Садои мардум - нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон » Мусоҳибаҳо

Мулоқот бо Директори идорӣ оид ба фаъолияти амалиётии Бонки Ҷаҳонӣ Анна Бйерде ва Ноиби Президенти Бонки Ҷаҳонӣ Антонелла Бассани
13 апрел дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Директори идорӣ оид ба фаъолияти амалиётии Бонки Ҷаҳонӣ хонум Анна Бйерде ва Ноиби Президенти ҳамин бонк хонум Антонелла Бассаниро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки Ҷаҳонӣ баррасӣ шуд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сатҳи имрӯзаи ҳамкорӣ бо Бонки Ҷаҳониро баланд арзёбӣ намуда, аҳаммияти басо хоссаи идомаи самараноки шарикӣ бо онро, бо назардошти шароити имрӯзаи афзоиши таъсири манфии омилҳои беруна ба иқтисодиёти Тоҷикистон, таъкид карданд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масоили мубрами вобаста ба тавсеаи истеҳсолу содироти энергияи тоза аз манбаъҳои барқароршаванда дар Тоҷикистон ва дар ин замина рушди иқтисоди “сабз”-ро муҳокима намуданд. Дар ин зимн ҷонибдории Бонки Ҷаҳонӣ аз дастгирии ташаббусҳои Тоҷикистон дар доираи рӯзномаи глобалии тағйирёбии иқлим таъкид гардид.

Дар рафти суҳбат масъалаҳои вобаста ба дигар ҷанбаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, устуворнокии иқтисодиёти он ба хавфу хатарҳои муосир, ҳамчунин, ҷалби маблағҳои грантӣ ва имтиёзноки шарикони рушд барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки кишвар муҳокима гардид.

Изҳори бовар карда шуд, ки Бонки Ҷаҳонӣ ҳамчун шарики боэътимод саҳмгузории худро дар амалӣ намудани нақшаҳои минбаъдаи Ҳукумати Тоҷикистон дар самти таъмини рушди устувор идома хоҳад дод.

www.president.tj

Эмомалӣ Раҳмон: «Баргузор шудани бозиҳои олимпӣ дар Пекин намунаи тавоноии ҳамсояи бузурги мост»
Мусоҳибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ВАО-и расмии Хитой (Синхуа, CCTV, China News Service, Женмин Жибао)

Хитой, 3 феврали соли 2022

- Шумо аз Бозиҳои XXIV замистонаи олимпӣ чӣ интизориҳо доред ва оё, ба андешаи Шумо, ин чорабинии варзишӣ бомуваффақият анҷом хоҳад ёфт?

- Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар Пекин, бешубҳа, на танҳо яке аз рӯйдодҳои калонмиқёсу беназири чор соли охир, балки падидаи таъсирбахши варзишии зимистона хоҳанд буд, ки таваҷҷуҳи тамоми қитъаҳои оламро ба навъҳои ин варзиш ҷалб менамоянд. Хоссатан, аз он ҷиҳат, ки ташкилкунандагони Бозиҳои олимпӣ аз нуқтаи назари омода сохтани иншооти варзишӣ, фароҳам овардани шароити маишӣ ва таъмини бехатарии иштирокчиёни ин чорабинии боҳашамати варзишӣ ҳама корро анҷом додаанд.

- Пекин аввалин шаҳре мешавад, ки ҳам бозиҳои зимистона ва ҳам тобистонаи олимпиро қабул кардааст. Таассуроту хотироти Шумо аз пойтахти Ҷумҳурии Халқии Хитой чӣ гунаанд?

- Баргузор шудани бозиҳои тобистонаву зимистонаи олимпӣ дар шаҳри Пекин инъикоскунандаи он дастовардҳои муассирест, ки мардуми Хитой то имрӯз ноил гардидааст ва боз як намунаи тавоноии ҳамсояи бузурги мо мебошад. Ин гуфтаҳо ба муваффақиятҳои олии варзишии варзишгарони хитойӣ дар мусобиқоти байналмилалӣ низ дахл доранд.

Ман иштироки худро дар маросими кушодашавии 29 — умин Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Пекин соли 2008 ва фазои идонаи умумӣ, ки он рӯзҳо пойтахти олимпиро фаро гирифта буд, бо шавқу завқи хосса ба ёд меорам. Онҳо дар ман таассуроти амиқ гузоштаанд.

Ба сифати Роҳбари Тоҷикистон ман бори аввал ба Пекин моҳи марти соли 1993 омада будам. Шурӯъ аз он давра чандин бори дигар аз пойтахти Ҷумҳурии Халқии Хитой дидан кардаам ва ҳар дафъа аз дигаргуниҳои тааҷҷубовари симои ин шаҳр, ки дар он иншооти муҳташами қадимӣ ва биноҳои осмонраси дорои услуби муосири меъморӣ ба ҳам омадаанд, ба ҳаяҷон меоям.

Дастовардҳо дар самти рушди Пекин ба сифати мегаполис, бемуболиға, таассуроти амиқ мегузоранд ва мо медонем, ки онҳо самараи заҳмати беандозаи мардуми Хитой ва роҳбарияти кишвар ҷиҳати татбиқи пайгиронаи сиёсати давлатие мебошанд, ки ба ислоҳоту навсозӣ равона шудааст.

Ман хеле шодам, ки бори дигар дар пойтахти зебоманзари Хитой бо даъвати дӯстам ҷаноби Си Ҷинпин қарор дорам.

-  Имсол Хитой ва Тоҷикистон 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатиро ҷашн мегиранд. Шумо ба рушди муносиботи Хитой ва Тоҷикистон чӣ гуна баҳо медиҳед?

- Дар тӯли се даҳсолаи гузашта, ба шарофати саъй ва талошҳои муштарак муносибатҳои Тоҷикистону Хитой бовусъат рушд ёфта, ба сатҳи шарикии стратегии ҳамаҷониба баромадаанд. Дар ин давра мо тавонистем, ки масъалаҳои миқёсан муҳимро ҳал намоем ва ба баланд бардоштани сифати ҳамкориҳои дуҷониба ноил гардем.

Байни кишварҳои мо муколамаи мунтазами эътимодбахши сиёсӣ, ки самтҳо ва ҷараёни рушди маҷмӯи муносибатҳои Тоҷикистону Ҷумҳурии Халқии Хитойро муайян мекунад, роҳандозӣ гардидааст.

