Садои мардум - нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон » Минтақаҳо

ВОСЕЪ. ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ БЕҲТАР ГАРДИД
Беморхонаи марказии ноҳияи Восеъ, ки аз се ошёна иборат аст, баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд.

Бино ба иттилои сардухтури беморхона Диловар Валиев, бо мақсади беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ ду мошини ёрии таъҷилӣ 24 соат дар хизмати сокинони ноҳия қарор доранд.

Айни замон дар беморхона беҳтарин мутахассисони соҳаи тиб кору фаъолият мекунанд, ки беш аз 70 фоизи онҳоро табибони ҷавон ташкил медиҳанд. Дар тобеъияти беморхонаи ноҳия панҷ беморхонаи рақамӣ низ фаъолият дорад. Шумораи табибони маълумоти олидор 90 нафарро ташкил медиҳад.

Исломи РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»

«СОМОН ЭЙР» ПАРВОЗҲОИ МУСТАҚИЛРО БА МИСР ОҒОЗ МЕНАМОЯД
11-уми май ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар ҳамкорӣ бо ширкати «АНТАРЕС» (FLY.TJ) ба шаҳри Шармушшайхи Ҷумҳурии Мисри Араб  иҷрои парвозҳои мустақимро оғоз менамояд.

Парвозҳо ҳафтае як маротиба рӯзҳои якшанбе тариқи ҳавопаймоҳои Боинг 737-800 ва Боинг 737-900 анҷом дода мешаванд. Давомнокии парвоз аз Душанбе ба Шармушшайх 5 соату 30 дақиқа ва дар бозгашт 5 соатро ташкил медиҳад.

Директори генералии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» Абдулқосим Валиев мегӯяд, ки «оғози парвозҳо ба Шармушшайх қадами муҳим дар таҳкими муносибатҳои дуҷониба байни давлатҳо мебошад. Итминон дорем, ки ин хатсайр ба рушди соҳаи сайёҳӣ, таҳкими робитаҳои иқтисодӣ ва табодули фарҳангӣ мусоидат менамояд».

Г. РАҲМОНОВА,

«Садои мардум»

ФОРУМИ ХVIII ЗИЁИЁНИ ЭҶОДКОР ВА ОЛИМОН
14-15-уми майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе Форуми  ХVIII зиёиёни эҷодкор ва олимони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад.

Мавзуи асосии форум «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: уфуқҳои нави ҳамкории башардӯстона» мебошад.

Дар форум дар мавзуъҳои «Саҳми мардумони иттиҳод дар Ғалабаи бузург», «Анъанаҳо ва навовариҳо дар фарҳанги кишварҳои иттиҳод», «Тамоюлҳои муосир дар илму маориф» ва «Имконоти воситаҳои ахбори омма дар рушди фазои башардӯстонаи иттиҳод» мубоҳисаҳои гурӯҳӣ баргузор мешаванд.

Дар доираи форум вохӯриҳои роҳбарони академияҳои илмҳои миллӣ, ҷаласаи муштараки раёсати Бунёди байнидавлатии ҳамкории башардӯстона ва Шурои ҳамкории башардӯстонаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил низ доир мегарданд.

Г. РАҲМОНОВА,

«Садои мардум»

Нахустин троллейбус дар Душанбе
Ҳафтод сол муқаддам, 1 майи соли 1955, аввалин троллейбус дар пойтахти ҶШС Тоҷикистон — шаҳри Сталинобод (ҳозира Душанбе) ба ҳаракат даромад. Масофаи нахустин хатсайри ин воситаи нақлиёти барқӣ 11 километр (аз маҳаллаи шимолӣ то вокзали Роҳи оҳан) буд. Дар бораи таъсиси Корхонаи троллейбусҳои пойтахт 6 апрели ҳамон сол қарори Комиҷроияи Шурои меҳнаткашони шаҳри Сталинобод ба тасвиб расид.

