Садои мардум - нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон » Вилояти Суғд

Шаҳристон. Сокинон ба ҷойи ҳаҷ кӯдакистон месозанд
Сокинони ватандӯсти ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд маблағҳое, ки барои сафари Ҳаҷ ҷамъоварӣ карда буданд, ихтиёран барои бунёди  бинои иловагӣ дар назди кӯдакистони «Ғунча» сарф намуда, саҳми худро дар ободии маҳал гузоштанд.

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, зимни сафари корӣ ба ин ноҳия дар бинои иловагии кӯдакистони мазкур санги асос гузошта, бо истидол аз ташаббусҳои созандаи сокинон иброз дошт, ки мизу курсӣ ва дигар лавозимоти зарурии кӯдакистон аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дастрас хоҳад шуд.

Ҷ. САБОҲИДДИН,

«Садои мардум»

Бунёди ниҳолхона дар ноҳияи Айнӣ
Бо мақсади васеъ намудани майдони ҷангалзор ва барқарорсозии қитъаҳои хушкгардидаи ҷангал дар хоҷагии ҷангали ноҳияи Айнӣ дар масоҳати 0,80 га ниҳолхона бунёд гардида, дар он парвариши тухмӣ ва қаламчаи намудҳои гуногуни дарахтони мевадиҳанда ва ороишию сояафкан, аз ҷумла шафтолу, зардолу, чормағз, олуча, туғдона, бодом, дуб ва сафедор ба роҳ монда шуд.

Роҳбарияти хоҷагӣ вобаста ба сердаромад будани меваи хуч ният дорад, ки майдони парвариши онро васеъ намояд. Вобаста ба ин, дар як қитъаи ниҳолхона парвариши қаламчаҳои навъи беҳтарини хуч роҳандозӣ гардидааст.

Ҷ. САБОҲИДДИН,

«Садои мардум»

«Суғд-чорроҳаи роҳи бузурги абрешим»
Имкони мусоид барои муаррифии иқтидорҳои сайёҳӣ

Шаҳри Хуҷанд мизбони Форуми байналмилалии сайёҳии «Суғд – чорроҳаи Роҳи бузурги Абрешим» гардид, ки дар он намояндагони бахши сайёҳии даҳ кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, Туркманистон, Чин, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Беларус, Амороти Муттаҳидаи Араб ва Юнон ширкат варзиданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар маросими ифтитоҳи форум зикр намуд, ки соҳаи сайёҳӣ дар кишвар ба марҳилаи нав ворид шуда, иқтидорҳои он рӯз ба рӯз беҳтар мегардад.

- Феълан дар вилояти Суғд зиёда аз 100 субъекти хизматрасонии сайёҳӣ фаъолият дошта, шумораи меҳмонхонаҳо ба 65 ва истироҳатгоҳу осоишгоҳҳо ба беш аз 30 адад мерасад. Ин имкониятҳо дар якҷоягӣ бо 1190 ёдгории таърихию фарҳангии вилоят шароити мусоиди ҷалби сайёҳони дохилию хориҷиро фароҳам овардааст, — афзуд раиси вилоят.

Ҷ. САБОҲИДДИН,

«Садои мардум»

Панҷакент. Нақшаи даъвати баҳорӣ иҷро шуд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ дар шаҳри Панҷакент 100% иҷро шуд.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар доданд, дар иҷрои пеш аз муҳлати нақшаи даъвати баҳорӣ роҳандозии ҳамкории густурдаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, комиссияи шаҳрии даъват ва ҷамоатҳои деҳот саҳми бориз гузоштанд.

Маврид ба зикр аст, ки дар даъвати баҳории ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ 390 нафар ҷавонон шаҳри Панҷакент ба хидмати Ватан – Модар раҳсипор шуданд.

Ҷ. САБОҲИДДИН,

«Садои мардум»

Суғд. Гусели наваскарон ба хизмати Ватан-Модар
Дар Қасри Арбоб маросими гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ ботантана баргузор гардид. Дар ҳамоиши мазкур раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок ва суханронӣ намуд.

- Ҳимояи Ватан, манфиатҳои давлат, таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва тақвияти иқтидори мудофиавӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд маҳсуб ёфта, он на танҳо қарзи фарзандӣ, балки мактаби мардонагӣ ва ватандӯстӣ барои ҳар ҷавонмарди баору номус мебошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати давлатии ҷавононро яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуда, ҷавононро неруи пешбаранда ва такягоҳи боэътимоди давлату миллат мешуморанд, — иброз дошт раиси вилоят.