Дар ҷодаи тиҷорату иқтисод ва сармоягузории муносибатҳои мо нишондиҳандаҳои баланд ба даст омаданд. Як қатор лоиҳаҳои муҳими зерсохторӣ дар чунин соҳаҳои стратегӣ, ба монанди нақлиёт, энергетика ва саноат муштаракан ба татбиқ расидаанд. Имрӯз Хитой яке аз шарикони пешсафи тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон мебошад.

Дар муносибатҳои мо масъалаҳои пешбурди равобити фарҳангиву гуманитарӣ низ ҷойгоҳи муҳим доранд. Дар ин зимн ба рушди робитаҳои маърифатӣ ва тамосҳои фарҳангӣ, ки омили муҳими ба ҳам наздик шудани мардуми мо мебошанд, таваҷҷуҳи хос зоҳир карда мешавад.

Тоҷикистон аз аввалинҳо шуда, ташаббуси Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Ҷинпинро ҷиҳати бунёди камарбанди иқтисодии «Роҳи бузурги абрешим» дастгирӣ намуд. Барои ҳамкории зичи кишварҳо дар доираи ташаб­буси «Як камарбанд, як роҳ», дурнамои васеъ вуҷуд дорад. Мо иқтидори густурдаро дар ташаббуси нави Хитой оид ба рушди глобалӣ низ мебинем. Тамосҳо миёни шаҳрҳову минтақаҳо, инчунин муассисаҳои таълимиву илмӣ низ тақвият ва тавсеа ёфта истодаанд.

Тоҷикистон азми қатъӣ дорад, ки дар даҳсолаи чоруми фарорасидаи муносиботи байнидавлатӣ шарикии стратегии ҳамаҷонибаро бо Хитой густариш бахшида, онро бо муҳтавои нав ва корҳои назарраси амалӣ дар ростои манфиатҳои тарафайн ғанӣ гардонад.

- Шумо муносибатҳои шахсиатонро бо Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой ҷаноби Си Ҷинпин чӣ гуна тавсиф медиҳед?

- Байни ман ва дӯстам ҷаноби Си Ҷинпин муносибатҳои дӯстона, самимӣ, ошкоро ва эътимоднок барқарор шудаанд. Мо байни ҳам муоширати созанда ва муколамаи мунтазами кориро, ки ба таҳкими пайгиронаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории байни Тоҷикистону Хитой равона шудаанд, барпо кардаем.

Мо ҳамеша ба таври шаффоф масъалаҳои таъмини амнияти минтақавӣ, тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ, тақвияти пайвастагии нақлиётӣ, инчунин, дигар ҷанбаҳои муҳими ҳамкории дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор медиҳем.

Дар интиҳо, аз фурсат истифода бурда, мехоҳам ҳамаи сокинони Ҷумҳурии Халқии Хитойро ба муносибати иди зебои баҳор — Соли нави анъанавӣ дар Хитой табрик намуда, ба мардуми дӯсти Хитой некуаҳволӣ ва шукуфоии минбаъда, ба Пекин бошад, ҷиҳати доир намудани Бозиҳои XXIV зимистонаи олимпӣ муваффақиятҳои беназир орзу намоям.

- Ташаккур барои суҳбат.

Суҳбати телефонии Пешвои миллат бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон
26 июни соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дар он сарони давлатҳо масъалаҳои мубрами муносибатҳои Тоҷикис­тону Қирғизистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар ин зимн  президентҳо ҷиҳати идомаи муколамаи байнидавлатӣ дар сатҳи олӣ бо мақсади пешбурди ҷанбаҳои гуногуни ҳамкории Тоҷикистону Қирғизистон ба мувофиқа расиданд.

Дар раванди суҳбат Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона табрику муборакбод намуд.

Суҳбат дар фазои озод, ҳамдигарфаҳмӣ ва дӯстона доир гардид.

www.president.tj

Мусоҳибаи Пешвои миллат бо хабарнигорони шабакаи телевизионии ССТV — и Ҷумҳурии Халқии Хитой
Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз давлатҳои фаъоли узви Созмони ҳамкории Шанхай ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз роҳбарони ташаббускори ҳалли мушкилоти байналмилалию минтақавӣ, инчунин саҳмгузори рушди муносибатҳои ҳамкории кишварҳои аъзо мебошанд.

Бо дарназардошти мавқеи муҳиму устувори кишвари мо дар ин ташкилоти бонуфузи сайёра хабарнигорони шабакаи калонтарини телевизионии ССТV — и Ҷумҳурии Халқии Хитой қабл аз баргузории ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар Ҷумҳурии Халқии Хитой, ҳаштуми июни соли равон бо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе мусоҳиба анҷом доданд.

Зимни суҳбат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба нақши Созмони ҳамкории Шанхай дар таъмини рушди устувору бемайлони иҷтимоию иқтисодии кишварҳои аъзо, аҳамияти баргузории ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар вазъияти имрӯзаи ҷаҳон, таҳия ва татбиқи муштараки санадҳои қабулшуда, вазъи феълии муносибатҳои кишварҳои шарики стратегӣ — Тоҷикистону Хитой, саҳми Тоҷикистону давлати ҳамсоя дар таҳкими ҳамкории минтақавӣ ба манфиати мардуми ду кишвар, инчунин дигар самтҳои равобити дуҷониба посухҳои мушаххасу пурмуҳтаво доданд.

Ҳалли масъалаҳои мубрами ҳамкории гуногунпаҳлуи кишварҳо, татбиқи минбаъдаи қарорҳои қабулшавандаи ҳамоиш оид ба таъмини суботу амнияти минтақавӣ ва тақвияти ҳамкории судманд дар арсаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ дар чаҳорчӯбаи Созмони ҳамкории Шанхай, аз мавзӯъҳои дигари суҳбати Сарвари давлат бо хабарнигорон буд.

Мавриди зикр аст, ки мусоҳибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигорони хитойӣ дар Шабакаи телевизиони ССТV-и Ҷумҳурии Халқии Хитой, дар сомонаҳои интернетӣ, дигар воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла дар рӯзномаи калонтарини Хитой «Жэнмин Жибао» васеъ инъикос гардид ва то имрӯз аллакай миллионҳо нафар аз мазмуну муҳтавои он огоҳӣ пайдо карданд.

www.president.tj

Изҳороти муштараки Президентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон
Бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ­Эмомалӣ Раҳмон 2 — 3 ноябри соли 2017 сафари расмии Президенти Туркманистон Гурбонгули Бердимуҳамедов ба Ҷумҳурии Тоҷикис­тон сурат гирифт.

Президентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон дар фазои дӯстона ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба, инчунин, масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавии мавриди таваҷҷуҳи тарафайн қарордоштаро муҳокима намуданд.