Барои шарҳу тавзеҳи ин маълумотнома ва таҳияи мавод роҷеъ ба ин рӯйдоди таърихӣ ба ККВД «Троллейбус» рафтем. Директори корхонаи мазкур Сорбон Акрамзода пешниҳод намуд, ки бо бойгонии корхона шинос шавам. Хабари мо роҷеъ ба ҳаракати нахустин воситаҳои нақлиёти барқӣ дар шаҳри Душанбе бо маълумотномаи бойгонӣ мувофиқ омад. Ҳамзамон, аксҳои нахустин троллейбусҳо, ронандагон, аввалин кормандони корхона ва собиқадоронро пайдо намудем.  Маълум гардид, ки аввалин роҳбари корхонаи мазкур К. Бозоров ва нахустин ронандагони троллейбусҳо Убайдуллоев, Рузанов, Наҷмиддинов ва Зокиров (номи нафарони мазкур дар маълумотнома зикр наёфтааст) будаанд. Муаллифи ин сатрҳо яке аз ронандагони нахустин — Бегиҷон Наҷмиддиновро мешинохтам. Шодравон дар деҳаи назди пойтахт — Тезгари поёни ноҳияи Ленин (ҳоло Рӯдакӣ) зиндагӣ мекард ва дар борааш мақолае низ ба нашр расонда будам.

Дар санаи зикршуда нахустин бор чор троллейбуси (дар баъзе маълумотҳо ҳафт адад) тамғаи МТБ-82Д, ки дар корхонаи троллейбусбарории ба номи Уритскои шаҳри Энгелси Россия истеҳсол шуда буд, ба шаҳрвандони пойтахт хизматрасониро оғоз карданд. Соли 1957 хатсайри №2-и троллейбус дар байни маҳаллаи Шимолӣ (Северний) то маҳаллаи ДОК ва пас аз як сол хатсайри №3 ифтитоҳ ёфт. Соли 1967 парки дуюми троллейбусҳо мавриди истифода қарор гирифт ва масофаи хатсайрҳои воситаи нақлиёти барқии пойтахт қариб ба 50 км расид. Дар он давра теъдоди кормандони Раёсати троллейбусҳои шаҳри Душанбе 700 нафар буд. Ҳамин тавр, нақлиёти мусофиркашони барқӣ мунтазам рушд ёфта, то оғози соли 1991 дар 13 хатсайр масофаи ҳаракати онҳо 136 километрро  ташкил медод.

- Тавре маълум аст, солҳои 90-уми асри гузашта, бинобар ҷанги шаҳрвандӣ, тамоми соҳаҳо фалаҷ гаштанд. Хушбахтона, сулҳ барқарор гашт ва таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон мамлакатамон рӯ ба тараққӣ овард. Роҳбарияти олии кишвар дар баробари дигар соҳаҳо ба соҳаи нақлиёт ва таҷдиду навсозии роҳҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуд ва мо шоҳиди рушди бесобиқаи ин соҳаҳои ҳаётан муҳим ҳастем. Дар пойтахти шуҳратёри ҷумҳурӣ — шаҳри Душанбе баробари қомат афрохтани қасру биноҳои замонавии баландошёнаи истиқоматӣ, марказҳои фарҳангию варзиш ва тиҷорат, ҳамзамон, роҳу хиёбонҳо васеъ, тахту ҳамвор ва зебою дилкушо гардида, даҳҳо навъи нақлиёти сабукрав, бору мусофиркаш дар хизмати мардум қарор доранд. Қобили зикр аст, ки  соли 2015 дар шаҳри Душанбе муассисаи нав оид ба истеҳсоли троллейбус ба фаъолият оғоз кард. Соли 2019 аз Ҷумҳурии Беларус троллейбусҳои нави бесим (бесконтактние)  харидорӣ шуд ва аз моҳи майи ин сол ҳаракати чунин навъи нақлиёти замонавӣ оғоз ёфт, — гуфт директори ККВД «Троллейбус» Сорбон Акрамзода.

