ХУРОСОН. ( Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум») Дар арафаи Иди байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Хуросон корхонаи хурди маҳсулоти ширӣ омодаи кор гардид. Корхона аз ҷониби ҶДММ «Саодат» бунёд гардидааст. Дар назар аст, ки дар ин коргоҳи нави истеҳсолӣ соле то 200 тонна шир коркард шавад. Коргоҳи нав дар деҳот, аниқтараш дар ҳудуди деҳоти «Ҳилол» -и ноҳия ҷойгир аст. Соҳибкороне, ки ин коргоҳро таъсис додаанд, бо мақсади таъмини доимии он бо маҳсулоти ширӣ парваришу нигоҳубини 200 сар чорвои калонро низ ба роҳ мондаанд. Дар коргоҳи нав 20 нафар соҳиби ҷойи кор гардиданд.
Ҷомеа ба ахбор доир ба фаъолияти мақомоти давлатӣ ва умуман ҳамаи шохаҳои ҳокимият ниёз дорад, ки ин яке аз аслҳои бунёдии ҷомеаи озоди демократист.
Эмомалӣ Раҳмон