Сарони давлатҳо аз сатҳи устувору мусбии ҳамкориҳои миёни Тоҷикистону Туркманистон дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ­иҷтимоию гуманитарӣ ва дигар самтҳои робитаҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуданд. Изҳор гардид, ки дӯстӣ, баробарӣ ва эҳтироми якдигар принсипҳои асосии рушди ин муносибатҳо маҳсуб меёбанд. Роҳбарони ду кишвар майлу рағбати худро ҷиҳати таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои шарикии дуҷонибаи ҷавобгӯйи манфиатҳои ҳар ду давлат баён доштанд.

Президентҳо зарурати боз ҳам наздиксозии ҳамкориҳои муштаракро дар доираи созмонҳои байналмилалӣ, ки ҷонибҳо аъзои он мебошанд, қайд намуданд. Тарафҳо аҳамияти Созмони Милали Муттаҳид ва институтҳои онро ҳамчун воситаи ҳамаҷонибаи кулл дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ, таъмини рушди устувор, таҳкими амният ва субот дар ҷаҳон таъйид намуданд.

Роҷеъ ба масъалаҳои иқтисодӣ президентҳо зарурати фаъолсозии робитаҳои тиҷоратӣ-иқтисодии байни ду кишварро эътироф намуда, тасмим гирифтанд, ки ҷиҳати минбаъд муайян ва амалӣ намудани самтҳои афзалиятноки онҳо мусоидат хоҳанд кард.

Бо мақсади ба сатҳи нави рушд баровардани ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии дуҷониба сарони Тоҷикистон ва Туркманистон зарурати тақвият бахшидани самаранокии назоратро ҷиҳати дар ҳаҷми пурра иҷро гардидани қарорҳои дар доираи Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ қабулгардида қайд намуданд.

Сарони давлатҳо аз мавҷуд будани шароити мусоид барои густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, саноат, тиҷорат ва кишоварзӣ ёдовар шуданд. Дар робита ба ин, Тарафҳо зарурати таҳкими талошҳоро ҷиҳати ҳавасмандгардонии муносибатҳои соҳибкорӣ, шиносоии намоиши тарафайн бо маҳсулоти истеҳсоли ду кишвар, омӯзиши имкониятҳои содиротӣ-воридотӣ ва ҷустуҷӯйи шаклҳои нави ҳамкориҳои иқтисодиро қайд намуданд.

Роҳбарони давлатҳо тасдиқ карданд, ки таъмиқи ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт барои рушди савдои байналмилалӣ миёни кишварҳо ва минтақаҳо аҳамияти калидӣ дорад. Қайд гардид, ки иштироки мутақобила дар лоиҳаҳои мухталиф оид ба ташаккули долонҳои нақлиётии байналмилалӣ барои таҳким ва тавсеаи ҳамкории иқтисодӣ, рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва оғози боркашонии транзитӣ тавассути роҳҳои нақлиётии ду кишвар мусоидат хоҳад кард.

Тарафҳо аҳамияти амалисозии лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани «Тоҷикис­тон-Афғонистон-Туркманистон»-ро, ки яке аз лоиҳаҳои бузургтарини нақлиётӣ дар минтақа ба шумор меравад, таъкид намуданд.

Президентҳо ба муҳимияти рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи оқилонаи захираҳои обию барқӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карданд.

Сарони давлатҳо изҳор доштанд, ки муколамаи фарҳангӣ ба густариши ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Туркманистон ба таври назаррас мусоидат карда, ба таҳкими дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ байни халқҳои ду кишвар тақвият мебахшад. Дар робита ба ин, Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамаи имкониятҳоро барои рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи маориф ва илму фарҳанг равона мекунанд.

Бо мақсади таҳкими минбаъдаи дӯстии анъанавии байни халқҳои ду кишвар президентҳо нияту мароми худро барои идома додани баргузории Рӯзҳои фарҳанг, инчунин мубодилаи пайвас­таи ҳайатҳои намояндагони фарҳанг ва санъат баён доштанд.

Ҷонибҳо таъкид карданд, ки истиқрори ҳар чӣ тезтари вазъи сиёсӣ ва барқарорсозии иҷтимоию иқтисодии Афғонистон барои таъмини амният ва субот дар минтақа хеле муҳим мебошад. Онҳо аҳамияти татбиқи лоиҳаҳои минтақавӣ ва байналмилалиро, ки ба рушди устувори ин кишвар мусоидат мекунанд, қайд намуданд.

Сарони давлатҳо густариши минбаъдаи ҳамкориҳои муштаракро дар мубориза бо таҳдидҳои фаромиллӣ, ба монанди терроризм, ҷинояткории муташаккил ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар зарур шумориданд.

Президентҳо аз сифати баланд ва муҳтавои заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон қаноатмандӣ зоҳир намуда, идомаи фаъолиятро ҷиҳати густариши минбаъда ва такмили он зарур донистанд.

Ҷонибҳо дар рафти ташрифоти мазкур аҳамияти ба имзо расонидани теъдоди ҳуҷҷатҳоро ҷиҳати тавсеаи самтҳои мушаххаси ҳамкориҳои муштарак дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва дигар соҳаҳо, инчунин рушди ҳамкориҳои байни минтақаҳои Тоҷикистон ва Туркманистон, таъкид карданд.

Ҳуҷҷатҳои баимзорасида заминаи ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Туркманистонро, ки поягузори боэътимоди густариши ҳамаҷонибаи ҳамкориҳои минбаъдаи ду давлат ва истифодаи босамари иқтидори онҳо ба манфиатҳои мардуми ду кишвар мебошад, таҳким хоҳанд бахшид.

Сарони давлатҳо изҳори боварӣ намуданд, ки сафари бавуқӯъомада ҷиҳати рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷонибаи дар анъанаҳои дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эътимоди ду халқи бародар асос ёфта, ба он такони иловагӣ хоҳад бахшид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ ­Раҳмон ва Президенти Туркманистон Гурбонгули Бердимуҳамедов аз натиҷаҳои мулоқот, ки дар фазои барои муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон анъанавии боэътимод ва ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифтанд, изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки муколамаи фаъоли сиёсиро дар сатҳи олӣ, инчунин, мулоқотҳои мунтазами дуҷонибаро ҷиҳати муҳокимаи ҳолати муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Туркманистон ва муайян намудани дурнамои рушди минбаъдаи он идома хоҳанд дод.

