Аз поёнёбии Ҷанги Бузурги Ватанӣ 80 сол сипарӣ шуда бошад ҳам, дарду доғи ин ҷанги хунинтарини таърихи башарият ҳанӯз аз ёдҳо нарафтааст. Вақте 22-юми июни соли 1941 Германияи фашистӣ аҳдшиканона ба хоки собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ҳамла кард, дар қатори дигар ҷумҳуриҳои бародарӣ фарзандони ғаюру диловари Тоҷикистон низ барои ҳимояи марзу буми ватани он айём ягона бархостанд. Беш аз 300 000 нафар тоҷикистониён дар ин ҷанги хонумонсӯз иштирок намуда, зиёда аз 100 ҳазор нафарашон дар мубориза бо фашистони истилогар қаҳрамонона ҷон доданд.
Сокини ноҳияи Вахш Шариф Холов дар оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ 16-сола буду дар саҳро кор мекард. Он айём ҷои ҷавонмардони ба ҷабҳарафтаро асосан пиронсолон, занон ва наврасон иваз карда буданд. Худ серӣ ғизо нахӯрда, аз рӯи шиори «Ҳама чиз барои фронт, ҳама чиз барои ғалаба», тамоми маҳсулоти ҷамъовардаро бо мақсади ҳар чӣ зудтар саркӯб кардани душманон ба ҷанговарон мефиристоданд.
Моҳи марти соли 1943 Шариф Холов ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ рафт. Ӯ аввал дар курсҳои кӯтоҳмуддат таҳсил намуда, ихтисоси нишонзанӣ аз тӯпро омӯхт.
Моҳи июни соли 1943 Шарифи нав ба синни 18 даромада дар ҳайати ҷанговарони полки 1203-юми тирандозии пиёдагарди Фронти 1-уми Белоруссия ба ҳайси тӯпчӣ бар зидди душмани ғаддор ба набард рафт. Тоҷикписари диловар баъдан дар ҳайати ҷанговарони полки 826-уми артиллерӣ ба муқобили гитлерчиён мардонавор ҷангида, далерию матонати бемисл нишон дод. Миёни ҳамсангарон бо ҷасорату бебокиаш ном баровард. Дар яке аз набардҳои шадид барои озод намудани шаҳри Минск аз шикамаш чарроҳат бардошта, тайи чор моҳ бистарӣ шуд. Пас аз шифо ёфтан дубора ба сафи пеши ҷабҳа баргашт.
Моҳи декабри соли 1943 ҳангоми зада гардонидани ҳамлаи ҷавобии танкчиёни фашист дар деҳаи Борисовка Шариф Холов бо тӯпи худ дар сафи пеши ҷабҳа камин гирифт. Вақте се танки «Шоҳпаланг»-и душман ба баландӣ баромада, сӯи ҷанговарони шуравӣ нишон гирифтанд, Шариф-мергани диловар бо як чолокии ба худ хос тӯпро ба кор дароварда, танки якуми фашистонро, ки 200 метр дур қарор дошт, зада нобуд кард.
Зимни ҳуҷуми ҷавобии душман Шариф Холов бо ҳамроҳонаш дар ҷангалзор ба мошини зиреҳпӯш ва ду танки дигари душман оташ кушод. Мошини зиреҳпӯши душман оташ гирифту гитлерчиёни ба воҳимаафтода роҳи гурезро пеш гирифтанд. Барои ҷасорату диловариаш дар ин набарди ҳалкунанда Шариф Холов бо ордени «Шараф» дараҷаи сеюм сарфароз гардонида шуд.
Ҳамин тавр, Шариф Холов дар озод кардани шаҳрҳои Прага, Варшава, Краков, Валденбург ва дигар шаҳру деҳаҳои Аврупо аз фашистони хунхор далерию қаҳрамониҳои беназир нишон дода, бо медали «Барои шуҷоат», ордени «Револютсияи Октябр» ва дигар мукофотҳои ҷангӣ сарфароз гардид.
Пас аз поён ёфтани Ҷанги Бузурги Ватанӣ Шариф Холов ба Ватан баргашта, соҳиби ихтисоси муҳосиб гардид ва солҳои зиёд ба ҳайси директори комбинати хизмати маишии ноҳияи Вахш софдилона адои вазифа намуд. Барои нишон додани маҳсулнокии баланди меҳнатӣ бо медали «Ветерани меҳнат» қадрдонӣ гардид.
Солҳо раиси шурои собиқадорони ноҳияи Вахш буд. Зимни мулоқот бо ҷавонон Шариф Холов дар бораи дӯстию рафоқат, сулҳу ваҳдат, ватандӯстӣ ва ободкорӣ сухан карда, аз давраҳои мушкили айёми Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва сабру матонати мардуми диёр ҳикояҳои ҷолибу таъсирбахш мекард.
Ҳаёти ӯ барин диловарон барои насли имрӯза намунаи ибрат аст, зеро ҳисси ватандӯстии баланд доштан, сабру матонат нишон додан, бо вуҷуди мушкилиҳои вазнин ноумед нашуда, ба ояндаи нек умед бастани насли ҳамонвақта буд, ки халқи шуравӣ ба Германияи фашистӣ барин душмани пурзӯр ғолиб омада, нисфи зиёди Аврупоро аз истилогарони фашист озод кард.
Агар Шариф Холов зинда мебуд, 10-уми майи соли равон 100-сола мешуд. Ёди чунин далерон ва қаҳрамонони ҷабҳаи ҷангу меҳнат гиромӣ бод!
С. СУННАТӢ,
«Садои мардум»