Дар даъвати баҳорӣ беш аз 2180 нафар аз шаҳру ноҳияҳои вилоят ихтиёран худро барои адои хизмати ҳарбӣ дар комиссариатҳои ҳарбӣ номнавис карданд. Акнун, дар аввалин навбати гусел 1700 ҷавон аз шаҳру ноҳияҳои вилоят бо эҳсоси ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ раҳсипор шуданд.

Дар рӯзи нахустини даъват ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ва як қатор ҷамоатҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят нақшаро пурра иҷро намуданд.

Дар идомаи чорабинӣ маросими нонгазон баргузор гардида, аҳли фарҳанги вилоят бо намоиши барномаи рангини консертӣ табъи ҷавононро болида намуданд.

Ҷ. САБОҲИДДИН,

«Садои мардум»

СУҒД. ФОРУМИ САЙЁҲӢ ДОИР МЕШАВАД
Аз 16 то 19 — апрел дар  вилояти Суғд Форуми II байналмилалии «Суғд — чорроҳаи роҳи бузурги абрешим» баргузор мегардад.

Форум бо мақсади рушди иқтисод ва савдои байналмилалӣ, баланд бардоштани неруи содиротӣ, тақвияти ҳамкорӣ бо давлатҳои хориҷии дуру наздик, ҷалби сармоя, воридоти технологияҳои муосир ва муаррифии захираю имконияти мавҷуда гузаронида мешавад.

Инчунин,  дар доираи форум масъалаҳои асосии рушди хизматрасонӣ дар субъектҳои хизматрасони сайёҳӣ, ҷалби мизоҷон, менеҷмент ва идоракунӣ, мубодилаи таҷриба бо мутахассисони соҳа ва таҳияи барномаҳои таълимӣ барои баланд бардоштани самаранокии корпоративӣ баррасӣ мегарданд.

Г. РАҲМОНОВА,

«Садои мардум»

Таҳкимбахши рушди босубот
Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дар бинои нави парлумони Тоҷикистон, ки яке аз дастовардҳои хуби меъмории даврони соҳибистиқлолии кишвар ба ҳисоб меравад, ироа гардид.

Дар ибтидои суханронӣ Пешвои миллат иброз доштанд, ки соли 2024 барои Тоҷикистон аз ҳар ҷиҳат соли хубу хотирмон буд. Моҳи ноябри соли сипаригардида мо 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сатҳи баланд дар фазои сулҳу ваҳдат ва вусъати корҳои ободонию созандагӣ таҷлил намудем. Конститутсия ҳамчун санади муҳими сиёсӣ дар ин муддат тавонист барои рушди муназ­зами иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мусоидат намояд ва эътибори сиёсии давлатро дар арсаи байналмилалӣ ба маротиб афзояд. Азбаски мардуми мо низ ҳуқуқи зиндагии шоистаро доранд ва ин ҳадафи олии сиёсии давлат ва Ҳукумат аст, тавонистем новобаста ба вазъи сиёсии ҷаҳон амнияти миллӣ ва рушди устувори иқтисоди миллиро таъмин ва сатҳу сифати зиндагии аҳолиро баланд бардорем.

Дар соли 2024 ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ба зиёда аз 150 миллиард сомонӣ ва суръати рушди воқеии он ба 8,4 фоиз расонида шуд ва ин нишондиҳанда дар 5 соли охир 7,7 фоизро ташкил дод. Дар 5 соли охир барои рушди иқтисодию иҷтимоии давлат аз ҳисоби буҷети давлат ва сармояи дохилию хориҷӣ 197 миллиард сомонӣ равона карда шуд. Ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо саҳмгузории соҳибкорон ва шахсони саховатпешаи кишвар барои иҷрои корҳои ободонӣ 20 миллиард сомонӣ харҷ шуда, дар доираи корҳои ободонӣ ба муносибати ин санаи фархунда дар се соли охир беш аз 1500 иншоот дар соҳаи маориф, тандурустӣ-660, варзиш-480, фарҳангию фароғатӣ-175 ва ҳазорон иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ сохта ба истифода дода шуданд. Дар натиҷаи андешидани чораҳои судманд даромади пулии аҳолӣ аз 48 миллиард сомонии соли 2019 ба 147 миллиард сомонӣ дар соли 2024, яъне се баробар зиёд гардид, ки ин аз боло рафтани сатҳи зиндагии аҳолӣ шаҳодат медиҳад.

