КӮЛОБ. (Суҳробшоҳи ФАРРУХШОҲ) Дар шаҳри Кӯлоб маркази фурӯши қолинҳои хушбофти замонавӣ- «Олами қолинҳо» ба фаъолият пардохт. Дар маросими ифтитоҳи марказ раиси шаҳри Кӯлоб Абдулғаффор Раҳмонов ширкат варзид. Мизоҷон метавонанд аз ин ҷо мувофиқи табъу завқи худ тамоми намуди қолинҳоро бо андозаҳои гуногун дастрас намоянд. Соҳибкор Саид Саидов, ки маркази мазкурро бунёд кардааст, азм дорад дар ошёнаи дуюми бино фурӯши ҷиҳози рӯзгор, аз қабили мизу курсӣ ва ҷевонҳои ҳозиразамонро низ ба роҳ монад.
Таҷрибаи Тоҷикистони соҳибистиқлол нишон медиҳад, ки рӯзномаву маҷаллаҳо ва телевизиону радио ҳамчун яке аз воситаҳои асосии таъсиррасонӣ ба афкори ҷомеа метавонанд ба ҳалли мушкилоти мавҷуда фаъолона мусоидат намоянд.
Эмомалӣ Раҳмон