Садои мардум - нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон » Барқияҳо

Барқияи табрикӣ ба Попи Рум Роберт Фрэнсис Превост, Лео XIV
10 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Попи Рум Роберт Фрэнсис Превост, Лео XIV барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Волоҳазрат,

Сарфарозам ба Шумо табрикоту таҳнияти самимии хешро ба муносибати интихоб гардиданатон ба ҳайси Попи Рум, роҳбари тамоми Калисои католикӣ иброз намоям.

Итминон дорам, ки Тахти муқаддас таҳти ҳидоятҳои бунёдкоронаи Шумо дар роҳи татбиқи фарогири усулҳои сулҳу субот, таҳаммулпазирӣ, ризоияти умум, пешбурди арзишҳои умумибашарӣ ва муколамаи миёни тамаддунҳо   минбаъд ҳам саҳми босазо гузошта, мақому манзалати хоссаи худро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам таҳким хоҳад бахшид.

Тоҷикистон ҳамеша алоқаманди густаришу тавсеаи робитаҳои ҳасана бо Ватикан дар ҳама самтҳои мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб мебошад.

Мо омодаем, ки ба хотири идомаи ҳамкории созанда бо Ватикан, ки дар заминаи ҳамдигарфаҳмӣ, ҳусни таваҷҷуҳ ва эҳтироми якдигар роҳандозӣ гардидааст, дар оянда низ талошҳои муштараки самарабахшро ба харҷ диҳем.

Бо истифода аз ин фурсат барои Шумо сиҳатмандии бардавому саодати рӯзгор ва дар фаъолияти минбаъдаатон комёбиҳо орзу менамоям».

Барқияи табрикӣ ба Кантслери федералии Ҷумҳурии Федеративии Олмон Фридрих Мерс
10 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Кантслери федералии Ҷумҳурии Федеративии Олмон муҳтарам Фридрих Мерс барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Сарфарозам ба Шумо ба муносибати интихоб шуданатон ба мақоми олии Кантслери федералии Ҷумҳурии Федеративии Олмон табрикоти самимии инҷонибро расонам.

Бароятон саломатии комил, саодатмандӣ ва ба хотири пешрафту шукуфоии Олмони дӯст ва ҳамзамон таҳкими нуфузу эътибори он дар арсаи байналмилалӣ комёбиҳои рӯзафзун орзумандам.

Бо истифода аз ин фурсат мехоҳам алоқамандии ҷониби Тоҷикистонро ба  густариши ҳамаҷонибаи робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои фарогир бо Ҷумҳурии Федеративии Олмон бори дигар таъкид намоям. Дар ин замина мо аз идомаи босамари муколамаи сатҳи олӣ ва баланди ду кишвар дар соҳаҳои  мавриди таваҷҷуҳи тарафайн истиқбол мекунем.

Бар ин боварам, ки бо саъю талошҳои муштараки созанда мо метавонем ҷиҳати боз ҳам ғанӣ гардонидани мазмуну мундариҷаи шарикии гуногунҷанбаи ду кишвар мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумонамон тадбирҳои бештар амалӣ андешем».

Барқияи тасаллӣ
27-уми апрели соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Хабари ҳодисаи инфиҷори шадид дар бандари Шаҳид Раҷоӣ дар шаҳри Бандар Аббоси Ҷумҳурии Исломии Эрон ва бар асари он ба ҳалокат расидан ва маҷруҳ шудани теъдоди зиёди мардум боиси андуҳи амиқи мо гардид.

Бо эълони ҳамбастагӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин ҳодисаи фоҷиабор ба Шумо, давлат ва мардуми дӯсти Эрон маротиби ҳамдардӣ ва таслияти самимии инҷонибро иброз намуда, аз даргоҳи Худованд барои фавтидагон раҳмату мағфират ва барои ҳамаи маҷруҳон шифои комил масъалат дорам».

www.prezident.tj

Барқияи изҳори тасаллӣ ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён
27 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

“Ҷаноби Олӣ,

Хабари ҳодисаи инфиҷори шадид дар Бандари Шаҳид Раҷоӣ дар шаҳри Бандар Аббоси Ҷумҳурии Исломии Эрон ва бар асари он ба ҳалокат расидан ва маҷрӯҳ шудани теъдоди зиёди мардум боиси андӯҳи амиқи мо гардид.

Бо эълони ҳамбастагӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин ҳодисаи фоҷеабор ба Шумо, давлат ва мардуми дӯсти Эрон маротиби ҳамдардӣ ва таслияти самимии инҷонибро иброз намуда, аз даргоҳи Худованд барои фавтидагон раҳмату мағфират ва барои ҳамаи маҷрӯҳон шифои комил масъалат дорам”.

