МУЪМИНОБОД. (Робиямо ШАРИФОВА) Намоишномаи «Ин чӣ даҳшат!» ба санъаткорони театри халқии ноҳияи Муъминобод шуҳрат овард. Он аз рӯйи драмаи Муродалӣ Набиев ба саҳна гузошта шудааст. Намоишнома ба мавзуи вабои аср- нашъамандӣ бахшида шуда, нуҳ нафар ҳунарпешагон нақшҳои худро бо маҳорати баланд иҷро кардаанд. Дар озмуни театрҳои халқии вилояти Хатлон ин намоишнома соҳиби ҷойи аввал ва дар озмуни ҷумҳуриявӣ ба баҳои баланд сазовор гардид.
Ҳама гуна ҷомеаи демократӣ, алалхусус ҷомеаи кишварҳое, ки нав ба ин ҷода қадам гузоштаанд, ба воситаҳои ахбори омма ва фаъолияти пурсамари онҳо ниёзманд мебошанд.
Эмомалӣ Раҳмон


















