14-15-уми майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе Форуми ХVIII зиёиёни эҷодкор ва олимони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад.
Мавзуи асосии форум «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: уфуқҳои нави ҳамкории башардӯстона» мебошад.
Дар форум дар мавзуъҳои «Саҳми мардумони иттиҳод дар Ғалабаи бузург», «Анъанаҳо ва навовариҳо дар фарҳанги кишварҳои иттиҳод», «Тамоюлҳои муосир дар илму маориф» ва «Имконоти воситаҳои ахбори омма дар рушди фазои башардӯстонаи иттиҳод» мубоҳисаҳои гурӯҳӣ баргузор мешаванд.
Дар доираи форум вохӯриҳои роҳбарони академияҳои илмҳои миллӣ, ҷаласаи муштараки раёсати Бунёди байнидавлатии ҳамкории башардӯстона ва Шурои ҳамкории башардӯстонаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил низ доир мегарданд.
Г. РАҲМОНОВА,
«Садои мардум»