Барқияи изҳори тасаллӣ ба Президент ва Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон
23 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иртибот ба амали мудҳиши террористӣ, ки дар минтақаи Ҷамму ва Кашмир рух додааст, ба Президент ва Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон муҳтарам Драупади Мурму ва муҳтарам Нарендра Модӣ барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

“Хабари фоҷеабори ба ҳалокат расидан ва захмӣ шудани шумораи зиёди одамони дар натиҷаи ҳамлаи террористӣ дар минтақаи Ҷамму ва Кашмир боиси андӯҳи беандоза ва нигаронии амиқи мо гардид.

Мо ин амалкарди золимонаи нерӯҳои ҷиноятпешаро қотеона маҳкум карда, омодагии ҷониби Тоҷикистонро ҷиҳати тақвияти муборизаи беамони сарҷамъона алайҳи ҳама гуна зуҳуроти терроризму ифтротгароӣ боз ҳам таъкид менамоем.

Ҳамдардиву таслияти самимии инҷонибро ба Шумо, пайвандону наздикони қурбониёни ин амали террористӣ ва тамоми мардуми Ҳиндустони дӯст изҳор менамоям. Ба ҳамаи маҷрӯҳшудагон шифои комил мехоҳам”.

Барқияи тасаллӣ
15-уми апрели соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Малайзия муҳтарам Анвар Иброҳим барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он гуфта мешавад:

«Ҷаноби Олӣ,

Хабари даргузашти собиқ Сарвазири Малайзия ҷаноби Абдулло Аҳмад Бадавӣ боиси ғояти андуҳи мо гардид.

Марҳум бо фаъолияти доманадори худ ҳамчун ходими  сиёсиву давлатӣ дар дохили кишвар ва берун аз он маъруфият пайдо карда, соҳиби обрӯву иззат ва эътибори шоиста гардида буд.

Мо саҳми ҷаноби Абдулло Аҳмад Бадавиро дар таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Малайзия қадр мекунем ва ба шахсияти ӯ эҳтиром мегузорем.

Дар робита ба ин мусибати гарон ба Шумо ва мардуми барои мо бародари Малайзия ҳамдардиву таслияти самимии инҷонибро баён намуда, ба ҳамаи пайвандону наздикони марҳум сабри ҷамил хоҳонам».

Оқибатҳои заминҷунбӣ бартараф мегарданд
Бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз лаҳзаҳои аввалини пас аз рух додани заминҷунбии рӯзи 13-уми апрели соли ҷорӣ комиссияи ҳукуматӣ таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода ба ноҳияҳои водии Рашт сафарбар гардид.

Комиссияи ҳукуматии иборат аз намояндагони роҳбарии вазорату идораҳои вобаста ба ҳолатҳои фавқулода, захираҳои давлатӣ, сохтмон, геология, заминсозию геодезия ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба омӯзиши ҳамаҷонибаи оқибатҳои заминҷунбӣ ва муайян намудани ҳаҷм ва намудҳои кумаки фаврӣ ба мардуми зарардида машғуланд.

Тибқи супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаҷм ва роҳу воситаҳои расонидани кумак ба мардум ва бартараф намудани пасомадҳои ин офати табиӣ бояд ҳар чӣ зудтар муайян карда шуда, ба корҳо барои бартараф намудани мушкилиҳои пеш­омада суръат бахшида шавад.

Тибқи маълумоти то ин лаҳза дастрасшуда, дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод 94 хонаи истиқоматӣ пурра ва 50 хона қисман вайрон шуда, ба 61 хонаи дигар осеби сабук расидааст. Ҳамчунин, 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва наздики 200 иншооти гуногуни дигар зарар дидаанд.

Хотиррасон бояд намуд, ки 13-уми апрели соли 2025 соати 09:24 дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминҷунбӣ рух дод. Қувваи ларзиши замин дар марказаш, ки дар масофаи 160 км шимолу шарқ аз шаҳри Душанбе ва 21 км шарқ аз маркази ноҳияи Рашт қарор дошт, 5-6 балл ва дар шаҳри Душанбе 3 баллро ташкил дод.

Мубодилаи барқияҳои табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Амири Давлати Кувайт Шайх Мишъал ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ
1-уми апрели соли 2025 миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Амири Давлати Кувайт Шайх Мишъал ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ дар робита ба 30-солагии барпо кардани муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кувайт мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.

Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Амири Давлати Кувайт Шайх Мишъал ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ омадааст:

«Аълоҳазрат,

Бо камоли хушнудӣ Шуморо ба ифтихори 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт самимона табрику таҳният мегӯям.

Мояи фараҳмандист, ки тайи ин муддат равобити дӯстию ҳамкориҳои судманди байни кишварҳои мо пайваста рушд карда, имрӯз фарогири арсаҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мебошанд.

Муколамаи фаъол ва мунтазами сиёсӣ дар сатҳи олӣ ва баланд баҳри тақвияти бештари онҳо, инчунин ҳамёрии созанда дар доираи созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ аз самараи умедбахши ин раванд маҳсуб меёбанд.

