18 ноябри соли 2020 дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таъиноти кадрӣ ба амал омада, тибқи моддаи 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», Зувайдзода Маҳмадсаид Маҳмуд аз вазифаи муовини якуми раиси шаҳри Душанбе озод ва Қурбонзода Амирхон Файзулло муовини якуми раиси шаҳри Душанбе таъин гардид.
Ҷомеа ба ахбор доир ба фаъолияти мақомоти давлатӣ ва умуман ҳамаи шохаҳои ҳокимият ниёз дорад, ки ин яке аз аслҳои бунёдии ҷомеаи озоди демократист.
Эмомалӣ Раҳмон


