Президенти Туркманис­тон Гурбонгули Бердимуҳамедов ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ба тамоми мардуми тоҷик барои меҳмоннавозии ҳайати Туркманистон, истиқбол ва пазироии гарму дӯстона миннатдорӣ намуда, Президенти Тоҷикистонро даъват намуд, ки дар фурсати муносиб ба Турк­манистон сафари расмӣ анҷом диҳад. Даъвати мазкур бо арзи сипос қабул гардид. Муҳлати ташрифот бо роҳҳои дипломатӣ мувофиқа хоҳад шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ РАҲМОН                                                                        Президенти Туркманистон Гурбонгули БЕРДИМУҲАМЕДОВ

ш. Душанбе, 2 ноябри соли 2017

Изҳороти матбуотӣ аз рӯи натиҷаҳои сафари расмии Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов
ш. Душанбе, 2 ноябри соли 2017

Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма!

Сафари расмии муҳтарам Президенти Туркманистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибатҳои дуҷонибаамон рӯйдоди муҳим мебошад.

Натиҷаҳои он бори дигар азми ҷонибҳои роҳбарияти ду давлатро дар такони нав бахшидани ҳамгироии бисёрҷонибаи Тоҷикистону Туркманистон тасдиқ мекунанд.

Дар доираи муколамаи сиёсиамон мо вазъ ва дурнамои маҷмӯи ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркманис­тонро баррасӣ намудем.

Мо бо муҳтарам Гурбонгули Мяликгулиевич дар як ақидаем, ки айни ҳол дар муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон барои рушди минбаъдаи ҳамгироиямон дар сиғаи шарикии стратегӣ майдони устувори сиёсӣ ба миён омадааст.

Аз рӯи натиҷаҳои музокирот бастаи санадҳои муҳим, ки ба таҳкими заминаи ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳоямон равона шудааст, ба имзо расид.

Дар робита ба ин, мехостам аҳамияти Созишнома оид ба шарикии стратегиро махсус зикр намоям.

Яке аз мавзӯъҳои асосии музокирот масоили густариши минбаъдаи ҳамкории иқтисодию тиҷоратии ду кишвар буд.

Дар ин росто, мо муҳимияти ҷустуҷӯйи шаклҳои нави пешбурди робитаҳои иқтисодиву тиҷоратиамонро зикр намудем.

Тасодуфӣ нест, ки Форуми бузурги тиҷоратӣ унсури муҳими барномаи сафар гардид.

Мо далели мавҷудияти шароити мусоидро барои густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, нақлиёт, саноат, энергетика ва кишоварзӣ зикр намудем.

Идома додани корҳо оид ба муайян ва дақиқ намудани  сохтори табодули моли дуҷониба ва ҳавасмандгардонии робитаҳои тиҷоратӣ миёни субъектҳои хоҷагидорӣ, ифтитоҳи хонаҳои савдо дар пойтахтҳои ду давлат ҳамчун самтҳои ояндадор ишора гардиданд.

Дар ин замина нақши ҷиддии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникӣ, ки аввали соли равон ҷаласаи навбатии худро дар Ашқобод баргузор кард, зикр карда шуд.

Тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт барои рушди савдои дуҷониба ва байналмилалӣ аҳамияти калидӣ дорад.

Дар робита ба ин, аҳамияти пешбурди татбиқи лоиҳаҳои минтақавии нақлиётӣ зикр карда шуд.

Ҳамчунин, доир ба зарурати ба роҳ мондани алоқаи мунтазами ҳавоӣ байни ду кишвар изҳори ақида карда шуд.

Дар музокирот аҳамияти ҳамкории минбаъда дар соҳаи истифодаи оқилонаи захираҳои обу энергетика таъкид гардид.

Мо рушди робитаҳоро дар соҳаҳои фарҳангӣ ва гуманитарӣ ҳамчун омили таҳкими дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмии байни мардумони ду кишвар ҷонибдорӣ намудем.

Масоили такмили ҳамкорӣ дар соҳаҳои илм, фарҳанг, маориф ва варзиш баррасӣ гардиданд.

Аз рӯи натиҷаҳои музокирот санади хеле муҳим – Созишнома оид ба эътирофи муштараки санадҳо дар соҳаи маориф ба имзо расид.

Дар доираи муҳокимаи масоили фарҳангӣ ва гуманитарӣ ман муҳтарам Гурбонгули Мяликгулиевич ва тамоми дӯстони туркманамонро ба муносибати баргузории муваффақонаи мусобиқаи муҳими варзишӣ – 5-умин Бозиҳои осиёӣ самимона табрик намудам.

Бозиҳои осиёӣ, ки дар сатҳи баланд ташкил шуданд, ҷашни бузурги дӯстии мардумон ва омили наздикшавии минбаъдаи ҷавононамон гардиданд.

Иншооти нодири варзишии барои Бозиҳои осиёӣ бунёдгардида ба шаҳри Ашқобод симои нав бахшида, онро маркази баргузории бузургтарин мусобиқоти варзишӣ мегардонанд.

Мо, ҳамчунин, доир ба вазъи минтақа табодули афкор намуда, мушкилоти рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавии нигаронкунандаи моро муҳокима кардем.

Ба созиш омадем, ки робитаҳои сиёсии байнидавлатӣ оид ба онҳо, аз ҷумла, дар доираи созмонҳои байналмилалӣ, ки Тоҷикистону Туркманистон аъзои онҳоянд, идома дода шаванд.

Ҳар ду ҷониб ҳамфикранд, ки суботи пурра ва барқарорсозии иҷтимоию иқтисодии Афғонистони ҳамсоя барои таъмини амният ва субот дар минтақа аҳамияти калидӣ дорад.

Мо муҳимияти иштироки муштаракро дар лоиҳаҳои байналмилалии иқтисодӣ, ки ба рушди устувори ин кишвар мусоидат мекунанд, зикр намудем.

Зимни баррасии масоили байналмилалӣ, мо, инчунин доир ба зарурати ба роҳ мондани талошҳои муштарак дар мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва шаклҳои дигари ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ суҳбат кардем.

Мо ба қароре омадем, ки талошҳоро дар ин самт минбаъд ҳамоҳанг созем.

Дар маҷмӯъ мехостам зикр намоям, ки мо аз натиҷаҳои музокироти имрӯза комилан қаноатмандем.

Онҳо тасмими ҷонибҳоро дар истифодаи имконияти мавҷуда барои ба сатҳи баланди сифатан нав баровардани муносибатҳоямон тасдиқ мекунанд.

www.president.tj

Аз таърихи нахустин мусоҳиба бо Сарвари давлат
Дар остонаи 25-умин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон бо шахсе ҳамсуҳбат шудем, ки бевосита шоҳиди ин воқеаи таърихӣ буд ва баъди Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон нахустин шуда бо ӯ мусоҳиба намудааст. Вай Муродалӣ Солеҳов, собиқ корманди телевизиони Тоҷикистон, ҳоло муовини раиси Ҷамоати деҳоти «Баҳор»- и шаҳри Ваҳдат мебошад.

