ХОРУҒ. (Шоҳтолиб ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум») Дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ фаъолияти нимсолаи шаҳр мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд. Тавре муовини якуми раиси шаҳри Хоруғ Ҷумъа Ҷумъаев иттилоъ дод, дар зарфи шаш моҳи соли равон нақшаи қисми даромади буҷет таъмин гардида, корҳои ободонию созандагӣ вусъати тоза пайдо кардаанд. Ҳоло дар маркази вилоят бунёди 22 иншоот идома дорад, ки аксари онҳо соли ҷорӣ мавриди истифода қарор дода мешаванд.
Фаъолияти иттилоотии мо ҷиҳати ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва нуфузи давлатамон дар арсаи байналмилалӣ бояд бамаротиб беҳтар карда шавад.
Эмомалӣ Раҳмон


















