РОҒУН. (Ҳокими САФАР) Бо дастгирии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун дар деҳаи дурдасти Ҷавонии деҳоти Қади Об китобхонаи нави дорои шароити хуб сохта, мавриди истифода қарор дода шуд. Китобхона дорои 2500 нусха адабиёти тозанашр буда, теъдоди дӯстдорони китоб меафзояд.
Ҷомеа ба ахбор доир ба фаъолияти мақомоти давлатӣ ва умуман ҳамаи шохаҳои ҳокимият ниёз дорад, ки ин яке аз аслҳои бунёдии ҷомеаи озоди демократист.
Эмомалӣ Раҳмон


