- Бигӯед, ки аз он рӯзҳо чӣ хотирот доред?

- Дар арафаи баргузории иҷлосия раиси ба тозагӣ таъиншудаи Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон, корманди собиқадори ҳизбию давлатӣ Даврон Ашӯров (ёдашон ба хайр) як гурӯҳ кормандони радио ва телевизионро дар утоқи корӣ ҷамъ намуда гуфтанд, ки ягон нафар аз хабарнигорони телевизион бояд ҳамроҳи наворбардор барои инъикоси кори Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон ба шаҳри Хуҷанд сафар намояд. Интихоб болои ман афтод ва бегоҳии 14 ноябри соли 1992 бо ҳамроҳии муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Ғ. Маҳмудов, наворбардор Б. Арамов ва чанд нафари дигар аз кормандони эҷодию техникӣ бо ҳавопаймо ба шаҳри Хуҷанд рафтем. Рӯзи дигар, ки якшанбе буд, ба Кумитаи вилоятии радио ва телевизион даромада, бо кормандони он роҷеъ ба шароити пахши ҷараёни иҷлосия барои тамошобинони телевизион суҳбат кардем. Маълум гардид, ки кормандони телевизиони Ҷумҳурии Ӯзбекистон аллакай дастгоҳҳои наворгирӣ ва пахши барномаҳоро оварда, дар Қасри Арбоб насб ва омодаи кор кардаанд.

ҷаласаҳои иҷлосия, ки аз 16-уми ноябр то 2-юми декабри соли 1992 идома доштанд, дар ҳамон давраи мушкилу сангин барои тамошобинон пурра намоиш дода шуданд. Дар он вақт ҷомеаи Тоҷикис­тон ба чанд гурӯҳ тақсим гардида буд. Вале, бо вуҷуди мушкилоту монеа кӯшиш мекардем, ки кори иҷлосия ба таври объективӣ ва воқеъбинона ба тамошобин расонда шавад. Қайд кардан зарур аст, ки дар ин бобат кормандону мутахассисони телевизиони вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд) ба мо кумаку ҳамкории зиёд карданд.

- Аҳамияти иҷлосияро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

- Ба ҳар рӯйдоди ин ё он кишвар, албатта, таърих баҳои худро медиҳад. Назари шахсии ман ин аст, ки дар он рӯзҳое, ки номи Тоҷикистон дар сархати расонаҳои хабарии дунё қарор дошт, дар шаҳри бостонии Хуҷанд гирд омадани вакилон, намояндагони минтақаҳои гуногуни кишвар ва созмонҳои иҷтимоию мардумӣ кӯшише буд барои наҷоти мамлакат аз парешонию парокандагӣ. Дар ҷамъомадҳои иҷлосия ва суҳбатҳои расмию ғайрирасмии вакилон ва дигар иштирокдорони иҷлосия фақат як фикр ва як масъала матраҳ буд: чӣ гуна бояд пеши роҳи хунрезиҳо гирифта шавад ва бо кадом роҳ Тоҷикис­тон аз вартаи парокандагӣ наҷот ёбад? Аз ин нуқтаи назар иҷлосия дар таърихи миллати тоҷик нақши ҳалкунанда дошт.

Як нуқтаи муҳими дигарро мехоҳам ёдовар шавам. Имсол дар Тоҷикистон 20 — солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта шуд ва чорабиниҳои асосии он дар шаҳри Ваҳдат бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати мил­лӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардиданд. Бояд гуфт, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон сароғози ин Ваҳдати миллӣ буд. Он замон қувваҳои манфиатдоре низ буданд, ки оромии Тоҷикистонро намехостанд. Аз ин ҷост, ки баъди анҷоми иҷлосия низ ҷанги дохилӣ дар кишвар идома ёфт ва танҳо баъди панҷ соли дигар, рӯзи 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳу оштии миллӣ дар Тоҷикис­тон ба имзо расид.

- Шумо дар шаҳри Хуҷанд, баъди Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб шудан бо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахустин мусоҳибаи телевизионӣ анҷом додед. Ин чӣ гуна ба шумо муяссар шуд?

- Дарвоқеъ, он рӯз дар ҳаётам фаромӯшнашаванда аст. Ифтихор аз он дорам, ки дар оғози фаъолияти бузургашон ба сифати Сарвари давлат бо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрда, ҳамсуҳбат шудам. Бо инсони шарифе, ки бо пою қадами некашон, нияти хайрашон дар Тоҷикистон сулҳу оромӣ пойдор гардид ва кишварамон шуҳраи олам шуд. 19 ноябри соли 1992 дар радифи 23 масъалаи рӯзномаи иҷлосия ­масъалаи интихоби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон мавриди баррасии вакилон қарор гирифт. Аксарияти вакилон номзадии Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ ва ӯро Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб намуданд. Баъди анҷоми суханронии ­Эмомалӣ Раҳмон вакилон ба танаффус баромаданд. Дар ҳамон лаҳза ман ба утоқе, ки Сарвари тозаинтихоби кишвар ­Эмомалӣ ­Раҳмон ҳамроҳ бо муовинашон Хӯҷааҳмад Хидиралиев суҳбат мекарданд, даромадам. Онҳо пурсиданд, ки чӣ кор дорам? Худро муаррифӣ карда, аз Раиси Шӯрои Олӣ хоҳиш намудам, ки ҳамчун Раиси навинтихоб кори хубе мебуд, агар барои тамошобинони телевизиони кишвар паёме мефиристоданд. Он кас лаҳзае сукут намуда, гуфтанд, ки дар берун мунтазир бошам, пас аз чанд дақиқа мебароянд. Яқинан Ҷаноби Олӣ меандешиданд, ки ин лаҳзаҳо мардуми ҷангзадаю мотамкашидаи тоҷик интизори муждаи нек ва Пешвое ҳастанд, ки онҳоро аз вартаи ҳалокату парокандагӣ раҳо бахшад.

Ман берун баромада, ба Борис Арамов гуфтам, ки дастгоҳи наворгириро омода намояд. Баъди тақрибан ним соат Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба саҳни Қасри Арбоб баромаданд ва тақрибан 15 дақиқа бо мо ҳамсуҳбат шуданд. Зимни мусоҳиба аз суханони умедбахшона ва чеҳраи гарму самимонаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пеш аз ҳама, дар қалби мо умеде ба ояндаи нек пайдо шуд. Баъди анҷоми мусоҳиба мехостем ҳар чӣ зудтар суханони Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистонро ба мардум расонем. Муҳтавои паём ва мусоҳибаи кӯтоҳ ин буд, ки ҳар чӣ зудтар пеши роҳи даргириҳо гирифта, гурезагон ба Ватан баргардонида шаванд.