Бо супориши Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми соли қаблӣ музди маоши хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни давлатӣ, степендияҳо 40 фоиз ва андозаи нафақа 30 фоиз зиёд гардида, боиси руҳбаландӣ ва сипосгузории аҳолии кишвар шуд. Ҳамин тавр, вобаста ба пешрафти иқтисодии мамлакат дар давоми чор соли охир музди маош ба андозаи сад фоиз зиёд гардид, ки аз таваҷҷуҳи доимии Сарвари давлат нисбати кормандони соҳаҳои буҷетӣ шаҳодат медиҳад.

Дар Паёми навбатӣ низ аз моҳи сентябри соли 2025 баланд гардидани музди маоши вазифавии кормандони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, томактабӣ 30 фоиз ва дигар муассисаҳои соҳаи маориф, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз, нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ 10 фоиз ба нақша гирифта шудааст, ки аз пешрафти иқтисодии мамлакат ва беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ дарак медиҳад. Илова бар ин, дар соли 2025 ҳадди ақали музди маош дар тамоми соҳаҳо на кам аз 1000 сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Дар муқоиса бо зиёдшавии музди маош дар панҷ соли охир сатҳи таваррум ё баландшавии нархи маводи истеъмолӣ ҳамагӣ 29 фоизро ташкил медиҳад. Ба нақша гирифта шудааст, ки дар сурати таъмини саривақтию босифати барномаю нақшаҳои қабулгардида рушди иқтисодии кишвар дар соли 2025 на кам аз 8 фоиз афзоиш дода шавад. Инчунин, тибқи нақша барои истифодаи васеи ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ, рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ, ташаккули «иқтисоди сабз» тадбирҳои мушаххас андешида мешавад.

Пешвои миллат ба масъулон дастур доданд, ки соли 2025 оид ба идоракунии самараноки иқтидорҳои мавҷуда, ташкили корхонаҳои хурду бузурги истеҳсолӣ, зиёд намудани ҷойҳои корӣ, баланд бардоштани рақобати маҳсулоти ватанӣ эътибори ҷиддӣ диҳанд. Вазорати рушди иқтисод ва савдо супориш гирифт, ки дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ то охири соли 2025 лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2026-2030»-ро таҳия ва ба Ҳукумати кишвар пешниҳод намояд.

Дар ҷумҳурӣ минбаъд ба баланд бардош­тани маърифати молиявӣ ва андозсупории шаҳрвандон ҳамчун омили асосии татбиқи сиёсати андозу буҷет эътибори ҷиддӣ дода мешавад. Вобаста ба ин, бояд ба масъалаи истифодаи технологияи муосири рақамӣ чораандешӣ намуда, то охири соли 2025 дар соҳаи буҷет ва хизматрасониҳои давлатӣ он татбиқ карда шавад. Эълон гардидани солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» ва дар заминаи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионии шаҳри Кӯлоб таъсис додани Донишкадаи инноватсия ва технологияи рақамӣ муҳаррики татбиқкунандаи ин дас­турҳои Пешвои миллат хоҳанд буд.

Рақамҳо бозгӯи пешрафтанд. Дар 5 соли охир ҳаҷми маҳсулоти саноатии кишвар аз 27 миллиард сомонӣ ба 53 миллиард сомонӣ расида, шумораи корхонаҳои саноатӣ 2040 адад афзуд ва 74 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд. Дастгирии соҳибкорон, пешгирии монеаҳо ба фаъолияти онҳо ба хотири рушди иқтисод, саноат ва ободонии Ватан иқдоми навбатии Пешвои миллат аст. Бо ин мақсад санҷишҳо кам гардида, то 1-уми январи соли 2027 мораторий эълон карда шуд.

Рушди соҳаи энергетика низ дар мадди назари Ҳукумати кишвар буда, вобаста ба ин санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ такмил дода мешаванд. Таъмиру навсозии неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Қайроққум» иқтидори энергетикии ­мамлакатро афзуда, вусъати кор дар НБО «Роғун» дар рушди «энергияи сабз» ва барҳам додани маҳдудияти барқ аз соли 2027 мушкилоти аҳолиро вобаста ба камбудии барқ бартараф менамояд.

