“Хабари фоҷеабори ба ҳалокат расидан ва захмӣ шудани шумораи зиёди одамони дар натиҷаи ҳамлаи террористӣ дар минтақаи Ҷамму ва Кашмир боиси андӯҳи беандоза ва нигаронии амиқи мо гардид.
Мо ин амалкарди золимонаи нерӯҳои ҷиноятпешаро қотеона маҳкум карда, омодагии ҷониби Тоҷикистонро ҷиҳати тақвияти муборизаи беамони сарҷамъона алайҳи ҳама гуна зуҳуроти терроризму ифтротгароӣ боз ҳам таъкид менамоем.
Ҳамдардиву таслияти самимии инҷонибро ба Шумо, пайвандону наздикони қурбониёни ин амали террористӣ ва тамоми мардуми Ҳиндустони дӯст изҳор менамоям. Ба ҳамаи маҷрӯҳшудагон шифои комил мехоҳам”.