Худи ҳамон бегоҳ он паём ва мусоҳибаи Раиси Шӯрои Олии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар телевизиони Тоҷикис­тон пахш гардид.

PS: Воқеан, он рӯзу он лаҳзаҳоро хурду калони Тоҷикистон бесаброна интизорӣ мекашиданд, зеро аз ҷангу хунрезӣ ва душмании якдигар, ки хоси миллати тоҷик нестанд, хастаю ноумед гашта, садҳо оила вайрон, деҳаҳо валангор ва мардуми зиёд гуреза шуда буданд. Вақте роҷеъ ба ин рӯйдоди таърихӣ ҳарф мезанем, бояд ба заҳмати ҳамкасбонамон, аз ҷумла Муродалӣ Солеҳов ва гурӯҳи эҷодии телевизион арҷ гузорем, ки нахустин шуда, бо Сарвари тозаинтихоби Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мусоҳиб шуда, муждаи сулҳу ояндаи неки кишварамонро ба мардуми ранҷкашида расониданд.

Мусоҳиб Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»

Мо ҳамеша ташаббусҳои созандаро дастгирӣ мекунем
Мусоҳибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рӯзномаи «Жэнмин жибао»

Хитой, чоруми сентябри соли 2017

Қабл аз баргузории ҳамоиши навбатии БРИКС дар шаҳри Сямэни Ҷумҳурии Халқии Хитой Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба саволҳои рӯзномаи «Женмин жибао» ҷавоб доданд.

«Жэнмин жибао»: — Хитой барои ҳамкории ошкорову самимӣ таҳти шиори «БРИКС+» баромад карда, муколамаи кишварҳои аъзои БРИКС-ро бо дигар кишварҳои иқтисодиёташон рӯ ба инкишофбуда дастгирӣ мекунад. Дар ҳамоиши навбатӣ кишварҳое даъват шуданд, ки иқтисодиёташон дар ҳоли ташаккул мебошад, аз ҷумла Тоҷикистон. Шумо ин ташаббуси Хитойро чӣ гуна арзёбӣ мекунед ва аз муколама бо кишварҳои БРИКС чӣ натиҷаҳоро мунтазиред?

Эмомалӣ Раҳмон: — Ташаббуси Хитой барои ташкил намудани муколама байни кишварҳои аъзои БРИКС ва кишварҳои иқтисодиёташон рӯ ба рушдбуда лоиқи дастгирии ҳамаҷониба мебошад. Боварӣ дорам, муколамаи мазкур, ки ба мақом, моҳият ва муттаҳидии БРИКС эътимоди хоса мебахшад, ҳамчун заминаи устувор баҳри роҳандозӣ кардани ҳамкории мутақобила, созанда, манфиатовар, таъмини амният ва субот, рушди бомароми иҷтимоӣ-иқтисодии кишварҳои гуногун дар шароити ҷаҳонишавӣ ва хатарҳои нав хизмат мекунад. Маҳз ҳамин гуна натиҷаҳоро мо аз ҳамоиши навбатӣ мунтазир ҳастем. Ҳамчунин мо умед дорем, ки вобаста ба натиҷаи мулоқотҳо роҳҳои босамари мубодилаи таҷрибаро ҷиҳати амалӣ кардани стратегияи миллии рушд, таъмини амнияти энергетикӣ ва озуқаворӣ, ҳифзи муҳити зист, рушди «иқтисоди сабз», ҳавасманд­гардонии тиҷорат, сармоягузорӣ, рушди захираҳои инсонӣ ва бештар намудани муколамаи байни доираҳои иқтисодии кишварҳоямон муайян мекунем.

«Жэнмин жибао»: — Ҳамкорӣ дар доираи ҳамоиши БРИКС чӣ тавр метавонад муносибатҳои байни Хитой ва Тоҷикистонро ба сатҳи нав бардорад?

Эмомалӣ Раҳмон: — Иштироки Тоҷикистон дар Ҳамоиши сарони давлатҳои аъзои БРИКС, ки дар ҳоли рушди иқтисодии рӯзафзун қарор дошта, дорои захираҳои фаровони табиӣ мебошанд, барои таъмини некуаҳволии халқҳо аҳамияти хоса дорад.

Мо боварӣ дорем, ки истифодаи чунин имкониятҳои фарохи ҳамкорӣ, аз ҷумла бо созмони БРИКС, бешубҳа, барои муносибатҳои дуҷонибаи мо ҷиҳати тақвияти бештар ва минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобила, афзун намудани тиҷорат ва сармоягузорӣ, таъмини рушди босубот ва баланд бардоштани некуаҳволии халқҳоямон таъсири мусбат мебахшад.

Илова ба ин, ҳамкории мо дар доираи БРИКС ҷиҳати дар якҷоягӣ татбиқ намудани барнома ва лоиҳаҳое, ки барои ҳавасмандгардонӣ ва истифодаи шаклҳои устувори истеҳсолоту истеъмол равона шудаанд, барои ворид кардани технологияҳои нав дар бахшҳои мухталифи иқтисодиёт, ҳифз ва истифодаи дурусти захираҳои табиӣ мусоидат карда метавонад.

«Жэнмин жибао»: — Шумо боз бо Раиси ҶХХ Си Ҷинпин мулоқот мекунед. Дар мулоқоти навбатӣ Шумо кадом масъалаҳоро баррасӣ менамоед ва аз натиҷаҳои он чиро интизоред?

Эмомалӣ Раҳмон: — Пеш аз ҳама, мехоҳам таъкид намоям, ки эътимоди сиёсӣ ва ҳамкории мутақобилаи Тоҷикистон ва Хитой ба сатҳи бесобиқа — олӣ расиданд. Ба ин, пеш аз ҳама, сафарҳои мунтазам ва мутақобилаи ҷонибҳо дар сатҳи олӣ мусоидат карданд. Сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой моҳи сентябри соли 2014 ба Душанбе ба ҳамкориҳои амалии Тоҷикистону Хитой дар ҳамаи самтҳое, ки ҳам ба манфиати мардумони мо ва ҳам ба манфиати таъмини сулҳу субот дар минтақа равона шудаанд, бешак, такони ҷиддӣ бахшид.