Тоҷикистон кишвари ободу зебо ва сайёҳӣ гардидааст. Бинобар ин, ба ободонии роҳҳо ва инфрасохтори сайёҳӣ диққати ҷиддӣ дода мешавад. Ҳамин тадбирандешиҳо мусоидат намуданд, ки вуруди сайёҳон дар соли 2020-ум 12 фоиз афзуда, ба 1 миллиону 400 ҳазор нафар расидааст.

Дар Паём чун ҳамеша тавваҷҷуҳ ба рушди кишоварзӣ, таъмини амнияти озуқавории мамлакат бештар аст, зеро вазъи сиёсии имрӯзаи ҷаҳон водор менамояд, ки истифодаи босамари ҳар порча замин, се-чор ҳосил гирифтан ва захираи камаш дусолаи хӯрокворӣ бояд зери таваҷҷуҳи ҳамагон қарор дошта бошад. Мақсад аз рушди соҳаи кишоварзии кишвар таъмини талаботи дохилӣ, танзими нарх дар бозор ва даромад гирифтан аст.

Дар сиёсати давлатии мо рушди соҳаи маориф мавқеи устувор дорад. Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дар мамлакат 3670 муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумӣ, 262 муассисаи томактабӣ ва 35 муассисаи таҳсилоти олӣ сохта ба истифода дода шудааст. Ҳоло 42 400 нафар ҷавонони мо дар 42 донишгоҳи давлатҳои ҷаҳон таҳсили илм дошта, аз ин шумора 13000 нафар ё 30 фоизро духтарон ташкил медиҳанд. Бинобар зарурат дастур дода шуд, ки дар панҷ соли оянда бо истифода аз ҳама сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва бо назардошти ҳалли мушкилоти соҳа барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синни томактабӣ 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумӣ сохта ба истифода дода шавад. Дар ҳар як маҳали аҳолинишин, ки 100 оила умр ба сар мебарад, бояд як муассисаи томактабӣ сохта ба истифода дода шавад. Вобаста ба ин, ғамхориҳо бояд ба сифати таълим, забономӯзии шогирдон, омода кардани мутахассисони варзида эътибори ҷиддӣ дода шавад, зеро дар шароити имрӯза маҳорату малакаи касбӣ, ихтисосмандӣ ва забондонӣ барои рушди ҳама соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар хеле зарур мебошад. Пешвои миллат таъкид доштанд, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар муассисаҳои томактабӣ ба роҳ монда шавад ва ба масъулини соҳа дастур дода шуд, ки барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсиро бозбинӣ намоянд.

Фарҳанг, барҳақ, ҳастию эътибори миллат аст. Ҳар як миллатро бо фарҳангу таърихи гузашта ва фарзандони некаш мешиносанд. Бинобар ин, таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба фарҳанг доимӣ мебошад. Ҳоло барои мардум 18 театр, 50 қасри фарҳанг,14 мактаби санъат, 126 китобхона, 61 боғи фарҳангу фароғатӣ ва 20 осорхона хизмат мерасонад. Танҳо дар се соли охир 167 иншооти фарҳангу фароғатӣ бунёду навсозӣ гардида, барқарорсозии 14 иншооти фарҳангӣ идома дорад. Пешвои миллат аз фаъолияти Китобхонаи миллӣ ва таъмиру навсозии садҳо ёдгории таърихӣ мисол оварда, шахсони масъулро вазифадор намуданд, ки ба рушди фарҳанг эътибори ҷиддӣ диҳанд ва мушкилоти соҳаро то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бартараф намоянд. Ба таъкиди Сарвари давлат, фарҳанги миллӣ ки заиф шуд, ҷояшро фарҳанги бегона мегирад. Дар ин радиф роҳбарони шаҳру ноҳияҳо дастур гирифтанд, ки дар маркази ҳар як шаҳру ноҳия барои дарёфт ва рушди истеъдодҳои ҷавон мактаби мусиқӣ сохта ба истифода дода шавад.

