дахл доранд, ки онро «асри нави санг» ҳам меноманд».

Таърихи инсоният борҳо собит кардааст, ки ҳар минтақаи ободу дилкаш ва пурсарват мавриди тохтутози ғосибон қарор мегирад. Аз ҷумла, шаҳри қадимае, ки имрӯз пойтахти кишварамон аст, борҳо аз ҷониби аҷнабиён ғасб, талаю тороҷ ва хароб шудааст. 15 августи соли 1990 дар нашрияи «Пионери Тоҷикистон» мақолае бо номи «Душанбе шаҳри қадиму ҷавон» чоп шуда буд, ки дар он аз ҷумла, қайд шудааст: «Вақте ки шаҳр сохта мешуд, он вақт маълум набуд, ки дар таги он шаҳри қадимае ҷой дорад… Ҳамин тавр, фарзияе исбот гардид, ки шаҳри Душанбе дар замонҳои Искандари Мақдунӣ сохта шудааст…».

Қадима будани шаҳри Душанберо ковишҳои бостоншиносон дар соли 1989 низ исбот кард. Моҳи декабри ҳамон сол дар маҳаллаи Қарияи болои шаҳр ҳангоми корҳои сохтмонӣ як ­қабри қадима пайдо шуд ва аз дохили он дастпона, муҳра ва дигар ороишоти занона ёфтанд, ки ин ҷавоҳиротро занҳои ҳудуди имрӯзаи Осиёи Марказӣ дар охири асри V ва аввали асри VIII истифода мекардаанд. Дар ин бора муовини директор оид ба корҳои илмии Институти таърих, археология ва этнографияи Академияи илмҳои РСС Тоҷикистон ба номи Аҳмади Дониш (ҳоло Институти таърих, бос­тоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш) В. Соловьёв ба рӯзномаҳо хабар дода буд. Аз ин пештар муҳаққиқ Қаҳҳор Расулов дар мақолааш «Душанбе шаҳри бостонии тоҷик», ки онро рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» 5 феврали соли 1989 ба нашр расонида буд, зикр кардааст: «Як қатор бозёфти дар солҳои 1951-1952 ёфтшуда, аз қабили гӯшвораи аз тиллою нуқра сохташуда, ки дар он пайкараи зан ва панҷаҳои шер тасвир ёфтаанд, зину афзоли асп ва тарҳи биноҳо дар соҳили дарёи Душанбе, аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки дар ин мавзеъ ҳанӯз дар давраи подшоҳии Юнону Бохтар (асри II то милод) шаҳрчае вуҷуд доштааст».

Чанд маълумоти мухтасаре, ки пешниҳоди хонандагони арҷманд гардонидем, маълум менамояд, ки Душанбеи имрӯза дар давраҳои қадим ҳам шаҳри бонуфуз ва макони ободе будааст ва бинобар тохтутозу ҷангҳои ғосибон он хароб ва қариб ки ба нестӣ расида буд.

Дар замони шуравӣ Душанбе ба пойтахти Тоҷикис­тон табдил дода шуд, аммо таи беш аз сӣ соли соҳиб­истиқолӣ барои эҳё ва рушди пойтахти мамлакат тадбирҳое амалӣ гардид, ки давоми беш аз 70 сол як давлати абарқудрату дорои тамоми имкониятҳо ин корро накарда буд. Роҳбарияти олии мамлакат ва шаҳрдори Душанбе баҳри рушди пойтахт нақшаҳои бузурги созандагиро амалӣ карданд ва дар натиҷаи ғамхорӣ ва дастгирии пайваста имрӯз он ба як макони афсонавӣ, дилкашу гуворо ва маркази чорабиниҳои сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Воқеан, Душанбе соат ба соат, рӯз ба рӯз ободтар мешавад, симояшро дигар мекунад ва шуҳраташ мунтазам боло меравад.

Бурҳониддин КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»

Иҷрои нақшаи даъват аз 80% гузашт
Дар даҳрӯзаи якуми даъвати баҳории ҷавонони кишвар ба хизмати ҳарбӣ Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон, ноҳияҳои минтақаи Рашт, шаҳри Душанбе, инчунин, ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ва шаҳри Бӯстони вилояти Суғд иҷрои нақшаи сафарбаркунии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакатро беш аз 100% таъмин намуданд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ нақшаи даъват беш аз 72 ва дар вилояти Суғд бошад, 54 дарсадро ташкил медиҳад.

Дар маҷмуъ, иҷрои нақшаи даъват дар саросари ҷумҳурӣ аз 80 дарсад гузаштааст, ки нишондиҳандаи мазкур дар қиёс бо солҳои қаблӣ баланд арзёбӣ мегардад. Ин натиҷаи бештар ва самаранок ба роҳ мондани чорабиниҳои маърифатӣ дар самти баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон мебошад.