Ман хеле шод ҳастам, ки бо сафари ҷавобии давлатӣ, бо даъвати дӯстам, ҷаноби Си Ҷинпин дар Хитой қарор дорам. Гуфтушунидҳо дар Пекин, ки ман боварии комил дорам дар фазои барои муносибатҳои дуҷонибаи мо хос, яъне дар фазои форам ва дӯстии самимона баргузор мешаванд, барои мо имкониятҳои беҳтареро ҷиҳати баҳо додан ба натиҷаҳои рушди муносибатҳои байни Тоҷикистону Хитой дар давоми солҳои охир фароҳам оварда, вазифаҳои навро барои тақвият додани шарикии стратегии мо муайян месозад. Рафти татбиқи шартномаҳои дуҷонибаро мавриди муҳокима қарор дода, чорабиниҳои якҷояро, ки баҳри амиқ намудани шарикии Тоҷикистону Хитой дар ҳамаи самтҳои ҳамкорӣ – сиёсат, тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, энергетика, нақлиёт ва коммуникатсия, мудофиа ва амният, фарҳанг, маориф ва рушди муносибатҳои байниминтақавӣ равона шудаанд, мувофиқа мекунем.

Бо ин мақсад санадҳои нави байнидавлатӣ ва байниидоравӣ ба имзо расонида мешаванд.

Тоҷикистон, тавре ки маълум аст, яке аз аввалинҳо шуда, Меморандум оид ба тат­биқи якҷояи ташаббуси роҳбари Хитой «Як камарбанд, як роҳ»-ро имзо кард ва мо умед дорем, ки дар рафти гуфтушунидҳо, ҳамчунин роҳҳои дар якҷоягӣ бо ҳамдигар дар амал татбиқ кардани ин ташаббуси таърихии Хитой ва «Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди муҳокима қарор дода мешавад. Чунин тарзи ҳамкорӣ, бешубҳа, барои ҳамалоқамандӣ ва тараққиёти якҷояи кишварҳо мусоидат мекунад.

Ғайр аз ин, кишварҳои мо дар арсаи байналмилалӣ бо ҳам муносибатҳои зич дошта, якдигарро дастгирӣ мекунанд, хусусан дар масъалаҳое, ки барои ҳар ду кишвар манфиатовар мебошанд. Бинобар ҳамин, мубодилаи афкор оид ба масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва байналхалқӣ дар рафти гуфтушунидҳои мо дар назар дошта шудааст.

«Жэнмин жибао»: — Мавқеи Тоҷикистон нисбат ба ташаббуси ҷониби Хитой «Як камарбанд, як роҳ» чӣ гуна аст? Дар доираи он кадом барномаҳо ва лоиҳаҳои якҷоя амалӣ карда мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон: - Ҳоло мо, якҷоя бо шарикони сатҳи байналмилалӣ ҷиҳати амалӣ кардани як қатор лоиҳаҳои азими инфрасохтории аҳамияти минтақавидошта кор карда истодаем. Мо ҳамеша, ҳама гуна ташаббусҳои созандаро, ки ба рушди ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодии минтақавӣ дар асоси манфиатҳои ҳамдигарӣ равона шудаанд, дастгирӣ мекардем ва мекунем.

Бинобар ин, мо ба ташаббуси Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой ҷаноби Си Ҷинпин «Як камарбанд, як роҳ», ки барои ҳалли ҳадафҳои стратегӣ  таҳия ва якҷоя амалӣ кардани барномаҳои рушди иқтисодии мо равона шудааст, баҳои баланд медиҳем.

Тоҷикистон дар чорроҳаи Осиё қарор дорад ва метавонад пайвандгари Хитой бо дигар кишварҳои ҳамсарҳади минтақа бошад.

Бешубҳа, яке аз шартҳои асосии стратегияи рушди некуаҳволии мардумон ба таври устувор ва муназзам фаъолият доштани сохтори босуботи нақлиёти миллӣ ва минтақавӣ ба шумор меравад. Аз ин лиҳоз, бо мақсади ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ кардани роҳҳои мошингузар ва дигар инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон, мубаддал гардонидани кишвари мо ба кишвари транзитӣ як зумра лоиҳаҳои дахлдор амалӣ шуда истодаанд.

Дар ин маврид, Тоҷикис­тон ҷиҳати бештар намудани муносибатҳои мутақобилаи минтақавӣ, аз ҷумла, бо роҳи бунёд кардани долонҳои нақлиётӣ, ки кишварҳои моро бо дигар мамлакатҳои минтақа мепайванданд, ҳамеша омодаи ҳамкорӣ мебошад, ки ин, дар навбати худ, барои такон додан ба ҷараёни рушди иқтисод ва боло бурдани сатҳи некуаҳволӣ мусоидат мекунад.

«Жэнмин жибао»: — Оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи амният. Зимни мубориза ба муқобили «се неруи бадӣ» — интиқоли маводи мухаддир, ҷиноятҳои кибернетикӣ ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ кадом хатарҳо рӯ ба рӯ бо кишварҳои мо истодаанд? Шумо ба ҳамкориҳои минбаъдаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Хитой ва Тоҷикистон чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

Эмомалӣ Раҳмон: — Тоҷикистон ва Хитой якдилона чунин мешуморанд, ки «се қувваи бадӣ» — интиқоли маводи мухаддир, ҷиноятҳои кибернетикӣ ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ барои амният ва суботи ду кишвар ва дар умум, минтақа хатар доранд. Барои мубориза ба ин хатарҳо ва бартараф намудани онҳо мо омодаем ҳамкориҳо байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқро тақвият бахшем, ҳамчунин муколама ва муносибатҳои кори байни идораҳои дахлдорро амиқ намоем.

Дар ин самт мо лоиҳаҳои якҷояро оид ба тақвият додани имкониятҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла омода намудани кадрҳо, баргузор намудани чорабиниҳои муштарак ба муқобили терроризми байналхалқӣ ва дигар хатарҳои минтақавӣ мунтазам пешниҳод мекунем. Бо ин мақсад мо азм дорем, ки фаъолияти гурӯҳҳои кории байниидоравиро тақвият бахшем ва роҳҳои амалӣ кардани ҳамкории кишварҳоро дар ин самт беҳтар намоем.

Бояд гуфт, ки ҳамкории мо бо ҷониби Хитой дар бахши таъмини амният ҳам дар доираи муносибатҳои дуҷониба ва ҳам дар заминаи алоқаҳои бисёрҷониба пеш бурда мешаванд. Боварӣ дорем, ки танҳо бо ҳамин роҳ дар кори таъмин намудани амнияти умумӣ ба муваффақиятҳо ноил шудан мумкин аст.

www.president.tj

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
26 июли соли 2017 дар бинои нави Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2017» суханронӣ  намуданд.

