26-уми апрели соли ҷорӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт дар Қасри тенниси шаҳри Душанбе барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» Мусобиқаи шашуми байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид.
Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ беш аз 100 варзишгар аз 25 давлат дар вазнҳои 65, 78, 95, +95 кг байни мардон ва дар вазни то 70 кг байни занон бо ҳам рақобат карданд.
Байни мардон дар се вазн паҳлавонони тоҷик Суҳроб Боқиев дар вазни 65, Маҳмадшариф Наҷмиддинов дар вазни 78 ва Шакармамад Мирмамадов дар вазни +95 кг ғолиб шуданд. Дар вазни 95 кг паҳлавон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҷонибек Қазоқов ғалаба кард.
Дар байни занон Алёна Прокопенко, аз Россия, дар вазни то 70 кг соҳиби медали тилло шуд.
Маблағи умумии ҷоизаҳои мусобиқа 110 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медод. Ба ғолибони ҷойи аввал 10 ҳазор доллар, барои ҷойи дуюм 5 ҳазор доллар ва барои ҷойҳои сеюм 2 ҳазору 500-долларӣ тақдим гардид.
Г. РАҲМОНОВА,
«Садои мардум»