Мо аз сатҳи имрӯзаи ҳамкории сермаҳсули кишварҳоямон қаноатманд буда, хоҳони таҳкиму густариши боз ҳам бештари муносибатҳои ҳамаҷонибаи байнидавлатӣ ҳастем.

Умед дорам, ки бо саъю талошҳои пайгиронаи муштарак равобити ҳасанаи Тоҷикистону Кувайт минбаъд низ ба таври афзоянда густариш ёфта, мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумонамон бо иқдомоти нави амалӣ ғанӣ хоҳанд гардид.

Дар ин замина, омодагии ҳаматарафаи инҷонибро ҷиҳати дар амал татбиқ намудани мувофиқаҳое, ки дар чорчӯби музокироти судманди ҷонибҳо зимни сафари ахири ман ба Давлати Кувайт ҳосил гардида буданд, таъкид менамоям.

Бо истифода аз ин фурсати фархунда ба Шумо, бародари гиромӣ, сиҳатмандии комил, саодати рӯзгору пирӯзиҳои навин ва ба мардуми дӯсти Кувайт сулҳу субот ва шукуфоии пойдор орзу менамоям».

Дар барқияи табрикии Амири Давлати Кувайт Шайх Мишъал ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, чунин гуфта шудааст:

«Ба Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистони дӯст

Бо арзи салому дуруд шарафёбам ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, беҳтарин таоруфоти худро тақдим карда, бароятон аз Худованди мутаол сиҳатмандӣ ва офияти бардавомро масъалат намоям.

Боиси хушнудии ман аст, ки Шуморо, Ҷаноби Олӣ, ба муносибати 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Давлати Кувайт ва Ҷумҳурии дӯсти Тоҷикистон самимона табрику таҳният гӯям.

Мо руҳияи ҳамкорӣ, ки раванди муносибатҳои нек байни Давлати Кувайт ва Ҷумҳурии дӯсти Тоҷикистонро фаро мегирад, баланд арзёбӣ мекунем ва ба ҳавасмандии ҳамешагӣ ва муштараки худ ҷиҳати таҳкими ин муносибатҳо ва пайвандҳо ва баланд бардоштани чаҳочӯби ҳамкории муштарак ба уфуқҳои фарохтар таъкид менамоем.

Инчунин, мехоҳам фараҳмандии бепоёни худро ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, дар робита ба сафари расмиатон ба Давлати Кувайт моҳи ноябри соли 2024, ки барои рушди робитаҳои матини ду кишвар натиҷаҳои муфид дар пай дошт, изҳор намоям.

Бо истифода аз ин фурсат Шуморо, Ҷаноби Олӣ, ба муносибати иди саиди Фитр таҳният мегӯям ва аз Парвардигор хоҳони онам, ки ин иди фархундаро ба ду кишварҳо ва мардумони бо ҳам дӯсти мо ва инчунин, ба Уммати мусулмон бо хайру саодату баракот дигарбора фаро расонад.

Ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, идомаи комёбӣ ва музаффарият ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми дӯсти он пешрафту шукуфоии беш аз пеш таманно дорам».

Барқияи изҳори тасаллӣ ба Сарвазири Ҷумҳурии Иттиҳоди Мянма Мин Аунг Хлайн
29-уми  марти соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Ҷумҳурии Иттиҳоди Мянма муҳтарам Мин Аунг Хлайн барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он гуфта мешавад:

«Муҳтарам ҷаноби Сарвазир,

Хабари заминларзаи шадид дар кишвари ба мо дӯсти Мянма, ки бар асари он шумораи зиёди одамон ҷон бохтаву осеб дидаанд ва ба бинову иншшооти сершумор хисорот ворид гардидааст, боиси андуҳи амиқи мо гардид.

Вобаста ба пайомадҳои фоҷеабори ин офати табиӣ ҳамдардиву таслияти самимии инҷонибро ба Шумо, наздикону пайвандони фавтидагон ва тамоми мардуми кишваратон изҳор намуда, ба ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам».

Барқияи изҳори тасаллӣ ба Сарвазири Шоҳигарии Таиланд Паэтонгтарн Чинаватра
29-уми марти соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Шоҳигарии Таиланд хонум Паэтонгтарн Чинаватра барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он гуфта мешавад:

«Хонуми Олиҷоҳ,

Хабари ба ҳалокат расидан ва осеб дидани шумораи зиёди одамон, ҳамзамон ворид гардидани хисорот ба бинову иншоот бар  асари заминларзаи шадид дар Шоҳигарии Таиланд боиси тассуфи амиқи мо гардид.

Дар иртибот ба оқибатҳои харобиовари ин офати табиӣ ба Шумо, пайвандону наздикони фавтидагон ва тамоми мардуми дӯсти Таиланд ҳамдардӣ ва таслияти самимии хешро иброз менамоям. Ба ҳамаи осебдидагон шифои комил мехоҳам».