Мурғоб. Бунёди 111 иншооти ҷашнӣ

№ 23.04.2025

smartТо Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи дурдасти Мурғоб 111 иншоот бунёд мегардад, ки 17 адади онҳо корхонаҳои саноатӣ мебошанд.

Тавре аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия иттилоъ доданд, ҷиҳати ба минтақаи пешрафтаи сайёҳӣ табдил додани ноҳияи Мурғоб феълан аз ҷониби Ҳукумати мамлакат тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.

Инчунин, дар марҳилаи кунунии тағйирёбии иқлим бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тайи се соли охир дар майдони зиёда аз 15 гектар замини ноҳия боғи нав бунёд гардидааст.

М. ИМОМНАЗАР,

«Садои мардум»