Баланд бардоштани савияи дониш, маърифатнокӣ ва иштирок дар озмунҳо, дарёфти истеъдодҳо, ихтироъкорон, санъаткорони болаёқат, муаррифии фарҳангу маънавиёт ҷузъи ҷомеаи мо буда, таблиғи он бояд вазифаи ҷавҳарии муассисаи таълимӣ, волидайн ва аҳли ҷомеа бошад. Озмунҳои аз ҷониби Пешвои миллат таъсисшуда исботи ин гуфтаҳо мебошанд. Танҳо дар шаш соли охир дар Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» 500 нафар соҳиби ҷойи якум, дуюм ва сеюм ва дар озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм — фурӯғи маърифат» қариб ҳазор нафар соҳиби шоҳҷоиза, ҷойҳои намунавӣ ва ҷоизаҳои пулӣ гардиданд.

Ба таъкиди Пешвои миллат ҷавонон қишри фаъолтарини ҷомеа, идомадиҳандаи иқдомҳои неки насли калонсол ва ояндаи давлату миллат мебошанд. Бинобар ин, дар ҷаҳони ҳассоси имрӯза ҷавонон бояд баҳри ҳифзи истиқлолу озодии сарзамини аҷдодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ҳамеша омода бошанд. Худ ва ҳамсолонашонро аз таъсири мафкураи радикаливу ифротӣ ва хурофотпарастӣ эмин доранд. Илму донишҳои замонавӣ, касбу ҳунарҳои муосирро аз худ намуда, дар рушди илму инноватсия ва таҳкими нуфузи байналмилалии давлатамон ба харҷ диҳанд. Хурофот ҷаҳолат аст ва ҷаҳолат ба ҷомеа бадбахтӣ меорад.

Пешвои миллат бори дигар мавқеи зан дар ҷомеаро зикр намуда, эҳтироми зан-модарро як ҷузъи фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик номиданд. Мақому манзалат, қадру қимати зан-модар дар ҷомеаи имрӯзаи мо баланд буда, дар даврони соҳибистиқлолии кишвар саҳми онҳо дар рушди ҷомеа, корҳои ободонию созандагӣ боиси ифтихор аст. Сарвари давлат ёдовар шуданд, ки айни замон 25 фоиз занон дар хизмати давлатӣ, 73 фоиз дар соҳаи маориф, 71 фоиз дар соҳаи тиб, 47 фоиз дар соҳаи фарҳанг ба кору фаъолияти ибратбахш машғуланд. 37 фоизи олимон ва 30 фоизи соҳибкоронро занон ташкил медиҳанд. Дар замони соҳибистиқлолии кишвар 280 ҳазор нафар духтарон соҳиби маълумоти олӣ гардиданд. Дар 28 соли охир 11600 нафар тибқи Квотаи президентӣ соҳиби таҳсилоти олӣ шуданд ва илова бар он 35 000 нафар духтарону бонувон муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷиро хатм намуда, соҳибмаълумот гардиданд. Ҳоло аз 214 000 нафар донишҷӯи муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар 90 000 ё ин ки 42 фоизро духтар ташкил медиҳанд.

Ҷавҳари Паёми Пешвои миллатро ҳувияти миллӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ташкил медиҳад. Дар ҳама давру замон одобу хирад дар зиндагӣ мақоми арзанда дорад. Дӯст доштани Ватан, садоқат ба Меҳан, хизмат ба Тоҷикистони азиз бояд қарзи имониву виҷдонии ҳар яки мо бошад. Дар зиндагӣ эҳтироми инсонӣ бояд дар ҷойи аввал қарор гирад. Дар шароити имрӯза меҳрубон будан, дастгирии ҳамдигар, аз ҳолу аҳволи ҳамдигар бохабар будан беҳтарин хислатҳои инсонӣ аст. Пешвои миллат бо эҳсос ва меҳрубонона фаҳмониданд, ки хабаргирии бемор, аз ҷумла наздикон, беҳтар аз сад сӯзандоруи табиб аст.

Бо ин тартиб, ҳама нуктаҳои Паём хеле муҳиму саривақтӣ буданд ва дар маҷмуъ, дарси адабу илҳомбахши рушди фардои кишваранд. Паём дас­тур, раҳнамо ва нақшаи фаъолият барои ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ дар соли равон ва минбаъда буда, мо — масъулонро водор менамояд, ки дар фаъолияти худ аз ҳидоятҳои Пешвои миллат самаранок истифода бурда, бо татбиқи ҳадафҳои созанда дар ободии Ватан ба муносибати Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда гузорем.