Зикр кардан бамаврид аст, ки даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон то охири моҳи майро дар бар мегирад.

С. СУННАТӢ,

«Садои мардум»

Вохӯрии роҳбарони мақомоти олии аудити давлатҳои аъзои СҲШ
14-15 апрели соли ҷорӣ  дар шаҳри Душанбе вохӯрии  ҳафтуми роҳбарони мақомоти  олии аудити давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор мегардад.

Дар ҷараёни нишасти навбатии роҳбарони мақомоти  олии аудити давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай  аз ҷумла, масъалаҳои марбут ба аудити якҷоя дар соҳаи кишоварзӣ ва нақшаи чорабиниҳо барои давраи солҳои 2025-2027 баррасӣ шуда, изҳороти муштараки роҳбарони мақомоти  олии аудити давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай қабул карда мешавад.

Г. РАҲМОНОВА,

«Садои мардум»

Дастури Рустами Эмомалӣ ҷиҳати бунёди мактаби барномасозӣ дар пойтахт
7-уми апрели соли 2025 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар расми ифтитоҳи бинои IT-парки шаҳри Душанбе, ки дар доираи намоишгоҳи «ICT WEEK-2025» баргузор гардид, барои ҳар чӣ зудтар таҳия намудани лоиҳаи мактаби барномасозӣ дар пойтахт ва бунёди он дар муддати кӯтоҳтарин ба масъулини мақомоти шаҳри Душанбе дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Дар ин хусус аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ намоишгоҳи гӯшаҳои технологии маҳсулоти барномавӣ ва технологияҳои иттилоотиро тамошо намуда, бо имконияти рақамии ширкатҳои ватанӣ шинос гардиданд.

Ин чорабинӣ дар доираи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, қадами устувор барои расидан ба ҳадафҳои Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия (2025-2030) мебошад.

IT-парки шаҳри Душанбе соли 2024 дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон таъсис ёфта, бо мақсади дастгирии соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва инноватсионӣ, инчунин, ҷалби стартапҳо ва ширкатҳои соҳа ба рушди иқтисоди рақамӣ татбиқ гардидааст.

Дар муддати кӯтоҳ бинои IT-парк бо тамоми шароити зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, барои мутахассисони соҳаи IT муҳити мусоид ва имконияти фаровон фароҳам аст. Ба ҳолати имрӯза 11 ширкати ватанӣ мақоми аъзои доимии IT-паркро соҳиб гардида, дар ҳудуди он фаъолият доранд. Бо мақсади рушди минбаъда то охири сол боз ҷалби 100 ширкати дигар ба ҳайси аъзои доимӣ пешбинӣ гардидааст.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ таъкид намуданд, ки дар ҷаҳони муосир иқтисоди рақамӣ ва инноватсия муҳаррики рушди устувори кишварҳо ба ҳисоб мераванд. Тоҷикистон низ ҳамчун аъзои иқтисоди ҷаҳонӣ аҳамияти ин равандро ба ҳисоб гирифта, ба марҳилаи нави рушди рақамӣ ворид мегардад.

Мавриди таъкид аст, ки бо ташаббус ва дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи иқтисоди рақамӣ, бахусус рушди инноватсия дар мамлакат, мавқеи хоса касб намудааст.

Таъкид карда шуд, ки дар шароити босуръати тағйирёбии ҷаҳони муосир кишваре метавонад дар радифи давлатҳои пешрафта қарор гирад, ки ба рушди илм, технология ва рақамисозии идоракунӣ таваҷҷуҳи пайваста зоҳир намуда, ҳамрадифи замон қадам монад. Аз ин рӯ, лоиҳаи омӯзиши фанни зеҳни сунъӣ дар муассисаҳои таълимӣ, ки то соли 2026 татбиқ мешавад, ба рушди заминаи ­кадрӣ ва ташаккули насли рақамӣ мусоидат менамояд. Татбиқи шабакаи 5G дар ин замина яке аз афзалияти асосӣ ба ҳисоб рафта, ба дастрасии интернет ва рушди хизматрасонии рақамӣ мусоидат менамояд. Чорабинӣ яке аз муҳимтарин рӯйдодҳо дар соҳаи рақамикунонӣ ва инноватсия дар мамлакат ба ҳисоб рафта, дар доираи ифтитоҳи IT-парки нав давоми ҳафта, ҳамчунин, баргузор гардидани намоишгоҳҳо, форумҳо, озмунҳо, мастерклассҳо ва музокираҳо марбут ба ояндаи рушди рақамии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар дошта шудааст.

Ш. ҲУСЕЙНЗОДА,

«Садои мардум»