ҚӮРҒОНТЕППА. (Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум»)Дар маркази вилояти Хатлон — шаҳри Қӯрғонтеппа бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бунёди бинои панҷошёнаи истиқоматӣ оғоз гардид. Бинои мазкур аз 40 ҳуҷра иборат буда, дар он асосан хизматчиёни давлатӣ соҳиби манзили зист мегарданд. Барои бунёди ин бино аз ҳисоби буҷети вилоят ду миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст.
Ҷомеа ба ахбор доир ба фаъолияти мақомоти давлатӣ ва умуман ҳамаи шохаҳои ҳокимият ниёз дорад, ки ин яке аз аслҳои бунёдии ҷомеаи озоди демократист.
Эмомалӣ Раҳмон


