Мурод ШУКУРЗОДА,

узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси шаҳри Панҷакент

Маркази омӯзиши тағйирёбии иқлим ва пиряхҳо ифтитоҳ гардид
Дар факултети геоэкология ва туризми Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров маркази омӯзиши тағйирёбии иқлим ва пиряхҳо ифтитоҳ гардид.

-Ин ташаббус дар доираи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ва “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” роҳандозӣ гардид,- иттилоъ дод зимни маросими ифтитоҳи марказ ректори донишгоҳ А.Усмонзода.

Олимони соҳавии донишгоҳ  ифтитоҳи маркази мазкурро дар самти омӯзиши илмии пиряхҳо, таҳқиқоти тағйирёбии иқлим, баррасии таъсири тағйирёбии иқлим ба муҳити зист, иқтисодиёт ва ҷомеа, омода намудани мутахассисони соҳа дар самти пиряхшиносӣ ва экологияи иқлим судманд ва саривақтӣ арзёбӣ карданд.

Фаъолияти марказ аз рӯйи самтҳои мухталиф ба роҳ монда шуда, дар доираи он гузаронидани тадқиқоти илмӣ оид ба пиряхҳо ва тағйирёбии иқлим, омӯзиши таҷрибаҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ ва татбиқи онҳо дар Тоҷикистон, ташкили семинарҳо, тренингҳо ва конфронсҳо дар мавзуъҳои марбут ба иқлим ва пиряхҳо роҳандозӣ мешавад.

М. МАҚСУДОВ,

«Садои мардум»

Дурнамои рушди илму маориф
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд тарғиб ва шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти мамлакат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 28 декабри соли 2024 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”, ироа гардид, вусъат ёфта истодааст.

Санаи 5 январ дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан  бо иштироки зиёда аз 300 нафар корманди соҳаҳои маорифу тандурустӣ, аҳли илму адаб, собиқадорони меҳнат ва ҷавонон вохӯрии судманд доир гардид.

Онро раиси шаҳр Атҳам Маъмурзода ифтитоҳ  намуда, афзуд, ки “Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ҳамчун ҳуҷҷати раҳнамо барои тамоми сокинон маҳсуб меёбад”.

Дар чорабинӣ чанде фаъолон аз соҳаҳои иқтисодиёт, маориф, ҷавонон, занон ва ҲХДТ суханронӣ намуда, нуқтаҳои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шарҳу тавзеҳ доданд. Худи ҳамон рӯз дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — дурнамои рушди илму маориф» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд.

- Нақши калидии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳнамои стратегии рушди ҷумҳурӣ буда, татбиқи дастурҳои Сарвари давлат дар самти таҳкими низоми маориф ва рушди иқтисоди рақамӣ вазифаи муҳимест, ки бояд бо масъулияти баланд амалӣ шаванд,- баён дошт ректори Донишгоҳ, доктори илмҳои таърих Аюб Усмонзода.

- Яке аз паҳлуҳои муҳимтарин дар Паёми Президенти мамлакат эълон гардидани солҳои 2025-2030 ҳамчун “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” мебошад,- гуфт доктори илмҳои иқтисод Ҷамшед Алиҷонов.

Мирзоаъзам МАҚСУДОВ,

“Садои мардум”

Вусъати ободкориҳо дар Айнӣ
Ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ бунёди наздик ба 600 иншоот  тарҳрезӣ шуда, то имрӯз зиёда аз 400 адади он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.

Бунёди Маркази фарҳангию фароғатӣ аз зумраи онҳо буда, имрӯз корҳои сохмтонии он  бо маром идома дорад. Ҳамарӯза дар ин иншоот 40 нафар сокинони маҳаллӣ ба корҳои сохтмонӣ ҷалб мешаванд.

Дар асоси лоиҳа бино аз тарабхона, коргоҳҳои дӯзандагӣ, пойафзолбарорӣ, толори варзиш, сартарошхона, толори ҳусн иборат буда, ҷиҳати бо ҷои доимии корӣ таъмин намудани беш аз 50 нафар сокинони маҳаллӣ шароит фароҳам мегардад.

М. МАҚСУДОВ,

“Садои мардум”