Бунёди 12 гектар боғи нави мевадиҳанда дар Шуғнон

№55 (4951) 02.05.2025

Бог МашҳурДар деҳаи Шитами ноҳияи Шуғнон бо иштироки раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот, роҳбарияти ноҳия, роҳбарону кормандони идораву муассисаҳои вилоятӣ ва сокинон дар майдони 12 гектар боғи нави мевадиҳанда бунёд шуд, ки дар он 15 ҳазор бех ниҳоли себ шинонда шудааст.

Ёдовар мешавем, ки дар заминаи сиёсати хирадмандонаю созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба мамлакати «сабз» табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон соли равон дар ҳудуди ноҳияҳои вилояти мазкур дар майдони даҳҳо гектар боғҳои нав бунёд шуданд. «Ин иқдоми таърихии Роҳбари олии мамлакат давра ба давра таҳким ёфта, амалисозии он аз ҳар шаҳрванди баору номус талошу ҷиддияти зиёд мехоҳад, зеро дар ҳифзи табиати зинда ва тозагии муҳити атроф ҳамаи мо масъулем», — афзуд раиси ВМКБ.

М. ИМОМНАЗАР,

«Садои мардум»