Бино ба иттилои Сорбон Акрамзода айни ҳол дар шаҳри Душанбе 120 тролейбуси тамғаҳои гуногун, аз ҷумла  як тролейбуси АКИА Ултра (истеҳсоли Тоҷикистон), дар хизмати сокинони шаҳр ва меҳмонон қарор дорад. Дар шаҳр ҳашт хатсайри троллейбусҳо фаъолият мекунад. Аз 102 ронандаи троллейбус 25 нафараш бонувон мебошанд. Троллейбус яке аз қулайтарин ва беҳтарин нақлиёти оммавӣ маҳсуб меёбад ва ҳамарӯза садҳо мусофир аз хизмати он баҳра мебаранд.

Бурҳониддин КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»

Ду деҳаи Муъминобод соҳиби мактабҳои замонавӣ шуданд
Бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Тутои ноҳияи Муъминобод бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 ва дар деҳаи Навбаҳори ноҳия иншооти муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №37 бо шароити замони муосир сохта ба истифода дода шуданд.

Зимни ифтитоҳи иншооти мазкур Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ва раиси ноҳия Сайвалӣ Амирзода иштирок намуда, иттилоъ дода шуд, ки ҳар ду муассиса бо маблағи 11 миллиону 657 ҳазору 592 сомонӣ сохта шуданд.

Муассисаи №7 аз ду ошёна иборат буда, дар як баст барои 240 хонанда пешбинӣ шудааст, ки дорои синфхонаҳои технологияи информатсионӣ, физика, химия, биология, математика, забони русӣ ҳуҷраи омӯзгорон ва синфхонаи инкишофи барвақтии кӯдакон мебошад.

Муассисаи №37 бошад, барои 480 хонанда пешбинӣ шуда, дорои 10 синфхонаи бо  шароити муосир муҷаҳҳаз аст.

Сарвазири мамлакат ҳангоми боздид аз иншооти навбунёд, зикр доштанд, ки соҳаи маориф зери таваҷҷуҳи ҳамешагии Ҳукумати кишвар ва Роҳбари олии мамлакат қарор дошта, таъмини шароити муосир барои таълиму тарбияи насли наврас омили муҳим дар рушди ҷомеа ба ҳисоб меравад.

И. РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»

Бунёди 12 гектар боғи нави мевадиҳанда дар Шуғнон
Дар деҳаи Шитами ноҳияи Шуғнон бо иштироки раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот, роҳбарияти ноҳия, роҳбарону кормандони идораву муассисаҳои вилоятӣ ва сокинон дар майдони 12 гектар боғи нави мевадиҳанда бунёд шуд, ки дар он 15 ҳазор бех ниҳоли себ шинонда шудааст.

Ёдовар мешавем, ки дар заминаи сиёсати хирадмандонаю созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба мамлакати «сабз» табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон соли равон дар ҳудуди ноҳияҳои вилояти мазкур дар майдони даҳҳо гектар боғҳои нав бунёд шуданд. «Ин иқдоми таърихии Роҳбари олии мамлакат давра ба давра таҳким ёфта, амалисозии он аз ҳар шаҳрванди баору номус талошу ҷиддияти зиёд мехоҳад, зеро дар ҳифзи табиати зинда ва тозагии муҳити атроф ҳамаи мо масъулем», — афзуд раиси ВМКБ.

М. ИМОМНАЗАР,

«Садои мардум»

Баррасии масоили нақлиёту кишоварзии ВМКБ
Дар машварати кории раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон масъалаҳои рафти иҷрои «Барномаи мақсадноки давлатии рушди комплекси нақлиёти  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои  солҳои 2021-2025» ва «Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» дар вилоят мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Гуфта шуд, ки феълан дар ВМКБ 44 хатсайри автомобилӣ мавҷуд буда, бахусус, дар хатсайрҳои шаҳрии маркази маъмурии вилоят 230 микроавтобус, 215 таксӣ ва панҷ автобус ба мусофиркашонӣ машғуланд.

