- Ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ ва муаррифии иқтидорҳои ин соҳа, махсусан сайёҳии табобатӣ, экологӣ ва кӯҳнавардӣ, 46 чорабинӣ дар дохили кишвар ва 25 чорабинии байналмилалӣ баргузор карда шуд. Ба ҷумҳурӣ соли 2024 1 млн. 603,3 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ ташриф овардаанд, ки аз ин 1 млн. 400 ҳазор нафар ҳамчун сайёҳ ворид гардидаанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2024-юм ҳудуди 17 % зиёд мебошад, - зикр намуд зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода.
Иттилоъ дода шуд, ки дар марҳилаи ҳисоботӣ шумораи шаҳрвандоне, ки ба Тоҷикистон аз давлатҳои аъзои ИДМ ворид шудаанд, 1 млн. 469,3 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Инчунин, гуфта шуд, ки соли гузашта дар ҳудуди ҷумҳурӣ 200 ширкати сайёҳӣ дар асоси иҷозатнома фаъолият дошт, ки аз ин ҳисоб ба ВМКБ — 35, шаҳри Душанбе — 94, вилояти Суғд — 42, Хатлон — 18 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 11 ширкат рост меояд. Дар ин давра 343 субъекти хизматрасонии сайёҳӣ ба ҳисоб гирифта шудааст, ки аз 214 меҳмонхона, 46 ҳостел ва мотел, 54 осоишгоҳ, 12 маркази муолиҷавӣ ва бошишгоҳи солимгардонӣ, 10 хонаи истироҳатӣ, 3 кемпинг ва 4 базаи сайёҳию истироҳатӣ иборат мебошад.
Ш. ҲУСЕЙНЗОДА,
«Садои мардум»