ҶАЛОЛУДДИНИ РУМӢ. (Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум») Бо иқдоми роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолуддини Румӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ дар ин ҷо корхонаи нави дӯзандагӣ ба фаъолият оғоз намуд. Дар ин маркази нав дӯхтани сарулибоси ягонаи мактабӣ ба роҳ монда шудааст. Бо ин мақсад дар ин коргоҳи нав 40 адад мошинаи ҳозиразамони дарздӯзӣ ва дигар таҷҳизоти зарурӣ насб гардид. Дар корхона ҳамчунин омӯзиши касби чеварӣ барои духтарони деҳот низ роҳандозӣ шудааст.
Ҳадафи асосии матбуоти ҳукуматӣ ва мустақил ҳамчун ду шохаи бо ҳам пайвастаи матбуоти Тоҷикистон иҷрои рисолати касбӣ, яъне хизмати содиқона ва софдилона ба манфиати халқу Ватан мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон


