Ҳамчунин, зикр гардид, ки давоми солҳои соҳибистиқлолии мамлакат баҳри рушди соҳаи кишоварзӣ тадбирҳои зиёд андешида шуданд. Бо ин мақсад соли равон дар вилоят бунёди беш аз 22 га боғҳои нав ва барқароркунии зиёда аз 40 гектар боғҳои куҳна ба нақша гирифта шудааст.

М. ИМОМНАЗАР,

«Садои мардум»

Занон ҷонибдори ташаббусҳои созанда
Бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа масъалаи ба таҳсил фаро гирифтани духтарон ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи хоса қарор дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 28 сол қабл, 26 апрели соли 1997, дар Анҷумани сеюми иттиҳодияҳои занон, созмонҳои ғайриҳукуматии занони ҷумҳурӣ зарурати таъсиси Квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъкид карданд. Тибқи Квотаи президентӣ ҳамасола садҳо нафар духтарон аз ноҳияҳои дурдасти кишвар ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи махсус дохил шуда, соҳибмаълумот мегарданд.

Онҳо давоми таҳсил аз имтиёз­ҳои зиёд, аз ҷумла таъмин бо хобгоҳ ва идрорпулӣ, бархӯрдоранд. Маҳз бо шарофати ин иқдоми Пешвои миллат занону духтарон баробари мардон дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият доранд.

Сарвари давлат дар Паём ба Маҷлиси Олии кишвар 28 декабри соли 2024 изҳор доштанд: «Имрӯз 42 ҳазору 400 нафар ҷавонони мо дар 42 давлати мутараққии ҷаҳон таҳсили илм доранд, ки 13 ҳазор нафар ё беш аз 30 фоизи онҳо духтарон мебошанд».

Далели дигари таваҷҷуҳи хосаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба занону модарон таъсиси гранти президентӣ мебошад. Илова бар ин, бо ташаббуси Пешвои миллат солҳои 2022 — 2026 «Солҳои рушди саноат» эълон гардид, ки барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ барои занони соҳибкору ҳунарманд замима фароҳам овард. Гузашта аз ин, сол аз сол бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шумораи занони соҳибкор дар ҷумҳурӣ зиёд мешаванд. Метавон гуфт, ки занону духтарони ҳунарманд бо ташкили марказҳои ҳунармандӣ, коргоҳу корхонаҳои дӯзандагӣ, чорвопарварӣ дар амалӣ гардидани ҳадафҳои созандаю бунёдкоронаи Ҳукумати мамлакат саҳми арзанда мегузоранд.

Тозагул Ватанова соҳиби гранти президентӣ аз ноҳияи Восеъ буда, 25 сол мешавад, ки ба дӯхтани лавозимоти гаҳвора (рӯйпӯш, болишт ва дастбанд) машғул аст. Ин зани солманд аз дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон хеле шод аст. Соли гузашта лоиҳаи пешниҳоднамудааш дастгирӣ ёфта, соҳиби 40 ҳазор сомонӣ гардид. Маҳсули ҳунари номбурда дар озмуну фестивалҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ба маъраз гузошта шуда, борҳо сазовори ҷойҳои намоён ва соҳиби диплому ифтихорномаҳо гардидааст.