Тавре таъкид гардид, дар шаш моҳи соли 2017, сарфи назар аз таъсири манфии идомаёбандаи вазъи мураккаби иқтисоди ҷаҳонӣ, тамоюли мусбати рушди иқтисодиёт дар кишвар таъмин гардид. Ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 24023,0 млн. сомониро ташкил дода, суръати афзоиши он ба 106,0 фоиз баробар гардид ва рушди воқеии иқтисодиёт асосан аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 21,3 фоиз, кишоварзӣ — 6,4, гардиши савдои чакана — 3,6 ва хизматрасонии пулакӣ 0,6 фоиз таъмин карда шуд.

Дар ин давра ҳаҷми умумии даромади буҷет дар сатҳи 99,5 фоиз иҷро шуда, ба буҷет 9292,8 млн. сомонӣ маблағ ворид гардид. Нақшаи воридоти андозҳо 96,1 фоиз таъмин ва ба буҷет 6075,5 млн. сомонӣ маблағ ворид шуд, ки нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 25,3 фоизро ташкил менамояд.

Аз ҷониби мақомоти андоз нақша дар сатҳи 102,2 фоиз, аз ҷумла пардохтҳои андозӣ 97,9 фоиз, воридоти ғайриандозӣ — 149,9 ва андозҳои иҷтимоӣ 97,6 фоиз таъмин гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд, ки имконоту захираҳои мавҷуда дар самти амалӣ намудани «Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030» ва «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» пурра ва самаранок истифода нагардидаанд.

Бинобар ин, Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳо ва мақомоти дахлдор вазифадор шуданд, ки барои ноил гардидан ба ҳадафҳои миёнамуҳлат ва дарозмуддат, бо дарназардошти таъмини нишондиҳандаҳои маҷмӯии миқдорӣ ва сифатии рушди соҳаҳои иқтисодиёт, чораҳои амалӣ андешида, неруи зеҳниву кадрии сохторҳои худро пурра ва самаранок истифода баранд.

Ҳамчунин, Сарвазир, муовинони ӯ, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муваззаф шуданд, ки ҷиҳати иҷрои саривақтиву пурраи стратегияву барномаҳои давлатӣ ва соҳавӣ, Нақшаи чорабиниҳо барои соли 2017, алалхусус дар самти иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат, ки аз Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бармеоянд, Қарори Ҳукумати мамлакат «Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар дар соли 2016 ва вазифаҳо барои соли 2017», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017» ва супоришҳое, ки ҳангоми сафарҳои Президенти мамлакат ба шаҳру ноҳияҳо дода шудаанд, чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Сипас, «Дар бораи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020» гузориши вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода шунида шуд.

Бояд қайд кард, ки лоиҳаи «Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ барои солҳои 2018-2020» бо дарназардошти таъмини иҷрои муқаррароти «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020», инчунин барномаҳои қабулгардидаи давлатию соҳавӣ ва барномаҳои минтақавии рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳо ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафарашон ба минтақаҳои ҷумҳурӣ таҳия гардидааст.

Бо қарори маҷлис лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017», хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти калонсолон» барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид.

Дар идома масоили вобаста ба созишномаҳои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои дигар, ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ, «Барномаи давлатии рушди системаи такмили ихтисос ва ­бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022», Нақшаи генералии деҳаи Шаҳристон – маркази ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд, таъсиси Муассисаи давлатии «Филармонияи давлатии бачагонаи Тоҷикистон» ва  ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Роҳбарони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои давлатӣ вазифадор карда шуданд, ки аз ҳозир ба давраи тирамоҳу зимистони дарпешистода омодагии ҷиддӣ дида, тамоми иқтидору имконоти мавҷударо барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани мавсими сармо сафарбар намоянд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин ба аъзои Ҳукумат, роҳбарони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои давлатӣ барои таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», вусъати корҳои ободонию созандагӣ ва кишти так­рорӣ, беҳтар намудани нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат, тақвияти тадбирҳои омодагӣ ҷиҳати пешгирии хавфу хатарҳои офатҳои табиии марбут ба вазъи боду ҳаво ва сӯхтор ­дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

www.president.tj

Суҳбатҳои телефонӣ
22 июли соли 2017 гуфтугӯйи телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Ходими Ҳарамайни Шарифайн, Подшоҳи Мамлакати Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд баргузор гардид.

Сарварони ду кишвари дӯст ҳолати имрӯза ва дурнамои муносибатҳои гуногунҷанбаи байнидавлатии Тоҷикистону Арабис­тони Саудиро баррасӣ намуда, минбаъд низ ҳамоҳанг сохтани саъю талошҳои ҷонибҳоро баҳри рушду густариши минбаъдаи онҳо таъкид карданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳи Мамлакати Арабистони Саудӣ, ҳамчунин ба масоили мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дар атрофи вазъи имрӯзаи нигаронкунанда дар Ховари Миёна, аз ҷумла дар минтақаи Халиҷ, мубодилаи афкор намуданд.

Дар ин робита ҷонибҳо оид ба мавзӯи таъмини амнияти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, инчунин мубориза алайҳи терроризму ифротгаройӣ ва дигар шаклҳои ҷинояткории фаромарзӣ ибрози назар карданд.

Дар хотимаи суҳбат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ходими Ҳарамайни Шарифайн, Подшоҳи Мамлакати Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз Оли Саудро даъват намуданд, ки дар замони барояшон муносиб бо боздиди расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оранд.

Суҳбат дар фазои самимӣ, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт.

24 июли соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Сарвари давлат бо таманниёти беҳтарин Президенти Ӯзбекистони дӯстро бо ҷашни 60-солагии зодрӯзаш самимона муборакбод намуданд.

Дар идома Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти самарабахши Шавкат Мирзиёевро дар маснади Роҳбари давлат дар ҷодаи таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодии Ӯзбекистон ва таҳкими обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ таъкид карданд.

Ҳамзамон, манфиатдорӣ ба тавсеаву такомули пайгиронаи маҷмӯи муносибатҳои дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан ­судманд иброз гардида, ҷиҳати пешбурди муштараки ин раванд изҳори умед карда шуд.

Дар ин замина сарони давлатҳо ҷиҳати саъю талошҳои муштараки минбаъда ба хотири густариши  беш аз пеши муносиботи шарикии ду кишвар, мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардуми бародар, ки робитаҳояшон решаҳои амиқи таърихӣ доранд, изҳори андеша намуданд

www.president.tj