Ғончӣ. (Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум») Дар назди қасри фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ баргузор гардид. Ба ярмарка маъмурияти ҶДММ «Хоки заррин»-и заводи хишти ноҳия, ҶДММ «Ҷобири Собир», ҶДММ «Спитамен», ҶДММ «Ороста», шуъбаи маориф, беморхонаи марказӣ, хадамоти давлатии назорати санитарӣ -эпидемиологии ноҳия, хадамоти кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, ташкилоти «Имон-интернешнл», идораи давлатии хоҷагии оби ноҳия, ҶДММ «Телеком» ва дигар ташкилоту муассисаҳо ҷойҳои кори холӣ пешниҳод намуданд. Дар натиҷа корҷӯёни зиёд барои худ ихтисоси дилхоҳро интихоб карданд, гурӯҳи дигар бошад, ба курсҳои омӯзишӣ фаро гирифта шуданд.
Бо забони соддаву оммафаҳм ва салису равон расонидани иттилоот ва матолиби таҳлилӣ яке аз вазифаҳои асосии матбуот ва умуман аҳли қалам мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон


