Барои тавсеаи ин раванд дар қиёс ба солҳои пешин маблағи грантҳои раиси вилояти Хатлон низ ду баробар зиёд шуд. Соли 2024 дар доираи Форуми байналмилалии сармоягузорӣ — содиротии «Хатлон — Инвест» 30 соҳибкорзани вилоят 500 ҳазор сомонӣ гранти раиси вилояти Хатлонро гирифтанд. Аз ҷумла, Зебогул Назарова, сокини деҳаи Сурхдараи ноҳияи Восеъ, яке аз гирандагони гранти раиси вилояти Хатлон дар соли 2024 мебошад. Номбурда лоиҳаи худро дар самти ҳунарҳои мардумӣ (дарздӯзӣ, чакандӯзӣ, порадӯзӣ) пешниҳод намуда, соҳиби 15 ҳазор сомонӣ гардид.

«Ҳунари порадӯзиро аз модарам ёд гирифтам ва 33 сол мешавад, ки аз рӯи ин касби пешакарда зиндагиро пеш мебарам ва даҳҳо зани хонашинро соҳибкасб намудам. Аз ҷумла, соли 2024 ба15 зани деҳа дар хонаи истиқоматии худ дарздӯзиву чакандӯзиро омӯзонидам ва онҳо аз ҳисоби шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Восеъ соҳиби сертификат гардиданд. Соли 2025-ум 40 зани дигари деҳаро, ки бештарашон хонашин мебошанд, ҳамчун шогирд қабул намуда, ҳунарамро меомӯзонам», — мегӯяд номбурда.

Зебогул ифтихор аз он дорад, ки дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳунарҳои мардумӣ дубора эҳё гардиданд. Ин ҳунарманд мақсад дорад, ки барои рушди ҳунарҳои мардумӣ коргоҳи хурд таъсис диҳад.

Сокини дигари ноҳияи Восеъ Соҷида Ҳусайнова низ яке аз гирандагони гранти раиси вилояти Хатлон дар соли 2024 мебошад. Ӯ лоиҳаи худро дар самти ҳунармандӣ (дӯзандагӣ) пешниҳод намуда, соҳиби 15 ҳазор сомонӣ гардид.

Дар маҷмуъ, соли 2024 аз ­ноҳияи Восеъ як зан соҳиби гранти президентӣ ва се бону соҳиби гранти раиси вилояти Хатлон гардиданд. Айни замон дар ноҳияи Восеъ 311 зан ба соҳибкорӣ, ҳунармандӣ машғул буда, дар рушди иқтисодиёти мамлакат нақши арзанда мегузоранд.

Бибинисо Гулмуродзода,

муовини раиси ноҳияи Восеъ

Шаҳристон. Сокинон ба ҷойи ҳаҷ кӯдакистон месозанд
Сокинони ватандӯсти ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд маб­лағҳое, ки барои сафари ҳаҷ ҷамъоварӣ карда буданд, ихтиё­ран барои бунёди бинои иловагӣ дар назди кӯдакистони «Ғунча» сарф намуда, саҳми худро дар ободии маҳал гузоштанд.

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, зимни сафари корӣ ба ин ноҳия дар бинои иловагии кӯдакистони мазкур санги асос гузошта, бо истиқбол аз ташаббусҳои созандаи сокинон иброз дошт, ки мизу курсӣ ва дигар лавозимоти зарурии кӯдакистон аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дастрас хоҳад шуд.

Ҷ. САБОҲИДДИН,

«Садои мардум»

Шаҳристон. Сокинон ба ҷойи ҳаҷ кӯдакистон месозанд
Сокинони ватандӯсти ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд маблағҳое, ки барои сафари Ҳаҷ ҷамъоварӣ карда буданд, ихтиёран барои бунёди  бинои иловагӣ дар назди кӯдакистони «Ғунча» сарф намуда, саҳми худро дар ободии маҳал гузоштанд.

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, зимни сафари корӣ ба ин ноҳия дар бинои иловагии кӯдакистони мазкур санги асос гузошта, бо истидол аз ташаббусҳои созандаи сокинон иброз дошт, ки мизу курсӣ ва дигар лавозимоти зарурии кӯдакистон аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дастрас хоҳад шуд.

Ҷ. САБОҲИДДИН,

«Садои мардум»